Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" ва бо мақсади ташаккул ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи миллии замимагардидаи сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқи Консепсияро таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 июни соли 2006 № 228
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июни соли 2006 № 228
тасдиқ шудааст
Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2014 № 760)
Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғоя ва принсипҳои бунёдии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", Эъломияи ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, асос мегирад.
I. Нақши ҷавонон дар рушди кишвар, таъмини рақобатпазирӣ ва амнияти миллии он
Зарурати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон вобаста ба он ҳолатҳо муайян мегардад, ки ҷавонон бо онҳо ҳангоми оғози ҳаёти мустақилона, бо ба даст овардани ҳуқуқ ва ӯҳдадорӣ дар назди ҷомеа рӯ ба рӯ мешаванд .
Дар айни замон системаи муносибатҳои байналмилалӣ, роҳу равиши ҳалли масъалаҳои сиёсии дохилӣ, стратегияи ноил шудан ба дастовардҳои иқтисодӣ тағйир ёфта, ҷаҳонбинӣ ва асосноксозии рафтори ҳам шахсони алоҳида ва ҳам дар маҷмӯъ дар ҷомеа дигаргун гаштааст.
Таҷрибаи даҳсолаҳои охир собит месозад, ки танҳо он кишварҳо ба дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ноил мегарданд, ки ба ҷавонон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамоянд ва он ҷомеа рушди устуворро таъмин месозад, ки системаи маъмулии ақидаро нисбат ба насли ҷавон, нисбат ба системаи муносибати байниҳамдигарии наслҳо ва моҳияти он барои рушди сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ такмил медиҳад.
Аз ин рӯ ба афзалияти стратегӣ он давлат ё ҷомеае ноил мегардад, ки аз нерӯи инсонӣ, дар навбати аввал неруӣ созандаи рушд, ки заминагузори он ҷавонон мебошанд, самаранок истифода барад.
Тоҷикистон аз раванди глобалии сиёсӣ ва иқтисодӣ дар канор намебошад. Вазифаи таъмини пешрафти Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба рақобатпазирии миллии кишвар дар раванди ҷаҳонии глобализатсионӣ, ҳамгироӣ, баланд бардоштани нақш ва эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳон рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва амнияти миллӣ, таассури самарабахш, муассир ва шабеҳро нисбат ба ситеза ва таҳдидҳои замона тақозо менамояд.
Дар чунин вазъ бояд мавқеи кишвар дар соҳаи сиёсати дохилӣ, тақсими ҷаҳонии меҳнат, илми ҷаҳонӣ, фарҳанг ва технология, фароҳам овардани шароит барои рушд ва татбиқи имконияти шахсӣ, кафолати ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон, баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, самарабахшии идоракунии давлатӣ, таъмини сатҳи зарурии қобилияти мудофиавии кишвар таҳким ёбад. Ҳалли самарабахши ин вазифаҳои дурнамо бе иштироки ҷавонон дар ин раванд имконнопазир аст.
Бо дарназардошти он, ки ҷавонон 35 фоизи нерӯи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд ва онҳо шоҳиди дигаргуниҳои миқёсан васеъ - истиқрори истиқлолияти миллӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёи ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъсиси системаи нави сиёсӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ мебошанд, бояд ҳамчун захираи стратегӣ, асоси амнияти миллӣ ва рақобатпазирии он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ гарданд.
Аз ин рӯ ояндаи кишвар, эътибори он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза ҷавонон дорои дониши замонавӣ мебошанд, мақсад ва вазифаҳои рушди давлату ҷамъиятиро то чӣ андоза дарк менамоянд, дурнамои худро бо он алоқаманд месозанд, дорои кадом сифатҳои зарурии ҷисмонӣ, шахсӣ, таълимӣ, касбӣ ҳастанд ва барои иштироки фаъолона дар рушди кишвар чи имкониятҳои зарурӣ доранд.
Ҷавонон дар муқоиса бо насли калонсол қодиранд ақидаю мафкура, нуқтаю назар ва асосҳои иқтисоди бозаргониро зудтар дарк намоянд, ба воқеияти замонавии иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ мутобиқ гарданд, дар эъмори давлати мутараққӣ, ҳуқуқбунёд, аз нигоҳи иҷтимоӣ инкишофёфта ва дорои ҷомеаи мутараққии шаҳрвандӣ фаъолона иштирок кунанд.
