Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарор
Дар бораи Тартиби истифодаи объектҳои об барои истгоҳ, парвоз ва фурудоӣ, инчунин барои дигар эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби истифодаи объектҳои об барои истгоҳ, парвоз ва фурудоӣ, инчунин барои дигар эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2002, № 439 "Дар бораи тасдиқи Тартиби истифодаи иншооти обӣ барои истгоҳ, парвозу нишаст, ҳамчунин барои дигар эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 30 декабри соли 2023, № 566
Правительство Республики Таджикистан
Постановление
О Порядке использования водных объектов для стоянки, взлёта и посадки, а также для других нужд воздушного транспорта Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 69 Водного кодекса Республики Таджикистан и статьей 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Утвердить Порядок использования водных объектов для стоянки, взлёта и посадки, а также для других нужд воздушного транспорта Республики Таджикистан (прилагается).
2. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 ноября 2002 года, №439 "Об утверждении Порядка использования водных объектов для стоянки, взлёта и посадки, а также для других нужд воздушного транспорта в Республике Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 30 декабря 2023 года №566