Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 октябри соли 2006 № 447
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 октябри соли 2006 № 447
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои амалӣ кардани кадастри давлатии замин
I. Қоидаҳои умумӣ
1. Кадастри давлатии замин дар асоси Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи заминсозӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳои замин" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқ ба истифодаи қитъаҳои замин, баҳисобгирии миқдор, сифат ва арзёбии иқтисодии замин амалӣ карда мешавад.
2. Кадастри давлатии замин аз маҷмӯи маълумотҳо ва ҳуҷҷатҳо дар бораи меъёрҳои табиӣ, хоҷагидорӣ ва ҳуқуқии замин, гурӯҳҳои замин, арзиши иқтисодӣ ва тавсифи сифати заминҳо, мавқеи ҷойгиршавӣ ва андозаи қитъаҳои замин, тақсимоти заминҳо байни заминистифодабарандагон иборат мебошад.
3. Объекти кадастри давлатии замин, фонди ягонаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
4. Мавзӯи кадастри давлатии замин, маълумот оид ба ташкили истифодаи дурусту оқилона ва ҳифзи замин, омӯзиши ҳаматарафа ва арзёбии хусусиятҳои табиӣ, мавқеи ҳуқуқӣ ва истифодабарии замин, ба низом овардани муносибатҳои вобаста ба замин мебошад.
5. Вазифаи асосии кадастри давлатии замин ин доимо такмил додани технологияи коркард, мураттабсозӣ, нигоҳдорӣ, азнавкунӣ ва ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маълумоти боэътимоду аниқи кадастри замин мебошад.
6. Амалӣ кардани кадастри давлатии замин ба воситаи гузаронидани корҳои таҳқиқотию ҷустуҷӯии аэроаксбардорӣ, аксбардории кайҳонӣ, топографию геодезӣ, харитасозӣ, хокшиносӣ, агрокимиёвӣ, геоботаникӣ ва дигар таҳқиқотҳо, гузаронидани корҳои баҳисобгирии миқдор, сифат, баҳо ва арзёбии иқтисодии заминҳо, бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замини шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъмин карда мешавад.
7. Кадастри давлатии замин барои таъмини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дахлдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо маълумотҳои зарурӣ оид ба замин бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои вобаста ба замин, ташкили истифодаи самараноки замин, барқароркунӣ ва ҳифзи замин, заминсозӣ, асоснок гардонидани маблағи пардохти замин, баҳои фаъолияти хоҷагидорӣ муқаррар карда шудааст.
8. Маълумот оид ба кадастри давлатии замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти дахлдор бевосита ё дар асоси дархости онҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бевосита ба корбарии онҳо муносибат дорад, дар асоси дархосташон пешниҳод карда мешаванд.
...