Ҳамзамон ҷавононро набояд ба сифати яке аз гурӯҳҳои иҷтимоию демографӣ ё мутаносибан ҳамчун объекти навбатии хифзи иҷтимоӣ қабул кард, ки вобаста ба ин ё он имконият маҳдуданд, вале ҳамзамон бояд ба инобат гирифт, ки ҷавонон ҳамчун гурӯҳи иҷтимоии синну солӣ дорои як қатор хусусиятҳои ба худ хос мебошанд.
Аввалан ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ҳангоми ивазшавии наслҳо қадам гузошта, симои ояндаро инъикос менамоянд, барои осудаҳолии насли калонсол, худмуҳофизат, рушди ҷомеа, нақш ва мавқеи кишвар дар равандҳои ҷаҳонӣ, муттасилии таъриху фарҳанги он масъулияти махсус доранд. Маҳз ҷавонон асоси рушди соҳаҳои технологияи баланди кишвар буда, аз бисёр ҷиҳат фасеҳии иҷтимоиро таъмин менамоянд ва манбаи ташаббусҳои иқтисодӣ, навсозӣ мебошанд. Ҷавонон қисми асосии ҳайати кадрии вазорату идораҳоро ташкил медиҳанд, ки барои таъмини рушд ва шукуфонии кишвар масъуланд.
Аз ҷониби дигар вобаста ба сабабҳои объективӣ дар ҷавонон ҳанӯз омилҳои арзишҳои ташакулнаёфта, самтгирии маънавию ахлоқӣ ва нокифоягии таҷрибаи зиндагӣ ба мушоҳида мерасад. Ин ҳолат ҳангоми қабули қарорҳои зарурӣ аз ҷониби ҷавонон эҳтимоли интихоби иштибоҳиро афзун намуда, метавонад ба амнияти ҷомеа хатари ҷиддӣ пеш оварад.
Аз ин ру ба ҳаёти мустақилонаи меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ қадам гузошта, ҷавонон субъекти асосии таълиму тарбия ва мутобиқгардонӣ ба ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Ҷавонони Тоҷикистон набояд аз ҷаҳони муосир, аз рушди кишвари худ ва мутаносибан аз замони худ дар канор бошанд. Ҷавонон ба шароитҳои замонавии иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ мутобиқ буда, дар байни онҳо нерӯи пурқудрати инноватсионии худинкишофёбии ҷомеа такомул меёбад.
Теъдоди ҷавононе, ки ташаббуси шахсиро чун усули асосии ҳалли проблемаи худ интихоб менамоянд, зиёд гардида, мустақилият, амалия, масъулият барои қисмати худ, зудҳаракатӣ, дарк ва қабули ҳамаи чизҳои нав афзоиш меёбад.
Афзалияти таҳсилу таълими хушсифат ва омодагии касбӣ беш аз пеш афзоиш ёфта, амалияи истифодаи дониши андӯхта ҳамчун асоси дастовардҳои шахсӣ, касбӣ ва осудаҳолии минбаъда нисбат ба муносибати формалӣ мавқеи устувор пайдо менамояд ва манфиатнокӣ нисбат ба ҳифзи саломатии худ афзун мегардад.
Ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон қисми комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонии ҷавонон буда, ба равандҳои глобалии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷаҳон ҳамгироӣ мекунанд.
Эъмори ҷомеаи демократии ба иқтисодиёти иҷтимоӣ нигаронидашуда бе рушди ахлоқию маънавии насли ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар онҳо ташаккул додани сифатҳои ватанпарастӣ, . кордонӣ ва масъулият, аз ҷониби онҳо андӯхтани таҷрибаи иҷтимоию фарҳангии насли гузашта ва дастовардҳои тамаддуни ҷаҳонӣ имконнопазир аст. Дар амал татбиқ намудани ин мақсадҳо ҷалби фаъолонаи ҷавононро барои иштироки мустақим дар ташаккул ва татбиқи сиёсати марбут ба ҷавонон тақозо менамояд.
