Тартиби пардохти маблағҳои вобаста ба имтиёзҳо ва иловапулиҳо аз 1 октябри соли 2002 № 390

Санаи амалкуни: 05.11.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2002 № 390

тасдиқ шудааст

Тартиби пардохти маблағҳои вобаста ба имтиёзҳо ва иловапулиҳо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184, аз 5.12.2013 № 576, аз 5.11.2014 № 709)

1. Мутобиқи моддаҳои 23-28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба шахсоне, ки бо мукофотҳои олӣ, ордену унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, ба нафақаашон иловапулии ҳармоҳа таъин карда мешавад.

2. Иловапулии ҳармоҳа ба нафақаи нафақахӯрон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақаи маҳалли истиқомати нафақахӯре, ки барои иловапулӣ ҳуқуқ дорад, анҷом дода мешавад. Шаҳодатномаи сарфарозгардонии мукофоти дараҷаи олӣ, дафтарчаи орден ё шаҳодатномаи мукофотонии унвони фахрӣ, асоси таъин намудани иловапулӣ ба нафақа мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 576).

3. Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд ва ба синну соли нафақа расидаанд ва ҳуқуқи гирифтани нафақаи меҳнатиро доранд, ҳангоми ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақаи маҳалли истиқомати доимӣ муроҷиат намудан, дар баробари ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо ба нафақа, ҳуҷҷати дахлдореро пешниҳод мекунанд, ки он ҳуқуқи иловапулиро ба нафақа тасдиқ менамояд. Дар ин ҳолат нафақа бо дарназардошти пловапулӣ таъин карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 576).

Ба шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардонидашуда, ки барои гирифтани иловапулӣ ба нафақаи таъингардида ва нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ҳуқуқи интихоби яке аз онҳо дода шавад.

4. Дар сурати бо ду ва бештари мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани шаҳрванд, ки онҳо иловапулиҳоро ба нафақа пешбини мекунанд, ба ӯ иловапулии ҳаҷмаш зиёдтар дода мешавад.

5. Шахсони бо ордени "Ситораи Президенти Тоҷикистон" ва "Исмоили Сомонӣ", ки мутобиқи қонуни қаблан амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мукофотонида шудаанд, иловапулӣ ба нафақа дар сатҳи иловапулии мутаносибан барои ордени "Ситораи Президенти Тоҷикистон" дараҷаи 3 ва ордени "Исмоили Сомонӣ" дараҷаи 1 муқарраргардида, баробар ҳисобида мешавад.

6. Хароҷоти вобаста ба имтиёзҳои шахсони бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозгардида, ки Тартиби мазкур пешбинӣ менамояд аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ пардохта мешавад.

Хароҷоти вобаста ба иловапулӣ ба нафақа, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешбинӣ менамояд, аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ  ва нафақаи  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад. Ҳамзамон Агентии суғуртаи иҷтимоӣ  ва нафақаи  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳар сол ҳангоми тартиб додани буҷети соли оянда, маблағҳои барои иловапулиҳо пешбинигардидаро ба нафақаҳои дар ҳамин Тартиб зикргардида, дохил мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).