Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005, № 420 "Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои 2005-2015"

Санаи амалкуни: 03.08.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои 2005-2015

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007с. № 419)

Бо мақсади таъмини вазъи устувори иқтисодиёт, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар ояндаи дарозмӯҳлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои 2005-2015 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои ояндаи кӯтоҳмӯҳлат ва миёнамӯҳлат, инчунин таҳияи лоиҳаҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳалли нишондиҳандаҳои дар Барномаи мазкур пешбинишударо ба инобат гиранд.

3. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади амалӣ намудани нишондиҳандаҳои Барномаи мазкур тибқи тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии зарурӣ ва лоиҳаҳои сармоягузориро барои ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ таҳия намуда, ба Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

4. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараёни иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлонро дар солҳои 2005-2015 таҳти назорати қатъи гирифта, ҳар сол то 1 март оид ба рафти иҷрои ин қарор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 31 октябри соли 2005 № 420

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2005 № 420

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои 2005-2015

Вилояти Хатлон

Мавқеи ҷойгиршавӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъсис дода шудааст: Соли 1992

Масоҳат: 24,8 ҳаз. км. кв.

Аҳоли - ҳамагӣ: - 2404,1 ҳазор нафар

- шаҳри 419,6 ҳазор нафар

- деҳот 1 984,5 ҳазор нафар

Зичии аҳоли: 96,9 нафар дар 1 км. кв.

Маркази маъмурӣ: шаҳри Қӯрғонтеппа

Сарҳад: аз ғарб - Ҷумҳурии ӯзбекистон

дар ҷануб - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Иқлим: субтропики, континентали

Дарёҳо: Вахш, Панҷ, Қизилсӯ, Ёхсӯ

Захираҳои табий: нафту газ, тилло, оҳаксанг, гаҷ, намаки ош, ашёи хом барои саноати химия (оҳак, доломит), селестин

Масофаи байни шаҳри Қӯрғонтеппа - Душанбе - 100 км

Дар вилоят 25 шаҳру ноҳия, 21 Ҷамоати шаҳрак ва 133 Ҷамоати деҳот мавҷуд аст

Дар вилоят 170 корхонаи саноати мавҷуд аст, ки дар баланси мустақил қарор доранд.

Таносуби маҳсулоти онҳо дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатии ҷумҳури дар соли 2004-ум 31,4 фоиз аст.

Дар соли 2004 дар вилоят 15332 млн. кВт. соат қувваи барқ, 78,8 ҳазор кВа трансформаторҳои қуввати, 87 ҳазор тонна карбамид, 108,9 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол карда шудааст.

Дар ҳамаи категорияи хоҷагиҳои вилоят дар соли 2004-ум 342,7 ҳазор тонна пахта, 510 ҳазор тонна ғалладона, 116,9 ҳазор тонна картошка, 222,3 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст.

Дар вилоят 145 муассисаи тибби фаъолият мекунад. Ба аҳолии вилоят 2,3 ҳазор нафар табибони ҳамаи ихтисосҳо ва 7,6 ҳазор нафар кормандони миёнаи тибби хизмат мерасонанд.

Дар соли 2004-ум дар вилоят 103 муассисаҳои томактаби ва 1263 адад муассисаҳои рӯзонаи таҳсилоти умуми амал карданд.

Пешгуфтор

Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2015 мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 № 86 "Оид ба Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2004 № 341 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов, ки моҳи июли соли 2004 ҳангоми сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, вохӯриҳо бо фаъолони вилоятҳо баён шудаанд ва Ҳайати гурӯҳҳои кори" тартиб дода шудааст.

Қарор дар бораи таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар давраи солҳои 2005-2015 бо гузаштани иқтисодиёт ба муносибатҳои бозаргони, пешбинии болоравии нақши минтақаҳо, ташкили минтақавии ислоҳот, истифодаи самараноки захираҳои маҳалли вобаста аст. Дигаргуниҳои амиқи дар ҷумҳури ба амал оянда, манфиатҳои ҳамаи минтақаҳо, гурӯҳҳои иҷтимои ва табақаҳои аҳолиро дахолат мекунад. Натиҷаи тағйироти иқтисоди бояд рушди босуръати қувваҳои истеҳсолкунандаи кишвар ва минтақаҳои онҳо, эҷоди шароити мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкори гардад.

Дар оянда осонгарди ва баробаршавии минбаъдаи сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кишвар, бо назардошти иқтидорҳои табиию иқтисоди ва меҳнатии ҳар яки онҳо пешбини мешавад. Дар назар аст, ки махсусгардонии минтақави ва интегратсия пурқувват шавад.

Рушди қувваҳои истеҳсолии вилояти Хатлон дар оянда имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави кор ташкил гардида, сатҳи зиндагии аҳоли боло равад ва миқёси камбизоати паст гардад.

Дар ҳудуди нисбатан начандон калони вилоят мавҷуд будани захираҳои бойи маъдану ашёи, гидроэнергетики ва меҳнати ҳамзамон бо шароити нодири табиию обу ҳаво, ки барои истеҳсоли маҳсулоти пурарзиши кишоварзи ва ашёи озуқа мусоидат мекунанд, ҳамон маҷмӯи шароитҳои базавие ба ҳисоб мераванд, ки ҳамчун импулси доимию тағйирнаёбандаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят хизмат мекунанд.

Аҳамияти вилояти Хатлон дар иқтисодиёти кишвар на танҳо аз рӯи мавқеъ ва нақши он дар истеҳсолоти байниминтақави ва тақсимоти меҳнат, балки аз рӯи мавқеи геополитики ва географии он низ муайян мегардад.

Дар замони ҳозира тахассуси иқтисодии вилояти Хатлон ба таври умуми аз рӯи муҷтамаи пахтакори муайян мегардад. Дар ин ҷо 62-65 фоиз пахтаи дар ҷумҳури парваришшаванда ва муҳим он аст, ки 90 фоиз навъи пурарзиши маҳиннахи он истеҳсол карда мешавад.

Дар оғози солҳои шастуми қарни бист дар қаламрави вилоят рушди гидроэнергетика, саноати кимиёви шурӯъ гардид. Дар оянда соҳаҳои барои вилоят маъмули бо муҷтамаи самараноки соҳаи энергетика, мошинсози, саноати сабук ва хӯроквори такмил хоҳанд шуд. Рушди муназзами соҳаҳои иқтисодиёт саҳми назаррасе дар инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми асоснок сохтани дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят вазифаҳои зерини стратеги ба миён гузошта шудаанд:

- таъмини истифодаи ҳаддиаксари иқтидорҳои табий, захираҳои зудафзояндаи меҳнати, ташкили ҷойҳои нави кори ва кам кардани бекори;

- ба таври назаррас баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳоли ва кам кардани миқёси камбизоати дар деҳот.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар давраи то соли 2015 бо назардошти мақсадҳо, ҳудудҳо ва самтҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар, ки дар Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоати, Барномаҳои сармоягузориҳои давлати ва дигар барномаҳои соҳавии тасдиқ намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, таҳия гардидааст.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон бояд марҳилаи муҳими сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб равад, ки барои тезонидани суръати баланду муназзами рушди иқтисоди ва дар ҳамин асос ҳалли проблемаи паст кардани сатҳи камбизоати, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳоли ва кам кардани миқёси камбизоатии деҳот нигаронида шудааст.

I. Захираҳои табиӣ ва шароит

Вилояти Хатлон дар қисмати ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Он аз ғарб бо Ҷумҳурии ӯзбекистон, дар ҷануб бошад, бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст. Ҳудуди вилоят 24,6 ҳазор километри мураббаъро ташкил дода, шаҳри Қӯрғонтеппа маркази маъмурии он мебошад. Вилояти Хатлон дар шимолу ғарб бо қаторкӯҳҳои Боботоғ ва Туюнгай, дар шарқ бо Ҳазрати Шоҳ иҳота шуда, дар ҷануб бошад, бо дарёҳои сарҳадии Панҷу Аму ҳамҷавор аст. Ҳудуди вилоят аз нигоҳи геологи водии ҷавон аст (мезокайнозои), ки депрессияи тоҷики ном гирифтааст. Дар фарқият бо дигар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон, вилояти Хатлон аз қаторкӯҳҳои паст ва чуқуриҳо иборат аст. Байни қаторкӯҳҳои паст қаторкӯҳҳо бо чуқуриҳо ва водиҳои ҳамвору ноҳамвор ҷой гирифтаанд. Инҳо водиҳои Вахши поён, Кофарниҳони поён, Ёвон, Данғара, Фархор, Кӯлоб, Мӯъминобод ва Ховалинг мебошанд. Онҳо дар баландии аз 300-400 метр то 1200 метр ҷой гирифтаанд. Иқлими вилоят субтропики, континентали, дар кӯҳҳо бошад, вертикалию минтақави аст.

Дар ҳудуди вилояти Хатлон ду ноҳияи агроминтақави мавҷуданд. Ин ноҳияҳо дар фарқият бо дигар қисматҳои Тоҷикистон, аз рӯи баландии комили ҳудудҳои қабатҳои гарми ба ҳамдигар наздиканд.

Ноҳияи агроиқлимии Вахш ноҳияи гармтарини ҷумҳури мебошад, ки дар он захираҳои гарми имконият медиҳад, навъҳои маҳиннахи пахта парвариш карда шавад. Шароити рутубатноки дар ин ноҳия як хел нест. Водии соҳили дарёи Кофарниҳон нисбатан хушктар аст. Дар самти шарқ ва шимолу шарқ дараҷаи боришот зиёд мешавад. Водии Ёвон нисбатан рутубатноктар мебошад. Дар ҳолате, ки дар дигар минтақаҳо танҳо дар заминҳои оби ғалла мерӯёнанд, дар ин ҷо ғаллаи лалми парвариш кардан мумкин аст.

Ноҳияи агроиқлимии Қизилсу минтақаи хеле бой ва гарм аст. Шароити рутубатноки аз минтақаи Вахш дида мӯътадилтар аст. Омезишҳои мухталифи шароити гарми бо миқёс ва характери рутубатноки дар камари амуди боиси рушди мутаносиби қабати замин дар ҳудуди вилоят гардидаанд. Бо назардошти ҷойгиршавии қабати хок дар вилоят минтақаҳои Вахш ва Кӯлоб ҷудо карда шудаанд.

Минтақаи Вахш қисмати ғарбии байни минтақаҳои Ҳисор ва Кӯлобро фаро гирифтааст ва ба се ноҳия тақсим шудааст: 1) водии пахтакори; 2) доманакӯҳ - адири; 3) пасткӯҳию адири.

Ноҳияи водии пахтакор водиҳои Вахш, Ёвон, Обикиик, Кофарниҳони поён ва Бешкентро фаро мегиранд. Дар наздикии ҷойгиршавии обҳои зеризамини тирахоки марғзори шӯргашта ва шӯрзаминҳо рушд ёфтаанд. Дар поёнобҳо ва дар роҳҳои паст заминҳои аллювиали-марғзори ва аллювиали-туқайи ташаккул меёбанд.

Ноҳияи наздикӯҳию адири адирҳои пасти (наздикӯҳии) гӯшаҳои тамоми минтақаи Вахшро фаро мегиранд. Қабати хок тирхокҳои равшан ва маъмӯлиро ташкил медиҳанд. Дар конусҳои обовардаҳо ва дар маҳалҳои вайроншудаи релеф реги ин хокҳо зиёд аст. Заминҳои регзори Қародум ва Карҷалолкум пайваст гардидаанд.

Ноҳияи доманакӯҳи-адири ҳудуди қаторкӯҳҳои паст ва адирҳоро фаро мегирад. Заминҳо тирахоки обёришаванда ва зархоки карбонатии ҷанубии аксаран сангдор мебошанд. Қариб 92 фоизи майдони заминҳои ин ноҳия ба эрозия дучор шудаанд. Имкон дорад, ки дар заминҳои лалмии хокашон қаҳвагию карбонати боғу ангурзор бунёд карда шавад.

Минтақаи Кӯлоб водиҳои дарёҳои Қизилсу ва Ёхсу, як қисми водии соҳили дарёи Панҷро фаро гирифтааст. Ин ҷо ба чор ноҳия тақсим мешавад: 1) водии пахтакор; 2) адиру пасткӯҳи на он қадар рутубатнок;

3) ноҳияи байникӯҳии лалмикори; 4) ноҳияи баландкӯҳи рутубатноки чарогоҳҳои тобистона.

Водии пахтакор ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Мир сайид Алии Ҳамадони, Фархор ва Данғараро фаро мегирад. Дар қабати замин бештар заминҳои маъмули ва тирахок ба назар мерасад. Дар поёноби дарёҳо дар мавриди наздик будани обҳои зеризамини заминҳои аллювиали-тирахок, марғзору ботлоқ, аллювиали-марғзори, аллювиали-туқайзор, заминҳои сернамак-содадор ва миёна ҷой гирифтаанд.

Заминҳои маъмули ва тираи ин ноҳия бо хосиятҳои агрохимияви ва агрофизики, дараҷаи баланди ҳосилноки характерноканд.

Ноҳияи адири-пасткӯҳи (адирҳо ва қаторкӯҳҳои пасти Қаротоғ, Ҷалтоғ ва Сарсаряк дорои тирахок (маъмули ва тираи обёришаванда) ба дараҷаи мухталиф шусташуда мебошанд. Майдонҳои таҳти чунин хок қарордошта ҳамчун чарогоҳҳои зимистона ва заминҳои лалмии ғаллакори истифода мегарданд.

Ноҳияи рутубатноки заминҳои лалми ҳудуди шимоли Данғара, шимол ва шарқи Кӯлобро фаро мегирад. Заминҳои кӯҳи, қаҳвагию карбонати мебошанд, ки то 2000 метр баланди доранд, қисми зиёдашон сангзор ва эрозияви шудаанд.

Ноҳияи баландкӯҳи рутубатнок қисми зиёди қаторкӯҳҳои Вахш ва Ҳазрати Шоҳро ишғол кардаанд. Заминҳои ин минтақаи баландкӯҳ сангзор, марғзору биёбон ва қисман биёбон бо қисматҳои марғзору ботлоқ ва қисми зиёдашон эрозияшуда мебошанд. Онҳо ҳамчун чарогоҳҳои тобистона истифода мешаванд.

Характери кӯҳи ва водиги доштани маҳал, пурасрор будани релеф, мухталифии хеле зиёди шароит - аз инҳо растаниҳои вилояти Хатлон бо гуногуни ва ғановати худ фарқ мекунанд.

Флораи вахшии вилояти Хатлон бо растаниҳои барои одамон фоиданок боянд: онҳо хусусиятҳои доруги, рангомези, витаминдори, хӯроки ва ғайра доранд. Баъзеи онҳо ҷамъовари ва тайёр карда мешаванд, баъзеи дигарашон ҳамчун зироат мавриди истифода қарор мегиранд. Вале то ҳанӯз қисми ками растаниҳои фоидаовари табиат истифода мешаваду халос. Ин аз ба таври кофи омӯхта нашудани намудҳои гуногуни растаниҳо ва маҳсулнокии онҳо ва таркиби химияви вобаста аст, ки ба интихоби пурраи растаниҳои фоидаовар имкон намедиҳад.

Растаниҳои ғизои ва витаминдор ба қадри кофи мавҷуд ҳастанд, вале ҷамъоварии онҳо дуруст ташкил нашудааст. Дар ин ҷо зирк, зелол, пиёзи анзур, меваи чормағзи руми, олуча, гелос, дӯлона, инчунин чукри, ревоҷ, меваи хуҷ зира ва ғайра мерӯянд.

Вилояти Хатлон аз захираҳои оби бой аст. Дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Қизилсу дар ин ҷо ба як шоҳроҳи азим муттаҳид шуда, дарёи аз ҳама калонтарини Осиёи Маркази - Амударёро ташкил медиҳанд, ки он дар қаламрави вилоят ба масофаи 85 км ҷори мешавад. Резиши дарёҳои асоси нишондиҳандаи зеринро ташкил медиҳанд:

Панҷ дар резишгоҳ - 35,2 км. кв. дар 1 сол.

Дарёҳои азими Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон сарчашмаи омехтаи пиряхиву барфи доранд, бинобар ин дар давраи обери ниҳоят серобанд. Дар вақти обшавии барфҳо ва пиряхҳо дар онҳо қариб 80-90 фоизи резиши солона ҷори мешавад.

Дар баробари ин, дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Ёвонсу ва як қатор дарёҳои дигар, ки шохобҳои дарёҳои асоси мебошанд, манбаи барфию борони дошта, серобии онҳо дар мӯҳлатҳои фишурдаи барвақти - моҳҳои март-май мегузарад. Дар мӯҳлати боқимондаи сол, яъне дар давоми 8-10 моҳ хараҷоти ками пастоби мушоҳида мешавад. Ҳолати мазкур барои бо об таъмин намудани ноҳияҳои нав обёришаванда зарурати партовҳои байниҳавзавии резиши дарёҳоро дар қаламрави вилояти Хатлон пеш меорад. Масалан, оид ба партофтани қисми маҷрои Панҷ ба ҳавзаи Қизилсу, аз Вахш ба водиҳои Ёвону Данғара лоиҳаҳо татбиқ шудаанд. Гузаронидани тадбирҳои минбаъдаи хоҷагии об барои рушди соҳаҳои кишоварзиву саноатии вилоят пешбини мешаванд.

Ба ғайр аз захираҳои сатҳии об дар қаламрави вилояти Хатлон, инчунин захираҳои фаровони обҳои зеризаминии нӯшоки ва минерали мавҷуданд. Миқдори бештари обҳои зеризаминии нӯшоки дар водии Қизилсую Ёхсу ҷойгир шудаанд. Минералнокии обҳои зеризаминии водии Вахш хеле баланд (10-15 г/к) аст. Обҳои рӯизаминии вилояти Хатлон дар сатҳи минтақаҳои табий ба таври нобаробар тақсим шудаанд.

Қаламрави водии Вахш аз захираҳои оби хеле бой буда, нисбат ба водии Ҳисор 5,5 маротиба, минтақаи Кӯлоб 1,2 маротиба бештар захираҳои оби дорад. Мувофиқи ҳисобҳои мутахассисон обистеъмолкунии муосир ва перспективии водии Вахш аз миқдори умумии захираҳои оби дар соли камоби дар ҳама дараҷаҳои ҳисоби на зиёда аз 25-30 фоизро ташкил мекунад.

Водиҳои Ёвону Обикиик бо обе таъмин мегарданд, ки аз дарёи Вахш тавассути нақби дарозиаш 7.5 км бо иқтидори воқеии обгузарии 65 метри мукааб дар як сония дода мешавад. Ҳаҷми оби ба воситаи нақб додашаванда эҳтиёҷоти обёриро дар майдони бештар аз 40 ҳазор гектар ва обтаъминкунии коммуналию маишии шаҳри Ёвонро қонеъ месозад.

Захираҳои обии минтақаи Кӯлоб бо хароҷоти дарёи Панҷ ва шохобҳои соҳили рости он - Ёхсу, Қизилсу ва ғайра муайян мешавад. Истифодаи захираҳои обии дарёи Панҷ бинобар шароити вазнини кӯҳию геологии он мушкил аст. Обгири аз дарё ба воситаи каналҳо сурат мегирад (канали аз ҳама калонаш - канали магистралии Деҳқонобод аст, ки 17 км дарози дорад). Қисми асосии обгири барои обёрии минтақаи Кӯлоб аз дарёҳои Қизилсу ва Ёхсу сурат мегирад, ки онҳо тақсими маҷрои нобаробари мавсими доранд.

Бинобар ин, рушди минбаъдаи хоҷагии минтақа ё зарурати гузаронидани танзими минбаъдаи мавсимии маҷрои дарёҳои Қизилсу ва Ёхсу, ё худ гузаронидани чорабиниҳои хоҷагии об бо мақсади аз дарёи Панҷ ҷалб намудани обро пеш меорад.

Дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон на танҳо иқтидорҳои асосии гидроэнергетикии вилояти Хатлон, балки тамоми ҷумҳури мебошанд, ки бояд бо мақсади энергетикию обёри дар навбати аввал аз худ карда шаванд. Корҳои лоиҳави дар онҳо сохта шудани силсилаи нерӯгоҳҳои нисбатан калонтарро пешбини мекунанд.

Бештар аз 90 фоизи захираҳои обии потенсиали ва аз нигоҳи техники имконпазир ба ҳавзаи дарёҳои вилоят рост меоянд. Махсусан дарёи кӯҳии Панҷ аз нигоҳи истифодаи энергетики ва обёри ниҳоят муҳим аст. Аз 13 сохтмони нерӯгоҳҳои пешбинишаванда дар дарёи Панҷ чортоаш дар қаламрави вилояти Хатлон ҷойгир шудаанд, ки иқтидори умумии муқарраршудаи онҳо 7150 млн. кВт/соатро ташкил мекунад. Инҳо нерӯгоҳҳои Кокчин, Москва, Ҷумар ва Даштиҷум мебошад. Ин қисми дарё бештар омӯхта шудааст ва азхуд намудани захираҳои гидроэнергетикии қитъаи мазкур баъди азхуд кардани сохтмони захираҳои гидроэнергетики дар дарёи Вахш имконпазир аст.

Барои рушди энергетика ва обёрии вилоят дарёи Вахш ниҳоят манфиатнок аст. Мувофиқи ҳисобҳои мутахассисон ба як километри маҷрои дарёи Вахш 14.5 ҳазор кВт рост меояд, дар айни замон ба Енисей - 4.7, Ангара - 5.3, Лена - 4.4 кВт/соат рост меояд. Ба 1 км дарозии маҷрои дарёи Вахш нисбат ба дарёи Норин 1.7 маротиба бештар, нисбат ба Амударё бошад 7 маротиба бештар энергия рост меояд.

Истифодаи дарёи Вахш дар қаламрави вилояти Хатлон бо 7 гидроузелҳо: Норак Бойғози, Головной, Перепадный, Маркази (дар канали магистралии Вахш), бо ду нерӯгоҳи сохташавандаи Сангтӯда ва нерӯгоҳи сохтмонаш пешбинишудаи Шӯроб муайян мешавад. Ба итмом расидани сохтмони НОБ-и Сангтӯда 1 ва 2 низоми энергетикии кори НОБ-ҳои Нораку Бойғозиро тавассути ба худ гирифтани вазифаи танзимкунанда беҳтар месозад. Созишномаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расида, роҷеъ ба ҳамкориҳо дар соҳаи рушди гидроэнергетикаи ҷумҳури, бахусус дар вилояти Хатлон имкониятҳои зиёдеро фароҳам меоранд.

Вилояти Хатлон аз захираҳои маъдану ашёи хом бой аст. Дар ин ҷо конҳои нафту газ, тилло, оҳаксанг, гаҷ, намаки ош, ашёи хом барои саноати химия (оҳак, доломит) ва манбаъҳои маводи сохтмони кашф ва пайдо карда шудаанд. Дар байни захираҳои маъдану ашёии вилоят, ашёи сӯзишворию энергетики нақши муҳим доранд. Корҳои ҷустуҷӯию геологи ва геофизикии дар солҳои Ҳукумати Шӯрави анҷомдодашуда, дар ин ҷо бештар аз 120 сохторҳои антиклинарие, ки дар онҳо то андозае нафту газ дар назар дошта шудаанд, ошкор намудаанд. Дар ин ноҳияҳо конҳои нафту гази Қиличбек, Оқбашадир, Бештентоқ, Сулдузи, Хоҷасартез, Қизилтумшуқ ва ғайра пайдо гардидаанд. Кони Хоҷасартез яке аз конҳои ояндадоре ба ҳисоб меравад, ки дар минтақаи аҳолинишин ва азхудгардида ҷойгир шудааст. Гази ин кон барои бо газ таъмин намудани шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои гирду атрофи он истифода мегардад.

Дар айни замон дар қаламрави вилоят даҳҳо майдонҳои ояндадор барои пармакории чоҳҳои амиқи нафту газ ошкор карда шудаанд. Корҳои ҷустуҷӯию геологи (кашфи геологи) дар ҳудуди вилоят дар асоси истифодаи васеи техникаи вазнин анҷом мегиранд, барои азхудкунии чоҳҳои зарури (6-7 км) бошад, истифодаи техника ва таҷҳизоти навтарин зарур аст.

Солҳои охир дар бозори ҷаҳони талабот ба стронсий (селестин-метали сабуки нуқрагин) ва ҷузъҳои таркибии он якбора афзуд. Таркибҳои стронсияви дар бисёре аз соҳаҳои хоҷагиҳо, махсусан саноати электрони мавриди истифода қарор гирифтаанд. Захираҳои саноатии селестин дар Тоҷикистон аз рӯи 4 кон ба ҳисоб гирифта шудаанд. Ду кони онҳо дар вилояти Хатлон (Гулсаай ва Чоалташ) ҷойгир шудаанд. Дар айни замон кони Чоалташ базаи асосии ашёи Комбинати маъдани Исфара ба ҳисоб меравад. Корҳои ҷустуҷӯию геологи дар ҳудуди теппаҳои Боботоғ анҷомдодашуда конҳои нав ва падидаҳои маъдани селестинро (дар Қарокӯз, Азизбек, Бешбулоқ, Қарочаг-Ачиг ва ғ.) ошкор намудаанд, ки баъзеи онҳо таваҷҷӯҳи махсусеро ба худ ҷалб намудаанд.

Вилояти Хатлон дорои шароити ниҳоят мусоиде барои рушди саноати химияви мебошад. Дар ин ҷо захираҳои азими кони оҳак ва доломит пайдо гардидаанд, ки дар базаи онҳо заводи электрохимиявии Ёвон фаъолият менамояд.

Дар айни замон дар ҳудуди вилоят 11 кони намак кашф шудааст, ки аз онҳо 3-тоаш (кони Хоҷа Мӯмин, Хоҷа Сартез, Тутбулоқ) ба ҳисоб гирифта шудааст.

Захираҳои намак дар ин ноҳия амалан номаҳдуданд. Захираҳои умумии кашфшуда аз рӯи се кон мутобиқи категорияҳои саноати 1,6 млрд. тонна ва 71 млрд. тонна мутобиқи категорияи С ташкил медиҳад. Танҳо кони Хоҷа Мӯмин дар ҳаҷми начандон калон мавриди истифода қарор дорад.

II. Аҳолӣ ва захираҳои меҳнатии вилоят

Ба вилояти Хатлон суръати нисбатан баланди афзоиши аҳоли ва захираҳои меҳнати хос аст.

Аҳолии вилояти Хатлон дар оғози соли 2004-ум 2344.6 ҳазор нафар ё 35.3 фоизи тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ин маврид - 408 ҳазор нафар ё 17,4 фоиз дар шаҳрҳо ва 1936,6 ҳазор нафар (86,6 фоиз) дар деҳот зиндаги мекунанд.

Дар ҳолати 1 январи соли 2004 ба ҳиссаи вилояти Хатлон 23,2 фоиз ҳамаи аҳолии шаҳр ва 39,7 фоиз аҳолии деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Шумораи аҳолии муқимии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар оғози сол,ҳазор нафар)

*Оварда намешавад

Дар солҳои 1991-2004 аҳолии вилояти Хатлон 586,6 ҳазор нафар ё 32,3 фоиз афзудааст, дар баробари ин, афзоиши аҳоли дар шаҳрҳо дар давраи зикршуда 10,4 фоиз, дар деҳот бошад, 33,8 фоизро ташкил додааст. Суръати аз ҳама баланди афзоиши аҳоли дар вилоят дар се соли охир ба мушоҳида мерасад.

Нисбатан баланд будани афзоиши аҳолии вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳури маҳз аз ҳисоби афзоиши табий сатҳи баланди таваллудшави шарҳ дода мешавад. Коэффисиенти умумии таваллуд (ба ҳисоби 1000 нафар аҳоли) дар вилоят соли 2002 - 29 фоизро ташкил дод, ин нишондод ба ҳисоби миёнаи ҷумҳури 27,3 фоизро ташкил мекард.

Дар вилояти Хатлон ҳанӯз ҳам кӯч бастани аҳолии шаҳр идома дорад. Соли 2004 шумораи хориҷшудагон 9215 нафарро ташкил дод, ки ин ба афзоиши аҳолии вилоят таъсири манфи мерасонад.

Вилояти Хатлон бо вуҷуди дар ҳудуди он ҷойгир будани шаҳрҳои дорои статуси ҷумҳурияви: Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак ва Сарбанд баъд аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти аз лиҳози урбанизатсия сусттараққикарда ба ҳисоб меравад.

Дар фарқият бо тамоми ҷумҳури дар сохтори аҳолии вилояти Хатлон занҳо аз ҷиҳати шумора аз мардон зиёданд ва онҳо 50,1 фоизро ташкил медиҳанд. Ба ҳар 1000 мард 1003 зан рост меояд, дар ҷумҳури ба ҳисоби миёна ин нишондиҳанда 993,8 занро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи баланд будани сатҳи таваллуд дар таркиби аҳолии вилояти Хатлон оид ба синну сол, вазни бачагон ва наврасони синни ғайри қобили меҳнат - то 15 сол - 42,4 фоиз (дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 38,9 фоиз) аст, ҳиссаи аҳолии қобили меҳнат мутаносибан 53,3 фоиз ва 56,3 фоиз ташкил медиҳад, шахсони нафақагир дар вилояти Хатлон 4,3 фоиз дар ҷумҳури ба ҳисоби миёна 4,75 фоиз аст.

Ҳангоми нигоҳ дошта шудани суръати афзоиши аҳоли дар солҳои 1991-2004, дар давраи то соли 2015 шумораи аҳолии муқими то соли 2006 дар вилоят 2437 ҳазор нафар, дар ибтидои соли 2011 - 2684,1 ҳазор нафар ва дар аввали соли 2016 - 2956,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва назар ба соли 2004 ба миқдори 611,7 ҳазор нафар ё ки 26,1 фоиз афзоиш меёбад. Агар ҳисоби шумораи интизории вилояти Хатлонро дар давраи то соли 2015, бо назардошти суръати аҳолии дар солҳои 2001-2004, ба назар гирем, дар он сурат шумораи интизории аҳолии вилоят дар 1 январи соли 2006 - 2448.9 ҳазор нафар; дар 1 январи соли 2011 - 2730,3 ҳазор нафар ва дар 1 январи соли 2016 - 3044 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва чунин эҳтимолият мавҷуд аст. Дар ин маврид, интизор мешавад афзоиши шумораи аҳоли дар солҳои 2004-2016 дар вилояти Хатлон 699,4 ҳазор нафар ё 29,8 фоизро ташкил диҳад. Дар ин ҳолат шумораи аҳолии қобили меҳнат дар ибтидои соли 2006 - 1305,5 ҳазор нафар; дар соли 2011 - 1456,6 ҳазор нафар ва дар ибтидои соли 2016 - 1625,5 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод.

III. Ҳолати имрӯза ва рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт

1. Саноат

Мақсади асосии рушди саноати вилоят тадриҷан баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва сатҳи техникии истеҳсолот, таъмини истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи замон ҷавобгӯи бо истифодаи технологияи пешқадам барои бозори дохили ва васеъ намудани номгӯи маҳсулот барои бозори беруни мебошад.

Дар марҳилаи татбиқи нишондиҳандаҳои Барнома дигаргунсозиҳои институтсионали идома ёфта, сиёсати ислоҳоти корхонаҳои саноатии вилоят фаъолтар гардонида мешавад, ки он ба такмили низомии идоракуни, баланд бардоштани масъулияти роҳбарон аз оқибатҳои қарорҳои қабул карда, ташаккули моликият пурсамар, кам кардани хароҷот, беҳтар намудани натиҷаҳои молиявию иқтисодии фаъолият нигаронида шудааст.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон дар соли 2015 бо нархҳои амали маблағи 3 млрд. 639 млн. сомониро ташкил намуда, суръати реалии он назар ба соли 2000-ум 5 маротибаро дар бар мегирад (замимаи 2).

Комплекси сӯзишворию энергетикӣ

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии вилояти Хатлон то давраи соли 2015 аз рӯи намуди асли ва пули бо назардошти индекси суръати афзоиши нархҳои яклухт, инчунин бо тағйирёбии нархҳои фурӯши неруи барқ тибқи қарордоди байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд пешбини шудааст.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии вилоят аз нигоҳи арзиш дар солҳои 2005, 2010 ва 2015 мутаносибан 249,6: 1045,4 ва 1368,2 ҳазор сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар ин соҳа мутаносибан: дар соли 2005 нисбати соли 2000 - 2,8 маротиба; соли 2010 нисбати соли 20054,2 маротиба; соли 2015 нисбати соли 2010 - 130,9 фоиз ва соли 2015 нисбати соли 2000 - 15,5 маротиба зиёд мешавад. Бо нархҳои соли 2000 бошад ин нишондиҳандаҳо мутаносибан 113,4 фоиз, 123,7 фоиз, 112,3 фоиз ва 157,7 фоизро ташкил хоҳад дод.

Соҳаи электроэнергетика

Барномаи рушди соҳаи электроэнергетикаи вилояти Хатлон дар асоси таҳлилҳои фаъолияти молиявию истеҳсолии корхонаҳои мавҷудаи Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" дар вилояти Хатлон бо назардошти вазъи ҳозираи техники ва азнавбарқарорсозии онҳо, инчунин ба истифода додани иқтидорҳои нави энергетики асоснок шудааст.

Мутобиқи Барномаи рушди соҳаи электроэнергетикии вилоят истеҳсоли нерӯи барқ ва гарми дар нерӯгоҳҳои обию барқии Норак Бойғози, Сангтӯда-1, Сангтӯда- 2, силсилаи НОБ-ҳои Вахш ва дар маркази олавию барқии Ёвон амали карда мешавад.

Истеҳсоли нерӯи барқ ва гарми аз нигоҳи арзиш дар солҳои 2005 -247,4 млн. сомони, 2010 - 1028,1 млн. сомони ва 2015 - 1225,2 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли нерӯи гарми дар ин давра дар вилоят танҳо дар маркази олавию барқии Ёвон дар солҳои 2010 ва 2015 пешбини шудааст.

Аз нигоҳи асли истеҳсоли нерӯи барқ дар соли 2005 - 14936 млн. кВт. соатро (дар нерӯгоҳҳои Норак Бойғози ва Вахш) ташкил медиҳад ва бо назардошти ба истифода додан ва ба истеҳсолот ҷори намудани маркази олавию барқии Ёвон ва НОБ-ҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда 2 дар солҳои 2010 ва 2015 истеҳсоли нерӯи барқ мутаносибан ба 18387 ва 20142 млн. кВт. соат расонида мешавад, ки суръати афзоишаш дар соли 2005 нисбати соли 2000 - 113,6 фоиз, соли 2010 нисбати соли 2005 - 123,1 фоиз; соли 2015 нисбати соли 2010 - 109,5 фоиз ва соли 2015 нисбати соли 2000 -153,2 фоизро ташкил медиҳад (замимаи 2).

Истеҳсоли нерӯи гарми бошад, дар соли 2015 то 600 ҳазор Гкалл расонида мешавад, ки нисбати соли 2010 - 2,0 маротиба афзоиш меёбад.

Соҳаи истихроҷи нафту газ

Рушди соҳаи истихроҷи нафту газ дар вилояти Хатлон то соли 2015 бо назардошти ба истифода додани чоҳҳои корношоям, гузаронидани корҳои пармакунию ҷустуҷӯи дар майдонҳои Бештентоқ, Хоҷа-Сартез, Қашқақум, Олимтои Шарқи, Саргазон ва ғайра пешбини шудааст, зеро чоҳҳои мавҷуда ҳамаги 50 фоизи шумораи умумии чоҳҳоро ташкил медиҳад.

Ҳисоби ҳаҷми истихроҷи маҳсулоти соҳаи нафтугаз аз нигоҳи арзиш бо назардошти динамикаи тағйирёбии нархҳо ва ҷалби сармоягузорон пешбини шудааст.

Дар давраи баррасишаванда истихроҷи нафт (бо назардошти конденсати газ) дар солҳои 2005 - 630,5 ҳазор сомони, соли 20101749,4 ҳазор сомони ва соли 2015 - 14500,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Суръати афзоиш дар соли 2005 нисбати соли 2000 - 183,5 фоиз, соли 2010 нисбати соли 2005 - 2,7 маротиба, соли 2015 нисбати соли 2010 - 8,2 маротиба ва соли 2015 нисбати соли 2000 - 42,2 маротиба зиёд мешавад.

Аз нигоҳи асли истихроҷи нафт дар солҳои 2005 - 7 ҳазор тонна, 2010 - 12,5 ҳазор тонна ва дар соли 2015 - 50 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Суръати афзоиш дар соли 2005 нисбати соли 2000 - 116,1 фоиз, соли 2010 нисбати соли 2005 - 178,6 фоиз, соли 2015 нисбати соли 2010 - 4 маротиба ва соли 2015 нисбати соли 2000 - 8,3 маротиба меафзояд (замимаи 2).

Динамикаи ҳаҷми истихроҷи гази табий (аз нигоҳи арзиш) дар давраи пешбинишуда чунин мебошад: дар соли 2015- 1513,2 ҳазор сомони, дар соли 2010 - 2472,7 ҳазор сомони, дар соли 2015 - 6621,3 ҳазор сомони. Дар ин ҳолат сурати афзоиш дар соли 2005 нисбат ба соли 2000 - 181,2 фоиз, соли 2010 нисбати соли 2005 - 163,4 фоиз, соли 2015 нисбати соли 2010 - 2,7 маротиба ва соли 2015 нисбати соли 2000 - 7,9 маротибаро ташкил медиҳад.

Аз нигоҳи асли бошад, ҳаҷми истихроҷи гази табий чунин динамикаро нишон медиҳад: соли 2005 - 29,55 млн. м3, соли 2010 - 38,0 млн. м3 ва соли 2015 - 90 млн. м3. Суръати афзоиши истихроҷи гази табий аз нигоҳи асли дар соли 2005 нисбати соли 2000 - 86 фоизро ташкил дода, дар соли 2010 нисбат ба соли 2005 - 128,6 фоиз, соли 2015 нисбати соли 2010 -2,4 маротиба ва соли 2015 нисбати соли 2000 - 2,6 маротиба зиёд мешавад.

Саноати ангишт

Вазъияти ба вуҷуд омада дар сектори энергетика дар шароити норасоии захираҳои ашьёи хоми карбогидриди (алалхусус гази табий, нафт), инчунин норасосии нерӯи барқ, қатъиян ҳалли масъалаи рушди соҳаи ангишт ва зудтар афзоиш додани истихроҷи ангиштро дар солҳои наздик талаб менамояд.

Ҳоло дар вилояти Хатлон танҳо якто корхонаи истихроҷи ангиштКорхонаи воҳидии "Кони ангишти Шӯрообод", ки соли 2003 таъсис ёфтааст, дар асоси кони ангишти Шӯроободи ноҳияи Шӯрообод амал мекунад.

Иқтидори лоиҳавии кон 3,6 ҳазор тонна ангишт дар як сол мебошад. Захираҳои Теологии ангишт дар ҳудуди майдон 88,3 ҳазор тонна ва қариб 36,0 ҳазор тонна бо усули коркарди кушода ба назар гирифта шудааст. То соли 2015 истихроҷи ангиштро бо усули кушода ба нақша гирифта, ҳаҷми онро то ба 16 ҳазор тонна расонида мешавад.

Дар давраи пешбинишуда гузаронидани корҳои кашшофии пешаки ва дар асоси маълумотҳои дастрас шуда муайян намудани тақдири ояндаи мавқеъи ҷойгиршавии он пешбини шудааст.

Аз нигоҳи арзиш, бо назардошти афзоиши индекси нархҳои яклухт ба маҳсулоти саноати дар давраи то соли 2015 ҳаҷми истихроҷи ангишт дар соли 2005 - 44,2 ҳазор сомони, соли 2010 - 373,2 ҳазор сомони ва дар соли 2015 - 538,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Суръати афзоиш дар ин давра дар соли 2010 нисбати соли 2005 - 8,4 маротиба, соли 2015 нисбати соли 2010 - 144,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо ҳисоби амали гардонидани сиёсати сарфаҷӯии нерӯи барқ аз тарафи ҳамаи гурӯҳҳои истеъмолгарон, истихроҷи ангишт дар соли 2005 то 2 ҳазор тонна/сол, дар соли 2010 ба 12 ҳазор тонна/сол ва дар соли 2015 то 16 ҳазор тонна/сол афзоиш меёбад.

Ҳаҷми истихроҷи ангишти пешбинишуда бо назардошти дастгирии молиявии давлати барои устуворкунии нарх то соли 2007; ҷалб намудани маблағгузории давлати ва зиёд намудани маблағҳои хусуси, барои тармиму таҷдиди кон ва дастрас намудани таҷҳизотҳои кӯҳкори, инчунин гузаронидани ҳаҷмҳои зарурии корҳои геологию кашшофи амали мегарданд.

Соҳаи коркарди нафт

Масъалаҳои истеҳсоли маҳсулоти нафти ба монанди истихроҷи он дар вазъи ногувор, дар вақтҳои наздик ва ҳам дар оянда қарор дорад, ки онҳо ҳамчунин бо масъалаи самаранокии иқтисоди ва афзоиши барқароршавии иқтидори истихроҷи нафт зич алоқаманд аст.

Оиди коркард ва истеҳсоли маҳсулоти нафти маълумотҳои омори таи ду соли охир нишон медиҳанд, ки ҳаҷми истеҳсоли ҳамаи намудҳои маҳсулоти нафти 1-1,5 фоизи истеъмоли солонаро ташкил медиҳанд, яъне истиқлолияти энергетикии ҷумҳури дар масъалаи таъминоти маҳсулоти нафти дар ҳамин давра ҳалли худро наёфтааст ва вобастагии кишвар аз дигар давлатҳо 98,5 - 99 фоизро ташкил медиҳад.

Бо назардошти дар боло зикр шуда, ба мақсад мувофиқ аст, ки дар давраи баррасишавандаи Барнома дар вилояти Хатлон сохтмон ва ба истифода додани заводҳои коркарди маҳсулотҳои нафти ба роҳ монда шавад. Маблағгузории сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби шахсони хусуси, ё ин ки ширкатҳои молияви имконпазир мебошад.

Барои таъмин намудани талаботҳои дурнамои соҳаи иқтисодиёти вилоят бо маҳсулоти нафти дар соли 2010 ақалан ба 8-10 фоиз, лозим аст, ки истеҳсоли онро дар ҳаҷми на камтар аз 18 ҳазор тонн/сол оварда расонид. Дар натиҷаи зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолии коркарди маҳсулоти нафти то 87 ҳазор тонна дар соли 2015, таъминоти дохилии кишвар то 25-30 фоиз имконпазир мебошад.

Дар вилояти Хатлон 6 кони нафти ва 3 кони газдор ошкор шуда, дар ҳолати истифодабари қарор доранд, аз ҷумла Кичикбел, Акбашадир, Бештентоқ, Хоҷа-Сартез, Қизилтумшуқ ва ғайра, ки дар ҳолати 1 январи соли 2005 захираҳои истихроҷшавандаи ҷори мутаносибан 94605 ҳазор тонна ва 2121.3 млн.м3 ташкил медиҳад. Ҳаҷми истихроҷи нафт ва гази табий то соли 2010 бо назардошти гузаронидани корҳои тармимию таҷдиди дар конҳои мавҷудаи номбурда аз зиёд намудани истихроҷи нафт ва гази табий мутаносибан то ба 12.5 ҳазор тонна ва 38 млн. м3 дар онҳо пешбини шудааст.

Дар соли 2015 бошад, истихроҷи нафт ва гази табий бо назардошти ба истифода додани конҳои нави нафту газдор ба монанди Қашқақум, Олимтои шарқи, Саргазон дар ҳаҷмҳои мутаносибан 50 ҳазор тонна ва 90 млн. м3 пешбини шудааст.

