Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, № 503
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шумораи кормандоии дастгоҳи марказии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ихтисори 2 воҳиди кории Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе ва 2 воҳиди кории Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ба миқдори 4 воҳиди корӣ зиёд карда шавад.
2. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, № 503 "Дар бораи масъалаҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақами "8" ба рақами "12" иваз карда шавад.
3. Ба Сохтори дастгоҳи марказии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011, № 505 тасдиқ шудааст, сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
- "Бахши кор бо кадрҳо ва умумӣ";
- сархати сеюм мутобиқан сархати чорум ҳисобида шавад.
4. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2015 № 510
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменения и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 ноября 2006 года, №503
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Увеличить количество работников Центрального аппарата Управления актов гражданского состояния Министерства юстиции Республики Таджикистан в количестве 4 рабочих мест за счет сокращения 2 рабочих мест Дома бракосочетания города Душанбе и 2 рабочих мест Дома бракосочетания города Худжанд.
2. В пункте 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 1 ноября 2006 года, №503 "О вопросах Управления актов гражданского состояния Министерства юстиции Республики Таджикистан" цифру "8" заменить цифрой "12".
3. Структуру центрального аппарата Управления актов гражданского состояния Министерства юстиции Республики Таджикистан, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 7 октября 2011 года, №505, дополнить третьим абзацем следующего содержания:
- "Сектор кадровых и общих работ";
- абзац третий соответственно считать абзацем четвертым.
4. Министерству юстиции Республики Таджикистан привести свои акты в соответствие с данным постановлением.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 1 августа 2015 года, № 510