ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЗАМИНСОЗИ
(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 261)
(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 261)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонун дар бораи заминсози танзим менамояд
Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба асосҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи заминсози, тартиби заминсози ва муносибатҳоро дар раванди фаъолияти заминсози байни мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти ваколатдори давлати оид ба захираҳои замин, шахсони воқеи ва ҳуқуқи дар таъмини истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои замин танзим менамояд .
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар ин Қонун истифода мегарданд
Заминсози маҷмӯи чорабиниҳое, ки танзими ҳудудии муносибатҳои оид ба замин, омузиш, банақшгагири, ташкили истифода ва ҳифзи заминҳо, бунёди заминистифодабарии нав ва танзими заминистифодабарии мавҷуда, захираҳои замин, воҳидҳои марзию маъмури ва дигар объектҳои заминсозиро бо нишон додани сарҳадҳо дар маҳал, ободонии қаламрави ташкилотҳои кишоварзи ва беҳдошти манзараҳои табиат таъмин менамоянд.
Фаъолияти заминсози - фаъолияти илми, техники, истеҳсоли ва идоракунии мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти худидораи маҳалли, мақомоти ваколатдори давлати оид ба идораи захираҳои замин, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқи, ки ҳангоми заминсози анҷом дода мешавад.
Корҳои заминсози - ҳама гуна тадқиқоти камерали, саҳроии тадқиқоти, ҷустуҷӯи, топографию геодези, картографи, лоиҳакаши ва дигар корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯи, ки ҳангоми анҷом додани заминсози иҷро гардида, ба даст овардани натиҷаи мушаҳҳасро (ҳуҷҷати заминсози) пешбини мекунанд.
Раванди заминсози - таркиб, пайдарҳами ва тартиби амалҳо ҳангоми гузаронидани корҳои заминсози, ки корҳои омодаги, ҷустуҷӯи ва таҳқиқоти саҳрои, таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳави, барраси ва тасдиқи онҳо, татбиқи лоиҳаҳо дар маҳал, барасмиятдарори ва супурдани ҳуҷҷатҳои заминсози, гузаронидани назорати муаллифии татбиқи лоиҳаҳои заминсозиро дар бар мегирад.
Лоиҳаи заминсози- маҷмӯи хуҷҷатҳои ҳуқуқи, иқтисоди, техникии дарбаргирандаи ҳисоб ва тавсифу нақшаҳое, ки дар онҳо чорабиниҳои заминсози дар шакли нақша инъикос ёфта, хатти баён мегарданд ва татбиқи онҳо дар қаламрави муайян пешбини шудааст.
Чорабиниҳои заминсози - корҳои дар ҳуҷҷати заминсози пешбинигардидаи ташаккул ва ташкили ҳудуди объекти заминсози, истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо бо назардошти таъиноти мақсадноки онҳо ва маҳдудиятҳои истифода, нигоҳдори ва баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳо.
...