Нафти хоми аз конҳои зикргардида истихроҷшаванда, то соли 2010 дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтии "Салоса" ва "Ҳасан Кш", бо назардошти васеъ намудани иқтидорҳои истеҳсолии онҳо дар ҳаҷми 18 ҳазор тонна пешбини шуда, дар соли 2015 дар натиҷаи барқарорсози иқтидорҳои истеҳсолии корхонаи нафту битуми ноҳияи Колхозобод ва бо ҷалби сармояи хориҷи дар вилоят сохта ба истифода додани корхонаи нави коркарди маҳсулоти нафти дар ҳаҷми 87 ҳазор тонна пешбини шудааст.

Дар ҳолати коркард ва ба истифода додани конҳои нави дар боло зикргардида, имконияти зиёд намудани захираҳои нафт то 10.1 млн. тонна пайдо мешавад. Истихроҷи солонаи воқеии нафтро бошад, то ба 200 ҳазор тонна зиёд кардан мумкин мешавад, ки ба пурраги метавонад эҳтиёҷоти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти нафтии вилояти Хатлонро бо нафти хом таъмин намояд.

Соҳаҳои саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ, металлургия, электронӣ, сабук, мошинсозӣ, кимиё ва масолеҳи сохтмон

Соҳаҳои саноати коркарди маъданҳои кӯҳи ва металлургияи ранга, мошинсози ва коркарди фулузот, электрони ва электротехники, кимиё ва коркарди нафт, дорусози, сабук ва маҳалли, масолеҳи сохтмон ва индустрияи сохтмони, инчунин полиграфии вилоят дар асоси таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳои ҷумҳуриявии шуғли саноати дошта, Ҳукумати вилояти Хатлон, нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 ва дурнамои аниқкардашудаи тараққиёти соҳаҳои саноати дар боло зикргардида дар соли 2005, таҳия карда шудааст ва дар он ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати дар солҳои 2005 - 2015 ҳам аз нигоҳи арзиш ва ҳам аз нигоҳи асли муайян карда шудаанд.

Мунтазам амали намудани корҳо доир ба зиёд намудани захираҳои ашёи хоми минерали, беҳтар намудани таъминоти корхонаҳо бо ашёи хом ва масолеҳҳо, инчунин омӯзиши талаботи бозорҳо ба маҳсулоти корхонаҳои саноати, дар истеҳсолот ҷори намудани навъҳои нави рақобатпазири маҳсулот ва баланд бардоштани сатҳи техники ва сифати маҳсулоти тайёри истеҳсолшуда имконият медиҳанд, ки корхонаҳои саноатии соҳаҳои саноати дар боло зикргашта нишондиҳандаҳои барномаи мазкурро иҷро карда шаванд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноати дар соҳаҳои саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳи ва металлургияи ранга, мошинсози ва коркарди фулузот, электрони ва электротехники, кимиё ва коркарди нафт, дорусози, сабук ва маҳалли, масолеҳи сохтмон ва индустрияи сохтмони ва полиграфи дар соли 2015 бо назардошти болоравии индекси нархҳои яклухт 1036,3 млн. сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба дурнамои соли 2005 мутаносибан 920,2 млн. сомони, ё ин ки 8,9 маротибаро ташкил медиҳад. Зиёд гаштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот имконият медиҳад, ки дар соҳаҳои саноати вилоят ба таври илова 5178 ҷойҳои нави кори ташкил карда шавад.

Дар корхонаи коркарди маъданҳои кӯҳи ва металлургияи ранга корхонаи муштарки ,Дарвоз, ва навбати 1 ва 2-и корхонаи алюминии Данғара ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бо назардошти болоравии индекси нархҳои яклухт дар соли 2015 нисбат ба дурнамои соли 2005 мутаносибан 18,3 млн. сомони ё ин ки 2,3 маротиба зиёд гашта, истеҳсоли тилло дар ин давра аз 261 кг дар соли 2004 то 1440 кг дар соли 2015 ё ин ки 5,5 мартиба афзоиш меёбад. Иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 - 128 фоиз таъмин намуда, 250 нафар шаҳрвандонро бо кор таъмин карда мешаванд.

Ба истифода додани навбати 1 корхонаи алюминии Данғара то соли 2010 ва навбати 2-юми он дар соли 2013 дар назар дошта шудааст, ки истеҳсоли 85 ҳазор тонна алюминии аввалия дар соли 2010 ва то соли 2015 ба 180 ҳазор тонна расонидани он ба аз худ намудани 609 млн. долл ШМА инвеститсияҳои хориҷи пешбини карда шудааст.

Таҳлили фаъолияти истеҳсоли ва молиявии корхонаи муштараки ,Дарвоз, нишон медиҳад, ки ҳаҷми андозҳои ба арзиши аслии маҳсулот дохилшаванда, ки аз фурӯши маҳсулот, музди меҳнат ва арзиши молҳои воридоти ва аксизи ҳисоб карда мешаванд, баробари зиёд гаштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати афзоиш меёбанд ва меъёрҳои амалкунандаи андозбандии корхонаҳои соҳа ба самаранок фаъолият кардани онҳо мусоидат намекунад ва ҳавасмандии сармоягузорони хориҷи ва ватаниро барои маблағгузори намудани корхонаро ба кулли халалдор намуда, ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи истеҳсоли ва молиявии онро имконнопазир мегардонад.

Дар корхонаҳои саноати кимиё, коркарди нафт ва дорусози бо назардошти беҳтар намудани истифодабарии иқтидорҳои истеҳсоли ва болоравии индекси нархҳои яклухт дар соли 2015 истеҳсоли маҳсулоти саноати ба маблағи 139,8 млн. сомони пешбини карда мешавад, ки ин нисбат ба соли 2005-ум 61,4 млн.сомони, ё ин ки 1,6 маротиба афзоиш ёфта, нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015-ро пурра таъмин менамоянд ва имконият пайдо мешавад, ки дар корхонаҳои номбурда ба таври илова 358 ҷойҳои нави кори ташкил карда, ба ин миқдор дар вилоят сафи бекорон кам карда шавад.

Бо ин мақсад дар корхонаи муштараки ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи ,Тоҷиказот, ва ҷамъияти масъулияташ маҳдуди ,Кимиё, барои беҳтар намудани истифодабарии иқтидорҳои истеҳсоли ва зиёд кардани истеҳсоли намаки ошии йодноккардашуда ва ба кор омода сохтани кислотаи гидрогенхлорид аз худ кардани 18,1 млн. долл. ШМА пешбини карда мешавад.

Гарчанде дар барнома истеҳсоли содаи каустики дар соли 2015 нисбат ба соли 2004 - 15,1 маротиба зиёд пешбини гашта 45,3 ҳазор тонна, хлори моеъ 3,8 маротиба ё ин ки 3,0 ҳазор тонна, оҳаки хлордор 11,4 маротиба ё ин ки 10,3 ҳазор тонна, намаки оши 6 маротиба ё ин ки 13,4 ҳазор тоннаро ташкил диҳад ҳам, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иқтидорҳои истеҳсоли содаи каустики 45,3 фоиз, хлори моеъ 12,5 фоиз, оҳаки хлордор 17,2 фоиз ва намаки оши 22,3 фоиз истифода шуда аз он шаҳодат дода истодаанд, ки дар корхонаҳои саноати кимиё имкониятҳои истифоданашудаи зиёд намудани номгӯи ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ба пурраги барои ҳалли ин масъала сафарбар карда нашудаанд.

Ёдовар мешавем, ки фароҳам овардани шароити мӯътадил барои фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои саноати кимиё имконият медиҳад, ки иқтидорҳои истеҳсолии онҳоро пурра истифода бурда, ҳар сол дар ду хатти технологии корхонаи муштараки ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи "Тоҷик Азот" то 180 ҳазор тонна нуриҳои минерали ва дар корхонаи муштараки ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи "Кимиё" то 100 ҳазор тонна содаи каустики, 98 ҳазор тонна хлори моеъ, 24 ҳазор тонна оҳаки хлордор, 60 ҳазор тонна оҳаки калсийдор, 60 ҳазор тонна намаки оши ва дигар номгӯи васеи моддаҳои химиявиро тавлид намуда, ҳаҷми истеҳсоли саноатиро баланд бардошта, иқтидори содиротии кишварро афзун намоем.

Корхонаҳои саноати мошинсози, коркарди фулузот ва электротехники дар соли 2015 бо назардошти беҳтар намудани истифодабарии иқтидорҳои истеҳсоли маҳсулот ва болоравии индекси нархҳои яклухт ба маблағи 21.3 млн. сомони истеҳсол намудани маҳсулоти саноатиро пешбини намудаанд, ки ин нисбат ба натиҷаҳои соли 2004 ба маблағи 18.1 млн. сомони, ё ин ки 7,0 маротиба зиёд буда иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015-ро таъмин менамоянд. Беҳтар намудани истифодабарии иқтидорҳои истеҳсоли ва дар истеҳсолот ҷори кардани технологияҳои ҳозиразамони истеҳсоли маҳсулот имконият медиҳанд, ки истеҳсоли трансформаторҳои қуввадиҳанда аз 273 дона дар соли 2004 то ба 2500 дона дар соли 2015 расонида шавад ва дар истеҳсолот тавлид намудани трансформаторҳои қуввадиҳандаи тамғаҳои ТМ 630 ва ТМ 1000 ба роҳ монда шуда, ба таври илова 413 ҷойҳои нави кори ташкил намуда, ба ҳамин миқдор аҳолии қобили меҳнатро бо кор таъмин намоянд.

Корхонаҳои соҳаҳои саноати сабук ва маҳалли дар соли 2015 истеҳсоли 127.6 ҳазор сомони маҳсулоти саноатиро пешбини намудаанд, ки ин нисбат ба дурнамои соли равон 111,1 ё ин ки 7,7 маротиба зиёд буда, иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015-ро 3,8 маротиба таъмин менамоянд.

Сохта ва ба истифода додани иқтидорҳои нав барои коркарди нахи пахта бо истифодаи технологияҳои нави истеҳсоли маҳсулотҳои тайёр дар ноҳияҳои Колхозобод, Ёвон ва Данғара, амали намудани чорабиниҳо доир ба тармиму таҷдиди корхонаҳои амалкунандаи соҳа имконият медиҳанд, ки дар корхонаҳои саноати сабук ва маҳаллии вилоят 3037 ҷойҳои кории нав таъсис дода шаванд.

Дар соли 2015 нисбат ба дурнамои соли 2005 истеҳсоли ресмонҳои пахтагин мутаносибан 4,0 маротиба, матоъҳои дурушти пахтагин 465 маротиба, маҳсулоти дӯзандаги 2,4 маротиба, нахи абрешим 1,5 маротиба, қолин ва маҳсулоти қолини 2,3 маротиба пешбини карда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки корхонаҳои саноати сабуки тобеи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 78,5 фоиз маҳсулоти саноатии дар корхонаҳои соҳа итеҳсолшударо тавлид менамоянд. Баъд аз сохта ва ба истифодабари додани корхонаҳои коркарди нахи пахта дар ноҳияҳои Колхозобод, Ёвон ва Данғара онҳо дорои иқтидорҳо барои коркарди 33 ҳазор тонна нахи пахта, 450 тонна пиллаи хушк, 300 ҳазор дона пӯсти ғайристандартии чорвои майда ва коркарди аввал намудани 3000 тонна пашм мегарданд.

Дар сурати пурра истифода намудани иқтидорҳои истеҳсоли дар соли 2015 дар корхонаҳои коркарди нахи пахтаи вилоят коркарди 28050 тонна нахи софи пахта ва аз он истеҳсол намудани 12944 тонна риштаҳои пахтагини молиро пешбини карда мешавад, ки ин нисбат ба дурнамои соли 2005 - 4,0 маротиба зиёд буда, истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолиро дар корхонаҳои ресандагии вилоят дар соли 2015 то ба 85 фоиз расонидан пешбини карда мешавад.

Калонтарин корхонаҳои ресандагии вилоят ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди "Ресанда"-и шаҳри Қӯрғонтеппа, корхонаи муштараки "Кӯлоб-текстил" ва "Қурбон-текстил", ки дорои иқтидорҳо барои коркарди мутаносибан 8000, 2000 ва 3000 тонна нахи пахта мебошанд, дар соли равон 880, 482, ва 440 тонна ресмони пахтагин истеҳсол намуда, иқтидорҳои истеҳсолиро 13,7 фоиз, 30,1 фоиз ва 18,3 фоиз истифода бурдаанд.

Истифодаи оқилонаи онҳо имконият медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли молиро дар корхонаҳои соҳа тадриҷан якчанд маротиба баланд бардошта, иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодии вилоятро дар давраи то соли 2015-ро таъмин намоянд. Чунин вазъият дар дигар корхонаҳои саноати сабук ва маҳаллии вилоят ба мушоҳида расида истодааст.

Дар соли 2015 корхонаҳои саноати масолеҳи сохтмони ва индустрияи сохтмонии вилоят бо назардошти беҳтар кардани истифодабарии иқтидорҳои истеҳсоли, сохта ба истифода додани иқтидорҳои истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишаги дар шаҳри Кӯлоб ва Сарбанд ва ба ин макрад азхуд намудани 1,2 млн долл. ШМА, инчунин болоравии нархҳои яклухт ба маблағи 29,5 млн. сомони истеҳсоли маҳсулоти саноатиро пешбини намудаанд, ки ин нисбат ба соли 2000 - 30,4 маротиба зиёд буда, иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 - ро 4,7 маротиба таъмин намуда, имконият медиҳад, ки дар корхонаҳои соҳа боз 277 ҷойҳои нави кори ташкил намуда, аҳолиро ба меҳнати пурсамари ҷамъияти сафарбар намоянд.

Қайд карданро ба маврид мешуморем, бинобар кам будани ҳаҷми корҳои пудрати ва сохтмони дар вилоят ва талабот ба маҳсулоти тайёри корхонаҳои истеҳсоли масолеҳ ва индустрияи сохтмони истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои соҳа дар сатҳи паст қарор доранд. Сатҳи пасти истифодабарии иқтидорҳои истеҳсоли яке аз омилҳои асосии боздошти рушд дар тавлидоти масолеҳи сохтмони ба ҳисоб меравад.

Корхонаҳои саноати полиграфи дар соли 2015 истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 217 ҳазор сомони пешбини намудаанд, ки ин нисбат ба натиҷаҳои соли 2000 - 2,9 маротиба афзоиш ёфта, иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015- ро таъмин менамоянд.

Корхонаҳои истеҳсоли пиллаи вилоят истеҳсоли пиллаи хомро дар соли 2015 ба 1743,0 тонна расонида, онро ба корхонаҳои коркард таҳвил менамоянд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2004 мутаносибан 517,9 тонна ё ин ки 142,3 фоиз зиёд буда, иҷрои Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015-ро таъмин намуда, имконияти ба таври илова бо ҷои кории мавсими таъмин намудани 5000 нафарро фароҳам меоварад.

Яке аз омилҳои асосии боздошти рушди соҳаи пиллапарвари дар вилоят нокифоя будани базаи хӯрокаи кирмак ва ғайри қаноатбахш ташкил кардани мубориза алайҳи ҳашароти зараррасони тутзорҳо "оташак" ба шумор меравад. Санҷиши ҳолати тутзорҳо дар вилоят нишон медиҳад, ки бинобар ба таври бояду шояд ташкил накардани мубориза бар зидди ин ҳашароти зараррасон базаи хӯрокии кирми пилла дар вилоят то 30 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ин сабаби на танҳо кам гаштани ҳосили пилла, балки паст шудани сифати он гашта истодааст.

Ислоҳи камбудиҳои дар боло зикргашта имконият медиҳад, ки нишондиҳандаҳои барнома доир ба зиёд кардани истеҳсоли пилла таъмин карда шавад.

2. Рушди корҳои геологию кашшофӣ ва топографию геодезӣ

Вазъи иқтисодии манбаи моддии ашёи хоми вилояти Хатлон барои рушди марҳилаи ҳозираи он ҳаматарафа аз имкониятҳои маҳдуди маблағгузории буҷети давлат вобастаги дорад.

Дар айни ҳол соҳаи иқтисодии вилоят танқисии зиёдро дар ҳаҷми зарурии корҳои геологию кашшофи дар якҷояги бо дигар соҳаҳои иқтисодиёт ҳис мекунад. Мустақилияти иқтисоди ва боигарии давлат бошад, танҳо бо воситаи таъминоти перспективию эътимоднокии манбаи ашёи хом мумкин аст, ки асоси пешрафти рушди иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.

Мақсади асосии стратегияи рушди корҳои геологию кашшофи дар вилояти Хатлон, ин таъминоти зиёди захираҳои моддии ашёи хом мебошад, ки барои устувории рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳури ва кам намудани вобастагии моддии ашёи хоми соҳаи саноати давлат дар ҳолати содироти он равона карда шудааст.

Дар солҳои охир дар натиҷаи кам будани маблағгузории воситаҳои молияви корҳои геологию кашшофи ба амали нагардидани барномаҳои давлатии оид ба тайёр намудани саноати азхудкунии конҳои фосфоритҳо ва бисёр зарур будани ашёи хом дар хоҷагии қишлоқи ҷумҳури оварда расонид. Дар муддати 10-12 соли охир барои рушди корҳои геологию кашшофи ва манбаҳои лабараторию таҳлили техника ва таҷҳизотҳо аз нав карда нашуданд.

Вазифаи асоси барои ноил шудан ба мақсади гузошташуда дар давраи солҳои 2005-2015, ин пешаки аз омӯхтани конҳои мавҷудбудаи маъдан ва майдонҳо, ки бо ҳисоби талаботи корхонаҳои маъдани кӯҳи дар ояндаи наздик барои истифодабари ҷалб карда шудаанд ва тайёр намудани майдонҳо барои ташкили мавқеъҳои нави канданиҳои фоиданок, инчунин кушодашавии мавзеъҳои нави конҳо иборат аст.

Мувофиқи маълумотҳои Саридораи "Геологияи тоҷик" ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди корҳои геологию кашшофи аз ҳисоби буҷети давлати дар давраи солҳои 2005-2015 ҳаҷми корҳои геологию кашшофи ба маблағи 12,1 млн. сомони ба назар гирифта шудааст. Аз ҷумла 70 фоиз ё 8,5 млн. сомони ба корҳои геологию кашшофи дар объектҳои "Геологияи тоҷик" ва 29,6 фоиз ё 3,6 млн. сомони дар объектҳои Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар давраи солҳои 2006-2010 талабот ба ҳаҷми воситаҳои молияви барои гузаронидани корҳои геологию кашшофи дар вилоятҳо дар ҳаҷми 5,9 млн. сомони муайян карда шудааст, ки 3,2 млн. сомони (54,9 фоиз) ба ,Геологияи тоҷик, ва 2,7 млн. сомони (45,1 фоиз) ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

Аз солҳои 2011-2015 талабот ба ҳаҷми воситаҳои молияви дар ҳаҷми 5,7 млн. сомони дар навбати худ ,Геологияи тоҷик, 5,1 млн. сомони (89,6 фоиз) ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 600 ҳазор сомониро (10,4 фоиз) ташкил мекунад.

Дар давраи баррасишаванда дар ҳолати азхудкунии маблағҳои аз буҷет ҷудошаванда иҷро намудани корҳои иктишофи, геологи, омӯзиши қабли, баҳодиҳи дар объектҳои зерин пешбини шудааст:

1. Дар иншоотҳои Саридораи "Геологияи тоҷик":

- Корҳои кофтукобии тилло дар ноҳияй Мӯъминобод; иктишофи пешаки ва муфассали захираҳои маъданию молии хом барои истеҳсоли семент дар ноҳияи Данғара; корҳои ҷустуҷӯию баҳодиҳии фосфоритҳо дар Туюн-Тау ва Актау; корҳои ҷустуҷӯию баҳодиҳии Ҷанубу Ғарбии Тоҷикистон; корҳои ҷустуҷӯию баҳодиҳи дар кони оҳаксанги Кулбулен ва пайдоиши гаҷ гилхок ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли семент дар ноҳияи Данғара; ҷустуҷӯи ашёи гилхоки баландсифат дар минтақаи Кӯлоб; омӯзиши ҳолати нишебаҳо дар мавриди ғарқшавии обанбори Сангтӯда-1 ва ғайра.

Дар ҳолати иҷро намудани корҳои мазкур зиёд шудани захираҳои канданиҳои фоиданок ба монанди тилло - 200 кг, захираҳои ашёию минерали барои истеҳсоли семент - 55-85 млн. тонна ва ғайра дар назар аст.

2. Дар иншоотҳои Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани корҳои кашшофи ҷустуҷӯи дар майдонҳои Қизилтумшуқ, Язгилкак ва Саргазон пешбини шудааст.

Дар ҳолати гузаронидани корҳои иктишофию геологи ва ба азхудкунии истеҳсоли шурӯъ кардани майдонҳои мазкур истихроҷи нафт ва газ аз ин майдонҳо 6 млн.тонна ва 2,4 млрд.м3 дар як сол имконпазир мегардад.

Ҳамчунин корҳои иктишофию геологи дар кони ангишти "Шӯрообод" дар солҳои 2006-2010 пешбини шудааст, ки истеҳсоли маҳсулотро ба 5 ҳазор тонна оварда мерасонад, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2005 - 2,5 маротиба зиёд мебошад.

3. Ҳаҷми корҳои топографию геодези аз буҷет маблағгузоришаванда дар иншоотҳои Агентии "Тоҷиккоинот".

Мувофиқи мақсад ва вазифаҳои пешниҳодшуда дар давраи солҳои 2005-2015 иҷрокунии корҳои харитасозию геодези дар иншоотҳои зерин ба назар гирифта шудааст:

- "Нуқта" - ба назар гирифтани сетҳои (шабакаҳои) рушди давлатии триангулятсиони, полигонометри ва геодезии нуқтаҳои аҳолинишин.

Арзиши ҳаҷми корҳои ба назар гирифташуда ба 240 ҳазор сомони рост меояд, аз ҷумла:

а) барои рушди шабакаҳои давлати ва полигонометри -170 ҳазор сомони.

б) барои рушди шабакаҳои геодези дар нуқтаҳои аҳолинишин -70 ҳазор сомони.

- "Харита" - ба назар гирифтани таъминоти масштаби гуногуни харитаи топографии ҳозира барои ҳалли серҳаракат будани нуқтаҳои аҳолинишин, лоиҳакашии объектҳо ва иншоотҳои муҳандиси, дуруст истифода бурдани захираҳои зеризамини ва дигар чорабиниҳо. Арзиши ҳаҷми корҳои ба назар гирифташуда ба - 300 ҳазор сомони рост меояд.

- "Атлас" - ба назар гирифтани таъминот ва пур намудани бозор аз харитаҳо, атласҳо ва харитаҳои махсуси аҳамияти вилояти дошта. Арзиши ҳаҷми корҳои ба назар гирифташуда ба - 50 ҳазор сомони рост меояд.

3. Фаъолияти комплекси агросаноатӣ

Вилояти Хатлон минтақаи аграрии ҷумҳури буда, соҳаи кишоварзи дар ин вилоят яке аз соҳаҳои асоси ва пешбарандаи иқтисодиёти он ба ҳисоб меравад. Дар ин соҳа 60-70 фоиз қувваи қобили меҳнати доштаи аҳолии вилоят машғули кор мебошад.

Вазъияти соҳаи кишоварзи дар ҳозира тақозои онро мекунад, ки баҳри тараққиёти он барномаи мушаххаси дарозмӯҳлати рушди иқтисодию иҷтимоии кишоварзи таҳия шуда, роҳҳои ҳалли он муайян карда шавад. Аз ин лиҳоз дар асоси имкониятҳои мавҷуда, дастгирии молияви ва таъмини маводҳои зарури рушди иқтисодию иҷтимоии соҳаҳои кишоварзии вилояти Хатлон то давраи соли 2015 таҳия карда шуд, ки он ба пешрафти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзи, баланд бардоштани некӯаҳволии вилоят, амнияти озуқавори ва паст кардани сатҳи камбизоати мусоидат мекунад.

Ҳачми умумии маҷмӯи маҳсулоти кишоварзи дар соли 2015 назар ба соли 2000-м 148,1 фоиз афзуда, бо нархи муқоисашаванда 762 млн.сомониро ташкил медиҳад.

Азхудкуни ва беҳтар намудани замини корам дар Барнома ҷои асосиро ишғол намуда, он на танҳо барои болоравии истеҳсолоти кишоварзи, балки барои баланд бардоштани сатҳи зиндаги ва бо кори самаранок таъмин намудани аҳолии вилоят мусоидат мекунад.

Ба 1 январи соли 2004 - 292.2 ҳазор гектар замини оби мавҷуд аст, ки 283,1 ҳазор гектар он ҳамчун замини корам ва 9,1 ҳазор гектар боғу токзор мебошад.

Дар Барнома пешбини шудааст, ки дар оянда аз ҳисоби заминҳои бекорхобида азхуд намудани заминҳои нави корам мувофиқи мақсад мебошад. Ин асосан ба ноҳияҳои Ҷилликӯл, Қубодиён, Н. Хусрав, Колхозобод, Қумсангир, Шаҳритус, Панҷ, Данғара, Фархор ва Ховалинг тааллуқ дорад.

Пахтакори яке аз соҳаҳои асосии истеҳсолоти кишоварзии вилоят ба ҳисоб меравад. Дар соли 2000 майдони он 150,3 ҳазор гектар, ё ин ки 43,5 фоизи майдони умумии заминҳо, дар майдони заминҳои оби бошад, 60,8 фоизро ташкил медод. Соли ҷори бошад майдони ин зироати техники 177 ҳазор гектар, ё ин ки 48 фоизи майдони умуми ва 65 фоиз майдони обиро ташкил дод. Дар оянда майдони ин зироати техники дар соли 2010-ум 2 ҳазор гектар ва дар соли 2015 бошад 4 ҳазор гектар аз ҳисоби азхудкунии замин дар ноҳияи Данғара ба нақша гирифта шудааст.

Дар солҳои 2000 то 2004 аз ҳисоби зиёд намудани майдони кишт ва баланд бардоштани ҳосилноки истеҳсоли он аз 178 ҳазор тонна то 334,4 ҳазор тонна расонида шуд, ки фарқияти он дар ин муддат 156.4 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли пахта дар соли 2005-ум ба 323 ҳазор тонна, дар соли 2010 ба 340 ҳазор тонна ва дар соли 2015 ба 370 ҳазор тонна ба нақша гирифта шудааст. Иҷрои ин нишондоди барномави пеш аз ҳама ба болоравии ҳосилнокии пахта вобастагии калон дорад.

Сол аз сол ҳосилнокии ин зироат, дар вилоят бояд афзоиш ёбад. Агар дар соли 2000 ҳосилноки 11,8 сентнерро ташкил намуда бошад, дар соли 2004 бошад 19.2 сентнерро ташкил намуд ва мувофиқи нақшаи барнома дар соли 2015 - 20,4 сентнер пешбини шудааст.

Дар вилоят баҳри беҳтар намудани ҳолати мелиоративии обери корҳои муайян пешбини шудааст. То соли 2015 ҳаҷми корҳои мелиоративии беҳтаршавии замин дар ҳаҷми 68 ҳазор гектар муқаррар карда шудааст. Ин пеш аз ҳама ба ноҳияҳои Колхозобод, Абдураҳмони Ҷоми, Қумсангир, Бохтар, Қубодиён, Восеъ, Фархор ва Ҳамадони таалуқ дорад. Барои иҷрои ин корҳо маблағҳои муайяне зарур аст, ки он дар барнома қисман пешбини шудааст, қисми дигари маблағ ба воситаи инвесторон ба иҷро мерасад. Иҷрои ин дар пеши ташкилоту муассисаҳои хоҷагиҳои об вазифаҳои калону масъулиятнокро ба миён мегузорад.

Баланд бардоштани ҳосилнокии пахта бе гузаронидани киштгардон аз ҳақиқат дур мебошад. Аз ин рӯ дар ҳама хоҷагиҳои вилоят лоиҳа оиди киштгардон, аз тарафи институтҳои лоиҳакаши кор карда баромада шуда истодааст, ки мувофиқи он дар зарфи 10 сол хоҷагиҳои вилоят майдонҳои кишти пахтаро пурра бояд киштгардон намояд.

Дар Барнома оид ба муҳофизати растани корҳои муайяне пешбини шудааст, ки ин яке аз корҳои муҳим ба ҳисоб рафта, барои нигоҳ доштани ҳосили парваришгардида сабабгори асоси шуда метавонад. Танҳо дар ноҳияи Ҳамадони соли ҷори зиёда аз 9 ҳазор тонна пахтаро ҳашаротҳои зараррасон нобуд карданд. Аз ин рӯ, барои иҷро намудани Барномаи мазкур дар ноҳияҳо ва маркази вилоят барқарор намудани кори лабораторияҳои биологи мувофиқи мақсад мебошад.

Яке аз сарчашмаҳои баланд гардидани ҳосили пахта ин пеш аз ҳама ба истеҳсолот ворид намудани навъҳои серҳосил ва барвақти мебошад. Дар шӯъбаи ноҳияи Вахш будаи институти "Зироаткори" навъҳои серҳосил руёнида шуда, дорои нахи баланд мебошад. Ин навъҳои 9326 - В, 750 - В, 11 - ВД мебошанд, ки дар истеҳсоли пахта аҳамияти калон дорад. Дар оянда васеъ ҷори намудани ин навъҳо мувофиқи мақсад буда, барои иҷрои нақшаи истеҳсоли пахтаи вилоят заминаи боэътимод мебошад.

Галла асоси ғизои мардум ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ хоҷагиҳои ғаллакории вилоят инро ба инобат гирифта, сол аз сол кишти майдони ин зироати пурқимматро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва чарогоҳ зиёд намуда, барои таъминоти аҳоли бо ғаллаи худи кӯшиш ба харҷ доранд. Соли ҷори аз ин ҳисоб дар 49,1 ҳазор гектар замин кишти иловаги гузаронида шуд.

Дар соли 2000 ҳосилнокии майдонҳои корами ғаллазор 14,6 сен./гек. ташкил карда бошад, соли 2004 ин нишондод ба 24,5 сен/га-ро ташкил намуда, истеҳсоли он ба 510 ҳазор тонна расонида шуд, ки 85,5 ҳазор тоннаи он аз кишти дубора гирифта шудааст.

Дар соли 2010 ва 2015 мувофиқи Барнома ҳосилнокии зироатҳои ғалладона мутаносибан 37,3 ва 37,7 сен/га пешбини шуда, истеҳсоли он 593 ва 618 ҳазор тонна расонида мешавад.

Дар вилоят мувофиқи Барнома болоравии истеҳсоли картошка, сабзавот ва полезии хӯрока нишон дода шудааст, ки он асосан аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии ин зироатҳо иҷро мегардад. То соли 2015 ҳосилнокии картошка ба 163,9 сен/га ва сабзавот ба 170 сен/га, полези 174,7 сен/га расонида мешавад. Танҳо аз ин ҳисоб дар соли 2015 картошка 125 ҳазор тонна, сабзавот ва полезии хӯрока мутаносибан 231 ва 135 ҳазор тонна расонида мешавад. Дар ин сурат истеҳсоли ин зироатҳо ба иҷроиши соли 1991 баробар мешавад.

Тараққи додани боғдори ва парвариши ангур дар Барнома ҷои махсус дорад. Ин асосан дар ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Мӯъминобод, Шӯрообод ва Темурмалик, инчунин барқароркунии майдонҳои боғ дар ноҳияи Данғара ва Хуросон пешбини шудааст. Ин дар муқоиса нисбати соли 2000, дар соли 2015 истеҳсоли мева аз 38,8 то 56 ҳазор тонна ва ангур мутаносибан аз 33,6 то 57,3 ҳазор тонна зиёд мешавад.

Соҳаи чорводори дар вилоят низ соҳаи асосии кишоварзи ба ҳисоб меравад, аммо дар солҳои 1990-ум саршумори он дар баъзе хоҷагиҳо қариб, ба нести расид. Аз ин рӯ дар Барнома, дар мадди аввал барқарор намудани саршумори чорво ва парранда баробари то соли 1991 меистад.

Бо ин мақсад саршумори ҳайвони калони шохдорро то соли 2015 ба 539,3 ҳазор сар, бузу гусфанд то 1121,7 ҳазор сар ва паррандаро 1167 ҳазор адад расонидан лозим мебошад. Инчунин истеҳсоли маҳсулотҳои чорводориро дар ин давра зиёд намуда, то соли 2015 истеҳсоли гӯштро ба 68,2 ҳазор тонна, ширро 208 ҳазор тонна, тухмро 30 млн. дона ва пашм 2770 тонна расонида мешавад.

Аз ҳисоботҳо бар меояд, ки дар ҳама хоҷагиҳои чорводори сехҳои коркарди ему хошок мавҷуд буд. Бо мурури замон аксарияти ин сехҳо корношоям ва ба нести расид.

Тараққиёти чорводориро бе ему хӯроки консентрати тассавур кардан мумкин нест, аз ин рӯ дар барнома давра ба давра барқарор намудани сехҳои коркарди хӯроки чорво амали гашта, зиёд намудани майдони кишти зироатҳои хӯроки чорво аз ҳисоби азхудкунии заминҳои бекорхобида ва киштгардони дигар зироатҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ба 1 январи соли 2005 дар вилоят 8363 адад хоҷагиҳои деҳқони вуҷуд дорад, замини умумии онҳо 753 ҳазор га буда, 220,4 ҳазор га замини корам доранд. Аз он ҷумла замини корами оби 150,2 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Хоҷагиҳои деҳқони зиёда аз 16 фоиз арзиши маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии вилоятро дар бар мегирад, истеҳсоли ғалла ва пахта мутаносибан 13 фоиз ва 28 фоиз мебошад. Ҳиссаи дигар маҳсулотҳои кишоварзи инчунин дар вилоят аз 5 то 19 фоизро ташкил медиҳанд.

Аз тарафи барномаҳои пилоти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Колхозобод ва Ёвон дастгирии молияви доранд, ки дар оянда мувофиқи ин барномаҳо оид ба рушди соҳаи кишоварзи корҳои зиёде ба сомон мерасад.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2002 № 385 ,Дар бораи таҷдиди сохтори корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзи дар давраи солҳои 2002 - 2005, то 1 январи соли 2005 - 67 хоҷаги таҷдид шудааст, дар асоси онҳо 396 хоҷагии деҳқони ташкил карда шуд, шумораи саҳмдорон 85457 нафар мебошад, соли 2005 таҷдиди 17 хоҷаги ба нақша гирифта шудааст.

Ташкили хоҷагиҳои деҳқони бо мақсади зиёд намудани саршумори чорво, истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа дар барнома пешбини шудааст. Хусусигардонии фермаҳои чорводори, паррандапарвари ва дар ин асос зиёд намудани саршумори чорво ва парранда ба нақша гирифта шудааст, ки танҳо истеҳсоли тухм аз ҳамин ҳисоб бояд ба 30 млн. дона расад.

Таҷрибаи илмию истеҳсоли нишон медиҳад, ки ҳосили пахта, боғҳо, сабзавоту офтобпараст, растаниҳои ҷангалу чарогоҳҳо дар натиҷаи бо занбури асал гардолудшави аз 20 то 30 фоиз меафзояд.

Гайр аз ин маҳсулоти замбури асал (асал, мум, прополис, гарди гул, шири модарзамбур ва ғайра) боиси даромади зиёд, ворид гардидани арзи хориҷи, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳури мегардад.

Дар соли ҳисоботии 2004 истеҳсоли асал 68,2 тонна буда, асосан аз тарафи аҳоли истеҳсол карда шудааст, ки 84 фоиз ҳаҷми умумии истеҳсолшудаи асали вилоятро дар бар мегирад ва дар оянда ин ҳаҷм то 90 фоиз зиёд хоҳад гашт.

Тибқи пешниҳоди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки захираҳои растаниҳои асалдиҳандаи кишоварзи ва табии ҷумҳури имконият медиҳад, ки дар вилоят зиёда аз 33 ҳазор оилаи замбури асал нигоҳубин карда, соли 2010 - 554 тонна ва соли 2015 то 660 тонна асал ва ба миқдори зиёд маҳсулоти дигари занбури асал истеҳсол карда шавад.

Соҳаи коркарди комплекси агросаноатӣ

Вилояти Хатлон минтақаи азими кишоварзии ҷумҳури буда, рушди он бе таъмини кори устуворонаи ҳамаи соҳаҳои коркарди саноатии ашёи маҳалли (пахта, меваю сабзавот, гӯшту шир ва ғайра) ғайри имкон мебошад.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои саноати хӯроквори ва коркарди вилоят дар маҷмӯъ бо назардошти ҳисоби иловагии сектори ғайридавлати бо нархҳои пешбинишудаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар давраи то соли 2015, дар соли 2005 ба маблағи 847,3 млн сомони, дар соли 2010 ба маблағи 1022,5 млн сомони ва дар соли 2015 ба маблағи 1214,6 млн. сомони муайян шудааст. Ҳиссаи сектори ҳақиқии саноати коркард ғайр аз ҳисоби иловагии сектори ғайридавлати дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулот ҷараёни устуворонаи афзуданро дорад (аз 51 фоиз дар соли 2003 то 62,4 фоиз дар соли 2015).

Соҳаи пахтакори дар оянда низ соҳаи пешбарандаи кишоварзии вилояти Хатлон мемонад ва ҳиссаи саноати пахтатозакуни дар ҳаҷми умумии сектори ҳақиқии саноати коркард мисли пешин бисёр баланд мебошад (с. 2001-2010 - 94-96 фоиз), аммо дар соли 2015 (90-92 фоиз), аз ҳисоби афзоиши ҳиссаи саноати хӯроквори (аз 2,4 фоиз дар соли 2000 то 7,1 фоиз дар соли 2015) андаке кам мешавад.

Ҳиссаи соҳаҳои орду ярма ва хӯроки омехтаи чорво дар сектори ҳақиқии саноати коркарди вилояти Хатлон мисли пешин кам буда ва бо ҳисоби миёна аз 1 то 1,5 фоизро ташкил медиҳад, аз ин рӯ талаботи аҳоли аз ҳисоби сектори ғайридавлати қонеъ карда мешавад. Ҳиссаи он дар структураи соҳаҳои саноат бо назардошти ҳисоби иловагии сектори ғайридавлати ба солҳои 2010-2015 ба ҳисоби миёна 16,5 фоиз ташкил медиҳад.

Дар Барнома нисбатан суръати афзоиши баланд дар соҳаи хӯроквори, ки ба афзудани базаи ашё ва иқтидорҳои мавҷуда алоқаманданд, пешбини мешавад. Дар барнома дар 10 соли наздик мустаҳкам намудани базаи модди-техникии корхонаҳои саноати ба назар гирифта шудааст, чунки қариб 90 фоизи фондҳои асосии истеҳсоли дар ҳолати фарсудаги қарор доранд.

Истеҳсоли нахи пахта дар барнома дар асоси маҷмӯи истеҳсоли пахтаи хоми вилоят, ки дар соли 2005 - 323,0 ҳазор тонна, дар соли 2010 - 340,0 ҳазор тонна ва дар соли 2015 - 370,0 ҳазор тонна муайян шудааст.

Нишондиҳандаҳои истеҳсоли нахи пахта дар соли 2005 - 99,2 ҳазор тонна, дар соли 2010 - 108,8 ҳазор тонна ва дар соли 2015 - 118,4 ҳазор тонна пешбини шудааст. Суръати афзоиш соли 2010 нисбати 2005109,7 фоиз, соли 2015 нисбати соли 2010 - 108,8 фоиз ташкил медиҳад. Дар вилоят коркарди нахи пахта дар охири соли 2015 бояд на кам аз 75 фоизро ташкил намояд.

Истеҳсоли маҳсулотҳои орд, равғани растани, нон ва маҳсулоти нони, қанноди, гӯшт, якҷоя бо каллапочаи навъи 1 дар барнома бо назардошти корхонаҳои хурди хусуси бо ҳисоби иловаги нишон дода шудаанд.

Ҳаҷми истеҳсоли равғани растани бо назардошти миқдори чигити техникии дар вилоят буда муайян шудааст. Ҳаҷмҳои пешбинишудаи истеҳсоли пахтаи хом имкон медиҳад, ки захираҳои ашёвии соҳаи равғани пахта зиёд карда шавад. Истеҳсоли равғани растани дар Барнома дар соли 2005 - 18 ҳазор тонна, дар соли 2010 - 23,8 ҳазор тонна ва дар соли 2015 - 27,4 ҳазор тонна пешбини мешавад. Суръати афзоиши он соли 2010 нисбати 2005 - 131,5 фоиз ва соли 2015 нисбати 2010 - 115,2 фоиз муайян шудааст.

Қариб ҳамаи корхонаҳои коркарди комплекси агросаноати хусуси гардонида шудаанд ва айни замон аз маблағҳои гардон танқиси мекашанд. Дар назар аст, ки ба корхонаҳо дар солҳои оянда сармоягузориҳо ворид мешаванд ва худи корхонаҳо низ аз ҷиҳати молияви пурзӯр мегарданд ва нишондиҳандаҳои дар барнома пешбинишуда амали мегарданд.

4. Рушди соҳаи нақлиёт ва алоқа

Барномаи рушди иқтисодии соҳаҳои нақлиёт ва алоқаи вилояти Хатлон дар асоси пешниҳодҳои вазоратҳои нақлиёт ва алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" ва Ҳукумати вилояти Хатлон пешниҳод шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар комплекси нақлиётии вилоят, Барнома пешбини менамояд, ки дар соли 2015 нисбат ба соли 2000 ҳаҷми боркашони ва гардиши бор - 2,1-1,7 маротиба, мусофиркашони ва гардиши мусофирон3,3-9,2 маротиба афзоиш меёбад.

Рушди назаррас дар пешрафти соҳаи алоқаи вилоят низ пешбини шуда, ҳаҷми даромад аз хизматрасонии алоқа - 6,5 маротиба ва ҳаҷми хизматрасонии соҳа , 3,7 маротиба зиёд мегардад.

Рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Мувофиқи маълумотҳои Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба 1 январи соли 2004 - 38.4 ҳазор адад нақлиёти автомобили мавҷуд буда, аз он 8.5 ҳазор адад (22,2 фоиз) автомобилҳои давлати ва 29,9 ҳазор адад, ё 77.8 фоизро автомобилҳои хусуси ташкил медиҳад. Танҳо дар як сол (аз 1 январи соли 2003 то 1 январи соли 2004) ба ҳисоби миёна, шумораи нақлиёти автомобилҳои давлати - 21,8 фоиз кам ва автомобилҳои хусуси бошад 6,1 фоиз зиёд шуда, дар замони феъли 15,5 фоиз автобусҳо, 96,2 фоиз автомобилҳои сабукрав ва 63,3 фоизи автомобилҳои боркаши вилоят амволи хусуси мебошанд.

Дар вилоят 50 фоизи муассисаҳои нақлиётии автомобили хусуси гардонида шудаанд ва дар асоси қарордод бо Идораҳои нақлиётии автомобилии Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб фаъолият мекунанд.

Муассисаҳои нақлиётии автомобилии ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта ба ҷамъиятҳои саҳҳоми ва дигар шаклҳои моликият гузаронида шудаанд ва дар тӯли 15 соли охир парки онҳо амалан аз ҷиҳати техники нав карда нашудааст. Вобаста ба ин ҳолатҳо дар солҳои то 2015 дар назар дошта мешавад, ки ҳаҷми нишондиҳандаҳои фаъолияти нақлиёти автомобилии давлати дар вилоят кам гардида, аз ҳисоби соҳибкорони хусуси ва ҳамлу нақли байналхалқи зиёд мегардад.

