Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2005
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шуғли аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимагардидаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2005 тасдиқ карда шавад.
2. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазоратҳо ва идораҳо иҷрои чорабиниҳои дар Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барссӣ солҳои 2003-2005 пешбинишударо таъмин намуда, ҳар нимсола натиҷаи иҷрои онро мувофиқан дар ҷаласаҳои ҷамъбастӣ баррасӣ намоянд ва аз натиҷааш ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрокунандагон расонидани Барномаи мазкурро таъмин намояд ва аз рафти иҷрои он ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор манзур намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 марти соли 2003 № 94
ш. Душанбе
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
"ОБ УТВЕРЖДЕНИИ ПРОГРАММЫ СОДЕЙСТВИЯ ЗАНЯТОСТИ НАСЕЛЕНИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА 2003-2005 ГОДЫ"
В соответствии со статьей 14 Закона Республики Таджикистан "О занятости населения" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемую Программу содействия занятости населения Республики Таджикистан на 2003-2005 годы.
2. Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов, министерствам и ведомствам обеспечить выполнение мероприятий, предусмотренных Программой содействия занятости населения Республики Таджикистан на 2003-2005 годы, каждое полугодие рассматривать результаты его исполнения на соответствующих итоговых заседаниях и по результатам представить информацию в Министерство труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан.
3. Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан обеспечить доведение указанной Программы до исполнителей и о ходе ее выполнения каждое полугодие информировать Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 4 марта 2003 года № 94
г.Душанбе