Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2002, № 390 "Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 05.11.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184, аз 5.11.2014 № 709)

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2001 "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби замимагардидаи пардохти маблағҳои вобаста ба имтиёзҳо ва иловапулиҳо тасдиқ карда шавад.

2. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб кардани иловапулиҳои муқарраргардидаро ба нафақаи шаҳрвандоне, ки бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.11.2014 № 709).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархостҳои пешниҳодгардидаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории хароҷоти вобаста ба пардохти иловапулиҳои пешбинигардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатӣ"-ро таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184, аз 5.11.2014 № 709).

4. Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) иҷрои талаботи Тартибро, ки бо ҳамин қарор тасдиқ шудааст, таъмин намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 1 октябри соли 2002 № 390

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011с. № 184)

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2001 "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби замимагардидаи пардохти маблағҳои вобаста ба имтиёзҳо ва иловапулиҳо тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб кардани иловапулиҳои муқарраргардидаро ба нафақаи шаҳрвандоне, ки бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъмин намояд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархостҳои пешниҳодгардидаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Тоҷикистон маблағгузории хароҷоти вобаста ба пардохти иловапулиҳои пешбинигардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатӣ"-ро таъмин намояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011с. № 184).