Дар ин давра бо нақлиёти автомобили дар қиёс ба солҳои 2000 дар соли 2015 ҳаҷми боркашони ва гардиши борҳо - 2,1 маротиба ва 164,7 фоиз, мусофиркашони ва гардиши мусофирон - 3,2 ва 9,4 маротиба афзоиш ёфта, мутаносибан - 5326,7 ҳазор тонна - 416,4 млн.т/км ва мусофирону гардиши мусофирон - 60,1 млн. мусофир - 714,2 млн. мус./км-ро ташкил менамояд.

Дар ин солҳо ҳамлу нақли автомобилии байналхалқи рушд ёфта, дар соли 2010 нисбат ба соли 2005 аз рӯи боркашони ва гардиши боркашони54,5 фоизи, мусофиркашони ва гардиши мусофирон - 3 маротибаги, дар соли 2015 назар ба соли 2010 оид ба боркашони ва гардиши боркашони35,3 фоизи, оид ба мусофиркашони ва гардиши мусофирон - 40 фоизи афзоиш меёбад.

Рушди соҳаи хоҷагии роҳҳо

Дар вилоят ба 1 апрели соли 2004 ҳамаги - 10329 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, 9414 км он мумфарш карда шудааст. Роҳҳои истифодаи умум - 5041 км, роҳҳои аҳамияти ҷумҳурияви дошта - 1258 км ва роҳҳои аҳамияти маҳалли - 3783 километрро ташкил медиҳанд, ки дар давоми 15 соли охир бисёрии онҳо таъмир нашудаанд ва бештар аз 3 ҳазор км ровдо, 30 фоиз пулҳо ва 25 фоиз қубурҳои обгузарон таъмирталаб мебошанд.

Аз ин рӯ, дар назар дошта мешавад, ки то соли 2015 роҳҳои автомобилгарди ,Шӯрообод - Анҷироби поён, (км-ҳои 10-12) - 2 км, Ваҳдат - Панҷ (км-ҳои 45-80, 93-99, 213-235) - 63 км, Балҷувон - Сари -Хосор - 10 км, Хоҷамастон - совхози Илич-Лойқасой - 5 км, СарбандБулакдашт- 20 км, Данғара - Оузикент - 5 км, Қурбоншаҳид - Темурмалик - 25 км, хоҷагии Кӯлоб - хоҷагии Қурбонова (ш. Кӯлоб) - 4 км, Бешкент - чашмаи ноҳияи Н. Хусрав - 7 км , Чашма - с/х Бешкенти ноҳияи Н. Хусрав - 10 км, Ёвон - А.Ҷоми - 5 км, Данғара - Хонаобод - 2 км, Душанбе , Айваҷ - (км-ҳои 39- 46, 46 -51, 58 -61) - 15 км, БешкентЧашма - с/х Бешкент (шаҳраки Баҳор) - 15 км, Балҷувон - Даштимайдон4 км, Балҷувон - Калтачанор - Ховалинг - 47 км аз нав таъмиру тармим карда, сохтмони роҳи автомобилгарди гирдогирди шаҳри Кӯлоб - 8,5 км, роҳи автомобилгард то нақби ағбаи Шар - Шар - 4,7 км ба сомон расонида мешавад.

Аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷи, сохтмони нақб дар ағбаи ШарШар - 1,9 км, барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди Қӯрғонтеппа - Панҷ85 км, Душанбе - Қӯрғонтеппа - Данғара - Кӯлоб - 170,7 км, сохтмони қитъаи роҳи Анҷироби поён дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб -15,6 км дар назар аст.

Рушди нақлиёти роҳи оҳан

Дарози роҳи оҳани дохилии вилояти Хатлон 422,4 километрро ташкил менамояд. Бо мақсади самаранок истифода бурдани имкониятҳои роҳи оҳан, ки шаҳрҳои марказии вилоятро бо мамолики хориҷи дуру наздик ва минтақаи шимолии роҳи оҳани ҷумҳури алоқаманд менамояд ва бо назардошти пешбини шудани сохтмонҳои иншоотҳои калони таъминкунандаи рушди иқтисод - сохтмони нерӯгоҳи обии барҚии (НОБ) Сангтӯда - 1 ва Сангтӯдаи 2, заводи алюмини дар вилоят, Барнома пешбини менамояд, ки ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан боркашони нисбат ба соли 2000 дар соли 2005-ум - 33,2 фоиз ва дар соли 2015-ум 53 фоиз, мутаносибан, гардиши борҳо 71, 8 фоиз 2,1 маротиба, мусофиркашони 3,1-3,8 маротиба ва гардиши мусофирон 4,2-5 маротиба афзоиш меёбанд.

Дар Барнома, инчунин идомабахшии корҳо баҳри сохтмони инфраструктураҳои роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, оғоз ва анҷоми сохтмони хати роҳи оҳани нави ,Кофарниҳон - Ёвон, - 47 км ва таъмиру тармими роҳҳои оҳан ва иншоотҳои мавҷудаи соҳа дар назар гирифта мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки бо назардошти самаранок истифода бурдани иқтидорҳои роҳи оҳани вилоят ва ба низом даровардани арзиши хизматрасонии соҳа, аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳи оҳани Тоҷикистон дар ояндаи дарозмӯҳлат барои сохтмони роҳи оҳани Хошоди-Шаҳртуз-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ҳуҷҷатҳои лоиҳавию арзиширо нисбати электрификатсиякунонии ин роҳ тартиб диҳанд ва ҷиҳати амали намудани он чораҳои зарури андешанд.

Рушди нақлиёти ҳавоӣ

Дар ҳудуди вилояти Хатлон як фурӯдгоҳи хавопаймоҳои сатҳи байналхалқи дар шаҳри Кӯлоб ва 15 фурӯдгоҳҳои хизматгузории нақлиёти ҳавоии дохили ҷумҳурияви вуҷуд дорад, ки 75 фоизи онҳо бо сабаби ба талаботҳои меъёри - техники ҷавобгӯ набудан истифода карда намешаванд. Дар ин давра фурӯдгоҳи шаҳри Данғара таъмиру тармим карда ба фурӯдгоҳи сатҳи байналхалқи гузаронида мешавад.

Барнома пешбини мекунад, ки бо ин намуди нақлиёт ҳаҷми боркашони дар соли 2005 нисбати соли 2000 - 14.1 маротиба ва дар соли 2015

16.9 баробар, мутаносибан - гардиши борҳо - 14.1-17.0 маротиба, мусофиркашони - 7.7- 9.4 баробар ва гардиши мусофирон - 9.8 - 11.9 маротиба зиёд мешавад.

Инчунин, дар назар гирифта шудааст, ки дар баробари эҳёи фурӯдгоҳҳои маҳалли ва истифодаи самараноки онҳо, навбати дуюми тармими фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб то соли 2008 ба маблағи 10,9 млн. сомони ба анҷом расонида мешавад.

Рушди соҳои алоқа

Дар соли 2015 нисбат ба соли 2000 ҳаҷми даромад аз хизматрасонии алоқаи вилоят 6,5 маротиба ва ҳаҷми хизматрасонии соҳа - 3,7 маротиба афзоиш меёбад.

Дар замони феъли дар вилояти Хатлон 100 истгоҳҳои автоматии телефони мавҷуд мебошад, ки ин нисбати соли 2000 - 4 адад кам буда, то соли 2015 шумораи онҳо, инчунин дарозии каналҳои телефонии байнишаҳри дар сатҳи соли 2005 мутаносибан - 100 адад ва 1952 ҳазор кан/км боқи мемонанд.

Дар ин давра ғунҷоиши истгоҳҳои васлкардашуда - 11,5 фоиз ва миқдори аппаратҳои асосии телефони - 3,5 фоиз зиёд мегардад.

Дар бозори хизматрасонии коммуникатсияи телефони, Барнома рушди муваффақонаи ширкатҳои моликиятошон мухталифро пешбини менамояд, ки дар қатори ҷумҳури дар вилояти Хатлон низ хизматгузориҳои алоқаи зудамал (мобили), соти, пейджинги, IP-телефон ва истифода аз "Интернет" амри воқеи мегарданд. Дар назар дошта мешавад, ки истифодабарондагони алоқаи соти дар соли 2010 нисбат ба соли 2005

3.2 маротиба, дар соли 2015 назар ба соли 2010 - 63.0 фоиз, ба 177.5 ҳазор мухлисон мерасад.

Шумораи истифодабарондагони шабакаи "Интернет" дар соли 2010 назар ба соли 2005 - 2,3 маротиба ва дар соли 2015 нисбат ба соли 2010 - 22,6 фоиз зиёд мегардад. Барнома, таҳким ва иваз намудани истгоҳҳои автоматии телефониро ба меъёрҳои рақами, амали намудани лоиҳаи инвеститсионии "Шабакаҳои нақли коммуникатсияи телефонии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва лоиҳаи "Қисмати ҷумҳуриявии хати алоқаи Осиё-Аврупо ва хатҳои радиорелии Душанбе-Хуҷанд ва Тошуробод-Кӯлоб-Ховалинг"-ро пешбини менамояд, ки на танҳо рушди шабакаи ,Интернет,-ро таъмин менамояд, балки имконияти васеъ барои иттилооти хизмати, гузаронидани машваратҳо, конференсияҳои телефони ва дигар хизматгузориҳои алоқаи телефониро дар сатҳи сифатан наву ба меъёрҳои ҷаҳони мувофиқ фароҳам меоварад.

Дар Барнома сохтмон ва мавриди истифода қарор додани шабакаи алоҳидаи пахши барномаҳои телевизиони вилоят пешбини карда мешавад.

5. Фаъолияти инвеститсияи дохилӣ ва комплекси сохтмон

Дар солҳои 2006-2015 барномаи инвеститсионии рушди иқтисодии вилояти Хатлон бо назардошти параметрҳои муайяншудаи Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, истифодаи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузори: маблағҳои худии корхонаю ташкилотҳо, буҷети ва ҷалби сармояҳои хориҷи тайёр карда шудааст.

Ҳаҷми умумии инвеститсияҳо (бе сармоягузориҳои хориҷи) ба иқтисодиёти вилояти Хатлон дар ҳаҷми 1124 млн. сомони, корҳои сохтмонию васлкуни 898,8 млн. сомони, ба истифода додани фондҳои асоси 1052 млн. сомони муайян шудааст.

Маблағҳои асосии дар қарорҳои қабулшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ноҳияҳои Носири Хусрав, Балҷувон, Темурмалик ва Шӯрообод пешбини шудаанд, инчунин чорабиниҳо доир ба тайёри ба ҷашни 2700- солагии шаҳри Кӯлоб пурра ба инобат гирифта шудаанд.

Бо назардошти маҳдуд будани маблағҳои худии вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳо ҳар сол маҳдуд гардидани имконияти ҳалли проблемаи асосии аз ҳисоби буҷети давлати, дар дурнамо зарурати ҷалб намудани сармояҳои хориҷи мувофиқи Созишномаҳои басташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст. Шартномаҳои ба имзорасидаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳо бо давлатҳои хориҷи, доираҳои байналхалқии молияви, фирмаҳою ширкатҳо доир ба масъалаҳои ҷудо намудани қарзҳои хориҷи ва ё бурдани фаъолият якҷоя низ дар назар дошта шудааст.

Дар соли 2006-2015 истифодаи сармояҳои хориҷи барои эҳтиёҷоти сохтмони асоси дар ҳаҷми 1883,84 млн. доллари ШМА пешбини карда шудааст.

Барои маблағгузории сармояҳои дохили равона намудани маблағҳои худи корхонаю ташкилотҳо дар ҳаҷми 51,2 млн. сомони, маблағҳои буҷети 733,8 млн. сомони пешбини карда шудааст.

Хароҷотҳои ташкилотҳои ғайри давлати - Тоҷикматлубот, хоҷагиҳои коллективи, корхонаҳои муштарак ҷамъиятҳои саҳоми, корхонаҳои хурд, сектори хусусии иқтисодиёти ҷумҳури 299,18 млн. сомони (26,6 фоиз аз ҳаҷми умумии сармояҳо) муайян карда шудаанд.

Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асоси (инвеститсияҳо) барои сохтмони истеҳсоли 500 млн. сомони (44,5 фоиз) ва сохтмони ғайри истеҳсоли 624 млн. сомони (55,6 фоиз) равона карда мешаванд.

Маблағҳои асосии марказонидашудае, ки аз буҷет маблағгузори карда мешаванд, дар рушди соҳаи истеҳсоли - 410 млн. сомони (53 фоиз) ва соҳаҳои ғайри истеҳсоли 363 млн. сомони (47 фоиз) истифода бурда мешаванд.

Ҳиссаи зиёди сармояҳои марказонидашудаи сохтмон дар соҳаҳои истеҳсолии афзалиятдошта истифода бурда мешаванд: нақлиёти автомобили, роҳи оҳан, комплекси сӯзишворию энергетики, ки эҳтиёҷоти таъхирнопазири вилояти Хатлонро таъмин менамояд, ба рушди дигар соҳаҳои иқтисодиёти вилояти Хатлон имконият медиҳад. Дар солҳои 2006-2010 дар ноҳияи Шаҳритус сохтмони заводи семент бо иқтидори солона 2350 ҳазор тонна ба нақша гирифта шудааст.

Сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Панҷи Поён аз ҳисоби инвеститсияи дохилию хориҷи маблағгузори шуда, ба истифода супоридани он дар соли 2009 дар назар аст.

Дар солҳои 2006-2010 корҳои соҳилмустаҳкамкуни дар дарёҳои: Панҷ, Сурхоб, Ёхсу, Вахш, Кофарниҳон ва дигарҳо идома меёбанд. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо бояд 77,3 млн. сомони маблағ аз худ карда шаванд.

Барои сохтмони иншоотҳои комплекси агросаноати аз ҳисоби сармояҳои дохили 148,2 млн. сомони (24,3 фоиз аз ҳаҷми маблағгузории марказонидашуда) пешбини карда шудааст.

Аз маблағҳои буҷетие, ки ба соҳаҳои иҷтимои равона карда мешаванд, ба соҳаҳои афзалиятдошта (тандурусти ва хоҷагии коммунали) ҷудо намудани 148,3 млн. сомони пешбини карда шудааст, ин 20 фоиз нисбати маблағҳои умумии марказонидашуда ва 46 фоиз нисбати хароҷотҳои соҳаи ғайриистеҳсоли мебошад.

Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузори ба истифода додани 916,5 ҳазор метри мураббаъ масоҳати умумии манзилгоҳ, аз он ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети 34,3 ҳазор метри мураббаъ ва аз маблағҳои аҳоли 882,2 ҳазор метри мураббаъ пешбини карда шудааст.

Дар соҳаи иҷтимои ба истифода додани мактабҳои маълумоти умуми барои 21452 ҷои талаба, муассисаҳои томактаби барои 1670 ҷой, беморхона барои 1961 кат ва дармонгоҳҳо барои 2675 шаҳрвандон қабул дар як баст пешбини карда шудааст.

Дар иншоотҳои хоҷагии коммунали бояд иқтидорҳои зерин ба истифода дода шаванд: хати обтаъминкуни 127 км, хати интиқоли газ 188,7 км ва хатҳои канализатсиони 32,4 км.

То соли 2010 ба истифода додани НОБ-ҳои "Сангтӯда" 1 ва "Сангтӯда" 2, барқароркунии НОБ-ҳои Норак, Бойгози пешбини карда мешаванд.

Сохтмони як қатор нерӯгоҳҳои хурди обию барқи, ба охир расонидани роҳҳои автомобилии Душанбе-Кӯлоб 170 км, Кӯлоб-Қалайхумб - 15,6 км инчунин сохтмони туннели Шар-Шар (1,9 км), оғоз ва ба итмом расонидани роҳи оҳани Кофарниҳон- Ёвон (47 км) дар назар аст.

Инчунин корҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:

- ба итмом расонидани фурудгоҳҳои шаҳрҳои Кӯлоб ва Данғара, сохтмони 2 заводи алюмини бо иқтидори истеҳсоли алюминий 100 ҳазор тонна ҳар кадомаш дар як сол; барқарорсозии корхонаҳои соҳаҳои саноати сабук хӯроквори ва маводҳои истеҳсолию сохтмони; сохтмони корхонаҳои консервабарори, корхонаҳои истеҳсоли равғани геран, корхонаҳои пашм ва инчунин як қатор сехҳои шиша сохта мешаванд.

6. Фаъолияти инвеститсияи хориҷӣ

Мутобиқи пешниҳодоти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 таи солҳои 2005-2015 ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди вилояти Хатлон бо мақсади амали гардонидани 102 лоиҳаҳои сармоягузори 2041,2 млн. долл. ШМА сармоягузориҳои хориҷи ба назар гирифта шудааст, ки аз он 97,3 млн. долл. ШМА ба давраи соли 2005, 1392,3 млн. долл. ШМА ба давраи солҳои 2006-2010 ва 594,6 млн. долл. ШМА ба давраи солҳои 2011-2015 тааллуқ дорад.

Дар солҳои 2005-2015 дар самти азнавсозии гумрук ва рушди инфрасохтор 100 ҳазор долл. ШМА маблағгузори дар назар дошта шудааст.

Дар соҳаи кишоварзи 23 млн. долл. ШМА пешбини шудааст, ки он ба масъалаҳои хусусигардонии хоҷагиҳо, рушди замбурпарвари, барқарорсозии соҳа ва ғайраҳо равона мешаванд.

Дар соҳаи ирригатсия ва обтаъминкунии деҳот 33,2 млн. долл. ШМА маблағгузори дар назар дошта шудааст, ки он ба барқарорсозии соҳаи кишоварзи, паст намудани сатҳи камбизоати, беҳтар намудани инфрасохтори деҳот ва таҷдиди соҳа равона мегардад. Аз ҳисоби маблағҳои мазкур обёрикунии 6 ҳазор гектар замин дар ноҳияи Данғара ба итмом расонида мешавад.

Дар самти обтаъминкуни ва азнавсозии системаи канализатсионии вилоят ҷалби сармоягузориҳои хориҷи ба маблағи 9,8 млн. долл. ШМА дар назар дошта шудааст, ки барои амалигардонии лоиҳаҳои обтаъминкунии шаҳрҳою ноҳияҳои вилоят истифода мешаванд.

Дар соҳаи маориф ҷалби маблағгузориҳои хориҷи дар ҳаҷми 12,9 млн. долл. ШМА дар назар дошта шудааст, ки он қисман барои амалигардонии ислоҳот дар соҳаи маориф равона карда мешавад. Аз ҳисоби маблағҳои мазкур сохтмони ду ва барқарорсозии як мактаби таҳсилоти ҳамагони дар ҳудуди вилоят ба итмом расонида мешавад, ки барои дарсомӯзии 2336 хонанда мусоидат менамояд.

Дар соҳаи тандурусти таи солҳои 2005-2015 ҷалби сармоягузориҳои хориҷи дар ҳаҷми зиёда аз 20,1 млн. долл. ШМА дар назар дошта шудааст, ки қисме аз он ба пешрафти раванди ислоҳот дар соҳаи тандурусти мусоидат менамояд. Аз ҳисоби маблағҳои мазкур сохтмони як беморхонаи дорои 300 кат, беморхонаи атфол, сохтмони бунгоҳҳои тибби ба итмом расонида шуда, қисме аз маблағҳо барои амали гардонидани барномаи кӯмаки аввалияи тибби, беҳтар намудани хизматрасонии модар ва кӯдак равона карда мешавад.

Соҳаи муҳиме, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии на танҳо вилоят, инчунин тамоми ҷумҳури таъсири мусбат расонида метавонад, ин соҳаи энергетика мебошад. Дар ин соҳа таи солҳои 2005-2015 ҷалби умумии сармоягузориҳои хориҷи дар ҳаҷми 1 млрд. 54,7 млн. долл. ШМА дар назар дошта шудааст. Қисми асосии маблағи мазкур барои ба итмом расондани сохтмони НОБ "Сангтӯда 1" ва "Сангтӯда 2" бо ҷалби сармоягузориҳои мустақими Федератсия Россия ва Ҷумҳурии Исломи Эрон дар ҳаҷми 544 млн. долл. ШМА дар назар дошта шудааст, ки дар натиҷаи он иқтидори энергетикии ҷумҳури 910 МВт зиёд мегардад. Мутобиқи Барнома дар давраи амали гардонии сохтмон ва барқарорсозии хатҳои интиқоли барқ бо дарозии 485,5 км ба анҷом расонида шуда зерстансияҳои "Лолазор"-"Обимазор", "Сангтӯда" ва зерстансияи маҷмӯъии "Хатлон" ба итмом расонида мешаванд. Инчунин дар ин давра корҳои барқарорсози дар нерӯгоҳҳои оби-барқии "Норак", "Бойғози", "Сарбанд", "Шар-Шар", ,Маркази, ва стансияи гарми-барқии ,Ёвон, ба итмом расонида мешаванд. Бо мақсади ба роҳ мондани истихроҷи нафту газ дар давраи иҷроиши Барнома корҳои кофтукови ва геологи дар майдонҳои Ялгизкак, Қашқақум, Қизилтумшуқ ва Саргазону Олимтой ба маблағи 28,3 млн. долл. ШМА ба итмом расонида мешаванд. Дар ин давра инчунин дар ҳудуди вилоят як нерӯгоҳи обии барқии хурд бо иқтидори 480 кВт ба итмом расонида мешавад.

Соҳаи дигаре, ки тараққиёти иҷтимою иқтисодии вилоят аз он вобастагии калон дорад, ин соҳаи нақлиёт мебошад, ки барои рушди он ҷалби сармоягузориҳои хориҷи таи солҳои 2005-2015 дар ҳаҷми зиёда аз 133 млн. долл. ШМА дар назар дошта шудааст. Дар давраи иҷроиши Барнома бо истифодаи маблағҳои мазкур барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб дар дарозии 170 км, сохтмони нақб дар ағбаи "Шар-Шар" бо дарозии 1,9 км, сохтмони қитъаи Анҷироби поёнии роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб бо дарозии 15,6 км, барқарорсозии роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ бо дарозии 60 км ба итмом расонида шуда сохтмони хати нави роҳи оҳани Кофарниҳон-Ёвон шурӯъ карда мешавад.

Дар соҳаи ҳифзи иҷтимои ва меҳнат таи солҳои 2005-2015 ҷалби умумии сармоягузориҳои хориҷи дар ҳаҷми 2,5 млн. долл. ШМА дар назар дошта шудааст. Маблағи мазкур барои дастрас ва васл намудани ченкунакҳои гази табий ва барқарор намудани ҳолати меъёрии шабакаҳои магистралии газтаъминкунии вилоят равона шудаанд.

Рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят аз рушди соҳаи саноат вобастагии калон дорад.

Бо ин мақсад дар давраи иҷроиши Барнома ба мақсади сохтмони корхонаҳои нави саноати ва азнавсозии корхонаҳои амалкунанда ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷи бо маблағи 748,2 млн. долл. ШМА дар назар дошта шудааст.

Лоиҳаи муҳиме, ки ба рушди саноти вилоят такони муҳим медиҳад, ин сохтмони заводи истеҳсоли алюминий дар ҳудуди вилоят бо маблағи 600 млн. долл. ШМА аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "РусАл"-и Федератсияи Россия мебошад, ки иқтидори солонаи истеҳсолии он 200 ҳазор тонна алюминийро ташкил медиҳад.

Дар ин давра бо истифодаи маблағҳои мазкур барқарорсози ва сохтмони заводу сехҳо оид ба барориши консерваю сабзавот, барқароркунии хати технологи барои истеҳсоли хишти пухта, сохтмони фабрикаи ресандаги, ташкили истеҳсоли бофандаги ва дӯзандаги ба итмом расонида мешавад.

Дар ин давра дар самти туризм 3 млн. долл. ШМА, маблағгузори дар назар дошта шудааст.

Иҷроиши Барнома бо ҷалби сармоягузориҳои хориҷи ба рушди иқтисодию иҷтимои ва кам намудани сатҳи камбизоати дар шаҳру навоиҳои вилоят мусоидат менамояд (замимаи 3).

7. Бозори истеъмолӣ

Барномаҳои ислоҳоти иқтисодие, ки солҳои охир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор доранд, ба беҳтар гаштани сатҳи иҷтимоии аҳоли, таъмини рушди устувори иқтисоди нигаронида шуданд.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисоди милли ва муайянкунандаи сатҳи зиндагии аҳоли афзоиши савдои чакана ва хизматрасонии пулаки ба шумор меравад.

Дар давраи солҳои 1990-2000 дар натиҷаи дигаршавии шаклҳои моликият ва паст рафтани сатҳи истеҳсолоти корхонаҳои саноати, вазъи соҳаи савдо ва хизматрасони душвор гардид.

Он тағйиротҳое, ки дар ҳаёти сиёсию иқтисодии минтақаи Хатлон ба амал омадаанд, таъсири бевоситаи худро ба соҳаи савдо ва хизматрасони низ расониданд.

Ҳаҷми гардиши моли чакана ва хизматрасонии пулаки дар давраи солҳои 1991-2001 хеле паст гардида, дар соли 2000 нисбати соли 1991 (бо нархҳои соли 2000) 20,8 маротиба ва ҳаҷми хизматрасонии пулаки 27,1 маротиба кам шуда, мутаносибан 4,8 ва 3,7 фоизи ҳаҷми соли 1991-ро ташкил дод.

Рушди устувори иҷтимоию иқтисодии солҳои охир дар вилоят бевосита ба афзоиши савдои чакана ва хизматрасонии пулаки таъсири мусби расонид.

Мувофиқи маълумотҳо ҳаҷми умумии истеҳсоли мол дар соли 2004 145 млн. сомониро ташкил дода, нисбати соли 2000-ум 3 маротиба афзоиш ёфт.

Музди миёнаи меҳнат дар соли 2004-ум 39,04 сомониро ташкил дод, ки ин дар муқоиса нисбати соли 1995 - 43,9 маротиба, нисбати соли 2000 - 4 маротиба зиёд аст.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки ин омилҳо ба зиёдшавии ҳаҷми гардиши моли чакана ва хизматрасонии пулаки оварда расонид. Махсусан аз соли 2002 сар карда, ҳаҷми гардиши моли чакана ва хизматрасонии пулаки бо суръати баланд афзоиш меёбанд (бо нархҳои муқоисави, соли 2002- 119.5 фоиз, соли 2003 - 131.7 фоиз, соли 2004 - 149.5 фоиз).

Бо назардошти заминаҳои воқеъи дар назар аст, ки ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана дар ҳамаи соҳаҳо дар соли 2005 нисбат ба соли 2000 ба андозаи 5 маротиба, дар соли 2010 нисбат ба соли 2005 - 1,5 маротиба, соли 2015 нисбат ба соли 2010 - 1,8 маротиба афзоиш хоҳад ёфт. Ҳаҷми хизматрасониҳои пулаки ба аҳоли низ мутаносибан, 13,6 маротиба, 1,6 маротиба ва 1,7 маротиба зиёд мегардад.

Дар давраи солҳои 2001-2015 ҳаҷми гардиши савдои чакана бо нархҳои амали 13,6 маротиба, бо нархҳои муқоисави 4,5 маротиба ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулаки мутаносибан 38,7 ва 6,3 маротиба зиёд хоҳад шуд. Хизматрасонии муассисаҳои хӯроки умуми бештар хоҳад гашт.

Чи тавре ки маълум аст, баҳодиҳии мо дар заминаи коҳишёфтаи нишондиҳандаҳои бӯҳронии солҳои 90-ум сурат мегирад. Аз ҳамин сабаб ба суръати баланди афзоиш нигоҳ накарда, гардиши савдои чакана ва хизматрасонии пулаки дар соли 2015 (бо нархҳои соли 2015) дар вилояти Хатлон мутаносибан 21,8 фоиз ва 14,9 фоизи нишондиҳандаи соли 1991-ро ташкил медиҳад.

Аз тарафи дигар дараҷаи таъмини бозори истеъмоли бо молҳои ниёзи мардум пеш аз ҳама ба фаъолияти соҳаҳои саноат ва кишоварзи вобаста аст.

Мувофиқи дурнамои соли 2015 истеҳсоли молҳои ниёзи мардум нисбати соли 2000 - 9,5 маротиба зиёд хоҳад шуд, аз он ҷумла: гӯшт - 2,8 маротиба; шир - 2,4 маротиба; тухм - 23,9; гандум - 1,9; равғани растани - 3,3; картошка - 4,2; қолин ва маҳсулоти қолини - 5,2; маҳсулоти дӯзандаги - 4,7 маротиба.

Афзоиши нишондодҳои мутлақи бозори истеъмоли дар ҷадвал оварда шудааст.

* ҷадвал оварда намешавад

Ҳаҷми гардиши савдои чакана ва хизматрасонии пулаки ба ҳар сари аҳоли дар соли 2010 нисбати соли 2000 (бо нархҳои амали) 6,1 ва 18,1 маротиба, дар соли 2015 нисбати соли 2000 - 9,4 - 26,7 маротиба афзоиш хоҳад ёфт.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бозори истеъмолии вилоят дар оянда низ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли молҳои истеъмоли, хизматрасонии пулаки аз дохили кишвар, инчунин аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми воридоти таъмин мегардад.

Дар натиҷаи афзоиши босуръати даромадҳои пули дар сохтори истеъмолот ҳиссаи маҳсулотҳои ғизонокиаш баланд меафзояд. Сифати истеъмолии гурӯҳи асосии молҳои хӯрока беҳтар хоҳад шуд. Фурӯши гӯшт ва маҳсулоти ҳасиби дар соли 2015 нисбат ба соли 2000 - 13,2 маротиба, шир ва маҳсулоти шири - 6, тухм ва маҳсулоти тухми - 13,5 маротиба бештар хоҳад гашт.

Талабот ба ашёи таъиноти маданию маиши ва молҳои хоҷагию рӯзгор, ки истифодаашон дарозмӯҳлат мебошад, зиёд хоҳад гашт.

Фурӯши ашёҳои барқи дар соли 2015 нисбати соли 2000 - 16 маротиба, молҳои хоҷаги - 47 маротиба, автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётии он - 26 маротиба, газворҳо -11 маротиба, ҷӯробу пайпоқ - 10 маротиба, пойафзол - 15 маротиба бештар мегарданд.

Дар сохтори татбиқи хизматрасониҳои пулаки низ пешрави ба вуҷуд меоянд.

Ҳаҷми хизматрасониҳои маиши, нақлиёти мусофиркаш, соҳаи маориф бо суръати баланд афзоиш хоҳанд ёфт.

Барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои пешбини гардидаи рушди бозори истеъмолии вилояти Хатлон асосан омилҳои зерин таъсири худро расонида метавонанд:

- фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоати ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаҳо;

- барҳам додани монеъаҳои рушди соҳаи соҳибкори, хусусан соҳибкории хурд, ки барои таъмини ҷойҳои кории нав ва таъмини даромади иловагии аҳоли мусоидат менамояд;

- рушди истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ва ба рақобат тобовар дар ҳудуди вилоят, кам намудани монеъаҳои кашонидани молҳо аз дигар минтақаҳои ҷумҳури;

- зиёдшавии маблағҳои муҳоҷирони меҳнатие, ки аз дигар давлатҳо ба шаҳрвандони вилоят меоянд;

- пешрафти савдои наздисарҳадии вилоят бо Афғонистон;

- қабул ва амал намудани қонун "Дар бораи стандартҳои иҷтимоии минимали", ки барои рушди хизматрасониҳои пулаки асоси қонуни мегузорад.

Дар солҳои 2005-2015 барои рушди бозори истеъмоли ва хизматрасони асосан чунин омилҳо мусоидат менамоянд:

- сохтмони заводи нави алюминий, мувофиқи Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "РусАл"- и Федератсияи Россия,

- сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқии "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" бо иштироки сармоягузорони давлатҳои Россия ва Эрон,

- сохтмони 2 пул дар дарёи Панҷ (дар ноҳияҳои Панҷ ва Фархор мувофиқи лоиҳа),

- ташкили хизматрасониҳо ба аҳоли ва корхонаҳои вилоят, инчунин барои нақлиёту мусофирони ба Афғонистон гузаранда.

8. Фаъолияти иқтисоди хориҷӣ

Барномаи мазкур барои солҳои 2005-2015 дар асоси таҳлили тамоюли рушди савдои хориҷии вилояти Хатлон бо мамлакатҳои дуру наздик дар соли 2003, баҳодиҳии соли 2004 ва татбиқи Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то 2015 саҳеҳ намуда асос карда шудааст.

Аз рӯи маълумотҳои омори расми ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон сол аз сол афзоиш ёфта истодааст.

Дар соли 2000 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон (ғайри содироти қувваи барқ) 59,4 млн. доллари ШМА-ро ташкил карда бошад, дар соли 2005 ҳаҷми он 173,4 млн. доллари ШМА ташкил менамояд.

Ҳаҷми умумии содирот дар чор соли охир хело афзоиш ёфта, соли 2005-ум 109,3 миллион доллари ШМА-ро бояд ташкил намояд, ки ин аз ҳисоби зиёдшавии содироти маҳсулоти асоси - нахи пахта мебошад. Соли 2000 нахи пахта ба миқдори 54,4 ҳазор тонна ва соли 2003 ба миқдори 85,8 ҳазор тонна коркард карда шуд. Мутаносибан соли 2000-ум 26,4 ҳазор тонна ва соли 2003-ум 82,5 ҳазор тонна нахи пахта содир карда шуд.

Дар содироти мол мавқеи бештарро пахта - 93,6 фоиз, ресмон - 1,1 фоиз, нуриҳои минерали - 1,9 фоиз, маҳсулоти кимиёви - 1,2 фоизро ишғол менамоянд.

Ҳаҷми умумии воридот дар соли 2005 дар муқоиса бо соли 2000-ум 2,6 маротиба афзуда 64,1 миллион доллари ШМА-ро ташкил медиҳад.

Дар воридот ҳиссаи маҳсулоти сӯзишвори - 44,0 фоиз, нуриҳои минерали - 14,4 фоиз, гандум - 5,6 фоизро ташкил медиҳанд.

Дар ояндаи дарозмуддат таъмин намудани суръати устувори афзоиши сатҳи гардиши савдои хориҷи вазифаҳои стратегии сиёсати иқтисодии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Стратегияи тараққиёти сохтори иқтисодии хориҷии вилояти Хатлон пеш аз ҳама барои ноил шудан ба чунин мақсадҳо равона хоҳад гашт:

- дастгирии соҳаҳои анъанавии ба содирот равонашаванда ва соҳаҳои наве, ки воридоти устувори асъорро барои ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисоди ва пардохти қарзҳо таъмин карда тавонанд;

- беҳтар кардани сохтори содирот, афзоиши ҳиссаи маснуоти тайёри рақобаткунанда ва нимтайёр, кам кардани самти ашёии содирот;

- рушди соҳаҳои ивазкунандаи воридот барои қонеъ гардонидани талаботи бозори дохили, кам кардани вобастаги аз воридоти молҳое, ки истеҳсоли онҳоро дар ҳудуди вилоят ба роҳ мондан мумкин аст;

- ташкили механизмҳои самараноки дастгирии давлати ва ҳавасмандгардонии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, ба кӯмаки кредитҳои имтиёзнок пешниҳоди грантҳо ва кафолатҳои имтиёзи, суғурта аз риск, истифодаи ҳамаҷонибаи фишангҳои тарифи ва ғайритарифи барои дастгири ва ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватани;

- таҳкими назорати давлати ба содироти молҳои аз нигоҳи стратеги муҳим ва ба воридот нигаронидашуда, пеш аз ҳама ба хариди техника ва технологияи пешқадам;

- фаъол сохтани корҳои иттилооти ва тағриботи оид ба ҷалби сармояи хориҷи барои рушд ва таҳкими қудрати содиротии иқтисодиёти вилоят;

Гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон дар соли 2005 - 173,4 млн. доллар, соли 2010 - 478,2, соли 2015 - 776,6 млн. доллари ШМА-ро ташкил хоҳад дод, афзоиши он дар тамоми давра, яъне соли 2015 нисбати соли 2000-13.1 маротиба пешбини мешавад.

Тамоюли фаъолияти иқтисодии хориҷии вилоят то соли 2015 аз рӯи иқтидорҳои мавҷудаи содироти муайян мегардад. Бинобар ҳамин самти асосии стратегии тезонидани фаъолияти иқтисодии хориҷии вилоят дар солҳои наздик ва дур рушди соҳаҳои мавҷудаи ба содирот нигаронидашуда хоҳад гашт.

Масъалаи ҳалкунанда дар сиёсати иқтисоди хориҷи рушди содирот ва таҳкими пояи он ба ҳисоб меравад. Зарурати рушди содиротро, ки амалан манбаи ягонаи воридшавии асъори устувори хориҷи ба ҳисоб меравад, пардохти ӯҳдадориҳо оид ба қарзи хориҷи ва зарурати ба таври умуми таҷдид намудани техника ва технология, воридоти молҳои дар мамлакат истеҳсол нашаванда тақозо менамояд.

Аз рӯи нақшаи стратеги сиёсати содироти дар ояндаи дарозмуддат барои дар бозорҳои беруна фурӯхтани молҳое, ки аз рӯи онҳо вилоят бартари дорад ва барои ба сатҳи рақобатнок баровардани корхонаҳои ватани равона хоҳад шуд.

Барнома афзоиши содиротро дар соли 2005 назар ба соли 2000 - 3.1 маротиба, мутаносибан соли 2010 ба соли 2005 - 2.2 маротиба ва соли 2015 ба соли 2010 - 2 маротиба пешбини менамояд. Дар айни замон содироти нахи пахта дар солҳои 2000-2015 - 2,4 маротиба зиёд хоҳад шуд. Ҳаҷми воқеии он дар соли 2005 - 71,3 ҳазор тонна, дар соли 201065,7 ҳазор тонна, дар соли 2015 - 64,0 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод. Қисми зиёди маҳсулоти пахта, ки дар дохили вилоят коркард хоҳад шуд, ҳамчунин барои содирот истифода хоҳад гашт. Аз ҳамин лиҳоз, дар Барнома содироти ресмони пахтагин дар соли 2005 ба миқдори 1,0 ҳазор тонна ва баъд аз сохта ва ба истифодабари додани корхонаҳои коркарди нахи пахта дар ноҳияҳои Колхозобод, Ёвон ва Данғара дар соли соли 2010 ба миқдори 2,7 ҳазор тонна ва дар соли 2015 ба миқдори 3,1 ҳазор тонна пешбини шудааст.

Дар баробари нахи пахта маҳсулоти муҳими содироти нуриҳои минерали ба ҳисоб хоҳад рафт. Содироти нуриҳои минерали дар соли 2015 дар ҳаҷми 70,2 ҳазор тонна пешбини мешавад. Афзоиш дар соли 2015 дар муқоиса бо соли 2005 - 30.0 фоизро ташкил хоҳад дод. Ҳаҷми номбурда аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли нуриҳои минерали таъмин хоҳад шуд. Ба ғайр аз маҳсулоти кимиёви, маҳсулоти меваю сабзавот, қувваи барқ, пилла, маҳсулоти нассоҷи ва ғайра содир хоҳад карда шуд.

Дар Барнома инчунин содироти алюминияи аввалия дар соли 2010 ба миқдори 82,4 ҳазор тонна ва дар соли 2015 ба миқдори 174,6 ҳазор тонна ба ҳисоб гирифта шудааст, ки иҷроиши он аз ҳисоби ба истифодабари додани навбати I корхонаи алюминии Данғара то соли 2010 ва навбати II - ум дар соли 2013 дар назар дошта шудааст.

Содироти қувваи барқ дар соли 2015 аз ҳисоби ба истифода додани НОБ-ҳои "Сангтӯда - 1" ва "Сангтӯда - 2" ба назар гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии содирот дар соли 2015 - 3680 млн. кВт/соат пешбини шуаааст.

Суръати ҳамасолаи афзоиши содироти вилоят дар солҳои 2000-2015 -14,4 маротибаро ташкил хоҳад дод. Дар сурати мусоид будани талаботи нархҳои ҷаҳони барои молҳои содиршаванда ба пешбурди сиёсати самараноки давлати дар мавриди дастгири ва ҳавасмандгардонии содирот чунин суръат метавонад бештар гардад.

Аз сабаби он, ки вазифаҳои вусъати иқтидорҳои содиротии вилоят ва кам кардани заифии иқтисодиёти вилоят аз воридоти маҳсулот вобаста мебошад, Барнома ҳамзамон пеш бурдани сиёсати вусъати содироти ва афзоиши иқтидорҳои моливазкунандаи воридотиро дар бар мегирад.

Баҳри баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷи ва афзоиши иқтидорҳои содироти ба рушди соҳаҳои анъанави дар Барнома ба афзоиши молҳои рақобатнок, ташкили сикли ба ҳамдигар пайвасти ҷараёни истеҳсолот диққати махсус зоҳир мегардад. Ҳалли ин вазифа татбиқи ислоҳоти сохтори ва модернизатсияи бунёдии иқтисодиёти вилоятро тақозо менамояд. Бинобар ҳамин яке аз вазифаҳои афзалиятнок дар оянда ҳавасмандсози ва дастгирии соҳаҳое мебошад, ки молҳои ба рақобат қодир истеҳсол менамоянд.

Пешбини мешавад, ки имкониятҳои содироти комплекси меваю сабзавот ба таври пурра истифода шавад. Содироти маҳсулоти меваю сабзавот дар соли 2015 дар муқоиса бо соли 2000 - 5,8 маротиба афзоиш хоҳад ёфт.

9. Рушди туризм

Туризм барои вилояти Хатлон ҳоло аз худ накарда ба шумор меравад. Чунки то соли 1991 дар вилоят туризми дохили тараққи карда буд, инчунин истиқоматкунандагон зуд-зуд ба хориҷи кишвар бо роҳхатҳои туристи мерафтанд. Ҳоло туризми дохили ва туризми беруна инкишоф ёфта истодааст. Ҳозир дар вилояти Хатлон филиали ширкати туристии "Интурист-Тоҷикистон" ва бюрои экскурсиявию сайёҳи фаъолият карда истодааст.

Дар марҳилаи ҳозираи пешрафти ҷомеа инкишофи туризми байналмиллали бояд яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб равад.

Мавҷуд будани иқтидори бойи захирави, ки дар табиати зебои нотакрор, шароити мусоиди иқлими, ёдгориҳои фарҳангию таърихи, қадимаи кишвар ифода меёбанд, барои инкишофи туризми байналмиллали, бо дарназардоши ҳалли масоили ташкилии соҳа аз ҷониби сохторҳои давлати, заминаи боэътимод шуда метавонанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти муҳими проблемаи мазкур бо қарори худ аз 3 ноябри соли 2001 № 498 ҳудуди ноҳияи Балҷувонро минтақаи туризми байналмиллали эълон намуд, ки он ба инкишофи туризми минтақа (Балҷувон, Сари Хосор, Ховалинг) асос гузошт.

Инчунин маҷмӯии рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмиллали дар давраи солҳои 2002-2012 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2002 № 276) самаранокии эҳёи туризми байналмиллалиро дар минтақа пешбини намуда, масъалаҳои сиёси, иқтисоди, иҷтимои ва ташкили соҳаро дар бар мегирад.

Маблағгузории баъзе чорабиниҳои Барномаи маҷмӯии рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати туризми байналмиллали дар давраи солҳои 2002-2012, аз соли 2006 сар карда, аз ҳисоби ҷалби сармоягузорони хориҷи пешбини карда шудааст (анҷом додани роҳи автомобилгарди Балҷувон-Сари Хосор, тайёр намудани лоиҳаи азнавсозии қитъаи роҳи автомобилгарди Балҷувон-Сарипулак барқарор намудани майдони ҳавоии деҳаи Шаҳидони ноҳияи Балҷувон ва ғайра).

