Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.2012 № 678 аз эътибор соқит дониста шуд
Дар бораи тасдиқи Барномаи Системаи давлатии омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1999, № 2 "Дар бораи таҳкими ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимагардидаи Системаи давлатии омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо татбиқи Барномаи мазкурро таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 12 июни соли 2001, № 272
ш. Душанбе