ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БАҲОИ ЗАМИН
(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 262)
(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 262)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии баҳои заминро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, гузаронидани маҷмӯи баҳои заминро муайян мекунад.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асоси ва истилоҳот
Баҳои замин - нишондиҳандаҳои кадастрии баҳои замин, ки барои ҳалли маҷмӯи масъалаҳои амалӣ дар соҳаи муносибатҳои замин, ташкили банақшагирӣ ва идоракунии истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҳалли масъалаҳои истифодаи сарфакоронаи захираҳои замини ҷумҳурӣ, ҳамчун асоси илмӣ хизмат мекунад.
Баҳои кадастрии давлатӣ - маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва техникӣ мебошанд, ки барои муайян кардани арзиши кадастрии қитъаҳои замин то ҳолатҳои санаи муайян равон гардидааст.
Арзиши кадастрии қитъаи замин - арзиши қитъаи замин, ки дар асоси тавсифи қитъаи замин бо истифодаи усул ва қоидаҳои коркарди ахбори омор муайян карда шудааст.
Нархи меъёрии замин - нишондиҳандаи асосии баҳои замин бо ифодаи пулӣ, ки арзиши сифати муайян ва ҷойгиршавии қитъаи заминро тавсиф мекунад.
Минтақаи кадастрӣ - як қисми ҳудуди маъмурию минтақавӣ, ки аз рӯи шароитҳои хокию иқлимӣ ва иқтисодӣ якхела мебошанд.
Моддаи 2. Баҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқаррар намудани нархи меъёрии замин бо мақсади андозбандии воқеӣ, пардохти иҷора, муҳайё намудани шароит барои сарфакорона истифода бурдани замин, муҳофизату азхудкунии он ва баланд бардоштани ҳосилнокии хок анҷом дода мешавад.
Моддаи 3. Муайян намудани минтақаи кадастрӣ
...