10. Ҳифзи муҳити зист

Дар шароити истифодаи интенсивии захираҳои табии "ҷароҳат"-ҳои худи табиат то андозае расиданд, ки номувофиқии қобилияти нодири вай барои барқарор намудани вазъи экологияи матлуб беш аз пеш аёнтар мегардад.

Аз ин рӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Э.Ш. Раҳмонов дар сессияи 55-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳофизати захираҳои об ва баланд бардоштани маълумоти экологи шаҳодати дарки вазъи имрӯзаи экологи буда, моро водор месозад, ки нисбат ба табиат муносибати эҳтиромона карданро хуб омӯзем.

Азбаски устувориву фаъолияти биосфера чун экосистемаи глобали ба қонунҳои экологии таъмини мувозитани моддаву энергия асос ёфтаанд, танҳо кӯшиши гурӯҳи алоҳидаи мутахассисон ё риояи меъёрҳои экологи дар минтақаҳои алоҳида ба натиҷаи матлуб оварда наметавонад. Асоснок намудани шаклҳои оқилонаи муносибатҳои табиату ҷомеа масъалаи муҳими ин давра мебошад.

Проблемаҳои иҷтимоию экологие, ки бо таназзули муҳити табии вобастаанд, дар ҳамаи минтақаҳои табиию иқтисоди мавҷуданд ва фақат бо он фарқ мекунанд, ки дар натиҷаи афзалияти ин ва он соҳа асос ёфтаанд. Дар минтақаҳои саноати ва муҳити зист, зарари аз ҳама бештар партовҳои ашёи зараровар ба атмосфера, партови обҳои ифлоси саноатию рӯзгор, дар хоҷагиҳои қишлоқ ифлоссозии манбаъҳои об ва талафоти захираҳои оби, деградатсияи заминҳои обёришаванда дар ноҳияҳои кӯҳистон, деградатсияи чарогоҳҳо, бо таври оммави буридани дарахтҳо, кам гардидани намудҳои гуногуни биологи ворид месозанд.

Ҳар сол барои корҳои ҳифзи муҳити атроф аз буҷети давлати зиёда аз 3 то 5 млн. сомони, аз ҷумла барои корҳои илмию тадқиқоти 20-30 ҳазор сомони маблағ ҷудо карда мешавад.

Ба мақсад мувофиқ мебуд, ки Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои ҷудошавандаро мақсаднок истифода бурда, барои рушду нумӯи экологи амали гардонанд.

Ифлосшавии фазо

Яке аз ногувориҳои глобалии имрӯза вазъи номусоиди атмосфера мебошад. Ҳамагуна гарду чанг, газҳо, хокистару дажғол (шлак)-и саноативу рӯзгор, партовҳои радиоактиви ва ғайра ифлоскунандаҳои моддианд, ки дар навбати худ механики (гарду чанги фулузот, оҳансову аррамайда), кимиёви (ишкору эмульсия, газҳои карбону сулфид ва ғайра), биологи (бактерия, вирусҳо, обсабзҳо) мешаванд.

Байни манбаъҳои ифлоскунандаи муҳит ангиштсанг, нефту газ дар ҷои авваланд.

Дар вилояти Хатлон ба ҳисоби миёна дар як сол моддаҳои ифлоскунандаи фазо 10-13 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд, ба ҳисоби миёна ба ҳар як сар аҳолии вилоят 0.012 - 0.015 тонна рост меояд. Ҳаҷми миёнаи моддаҳои ифлоскунанда ба партовгоҳҳо дар вилоят 5,5 - 6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Ба қатори корхонаҳои минтақаи Хатлон, ки ба ҳавои атмосфера нисбатан миқдори зиёди партовҳои заҳрнок мепартоянд: корхонаи муштараки "Кимиё", "Тоҷиказот", ҷамъияти саҳҳоимии шакли кушодаи "Трансформатор", корхонаҳои коркарди пахта, коркарди маъданҳои кӯҳи ва соҳаи энергетика дохил мешаванд.

Истеҳсоли алюминий ба корхонаҳое дохил мешавад, ки маҷмӯи зиёди маҳлулҳои ифлоскунандаро ба атмосфера мепартояд.

Дар вилояти Хатлон то соли 2013 сохтмони ду навбати заводи алюминий бо иқтидори 200 ҳазор тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст. Барои сохтмон инвеститсияи асоси аз ҳисоби ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "РусАл"-и Федератсияи Россия ба назар гирифта шудааст. Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "РусАл" ҷори намудани технологияи навтарин ва пешқадами ба талаботи байналхалқии экологи ҷавобгӯйро ба ӯҳда гирифта, гузаронидани экспертизаи байналмиллалии экологиро, ки таъсири истеҳсоли алюминийро ба муҳити атроф ба таври обективи баҳо медиҳад, ба нақша гирифтааст.

Дар оянда партовҳои нисбатан бештар дар атрофи корхона мушоҳида шуданашон мумкин аст ва онҳо дар як шабонарӯз 0,8 - 1,5 тонна фторро ташкил хоҳад дод.

Дар корхонаҳои ба заводи алюминий наздик буда, такшинҳои пайвастагиҳои газнок фтор метавонанд 39 фоиз, фторои сахт - 61 фоиз, дар масофаи 8-10 км такшини фторидҳои газмонанд - 80 фоиз, фторидҳои сахт бошад -15 фоизро ташкил медиҳад.

Фторидҳои ба ҳаво ҳаракаткунанда ба масофаи 10-12 км интиқол дода шуда, таҳшини онҳо ба рӯи замин меафтад.

Бо назардошти ҳачми натиҷаҳои зиёди истеҳсолот, истифодаи методҳои муосири технология ва дастгоҳҳои пешгирикунандаи нигоҳдорандаи моддаҳои ифлоскунанда маҷмӯи партовҳо ба фазо аз корхонаи заводи нави алюминий на он қадар зиёд хоҳад буд.

Партовгоҳҳо

Манбаъи пайдоиши партовҳо гуногун буда, ба равиши истеҳсоли саноати ва шумораи аҳоли зич алоқаманд мебошад. Партовҳои сатҳи маиши аз ҳамаи намуди хоҷагидори пайдо мешавад.

Аз ин рӯ яке аз масъалаҳои ҳалталаби рӯз ин масъалаи муносибат бо партовҳо мебошад.

Дар вилояти Хатлон 20 адад партовгоҳ ба ҳисоб гирифта шудааст, ки масоҳати умумии 46 гектарро дар бар мегирад, ки ба ҳисоби миёна ҳар сол 570-600 ҳазор тонна партовҳо бароварда мешаванд. Ҳолати партовгоҳҳо бошад ба талаботҳои санитарию экологи ҷавобгӯй нестанд. Яъне дар бисёре аз ин партовгоҳҳо шиносномаҳои техникии нигоҳубини шабонарӯзи, барқ, алоқа, таъмини об, чоҳҳои назорати мавҷуд набуда атрофашон маҳкам карда нашудаанд ва ҳатто безараргардонии партовҳо гузаронида нашуда, партовҳо бе банавъҷудокуни ҷойгир карда мешаванд, ва аз экспертизаи давлати нагузаштаанд.

Аз солҳои 1990-1992 сар карда ин партовҳо ба ҷои таиншуда бароварда намешаванд. Дар натиҷа ин камбудиҳо ба он оварда расонидааст, ки дар ҳудуди вилоят дар майдони 10,5 га ҳаҷми 126586 м3 партовҳои ғайрирасми ҷойгир карда шудаанд. Барои беҳбудии ҳолати партовгоҳҳо ва муҳити зисти вилоят пеш аз ҳама бояд:

- ҳуҷҷатҳои партовгоҳҳо ба расмият дароварда шавад;

- идораҳои хоҷагии манзилию коммунали ҳаматарафа бо таҷҳизот таъмин карда шавад;

- ҳолати партовгоҳҳои безараргардонии заҳркимиёҳои ноҳияи Вахш аз тарафи идораи дахлдор ба расмият дароварда шавад;

- ҳамаи партовгоҳҳо аз экспертизаи давлатии экологи гузаронида шаванд;

- дар маҳал ва ҷамоатҳо партовгоҳҳои расми ташкил карда шавад.

Ҳолати заминҳои вилоят

Майдони умумии замини вилояти Хатлон 2247839 гектарро ташкил медиҳад, аз ҷумла оби - 318166 га, заминҳои корам - 341771 га, аз он оби 244433 га, ниҳолҳои бисёрсола 20919 га, чарогоҳҳо - 1121555 га, заминҳои кишоварзи 1504141 га, аз ҷумла оби - 266156 га.

Заминҳои аз гардиши кишоварзи берун монда дар ҳолати 1 январи 2005 сол 3546 га, аз он ҷумла оби - 2358 га, заминҳои шӯрзада ва ботлоқшуда 76 гектарро ташкил менамоянд.

Дар вилояти Хатлон (ба 1 январи соли 2005) 28341 га заминҳои обёришаванда дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративи қарор дорад.

Азхудкунии заминҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии он яке аз муҳимтарин проблемаи рӯзмарраи соҳаи агросаноатии вилоят буда на танҳо барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзи ва зиёд шудани ҷои кор барои аҳолии ин минтақа мусоидат менамояд, балки масъалаҳои иҷтимоии дар ин самт буда низ ҳалли худро меёбад.

Дар оянда то давраи соли 2015 дар як қатор ноҳияҳои вилоят ба мисоли Қубодиён, Н. Хусрав, Колхозобод, Қумсангир, Шаҳритус, Панҷ, Данғара, Фархор ва Ховалинг азхудкунии заминҳо пешбини шудааст.

Инчунин барои корҳои мелиоративию ирригатсиони аҳамияти хоса дода шудааст. То давраи соли 2015 ҳолати мелиоративии заминҳо дар майдони 28341 беҳтар карда мешавад. Маҳдуд ва мутташаниҷ будани ҳолати иқтисодии вилоят барои азхудкардани майдони зиёд қудрат надорад.

Кормандони соҳаи обтаъминкунии вилоят низ дар назди худ вазифа гузоштанд, ки барои фаъолияти хуби системаи обёрикунанда ҳамаи кӯшишу ғайрати худро равона созанд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар ноҳияҳои Н. Хусрав, Шаҳритус ва Қубодиён истифода бурдани майдони ҷангалзорҳои хати муҳофизати қариб хароб гардидааст, ки ин боиси ба эрозияи боди гирифтор шудани заминҳои оби гардидааст. Барои бад нашудани ҳолати заминҳои ин мавзеъ аз таъсири шамолу бод, бояд фавран ҷангалзорҳо барқарор карда шаванд.

Дар қаламрави вилоят заминҳои корами оби ва бекор кам истифода бурда мешаванд. Дар бисёр ноҳияҳо ҳолати мелиоративии заминҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯй нестанд. Хусусан заминҳои ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадони, дар минтақаи Қӯрғонтеппа бошад ноҳияҳои Н. Хусрав, Шаҳритус, Қубодиён, Ҷилликӯл ва Колхозобод.

Заминҳои ноҳияҳои Ёвон, Хоҷамастон, Гозималик ва Данғара ба эрозияи оби дучор шудаанд.

Аз ин лиҳоз барои пурра, оқилона ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо ба Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани чунин чорабиниҳо заруранд:

- ташкили системаи самаранок амалкунандаи мониторинги истифодаи замин ва истифодаи об,

- ташкили хадамоти худмаблағгузори оид ба татбиқи усулҳои пешқадами истифодаи замин ва истифодабарии об,

- дар давраи ояндабини бетонкунии магистрали ирригатсиони каналҳо анҷом дода шавад,

- гузариши батадриҷ ба истифодаи усулҳои пешқадами обёри (қубури, борони, қатраги), бо мақсади қатъи равандҳои эрозияи замин аз об ва кам кардани андозаи истифодабарии об,

- ба таври дақиқ риоя намудани технология ва усулҳои агротехники ҳангоми истифода бурдани замин ва об дар давраи иҷрои корҳои кишоварзи.

Дар минтақаи Қӯрғонтеппа 24363 га масоҳати заминҳои ғайри қаноатбахши мелиоративи вуҷуд дорад, ки то соли 2015 ҳолати мелиоративии ин заминҳо беҳтар карда мешавад. Барои гузаронидани ин кор ҳамаги 17054,8 ҳазор сомони маблағ лозим аст.

Дар минтақаи Кӯлоб айнан ҳамин хел заминҳо 3978 га буда, барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо 2784.6 ҳазор сомони лозим аст.

Ҷамъ барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 28341 га заминҳои вилояти Хатлон 19839.4 ҳазор сомони маблағ бояд сарф карда шаванд.

То давраи соли 2015 дар вилоят зиёда аз 14,7 ҳазор га заминҳои нав аз худ карда мешавад.

Бинобар ин Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи дурнамои ҳарсола ин корҳоро ба нақша гирифта, якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфт намудани маблағ чораҳои зарури бояд андешанд.

Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда

Баробари ба таназзул дучор шудани муҳити табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти ташкил намудани мамнӯъгоҳҳои табий ва парваришгоҳҳои табий ба миён омад.

Айни замон дар қаламрави вилояти Хатлон ду мамнӯъгоҳи табиии давлати - мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон" ва мамнӯъгоҳи "Дашти Ҷум", арзи вуҷуд дорад. Гайр аз ин дар ҳудуди вилоят 4 парваришгоҳи табии "Каратов", "Чил духтарон", "Норак" ва "Дашти Ҷум" фаъолият менамояд.

Дар мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои вилоят намудҳои зиёди наботот ва олами ҳайвонот мавҷуд мебошад. Аз олами ҳайвонот дар мамнӯъгоҳҳо бузи пармашох, хирси малла, шерпаланг, силовсин, ҷайра, гавазни бухорои, гӯсфанди кӯҳии бухорои, калламуш, заргӯш ва дигар намудҳо зиндаги мекунанд. Аз ҳайвоноти нодир дар ҳудуди парваришгоҳҳо гурги кафтор (полосатая гиена), уриал, ҷайран, леопард, паланги барфи, хирси маллаи тиёншони, саги оби (выдра) ва намудҳои дигар, аз хазандагон сагмор, гурза, мори оби, мори чопор, мори кубро ва намудҳои гуногуни калтакалосҳо, аз паррандагон - кабк, лайлаки сиёҳ, уқоб, балобан, бородач дучор мешаванд.

Олами набототи мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо рангин буда, асосан буттаю дарахтони мухталифро дар бар мегирад, ки аз дӯлонаю писта, чормағз, зирк, қоту олуча, шулаш, фарк, тулоҳ, анҷиру хурмо, анор ва дигар намудҳо мерӯянд.

Дар фаъолияти имрӯзаи мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои табии проблемаҳои зерин вуҷуд доранд:

- аз сабаби нокифоя будани маблағ таи 14 соли охир дар онҳо ҳисоботи аниқи саршумори олами ҳайвонот ва наботот гузаронида нашудааст;

- корҳои илми-ҷустуҷӯи ва озмоиши солҳои охир гузаронида нашудааст;

- мониторинг ва кадастри онҳо бурда намешавад;

- ҳолати техникии онҳо, таъминот бо таҷҳизоти озмоиши дар сатҳи паст қарор дорад;

- дар мамнӯъгоҳҳо осорхонаҳо аз байн рафтаанд;

- то имрӯз мамнӯъгоҳҳо минтақаҳои буфери надоранд. Ба мақсади беҳбуд бахшидан ба фаъолияти мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо зарур аст, ки Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳалли барои гузаронидани корҳои зерин чораҳо андешанд:

- ба ҳамаи мамнӯъгоҳҳо минтақаҳои буфери ҷудо карда шавад;

- гузаронидани экспедитсияи илми оиди ба қайдгирии ёдгориҳои табий дар парваришгоҳҳо;

- гузаронидани ҳисоботи заминҳои фонди мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо ва ҳамзамон омода намудани ҳуҷҷатҳои ҷангалсози;

- таъсис додани парваришгоҳи табиии "Панҷ" дар майдони 18000 га дар ноҳияи Панҷ бо мақсади ҳифзи гӯсфандони кӯҳии бухори (уриал) ва навъҳои беҳтарини писта.

11. Рушди соҳибкории хурд ва ҷараёни хусусмгардонии моликияти давлатӣ

Дар тезонидани ҷараёни мӯътадилсозии макроиқтисоди ва расидан ба суръати баланди рушди иқтисоди нақши асосиро рушди соҳибкории хурд мебозад. Дар вилояти Хатлон, теъдоди корхонаҳои амалкунандаи соҳибкории хурд дар соли 2004 ба 218 адад расидааст. Шумораи коргарон дар ин корхонаҳо дар соли 2004 бошад 8000 нафарро ташкил дод. Маблағи умуми аз фурӯши маҳсулот 5,4 млн. сомониро ташкил дод.

Бояд қайд кард, ки дар бахши рушди соҳибкории инфироди саҳми ташкилотҳои микрокредити зиёд мебошад. Аз ин рӯ қисми зиёди аҳоли дар Идтиҳодияи "Ситораи наҷот", Фонди "Развития", Ташкилоти ғайридавлатии "Меҳрангез", Барномаи Озуқаи Созмони Миллали Муттаҳид ва аз Бонкҳои тиҷорати қарзҳои хурд гирифта, фаъолияти худро пеш мебаранд.

Аз дурнамои соли 2005 муайян мегардад, ки теъдоди соҳибкории инфироди дар вилояти Хатлон нисбати соли 2000 ба 126 фоиз зиёд мешавад. Агар дар соли 2003 теъдоди соҳибкории инфироди дар вилоят 11,8 ҳазор нафар бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2004-ум 11,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад (замимаи 4).

Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи рушди соҳибкори дар вилоят соҳаҳои савдо, истеҳсоли маҳсулотҳои нони ва қанноди, хизматрасонии маиши, сохтмон ва хизматрасонии нақлиёти тараққи карда истодаанд.

Хусусигардонии моликияти давлати элементи аввалиндараҷаи дигаргунсозиҳои давраи гузариш ба иқтисодиёти бозоргони буда, барои расидан ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо ва ҳамдастии онҳо дар мӯътадилсозии молияви, бо ҷойҳои нави кори таъмин намудани аҳоли ва афзун кардани бозори истеъмоли равона шудааст.

Аз соли 2000 то охири соли 2004 дар вилоят 422 иншооти моликияти давлати аз ҷумла, 397 корхонаҳои хурд ва 25 корхонаҳои миёнаю калон хусуси гардонида шудаанд.

Дар айни замон ҷараёни хусусигардонии моликияти давлати дар вилоят тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 486 "Дар бораи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2007" амали шуда истодааст (замимаи 4).

12. Рушди соҳаи иҷтимоии илм, тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ

Яке аз омилҳои муҳими тараққиёти бемайлони иҷтимоию иқтисодии вилоят дар давраи то соли 2015 ин рушди илму техника ва ҷори кардани технологияи пешқадам мебошад, ки он ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ ва паст кардани сатҳи камбизоати мусоидат менамояд.

Шартҳои зарурии ба даст овардани ин ҳадафҳо чунинанд:

- эътирофи илм ба сифати соҳаи муҳими иҷтимои, ки сатҳи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи вилоятро муайян мекунад;

- ҳавасмандсозии фаъолияти инноватсионии корхонаҳое, ки технология ва истеҳсолоти навтарини илмталаби сарфакунандаи захираҳо, энергия ва меҳнатро истифода мекунанд;

- рушди иқтидори илмию техники дар минтақа;

- ҷалби сармояи хориҷи барои инкишофи минбаъдаи илму техника, азхуд намудани технологияи навтарин ва намудҳои нави маҳсулот.

Бо назардошти вазъи воқеи ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят самтҳои зерини афзалиятноки рушди илмию техникии онро ҷудо кардан мумкин аст:

Дар соҳаи иҷтимоию иқтисоди:

- таҳияи дурнамо, барнома, лоиҳа ва консепсияҳои миёнамӯҳлату дарозмӯҳлати ноҳияҳо;

- тайёр кардани консепсияи илмии ҳифзи иҷтимои, шуғли аҳоли ва индексатсияи даромадҳои дар давраи гузариш истифодашаванда.

Дар соҳаи комплекси агросаноати:

- ҷори кардани низоми боэътимод ва аз ҷиҳати экологи мутобиқи пешбурди корҳои кишоварзи дар вилоят;

- азхудкунии заминҳои бекорхобидаи доманакӯҳҳо;

- дар пояи саноати қарор додани соҳаи кишоварзи;

- селексияи навъҳои серҳосилу мутобиқи зироатҳои кишоварзи бо истифодаи усулҳои пешқадами генетикию тухмипарвари;

- истифодаи усулҳои муҳандисии гени ва биотехнологи дар кишоварзи;

- пешгирии бемориҳои махсусан хавфноки чорво дар асоси омӯзиши этнология, таҳияи усулҳои пешгири ва табобат бо истифодаи доруҳои нав;

- гузариш ба истифодаи технологияҳои аз нигоҳи экологи безарари сарфакунандаи захираҳо, истифодаи васеи усулҳои биологи ва мубориза бо ҳашароти зараровари кишоварзи ва бемориҳо;

- таҷдид ва рушди саноати коркард, озуқа ва сабук бо мақсади истифодаи ҳаматарафаи ашёи хоми кишоварзи, кам кардани воридоту афзоиши содироти маҳсулоти тайёр.

Дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетики:

- таҳияи усулҳои пешқадами азхудкуни ва истифодаи оқилонаи ашёи карбогидрат;

- дадёфти роҳҳои беҳтари сарфаи энергия дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти вилоят;

- асосноккунии илмии роҳҳои минбаъд баланд бардоштани коэффисиенти кори фоиданоки дастгоҳҳои мавҷудаи гармидиҳанда ва энергетики;

- афзалият додан ба имкониятҳои техникии истифодаи захираҳои ғайрианъанавии энергетики (қувваи офтоб, шамол, нерӯи дарёҳои хурд, сарчашмаҳои зеризамини ва сӯзишвории биологи).

Дар соҳаи тандурусти ва ҳифзи муҳити зист:

- вусъати тадқиқотҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии сабабҳои асосии фавти модарон - заҳролудии бемаҳал ва хунрави, таваллуди кӯдакони камвазн, табобати камхунии занони қобили таваллуд, табобати бемориҳои диарея ва сирояти шадиди роҳи нафаси кӯдакон, танзими оила;

- муайян кардани роҳҳои фаъол кардани пешгирии касалиҳои хавфноки сирояти, махсусан гепатит, домана, гулӯзиндонак, вараҷа, сил ва бемориҳои бо роҳҳои алоқаи ҷинси гузаранда;

- вусъати таҳияҳо дар соҳаи пешгирию табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгузар, эндокрини (касалии қанду камйоди), онкологи, гастроэнтрологи ва бемориҳои касби;

- тайёр кардани доруҳои нави таъсирбахш дар заминаи ашёи маҳалли;

- омӯзиши муҳити зист, таҳияи чорабиниҳои ҳифзи табиат ва барқарорсозии он.

Дар соҳаи технологияи иттилооти ва идора:

- истифодаи низоми иттилооти барои намунасози ва идора дар соҳаҳои саноат, кишоварзи ва экология;

- таҳия ва истифодаи системаҳои таҷрибавии иттилооти барои баҳогузории нишондиҳандаҳои сифатии иқтисоди, ҷараёнҳои иҷтимои ва технологи.

Ҳалли самараноки масъалаҳои ҷойдошта дар соҳаи илм, мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии марказҳои илмию тадкиқоти ва пурзӯр намудани дастгирии давлатии илмро пешбини менамоянд.

Дар ҳалли ин масъалаҳо дар баробари муассисаҳои тадқиқоти-илмии ҷумҳури Маркази илмии Хатлон, Пойгоҳи илмии хокшиноси, Маркази таҷрибавии зироатҳои субтропикии Вахш, Хоҷагии таҷрибавии лимӯпарварии ба номи Н. Қарабоев, Маркази илмию тадқиқотии Колхозобод, Маркази муҳандисии Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусрав саҳм мегузорад.

Ҳаҷми умумии маблағгузории ин муассисаҳо барои соли 2005 - 248,3 ҳазор сомони, соли 2010 - 633,3 ҳазор сомони ва соли 2015 -1090,5 ҳазор сомони, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлати барои соли 2005 - 89,3 ҳазор сомони, соли 2010 - 163,3 ҳазор сомони ва соли 2015 - 250,9 ҳазор сомони ва корҳои шартномави барои соли 2005 - 159 ҳазор сомони, соли 2010 - 470 ҳазор сомони ва соли 2015 - 840,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2000 - 14,8 маротиба зиёд аст. Ҳаҷми маблағгузории буҷети дар соли 2015 нисбат ба соли 2000 - 30,5 маротиба зиёд мешавад.

Шумораи коргарон дар ин соҳа дар соли 2005 - 278 нафар, соли 2010 - 379 нафар ва 2015 - 511 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбати ба соли 2000 - 2,8 маротиба зиёд мебошад.

Бо назардошти эҳтиёҷи вилояти Хатлон ба кадрҳои баландихтисос қабул ба аспирантура дар соли 2005 - 65 нафар, хатм - 47 нафар, соли 2010 қабул - 100 нафар, хатм - 83 нафар, соли 2015 қабул - 150 нафар, хатм 130 нафарро бояд ташкил диҳад.

Татбиқи ин тадбирҳо имконият фароҳам меоварад, ки иқтидори кадри ва илмию техники барои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят истифода бурда шавад.

Маориф

Бо мақсади иҷрои Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоати бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004, № 291 "Дар бораи Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004-2009" қабул карда шудааст, ки он ислоҳоти тартиби маблағгузории соҳа, идоракуни ва ба талаботи рӯз мувофиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи нақшаю барномаҳои таълимиро дар бар мегирад.

Тибқи қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2004 меъёри сарбории таълимию омӯзгори барои муаллимони синфҳои як ва чор 18 соат, барои омӯзгорони синфҳои 5-11 16 соат дар як ҳафта муқаррар шуда, музди меҳнати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умуми ба андозаи 25 фоиз баланд бардошта шудааст.

Бо мақсади такмил додани тартиби идора ва маблағгузории муассисаҳои таълимии умумии ҷумҳури қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2004, № 441 "Дар бораи ба шаклҳои нави идора ва маблағгузори гузаронидани муассисаҳои таълимии умумии шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳри Хоруги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Ваҳдат, қабул карда шуд, ки мувофиқи он аз 1 январи соли 2005 ба тариқи озмоиш муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлобу ноҳияи Ёвон ба шакли нави маблағгузори (аз рӯи меъёри хароҷот ба ҳар як хонанда) гузаронида шуда, маблағгузории муассисаҳои таълими умумии шаҳру ноҳияҳои мазкур аз рӯи феҳрасти (сметаи) алоҳидаи тасдиқшуда ва тавассути хазинадории шаҳрию ноҳияви ба амал бароварда мешавад.

Самтҳои стратегии рушди низоми миллии маориф то давраи соли 2015 аз инҳо иборат аст:

- бо назардошти анъанаҳои таърихию фарҳанги тақвият бахшидан ба тарбияи ахлоқию ватандӯсти ва худогоҳии миллии ҷавонон;

- таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар ҷодаи гирифтани таҳсилот, алалхусус духтарону фарзандони оилаҳои камбизоат ва кӯдакони касалманд;

- дастгири ва тақвияти рушди муассисаҳои таълимии ғайридавлати;

- рушди ҷараёни компютерикунони ва иттилооткунонии раванди таълим, таъмин намудани муассисаҳои таълими умуми бо адабиёти таълимию методи ва лабораторияҳои озмоиши;

- ислоҳоти низоми тайёр кардан, бозомӯзи ва такмили ихтисоси роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умуми;

- таҳияи чорабиниҳои аввалиндараҷа оид ба барқарорсози ва таъмири асосии биноҳои мактабҳои деҳот;

- баланд бардоштани нуфузи таҳсилот тавассути истифодаи воситаҳои муосири техникию технологии таълим ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳони, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самаранок ва рақобати солим дар байни мактабҳои таҳсилоти умумии давлати ва ғайридавлати;

- ба шаклҳои нави идоракуни ва маблағгузори гузаронидани дигар муассисаҳои таълими умумии вилоят;

- баланд бардоштани саҳми ҳукуматҳои маҳалли дар ҳалли масъалаҳои маориф, дастгирии молиявию модди, маишию манзилии онҳо.

Ҳалли масъалаҳои мазкур омили асосии ободии ҷомеа мебошад, зеро танҳо маълумоту дониши кофи арзишҳои волои ҷамъиятро дар сатҳи зарури нигоҳ дошта, гановату рушди онро кафолат дода метавонад.

Бинобар ин рушди соҳаи маориф, алалхусус дар бачагон ташаккул додани муҳаббат ба ватан, ҷаҳди гирифтани дониши ҳаматарафаю амиқ оид ба таъриху фарҳанги халқи худ ва арзишҳои умумиҷаҳони, бо назардошти дастовардҳои навини техникию технология, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ба стандартҳои ҷаҳони наздик кардани онҳо мақсади асоси дар ин самт мебошанд.

Афзоиши шумораи табии аҳолии вилоят, пешомади рушди соҳаҳои саноату кишоварзи ва танзими оила дар давраи то соли 2015 меъёрҳои асосии барқарорсози, бунёди шабакаҳои томактаби ва муассисаҳои таҳсилоти умуми ба ҳисоб меравад. Таҳлили маводи мавҷуда ва раванди афзоиши табии аҳоли шаҳодат медиҳад, ки дар соли 2015 шумораи кӯдакон дар муассисаҳои томактабии вилоят бештар аз 14.9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2000 - 58,5 фоиз зиёд аст. Шумораи таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти умуми ба 688,7 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2000 - 125 фоизро ташкил медиҳад, дар соли 2015 - 33,7 ҳазор нафар омӯзгорон ба таълиму тарбия машғул мешаванд, ки нисбат ба соли 2000 - 15,1 фоиз зиёд аст (замимаи 5).

Ин афзоиш дар соли 2015 аз ҳисоби ба истифода додани мактабҳои таҳсилоти умуми барои 12,5 ҳазор ҷой таъмин карда мешавад.

Тайёр кардани кадрҳо

Тайёр намудани кадрҳо яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати стратегии давлат буда, ҳарчи бештар қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти милли ба мутахассисони таҳсилоти оли, миёна ва ибтидоии касби, такмил ва ислоҳи низоми он, ворид шудан ба фазои ягонаи меъёрҳои байналмилалии таҳсилот мақсади асосии он мебошад.

Барои бомуваффақият ҳал намудани масъалаҳои стратегии зикршуда мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 лозим аст:

- танзим ва такмили сохтори мактабҳои оли, миёна ва ибтидоии касби;

- таъмин намудани ҳамгирои ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилали;

- ҷалб намудани инвеститсияҳои ватанию хориҷи ба раванди тайёр намудани кадрҳои ба талаботҳои ҳозиразамон ҷавобгӯй;

- дар сатҳи давлати доштани мақоми устувори маблағгузори;

- озод намудани муассисаҳои таълими аз ҳамаи намудҳои андозсупори;

- назорат аз болои раванди мақсаднок тайёр намудани мутахассисон ва истифодаи бомароми онҳо;

- кам кардани шумораи қабули донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои кӯҳнашуда ва ба ҷои онҳо ҷори намудани ихтисосҳои нав;

- ба танзим даровардани қонунгузори оид ба хизматрасонии пулаки дар раванди таълим;

- бо назардошти талаботи воқеии иқтисодиёти милли тайёр намудани кадрҳо.

Вилояти Хатлон яке аз калонтарин марказҳои маъмурии ҷумҳури буда, фаъолияти корхонаю муассисаҳои дар он амалкунанда соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллиро дар бар мегирад. Вобаста ба ин иқтисодиёти вилоят ба мутахассисони маълумоти оли, миёна ва ибтидоии касбидошта эҳтиёҷ дорад.

Ин эҳтиёҷро, махсусан ба кадрҳои омӯзгори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъмин менамоянд.

Тибқи созишномаҳои байниҳукумати бо ворид намудани инвеститсияи хориҷи рушди соҳаҳои саноати вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст, ки ин пеш аз ҳама аз ба анҷом расонидани сохтмони нерӯгоҳҳои барқии Роғун, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, сохтмони заводи алюминий ва дигар корхонаҳои саноати иборат аст. Барои таъмини ин корхонаҳои бузург бо мутахассисони ҳам дорои таҳсилоти оли ва ҳам миёнаю ибтидоии касби дар қатори дигар муассисаҳои таълими Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода, Коллеҷи политехникии шаҳри Қӯрғонтеппа, литсеи техники саноатии № 59-и шаҳри Турсунзода, Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Сарбанд омода ҳастанд. Ҳамчунин ин марказҳои таълими метавонанд барои мутахассисон ва коргарони касби аз рӯи ихтисосҳои зарури курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзи ташкил намоянд.

Тибқи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар барои соли 2005 дар мактабҳои оли ва филиалҳои дар вилояти Хатлон буда қабули 2900 нафар донишҷӯ пешбини шудааст, ки нисбат ба соли 2000 - 1,8 маротиба зиёд мебошад. Ин нишондод дар солҳои 2010 ба 3000 ва соли 2015 ба 3500 нафар хоҳад расид. Нишондоди соли 2015 ба 2,2 маротибаи соли 2000 баробар аст.

Шумораи хатмкунандагони ин муассисаҳои таълими дар соли 2005 ба 1,5 ҳазор, соли 2010 ба 2,6 ҳазор ва соли 2015 ба 2,7 ҳазор мерасад, ки нишондодҳои соли 2005 нисбат ба соли 2000 - 115,3 фоиз, соли 2010 нисбат ба соли 2005 - 173 фоиз, соли 2015 нисбат ба солҳои 2010 ва 2000 мутаносибан 104 фоиз ва 208 фоиз мебошад. Шумораи умумии донишҷӯён дар онҳо дар соли 2005 ба 13,2 ҳазор, соли 2010 ба 14,3 ҳазор ва соли 2015 ба 15,6 ҳазор хоҳад расид (замимаи 5).

Бо назардошти рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва таъмин намудани талаботи минтақа бо кадрҳои баландихтисос дар солҳои 2006-2010 сохтмони комплекси иншоотҳои таълими, яъне филиали Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва Донишгоҳи энергетики дар шаҳри Қӯрғонтеппа бояд ба нақша гирифта шуда, ба истифода дода шавад.

Ҳамзамон дар вилояти Хатлон 13 муассисаҳои миёна ва 20 муассисаҳои ибтидоии касби фаъолият доранд, ки мутахассисони хурд ва коргарони соҳибкасбро тарбия менамоянд. Соли 2005 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касби аз рӯи 27 ихтисос қабули донишҷӯён дар ҳаҷми 2,3 ҳазор нафар ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2000 - 128 фоизро ташкил медиҳад. Ин рақамҳо дар соли 2010 ба 2,4 ҳазор, соли 2015 ба 2,8 ҳазор нафар хоҳад расид.

Шумораи хатмкунандагони ин намуди муассисаҳои таълими дар соли 2005 - 1,8 ҳазор, соли 2010 - 2,1 ҳазор ва соли 2015 - 2,2 ҳазорро ташкил медиҳад, ки ин дар соли 2005 нисбати соли 2000 - 147,0 фоиз ташкил медиҳад. Дар ин муассисаҳои таълимии вилоят шумораи умумии донишҷӯён ба 8 ҳазор дар соли 2005 - 8,4 ҳазор дар соли 2010 ва ба 9,2 ҳазор дар соли 2015 мерасад.

Дар мактабҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилоят аз рӯи 37 ихтисос кадрҳои коргарии соҳибмаълумот тайёр карда мешаванд. Дар соли 2005 ба мактабҳои таҳсилоти ибтидоии касби қабули 4,5 ҳазор, соли 2010 - 4,7 ҳазор ва соли 2015 - 4,9 ҳазор (нисбат ба соли 2000 - 120,0 фоиз) хонанда дар назар аст. Ҳамзамон шумораи хатми онҳо дар соли 2005 ба 4 ҳазор, соли 2010 ба 4,1 ҳазор ва соли 2015 ба 4,3 ҳазор хоҳад расид (замимаи 5).

Дар баробари ин бо мақсади тайёр намудани мутахассисони маълумоти олидошта, ташкили ихтисосҳои нав дар заминаи донишгоҳҳои олии вилоят дар назар аст, он асосан аз рӯи ихтисосҳои техникию технологи, хизматрасони дар соҳаи савдо, хӯроки умуми, нақлиёту алоқа ва соҳаи кишоварзи ба амал бароварда мешавад.

Ҳамчунин бо тақозои замон ислоҳоти куллии низоми таҳсилоти ибтидоии касби оғоз гардида, вобаста ба талаботи имрӯзаи рушди ҷомеа тарбияи кадрҳои соҳибкасби коргарии ба сохтор ва мундариҷаи бозори меҳнат ҷавобгӯй ба роҳ монда мешавад.

Тандурустӣ

Низоми соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар кишварҳои собиқ Шӯрави, ки ба меъёрҳои миқдори нигаронида шуда буд, ба талаботи тағйиротҳои иҷтимоию иқтисодии хоси давраи гузариш мутобиқ шуда натавонист ва ин ба вазъи сиҳатии аҳолии кишвар таъсири манфи расонид.

Дар нақшаи рушди соҳаи тандурусти ба бунёди сохторҳои захираталаб, аз қабили беморхонаҳо, дармонгоҳҳои махсус аҳамияти зиёд дода мешуд. Дар ҳолате, ки талаботи аҳолии камбизоат пеш аз ҳама бояд бо ёрии аввали тиббию санитари (тақвияти тандурустии аҳоли ва пешгирии бемориҳо) қонеъ гардонида шавад.

Ботадриҷ паст шудани вазъи сиҳатии аҳоли, нобаробарии одамон дар масъалаи истифода аз хизмати тибби ва ҳифзи саломати зарурати гузаронидани ислоҳотро дар соҳаи тандурусти ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳони мувофиқ кардани сифати хизматрасонии тиббию санитариро ба миён овард.

Бо мақсади ислоҳи вазъ ва танзими хизматрасонии тиббию санитари қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004 № 279 "Дар бораи танзими хизматрасонии тиббию санитарии ройгон ва пулаки аз ҷониби муассисаҳои давлатии системаи тандурусти ба аҳолии ноҳияҳои Варзоб ва Данғара" қабул карда шуд, ки он ба таври озмоиш татбиқи Барномаи кафолати давлатии таъмини кӯмаки ройгони тиббию санитари ба аҳолии ноҳияҳои Варзоб ва Данғара ва тартиби хизматрасонии тиббии пулаки дар муассисаҳои соҳаи тандурусти ба аҳолии ноҳияҳои Варзоб ва Данғараро пешбини менамояд.

Барнома ҳифз ва беҳдошти саломатии аҳолии вилоятро дар асоси қонеъ гардонидани талаботи ҳар як шаҳрванд, хусусан табақаҳои камбизоати аҳоли бо ёрии тиббии дастрас, ки ба сатҳи ҷаҳони наздик аст, ба назар мегирад.

Бинобар ин, рушди соҳаи тандурусти бо назардошти талаботи Матритсаи сиёсати Ҳукумат оид ба Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоати ва ҳадафҳои Рушди ҳазорсола дар қаламрави вилоят дар давраи то соли 2015 бояд самтҳои зеринро дар бар гирад:

- аз тарафи давлат таъмин намудани ҳаҷми кафолатноки хизматрасонии ройгони тиббии аҳоли, махсусан табақаҳои камбизоат;

- гузариш ба таҷрибаи маблағгузор ба сари ҳар як нафар аҳоли бо назардошти коэффисиентҳои махсуси сохтори, синну сол, ҷинс, таваллуд, марг, хусусиятҳои ҷуғрофи ва маблағгузории беморхонаҳо аз рӯи принсипи табобати бемор;

- ташкили заминаҳои меъёрию ҳуқуқи ва шароитҳои ташкилию иқтисоди барои баланд бардоштани сифату самараи хизматрасонии тибби;

- ба амал овардани ислоҳоти сохтори, ташкили бозори хизматрасонии тибби ва ҳавасмандсозии рушди бахши ғайридавлатии тандурусти;

- баланд бардоштани самараи низоми идора ва истифодаи захираҳои давлатии молияви, инчунин маблағҳои дар барномаҳои мақсаднок оид ба мубориза бар зидди бемории сил, СПИД, касалии канд, бемориҳои онкологи, инчунин барномаҳои дастгирии модару кудак пешбинишуда;

- инкишофи афзалиятнок ва баланд бардоштани сифати ёрии аввалияи тибби санитари, ки бо принсипҳои тибби оилави асос ёфтааст;

- баланд бардоштани сифати расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитари ба занони синну соли қобили таваллуд, занони ҳомила ва атвол, ки ба қонеъ гардонии эҳтиёҷоти асосии онҳо нигаронида шудааст;

- пешгирии сабабҳои асосии фавти модарон, табобати камхунии занони қобили таваллуд, танзими оила;

- гузаронидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон дар масъалаҳои солимии репродуктиви ва танзими оила;

- тайёр кардани доруҳои нав заминаи ашёи маҳалли.

- таблиғи тарзи ҳаёти солим ва паҳн намудани иттилоот дар бораи пешгирии бемориҳо, ғизои солиму қобили қабул ва бехатар тавассути воситаҳои ахбори умум ва кормандони тибб;

- татбиқ намудани хизматрасонии тиббию санитарии ройгон ва пулаки дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят;

- ҷалб намудани маблағҳои ғайрибуҷави (грант, кредит ва ғайра) барои рушди соҳа;

- таъмин намудани аҳоли бо оби нӯшокии тоза;

- рушди барномаҳои маърифати оид ба мубориза бар зидди бемориҳои сирояти.

Дар доираи Барнома эҳтиёҷи асосии аҳоли, махсусан табақаҳои камбизоат ба хизматрасони дар доираи кӯмаки аввалияи санитарию тибби бо роҳи пешниҳод намудани доираи васеи хизматрасониҳо дар соҳаи нигаҳдори ва тақвияти саломати, табобат ва барқарорсозии оқибатҳои бемори, инчунин бо дастгирию рушди фаъолияти шахсони алоҳида, оилаҳо ва гурӯҳи одамон оид ба худхизматрасони қонеъ гардонида мешавад, инчунин аз тарафи ҳукуматҳои вилояти ва шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби маблағҳои маҳалли ва даромадҳое, ки илова ба маблағҳои муқарраргардида ба буҷаи маҳалли ворид мешаванд, ба муассисаҳои тандурусти расонидани ёрии амали (таъмири биноҳо, дарёфти техникаи тибби ва ғайра) ва қадр намудани меҳнати кормандони соҳаи тандурусти аз ҷиҳати маишию манзили пешбини карда мешавад.

Дар доираи ислоҳот то соли 2015 афзун намудани иқтидори муассисаҳои амбулаторию дармонгоҳи ва то 22,6 ҳазор қабул дар як баст, ё ба 119,6 фоиз нисбат ба соли 2000 расонидани он дар назар дошта шудааст.

Дар соли 2015 то ба 715 адад, ё худ дар муқоиса ба соли 2000 ба 103,3 фоиз расонидани миқдори хонаҳои тибби пешбини мешавад.