Консепсияи мазкур бояд мақсад, принсип ва афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии ҷавононро муайян намояд. Мутобиқи муқаррароти он бояд механизмҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон муайян гардида, асосҳои таъмини методологӣ, ташкилӣ ва иттилоотии он ташаккул дода шавад.
Маблағгузории муқаррароти асосии Консепсияи мазкур дар доираи маблағҳое, ки барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз буҷети давлатӣ ҷудо карда мешаванд, сурат мегирад. Татбиқи муқаррароти алоҳидаи Консепсияи мазкур метавонад ҷалби маблағгузории ғайридавлатӣ, аз ҷумла манбаъҳои хориҷии маблағгузориро пешбинӣ намояд.
Яке аз шартҳои асосҳои татбиқи Конспесияи мазкур аз таъмини ҳуқуқии механизмҳои ташкилӣ ва иқтисодии сиёсати давлатии ҷавонон, пеш аз ҳама такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад, ки мустақиман ин ё он муносибатро бо иштироки ҷавонон, ташкилотҳои ҷавонон ва кӯдакон танзим менамояд.
Сохтори Консепсия дар асоси таҳлил ва ҷамъбасти таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва ватанӣ ташаккул ёфтааст.
II. Мақсади асосии сиёсати давлатии ҷавонон
Мақсади асосии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фароҳам овардан ва таҳкими шароитҳои ҳукуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ барои истиқрори шаҳрвандӣ ва худтатбиқнамоии иҷтимоии ҷавонон иборат мебошад.
Ноилшавӣ ба мақсадҳои гузошташуда дар назар дорад:
- дар ҷавонон ташаккул додани ҳиси ватанпарастӣ, рушди ахлоқӣ ва маънавӣ;
- таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоии ҷавонон дар соҳаи меҳнат, маориф ва ҳифзи саломатӣ;
- фароҳам овардани шароит барои худтатбиқнамоии эҳтиёҷоти иҷтимоию иқтисодии ҷавонон;
- фароҳам овардани шароит барои рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии ҷавонон;
- дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббуси мусбии ҷамъиятии ҷавонон;
- ҷалби ҷавонони Тоҷикистон ба равандҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва маърифатии байналмилалӣ.
III. Принсипҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон
Тарҳрезии муносибати ягона вобаста ба масъалаҳои ташаккул ва татбиқи сиёсати ҷавонон аз ҷониби мақомоти давлатӣ бояд бо дарназардошти принсипҳои асосии зайл анҷом дода шавад:
- муносибати демократона нисбат ба ҷавонон, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони ҷавон;
- прогрессивӣ ва навоварона будани он;
- мақсаднок, воқеъбинона ва самарабахшу пайдарҳамии фаъолият;
- оммавият - комилан фаро гирифтани ҷавонони кишвар, сарфи назар аз ҷинс, миллият, вазъи иҷтимоӣ ва марбутияти динӣ;
- муносибати тафриқавӣ (дифференсатсияшуд), бо дарназардошти проблемаҳои гурӯҳбандии иҷтимоии синну солӣ;
- ҳимояи суроғавӣ ва дастгирии гурӯҳҳои ҷавонони аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазир, аз ҷумла кӯдакони маъюб, атфоли аз нигоҳи саломатӣ дорои имкониятҳои маҳдуд, бепарасторон, кӯдакон аз оилаҳои серфарзанд ва оилаҳои шароиташон номусоид.
Ин принсипҳои асосии ташаккули сиёсати ҷавонон бояд аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба инобат гарифта шаванд ва чун яке аз омилҳои арзёбии фаъолияти онҳо хизмат кунанд.
Риояи ин принсипҳо имконият медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон хусусияти пайдарҳамӣ, воқеӣ ва маҷмӯӣ дошта бошад, муттаасилии таърихии заруриро таъмин намуда, дар татбиқи самтҳои асосии он методология ва самтбахшии ягонаро фароҳам орад.
IV. Самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон
Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон амалҳои марҳилавиро дар самтҳои асосии зерин дар назар дорад:
иштироки ҷавонон;
шуғлнокии ҷавонон;
таъмини тарзи ҳаёти солим;
таҳсилоти муносиб барои ҷавонон;
таъминоти иҷтимоии ҷавонон;
таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон;
мустақилияти иқтисодии ҷавонон;
тарбияи ватандӯстии ҷавонон;
ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстии ҷавонон;
ҷанбаҳои илмию амалӣ ва ниҳодии сиёсати давлатии ҷавонон.
