бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2023 № 566 аз эътибор соқит дониста шуд
Дар бораи тасдиқи Тартиби истифодаи иншооти обӣ барои истгоҳ, парвозу нишаст, ҳамчунин барои дигар эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади танзим ва рушди самараноки иқтисод дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ва истифодаи иншооти обии мамалакат, мутобиқи моддаи 87 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Тартиби замимагардидаи истифодаи иншооти обӣ барои истгоҳ, парвозу нишаст, ҳамчунин барои дигар эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 ноябри соли 2002 № 439
ш. Душанбе