Инчунин дар соли 2015 ба аҳоли 3,5 ҳазор нафар духтурон ва 10,6 ҳазор нафар кормандони миёнаи тибби хизмат мерасонанд, ки нисбат ба соли 2005 мутаносибан 152,2 фоиз ва 130,9 фоизро ташкил медиҳад

Афзун намудани иқтидори беморхонаҳо ва муассисаҳои амбулаторию дармонгоҳи асосан аз ҳисоби марказҳои муташаккили мубориза бар зидди бемориҳои сил, диарея, бемориҳои тропики ва ғайраҳо, азнавтақсимкунии маблағҳои барои ёрии аввалияи тиббию санитари ҷудошаванда, шаклҳои нави хизматрасони, омодасозии тарбияи хоҳарони шафқати оилави ва ба истифода додани беморхонаҳо барои 1150 кат ва муассисаҳои амбулаторию дармонгоҳии дорои 2155 қабул дар як баст ба амал бароварда мешавад.

Фарҳанг

Вазифаи асосии муассисаҳои фарҳанги ин пеш аз ҳама тарбияи ахлоқию ватандустии аҳоли дар рӯҳи арзишҳои миллию умумибашари ва дар ин поя ташаккул додани худогоҳии милли мебошад, ки ин дар навбати худ васеъ ва мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муасиссаҳои фарҳанги, ба қадри имкон бо технологияи нави ҳозиразамон ҷиҳозонидани матбааҳои вилоятию шаҳри ва ноҳияви, дастгири ва беҳбуди бахшидани соҳаи телевизион ва радиошунавониро дар вилоят тақозо мекунад.

Мувофиқи нишондодҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳури пояи моддию техникии театрҳои касби, китобхонаҳои оммави ва муасиссаҳои клубии дар ҳудуди вилоят буда, минбаъд ҳам мустаҳкам карда мешаванд.

Дар соли 2015 нисбат ба соли 2000 шумораи муассисаҳои клуби 5,8 фоиз, китобхонаҳои оммави 5,2 фоиз, шумораи театрҳои касби ва осорхонаҳо 2 маротиба, мактабҳои мусиқи 37,5 фоиз ва шумораи хонандагон бошад, 2,3 маротиба меафзояд.

Дар ин давра таъмир ва бо технологияи нав таҷҳизонидани матбааҳои ноҳиявию шаҳри пешбини шуда, шумораи умумии рӯзномаҳои интишоршаванда дар соли 2015 то 42 адад бо теъдоди умумии 26500 ҳазор нусха расонида хоҳад шуд, ки он нисбати соли 2000 - 44,8 фоиз номгӯй ва теъдоди нашри умумии онҳо 2,5 маротиба меафзояд.

Оид ба ҳифзу барқарорсозии мероси таърихию фарҳанги ва ёдгориҳои таърихии мавҷудаи вилоят, омӯзишу тарғиби онҳо гузаронидани корҳои археологи ва барқарорсозии онҳо тадбирҳои ҷидди андешида хоҳад шуд. Дар ин мӯҳлат хазинаи осорхонаҳо ғани гашта, дар 497 китобхонаи оммави миқдори зиёди адабиётҳои миллию ҷаҳони гирд оварда хоҳад шуд.

Рушди соҳаҳои телевизион ва радиошунавони то давраи соли 2015 дар асоси таҷдиди техникии заминаи мавҷудаи моддию техникии онҳо, таъмири асосии иншоотҳои ин соҳа, афзоиши шумораи барномаҳо ва ҳаҷми онҳо, ташкили низоми бисёрбарномавии пахш, ки имконияти интихоби барномаҳои радиою телевизионро дорад, сурат мегирад. Ҳаҷми пахши шабонарӯзии барномаҳои радиошунавони то соли 2015 ба 30 соат ё нисбати соли 200042,8 фоиз зиёд, пахши шабонарӯзии намоишҳои телевизион бошад 26,5 соат ё нисбати соли 2000 - 35,8 фоиз афзуда, барномаҳои телевизиони давлатии вилояти Хатлон бошад, ба 9,5 соат расонида мешавад, ки он нисбати соли 2000 - 38,0 фоиз зиёд аст.

Шуғли аҳолӣ

Сиёсати давлат дар соҳаи шуғл ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳоли" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2003, № 94 "Дар бораи тасдиқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2005", ки ба даст овардани мувозинат дар байни талабот ва пешниҳодоти қувваи кори, мусоидат намудан ба ташкили ҷойҳои кории иловаги, фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи шаклҳои гуногуни шуғл ва ғайра мақсади асосии он аст, равона шудааст.

Бо вуҷуди беҳтар гардидани вазъи бо кор таъмин намудани аҳоли, вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳоли ҳанӯз мураккаб аст. Сабаби асосии ба кори доими ҷалб нагардидани бекорон ин паст будани музди меҳнат, паст будани малакаи касбии бекорон ва ба талаботи онҳо ҷавобгӯй набудани касбу кори пешниҳодшуда мебошад.

Бинобар ин, дар баробари дар иқтисодиёти ҷумҳури мавҷуд будани ҷойҳои холии кори (дар соҳаи саноат - 3044, кишоварзи - 962, нақлиёт ва алоқа - 1942, сохтмон - 453, хоҷагии манзилию коммунали - 811, илм - 764 ва дигар соҳаҳо - 8075) ҳамзамон шумораи бекорон хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, ҷойҳои корие таъсис додан зарур аст, ки (аз нигоҳи иқтисоди мақсаднок) одамон бо истифода аз дастовардҳои илму техника ҳосилнокии баланди меҳнатро ноил гарданд ва барои қонеъ гардонидани талаботи шахсии худ имконият пайдо намоянд (музди корие дошта бошад, ки пурра оилаашро таъмин карда тавонанд).

Таъкид кардан зарур аст, ки суръати баланди афзоиши табии аҳоли ва зиёд шудани андозаи миёнаи оила ба паст шудани дараҷаи шуғли аҳоли оварда мерасонад ва ин хатар бояд тавассути воситаҳои ахбори умум, нашри адабиёт ва ташкили намоишҳо ба мардум фаҳмонда шавад.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар он минтақаҳое, ки соҳаи саноату инфраструктураи бозори ба таври бояду шояд тараққи намудааст, сатҳи некӯаҳволии мардум нисбатан хуб аст.

Бо назардошти мушкилоти мавҷуда метавон гуфт, ки дар марҳилаи имрӯзаи тараққиёти ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму асосии сиёсати давлат дар соҳаи шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум то давраи 2015 аз инҳо иборатанд:

- барқарор сохтан ва таҷдиди куллии техникию технологи он соҳаҳои саноат ва кишоварзи, ки то имрӯз фаъолияташон қатъ гардидааст;

- бо роҳи бунёди корхонаи хурд оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзи ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр ташкил намудани ҷойҳои иловагии кори дар минтақаҳое, ки захираҳои барзиёди меҳнати доранд;

- ҷудо намудани қарзҳои хурд ба маъюбони қобили меҳнат ва нафақахӯрон барои машғул шудан ба соҳибкори;

- дастгирии ташаббуси меҳнатии шаҳрвандон дар ҷодаи соҳибкори, кӯмаки молияви расонидан ва дастгирии меҳнати истеҳсоли ва эҷоди;

- мунтазам ташкил кардани ярмаркаи ҷойҳои холии кори бо иштироки намояндагони ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, новобаста аз шакли моликият;

- беҳтар намудани фаъолияти хадамоти шуғл ва таъминоти молиявии онҳо;

- муқаррар намудани квотаҳо барои корхонаҳо дар ҷодаи ба кор қабул намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат қобилияти рақобати озодро надоранд;

- ташкил ва рушди биржаҳои меҳнат ва марказҳои иҷтимоию меҳнати барои бонувон;

- бо назардошти манфиатҳои аввалиндараҷаи иқтисодию иҷтимоии вилоят танзим кардани муҳоҷирати хориҷии меҳнати;

- андешидани тадбирҳои зарури оид ба афзун намудани воридоти асъори аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнати ва истифодаи қисме аз ин даромадҳо барои ташкили ҷойҳои нави кори.

Мақсади асосии Барномаи мазкур баланд бардоштани сатҳи зиндагии гурӯҳҳои нисбатан нодори аҳоли мебошад, ки онро тавассути таъсиси ҷойҳои нави кори, андешидани чораҳои зарури оид ба касбомӯзии корҷӯён, ташкили корҳои ҷамъиятии музднок, васеъ намудани фаъолияти соҳибкори ва меҳнатии аҳоли тавассути додани қарзҳои хурд ба даст овардан мумкин аст.

Ин тадбирҳо барои ба истеҳсолот ҷалб намудани захираҳои меҳнати ва баланд бардоштани самараи истеҳсолот мусоидат хоҳад кард.

Бо назардошти татбиқ шудани тадбирҳои андешидашуда дар соли 2015 - 502,5 ҳазор нафар шаҳрванд бо ҷои кор таъмин карда мешаванд.

Чунончи, дар соҳаи саноату сохтмон дар соли 2015 шуғли аҳоли 42,0 ҳазор нафар ё 179,4 фоиз нисбат ба соли 2000 бештар мегардад.

Ба ин афзоиш васеъшавии доираи фаъолияти корхонаҳои амалкунанда, гузаронидани чорабиниҳо оид ба таҷдиди техники, аз нав кардани иқтидорҳои истеҳсоли, бо ҷалби сармояҳои хориҷи ба истифода додани иқтидорҳои нав ба монанди корхонаи истеҳсоли алюминий бо иқтидори истеҳсоли 200 ҳазор тонн алюминии аввалия дар як сол, комбинати бофандаги бо иқтидори коркарди 6 ҳазор тонна нахи пахта, нерӯгоҳҳои Сангтӯда 1, Сангтӯда 2 ва ғайра мусоидат мекунад.

Дар соли 2015 - 281 ҳазор нафар, ё 65.6 фоизи шумораи дар иқтисодиёт машғули кор будагон, дар соҳаи кишоварзи фаъолият мекунанд, ки нисбат ба соли 2000 - 114.0 фоизро ташкил медиҳад.

Ин зиёдшави асосан аз ҳисоби рушди хоҷагиҳои деҳқониву фермери, вусъати моликияти коллективи, азхудкунии заминҳои нав, васеъ кардани заминҳои оби, афзоиши саршумори чорвои маҳалли ва ғайра ба даст меояд.

Афзудани шумораи кормандон дар соҳаи савдо ва хӯроки умуми низ мушоҳида мешавад, ки он дар соли 2015 - 81 ҳазор нафар, ё нисбат ба соли 2000 - 3,8 маротиба зиёд мегардад.

Зиёдшавии шумораи кормандони ин соҳа асосан аз ҳисоби вусъати фаъолияти тиҷорати, афзоиши ҳаҷми хизматрасонии маишию иҷтимоии марказҳои тиҷорати ва хӯроки умумии бахши ғайридавлати сурат мегирад.

Дар соли 2015 шумораи коркунони соҳаҳои алоқа ва нақлиёт 8,5 ҳазор нафар, ё нисбат ба соли 2000 - 130,8 фоизро ташкил медиҳад.

Ин зиёдшави асосан аз ҳисоби азнавсозии роҳҳо, ба стандартҳои байналхалқи мутобиқ гардонидани онҳо, васеъ кардани шабакаҳои гуфтугӯи телефони, ҷалби сармояи хориҷи ва ғайраҳо мебошад.

Дар соли 2010 аз ҳисоби сохтмони нав 8,5 ҳазор нафар, таҷдид ва васеъкунии корхонаҳои амалкунанда 4,6 ҳазор нафар, барқароркунии иқтидори корхонаҳои аз кор баромада 13.1 ҳазор нафар ва дар соли 2015 мутаносибан 8,6 ҳазор нафар, 4,7 ҳазор нафар ва 10,4 ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин карда мешаванд.

Инчунин дар солҳои оянда (2010-2015) ҳамасола зиёда аз 15-20 ҳазор нафар ба корҳои мавсимии ҷамъиятии музднок, ба монанди ободони ва кабудизоркуни, обёрикунони, ҷамъоварии алафҳои табобати ва ғайра равона карда шудани шаҳрвандон ва васеъ намудани фаъолияти биржаҳои меҳнатии занон, мусоидат намудан ба рушди соҳибкори, таъсиси қарздиҳии хурди имтиёзнок дар сохтори мақомоти шуғли аҳоли ба назар гирифта шудааст.

IV. Натиҷаҳои татбиқи нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодиёти вилояти Хатлон дар солҳои 2005-2015

Татбиқи омилҳои асосии рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои 2005-2015, яъне суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати, кишоварзи, савдои чакана, хизматрасонии пулаки ба аҳоли, гардиши савдои хориҷи, сармоягузори ва дигар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят босуръат меафзоянд.

Дар солҳои 2005-2015 суръати афзоиши рушди иқтисодиёти вилояти Хатлон чунин пешбини шудаанд:

- аҳолии вилояти Хатлон дар соли 2015 назар ба соли 2005 дар сатҳи 128,1 фоиз зиёд шуда, 2783,1 ҳазор нафарро ташкил менамояд, дар ин ҳолат суръати миёнаи солона 2,8 фоизро ташкил менамояд;

- истеҳсоли маҳсулоти саноати дар соли 2015 3516,2 млн.-ро ташкил намуда (соли 2000 - 242,4 млн. сомони), суръати афзоиши реали назар ба соли 2000 - 14,5 маротиба зиёд мешавад. Рушд асосан бо суръати баланд дар асоси ба итмом расонидани сохтмон, ба кор андохтани иншоотҳои азими ҷумҳурияви дошта, яъне НОБ-ҳои Сангтӯда-1 ва Сагтуда-2, 2-заводи алюминий бо иқтидори 200 ҳазор тонна, заводҳои консервабарори, коркарди маҳсулоти нафти, васеъ намудани иқтидорҳои истеҳсолии соҳаи кимиё ва саноати сабук;

- маҷмӯи маҳсулоти кишоварзи дар соли 2015 назар ба соли 20053,8 маротиба афзуда, 1,9 млрд. сомониро (соли 2000 - 514,5 млн. сомони) ташкил менамояд;

- ҳаҷми гардиши савдои чакана дар соли 2015 ба 1119 млн. сомони расонида, (соли 2000 - 82,1 млн. сомони) суръати афзоиши реали нисбати соли 2000 -13,6 маротиба меафзояд;

- хизматрасонии пулаки ба аҳоли мутаносибан 836,6 млн. сомони (соли 2000-21,6 млн. сомони) бо суръати афзоиши реалии 38,8 маротиба меафзояд.

Суръати афзоиши ҳаҷми савдои чакана ва хизматрасонии пулаки асосан рушди истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ва ба рақобат тобовар дар ҳудуди вилоят, кам намудани монеъаҳои кашондани молҳо аз дигар минтақаҳои ҷумҳури, зиёдшавии маблағҳои муҳоҷирони меҳнатие, ки аз дигар давлатҳо ба шаҳрвандони вилоят меоянд; пешрафти савдои наздисарҳадии вилоят бо Афғонистон ва дигар омилҳо.

- гардиши савдои хориҷи дар вилоят дар солҳои 2005-2015 хеле вусъат меёбад. Дар ин давра ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷи, яъне дар охири соли 2015 - 814,2 млн. доллари ШМА-ро ташкил намуда, ҳиссаи содирот 540,8 млн. доллари ШМА-ро ва воридот 273,4 млн. долларро ташкил менамоянд. Дар ин ҳолат суръати афзоиш дар соли 2005-2015 нисбат ба соли 2000 мутаносибан содирот 15,5 маротиба ва воридот 11,1 маротиба рушд меёбад.

Зиёдшавии ҳаҷми содирот асосан аз содир намудани маҳсулоти алюминий, барқ, маҳсулоти кишоварзи ва коркарди он, инчунин маҳсулоти саноати кимиё ва сабук.

- дар солҳои 2005-2015 ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди вилояти Хатлон бо мақсади амали гардонидани 102 лоиҳаҳои сармоягузори 2041,2 млн. доллари ШМА сармоягузориҳои хориҷи ба назар гирифта шудааст, ки аз он 97,3 млн. долл. ШМА ба давраи соли 2005, 1349,3 млн. долл. ШМА барои солҳои 2006-2010 ва 594,6 млн. долл. ШМА ба давраи солҳои 2011-2015 таълуқ дорад.

- дар натиҷаи амали намудани тадбирҳо оиди ташкил намудани ҷойҳои нави кори ва бо кор таъмин намудани аҳолии вилоят дар панҷсолаи якуми Барнома (солҳои 2006-2010) - 26260, нафар ва дар панҷсолаи дуюм (солҳои 2011-2015) - 23840 нафар аҳоли бо кор таъмин мегарданд.

- Татбиқи бо муваффақияти Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои 2005-2015 имкон медиҳад, ки иҷрои параметрҳои рушди иқтисодиёти вилоят, ки дар Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 пешбини шудаанд, таъмин гардад.

Замимаҳо оварда намешаванд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои 2005-2015

Бо мақсади таъмини вазъи устувори иқтисодиёт, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар ояндаи дарозмӯҳлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои 2005-2015 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои ояндаи кӯтоҳмӯҳлат ва миёнамӯҳлат, инчунин таҳияи лоиҳаҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳалли нишондиҳандаҳои дар Барномаи мазкур пешбинишударо ба инобат гиранд.

3. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади амалӣ намудани нишондиҳандаҳои Барномаи мазкур тибқи тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии зарурӣ ва лоиҳаҳои сармоягузориро барои ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ таҳия намуда, ба Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

4. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараёни иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлонро дар солҳои 2005-2015 таҳти назорати қатъи гирифта, ҳар сол то 1 март оид ба рафти иҷрои ин қарор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 31 октябри соли 2005 № 420

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 октябри соли 2005 № 420

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои 2005-2015

Вилояти Хатлон

Мавқеи ҷойгиршави: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъсис дода шудааст: Соли 1992

Масоҳат: 24,8 ҳаз. км. кв.

Аҳоли - ҳамаги: - 2404,1 ҳазор нафар

- шаҳри 419,6 ҳазор нафар

- деҳот 1 984,5 ҳазор нафар

Зичии аҳоли: 96,9 нафар дар 1 км. кв.

Маркази маъмури: шаҳри Қӯрғонтеппа

Сарҳад: аз ғарб - Ҷумҳурии ӯзбекистон

дар ҷануб - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Иқлим: субтропики, континентали

Дарёҳо: Вахш, Панҷ, Қизилсӯ, Ёхсӯ

Захираҳои табий: нафту газ, тилло, оҳаксанг, гаҷ, намаки ош, ашёи хом барои саноати химия (оҳак, доломит), селестин

Масофаи байни шаҳри Қӯрғонтеппа - Душанбе - 100 км

Дар вилоят 25 шаҳру ноҳия, 21 Ҷамоати шаҳрак ва 133 Ҷамоати деҳот мавҷуд аст

Дар вилоят 170 корхонаи саноати мавҷуд аст, ки дар баланси мустақил қарор доранд.

Таносуби маҳсулоти онҳо дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатии ҷумҳури дар соли 2004-ум 31,4 фоиз аст.

Дар соли 2004 дар вилоят 15332 млн. кВт. соат қувваи барқ, 78,8 ҳазор кВа трансформаторҳои қуввати, 87 ҳазор тонна карбамид, 108,9 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол карда шудааст.

Дар ҳамаи категорияи хоҷагиҳои вилоят дар соли 2004-ум 342,7 ҳазор тонна пахта, 510 ҳазор тонна ғалладона, 116,9 ҳазор тонна картошка, 222,3 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст.

Дар вилоят 145 муассисаи тибби фаъолият мекунад. Ба аҳолии вилоят 2,3 ҳазор нафар табибони ҳамаи ихтисосҳо ва 7,6 ҳазор нафар кормандони миёнаи тибби хизмат мерасонанд.

Дар соли 2004-ум дар вилоят 103 муассисаҳои томактаби ва 1263 адад муассисаҳои рӯзонаи таҳсилоти умуми амал карданд.

Пешгуфтор

Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005-2015 мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 № 86 "Оид ба Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 августи соли 2004 № 341 "Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов, ки моҳи июли соли 2004 ҳангоми сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, вохӯриҳо бо фаъолони вилоятҳо баён шудаанд ва Ҳайати гурӯҳҳои кори" тартиб дода шудааст.

Қарор дар бораи таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар давраи солҳои 2005-2015 бо гузаштани иқтисодиёт ба муносибатҳои бозаргони, пешбинии болоравии нақши минтақаҳо, ташкили минтақавии ислоҳот, истифодаи самараноки захираҳои маҳалли вобаста аст. Дигаргуниҳои амиқи дар ҷумҳури ба амал оянда, манфиатҳои ҳамаи минтақаҳо, гурӯҳҳои иҷтимои ва табақаҳои аҳолиро дахолат мекунад. Натиҷаи тағйироти иқтисоди бояд рушди босуръати қувваҳои истеҳсолкунандаи кишвар ва минтақаҳои онҳо, эҷоди шароити мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкори гардад.

Дар оянда осонгарди ва баробаршавии минбаъдаи сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кишвар, бо назардошти иқтидорҳои табиию иқтисоди ва меҳнатии ҳар яки онҳо пешбини мешавад. Дар назар аст, ки махсусгардонии минтақави ва интегратсия пурқувват шавад.

Рушди қувваҳои истеҳсолии вилояти Хатлон дар оянда имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави кор ташкил гардида, сатҳи зиндагии аҳоли боло равад ва миқёси камбизоати паст гардад.

Дар ҳудуди нисбатан начандон калони вилоят мавҷуд будани захираҳои бойи маъдану ашёи, гидроэнергетики ва меҳнати ҳамзамон бо шароити нодири табиию обу ҳаво, ки барои истеҳсоли маҳсулоти пурарзиши кишоварзи ва ашёи озуқа мусоидат мекунанд, ҳамон маҷмӯи шароитҳои базавие ба ҳисоб мераванд, ки ҳамчун импулси доимию тағйирнаёбандаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят хизмат мекунанд.

Аҳамияти вилояти Хатлон дар иқтисодиёти кишвар на танҳо аз рӯи мавқеъ ва нақши он дар истеҳсолоти байниминтақави ва тақсимоти меҳнат, балки аз рӯи мавқеи геополитики ва географии он низ муайян мегардад.

Дар замони ҳозира тахассуси иқтисодии вилояти Хатлон ба таври умуми аз рӯи муҷтамаи пахтакори муайян мегардад. Дар ин ҷо 62-65 фоиз пахтаи дар ҷумҳури парваришшаванда ва муҳим он аст, ки 90 фоиз навъи пурарзиши маҳиннахи он истеҳсол карда мешавад.

Дар оғози солҳои шастуми қарни бист дар қаламрави вилоят рушди гидроэнергетика, саноати кимиёви шурӯъ гардид. Дар оянда соҳаҳои барои вилоят маъмули бо муҷтамаи самараноки соҳаи энергетика, мошинсози, саноати сабук ва хӯроквори такмил хоҳанд шуд. Рушди муназзами соҳаҳои иқтисодиёт саҳми назаррасе дар инкишофи иқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми асоснок сохтани дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят вазифаҳои зерини стратеги ба миён гузошта шудаанд:

- таъмини истифодаи ҳаддиаксари иқтидорҳои табий, захираҳои зудафзояндаи меҳнати, ташкили ҷойҳои нави кори ва кам кардани бекори;

- ба таври назаррас баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳоли ва кам кардани миқёси камбизоати дар деҳот.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар давраи то соли 2015 бо назардошти мақсадҳо, ҳудудҳо ва самтҳои асосии рушди иқтисодиёти кишвар, ки дар Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоати, Барномаҳои сармоягузориҳои давлати ва дигар барномаҳои соҳавии тасдиқ намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, таҳия гардидааст.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон бояд марҳилаи муҳими сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб равад, ки барои тезонидани суръати баланду муназзами рушди иқтисоди ва дар ҳамин асос ҳалли проблемаи паст кардани сатҳи камбизоати, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳоли ва кам кардани миқёси камбизоатии деҳот нигаронида шудааст.

I. Захираҳои табиӣ ва шароит

Вилояти Хатлон дар қисмати ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Он аз ғарб бо Ҷумҳурии ӯзбекистон, дар ҷануб бошад, бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст. Ҳудуди вилоят 24,6 ҳазор километри мураббаъро ташкил дода, шаҳри Қӯрғонтеппа маркази маъмурии он мебошад. Вилояти Хатлон дар шимолу ғарб бо қаторкӯҳҳои Боботоғ ва Туюнгай, дар шарқ бо Ҳазрати Шоҳ иҳота шуда, дар ҷануб бошад, бо дарёҳои сарҳадии Панҷу Аму ҳамҷавор аст. Ҳудуди вилоят аз нигоҳи геологи водии ҷавон аст (мезокайнозои), ки депрессияи тоҷики ном гирифтааст. Дар фарқият бо дигар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон, вилояти Хатлон аз қаторкӯҳҳои паст ва чуқуриҳо иборат аст. Байни қаторкӯҳҳои паст қаторкӯҳҳо бо чуқуриҳо ва водиҳои ҳамвору ноҳамвор ҷой гирифтаанд. Инҳо водиҳои Вахши поён, Кофарниҳони поён, Ёвон, Данғара, Фархор, Кӯлоб, Мӯъминобод ва Ховалинг мебошанд. Онҳо дар баландии аз 300-400 метр то 1200 метр ҷой гирифтаанд. Иқлими вилоят субтропики, континентали, дар кӯҳҳо бошад, вертикалию минтақави аст.

Дар ҳудуди вилояти Хатлон ду ноҳияи агроминтақави мавҷуданд. Ин ноҳияҳо дар фарқият бо дигар қисматҳои Тоҷикистон, аз рӯи баландии комили ҳудудҳои қабатҳои гарми ба ҳамдигар наздиканд.

Ноҳияи агроиқлимии Вахш ноҳияи гармтарини ҷумҳури мебошад, ки дар он захираҳои гарми имконият медиҳад, навъҳои маҳиннахи пахта парвариш карда шавад. Шароити рутубатноки дар ин ноҳия як хел нест. Водии соҳили дарёи Кофарниҳон нисбатан хушктар аст. Дар самти шарқ ва шимолу шарқ дараҷаи боришот зиёд мешавад. Водии Ёвон нисбатан рутубатноктар мебошад. Дар ҳолате, ки дар дигар минтақаҳо танҳо дар заминҳои оби ғалла мерӯёнанд, дар ин ҷо ғаллаи лалми парвариш кардан мумкин аст.

Ноҳияи агроиқлимии Қизилсу минтақаи хеле бой ва гарм аст. Шароити рутубатноки аз минтақаи Вахш дида мӯътадилтар аст. Омезишҳои мухталифи шароити гарми бо миқёс ва характери рутубатноки дар камари амуди боиси рушди мутаносиби қабати замин дар ҳудуди вилоят гардидаанд. Бо назардошти ҷойгиршавии қабати хок дар вилоят минтақаҳои Вахш ва Кӯлоб ҷудо карда шудаанд.

Минтақаи Вахш қисмати ғарбии байни минтақаҳои Ҳисор ва Кӯлобро фаро гирифтааст ва ба се ноҳия тақсим шудааст: 1) водии пахтакори; 2) доманакӯҳ - адири; 3) пасткӯҳию адири.

Ноҳияи водии пахтакор водиҳои Вахш, Ёвон, Обикиик, Кофарниҳони поён ва Бешкентро фаро мегиранд. Дар наздикии ҷойгиршавии обҳои зеризамини тирахоки марғзори шӯргашта ва шӯрзаминҳо рушд ёфтаанд. Дар поёнобҳо ва дар роҳҳои паст заминҳои аллювиали-марғзори ва аллювиали-туқайи ташаккул меёбанд.

Ноҳияи наздикӯҳию адири адирҳои пасти (наздикӯҳии) гӯшаҳои тамоми минтақаи Вахшро фаро мегиранд. Қабати хок тирхокҳои равшан ва маъмӯлиро ташкил медиҳанд. Дар конусҳои обовардаҳо ва дар маҳалҳои вайроншудаи релеф реги ин хокҳо зиёд аст. Заминҳои регзори Қародум ва Карҷалолкум пайваст гардидаанд.

Ноҳияи доманакӯҳи-адири ҳудуди қаторкӯҳҳои паст ва адирҳоро фаро мегирад. Заминҳо тирахоки обёришаванда ва зархоки карбонатии ҷанубии аксаран сангдор мебошанд. Қариб 92 фоизи майдони заминҳои ин ноҳия ба эрозия дучор шудаанд. Имкон дорад, ки дар заминҳои лалмии хокашон қаҳвагию карбонати боғу ангурзор бунёд карда шавад.

Минтақаи Кӯлоб водиҳои дарёҳои Қизилсу ва Ёхсу, як қисми водии соҳили дарёи Панҷро фаро гирифтааст. Ин ҷо ба чор ноҳия тақсим мешавад: 1) водии пахтакор; 2) адиру пасткӯҳи на он қадар рутубатнок;

3) ноҳияи байникӯҳии лалмикори; 4) ноҳияи баландкӯҳи рутубатноки чарогоҳҳои тобистона.

Водии пахтакор ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Мир сайид Алии Ҳамадони, Фархор ва Данғараро фаро мегирад. Дар қабати замин бештар заминҳои маъмули ва тирахок ба назар мерасад. Дар поёноби дарёҳо дар мавриди наздик будани обҳои зеризамини заминҳои аллювиали-тирахок, марғзору ботлоқ, аллювиали-марғзори, аллювиали-туқайзор, заминҳои сернамак-содадор ва миёна ҷой гирифтаанд.

Заминҳои маъмули ва тираи ин ноҳия бо хосиятҳои агрохимияви ва агрофизики, дараҷаи баланди ҳосилноки характерноканд.

Ноҳияи адири-пасткӯҳи (адирҳо ва қаторкӯҳҳои пасти Қаротоғ, Ҷалтоғ ва Сарсаряк дорои тирахок (маъмули ва тираи обёришаванда) ба дараҷаи мухталиф шусташуда мебошанд. Майдонҳои таҳти чунин хок қарордошта ҳамчун чарогоҳҳои зимистона ва заминҳои лалмии ғаллакори истифода мегарданд.

Ноҳияи рутубатноки заминҳои лалми ҳудуди шимоли Данғара, шимол ва шарқи Кӯлобро фаро мегирад. Заминҳои кӯҳи, қаҳвагию карбонати мебошанд, ки то 2000 метр баланди доранд, қисми зиёдашон сангзор ва эрозияви шудаанд.

Ноҳияи баландкӯҳи рутубатнок қисми зиёди қаторкӯҳҳои Вахш ва Ҳазрати Шоҳро ишғол кардаанд. Заминҳои ин минтақаи баландкӯҳ сангзор, марғзору биёбон ва қисман биёбон бо қисматҳои марғзору ботлоқ ва қисми зиёдашон эрозияшуда мебошанд. Онҳо ҳамчун чарогоҳҳои тобистона истифода мешаванд.

Характери кӯҳи ва водиги доштани маҳал, пурасрор будани релеф, мухталифии хеле зиёди шароит - аз инҳо растаниҳои вилояти Хатлон бо гуногуни ва ғановати худ фарқ мекунанд.

Флораи вахшии вилояти Хатлон бо растаниҳои барои одамон фоиданок боянд: онҳо хусусиятҳои доруги, рангомези, витаминдори, хӯроки ва ғайра доранд. Баъзеи онҳо ҷамъовари ва тайёр карда мешаванд, баъзеи дигарашон ҳамчун зироат мавриди истифода қарор мегиранд. Вале то ҳанӯз қисми ками растаниҳои фоидаовари табиат истифода мешаваду халос. Ин аз ба таври кофи омӯхта нашудани намудҳои гуногуни растаниҳо ва маҳсулнокии онҳо ва таркиби химияви вобаста аст, ки ба интихоби пурраи растаниҳои фоидаовар имкон намедиҳад.

Растаниҳои ғизои ва витаминдор ба қадри кофи мавҷуд ҳастанд, вале ҷамъоварии онҳо дуруст ташкил нашудааст. Дар ин ҷо зирк, зелол, пиёзи анзур, меваи чормағзи руми, олуча, гелос, дӯлона, инчунин чукри, ревоҷ, меваи хуҷ зира ва ғайра мерӯянд.

Вилояти Хатлон аз захираҳои оби бой аст. Дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Қизилсу дар ин ҷо ба як шоҳроҳи азим муттаҳид шуда, дарёи аз ҳама калонтарини Осиёи Маркази - Амударёро ташкил медиҳанд, ки он дар қаламрави вилоят ба масофаи 85 км ҷори мешавад. Резиши дарёҳои асоси нишондиҳандаи зеринро ташкил медиҳанд:

Панҷ дар резишгоҳ - 35,2 км. кв. дар 1 сол.

Дарёҳои азими Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон сарчашмаи омехтаи пиряхиву барфи доранд, бинобар ин дар давраи обери ниҳоят серобанд. Дар вақти обшавии барфҳо ва пиряхҳо дар онҳо қариб 80-90 фоизи резиши солона ҷори мешавад.

Дар баробари ин, дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Ёвонсу ва як қатор дарёҳои дигар, ки шохобҳои дарёҳои асоси мебошанд, манбаи барфию борони дошта, серобии онҳо дар мӯҳлатҳои фишурдаи барвақти - моҳҳои март-май мегузарад. Дар мӯҳлати боқимондаи сол, яъне дар давоми 8-10 моҳ хараҷоти ками пастоби мушоҳида мешавад. Ҳолати мазкур барои бо об таъмин намудани ноҳияҳои нав обёришаванда зарурати партовҳои байниҳавзавии резиши дарёҳоро дар қаламрави вилояти Хатлон пеш меорад. Масалан, оид ба партофтани қисми маҷрои Панҷ ба ҳавзаи Қизилсу, аз Вахш ба водиҳои Ёвону Данғара лоиҳаҳо татбиқ шудаанд. Гузаронидани тадбирҳои минбаъдаи хоҷагии об барои рушди соҳаҳои кишоварзиву саноатии вилоят пешбини мешаванд.

Ба ғайр аз захираҳои сатҳии об дар қаламрави вилояти Хатлон, инчунин захираҳои фаровони обҳои зеризаминии нӯшоки ва минерали мавҷуданд. Миқдори бештари обҳои зеризаминии нӯшоки дар водии Қизилсую Ёхсу ҷойгир шудаанд. Минералнокии обҳои зеризаминии водии Вахш хеле баланд (10-15 г/к) аст. Обҳои рӯизаминии вилояти Хатлон дар сатҳи минтақаҳои табий ба таври нобаробар тақсим шудаанд.

Қаламрави водии Вахш аз захираҳои оби хеле бой буда, нисбат ба водии Ҳисор 5,5 маротиба, минтақаи Кӯлоб 1,2 маротиба бештар захираҳои оби дорад. Мувофиқи ҳисобҳои мутахассисон обистеъмолкунии муосир ва перспективии водии Вахш аз миқдори умумии захираҳои оби дар соли камоби дар ҳама дараҷаҳои ҳисоби на зиёда аз 25-30 фоизро ташкил мекунад.

Водиҳои Ёвону Обикиик бо обе таъмин мегарданд, ки аз дарёи Вахш тавассути нақби дарозиаш 7.5 км бо иқтидори воқеии обгузарии 65 метри мукааб дар як сония дода мешавад. Ҳаҷми оби ба воситаи нақб додашаванда эҳтиёҷоти обёриро дар майдони бештар аз 40 ҳазор гектар ва обтаъминкунии коммуналию маишии шаҳри Ёвонро қонеъ месозад.

Захираҳои обии минтақаи Кӯлоб бо хароҷоти дарёи Панҷ ва шохобҳои соҳили рости он - Ёхсу, Қизилсу ва ғайра муайян мешавад. Истифодаи захираҳои обии дарёи Панҷ бинобар шароити вазнини кӯҳию геологии он мушкил аст. Обгири аз дарё ба воситаи каналҳо сурат мегирад (канали аз ҳама калонаш - канали магистралии Деҳқонобод аст, ки 17 км дарози дорад). Қисми асосии обгири барои обёрии минтақаи Кӯлоб аз дарёҳои Қизилсу ва Ёхсу сурат мегирад, ки онҳо тақсими маҷрои нобаробари мавсими доранд.

Бинобар ин, рушди минбаъдаи хоҷагии минтақа ё зарурати гузаронидани танзими минбаъдаи мавсимии маҷрои дарёҳои Қизилсу ва Ёхсу, ё худ гузаронидани чорабиниҳои хоҷагии об бо мақсади аз дарёи Панҷ ҷалб намудани обро пеш меорад.

Дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон на танҳо иқтидорҳои асосии гидроэнергетикии вилояти Хатлон, балки тамоми ҷумҳури мебошанд, ки бояд бо мақсади энергетикию обёри дар навбати аввал аз худ карда шаванд. Корҳои лоиҳави дар онҳо сохта шудани силсилаи нерӯгоҳҳои нисбатан калонтарро пешбини мекунанд.

Бештар аз 90 фоизи захираҳои обии потенсиали ва аз нигоҳи техники имконпазир ба ҳавзаи дарёҳои вилоят рост меоянд. Махсусан дарёи кӯҳии Панҷ аз нигоҳи истифодаи энергетики ва обёри ниҳоят муҳим аст. Аз 13 сохтмони нерӯгоҳҳои пешбинишаванда дар дарёи Панҷ чортоаш дар қаламрави вилояти Хатлон ҷойгир шудаанд, ки иқтидори умумии муқарраршудаи онҳо 7150 млн. кВт/соатро ташкил мекунад. Инҳо нерӯгоҳҳои Кокчин, Москва, Ҷумар ва Даштиҷум мебошад. Ин қисми дарё бештар омӯхта шудааст ва азхуд намудани захираҳои гидроэнергетикии қитъаи мазкур баъди азхуд кардани сохтмони захираҳои гидроэнергетики дар дарёи Вахш имконпазир аст.

Барои рушди энергетика ва обёрии вилоят дарёи Вахш ниҳоят манфиатнок аст. Мувофиқи ҳисобҳои мутахассисон ба як километри маҷрои дарёи Вахш 14.5 ҳазор кВт рост меояд, дар айни замон ба Енисей - 4.7, Ангара - 5.3, Лена - 4.4 кВт/соат рост меояд. Ба 1 км дарозии маҷрои дарёи Вахш нисбат ба дарёи Норин 1.7 маротиба бештар, нисбат ба Амударё бошад 7 маротиба бештар энергия рост меояд.

Истифодаи дарёи Вахш дар қаламрави вилояти Хатлон бо 7 гидроузелҳо: Норак Бойғози, Головной, Перепадный, Маркази (дар канали магистралии Вахш), бо ду нерӯгоҳи сохташавандаи Сангтӯда ва нерӯгоҳи сохтмонаш пешбинишудаи Шӯроб муайян мешавад. Ба итмом расидани сохтмони НОБ-и Сангтӯда 1 ва 2 низоми энергетикии кори НОБ-ҳои Нораку Бойғозиро тавассути ба худ гирифтани вазифаи танзимкунанда беҳтар месозад. Созишномаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расида, роҷеъ ба ҳамкориҳо дар соҳаи рушди гидроэнергетикаи ҷумҳури, бахусус дар вилояти Хатлон имкониятҳои зиёдеро фароҳам меоранд.

Вилояти Хатлон аз захираҳои маъдану ашёи хом бой аст. Дар ин ҷо конҳои нафту газ, тилло, оҳаксанг, гаҷ, намаки ош, ашёи хом барои саноати химия (оҳак, доломит) ва манбаъҳои маводи сохтмони кашф ва пайдо карда шудаанд. Дар байни захираҳои маъдану ашёии вилоят, ашёи сӯзишворию энергетики нақши муҳим доранд. Корҳои ҷустуҷӯию геологи ва геофизикии дар солҳои Ҳукумати Шӯрави анҷомдодашуда, дар ин ҷо бештар аз 120 сохторҳои антиклинарие, ки дар онҳо то андозае нафту газ дар назар дошта шудаанд, ошкор намудаанд. Дар ин ноҳияҳо конҳои нафту гази Қиличбек, Оқбашадир, Бештентоқ, Сулдузи, Хоҷасартез, Қизилтумшуқ ва ғайра пайдо гардидаанд. Кони Хоҷасартез яке аз конҳои ояндадоре ба ҳисоб меравад, ки дар минтақаи аҳолинишин ва азхудгардида ҷойгир шудааст. Гази ин кон барои бо газ таъмин намудани шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои гирду атрофи он истифода мегардад.

Дар айни замон дар қаламрави вилоят даҳҳо майдонҳои ояндадор барои пармакории чоҳҳои амиқи нафту газ ошкор карда шудаанд. Корҳои ҷустуҷӯию геологи (кашфи геологи) дар ҳудуди вилоят дар асоси истифодаи васеи техникаи вазнин анҷом мегиранд, барои азхудкунии чоҳҳои зарури (6-7 км) бошад, истифодаи техника ва таҷҳизоти навтарин зарур аст.

Солҳои охир дар бозори ҷаҳони талабот ба стронсий (селестин-метали сабуки нуқрагин) ва ҷузъҳои таркибии он якбора афзуд. Таркибҳои стронсияви дар бисёре аз соҳаҳои хоҷагиҳо, махсусан саноати электрони мавриди истифода қарор гирифтаанд. Захираҳои саноатии селестин дар Тоҷикистон аз рӯи 4 кон ба ҳисоб гирифта шудаанд. Ду кони онҳо дар вилояти Хатлон (Гулсаай ва Чоалташ) ҷойгир шудаанд. Дар айни замон кони Чоалташ базаи асосии ашёи Комбинати маъдани Исфара ба ҳисоб меравад. Корҳои ҷустуҷӯию геологи дар ҳудуди теппаҳои Боботоғ анҷомдодашуда конҳои нав ва падидаҳои маъдани селестинро (дар Қарокӯз, Азизбек, Бешбулоқ, Қарочаг-Ачиг ва ғ.) ошкор намудаанд, ки баъзеи онҳо таваҷҷӯҳи махсусеро ба худ ҷалб намудаанд.

Вилояти Хатлон дорои шароити ниҳоят мусоиде барои рушди саноати химияви мебошад. Дар ин ҷо захираҳои азими кони оҳак ва доломит пайдо гардидаанд, ки дар базаи онҳо заводи электрохимиявии Ёвон фаъолият менамояд.

Дар айни замон дар ҳудуди вилоят 11 кони намак кашф шудааст, ки аз онҳо 3-тоаш (кони Хоҷа Мӯмин, Хоҷа Сартез, Тутбулоқ) ба ҳисоб гирифта шудааст.

Захираҳои намак дар ин ноҳия амалан номаҳдуданд. Захираҳои умумии кашфшуда аз рӯи се кон мутобиқи категорияҳои саноати 1,6 млрд. тонна ва 71 млрд. тонна мутобиқи категорияи С ташкил медиҳад. Танҳо кони Хоҷа Мӯмин дар ҳаҷми начандон калон мавриди истифода қарор дорад.

II. Аҳолӣ ва захираҳои меҳнатии вилоят

Ба вилояти Хатлон суръати нисбатан баланди афзоиши аҳоли ва захираҳои меҳнати хос аст.

Аҳолии вилояти Хатлон дар оғози соли 2004-ум 2344.6 ҳазор нафар ё

35.3 фоизи тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ин маврид - 408 ҳазор нафар ё 17,4 фоиз дар шаҳрҳо ва 1936,6 ҳазор нафар (86,6 фоиз) дар деҳот зиндаги мекунанд.

Дар ҳолати 1 январи соли 2004 ба ҳиссаи вилояти Хатлон 23,2 фоиз ҳамаи аҳолии шаҳр ва 39,7 фоиз аҳолии деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Шумораи аҳолии муқимии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар оғози сол,ҳазор нафар)

*Оварда намешавад

Дар солҳои 1991-2004 аҳолии вилояти Хатлон 586,6 ҳазор нафар ё 32,3 фоиз афзудааст, дар баробари ин, афзоиши аҳоли дар шаҳрҳо дар давраи зикршуда 10,4 фоиз, дар деҳот бошад, 33,8 фоизро ташкил додааст. Суръати аз ҳама баланди афзоиши аҳоли дар вилоят дар се соли охир ба мушоҳида мерасад.

