ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таҳкимм ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъияти-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ
Бо мақсади демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷамъияти-сиёси, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ризоият дар ҷомеа, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, таъмини гуногунандешии сиёсӣ ва идеологӣ, иштироки озоди ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, табақаҳо ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ дар интихоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунии давлат мутобиқи Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқи байналхалқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда фармон медиҳам:
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дигари ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ:
татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодии инсону шаҳрвандро таъмин намоянд, барои риояи принсипҳои давлати ҳуқуқи-волоияти қонун, баробарии ҳама ва ҳар кас дар назди қонун шароити мусоид фароҳам оваранд;
дар ҳамкори бо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба вусъати раванди ризоияти милли ва ягонаги, таҳкими соҳибихтиёри ва тамомияти арзии Тоҷикистон тадбирҳои иловаги андешанд;
иштироки васеъи бевосита ё бавоситаи вакилон, ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳури, махсусан занон ва ҷавононро дар демократикунонии ҷомеа, ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат таъмин намоянд;
густариши ислоҳоти ҷории соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ҳуқуқро, ки ба таъмини шароити мусоид баҳри зиндагии осоишта ва рушди озоди инсон равона гардидаанд, татбиқ намоянд;
барои дар ҷомеа татбиқ кардани озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои иттилоот ҳаматарафа мусоидат кунанд;
то 1 марти соли 2000 Барномаи "Системаи давлатии омӯзиш дар соҳаи ҳуқуқи инсон"-ро бо назардошти санадҳои ҳуқуқии байналхалқи пешниҳод намоянд.
2. Раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо:
оид ба муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёси, иттиҳодияҳои ҷамъияти тадбирҳои зарури андешанд;
барои таҳким ва инкишофи ҳамкориву ҳамдастии иҷтимоии мақомоти маҳалии ҳокимияти давлати бо ҳизбҳои сиёси иттиҳодияҳои ҷамъияти шӯроҳои ҷамъияти созмон диҳанд.
3. Вазоратҳо ва идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо оид ба тайёри ва гузаронидани интихоботи озоди демократи ба Маҷлиси Оли ва Маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ, татбиқи озодона ифода кардани иродаи шаҳрвандон шароит муҳайё созанд;
4. Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро пурзӯр намуда, иҷроиши қонунҳоро оид ба риоя ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ҷомеъа таъмин созад.
5. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъияти-сиёсиро омӯзанд ва таклифҳои мушаххасро оид ба тақвияти минбаъдаи ҷараёни демократикунонии ҷамъият пешниҳод кунанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 декабри соли 1999 № 2 ш. Душанбе
УКАЗ
ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ОБ УГЛУБЛЕНИИ ПРОЦЕССА ДЕМОКРАТИЗАЦИИ ОБЩЕСТВЕННО - ПОЛИТИЧЕСКОЙ ЖИЗНИ В РЕСПУБЛИКЕ
В целях углубления процесса демократизаций общественно-политической жизни, единства и национального согласия в обществе, реализации конституционных прав и свобод граждан, обеспечения политического и идеологического плюрализма, свободного участия политических партий, общественных объединений, различных социальных слоев и групп в выборах органов государственной власти и управления в соответствии с Конституцией и признанными Республикой Таджикистан международно - правовыми актами постановляю:
1. Правительству Республики Таджикистан, другим органам государственной власти и управления:
обеспечить реализацию конституционных прав и свобод человека и гражданина, создать необходимые условия для соблюдения принципов правового государства - верховенства закона, равенства всех и каждого перед законом;
во взаимодействии с политическими партиями, общественными объединениями принять дополнительные меры по углублению процесса национального согласия и единства, упрочения суверенитета и территориальной целостности Таджикистана;
обеспечить широкое участие в демократизации общества, политической жизни и управлении государством непосредственно или через представителей всех граждан республики, в особенности женщин и молодежи;
осуществить действенные меры по расширению осуществляемых реформ в экономической, социальной и правовой сферах, направленных на обеспечение условий для достойной жизни и свободного развития человека;
всемерно способствовать реализации в обществе свободы слова, печати и прав на пользование средствами информации;
до 1 марта 2000 года представить Программу "Государственная система образования в области прав человека" с учетом международно-правовых актов, признанных Республикой Таджикистан.
2. Председателям областей, городов и районов:
принять необходимые меры по созданию равных условий для свободной деятельности политических партий и общественных объединений;
создать общественные советы в областях, городах и районах для укрепления и развития взаимодействия, социального партнерства местных органов государственной власти с политическими партиями и общественными объединениями.
3. Министерствам, ведомствам, председателям областей, городов и районов обеспечить условия по подготовке и проведению свободных демократических выборов в Маджлиси Оли и местные Маджлисы народных депутатов, реализации свободного волеизъявления граждан.
4. Прокуратуре Республики Таджикистан усилить надзор и обеспечить исполнение законов по соблюдению и реализации прав и свобод граждан в обществе.
5. Центру стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан совместно с Академией наук Республики Таджикистан осуществлять мониторинг общественно - политической жизни и свое временно представлять конкретные предложения по дальнейшему углублению процесса демократизации общества.
Президент
Республики Таджикистан Э. Рахмонов
г. Душанбе
1 декабря 1999 года №2