ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва мавриди амал қарор додани он"
Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2005 № 112 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2005 № 184 "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва мавриди амал қарор додани он", инчунин барои ба даромади Буҷети давлати ҷалб намудани захираҳо, таъмини самарабахши истифодаи маблағҳои буҷети, мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёти милли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлати, идораҳо, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият:
- барои таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2005 № 184 "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва мавриди амал қарор додани он" тадбирҳои зарури андешанд;
- оид ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва хизматрасониҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ чораҳои зарури андешида, дар ин асос нишондиҳандаҳои муътадили макроиқтисодиро дар иқтисодиёти ҷумҳури таъмин намоянд;
- барои таъмини сифатнок иҷро намудани нақшаҳои андозҳо ва даромадҳо ба буҷетҳои ҷумҳурияви ва маҳалли ва пардохтҳо ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷети тамоми чораҳоро андешанд;
- истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои барои сохтмонҳои асосии иншоотҳо ҷудокардашударо таъмин намуда, оид ба ҳаҷми корҳои иҷрошуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд;
- ҳангоми пешниҳод намудани барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи дурнамои миёнамӯҳлат маблағгузориро аз ҳисоби захираҳои молиявии давлат талаб менамоянд, нишондодҳои дурнамои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2007-2008 ба инобат гиранд;
- бо мақсади таъмини назорати шумораи кормандони дар ташкилотҳои буҷети машғулбуда ва хароҷот барои нигоҳдории онҳо, ҳар семоҳа ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шумораи воқеии кормандон ва мавҷудияти воҳидҳои холии кории дастгоҳҳои маркази ва муассисаҳои тобеашон маълумот ирсол намоянд;
- пардохти истифодабарии қувваи барқ, гази табии, хизматрасониҳои коммуналиро танҳо тавассути бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд. Дар минтақаҳое, ки бонкҳо дар масофаи дур воқеанд ё вуҷуд надоранд, ин пардохтҳо тавассути нуқтаҳои почта тибқи бастани шартномаҳо амали карда шаванд.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- истифода бурдани маблағҳои буҷетиро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" таъмин намояд. Маблағгузории чорабиниҳои тасдиқкардашударо аз рӯи даромадҳои воқеии воридгардида амали намояд;
- дар навбати аввал маблағгузории музди меҳнат, пардохтҳои суғуртаи иҷтимои, нафақа, стипендия, ёрдампулиҳо, ҷубронпулиҳо барои пардохти хизмати алоқа, истифодаи қувваи барқ, газ ва обро таъмин намояд;
- бо мақсади сари вақт ва сифатнок иҷро намудани Буҷети давлати ба тақсимоти семоҳаи даромад ва хароҷот, инчунин дар моддаҳои хароҷоти сметаҳои ташкилотҳои буҷети дар доираи буҷети солонаи тасдиқшудаи соли 2006 тағйиротҳо ворид намояд;
- ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳо аз рӯи пардохти андозҳои солҳои гузашта, бо назардошти зарурияти ихтисор кардани қарзи муассисаҳои буҷети аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2006 ба вуҷуд омаданд, мувофиқи тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробарқуниро байни онҳо гузаронад;
- дар ҳолати зарури ва мавҷуд будани сарфа аз рӯи моддаҳои алоҳидаи хароҷот, аз ҷумла хароҷоти хизматрасониҳои коммунали бе қарздори аз рӯи онҳо, бо тартиби муқарраргардида дар маблағгузории моддаҳои хароҷот ба истиснои моддаҳои ҳимояшаванда тағйиротҳои зарури ворид намояд;
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҳар семоҳа ба буҷет гузаронидани 10 фоизи даромадҳо аз маблағҳои махсус, инчунин 40 фоизи маблағҳои аз додани сертификатҳо ба даст овардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намояд;
- маблағгузории сармоягузориҳои асосии марказонидашуда ва хароҷотеро, ки ҳамчун ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои муштараки сармоягузориҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявию қарзи пешбини шудаанд, аз рӯи иншоот дар ҳаҷми маблағҳои дар буҷет тасдиқшуда анҷом диҳад;
- барои пӯшонидани касри буҷет дар ҳаҷми 3,0 млн. сомони бароришу фурӯши векселҳои кӯтоҳмуддати хазинадориро таъмин намояд;
- бо мақсади рушди соҳибкории хурд ва миёна дар минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳури дар доираи ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби депозити буҷети ҷумҳурияви дар Бонки миллии Тоҷикистон барои қарздиҳии хурд ба соҳибкорон тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" 3,0 млн. сомони ҷудо намояд;
- бо мақсади шафоффият, ҳар семоҳа тавассути воситаҳои ахбори умум оид ба ҷараёни иҷрои Буҷети давлати дар соли 2006 ахборот нашр намояд.
3. Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии, Тоҷикистон "Амонатбонк" ва Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин бонкҳои дигари ҷумҳури, ба буҷетҳои ҷумҳурияви ва маҳалли сари вақт воридсозии андозҳо ва даромадҳоро мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин меъёрҳои дар моддаҳои 4, 5 ва 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" зикргардида, таъмин намояд;
- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кам кардани бақияпулии корхонаҳо ва ташкилотҳо аз рӯи пардохтҳои андози чораҳои зарури андешад;
- якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммунали" ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, инчунин дигар субъектҳои моликияти давлати ва ғайридавлати бо мақсади татбиқи талаботи фасли 46 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон "Андоз аз амволи ғайриманкул" чорабиниҳоро ҷиҳати муайян, баҳисобгири ва систематикунонии объекти андозбанди анҷом диҳад;
- дар давоми соли 2006 оид ба ташкили Реестри умумидавлатии андозсупорандагон - шахсони ҳуқуқи бо мақсади андозбанди мувофиқи моддаи 45 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад;
- истифодаи мақсадноки маблағҳои аз арзиши гумрукии молҳоро, ки барои гузаронидани расмиятҳои гумруки рӯёнида шуда, инчунин 20 фоиз аз маблағҳои умумии пинҳонкардашудаи (кам нишондодашудаи) андозҳо, ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигари дар рафти корҳои назорати ошкоргардида ва барои ҳавасмандгардонию инкишофи базаи модди-техникии мақомоти Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" пешбини карда шудаанд, таъмин намояд;
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), ки аз ҳисоби маблағҳои грант, кредит (қарз)-ҳое, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои хориҷи, хукуматҳои давлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали додашуда пардохта шудаанд, таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор номгӯи маҳсулоти коркардро, ки бо андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо андозбанди мешавад, номгӯи маҳсулоти коркардро, ки нархҳои онҳо барои ҳисоб кардани манбаи андоз дар биржаи дахлдори байналмилали (минтақави) муқаррар карда мешаванд, инчунин меъёрҳои андоз аз маҳсулоти коркарди молҳоро муайян намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пешниҳод намудани имтиёзҳо аз рӯи андозҳо барои корхонаҳои азнавтаъсисёфта, ки бо силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳои (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагии дузандаги) банд мебошанд, таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки аз Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, анҷом диҳад.
4. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети ҷумҳурияви маблағгузори карда мешаванд:
- то 15 январи соли 2006 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани сметаҳои ягонаи даромад ва хароҷоти тасдиқшударо барои соли 2006 оид ба маблағҳои буҷети ва ғайрибуҷетии (махсуси) муассисаю ташкилотҳое, ки ба воситаи Хазинадории маркази ва шӯъбаҳои маҳаллии он маблағгузори карда мешаванд, таъмин намоянд.
Дар баробари ин ба инобат гирифта шавад, ки ба моддаҳои ҳимояшудаи хароҷот музди меҳнат, маблағҷудокуни барои суғуртаи иҷтимои, нафақаҳо, стипендияҳо, - ёрдампулиҳо, ҷубронпулиҳо барои пардохти истифодаи қувваи барқ, гази табии ва хизматҳои алоқа дохил мешаванд;
- бастани шартномаҳо оид ба ворид кардани молҳо, кору хизматрасониро ҳангоми аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани мавҷудияти маблағҳо ба ин мақсадҳо, инчунин дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тендер" бо пешниҳод намудани протоколи комиссияи тендерии Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амали намоянд;
- хариди арзишҳои молию модди, маводи сӯзишвори ва равғанҳои молидани, аз ҷумла амволи ҳарби ва ҷойгиркунии фармоиши мудофиавии давлати, бо тартиби афзалиятнок, дар бозори дохили (аз корхонаву ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) анҷом дода шавад;
- ҳар семоҳа ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси истифода бурдани маблағҳое, ки аз ташкилотҳои байналмилалии молияви ба сифати грант гирифта мешаванд, инчунин оид ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорие, ки бо ҷалби қарзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали карда мешаванд, ҳисобот диҳанд.
5. Марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсиони то 20 январи соли 2006 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати намудҳои кор, хизматрасониҳо ва иншооти бунёдшавандаро, ки аз ҳисоби қарзҳои ташкилотҳои байналмилалии молияви ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали карда мешаванд, пешниҳод намоянд.
6. Бо мақсади ба танзим даровардани суғуртаи ҳатмии давлатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи пардохти суғурта аз 1 январи соли 2006 ва солҳои оянда дар ҳаҷми 0,5 фоиз аз фонди музди меҳнати солона муқаррар карда шавад.
7. Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999 № 129 ва банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999 № 142 аз эътибор соқит карда шаванд.
8. Мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури аз ҳисоби барзиёд иҷро намудани буҷетҳои маҳалли, дар ҳолати роҳ надодан ба қарздори аз рӯи моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот ва инчунин ҷалби дигар захираҳои молияви метавонанд маблағгузории асосиро барои барқарорсози ва сохтмони иншооти муҳими маҳалли, ободонии шаҳру ноҳияҳо равона намоянд.
9. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои дар буҷети соли 2006 барои дастгирии хоҷагии кишлок пешбинишуда, ҷиҳати барқарорсози ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарвари, коркарди маҳсулоти кишоварзи ва зиёд намудани ҳаҷми содиротии он, беҳтар намудани биотехнологияи чорво ва инчунин дуруст ба роҳ мондани парвариши тухмии баландсифати зироатҳои хоҷагии қишлоқ, барои иҷрои қарорҳои, дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешанд.
10. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сметаҳои хароҷотро барои нигоҳдори ва таъмири рохҳои автомобилгарди истифодаи умум алоҳида барои муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияхо аз рӯи ҳамаи моддаҳои хароҷот пешниҳод намояд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории хароҷоти мазкурро бевосита аз рӯи ташкилотҳои роҳсози мувофиқи маблағҳои дар буҷети соли 2006 тасдиқшуда анҷом диҳад.
11. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати то 15 феврали соли 2006 ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати шаҳрвандонеро, ки аз имтиёзҳои тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда бархӯрдоранд ва аз Буҷети давлати маблағгузори мешаванд, аз рӯи гурӯҳхо ва минтақаҳои ҷумҳури пешниҳод намояд;
- бо мақсади беҳтаргардонии самаранокии системаи имтиёзҳои амалкунанда, такмили минбаъда ва таъиноти он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд.
12. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳидии давлатии "Хоҷагии манзилию коммунали" то 25 январи соли 2006 аз ҳисоби субсидияҳое, ки дар буҷети ҷумҳурияви барои пардохти имтиёзҳои тибқи қонунгузори муқарраргардида пешбини шудаанд, бо нишон додани ноҳияҳои ҷумҳури ва рӯйхати имтиёздорон аз рӯи категорияҳо, ки аз тарафи мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳоли тасдиқ гардидаанд, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
13. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботро доир ба истифодабарии маблағҳои фонди инноватсионии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи ,Барқи тоҷик, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз рӯзи охирини моҳи ояндаи пас аз давраи ҳисоботи пешниҳод намоянд.
14. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои ислоҳотии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии фелдъегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар мӯҳлатҳои муайяншуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани сметаҳои ягонаи даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷети ва ғайрибуҷетии (маблағҳои махсуси) ҳамаи ҷузъу томҳоеро, ки аз тариқи Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузори карда мешаванд, бо ҳисоби алоҳидаи моддаҳои хароҷоти таъмин намоянд. Ҳамзамон бо сметаҳои хароҷоти ҷадвали воҳидҳои кории дастгоҳҳои маркази ва ҷузъу томҳоро пешниҳод кунанд;
- роҳкиро ба маҳалли истифодаи асосии рухсати ва бозгаштро (як маротиба дар як сол), танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, пардозанд;
- ба ҳолати казармави гузаронидани ҳайати шахсиро танҳо дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амали намоянд; ва пардохти ҷубронпулиро барои ин мақсад дар доираи маблағҳои фонди музди меҳнат ва сметаи хароҷоти тасдиқшуда анҷом диҳанд;
- пардохти маблағҳо барои табобати санаторию курортии хизматчиёни ҳарби ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бо тартиби муқарраргардида дар доираи маблағҳое, ки дар сметаи хароҷот барои ин мақсад пешбини шудаанд, анҷом диҳанд;
- шумораи курсантҳо ва шунавандагони дар муассисаҳои таълими-ҳарбии кишварҳои Идтиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳсил доштаро ба маблағҳое, ки дар сметаи хароҷот барои ин мақсад пешбини шудаанд, мувофиқа намоянд.
15. Агентии таъминоти амволи махсуси назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор:
- маблағҳои буҷетии тасдиқшудаи соли 2006-ро барои таъминоти марказонидашудаи озуқа, ашё ва дигар амволи моддию техники барои Қувваҳои мусаллаҳ, қӯшунҳо, дигар ҷузъу томҳои ҳарби ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақсим намояд;
- номгӯй (номенклатура) ва миқдори маҳсулот (захираҳои моддию техники)-ро, ки бояд таъмин карда шавад, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намояд.
16. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва бозрасии савдои назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағҳоро, ки аз додани сертификат ба ихтиёри онҳо мононда мешаванд, тибқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2005 № 184 "Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" таъмин намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.
17. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳури:
- ҳангоми тасдиқи буҷетҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои соли 2006 маблағҳои барои мустаҳкамгардонии заминаи моддию техникии ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракҳо пешбинишударо дар сатри алоҳида нишон дода, истифодаи мақсадноки онҳоро таъмин намоянд;
- маблағгузории саривақтии маблағгузории ҷубронпулии мактаббачагонро аз рӯи тартиби муайяншуда, инчунин ҷубронпули барои хизматрасонии коммунали барои муаллимонро дар доираи маблағҳои дар буҷетҳои дахлдор пешбинишуда, таъмин намоянд;
- дар ҳолати норасоии маблағгузории фонди музди меҳнати дар буҷетҳои маҳаллии соли 2006 пешбинишуда, маблағҳои озоде, ки дар рафти иҷрои буҷети соли 2005 ба ҳолати 1 январи соли 2006 боқи мемонанд, дар навбати аввал ба ин мақсад равон намоянд.
18. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури ҳар семоҳа аз ҷараёни иҷрои ин қарор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
19. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 декабри соли 2005 № 499
ш. Душанбе