Нисбатан баланд будани афзоиши аҳолии вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳури маҳз аз ҳисоби афзоиши табий сатҳи баланди таваллудшави шарҳ дода мешавад. Коэффисиенти умумии таваллуд (ба ҳисоби 1000 нафар аҳоли) дар вилоят соли 2002 - 29 фоизро ташкил дод, ин нишондод ба ҳисоби миёнаи ҷумҳури 27,3 фоизро ташкил мекард.

Дар вилояти Хатлон ҳанӯз ҳам кӯч бастани аҳолии шаҳр идома дорад. Соли 2004 шумораи хориҷшудагон 9215 нафарро ташкил дод, ки ин ба афзоиши аҳолии вилоят таъсири манфи мерасонад.

Вилояти Хатлон бо вуҷуди дар ҳудуди он ҷойгир будани шаҳрҳои дорои статуси ҷумҳурияви: Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак ва Сарбанд баъд аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти аз лиҳози урбанизатсия сусттараққикарда ба ҳисоб меравад.

Дар фарқият бо тамоми ҷумҳури дар сохтори аҳолии вилояти Хатлон занҳо аз ҷиҳати шумора аз мардон зиёданд ва онҳо 50,1 фоизро ташкил медиҳанд. Ба ҳар 1000 мард 1003 зан рост меояд, дар ҷумҳури ба ҳисоби миёна ин нишондиҳанда 993,8 занро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи баланд будани сатҳи таваллуд дар таркиби аҳолии вилояти Хатлон оид ба синну сол, вазни бачагон ва наврасони синни ғайри қобили меҳнат - то 15 сол - 42,4 фоиз (дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 38,9 фоиз) аст, ҳиссаи аҳолии қобили меҳнат мутаносибан 53,3 фоиз ва 56,3 фоиз ташкил медиҳад, шахсони нафақагир дар вилояти Хатлон 4,3 фоиз дар ҷумҳури ба ҳисоби миёна 4,75 фоиз аст.

Ҳангоми нигоҳ дошта шудани суръати афзоиши аҳоли дар солҳои 1991-2004, дар давраи то соли 2015 шумораи аҳолии муқими то соли 2006 дар вилоят 2437 ҳазор нафар, дар ибтидои соли 2011 - 2684,1 ҳазор нафар ва дар аввали соли 2016 - 2956,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва назар ба соли 2004 ба миқдори 611,7 ҳазор нафар ё ки 26,1 фоиз афзоиш меёбад. Агар ҳисоби шумораи интизории вилояти Хатлонро дар давраи то соли 2015, бо назардошти суръати аҳолии дар солҳои 2001-2004, ба назар гирем, дар он сурат шумораи интизории аҳолии вилоят дар 1 январи соли 2006 - 2448.9 ҳазор нафар; дар 1 январи соли 2011 - 2730,3 ҳазор нафар ва дар 1 январи соли 2016 - 3044 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва чунин эҳтимолият мавҷуд аст. Дар ин маврид, интизор мешавад афзоиши шумораи аҳоли дар солҳои 2004-2016 дар вилояти Хатлон 699,4 ҳазор нафар ё 29,8 фоизро ташкил диҳад. Дар ин ҳолат шумораи аҳолии қобили меҳнат дар ибтидои соли 2006 - 1305,5 ҳазор нафар; дар соли 2011 - 1456,6 ҳазор нафар ва дар ибтидои соли 2016 - 1625,5 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод.

III. Ҳолати имрӯза ва рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт

1. Саноат

Мақсади асосии рушди саноати вилоят тадриҷан баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва сатҳи техникии истеҳсолот, таъмини истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи замон ҷавобгӯи бо истифодаи технологияи пешқадам барои бозори дохили ва васеъ намудани номгӯи маҳсулот барои бозори беруни мебошад.

Дар марҳилаи татбиқи нишондиҳандаҳои Барнома дигаргунсозиҳои институтсионали идома ёфта, сиёсати ислоҳоти корхонаҳои саноатии вилоят фаъолтар гардонида мешавад, ки он ба такмили низомии идоракуни, баланд бардоштани масъулияти роҳбарон аз оқибатҳои қарорҳои қабул карда, ташаккули моликият пурсамар, кам кардани хароҷот, беҳтар намудани натиҷаҳои молиявию иқтисодии фаъолият нигаронида шудааст.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон дар соли 2015 бо нархҳои амали маблағи 3 млрд. 639 млн. сомониро ташкил намуда, суръати реалии он назар ба соли 2000-ум 5 маротибаро дар бар мегирад (замимаи 2).

Комплекси сӯзишворию энергетикӣ

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии вилояти Хатлон то давраи соли 2015 аз рӯи намуди асли ва пули бо назардошти индекси суръати афзоиши нархҳои яклухт, инчунин бо тағйирёбии нархҳои фурӯши неруи барқ тибқи қарордоди байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд пешбини шудааст.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии вилоят аз нигоҳи арзиш дар солҳои 2005, 2010 ва 2015 мутаносибан 249,6: 1045,4 ва 1368,2 ҳазор сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар ин соҳа мутаносибан: дар соли 2005 нисбати соли 2000 - 2,8 маротиба; соли 2010 нисбати соли 20054,2 маротиба; соли 2015 нисбати соли 2010 - 130,9 фоиз ва соли 2015 нисбати соли 2000 - 15,5 маротиба зиёд мешавад. Бо нархҳои соли 2000 бошад ин нишондиҳандаҳо мутаносибан 113,4 фоиз, 123,7 фоиз, 112,3 фоиз ва 157,7 фоизро ташкил хоҳад дод.

Соҳаи электроэнергетика

Барномаи рушди соҳаи электроэнергетикаи вилояти Хатлон дар асоси таҳлилҳои фаъолияти молиявию истеҳсолии корхонаҳои мавҷудаи Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" дар вилояти Хатлон бо назардошти вазъи ҳозираи техники ва азнавбарқарорсозии онҳо, инчунин ба истифода додани иқтидорҳои нави энергетики асоснок шудааст.

Мутобиқи Барномаи рушди соҳаи электроэнергетикии вилоят истеҳсоли нерӯи барқ ва гарми дар нерӯгоҳҳои обию барқии Норак Бойғози, Сангтӯда-1, Сангтӯда- 2, силсилаи НОБ-ҳои Вахш ва дар маркази олавию барқии Ёвон амали карда мешавад.

Истеҳсоли нерӯи барқ ва гарми аз нигоҳи арзиш дар солҳои 2005 -247,4 млн. сомони, 2010 - 1028,1 млн. сомони ва 2015 - 1225,2 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли нерӯи гарми дар ин давра дар вилоят танҳо дар маркази олавию барқии Ёвон дар солҳои 2010 ва 2015 пешбини шудааст.

Аз нигоҳи асли истеҳсоли нерӯи барқ дар соли 2005 - 14936 млн. кВт. соатро (дар нерӯгоҳҳои Норак Бойғози ва Вахш) ташкил медиҳад ва бо назардошти ба истифода додан ва ба истеҳсолот ҷори намудани маркази олавию барқии Ёвон ва НОБ-ҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда 2 дар солҳои 2010 ва 2015 истеҳсоли нерӯи барқ мутаносибан ба 18387 ва 20142 млн. кВт. соат расонида мешавад, ки суръати афзоишаш дар соли 2005 нисбати соли 2000 - 113,6 фоиз, соли 2010 нисбати соли 2005 - 123,1 фоиз; соли 2015 нисбати соли 2010 - 109,5 фоиз ва соли 2015 нисбати соли 2000 -153,2 фоизро ташкил медиҳад (замимаи 2).

Истеҳсоли нерӯи гарми бошад, дар соли 2015 то 600 ҳазор Гкалл расонида мешавад, ки нисбати соли 2010 - 2,0 маротиба афзоиш меёбад.

Соҳаи истихроҷи нафту газ

Рушди соҳаи истихроҷи нафту газ дар вилояти Хатлон то соли 2015 бо назардошти ба истифода додани чоҳҳои корношоям, гузаронидани корҳои пармакунию ҷустуҷӯи дар майдонҳои Бештентоқ, Хоҷа-Сартез, Қашқақум, Олимтои Шарқи, Саргазон ва ғайра пешбини шудааст, зеро чоҳҳои мавҷуда ҳамаги 50 фоизи шумораи умумии чоҳҳоро ташкил медиҳад.

Ҳисоби ҳаҷми истихроҷи маҳсулоти соҳаи нафтугаз аз нигоҳи арзиш бо назардошти динамикаи тағйирёбии нархҳо ва ҷалби сармоягузорон пешбини шудааст.

Дар давраи баррасишаванда истихроҷи нафт (бо назардошти конденсати газ) дар солҳои 2005 - 630,5 ҳазор сомони, соли 20101749,4 ҳазор сомони ва соли 2015 - 14500,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Суръати афзоиш дар соли 2005 нисбати соли 2000 - 183,5 фоиз, соли 2010 нисбати соли 2005 - 2,7 маротиба, соли 2015 нисбати соли 2010 - 8,2 маротиба ва соли 2015 нисбати соли 2000 - 42,2 маротиба зиёд мешавад.

Аз нигоҳи асли истихроҷи нафт дар солҳои 2005 - 7 ҳазор тонна, 2010 - 12,5 ҳазор тонна ва дар соли 2015 - 50 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Суръати афзоиш дар соли 2005 нисбати соли 2000 - 116,1 фоиз, соли 2010 нисбати соли 2005 - 178,6 фоиз, соли 2015 нисбати соли 2010 - 4 маротиба ва соли 2015 нисбати соли 2000 - 8,3 маротиба меафзояд (замимаи 2).

Динамикаи ҳаҷми истихроҷи гази табий (аз нигоҳи арзиш) дар давраи пешбинишуда чунин мебошад: дар соли 2015- 1513,2 ҳазор сомони, дар соли 2010 - 2472,7 ҳазор сомони, дар соли 2015 - 6621,3 ҳазор сомони. Дар ин ҳолат сурати афзоиш дар соли 2005 нисбат ба соли 2000 - 181,2 фоиз, соли 2010 нисбати соли 2005 - 163,4 фоиз, соли 2015 нисбати соли 2010 - 2,7 маротиба ва соли 2015 нисбати соли 2000 - 7,9 маротибаро ташкил медиҳад.

Аз нигоҳи асли бошад, ҳаҷми истихроҷи гази табий чунин динамикаро нишон медиҳад: соли 2005 - 29,55 млн. м3, соли 2010 - 38,0 млн. м3 ва соли 2015 - 90 млн. м3. Суръати афзоиши истихроҷи гази табий аз нигоҳи асли дар соли 2005 нисбати соли 2000 - 86 фоизро ташкил дода, дар соли 2010 нисбат ба соли 2005 - 128,6 фоиз, соли 2015 нисбати соли 2010 -2,4 маротиба ва соли 2015 нисбати соли 2000 - 2,6 маротиба зиёд мешавад.

Саноати ангишт

Вазъияти ба вуҷуд омада дар сектори энергетика дар шароити норасоии захираҳои ашьёи хоми карбогидриди (алалхусус гази табий, нафт), инчунин норасосии нерӯи барқ, қатъиян ҳалли масъалаи рушди соҳаи ангишт ва зудтар афзоиш додани истихроҷи ангиштро дар солҳои наздик талаб менамояд.

Ҳоло дар вилояти Хатлон танҳо якто корхонаи истихроҷи ангиштКорхонаи воҳидии "Кони ангишти Шӯрообод", ки соли 2003 таъсис ёфтааст, дар асоси кони ангишти Шӯроободи ноҳияи Шӯрообод амал мекунад.

Иқтидори лоиҳавии кон 3,6 ҳазор тонна ангишт дар як сол мебошад. Захираҳои Теологии ангишт дар ҳудуди майдон 88,3 ҳазор тонна ва қариб 36,0 ҳазор тонна бо усули коркарди кушода ба назар гирифта шудааст. То соли 2015 истихроҷи ангиштро бо усули кушода ба нақша гирифта, ҳаҷми онро то ба 16 ҳазор тонна расонида мешавад.

Дар давраи пешбинишуда гузаронидани корҳои кашшофии пешаки ва дар асоси маълумотҳои дастрас шуда муайян намудани тақдири ояндаи мавқеъи ҷойгиршавии он пешбини шудааст.

Аз нигоҳи арзиш, бо назардошти афзоиши индекси нархҳои яклухт ба маҳсулоти саноати дар давраи то соли 2015 ҳаҷми истихроҷи ангишт дар соли 2005 - 44,2 ҳазор сомони, соли 2010 - 373,2 ҳазор сомони ва дар соли 2015 - 538,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Суръати афзоиш дар ин давра дар соли 2010 нисбати соли 2005 - 8,4 маротиба, соли 2015 нисбати соли 2010 - 144,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо ҳисоби амали гардонидани сиёсати сарфаҷӯии нерӯи барқ аз тарафи ҳамаи гурӯҳҳои истеъмолгарон, истихроҷи ангишт дар соли 2005 то 2 ҳазор тонна/сол, дар соли 2010 ба 12 ҳазор тонна/сол ва дар соли 2015 то 16 ҳазор тонна/сол афзоиш меёбад.

Ҳаҷми истихроҷи ангишти пешбинишуда бо назардошти дастгирии молиявии давлати барои устуворкунии нарх то соли 2007; ҷалб намудани маблағгузории давлати ва зиёд намудани маблағҳои хусуси, барои тармиму таҷдиди кон ва дастрас намудани таҷҳизотҳои кӯҳкори, инчунин гузаронидани ҳаҷмҳои зарурии корҳои геологию кашшофи амали мегарданд.

Соҳаи коркарди нафт

Масъалаҳои истеҳсоли маҳсулоти нафти ба монанди истихроҷи он дар вазъи ногувор, дар вақтҳои наздик ва ҳам дар оянда қарор дорад, ки онҳо ҳамчунин бо масъалаи самаранокии иқтисоди ва афзоиши барқароршавии иқтидори истихроҷи нафт зич алоқаманд аст.

Оиди коркард ва истеҳсоли маҳсулоти нафти маълумотҳои омори таи ду соли охир нишон медиҳанд, ки ҳаҷми истеҳсоли ҳамаи намудҳои маҳсулоти нафти 1-1,5 фоизи истеъмоли солонаро ташкил медиҳанд, яъне истиқлолияти энергетикии ҷумҳури дар масъалаи таъминоти маҳсулоти нафти дар ҳамин давра ҳалли худро наёфтааст ва вобастагии кишвар аз дигар давлатҳо 98,5 - 99 фоизро ташкил медиҳад.

Бо назардошти дар боло зикр шуда, ба мақсад мувофиқ аст, ки дар давраи баррасишавандаи Барнома дар вилояти Хатлон сохтмон ва ба истифода додани заводҳои коркарди маҳсулотҳои нафти ба роҳ монда шавад. Маблағгузории сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби шахсони хусуси, ё ин ки ширкатҳои молияви имконпазир мебошад.

Барои таъмин намудани талаботҳои дурнамои соҳаи иқтисодиёти вилоят бо маҳсулоти нафти дар соли 2010 ақалан ба 8-10 фоиз, лозим аст, ки истеҳсоли онро дар ҳаҷми на камтар аз 18 ҳазор тонн/сол оварда расонид. Дар натиҷаи зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолии коркарди маҳсулоти нафти то 87 ҳазор тонна дар соли 2015, таъминоти дохилии кишвар то 25-30 фоиз имконпазир мебошад.

Дар вилояти Хатлон 6 кони нафти ва 3 кони газдор ошкор шуда, дар ҳолати истифодабари қарор доранд, аз ҷумла Кичикбел, Акбашадир, Бештентоқ, Хоҷа-Сартез, Қизилтумшуқ ва ғайра, ки дар ҳолати 1 январи соли 2005 захираҳои истихроҷшавандаи ҷори мутаносибан 94605 ҳазор тонна ва 2121.3 млн.м3 ташкил медиҳад. Ҳаҷми истихроҷи нафт ва гази табий то соли 2010 бо назардошти гузаронидани корҳои тармимию таҷдиди дар конҳои мавҷудаи номбурда аз зиёд намудани истихроҷи нафт ва гази табий мутаносибан то ба 12.5 ҳазор тонна ва 38 млн. м3 дар онҳо пешбини шудааст.

Дар соли 2015 бошад, истихроҷи нафт ва гази табий бо назардошти ба истифода додани конҳои нави нафту газдор ба монанди Қашқақум, Олимтои шарқи, Саргазон дар ҳаҷмҳои мутаносибан 50 ҳазор тонна ва 90 млн. м3 пешбини шудааст.

Нафти хоми аз конҳои зикргардида истихроҷшаванда, то соли 2010 дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтии "Салоса" ва "Ҳасан Кш", бо назардошти васеъ намудани иқтидорҳои истеҳсолии онҳо дар ҳаҷми 18 ҳазор тонна пешбини шуда, дар соли 2015 дар натиҷаи барқарорсози иқтидорҳои истеҳсолии корхонаи нафту битуми ноҳияи Колхозобод ва бо ҷалби сармояи хориҷи дар вилоят сохта ба истифода додани корхонаи нави коркарди маҳсулоти нафти дар ҳаҷми 87 ҳазор тонна пешбини шудааст.

Дар ҳолати коркард ва ба истифода додани конҳои нави дар боло зикргардида, имконияти зиёд намудани захираҳои нафт то 10.1 млн. тонна пайдо мешавад. Истихроҷи солонаи воқеии нафтро бошад, то ба 200 ҳазор тонна зиёд кардан мумкин мешавад, ки ба пурраги метавонад эҳтиёҷоти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти нафтии вилояти Хатлонро бо нафти хом таъмин намояд.

Соҳаҳои саноати коркарди маъданҳои кӯҳӣ, металлургия, электронӣ, сабук, мошинсозӣ, кимиё ва масолеҳи сохтмон

Соҳаҳои саноати коркарди маъданҳои кӯҳи ва металлургияи ранга, мошинсози ва коркарди фулузот, электрони ва электротехники, кимиё ва коркарди нафт, дорусози, сабук ва маҳалли, масолеҳи сохтмон ва индустрияи сохтмони, инчунин полиграфии вилоят дар асоси таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳои ҷумҳуриявии шуғли саноати дошта, Ҳукумати вилояти Хатлон, нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 ва дурнамои аниқкардашудаи тараққиёти соҳаҳои саноати дар боло зикргардида дар соли 2005, таҳия карда шудааст ва дар он ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати дар солҳои 2005 - 2015 ҳам аз нигоҳи арзиш ва ҳам аз нигоҳи асли муайян карда шудаанд.

Мунтазам амали намудани корҳо доир ба зиёд намудани захираҳои ашёи хоми минерали, беҳтар намудани таъминоти корхонаҳо бо ашёи хом ва масолеҳҳо, инчунин омӯзиши талаботи бозорҳо ба маҳсулоти корхонаҳои саноати, дар истеҳсолот ҷори намудани навъҳои нави рақобатпазири маҳсулот ва баланд бардоштани сатҳи техники ва сифати маҳсулоти тайёри истеҳсолшуда имконият медиҳанд, ки корхонаҳои саноатии соҳаҳои саноати дар боло зикргашта нишондиҳандаҳои барномаи мазкурро иҷро карда шаванд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноати дар соҳаҳои саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳи ва металлургияи ранга, мошинсози ва коркарди фулузот, электрони ва электротехники, кимиё ва коркарди нафт, дорусози, сабук ва маҳалли, масолеҳи сохтмон ва индустрияи сохтмони ва полиграфи дар соли 2015 бо назардошти болоравии индекси нархҳои яклухт 1036,3 млн. сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба дурнамои соли 2005 мутаносибан 920,2 млн. сомони, ё ин ки 8,9 маротибаро ташкил медиҳад. Зиёд гаштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот имконият медиҳад, ки дар соҳаҳои саноати вилоят ба таври илова 5178 ҷойҳои нави кори ташкил карда шавад.

Дар корхонаи коркарди маъданҳои кӯҳи ва металлургияи ранга корхонаи муштарки ,Дарвоз, ва навбати 1 ва 2-и корхонаи алюминии Данғара ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бо назардошти болоравии индекси нархҳои яклухт дар соли 2015 нисбат ба дурнамои соли 2005 мутаносибан 18,3 млн. сомони ё ин ки 2,3 маротиба зиёд гашта, истеҳсоли тилло дар ин давра аз 261 кг дар соли 2004 то 1440 кг дар соли 2015 ё ин ки 5,5 мартиба афзоиш меёбад. Иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 - 128 фоиз таъмин намуда, 250 нафар шаҳрвандонро бо кор таъмин карда мешаванд.

Ба истифода додани навбати 1 корхонаи алюминии Данғара то соли 2010 ва навбати 2-юми он дар соли 2013 дар назар дошта шудааст, ки истеҳсоли 85 ҳазор тонна алюминии аввалия дар соли 2010 ва то соли 2015 ба 180 ҳазор тонна расонидани он ба аз худ намудани 609 млн. долл ШМА инвеститсияҳои хориҷи пешбини карда шудааст.

Таҳлили фаъолияти истеҳсоли ва молиявии корхонаи муштараки ,Дарвоз, нишон медиҳад, ки ҳаҷми андозҳои ба арзиши аслии маҳсулот дохилшаванда, ки аз фурӯши маҳсулот, музди меҳнат ва арзиши молҳои воридоти ва аксизи ҳисоб карда мешаванд, баробари зиёд гаштани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати афзоиш меёбанд ва меъёрҳои амалкунандаи андозбандии корхонаҳои соҳа ба самаранок фаъолият кардани онҳо мусоидат намекунад ва ҳавасмандии сармоягузорони хориҷи ва ватаниро барои маблағгузори намудани корхонаро ба кулли халалдор намуда, ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи истеҳсоли ва молиявии онро имконнопазир мегардонад.

Дар корхонаҳои саноати кимиё, коркарди нафт ва дорусози бо назардошти беҳтар намудани истифодабарии иқтидорҳои истеҳсоли ва болоравии индекси нархҳои яклухт дар соли 2015 истеҳсоли маҳсулоти саноати ба маблағи 139,8 млн. сомони пешбини карда мешавад, ки ин нисбат ба соли 2005-ум 61,4 млн.сомони, ё ин ки 1,6 маротиба афзоиш ёфта, нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015-ро пурра таъмин менамоянд ва имконият пайдо мешавад, ки дар корхонаҳои номбурда ба таври илова 358 ҷойҳои нави кори ташкил карда, ба ин миқдор дар вилоят сафи бекорон кам карда шавад.

Бо ин мақсад дар корхонаи муштараки ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи ,Тоҷиказот, ва ҷамъияти масъулияташ маҳдуди ,Кимиё, барои беҳтар намудани истифодабарии иқтидорҳои истеҳсоли ва зиёд кардани истеҳсоли намаки ошии йодноккардашуда ва ба кор омода сохтани кислотаи гидрогенхлорид аз худ кардани 18,1 млн. долл. ШМА пешбини карда мешавад.

Гарчанде дар барнома истеҳсоли содаи каустики дар соли 2015 нисбат ба соли 2004 - 15,1 маротиба зиёд пешбини гашта 45,3 ҳазор тонна, хлори моеъ 3,8 маротиба ё ин ки 3,0 ҳазор тонна, оҳаки хлордор 11,4 маротиба ё ин ки 10,3 ҳазор тонна, намаки оши 6 маротиба ё ин ки 13,4 ҳазор тоннаро ташкил диҳад ҳам, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иқтидорҳои истеҳсоли содаи каустики 45,3 фоиз, хлори моеъ 12,5 фоиз, оҳаки хлордор 17,2 фоиз ва намаки оши 22,3 фоиз истифода шуда аз он шаҳодат дода истодаанд, ки дар корхонаҳои саноати кимиё имкониятҳои истифоданашудаи зиёд намудани номгӯи ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ба пурраги барои ҳалли ин масъала сафарбар карда нашудаанд.

Ёдовар мешавем, ки фароҳам овардани шароити мӯътадил барои фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои саноати кимиё имконият медиҳад, ки иқтидорҳои истеҳсолии онҳоро пурра истифода бурда, ҳар сол дар ду хатти технологии корхонаи муштараки ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи "Тоҷик Азот" то 180 ҳазор тонна нуриҳои минерали ва дар корхонаи муштараки ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи "Кимиё" то 100 ҳазор тонна содаи каустики, 98 ҳазор тонна хлори моеъ, 24 ҳазор тонна оҳаки хлордор, 60 ҳазор тонна оҳаки калсийдор, 60 ҳазор тонна намаки оши ва дигар номгӯи васеи моддаҳои химиявиро тавлид намуда, ҳаҷми истеҳсоли саноатиро баланд бардошта, иқтидори содиротии кишварро афзун намоем.

Корхонаҳои саноати мошинсози, коркарди фулузот ва электротехники дар соли 2015 бо назардошти беҳтар намудани истифодабарии иқтидорҳои истеҳсоли маҳсулот ва болоравии индекси нархҳои яклухт ба маблағи 21.3 млн. сомони истеҳсол намудани маҳсулоти саноатиро пешбини намудаанд, ки ин нисбат ба натиҷаҳои соли 2004 ба маблағи 18.1 млн. сомони, ё ин ки 7,0 маротиба зиёд буда иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015-ро таъмин менамоянд. Беҳтар намудани истифодабарии иқтидорҳои истеҳсоли ва дар истеҳсолот ҷори кардани технологияҳои ҳозиразамони истеҳсоли маҳсулот имконият медиҳанд, ки истеҳсоли трансформаторҳои қуввадиҳанда аз 273 дона дар соли 2004 то ба 2500 дона дар соли 2015 расонида шавад ва дар истеҳсолот тавлид намудани трансформаторҳои қуввадиҳандаи тамғаҳои ТМ 630 ва ТМ 1000 ба роҳ монда шуда, ба таври илова 413 ҷойҳои нави кори ташкил намуда, ба ҳамин миқдор аҳолии қобили меҳнатро бо кор таъмин намоянд.

Корхонаҳои соҳаҳои саноати сабук ва маҳалли дар соли 2015 истеҳсоли 127.6 ҳазор сомони маҳсулоти саноатиро пешбини намудаанд, ки ин нисбат ба дурнамои соли равон 111,1 ё ин ки 7,7 маротиба зиёд буда, иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015-ро 3,8 маротиба таъмин менамоянд.

Сохта ва ба истифода додани иқтидорҳои нав барои коркарди нахи пахта бо истифодаи технологияҳои нави истеҳсоли маҳсулотҳои тайёр дар ноҳияҳои Колхозобод, Ёвон ва Данғара, амали намудани чорабиниҳо доир ба тармиму таҷдиди корхонаҳои амалкунандаи соҳа имконият медиҳанд, ки дар корхонаҳои саноати сабук ва маҳаллии вилоят 3037 ҷойҳои кории нав таъсис дода шаванд.

Дар соли 2015 нисбат ба дурнамои соли 2005 истеҳсоли ресмонҳои пахтагин мутаносибан 4,0 маротиба, матоъҳои дурушти пахтагин 465 маротиба, маҳсулоти дӯзандаги 2,4 маротиба, нахи абрешим 1,5 маротиба, қолин ва маҳсулоти қолини 2,3 маротиба пешбини карда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки корхонаҳои саноати сабуки тобеи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 78,5 фоиз маҳсулоти саноатии дар корхонаҳои соҳа итеҳсолшударо тавлид менамоянд. Баъд аз сохта ва ба истифодабари додани корхонаҳои коркарди нахи пахта дар ноҳияҳои Колхозобод, Ёвон ва Данғара онҳо дорои иқтидорҳо барои коркарди 33 ҳазор тонна нахи пахта, 450 тонна пиллаи хушк, 300 ҳазор дона пӯсти ғайристандартии чорвои майда ва коркарди аввал намудани 3000 тонна пашм мегарданд.

Дар сурати пурра истифода намудани иқтидорҳои истеҳсоли дар соли 2015 дар корхонаҳои коркарди нахи пахтаи вилоят коркарди 28050 тонна нахи софи пахта ва аз он истеҳсол намудани 12944 тонна риштаҳои пахтагини молиро пешбини карда мешавад, ки ин нисбат ба дурнамои соли 2005 - 4,0 маротиба зиёд буда, истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолиро дар корхонаҳои ресандагии вилоят дар соли 2015 то ба 85 фоиз расонидан пешбини карда мешавад.

Калонтарин корхонаҳои ресандагии вилоят ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди "Ресанда"-и шаҳри Қӯрғонтеппа, корхонаи муштараки "Кӯлоб-текстил" ва "Қурбон-текстил", ки дорои иқтидорҳо барои коркарди мутаносибан 8000, 2000 ва 3000 тонна нахи пахта мебошанд, дар соли равон 880, 482, ва 440 тонна ресмони пахтагин истеҳсол намуда, иқтидорҳои истеҳсолиро 13,7 фоиз, 30,1 фоиз ва 18,3 фоиз истифода бурдаанд.

Истифодаи оқилонаи онҳо имконият медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли молиро дар корхонаҳои соҳа тадриҷан якчанд маротиба баланд бардошта, иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодии вилоятро дар давраи то соли 2015-ро таъмин намоянд. Чунин вазъият дар дигар корхонаҳои саноати сабук ва маҳаллии вилоят ба мушоҳида расида истодааст.

Дар соли 2015 корхонаҳои саноати масолеҳи сохтмони ва индустрияи сохтмонии вилоят бо назардошти беҳтар кардани истифодабарии иқтидорҳои истеҳсоли, сохта ба истифода додани иқтидорҳои истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишаги дар шаҳри Кӯлоб ва Сарбанд ва ба ин макрад азхуд намудани 1,2 млн долл. ШМА, инчунин болоравии нархҳои яклухт ба маблағи 29,5 млн. сомони истеҳсоли маҳсулоти саноатиро пешбини намудаанд, ки ин нисбат ба соли 2000 - 30,4 маротиба зиёд буда, иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 - ро 4,7 маротиба таъмин намуда, имконият медиҳад, ки дар корхонаҳои соҳа боз 277 ҷойҳои нави кори ташкил намуда, аҳолиро ба меҳнати пурсамари ҷамъияти сафарбар намоянд.

Қайд карданро ба маврид мешуморем, бинобар кам будани ҳаҷми корҳои пудрати ва сохтмони дар вилоят ва талабот ба маҳсулоти тайёри корхонаҳои истеҳсоли масолеҳ ва индустрияи сохтмони истифодабарии иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои соҳа дар сатҳи паст қарор доранд. Сатҳи пасти истифодабарии иқтидорҳои истеҳсоли яке аз омилҳои асосии боздошти рушд дар тавлидоти масолеҳи сохтмони ба ҳисоб меравад.

Корхонаҳои саноати полиграфи дар соли 2015 истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 217 ҳазор сомони пешбини намудаанд, ки ин нисбат ба натиҷаҳои соли 2000 - 2,9 маротиба афзоиш ёфта, иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015- ро таъмин менамоянд.

Корхонаҳои истеҳсоли пиллаи вилоят истеҳсоли пиллаи хомро дар соли 2015 ба 1743,0 тонна расонида, онро ба корхонаҳои коркард таҳвил менамоянд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2004 мутаносибан 517,9 тонна ё ин ки 142,3 фоиз зиёд буда, иҷрои Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015-ро таъмин намуда, имконияти ба таври илова бо ҷои кории мавсими таъмин намудани 5000 нафарро фароҳам меоварад.

Яке аз омилҳои асосии боздошти рушди соҳаи пиллапарвари дар вилоят нокифоя будани базаи хӯрокаи кирмак ва ғайри қаноатбахш ташкил кардани мубориза алайҳи ҳашароти зараррасони тутзорҳо "оташак" ба шумор меравад. Санҷиши ҳолати тутзорҳо дар вилоят нишон медиҳад, ки бинобар ба таври бояду шояд ташкил накардани мубориза бар зидди ин ҳашароти зараррасон базаи хӯрокии кирми пилла дар вилоят то 30 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ин сабаби на танҳо кам гаштани ҳосили пилла, балки паст шудани сифати он гашта истодааст.

Ислоҳи камбудиҳои дар боло зикргашта имконият медиҳад, ки нишондиҳандаҳои барнома доир ба зиёд кардани истеҳсоли пилла таъмин карда шавад.

2. Рушди корҳои геологию кашшофӣ ва топографию геодезӣ

Вазъи иқтисодии манбаи моддии ашёи хоми вилояти Хатлон барои рушди марҳилаи ҳозираи он ҳаматарафа аз имкониятҳои маҳдуди маблағгузории буҷети давлат вобастаги дорад.

Дар айни ҳол соҳаи иқтисодии вилоят танқисии зиёдро дар ҳаҷми зарурии корҳои геологию кашшофи дар якҷояги бо дигар соҳаҳои иқтисодиёт ҳис мекунад. Мустақилияти иқтисоди ва боигарии давлат бошад, танҳо бо воситаи таъминоти перспективию эътимоднокии манбаи ашёи хом мумкин аст, ки асоси пешрафти рушди иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.

Мақсади асосии стратегияи рушди корҳои геологию кашшофи дар вилояти Хатлон, ин таъминоти зиёди захираҳои моддии ашёи хом мебошад, ки барои устувории рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳури ва кам намудани вобастагии моддии ашёи хоми соҳаи саноати давлат дар ҳолати содироти он равона карда шудааст.

Дар солҳои охир дар натиҷаи кам будани маблағгузории воситаҳои молияви корҳои геологию кашшофи ба амали нагардидани барномаҳои давлатии оид ба тайёр намудани саноати азхудкунии конҳои фосфоритҳо ва бисёр зарур будани ашёи хом дар хоҷагии қишлоқи ҷумҳури оварда расонид. Дар муддати 10-12 соли охир барои рушди корҳои геологию кашшофи ва манбаҳои лабараторию таҳлили техника ва таҷҳизотҳо аз нав карда нашуданд.

Вазифаи асоси барои ноил шудан ба мақсади гузошташуда дар давраи солҳои 2005-2015, ин пешаки аз омӯхтани конҳои мавҷудбудаи маъдан ва майдонҳо, ки бо ҳисоби талаботи корхонаҳои маъдани кӯҳи дар ояндаи наздик барои истифодабари ҷалб карда шудаанд ва тайёр намудани майдонҳо барои ташкили мавқеъҳои нави канданиҳои фоиданок, инчунин кушодашавии мавзеъҳои нави конҳо иборат аст.

Мувофиқи маълумотҳои Саридораи "Геологияи тоҷик" ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди корҳои геологию кашшофи аз ҳисоби буҷети давлати дар давраи солҳои 2005-2015 ҳаҷми корҳои геологию кашшофи ба маблағи 12,1 млн. сомони ба назар гирифта шудааст. Аз ҷумла 70 фоиз ё 8,5 млн. сомони ба корҳои геологию кашшофи дар объектҳои "Геологияи тоҷик" ва 29,6 фоиз ё 3,6 млн. сомони дар объектҳои Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар давраи солҳои 2006-2010 талабот ба ҳаҷми воситаҳои молияви барои гузаронидани корҳои геологию кашшофи дар вилоятҳо дар ҳаҷми 5,9 млн. сомони муайян карда шудааст, ки 3,2 млн. сомони (54,9 фоиз) ба ,Геологияи тоҷик, ва 2,7 млн. сомони (45,1 фоиз) ба Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

Аз солҳои 2011-2015 талабот ба ҳаҷми воситаҳои молияви дар ҳаҷми 5,7 млн. сомони дар навбати худ ,Геологияи тоҷик, 5,1 млн. сомони (89,6 фоиз) ва Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 600 ҳазор сомониро (10,4 фоиз) ташкил мекунад.

Дар давраи баррасишаванда дар ҳолати азхудкунии маблағҳои аз буҷет ҷудошаванда иҷро намудани корҳои иктишофи, геологи, омӯзиши қабли, баҳодиҳи дар объектҳои зерин пешбини шудааст:

1. Дар иншоотҳои Саридораи "Геологияи тоҷик":

- Корҳои кофтукобии тилло дар ноҳияй Мӯъминобод; иктишофи пешаки ва муфассали захираҳои маъданию молии хом барои истеҳсоли семент дар ноҳияи Данғара; корҳои ҷустуҷӯию баҳодиҳии фосфоритҳо дар Туюн-Тау ва Актау; корҳои ҷустуҷӯию баҳодиҳии Ҷанубу Ғарбии Тоҷикистон; корҳои ҷустуҷӯию баҳодиҳи дар кони оҳаксанги Кулбулен ва пайдоиши гаҷ гилхок ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли семент дар ноҳияи Данғара; ҷустуҷӯи ашёи гилхоки баландсифат дар минтақаи Кӯлоб; омӯзиши ҳолати нишебаҳо дар мавриди ғарқшавии обанбори Сангтӯда-1 ва ғайра.

Дар ҳолати иҷро намудани корҳои мазкур зиёд шудани захираҳои канданиҳои фоиданок ба монанди тилло - 200 кг, захираҳои ашёию минерали барои истеҳсоли семент - 55-85 млн. тонна ва ғайра дар назар аст.

2. Дар иншоотҳои Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани корҳои кашшофи ҷустуҷӯи дар майдонҳои Қизилтумшуқ, Язгилкак ва Саргазон пешбини шудааст.

Дар ҳолати гузаронидани корҳои иктишофию геологи ва ба азхудкунии истеҳсоли шурӯъ кардани майдонҳои мазкур истихроҷи нафт ва газ аз ин майдонҳо 6 млн.тонна ва 2,4 млрд.м3 дар як сол имконпазир мегардад.

Ҳамчунин корҳои иктишофию геологи дар кони ангишти "Шӯрообод" дар солҳои 2006-2010 пешбини шудааст, ки истеҳсоли маҳсулотро ба 5 ҳазор тонна оварда мерасонад, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2005 - 2,5 маротиба зиёд мебошад.

3. Ҳаҷми корҳои топографию геодези аз буҷет маблағгузоришаванда дар иншоотҳои Агентии "Тоҷиккоинот".

Мувофиқи мақсад ва вазифаҳои пешниҳодшуда дар давраи солҳои 2005-2015 иҷрокунии корҳои харитасозию геодези дар иншоотҳои зерин ба назар гирифта шудааст:

- "Нуқта" - ба назар гирифтани сетҳои (шабакаҳои) рушди давлатии триангулятсиони, полигонометри ва геодезии нуқтаҳои аҳолинишин.

Арзиши ҳаҷми корҳои ба назар гирифташуда ба 240 ҳазор сомони рост меояд, аз ҷумла:

а) барои рушди шабакаҳои давлати ва полигонометри -170 ҳазор сомони.

б) барои рушди шабакаҳои геодези дар нуқтаҳои аҳолинишин -70 ҳазор сомони.

- "Харита" - ба назар гирифтани таъминоти масштаби гуногуни харитаи топографии ҳозира барои ҳалли серҳаракат будани нуқтаҳои аҳолинишин, лоиҳакашии объектҳо ва иншоотҳои муҳандиси, дуруст истифода бурдани захираҳои зеризамини ва дигар чорабиниҳо. Арзиши ҳаҷми корҳои ба назар гирифташуда ба - 300 ҳазор сомони рост меояд.

- "Атлас" - ба назар гирифтани таъминот ва пур намудани бозор аз харитаҳо, атласҳо ва харитаҳои махсуси аҳамияти вилояти дошта. Арзиши ҳаҷми корҳои ба назар гирифташуда ба - 50 ҳазор сомони рост меояд.

3. Фаъолияти комплекси агросаноатӣ

Вилояти Хатлон минтақаи аграрии ҷумҳури буда, соҳаи кишоварзи дар ин вилоят яке аз соҳаҳои асоси ва пешбарандаи иқтисодиёти он ба ҳисоб меравад. Дар ин соҳа 60-70 фоиз қувваи қобили меҳнати доштаи аҳолии вилоят машғули кор мебошад.

Вазъияти соҳаи кишоварзи дар ҳозира тақозои онро мекунад, ки баҳри тараққиёти он барномаи мушаххаси дарозмӯҳлати рушди иқтисодию иҷтимоии кишоварзи таҳия шуда, роҳҳои ҳалли он муайян карда шавад. Аз ин лиҳоз дар асоси имкониятҳои мавҷуда, дастгирии молияви ва таъмини маводҳои зарури рушди иқтисодию иҷтимоии соҳаҳои кишоварзии вилояти Хатлон то давраи соли 2015 таҳия карда шуд, ки он ба пешрафти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзи, баланд бардоштани некӯаҳволии вилоят, амнияти озуқавори ва паст кардани сатҳи камбизоати мусоидат мекунад.

Ҳачми умумии маҷмӯи маҳсулоти кишоварзи дар соли 2015 назар ба соли 2000-м 148,1 фоиз афзуда, бо нархи муқоисашаванда 762 млн.сомониро ташкил медиҳад.

Азхудкуни ва беҳтар намудани замини корам дар Барнома ҷои асосиро ишғол намуда, он на танҳо барои болоравии истеҳсолоти кишоварзи, балки барои баланд бардоштани сатҳи зиндаги ва бо кори самаранок таъмин намудани аҳолии вилоят мусоидат мекунад.

Ба 1 январи соли 2004 - 292.2 ҳазор гектар замини оби мавҷуд аст, ки 283,1 ҳазор гектар он ҳамчун замини корам ва 9,1 ҳазор гектар боғу токзор мебошад.

Дар Барнома пешбини шудааст, ки дар оянда аз ҳисоби заминҳои бекорхобида азхуд намудани заминҳои нави корам мувофиқи мақсад мебошад. Ин асосан ба ноҳияҳои Ҷилликӯл, Қубодиён, Н. Хусрав, Колхозобод, Қумсангир, Шаҳритус, Панҷ, Данғара, Фархор ва Ховалинг тааллуқ дорад.

Пахтакори яке аз соҳаҳои асосии истеҳсолоти кишоварзии вилоят ба ҳисоб меравад. Дар соли 2000 майдони он 150,3 ҳазор гектар, ё ин ки 43,5 фоизи майдони умумии заминҳо, дар майдони заминҳои оби бошад, 60,8 фоизро ташкил медод. Соли ҷори бошад майдони ин зироати техники 177 ҳазор гектар, ё ин ки 48 фоизи майдони умуми ва 65 фоиз майдони обиро ташкил дод. Дар оянда майдони ин зироати техники дар соли 2010-ум 2 ҳазор гектар ва дар соли 2015 бошад 4 ҳазор гектар аз ҳисоби азхудкунии замин дар ноҳияи Данғара ба нақша гирифта шудааст.

Дар солҳои 2000 то 2004 аз ҳисоби зиёд намудани майдони кишт ва баланд бардоштани ҳосилноки истеҳсоли он аз 178 ҳазор тонна то 334,4 ҳазор тонна расонида шуд, ки фарқияти он дар ин муддат 156.4 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Истеҳсоли пахта дар соли 2005-ум ба 323 ҳазор тонна, дар соли 2010 ба 340 ҳазор тонна ва дар соли 2015 ба 370 ҳазор тонна ба нақша гирифта шудааст. Иҷрои ин нишондоди барномави пеш аз ҳама ба болоравии ҳосилнокии пахта вобастагии калон дорад.

Сол аз сол ҳосилнокии ин зироат, дар вилоят бояд афзоиш ёбад. Агар дар соли 2000 ҳосилноки 11,8 сентнерро ташкил намуда бошад, дар соли 2004 бошад 19.2 сентнерро ташкил намуд ва мувофиқи нақшаи барнома дар соли 2015 - 20,4 сентнер пешбини шудааст.

Дар вилоят баҳри беҳтар намудани ҳолати мелиоративии обери корҳои муайян пешбини шудааст. То соли 2015 ҳаҷми корҳои мелиоративии беҳтаршавии замин дар ҳаҷми 68 ҳазор гектар муқаррар карда шудааст. Ин пеш аз ҳама ба ноҳияҳои Колхозобод, Абдураҳмони Ҷоми, Қумсангир, Бохтар, Қубодиён, Восеъ, Фархор ва Ҳамадони таалуқ дорад. Барои иҷрои ин корҳо маблағҳои муайяне зарур аст, ки он дар барнома қисман пешбини шудааст, қисми дигари маблағ ба воситаи инвесторон ба иҷро мерасад. Иҷрои ин дар пеши ташкилоту муассисаҳои хоҷагиҳои об вазифаҳои калону масъулиятнокро ба миён мегузорад.

Баланд бардоштани ҳосилнокии пахта бе гузаронидани киштгардон аз ҳақиқат дур мебошад. Аз ин рӯ дар ҳама хоҷагиҳои вилоят лоиҳа оиди киштгардон, аз тарафи институтҳои лоиҳакаши кор карда баромада шуда истодааст, ки мувофиқи он дар зарфи 10 сол хоҷагиҳои вилоят майдонҳои кишти пахтаро пурра бояд киштгардон намояд.

Дар Барнома оид ба муҳофизати растани корҳои муайяне пешбини шудааст, ки ин яке аз корҳои муҳим ба ҳисоб рафта, барои нигоҳ доштани ҳосили парваришгардида сабабгори асоси шуда метавонад. Танҳо дар ноҳияи Ҳамадони соли ҷори зиёда аз 9 ҳазор тонна пахтаро ҳашаротҳои зараррасон нобуд карданд. Аз ин рӯ, барои иҷро намудани Барномаи мазкур дар ноҳияҳо ва маркази вилоят барқарор намудани кори лабораторияҳои биологи мувофиқи мақсад мебошад.

Яке аз сарчашмаҳои баланд гардидани ҳосили пахта ин пеш аз ҳама ба истеҳсолот ворид намудани навъҳои серҳосил ва барвақти мебошад. Дар шӯъбаи ноҳияи Вахш будаи институти "Зироаткори" навъҳои серҳосил руёнида шуда, дорои нахи баланд мебошад. Ин навъҳои 9326 - В, 750 - В, 11 - ВД мебошанд, ки дар истеҳсоли пахта аҳамияти калон дорад. Дар оянда васеъ ҷори намудани ин навъҳо мувофиқи мақсад буда, барои иҷрои нақшаи истеҳсоли пахтаи вилоят заминаи боэътимод мебошад.

Галла асоси ғизои мардум ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ хоҷагиҳои ғаллакории вилоят инро ба инобат гирифта, сол аз сол кишти майдони ин зироати пурқимматро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва чарогоҳ зиёд намуда, барои таъминоти аҳоли бо ғаллаи худи кӯшиш ба харҷ доранд. Соли ҷори аз ин ҳисоб дар 49,1 ҳазор гектар замин кишти иловаги гузаронида шуд.

Дар соли 2000 ҳосилнокии майдонҳои корами ғаллазор 14,6 сен./гек. ташкил карда бошад, соли 2004 ин нишондод ба 24,5 сен/га-ро ташкил намуда, истеҳсоли он ба 510 ҳазор тонна расонида шуд, ки 85,5 ҳазор тоннаи он аз кишти дубора гирифта шудааст.

Дар соли 2010 ва 2015 мувофиқи Барнома ҳосилнокии зироатҳои ғалладона мутаносибан 37,3 ва 37,7 сен/га пешбини шуда, истеҳсоли он 593 ва 618 ҳазор тонна расонида мешавад.

Дар вилоят мувофиқи Барнома болоравии истеҳсоли картошка, сабзавот ва полезии хӯрока нишон дода шудааст, ки он асосан аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии ин зироатҳо иҷро мегардад. То соли 2015 ҳосилнокии картошка ба 163,9 сен/га ва сабзавот ба 170 сен/га, полези 174,7 сен/га расонида мешавад. Танҳо аз ин ҳисоб дар соли 2015 картошка 125 ҳазор тонна, сабзавот ва полезии хӯрока мутаносибан 231 ва 135 ҳазор тонна расонида мешавад. Дар ин сурат истеҳсоли ин зироатҳо ба иҷроиши соли 1991 баробар мешавад.

Тараққи додани боғдори ва парвариши ангур дар Барнома ҷои махсус дорад. Ин асосан дар ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, Мӯъминобод, Шӯрообод ва Темурмалик, инчунин барқароркунии майдонҳои боғ дар ноҳияи Данғара ва Хуросон пешбини шудааст. Ин дар муқоиса нисбати соли 2000, дар соли 2015 истеҳсоли мева аз 38,8 то 56 ҳазор тонна ва ангур мутаносибан аз 33,6 то 57,3 ҳазор тонна зиёд мешавад.

Соҳаи чорводори дар вилоят низ соҳаи асосии кишоварзи ба ҳисоб меравад, аммо дар солҳои 1990-ум саршумори он дар баъзе хоҷагиҳо қариб, ба нести расид. Аз ин рӯ дар Барнома, дар мадди аввал барқарор намудани саршумори чорво ва парранда баробари то соли 1991 меистад.

Бо ин мақсад саршумори ҳайвони калони шохдорро то соли 2015 ба 539,3 ҳазор сар, бузу гусфанд то 1121,7 ҳазор сар ва паррандаро 1167 ҳазор адад расонидан лозим мебошад. Инчунин истеҳсоли маҳсулотҳои чорводориро дар ин давра зиёд намуда, то соли 2015 истеҳсоли гӯштро ба 68,2 ҳазор тонна, ширро 208 ҳазор тонна, тухмро 30 млн. дона ва пашм 2770 тонна расонида мешавад.

Аз ҳисоботҳо бар меояд, ки дар ҳама хоҷагиҳои чорводори сехҳои коркарди ему хошок мавҷуд буд. Бо мурури замон аксарияти ин сехҳо корношоям ва ба нести расид.

Тараққиёти чорводориро бе ему хӯроки консентрати тассавур кардан мумкин нест, аз ин рӯ дар барнома давра ба давра барқарор намудани сехҳои коркарди хӯроки чорво амали гашта, зиёд намудани майдони кишти зироатҳои хӯроки чорво аз ҳисоби азхудкунии заминҳои бекорхобида ва киштгардони дигар зироатҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ба 1 январи соли 2005 дар вилоят 8363 адад хоҷагиҳои деҳқони вуҷуд дорад, замини умумии онҳо 753 ҳазор га буда, 220,4 ҳазор га замини корам доранд. Аз он ҷумла замини корами оби 150,2 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Хоҷагиҳои деҳқони зиёда аз 16 фоиз арзиши маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии вилоятро дар бар мегирад, истеҳсоли ғалла ва пахта мутаносибан 13 фоиз ва 28 фоиз мебошад. Ҳиссаи дигар маҳсулотҳои кишоварзи инчунин дар вилоят аз 5 то 19 фоизро ташкил медиҳанд.

Аз тарафи барномаҳои пилоти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Колхозобод ва Ёвон дастгирии молияви доранд, ки дар оянда мувофиқи ин барномаҳо оид ба рушди соҳаи кишоварзи корҳои зиёде ба сомон мерасад.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2002 № 385 ,Дар бораи таҷдиди сохтори корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзи дар давраи солҳои 2002 - 2005, то 1 январи соли 2005 - 67 хоҷаги таҷдид шудааст, дар асоси онҳо 396 хоҷагии деҳқони ташкил карда шуд, шумораи саҳмдорон 85457 нафар мебошад, соли 2005 таҷдиди 17 хоҷаги ба нақша гирифта шудааст.

Ташкили хоҷагиҳои деҳқони бо мақсади зиёд намудани саршумори чорво, истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа дар барнома пешбини шудааст. Хусусигардонии фермаҳои чорводори, паррандапарвари ва дар ин асос зиёд намудани саршумори чорво ва парранда ба нақша гирифта шудааст, ки танҳо истеҳсоли тухм аз ҳамин ҳисоб бояд ба 30 млн. дона расад.

Таҷрибаи илмию истеҳсоли нишон медиҳад, ки ҳосили пахта, боғҳо, сабзавоту офтобпараст, растаниҳои ҷангалу чарогоҳҳо дар натиҷаи бо занбури асал гардолудшави аз 20 то 30 фоиз меафзояд.

Гайр аз ин маҳсулоти замбури асал (асал, мум, прополис, гарди гул, шири модарзамбур ва ғайра) боиси даромади зиёд, ворид гардидани арзи хориҷи, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳури мегардад.

Дар соли ҳисоботии 2004 истеҳсоли асал 68,2 тонна буда, асосан аз тарафи аҳоли истеҳсол карда шудааст, ки 84 фоиз ҳаҷми умумии истеҳсолшудаи асали вилоятро дар бар мегирад ва дар оянда ин ҳаҷм то 90 фоиз зиёд хоҳад гашт.

Тибқи пешниҳоди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки захираҳои растаниҳои асалдиҳандаи кишоварзи ва табии ҷумҳури имконият медиҳад, ки дар вилоят зиёда аз 33 ҳазор оилаи замбури асал нигоҳубин карда, соли 2010 - 554 тонна ва соли 2015 то 660 тонна асал ва ба миқдори зиёд маҳсулоти дигари занбури асал истеҳсол карда шавад.

Соҳаи коркарди комплекси агросаноатӣ

Вилояти Хатлон минтақаи азими кишоварзии ҷумҳури буда, рушди он бе таъмини кори устуворонаи ҳамаи соҳаҳои коркарди саноатии ашёи маҳалли (пахта, меваю сабзавот, гӯшту шир ва ғайра) ғайри имкон мебошад.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои саноати хӯроквори ва коркарди вилоят дар маҷмӯъ бо назардошти ҳисоби иловагии сектори ғайридавлати бо нархҳои пешбинишудаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар давраи то соли 2015, дар соли 2005 ба маблағи 847,3 млн сомони, дар соли 2010 ба маблағи 1022,5 млн сомони ва дар соли 2015 ба маблағи 1214,6 млн. сомони муайян шудааст. Ҳиссаи сектори ҳақиқии саноати коркард ғайр аз ҳисоби иловагии сектори ғайридавлати дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулот ҷараёни устуворонаи афзуданро дорад (аз 51 фоиз дар соли 2003 то 62,4 фоиз дар соли 2015).

Соҳаи пахтакори дар оянда низ соҳаи пешбарандаи кишоварзии вилояти Хатлон мемонад ва ҳиссаи саноати пахтатозакуни дар ҳаҷми умумии сектори ҳақиқии саноати коркард мисли пешин бисёр баланд мебошад (с. 2001-2010 - 94-96 фоиз), аммо дар соли 2015 (90-92 фоиз), аз ҳисоби афзоиши ҳиссаи саноати хӯроквори (аз 2,4 фоиз дар соли 2000 то 7,1 фоиз дар соли 2015) андаке кам мешавад.

Ҳиссаи соҳаҳои орду ярма ва хӯроки омехтаи чорво дар сектори ҳақиқии саноати коркарди вилояти Хатлон мисли пешин кам буда ва бо ҳисоби миёна аз 1 то 1,5 фоизро ташкил медиҳад, аз ин рӯ талаботи аҳоли аз ҳисоби сектори ғайридавлати қонеъ карда мешавад. Ҳиссаи он дар структураи соҳаҳои саноат бо назардошти ҳисоби иловагии сектори ғайридавлати ба солҳои 2010-2015 ба ҳисоби миёна 16,5 фоиз ташкил медиҳад.

Дар Барнома нисбатан суръати афзоиши баланд дар соҳаи хӯроквори, ки ба афзудани базаи ашё ва иқтидорҳои мавҷуда алоқаманданд, пешбини мешавад. Дар барнома дар 10 соли наздик мустаҳкам намудани базаи модди-техникии корхонаҳои саноати ба назар гирифта шудааст, чунки қариб 90 фоизи фондҳои асосии истеҳсоли дар ҳолати фарсудаги қарор доранд.

Истеҳсоли нахи пахта дар барнома дар асоси маҷмӯи истеҳсоли пахтаи хоми вилоят, ки дар соли 2005 - 323,0 ҳазор тонна, дар соли 2010 - 340,0 ҳазор тонна ва дар соли 2015 - 370,0 ҳазор тонна муайян шудааст.

Нишондиҳандаҳои истеҳсоли нахи пахта дар соли 2005 - 99,2 ҳазор тонна, дар соли 2010 - 108,8 ҳазор тонна ва дар соли 2015 - 118,4 ҳазор тонна пешбини шудааст. Суръати афзоиш соли 2010 нисбати 2005109,7 фоиз, соли 2015 нисбати соли 2010 - 108,8 фоиз ташкил медиҳад. Дар вилоят коркарди нахи пахта дар охири соли 2015 бояд на кам аз 75 фоизро ташкил намояд.

Истеҳсоли маҳсулотҳои орд, равғани растани, нон ва маҳсулоти нони, қанноди, гӯшт, якҷоя бо каллапочаи навъи 1 дар барнома бо назардошти корхонаҳои хурди хусуси бо ҳисоби иловаги нишон дода шудаанд.

Ҳаҷми истеҳсоли равғани растани бо назардошти миқдори чигити техникии дар вилоят буда муайян шудааст. Ҳаҷмҳои пешбинишудаи истеҳсоли пахтаи хом имкон медиҳад, ки захираҳои ашёвии соҳаи равғани пахта зиёд карда шавад. Истеҳсоли равғани растани дар Барнома дар соли 2005 - 18 ҳазор тонна, дар соли 2010 - 23,8 ҳазор тонна ва дар соли 2015 - 27,4 ҳазор тонна пешбини мешавад. Суръати афзоиши он соли 2010 нисбати 2005 - 131,5 фоиз ва соли 2015 нисбати 2010 - 115,2 фоиз муайян шудааст.

Қариб ҳамаи корхонаҳои коркарди комплекси агросаноати хусуси гардонида шудаанд ва айни замон аз маблағҳои гардон танқиси мекашанд. Дар назар аст, ки ба корхонаҳо дар солҳои оянда сармоягузориҳо ворид мешаванд ва худи корхонаҳо низ аз ҷиҳати молияви пурзӯр мегарданд ва нишондиҳандаҳои дар барнома пешбинишуда амали мегарданд.

4. Рушди соҳаи нақлиёт ва алоқа

Барномаи рушди иқтисодии соҳаҳои нақлиёт ва алоқаи вилояти Хатлон дар асоси пешниҳодҳои вазоратҳои нақлиёт ва алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" ва Ҳукумати вилояти Хатлон пешниҳод шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар комплекси нақлиётии вилоят, Барнома пешбини менамояд, ки дар соли 2015 нисбат ба соли 2000 ҳаҷми боркашони ва гардиши бор - 2,1-1,7 маротиба, мусофиркашони ва гардиши мусофирон 3,3-9,2 маротиба афзоиш меёбад.

Рушди назаррас дар пешрафти соҳаи алоқаи вилоят низ пешбини шуда, ҳаҷми даромад аз хизматрасонии алоқа - 6,5 маротиба ва ҳаҷми хизматрасонии соҳа , 3,7 маротиба зиёд мегардад.

Рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ

Мувофиқи маълумотҳои Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба 1 январи соли 2004 - 38.4 ҳазор адад нақлиёти автомобили мавҷуд буда, аз он 8.5 ҳазор адад (22,2 фоиз) автомобилҳои давлати ва 29,9 ҳазор адад, ё 77.8 фоизро автомобилҳои хусуси ташкил медиҳад. Танҳо дар як сол (аз 1 январи соли 2003 то 1 январи соли 2004) ба ҳисоби миёна, шумораи нақлиёти автомобилҳои давлати - 21,8 фоиз кам ва автомобилҳои хусуси бошад 6,1 фоиз зиёд шуда, дар замони феъли 15,5 фоиз автобусҳо, 96,2 фоиз автомобилҳои сабукрав ва 63,3 фоизи автомобилҳои боркаши вилоят амволи хусуси мебошанд.

Дар вилоят 50 фоизи муассисаҳои нақлиётии автомобили хусуси гардонида шудаанд ва дар асоси қарордод бо Идораҳои нақлиётии автомобилии Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб фаъолият мекунанд.

Муассисаҳои нақлиётии автомобилии ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта ба ҷамъиятҳои саҳҳоми ва дигар шаклҳои моликият гузаронида шудаанд ва дар тӯли 15 соли охир парки онҳо амалан аз ҷиҳати техники нав карда нашудааст. Вобаста ба ин ҳолатҳо дар солҳои то 2015 дар назар дошта мешавад, ки ҳаҷми нишондиҳандаҳои фаъолияти нақлиёти автомобилии давлати дар вилоят кам гардида, аз ҳисоби соҳибкорони хусуси ва ҳамлу нақли байналхалқи зиёд мегардад.

Дар ин давра бо нақлиёти автомобили дар қиёс ба солҳои 2000 дар соли 2015 ҳаҷми боркашони ва гардиши борҳо - 2,1 маротиба ва 164,7 фоиз, мусофиркашони ва гардиши мусофирон - 3,2 ва 9,4 маротиба афзоиш ёфта, мутаносибан - 5326,7 ҳазор тонна - 416,4 млн.т/км ва мусофирону гардиши мусофирон - 60,1 млн. мусофир - 714,2 млн. мус./км-ро ташкил менамояд.

Дар ин солҳо ҳамлу нақли автомобилии байналхалқи рушд ёфта, дар соли 2010 нисбат ба соли 2005 аз рӯи боркашони ва гардиши боркашони54,5 фоизи, мусофиркашони ва гардиши мусофирон - 3 маротибаги, дар соли 2015 назар ба соли 2010 оид ба боркашони ва гардиши боркашони35,3 фоизи, оид ба мусофиркашони ва гардиши мусофирон - 40 фоизи афзоиш меёбад.

Рушди соҳаи хоҷагии роҳҳо

Дар вилоят ба 1 апрели соли 2004 ҳамаги - 10329 км роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, 9414 км он мумфарш карда шудааст. Роҳҳои истифодаи умум - 5041 км, роҳҳои аҳамияти ҷумҳурияви дошта - 1258 км ва роҳҳои аҳамияти маҳалли - 3783 километрро ташкил медиҳанд, ки дар давоми 15 соли охир бисёрии онҳо таъмир нашудаанд ва бештар аз 3 ҳазор км ровдо, 30 фоиз пулҳо ва 25 фоиз қубурҳои обгузарон таъмирталаб мебошанд.

Аз ин рӯ, дар назар дошта мешавад, ки то соли 2015 роҳҳои автомобилгарди ,Шӯрообод - Анҷироби поён, (км-ҳои 10-12) - 2 км, Ваҳдат - Панҷ (км-ҳои 45-80, 93-99, 213-235) - 63 км, Балҷувон - Сари -Хосор - 10 км, Хоҷамастон - совхози Илич-Лойқасой - 5 км, СарбандБулакдашт- 20 км, Данғара - Оузикент - 5 км, Қурбоншаҳид - Темурмалик - 25 км, хоҷагии Кӯлоб - хоҷагии Қурбонова (ш. Кӯлоб) - 4 км, Бешкент - чашмаи ноҳияи Н. Хусрав - 7 км , Чашма - с/х Бешкенти ноҳияи Н. Хусрав - 10 км, Ёвон - А.Ҷоми - 5 км, Данғара - Хонаобод - 2 км, Душанбе , Айваҷ - (км-ҳои 39- 46, 46 -51, 58 -61) - 15 км, БешкентЧашма - с/х Бешкент (шаҳраки Баҳор) - 15 км, Балҷувон - Даштимайдон4 км, Балҷувон - Калтачанор - Ховалинг - 47 км аз нав таъмиру тармим карда, сохтмони роҳи автомобилгарди гирдогирди шаҳри Кӯлоб - 8,5 км, роҳи автомобилгард то нақби ағбаи Шар - Шар - 4,7 км ба сомон расонида мешавад.

Аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷи, сохтмони нақб дар ағбаи ШарШар - 1,9 км, барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди Қӯрғонтеппа - Панҷ85 км, Душанбе - Қӯрғонтеппа - Данғара - Кӯлоб - 170,7 км, сохтмони қитъаи роҳи Анҷироби поён дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб -15,6 км дар назар аст.

Рушди нақлиёти роҳи оҳан

Дарози роҳи оҳани дохилии вилояти Хатлон 422,4 километрро ташкил менамояд. Бо мақсади самаранок истифода бурдани имкониятҳои роҳи оҳан, ки шаҳрҳои марказии вилоятро бо мамолики хориҷи дуру наздик ва минтақаи шимолии роҳи оҳани ҷумҳури алоқаманд менамояд ва бо назардошти пешбини шудани сохтмонҳои иншоотҳои калони таъминкунандаи рушди иқтисод - сохтмони нерӯгоҳи обии барҚии (НОБ) Сангтӯда - 1 ва Сангтӯдаи 2, заводи алюмини дар вилоят, Барнома пешбини менамояд, ки ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан боркашони нисбат ба соли 2000 дар соли 2005-ум - 33,2 фоиз ва дар соли 2015-ум 53 фоиз, мутаносибан, гардиши борҳо 71, 8 фоиз 2,1 маротиба, мусофиркашони 3,1-3,8 маротиба ва гардиши мусофирон 4,2-5 маротиба афзоиш меёбанд.

Дар Барнома, инчунин идомабахшии корҳо баҳри сохтмони инфраструктураҳои роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, оғоз ва анҷоми сохтмони хати роҳи оҳани нави ,Кофарниҳон - Ёвон, - 47 км ва таъмиру тармими роҳҳои оҳан ва иншоотҳои мавҷудаи соҳа дар назар гирифта мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки бо назардошти самаранок истифода бурдани иқтидорҳои роҳи оҳани вилоят ва ба низом даровардани арзиши хизматрасонии соҳа, аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳи оҳани Тоҷикистон дар ояндаи дарозмӯҳлат барои сохтмони роҳи оҳани Хошоди-Шаҳртуз-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ҳуҷҷатҳои лоиҳавию арзиширо нисбати электрификатсиякунонии ин роҳ тартиб диҳанд ва ҷиҳати амали намудани он чораҳои зарури андешанд.

Рушди нақлиёти ҳавоӣ

Дар ҳудуди вилояти Хатлон як фурӯдгоҳи хавопаймоҳои сатҳи байналхалқи дар шаҳри Кӯлоб ва 15 фурӯдгоҳҳои хизматгузории нақлиёти ҳавоии дохили ҷумҳурияви вуҷуд дорад, ки 75 фоизи онҳо бо сабаби ба талаботҳои меъёри - техники ҷавобгӯ набудан истифода карда намешаванд. Дар ин давра фурӯдгоҳи шаҳри Данғара таъмиру тармим карда ба фурӯдгоҳи сатҳи байналхалқи гузаронида мешавад.

Барнома пешбини мекунад, ки бо ин намуди нақлиёт ҳаҷми боркашони дар соли 2005 нисбати соли 2000 - 14.1 маротиба ва дар соли 2015

16.9 баробар, мутаносибан - гардиши борҳо - 14.1-17.0 маротиба, мусофиркашони - 7.7- 9.4 баробар ва гардиши мусофирон - 9.8 - 11.9 маротиба зиёд мешавад.

Инчунин, дар назар гирифта шудааст, ки дар баробари эҳёи фурӯдгоҳҳои маҳалли ва истифодаи самараноки онҳо, навбати дуюми тармими фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб то соли 2008 ба маблағи 10,9 млн. сомони ба анҷом расонида мешавад.

Рушди соҳои алоқа

Дар соли 2015 нисбат ба соли 2000 ҳаҷми даромад аз хизматрасонии алоқаи вилоят 6,5 маротиба ва ҳаҷми хизматрасонии соҳа - 3,7 маротиба афзоиш меёбад.

Дар замони феъли дар вилояти Хатлон 100 истгоҳҳои автоматии телефони мавҷуд мебошад, ки ин нисбати соли 2000 - 4 адад кам буда, то соли 2015 шумораи онҳо, инчунин дарозии каналҳои телефонии байнишаҳри дар сатҳи соли 2005 мутаносибан - 100 адад ва 1952 ҳазор кан/км боқи мемонанд.

Дар ин давра ғунҷоиши истгоҳҳои васлкардашуда - 11,5 фоиз ва миқдори аппаратҳои асосии телефони - 3,5 фоиз зиёд мегардад.

Дар бозори хизматрасонии коммуникатсияи телефони, Барнома рушди муваффақонаи ширкатҳои моликиятошон мухталифро пешбини менамояд, ки дар қатори ҷумҳури дар вилояти Хатлон низ хизматгузориҳои алоқаи зудамал (мобили), соти, пейджинги, IP-телефон ва истифода аз "Интернет" амри воқеи мегарданд. Дар назар дошта мешавад, ки истифодабарондагони алоқаи соти дар соли 2010 нисбат ба соли 2005

3.2 маротиба, дар соли 2015 назар ба соли 2010 - 63.0 фоиз, ба 177.5 ҳазор мухлисон мерасад.

Шумораи истифодабарондагони шабакаи "Интернет" дар соли 2010 назар ба соли 2005 - 2,3 маротиба ва дар соли 2015 нисбат ба соли 2010 - 22,6 фоиз зиёд мегардад. Барнома, таҳким ва иваз намудани истгоҳҳои автоматии телефониро ба меъёрҳои рақами, амали намудани лоиҳаи инвеститсионии "Шабакаҳои нақли коммуникатсияи телефонии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва лоиҳаи "Қисмати ҷумҳуриявии хати алоқаи Осиё-Аврупо ва хатҳои радиорелии Душанбе-Хуҷанд ва Тошуробод-Кӯлоб-Ховалинг"-ро пешбини менамояд, ки на танҳо рушди шабакаи ,Интернет,-ро таъмин менамояд, балки имконияти васеъ барои иттилооти хизмати, гузаронидани машваратҳо, конференсияҳои телефони ва дигар хизматгузориҳои алоқаи телефониро дар сатҳи сифатан наву ба меъёрҳои ҷаҳони мувофиқ фароҳам меоварад.

Дар Барнома сохтмон ва мавриди истифода қарор додани шабакаи алоҳидаи пахши барномаҳои телевизиони вилоят пешбини карда мешавад.

5. Фаъолияти инвеститсияи дохилӣ ва комплекси сохтмон

Дар солҳои 2006-2015 барномаи инвеститсионии рушди иқтисодии вилояти Хатлон бо назардошти параметрҳои муайяншудаи Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, истифодаи ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузори: маблағҳои худии корхонаю ташкилотҳо, буҷети ва ҷалби сармояҳои хориҷи тайёр карда шудааст.

Ҳаҷми умумии инвеститсияҳо (бе сармоягузориҳои хориҷи) ба иқтисодиёти вилояти Хатлон дар ҳаҷми 1124 млн. сомони, корҳои сохтмонию васлкуни 898,8 млн. сомони, ба истифода додани фондҳои асоси 1052 млн. сомони муайян шудааст.

Маблағҳои асосии дар қарорҳои қабулшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ноҳияҳои Носири Хусрав, Балҷувон, Темурмалик ва Шӯрообод пешбини шудаанд, инчунин чорабиниҳо доир ба тайёри ба ҷашни 2700- солагии шаҳри Кӯлоб пурра ба инобат гирифта шудаанд.

Бо назардошти маҳдуд будани маблағҳои худии вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳо ҳар сол маҳдуд гардидани имконияти ҳалли проблемаи асосии аз ҳисоби буҷети давлати, дар дурнамо зарурати ҷалб намудани сармояҳои хориҷи мувофиқи Созишномаҳои басташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст. Шартномаҳои ба имзорасидаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳо бо давлатҳои хориҷи, доираҳои байналхалқии молияви, фирмаҳою ширкатҳо доир ба масъалаҳои ҷудо намудани қарзҳои хориҷи ва ё бурдани фаъолият якҷоя низ дар назар дошта шудааст.

Дар соли 2006-2015 истифодаи сармояҳои хориҷи барои эҳтиёҷоти сохтмони асоси дар ҳаҷми 1883,84 млн. доллари ШМА пешбини карда шудааст.

Барои маблағгузории сармояҳои дохили равона намудани маблағҳои худи корхонаю ташкилотҳо дар ҳаҷми 51,2 млн. сомони, маблағҳои буҷети 733,8 млн. сомони пешбини карда шудааст.

Хароҷотҳои ташкилотҳои ғайри давлати - Тоҷикматлубот, хоҷагиҳои коллективи, корхонаҳои муштарак ҷамъиятҳои саҳоми, корхонаҳои хурд, сектори хусусии иқтисодиёти ҷумҳури 299,18 млн. сомони (26,6 фоиз аз ҳаҷми умумии сармояҳо) муайян карда шудаанд.

Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асоси (инвеститсияҳо) барои сохтмони истеҳсоли 500 млн. сомони (44,5 фоиз) ва сохтмони ғайри истеҳсоли 624 млн. сомони (55,6 фоиз) равона карда мешаванд.

Маблағҳои асосии марказонидашудае, ки аз буҷет маблағгузори карда мешаванд, дар рушди соҳаи истеҳсоли - 410 млн. сомони (53 фоиз) ва соҳаҳои ғайри истеҳсоли 363 млн. сомони (47 фоиз) истифода бурда мешаванд.

Ҳиссаи зиёди сармояҳои марказонидашудаи сохтмон дар соҳаҳои истеҳсолии афзалиятдошта истифода бурда мешаванд: нақлиёти автомобили, роҳи оҳан, комплекси сӯзишворию энергетики, ки эҳтиёҷоти таъхирнопазири вилояти Хатлонро таъмин менамояд, ба рушди дигар соҳаҳои иқтисодиёти вилояти Хатлон имконият медиҳад. Дар солҳои 2006-2010 дар ноҳияи Шаҳритус сохтмони заводи семент бо иқтидори солона 2350 ҳазор тонна ба нақша гирифта шудааст.

Сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Панҷи Поён аз ҳисоби инвеститсияи дохилию хориҷи маблағгузори шуда, ба истифода супоридани он дар соли 2009 дар назар аст.

Дар солҳои 2006-2010 корҳои соҳилмустаҳкамкуни дар дарёҳои: Панҷ, Сурхоб, Ёхсу, Вахш, Кофарниҳон ва дигарҳо идома меёбанд. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо бояд 77,3 млн. сомони маблағ аз худ карда шаванд.

Барои сохтмони иншоотҳои комплекси агросаноати аз ҳисоби сармояҳои дохили 148,2 млн. сомони (24,3 фоиз аз ҳаҷми маблағгузории марказонидашуда) пешбини карда шудааст.

Аз маблағҳои буҷетие, ки ба соҳаҳои иҷтимои равона карда мешаванд, ба соҳаҳои афзалиятдошта (тандурусти ва хоҷагии коммунали) ҷудо намудани 148,3 млн. сомони пешбини карда шудааст, ин 20 фоиз нисбати маблағҳои умумии марказонидашуда ва 46 фоиз нисбати хароҷотҳои соҳаи ғайриистеҳсоли мебошад.

Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузори ба истифода додани 916,5 ҳазор метри мураббаъ масоҳати умумии манзилгоҳ, аз он ҷумла аз ҳисоби маблағҳои буҷети 34,3 ҳазор метри мураббаъ ва аз маблағҳои аҳоли 882,2 ҳазор метри мураббаъ пешбини карда шудааст.

Дар соҳаи иҷтимои ба истифода додани мактабҳои маълумоти умуми барои 21452 ҷои талаба, муассисаҳои томактаби барои 1670 ҷой, беморхона барои 1961 кат ва дармонгоҳҳо барои 2675 шаҳрвандон қабул дар як баст пешбини карда шудааст.

Дар иншоотҳои хоҷагии коммунали бояд иқтидорҳои зерин ба истифода дода шаванд: хати обтаъминкуни 127 км, хати интиқоли газ 188,7 км ва хатҳои канализатсиони 32,4 км.

То соли 2010 ба истифода додани НОБ-ҳои "Сангтӯда" 1 ва "Сангтӯда" 2, барқароркунии НОБ-ҳои Норак, Бойгози пешбини карда мешаванд.

Сохтмони як қатор нерӯгоҳҳои хурди обию барқи, ба охир расонидани роҳҳои автомобилии Душанбе-Кӯлоб 170 км, Кӯлоб-Қалайхумб - 15,6 км инчунин сохтмони туннели Шар-Шар (1,9 км), оғоз ва ба итмом расонидани роҳи оҳани Кофарниҳон- Ёвон (47 км) дар назар аст.

Инчунин корҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:

- ба итмом расонидани фурудгоҳҳои шаҳрҳои Кӯлоб ва Данғара, сохтмони 2 заводи алюмини бо иқтидори истеҳсоли алюминий 100 ҳазор тонна ҳар кадомаш дар як сол; барқарорсозии корхонаҳои соҳаҳои саноати сабук хӯроквори ва маводҳои истеҳсолию сохтмони; сохтмони корхонаҳои консервабарори, корхонаҳои истеҳсоли равғани геран, корхонаҳои пашм ва инчунин як қатор сехҳои шиша сохта мешаванд.

6. Фаъолияти инвеститсияи хориҷӣ

Мутобиқи пешниҳодоти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 таи солҳои 2005-2015 ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди вилояти Хатлон бо мақсади амали гардонидани 102 лоиҳаҳои сармоягузори 2041,2 млн. долл. ШМА сармоягузориҳои хориҷи ба назар гирифта шудааст, ки аз он 97,3 млн. долл. ШМА ба давраи соли 2005, 1392,3 млн. долл. ШМА ба давраи солҳои 2006-2010 ва 594,6 млн. долл. ШМА ба давраи солҳои 2011-2015 тааллуқ дорад.

Дар солҳои 2005-2015 дар самти азнавсозии гумрук ва рушди инфрасохтор 100 ҳазор долл. ШМА маблағгузори дар назар дошта шудааст.

Дар соҳаи кишоварзи 23 млн. долл. ШМА пешбини шудааст, ки он ба масъалаҳои хусусигардонии хоҷагиҳо, рушди замбурпарвари, барқарорсозии соҳа ва ғайраҳо равона мешаванд.

Дар соҳаи ирригатсия ва обтаъминкунии деҳот 33,2 млн. долл. ШМА маблағгузори дар назар дошта шудааст, ки он ба барқарорсозии соҳаи кишоварзи, паст намудани сатҳи камбизоати, беҳтар намудани инфрасохтори деҳот ва таҷдиди соҳа равона мегардад. Аз ҳисоби маблағҳои мазкур обёрикунии 6 ҳазор гектар замин дар ноҳияи Данғара ба итмом расонида мешавад.

Дар самти обтаъминкуни ва азнавсозии системаи канализатсионии вилоят ҷалби сармоягузориҳои хориҷи ба маблағи 9,8 млн. долл. ШМА дар назар дошта шудааст, ки барои амалигардонии лоиҳаҳои обтаъминкунии шаҳрҳою ноҳияҳои вилоят истифода мешаванд.

Дар соҳаи маориф ҷалби маблағгузориҳои хориҷи дар ҳаҷми 12,9 млн. долл. ШМА дар назар дошта шудааст, ки он қисман барои амалигардонии ислоҳот дар соҳаи маориф равона карда мешавад. Аз ҳисоби маблағҳои мазкур сохтмони ду ва барқарорсозии як мактаби таҳсилоти ҳамагони дар ҳудуди вилоят ба итмом расонида мешавад, ки барои дарсомӯзии 2336 хонанда мусоидат менамояд.

Дар соҳаи тандурусти таи солҳои 2005-2015 ҷалби сармоягузориҳои хориҷи дар ҳаҷми зиёда аз 20,1 млн. долл. ШМА дар назар дошта шудааст, ки қисме аз он ба пешрафти раванди ислоҳот дар соҳаи тандурусти мусоидат менамояд. Аз ҳисоби маблағҳои мазкур сохтмони як беморхонаи дорои 300 кат, беморхонаи атфол, сохтмони бунгоҳҳои тибби ба итмом расонида шуда, қисме аз маблағҳо барои амали гардонидани барномаи кӯмаки аввалияи тибби, беҳтар намудани хизматрасонии модар ва кӯдак равона карда мешавад.

Соҳаи муҳиме, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии на танҳо вилоят, инчунин тамоми ҷумҳури таъсири мусбат расонида метавонад, ин соҳаи энергетика мебошад. Дар ин соҳа таи солҳои 2005-2015 ҷалби умумии сармоягузориҳои хориҷи дар ҳаҷми 1 млрд. 54,7 млн. долл. ШМА дар назар дошта шудааст. Қисми асосии маблағи мазкур барои ба итмом расондани сохтмони НОБ "Сангтӯда 1" ва "Сангтӯда 2" бо ҷалби сармоягузориҳои мустақими Федератсия Россия ва Ҷумҳурии Исломи Эрон дар ҳаҷми 544 млн. долл. ШМА дар назар дошта шудааст, ки дар натиҷаи он иқтидори энергетикии ҷумҳури 910 МВт зиёд мегардад. Мутобиқи Барнома дар давраи амали гардонии сохтмон ва барқарорсозии хатҳои интиқоли барқ бо дарозии 485,5 км ба анҷом расонида шуда зерстансияҳои "Лолазор"-"Обимазор", "Сангтӯда" ва зерстансияи маҷмӯъии "Хатлон" ба итмом расонида мешаванд. Инчунин дар ин давра корҳои барқарорсози дар нерӯгоҳҳои оби-барқии "Норак", "Бойғози", "Сарбанд", "Шар-Шар", ,Маркази, ва стансияи гарми-барқии ,Ёвон, ба итмом расонида мешаванд. Бо мақсади ба роҳ мондани истихроҷи нафту газ дар давраи иҷроиши Барнома корҳои кофтукови ва геологи дар майдонҳои Ялгизкак, Қашқақум, Қизилтумшуқ ва Саргазону Олимтой ба маблағи 28,3 млн. долл. ШМА ба итмом расонида мешаванд. Дар ин давра инчунин дар ҳудуди вилоят як нерӯгоҳи обии барқии хурд бо иқтидори 480 кВт ба итмом расонида мешавад.

Соҳаи дигаре, ки тараққиёти иҷтимою иқтисодии вилоят аз он вобастагии калон дорад, ин соҳаи нақлиёт мебошад, ки барои рушди он ҷалби сармоягузориҳои хориҷи таи солҳои 2005-2015 дар ҳаҷми зиёда аз 133 млн. долл. ШМА дар назар дошта шудааст. Дар давраи иҷроиши Барнома бо истифодаи маблағҳои мазкур барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб дар дарозии 170 км, сохтмони нақб дар ағбаи ,Шар-Шар, бо дарозии 1,9 км, сохтмони қитъаи Анҷироби поёнии роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб бо дарозии 15,6 км, барқарорсозии роҳи автомобилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ бо дарозии 60 км ба итмом расонида шуда сохтмони хати нави роҳи оҳани Кофарниҳон-Ёвон шурӯъ карда мешавад.

Дар соҳаи ҳифзи иҷтимои ва меҳнат таи солҳои 2005-2015 ҷалби умумии сармоягузориҳои хориҷи дар ҳаҷми 2,5 млн. долл. ШМА дар назар дошта шудааст. Маблағи мазкур барои дастрас ва васл намудани ченкунакҳои гази табий ва барқарор намудани ҳолати меъёрии шабакаҳои магистралии газтаъминкунии вилоят равона шудаанд.

Рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят аз рушди соҳаи саноат вобастагии калон дорад.

Бо ин мақсад дар давраи иҷроиши Барнома ба мақсади сохтмони корхонаҳои нави саноати ва азнавсозии корхонаҳои амалкунанда ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷи бо маблағи 748,2 млн. долл. ШМА дар назар дошта шудааст.

Лоиҳаи муҳиме, ки ба рушди саноти вилоят такони муҳим медиҳад, ин сохтмони заводи истеҳсоли алюминий дар ҳудуди вилоят бо маблағи 600 млн. долл. ШМА аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "РусАл"-и Федератсияи Россия мебошад, ки иқтидори солонаи истеҳсолии он 200 ҳазор тонна алюминийро ташкил медиҳад.

Дар ин давра бо истифодаи маблағҳои мазкур барқарорсози ва сохтмони заводу сехҳо оид ба барориши консерваю сабзавот, барқароркунии хати технологи барои истеҳсоли хишти пухта, сохтмони фабрикаи ресандаги, ташкили истеҳсоли бофандаги ва дӯзандаги ба итмом расонида мешавад.

Дар ин давра дар самти туризм 3 млн. долл. ШМА, маблағгузори дар назар дошта шудааст.

Иҷроиши Барнома бо ҷалби сармоягузориҳои хориҷи ба рушди иқтисодию иҷтимои ва кам намудани сатҳи камбизоати дар шаҳру навоиҳои вилоят мусоидат менамояд (замимаи 3).

7. Бозори истеъмолӣ

Барномаҳои ислоҳоти иқтисодие, ки солҳои охир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор доранд, ба беҳтар гаштани сатҳи иҷтимоии аҳоли, таъмини рушди устувори иқтисоди нигаронида шуданд.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди иқтисоди милли ва муайянкунандаи сатҳи зиндагии аҳоли афзоиши савдои чакана ва хизматрасонии пулаки ба шумор меравад.

Дар давраи солҳои 1990-2000 дар натиҷаи дигаршавии шаклҳои моликият ва паст рафтани сатҳи истеҳсолоти корхонаҳои саноати, вазъи соҳаи савдо ва хизматрасони душвор гардид.

Он тағйиротҳое, ки дар ҳаёти сиёсию иқтисодии минтақаи Хатлон ба амал омадаанд, таъсири бевоситаи худро ба соҳаи савдо ва хизматрасони низ расониданд.

Ҳаҷми гардиши моли чакана ва хизматрасонии пулаки дар давраи солҳои 1991-2001 хеле паст гардида, дар соли 2000 нисбати соли 1991 (бо нархҳои соли 2000) 20,8 маротиба ва ҳаҷми хизматрасонии пулаки 27,1 маротиба кам шуда, мутаносибан 4,8 ва 3,7 фоизи ҳаҷми соли 1991-ро ташкил дод.

Рушди устувори иҷтимоию иқтисодии солҳои охир дар вилоят бевосита ба афзоиши савдои чакана ва хизматрасонии пулаки таъсири мусби расонид.

Мувофиқи маълумотҳо ҳаҷми умумии истеҳсоли мол дар соли 2004 145 млн. сомониро ташкил дода, нисбати соли 2000-ум 3 маротиба афзоиш ёфт.

Музди миёнаи меҳнат дар соли 2004-ум 39,04 сомониро ташкил дод, ки ин дар муқоиса нисбати соли 1995 - 43,9 маротиба, нисбати соли 2000 - 4 маротиба зиёд аст.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки ин омилҳо ба зиёдшавии ҳаҷми гардиши моли чакана ва хизматрасонии пулаки оварда расонид. Махсусан аз соли 2002 сар карда, ҳаҷми гардиши моли чакана ва хизматрасонии пулаки бо суръати баланд афзоиш меёбанд (бо нархҳои муқоисави, соли 2002- 119.5 фоиз, соли 2003 - 131.7 фоиз, соли 2004 - 149.5 фоиз).

Бо назардошти заминаҳои воқеъи дар назар аст, ки ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана дар ҳамаи соҳаҳо дар соли 2005 нисбат ба соли 2000 ба андозаи 5 маротиба, дар соли 2010 нисбат ба соли 2005 - 1,5 маротиба, соли 2015 нисбат ба соли 2010 - 1,8 маротиба афзоиш хоҳад ёфт. Ҳаҷми хизматрасониҳои пулаки ба аҳоли низ мутаносибан, 13,6 маротиба, 1,6 маротиба ва 1,7 маротиба зиёд мегардад.

Дар давраи солҳои 2001-2015 ҳаҷми гардиши савдои чакана бо нархҳои амали 13,6 маротиба, бо нархҳои муқоисави 4,5 маротиба ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулаки мутаносибан 38,7 ва 6,3 маротиба зиёд хоҳад шуд. Хизматрасонии муассисаҳои хӯроки умуми бештар хоҳад гашт.

Чи тавре ки маълум аст, баҳодиҳии мо дар заминаи коҳишёфтаи нишондиҳандаҳои бӯҳронии солҳои 90-ум сурат мегирад. Аз ҳамин сабаб ба суръати баланди афзоиш нигоҳ накарда, гардиши савдои чакана ва хизматрасонии пулаки дар соли 2015 (бо нархҳои соли 2015) дар вилояти Хатлон мутаносибан 21,8 фоиз ва 14,9 фоизи нишондиҳандаи соли 1991-ро ташкил медиҳад.

Аз тарафи дигар дараҷаи таъмини бозори истеъмоли бо молҳои ниёзи мардум пеш аз ҳама ба фаъолияти соҳаҳои саноат ва кишоварзи вобаста аст.

Мувофиқи дурнамои соли 2015 истеҳсоли молҳои ниёзи мардум нисбати соли 2000 - 9,5 маротиба зиёд хоҳад шуд, аз он ҷумла: гӯшт - 2,8 маротиба; шир - 2,4 маротиба; тухм - 23,9; гандум - 1,9; равғани растани - 3,3; картошка - 4,2; қолин ва маҳсулоти қолини - 5,2; маҳсулоти дӯзандаги - 4,7 маротиба.

Афзоиши нишондодҳои мутлақи бозори истеъмоли дар ҷадвал оварда шудааст.

* ҷадвал оварда намешавад

Ҳаҷми гардиши савдои чакана ва хизматрасонии пулаки ба ҳар сари аҳоли дар соли 2010 нисбати соли 2000 (бо нархҳои амали) 6,1 ва 18,1 маротиба, дар соли 2015 нисбати соли 2000 - 9,4 - 26,7 маротиба афзоиш хоҳад ёфт.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бозори истеъмолии вилоят дар оянда низ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли молҳои истеъмоли, хизматрасонии пулаки аз дохили кишвар, инчунин аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми воридоти таъмин мегардад.

Дар натиҷаи афзоиши босуръати даромадҳои пули дар сохтори истеъмолот ҳиссаи маҳсулотҳои ғизонокиаш баланд меафзояд. Сифати истеъмолии гурӯҳи асосии молҳои хӯрока беҳтар хоҳад шуд. Фурӯши гӯшт ва маҳсулоти ҳасиби дар соли 2015 нисбат ба соли 2000 - 13,2 маротиба, шир ва маҳсулоти шири - 6, тухм ва маҳсулоти тухми - 13,5 маротиба бештар хоҳад гашт.

Талабот ба ашёи таъиноти маданию маиши ва молҳои хоҷагию рӯзгор, ки истифодаашон дарозмӯҳлат мебошад, зиёд хоҳад гашт.

Фурӯши ашёҳои барқи дар соли 2015 нисбати соли 2000 - 16 маротиба, молҳои хоҷаги - 47 маротиба, автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётии он - 26 маротиба, газворҳо -11 маротиба, ҷӯробу пайпоқ - 10 маротиба, пойафзол - 15 маротиба бештар мегарданд.

Дар сохтори татбиқи хизматрасониҳои пулаки низ пешрави ба вуҷуд меоянд.

Ҳаҷми хизматрасониҳои маиши, нақлиёти мусофиркаш, соҳаи маориф бо суръати баланд афзоиш хоҳанд ёфт.

Барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои пешбини гардидаи рушди бозори истеъмолии вилояти Хатлон асосан омилҳои зерин таъсири худро расонида метавонанд:

- фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоати ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаҳо;

- барҳам додани монеъаҳои рушди соҳаи соҳибкори, хусусан соҳибкории хурд, ки барои таъмини ҷойҳои кории нав ва таъмини даромади иловагии аҳоли мусоидат менамояд;

- рушди истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ва ба рақобат тобовар дар ҳудуди вилоят, кам намудани монеъаҳои кашонидани молҳо аз дигар минтақаҳои ҷумҳури;

- зиёдшавии маблағҳои муҳоҷирони меҳнатие, ки аз дигар давлатҳо ба шаҳрвандони вилоят меоянд;

- пешрафти савдои наздисарҳадии вилоят бо Афғонистон;

- қабул ва амал намудани қонун "Дар бораи стандартҳои иҷтимоии минимали", ки барои рушди хизматрасониҳои пулаки асоси қонуни мегузорад.

Дар солҳои 2005-2015 барои рушди бозори истеъмоли ва хизматрасони асосан чунин омилҳо мусоидат менамоянд:

- сохтмони заводи нави алюминий, мувофиқи Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "РусАл"- и Федератсияи Россия,

- сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқии "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" бо иштироки сармоягузорони давлатҳои Россия ва Эрон,

- сохтмони 2 пул дар дарёи Панҷ (дар ноҳияҳои Панҷ ва Фархор мувофиқи лоиҳа),

- ташкили хизматрасониҳо ба аҳоли ва корхонаҳои вилоят, инчунин барои нақлиёту мусофирони ба Афғонистон гузаранда.

8. Фаъолияти иқтисоди хориҷӣ

Барномаи мазкур барои солҳои 2005-2015 дар асоси таҳлили тамоюли рушди савдои хориҷии вилояти Хатлон бо мамлакатҳои дуру наздик дар соли 2003, баҳодиҳии соли 2004 ва татбиқи Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то 2015 саҳеҳ намуда асос карда шудааст.

Аз рӯи маълумотҳои омори расми ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон сол аз сол афзоиш ёфта истодааст.

Дар соли 2000 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон (ғайри содироти қувваи барқ) 59,4 млн. доллари ШМА-ро ташкил карда бошад, дар соли 2005 ҳаҷми он 173,4 млн. доллари ШМА ташкил менамояд.

Ҳаҷми умумии содирот дар чор соли охир хело афзоиш ёфта, соли 2005-ум 109,3 миллион доллари ШМА-ро бояд ташкил намояд, ки ин аз ҳисоби зиёдшавии содироти маҳсулоти асоси - нахи пахта мебошад. Соли 2000 нахи пахта ба миқдори 54,4 ҳазор тонна ва соли 2003 ба миқдори 85,8 ҳазор тонна коркард карда шуд. Мутаносибан соли 2000-ум 26,4 ҳазор тонна ва соли 2003-ум 82,5 ҳазор тонна нахи пахта содир карда шуд.

Дар содироти мол мавқеи бештарро пахта - 93,6 фоиз, ресмон - 1,1 фоиз, нуриҳои минерали - 1,9 фоиз, маҳсулоти кимиёви - 1,2 фоизро ишғол менамоянд.

Ҳаҷми умумии воридот дар соли 2005 дар муқоиса бо соли 2000-ум 2,6 маротиба афзуда 64,1 миллион доллари ШМА-ро ташкил медиҳад.

Дар воридот ҳиссаи маҳсулоти сӯзишвори - 44,0 фоиз, нуриҳои минерали - 14,4 фоиз, гандум - 5,6 фоизро ташкил медиҳанд.

Дар ояндаи дарозмуддат таъмин намудани суръати устувори афзоиши сатҳи гардиши савдои хориҷи вазифаҳои стратегии сиёсати иқтисодии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Стратегияи тараққиёти сохтори иқтисодии хориҷии вилояти Хатлон пеш аз ҳама барои ноил шудан ба чунин мақсадҳо равона хоҳад гашт:

- дастгирии соҳаҳои анъанавии ба содирот равонашаванда ва соҳаҳои наве, ки воридоти устувори асъорро барои ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисоди ва пардохти қарзҳо таъмин карда тавонанд;

- беҳтар кардани сохтори содирот, афзоиши ҳиссаи маснуоти тайёри рақобаткунанда ва нимтайёр, кам кардани самти ашёии содирот;

- рушди соҳаҳои ивазкунандаи воридот барои қонеъ гардонидани талаботи бозори дохили, кам кардани вобастаги аз воридоти молҳое, ки истеҳсоли онҳоро дар ҳудуди вилоят ба роҳ мондан мумкин аст;

- ташкили механизмҳои самараноки дастгирии давлати ва ҳавасмандгардонии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, ба кӯмаки кредитҳои имтиёзнок пешниҳоди грантҳо ва кафолатҳои имтиёзи, суғурта аз риск, истифодаи ҳамаҷонибаи фишангҳои тарифи ва ғайритарифи барои дастгири ва ҳимояи молистеҳсолкунандагони ватани;

- таҳкими назорати давлати ба содироти молҳои аз нигоҳи стратеги муҳим ва ба воридот нигаронидашуда, пеш аз ҳама ба хариди техника ва технологияи пешқадам;

- фаъол сохтани корҳои иттилооти ва тағриботи оид ба ҷалби сармояи хориҷи барои рушд ва таҳкими қудрати содиротии иқтисодиёти вилоят;

Гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон дар соли 2005 - 173,4 млн. доллар, соли 2010 - 478,2, соли 2015 - 776,6 млн. доллари ШМА-ро ташкил хоҳад дод, афзоиши он дар тамоми давра, яъне соли 2015 нисбати соли 2000-13.1 маротиба пешбини мешавад.

Тамоюли фаъолияти иқтисодии хориҷии вилоят то соли 2015 аз рӯи иқтидорҳои мавҷудаи содироти муайян мегардад. Бинобар ҳамин самти асосии стратегии тезонидани фаъолияти иқтисодии хориҷии вилоят дар солҳои наздик ва дур рушди соҳаҳои мавҷудаи ба содирот нигаронидашуда хоҳад гашт.

Масъалаи ҳалкунанда дар сиёсати иқтисоди хориҷи рушди содирот ва таҳкими пояи он ба ҳисоб меравад. Зарурати рушди содиротро, ки амалан манбаи ягонаи воридшавии асъори устувори хориҷи ба ҳисоб меравад, пардохти ӯҳдадориҳо оид ба қарзи хориҷи ва зарурати ба таври умуми таҷдид намудани техника ва технология, воридоти молҳои дар мамлакат истеҳсол нашаванда тақозо менамояд.

Аз рӯи нақшаи стратеги сиёсати содироти дар ояндаи дарозмуддат барои дар бозорҳои беруна фурӯхтани молҳое, ки аз рӯи онҳо вилоят бартари дорад ва барои ба сатҳи рақобатнок баровардани корхонаҳои ватани равона хоҳад шуд.

Барнома афзоиши содиротро дар соли 2005 назар ба соли 2000 - 3.1 маротиба, мутаносибан соли 2010 ба соли 2005 - 2.2 маротиба ва соли 2015 ба соли 2010 - 2 маротиба пешбини менамояд. Дар айни замон содироти нахи пахта дар солҳои 2000-2015 - 2,4 маротиба зиёд хоҳад шуд. Ҳаҷми воқеии он дар соли 2005 - 71,3 ҳазор тонна, дар соли 201065,7 ҳазор тонна, дар соли 2015 - 64,0 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод. Қисми зиёди маҳсулоти пахта, ки дар дохили вилоят коркард хоҳад шуд, ҳамчунин барои содирот истифода хоҳад гашт. Аз ҳамин лиҳоз, дар Барнома содироти ресмони пахтагин дар соли 2005 ба миқдори 1,0 ҳазор тонна ва баъд аз сохта ва ба истифодабари додани корхонаҳои коркарди нахи пахта дар ноҳияҳои Колхозобод, Ёвон ва Данғара дар соли соли 2010 ба миқдори 2,7 ҳазор тонна ва дар соли 2015 ба миқдори 3,1 ҳазор тонна пешбини шудааст.

Дар баробари нахи пахта маҳсулоти муҳими содироти нуриҳои минерали ба ҳисоб хоҳад рафт. Содироти нуриҳои минерали дар соли 2015 дар ҳаҷми 70,2 ҳазор тонна пешбини мешавад. Афзоиш дар соли 2015 дар муқоиса бо соли 2005 - 30.0 фоизро ташкил хоҳад дод. Ҳаҷми номбурда аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли нуриҳои минерали таъмин хоҳад шуд. Ба ғайр аз маҳсулоти кимиёви, маҳсулоти меваю сабзавот, қувваи барқ, пилла, маҳсулоти нассоҷи ва ғайра содир хоҳад карда шуд.

Дар Барнома инчунин содироти алюминияи аввалия дар соли 2010 ба миқдори 82,4 ҳазор тонна ва дар соли 2015 ба миқдори 174,6 ҳазор тонна ба ҳисоб гирифта шудааст, ки иҷроиши он аз ҳисоби ба истифодабари додани навбати I корхонаи алюминии Данғара то соли 2010 ва навбати II - ум дар соли 2013 дар назар дошта шудааст.

Содироти қувваи барқ дар соли 2015 аз ҳисоби ба истифода додани НОБ-ҳои "Сангтӯда - 1" ва "Сангтӯда - 2" ба назар гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии содирот дар соли 2015 - 3680 млн. кВт/соат пешбини шуаааст.

Суръати ҳамасолаи афзоиши содироти вилоят дар солҳои 2000-2015 -14,4 маротибаро ташкил хоҳад дод. Дар сурати мусоид будани талаботи нархҳои ҷаҳони барои молҳои содиршаванда ба пешбурди сиёсати самараноки давлати дар мавриди дастгири ва ҳавасмандгардонии содирот чунин суръат метавонад бештар гардад.

Аз сабаби он, ки вазифаҳои вусъати иқтидорҳои содиротии вилоят ва кам кардани заифии иқтисодиёти вилоят аз воридоти маҳсулот вобаста мебошад, Барнома ҳамзамон пеш бурдани сиёсати вусъати содироти ва афзоиши иқтидорҳои моливазкунандаи воридотиро дар бар мегирад.

Баҳри баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иқтисодии хориҷи ва афзоиши иқтидорҳои содироти ба рушди соҳаҳои анъанави дар Барнома ба афзоиши молҳои рақобатнок, ташкили сикли ба ҳамдигар пайвасти ҷараёни истеҳсолот диққати махсус зоҳир мегардад. Ҳалли ин вазифа татбиқи ислоҳоти сохтори ва модернизатсияи бунёдии иқтисодиёти вилоятро тақозо менамояд. Бинобар ҳамин яке аз вазифаҳои афзалиятнок дар оянда ҳавасмандсози ва дастгирии соҳаҳое мебошад, ки молҳои ба рақобат қодир истеҳсол менамоянд.

Пешбини мешавад, ки имкониятҳои содироти комплекси меваю сабзавот ба таври пурра истифода шавад. Содироти маҳсулоти меваю сабзавот дар соли 2015 дар муқоиса бо соли 2000 - 5,8 маротиба афзоиш хоҳад ёфт.

9. Рушди туризм

Туризм барои вилояти Хатлон ҳоло аз худ накарда ба шумор меравад. Чунки то соли 1991 дар вилоят туризми дохили тараққи карда буд, инчунин истиқоматкунандагон зуд-зуд ба хориҷи кишвар бо роҳхатҳои туристи мерафтанд. Ҳоло туризми дохили ва туризми беруна инкишоф ёфта истодааст. Ҳозир дар вилояти Хатлон филиали ширкати туристии ,Интурист-Тоҷикистон, ва бюрои экскурсиявию сайёҳи фаъолият карда истодааст.

Дар марҳилаи ҳозираи пешрафти ҷомеа инкишофи туризми байналмиллали бояд яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб равад.

Мавҷуд будани иқтидори бойи захирави, ки дар табиати зебои нотакрор, шароити мусоиди иқлими, ёдгориҳои фарҳангию таърихи, қадимаи кишвар ифода меёбанд, барои инкишофи туризми байналмиллали, бо дарназардоши ҳалли масоили ташкилии соҳа аз ҷониби сохторҳои давлати, заминаи боэътимод шуда метавонанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти муҳими проблемаи мазкур бо қарори худ аз 3 ноябри соли 2001 № 498 ҳудуди ноҳияи Балҷувонро минтақаи туризми байналмиллали эълон намуд, ки он ба инкишофи туризми минтақа (Балҷувон, Сари Хосор, Ховалинг) асос гузошт.

Инчунин маҷмӯии рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмиллали дар давраи солҳои 2002-2012 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2002 № 276) самаранокии эҳёи туризми байналмиллалиро дар минтақа пешбини намуда, масъалаҳои сиёси, иқтисоди, иҷтимои ва ташкили соҳаро дар бар мегирад.

Маблағгузории баъзе чорабиниҳои Барномаи маҷмӯии рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати туризми байналмиллали дар давраи солҳои 2002-2012, аз соли 2006 сар карда, аз ҳисоби ҷалби сармоягузорони хориҷи пешбини карда шудааст (анҷом додани роҳи автомобилгарди Балҷувон-Сари Хосор, тайёр намудани лоиҳаи азнавсозии қитъаи роҳи автомобилгарди Балҷувон-Сарипулак барқарор намудани майдони ҳавоии деҳаи Шаҳидони ноҳияи Балҷувон ва ғайра).

10. Ҳифзи муҳити зист

Дар шароити истифодаи интенсивии захираҳои табии "ҷароҳат"-ҳои худи табиат то андозае расиданд, ки номувофиқии қобилияти нодири вай барои барқарор намудани вазъи экологияи матлуб беш аз пеш аёнтар мегардад.

Аз ин рӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Э.Ш. Раҳмонов дар сессияи 55-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳофизати захираҳои об ва баланд бардоштани маълумоти экологи шаҳодати дарки вазъи имрӯзаи экологи буда, моро водор месозад, ки нисбат ба табиат муносибати эҳтиромона карданро хуб омӯзем.

Азбаски устувориву фаъолияти биосфера чун экосистемаи глобали ба қонунҳои экологии таъмини мувозитани моддаву энергия асос ёфтаанд, танҳо кӯшиши гурӯҳи алоҳидаи мутахассисон ё риояи меъёрҳои экологи дар минтақаҳои алоҳида ба натиҷаи матлуб оварда наметавонад. Асоснок намудани шаклҳои оқилонаи муносибатҳои табиату ҷомеа масъалаи муҳими ин давра мебошад.

Проблемаҳои иҷтимоию экологие, ки бо таназзули муҳити табии вобастаанд, дар ҳамаи минтақаҳои табиию иқтисоди мавҷуданд ва фақат бо он фарқ мекунанд, ки дар натиҷаи афзалияти ин ва он соҳа асос ёфтаанд. Дар минтақаҳои саноати ва муҳити зист, зарари аз ҳама бештар партовҳои ашёи зараровар ба атмосфера, партови обҳои ифлоси саноатию рӯзгор, дар хоҷагиҳои қишлоқ ифлоссозии манбаъҳои об ва талафоти захираҳои оби, деградатсияи заминҳои обёришаванда дар ноҳияҳои кӯҳистон, деградатсияи чарогоҳҳо, бо таври оммави буридани дарахтҳо, кам гардидани намудҳои гуногуни биологи ворид месозанд.

Ҳар сол барои корҳои ҳифзи муҳити атроф аз буҷети давлати зиёда аз 3 то 5 млн. сомони, аз ҷумла барои корҳои илмию тадқиқоти 20-30 ҳазор сомони маблағ ҷудо карда мешавад.

Ба мақсад мувофиқ мебуд, ки Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои ҷудошавандаро мақсаднок истифода бурда, барои рушду нумӯи экологи амали гардонанд.

Ифлосшавии фазо

Яке аз ногувориҳои глобалии имрӯза вазъи номусоиди атмосфера мебошад. Ҳамагуна гарду чанг, газҳо, хокистару дажғол (шлак)-и саноативу рӯзгор, партовҳои радиоактиви ва ғайра ифлоскунандаҳои моддианд, ки дар навбати худ механики (гарду чанги фулузот, оҳансову аррамайда), кимиёви (ишкору эмульсия, газҳои карбону сулфид ва ғайра), биологи (бактерия, вирусҳо, обсабзҳо) мешаванд.

Байни манбаъҳои ифлоскунандаи муҳит ангиштсанг, нефту газ дар ҷои авваланд.

Дар вилояти Хатлон ба ҳисоби миёна дар як сол моддаҳои ифлоскунандаи фазо 10-13 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд, ба ҳисоби миёна ба ҳар як сар аҳолии вилоят 0.012 - 0.015 тонна рост меояд. Ҳаҷми миёнаи моддаҳои ифлоскунанда ба партовгоҳҳо дар вилоят 5,5 - 6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Ба қатори корхонаҳои минтақаи Хатлон, ки ба ҳавои атмосфера нисбатан миқдори зиёди партовҳои заҳрнок мепартоянд: корхонаи муштараки "Кимиё", "Тоҷиказот", ҷамъияти саҳҳоимии шакли кушодаи "Трансформатор", корхонаҳои коркарди пахта, коркарди маъданҳои кӯҳи ва соҳаи энергетика дохил мешаванд.

Истеҳсоли алюминий ба корхонаҳое дохил мешавад, ки маҷмӯи зиёди маҳлулҳои ифлоскунандаро ба атмосфера мепартояд.

Дар вилояти Хатлон то соли 2013 сохтмони ду навбати заводи алюминий бо иқтидори 200 ҳазор тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст. Барои сохтмон инвеститсияи асоси аз ҳисоби ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "РусАл"-и Федератсияи Россия ба назар гирифта шудааст. Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "РусАл" ҷори намудани технологияи навтарин ва пешқадами ба талаботи байналхалқии экологи ҷавобгӯйро ба ӯҳда гирифта, гузаронидани экспертизаи байналмиллалии экологиро, ки таъсири истеҳсоли алюминийро ба муҳити атроф ба таври обективи баҳо медиҳад, ба нақша гирифтааст.

Дар оянда партовҳои нисбатан бештар дар атрофи корхона мушоҳида шуданашон мумкин аст ва онҳо дар як шабонарӯз 0,8 - 1,5 тонна фторро ташкил хоҳад дод.

Дар корхонаҳои ба заводи алюминий наздик буда, такшинҳои пайвастагиҳои газнок фтор метавонанд 39 фоиз, фторои сахт - 61 фоиз, дар масофаи 8-10 км такшини фторидҳои газмонанд - 80 фоиз, фторидҳои сахт бошад -15 фоизро ташкил медиҳад.

Фторидҳои ба ҳаво ҳаракаткунанда ба масофаи 10-12 км интиқол дода шуда, таҳшини онҳо ба рӯи замин меафтад.

Бо назардошти ҳачми натиҷаҳои зиёди истеҳсолот, истифодаи методҳои муосири технология ва дастгоҳҳои пешгирикунандаи нигоҳдорандаи моддаҳои ифлоскунанда маҷмӯи партовҳо ба фазо аз корхонаи заводи нави алюминий на он қадар зиёд хоҳад буд.

Партовгоҳҳо

Манбаъи пайдоиши партовҳо гуногун буда, ба равиши истеҳсоли саноати ва шумораи аҳоли зич алоқаманд мебошад. Партовҳои сатҳи маиши аз ҳамаи намуди хоҷагидори пайдо мешавад.

Аз ин рӯ яке аз масъалаҳои ҳалталаби рӯз ин масъалаи муносибат бо партовҳо мебошад.

Дар вилояти Хатлон 20 адад партовгоҳ ба ҳисоб гирифта шудааст, ки масоҳати умумии 46 гектарро дар бар мегирад, ки ба ҳисоби миёна ҳар сол 570-600 ҳазор тонна партовҳо бароварда мешаванд. Ҳолати партовгоҳҳо бошад ба талаботҳои санитарию экологи ҷавобгӯй нестанд. Яъне дар бисёре аз ин партовгоҳҳо шиносномаҳои техникии нигоҳубини шабонарӯзи, барқ, алоқа, таъмини об, чоҳҳои назорати мавҷуд набуда атрофашон маҳкам карда нашудаанд ва ҳатто безараргардонии партовҳо гузаронида нашуда, партовҳо бе банавъҷудокуни ҷойгир карда мешаванд, ва аз экспертизаи давлати нагузаштаанд.

Аз солҳои 1990-1992 сар карда ин партовҳо ба ҷои таиншуда бароварда намешаванд. Дар натиҷа ин камбудиҳо ба он оварда расонидааст, ки дар ҳудуди вилоят дар майдони 10,5 га ҳаҷми 126586 м3 партовҳои ғайрирасми ҷойгир карда шудаанд. Барои беҳбудии ҳолати партовгоҳҳо ва муҳити зисти вилоят пеш аз ҳама бояд:

- ҳуҷҷатҳои партовгоҳҳо ба расмият дароварда шавад;

- идораҳои хоҷагии манзилию коммунали ҳаматарафа бо таҷҳизот таъмин карда шавад;

- ҳолати партовгоҳҳои безараргардонии заҳркимиёҳои ноҳияи Вахш аз тарафи идораи дахлдор ба расмият дароварда шавад;

- ҳамаи партовгоҳҳо аз экспертизаи давлатии экологи гузаронида шаванд;

- дар маҳал ва ҷамоатҳо партовгоҳҳои расми ташкил карда шавад.

Ҳолати заминҳои вилоят

Майдони умумии замини вилояти Хатлон 2247839 гектарро ташкил медиҳад, аз ҷумла оби - 318166 га, заминҳои корам - 341771 га, аз он оби 244433 га, ниҳолҳои бисёрсола 20919 га, чарогоҳҳо - 1121555 га, заминҳои кишоварзи 1504141 га, аз ҷумла оби - 266156 га.

Заминҳои аз гардиши кишоварзи берун монда дар ҳолати 1 январи 2005 сол 3546 га, аз он ҷумла оби - 2358 га, заминҳои шӯрзада ва ботлоқшуда 76 гектарро ташкил менамоянд.

Дар вилояти Хатлон (ба 1 январи соли 2005) 28341 га заминҳои обёришаванда дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративи қарор дорад.

Азхудкунии заминҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии он яке аз муҳимтарин проблемаи рӯзмарраи соҳаи агросаноатии вилоят буда на танҳо барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзи ва зиёд шудани ҷои кор барои аҳолии ин минтақа мусоидат менамояд, балки масъалаҳои иҷтимоии дар ин самт буда низ ҳалли худро меёбад.

Дар оянда то давраи соли 2015 дар як қатор ноҳияҳои вилоят ба мисоли Қубодиён, Н. Хусрав, Колхозобод, Қумсангир, Шаҳритус, Панҷ, Данғара, Фархор ва Ховалинг азхудкунии заминҳо пешбини шудааст.

Инчунин барои корҳои мелиоративию ирригатсиони аҳамияти хоса дода шудааст. То давраи соли 2015 ҳолати мелиоративии заминҳо дар майдони 28341 беҳтар карда мешавад. Маҳдуд ва мутташаниҷ будани ҳолати иқтисодии вилоят барои азхудкардани майдони зиёд қудрат надорад.

Кормандони соҳаи обтаъминкунии вилоят низ дар назди худ вазифа гузоштанд, ки барои фаъолияти хуби системаи обёрикунанда ҳамаи кӯшишу ғайрати худро равона созанд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар ноҳияҳои Н. Хусрав, Шаҳритус ва Қубодиён истифода бурдани майдони ҷангалзорҳои хати муҳофизати қариб хароб гардидааст, ки ин боиси ба эрозияи боди гирифтор шудани заминҳои оби гардидааст. Барои бад нашудани ҳолати заминҳои ин мавзеъ аз таъсири шамолу бод, бояд фавран ҷангалзорҳо барқарор карда шаванд.

Дар қаламрави вилоят заминҳои корами оби ва бекор кам истифода бурда мешаванд. Дар бисёр ноҳияҳо ҳолати мелиоративии заминҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯй нестанд. Хусусан заминҳои ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадони, дар минтақаи Қӯрғонтеппа бошад ноҳияҳои Н. Хусрав, Шаҳритус, Қубодиён, Ҷилликӯл ва Колхозобод.

Заминҳои ноҳияҳои Ёвон, Хоҷамастон, Гозималик ва Данғара ба эрозияи оби дучор шудаанд.

Аз ин лиҳоз барои пурра, оқилона ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо ба Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани чунин чорабиниҳо заруранд:

- ташкили системаи самаранок амалкунандаи мониторинги истифодаи замин ва истифодаи об,

- ташкили хадамоти худмаблағгузори оид ба татбиқи усулҳои пешқадами истифодаи замин ва истифодабарии об,

- дар давраи ояндабини бетонкунии магистрали ирригатсиони каналҳо анҷом дода шавад,

- гузариши батадриҷ ба истифодаи усулҳои пешқадами обёри (қубури, борони, қатраги), бо мақсади қатъи равандҳои эрозияи замин аз об ва кам кардани андозаи истифодабарии об,

- ба таври дақиқ риоя намудани технология ва усулҳои агротехники ҳангоми истифода бурдани замин ва об дар давраи иҷрои корҳои кишоварзи.

Дар минтақаи Қӯрғонтеппа 24363 га масоҳати заминҳои ғайри қаноатбахши мелиоративи вуҷуд дорад, ки то соли 2015 ҳолати мелиоративии ин заминҳо беҳтар карда мешавад. Барои гузаронидани ин кор ҳамаги 17054,8 ҳазор сомони маблағ лозим аст.

Дар минтақаи Кӯлоб айнан ҳамин хел заминҳо 3978 га буда, барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо 2784.6 ҳазор сомони лозим аст.

Ҷамъ барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 28341 га заминҳои вилояти Хатлон 19839.4 ҳазор сомони маблағ бояд сарф карда шаванд.

То давраи соли 2015 дар вилоят зиёда аз 14,7 ҳазор га заминҳои нав аз худ карда мешавад.

Бинобар ин Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи дурнамои ҳарсола ин корҳоро ба нақша гирифта, якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфт намудани маблағ чораҳои зарури бояд андешанд.

Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда

Баробари ба таназзул дучор шудани муҳити табий дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти ташкил намудани мамнӯъгоҳҳои табий ва парваришгоҳҳои табий ба миён омад.

Айни замон дар қаламрави вилояти Хатлон ду мамнӯъгоҳи табиии давлати - мамнӯъгоҳи "Бешаи палангон" ва мамнӯъгоҳи "Дашти Ҷум", арзи вуҷуд дорад. Гайр аз ин дар ҳудуди вилоят 4 парваришгоҳи табии "Каратов", "Чил духтарон", "Норак" ва "Дашти Ҷум" фаъолият менамояд.

Дар мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои вилоят намудҳои зиёди наботот ва олами ҳайвонот мавҷуд мебошад. Аз олами ҳайвонот дар мамнӯъгоҳҳо бузи пармашох, хирси малла, шерпаланг, силовсин, ҷайра, гавазни бухорои, гӯсфанди кӯҳии бухорои, калламуш, заргӯш ва дигар намудҳо зиндаги мекунанд. Аз ҳайвоноти нодир дар ҳудуди парваришгоҳҳо гурги кафтор (полосатая гиена), уриал, ҷайран, леопард, паланги барфи, хирси маллаи тиёншони, саги оби (выдра) ва намудҳои дигар, аз хазандагон сагмор, гурза, мори оби, мори чопор, мори кубро ва намудҳои гуногуни калтакалосҳо, аз паррандагон - кабк, лайлаки сиёҳ, уқоб, балобан, бородач дучор мешаванд.

Олами набототи мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо рангин буда, асосан буттаю дарахтони мухталифро дар бар мегирад, ки аз дӯлонаю писта, чормағз, зирк, қоту олуча, шулаш, фарк, тулоҳ, анҷиру хурмо, анор ва дигар намудҳо мерӯянд.

Дар фаъолияти имрӯзаи мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои табии проблемаҳои зерин вуҷуд доранд:

- аз сабаби нокифоя будани маблағ таи 14 соли охир дар онҳо ҳисоботи аниқи саршумори олами ҳайвонот ва наботот гузаронида нашудааст;

- корҳои илми-ҷустуҷӯи ва озмоиши солҳои охир гузаронида нашудааст;

- мониторинг ва кадастри онҳо бурда намешавад;

- ҳолати техникии онҳо, таъминот бо таҷҳизоти озмоиши дар сатҳи паст қарор дорад;

- дар мамнӯъгоҳҳо осорхонаҳо аз байн рафтаанд;

- то имрӯз мамнӯъгоҳҳо минтақаҳои буфери надоранд. Ба мақсади беҳбуд бахшидан ба фаъолияти мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо зарур аст, ки Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳалли барои гузаронидани корҳои зерин чораҳо андешанд:

- ба ҳамаи мамнӯъгоҳҳо минтақаҳои буфери ҷудо карда шавад;

- гузаронидани экспедитсияи илми оиди ба қайдгирии ёдгориҳои табий дар парваришгоҳҳо;

- гузаронидани ҳисоботи заминҳои фонди мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо ва ҳамзамон омода намудани ҳуҷҷатҳои ҷангалсози;

- таъсис додани парваришгоҳи табиии "Панҷ" дар майдони 18000 га дар ноҳияи Панҷ бо мақсади ҳифзи гӯсфандони кӯҳии бухори (уриал) ва навъҳои беҳтарини писта.

11. Рушди соҳибкории хурд ва ҷараёни хусусмгардонии моликияти давлатӣ

Дар тезонидани ҷараёни мӯътадилсозии макроиқтисоди ва расидан ба суръати баланди рушди иқтисоди нақши асосиро рушди соҳибкории хурд мебозад. Дар вилояти Хатлон, теъдоди корхонаҳои амалкунандаи соҳибкории хурд дар соли 2004 ба 218 адад расидааст. Шумораи коргарон дар ин корхонаҳо дар соли 2004 бошад 8000 нафарро ташкил дод. Маблағи умуми аз фурӯши маҳсулот 5,4 млн. сомониро ташкил дод.

Бояд қайд кард, ки дар бахши рушди соҳибкории инфироди саҳми ташкилотҳои микрокредити зиёд мебошад. Аз ин рӯ қисми зиёди аҳоли дар Идтиҳодияи "Ситораи наҷот", Фонди "Развития", Ташкилоти ғайридавлатии "Меҳрангез", Барномаи Озуқаи Созмони Миллали Муттаҳид ва аз Бонкҳои тиҷорати қарзҳои хурд гирифта, фаъолияти худро пеш мебаранд.

Аз дурнамои соли 2005 муайян мегардад, ки теъдоди соҳибкории инфироди дар вилояти Хатлон нисбати соли 2000 ба 126 фоиз зиёд мешавад. Агар дар соли 2003 теъдоди соҳибкории инфироди дар вилоят 11,8 ҳазор нафар бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2004-ум 11,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад (замимаи 4).

Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи рушди соҳибкори дар вилоят соҳаҳои савдо, истеҳсоли маҳсулотҳои нони ва қанноди, хизматрасонии маиши, сохтмон ва хизматрасонии нақлиёти тараққи карда истодаанд.

Хусусигардонии моликияти давлати элементи аввалиндараҷаи дигаргунсозиҳои давраи гузариш ба иқтисодиёти бозоргони буда, барои расидан ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳо ва ҳамдастии онҳо дар мӯътадилсозии молияви, бо ҷойҳои нави кори таъмин намудани аҳоли ва афзун кардани бозори истеъмоли равона шудааст.

Аз соли 2000 то охири соли 2004 дар вилоят 422 иншооти моликияти давлати аз ҷумла, 397 корхонаҳои хурд ва 25 корхонаҳои миёнаю калон хусуси гардонида шудаанд.

Дар айни замон ҷараёни хусусигардонии моликияти давлати дар вилоят тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 № 486 "Дар бораи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табий ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2007" амали шуда истодааст (замимаи 4).

12. Рушди соҳаи иҷтимоии илм, тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ

Яке аз омилҳои муҳими тараққиёти бемайлони иҷтимоию иқтисодии вилоят дар давраи то соли 2015 ин рушди илму техника ва ҷори кардани технологияи пешқадам мебошад, ки он ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ ва паст кардани сатҳи камбизоати мусоидат менамояд.

Шартҳои зарурии ба даст овардани ин ҳадафҳо чунинанд:

- эътирофи илм ба сифати соҳаи муҳими иҷтимои, ки сатҳи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи вилоятро муайян мекунад;

- ҳавасмандсозии фаъолияти инноватсионии корхонаҳое, ки технология ва истеҳсолоти навтарини илмталаби сарфакунандаи захираҳо, энергия ва меҳнатро истифода мекунанд;

- рушди иқтидори илмию техники дар минтақа;

- ҷалби сармояи хориҷи барои инкишофи минбаъдаи илму техника, азхуд намудани технологияи навтарин ва намудҳои нави маҳсулот.

Бо назардошти вазъи воқеи ва дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят самтҳои зерини афзалиятноки рушди илмию техникии онро ҷудо кардан мумкин аст:

Дар соҳаи иҷтимоию иқтисоди:

- таҳияи дурнамо, барнома, лоиҳа ва консепсияҳои миёнамӯҳлату дарозмӯҳлати ноҳияҳо;

- тайёр кардани консепсияи илмии ҳифзи иҷтимои, шуғли аҳоли ва индексатсияи даромадҳои дар давраи гузариш истифодашаванда.

Дар соҳаи комплекси агросаноати:

- ҷори кардани низоми боэътимод ва аз ҷиҳати экологи мутобиқи пешбурди корҳои кишоварзи дар вилоят;

- азхудкунии заминҳои бекорхобидаи доманакӯҳҳо;

- дар пояи саноати қарор додани соҳаи кишоварзи;

- селексияи навъҳои серҳосилу мутобиқи зироатҳои кишоварзи бо истифодаи усулҳои пешқадами генетикию тухмипарвари;

- истифодаи усулҳои муҳандисии гени ва биотехнологи дар кишоварзи;

- пешгирии бемориҳои махсусан хавфноки чорво дар асоси омӯзиши этнология, таҳияи усулҳои пешгири ва табобат бо истифодаи доруҳои нав;

- гузариш ба истифодаи технологияҳои аз нигоҳи экологи безарари сарфакунандаи захираҳо, истифодаи васеи усулҳои биологи ва мубориза бо ҳашароти зараровари кишоварзи ва бемориҳо;

- таҷдид ва рушди саноати коркард, озуқа ва сабук бо мақсади истифодаи ҳаматарафаи ашёи хоми кишоварзи, кам кардани воридоту афзоиши содироти маҳсулоти тайёр.

Дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетики:

- таҳияи усулҳои пешқадами азхудкуни ва истифодаи оқилонаи ашёи карбогидрат;

- дадёфти роҳҳои беҳтари сарфаи энергия дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти вилоят;

- асосноккунии илмии роҳҳои минбаъд баланд бардоштани коэффисиенти кори фоиданоки дастгоҳҳои мавҷудаи гармидиҳанда ва энергетики;

- афзалият додан ба имкониятҳои техникии истифодаи захираҳои ғайрианъанавии энергетики (қувваи офтоб, шамол, нерӯи дарёҳои хурд, сарчашмаҳои зеризамини ва сӯзишвории биологи).

Дар соҳаи тандурусти ва ҳифзи муҳити зист:

- вусъати тадқиқотҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии сабабҳои асосии фавти модарон - заҳролудии бемаҳал ва хунрави, таваллуди кӯдакони камвазн, табобати камхунии занони қобили таваллуд, табобати бемориҳои диарея ва сирояти шадиди роҳи нафаси кӯдакон, танзими оила;

- муайян кардани роҳҳои фаъол кардани пешгирии касалиҳои хавфноки сирояти, махсусан гепатит, домана, гулӯзиндонак, вараҷа, сил ва бемориҳои бо роҳҳои алоқаи ҷинси гузаранда;

- вусъати таҳияҳо дар соҳаи пешгирию табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгузар, эндокрини (касалии қанду камйоди), онкологи, гастроэнтрологи ва бемориҳои касби;

- тайёр кардани доруҳои нави таъсирбахш дар заминаи ашёи маҳалли;

- омӯзиши муҳити зист, таҳияи чорабиниҳои ҳифзи табиат ва барқарорсозии он.

Дар соҳаи технологияи иттилооти ва идора:

- истифодаи низоми иттилооти барои намунасози ва идора дар соҳаҳои саноат, кишоварзи ва экология;

- таҳия ва истифодаи системаҳои таҷрибавии иттилооти барои баҳогузории нишондиҳандаҳои сифатии иқтисоди, ҷараёнҳои иҷтимои ва технологи.

Ҳалли самараноки масъалаҳои ҷойдошта дар соҳаи илм, мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии марказҳои илмию тадкиқоти ва пурзӯр намудани дастгирии давлатии илмро пешбини менамоянд.

Дар ҳалли ин масъалаҳо дар баробари муассисаҳои тадқиқоти-илмии ҷумҳури Маркази илмии Хатлон, Пойгоҳи илмии хокшиноси, Маркази таҷрибавии зироатҳои субтропикии Вахш, Хоҷагии таҷрибавии лимӯпарварии ба номи Н. Қарабоев, Маркази илмию тадқиқотии Колхозобод, Маркази муҳандисии Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусрав саҳм мегузорад.

Ҳаҷми умумии маблағгузории ин муассисаҳо барои соли 2005 - 248,3 ҳазор сомони, соли 2010 - 633,3 ҳазор сомони ва соли 2015 -1090,5 ҳазор сомони, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлати барои соли 2005 - 89,3 ҳазор сомони, соли 2010 - 163,3 ҳазор сомони ва соли 2015 - 250,9 ҳазор сомони ва корҳои шартномави барои соли 2005 - 159 ҳазор сомони, соли 2010 - 470 ҳазор сомони ва соли 2015 - 840,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2000 - 14,8 маротиба зиёд аст. Ҳаҷми маблағгузории буҷети дар соли 2015 нисбат ба соли 2000 - 30,5 маротиба зиёд мешавад.

Шумораи коргарон дар ин соҳа дар соли 2005 - 278 нафар, соли 2010 - 379 нафар ва 2015 - 511 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбати ба соли 2000 - 2,8 маротиба зиёд мебошад.

Бо назардошти эҳтиёҷи вилояти Хатлон ба кадрҳои баландихтисос қабул ба аспирантура дар соли 2005 - 65 нафар, хатм - 47 нафар, соли 2010 қабул - 100 нафар, хатм - 83 нафар, соли 2015 қабул - 150 нафар, хатм 130 нафарро бояд ташкил диҳад.

Татбиқи ин тадбирҳо имконият фароҳам меоварад, ки иқтидори кадри ва илмию техники барои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят истифода бурда шавад.

Маориф

Бо мақсади иҷрои Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоати бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004, № 291 "Дар бораи Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004-2009" қабул карда шудааст, ки он ислоҳоти тартиби маблағгузории соҳа, идоракуни ва ба талаботи рӯз мувофиқ гардонидани мазмуну мундариҷаи нақшаю барномаҳои таълимиро дар бар мегирад.

Тибқи қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2004 меъёри сарбории таълимию омӯзгори барои муаллимони синфҳои як ва чор 18 соат, барои омӯзгорони синфҳои 5-11 16 соат дар як ҳафта муқаррар шуда, музди меҳнати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умуми ба андозаи 25 фоиз баланд бардошта шудааст.

Бо мақсади такмил додани тартиби идора ва маблағгузории муассисаҳои таълимии умумии ҷумҳури қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2004, № 441 ,Дар бораи ба шаклҳои нави идора ва маблағгузори гузаронидани муассисаҳои таълимии умумии шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳри Хоруги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Ваҳдат, қабул карда шуд, ки мувофиқи он аз 1 январи соли 2005 ба тариқи озмоиш муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлобу ноҳияи Ёвон ба шакли нави маблағгузори (аз рӯи меъёри хароҷот ба ҳар як хонанда) гузаронида шуда, маблағгузории муассисаҳои таълими умумии шаҳру ноҳияҳои мазкур аз рӯи феҳрасти (сметаи) алоҳидаи тасдиқшуда ва тавассути хазинадории шаҳрию ноҳияви ба амал бароварда мешавад.