1. Иштироки ҷавонон
Иштироки ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир самти нав ва мубрам дар татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон буда, он фаъолгардонии сиёсӣ, такомули малакаҳои идорӣ ва имкониятҳои фаррох барои роҳбарӣ дар мақомоти дахлдори идорӣ, иштирок дар таҳия ва амалисозии барномаҳои алоқаманд, дастрасӣ ба грантҳо ва фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, таъсиси ташкилотҳои мустақил ва кафолати таъмини адолати ҳуқуқиро фаро мегирад.
Фаъолгардонии сиёсии ҷавонон, ки дар ҷомеаи муосир барои Тоҷикистон хос мебошад, аз лиҳози мавқеи иқтисодӣ ва демографии он бисёр зарур арзёбӣ мегардад. Дар ин росто, барои ба таври мунтазами бо кадрҳои ҷавон таъмин намудани ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ (қонунгузор, иҷроия ва судӣ) тариқи додани бартарият (муқаррар намудани квота) мувофиқи мақсад мебошад.
Чӣ тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, сатҳи маълумотнокии қисми зиёди масъулони мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ доир ба татбиқёбии сиёсати давлатии ҷавонон паст мебошад, бинобар ин баргузор намудани силсилаи чорабиниҳои омӯзишӣ ва иттилоотӣ барои онҳо хеле саривақтӣ мебошад.
Дар самти иштироки фаъоли насли ҷавон дар раванди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мунтазам ҷалб намудани онҳо дар таҳия ва амалигардонии барномаҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор мувофиқи мақсад мебошад. Ҳамзамон вобаста ба васеъ гардонидани имконоти амалии ҷавонон тавассути амалисозии фармоиши иҷтимоии давлатӣ ба воситаи ҳаракатҳои ҷавонон, аз ҷумла марказҳои ҷавонон бояд чораҳо татбиқ шаванд.
Бо мақсади фаъолгардонии ҷамъиятии ҷавонон, ташаккул ва рушди ҳаракати волонтёрӣ ва муқаррар сохтани механизмҳои ҳавасмандгардонии шахсони волонтёр дар доираи қонунгузорӣ бояд тадбирҳо андешида шаванд.
2. Шуғлнокии ҷавонон
Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки мутаносибан теъдоди зиёди шахсони дорои қобили меҳнат ба ин ҳиссаи ҷомеа рост меояд.
Боиси қайд аст, ки шуғлнокии ҷавонон на танҳо ба фарогирии онҳо бо меҳнат алоқамандӣ дорад, балки он ба шуғлмандии амалҳои муташаккиле (тамрини варзишӣ, таҳсил, хизмати ҳарбӣ, такмили дониш ва малака, туризм ва ғайра) рабт дода мешавад.
Таъмини шуғлмандии ҷавонон ҳамчун нишондиҳандаи беҳ будани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ маҳсуб мегардад ва ин амал фаъолияти мувофиқашудаи мақомоти давлатиро бо ташкилотҳо, сарфи назар аз мақоми молиявӣ ва ташкилию ҳуқуқии онҳо ҷиҳати ба кор фаро гирифтани ҷавонон, бахусус кӯдакони ятим, шахсони ҷавони имконияташон махдуд, ҷавонони аз маҳалли иҷрои ҷазо озодшуда ва шаҳрвандони ҷавоне, ки хизмати ҳарбиро адо кардаанд, тақозо менамояд.
Дар шароити ҷомеаи муосир таваҷҷӯҳи беш ба таҳсилоти касбӣ дода мешавад. Чунончӣ маълум аст, рушди имконот дар самти таъмини таҳсили муосири сифатнок ва рақобатпазир дар ҷомеа метавонад ба ташаккули системаи тамоюлнокии касбии ҷавонон мусоидат намояд. Фарогирии ҷавонон ба таҳсил ва фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла тавсеаи имконоти хадамоти хусусӣ оид ба таҳсили ҷавонон ба рушди сатҳи маърифатнокии ҷавонон, инчунин ташаккули системаи ҳавасмандгардонии ҷавонони фаъол ва соҳибистеъдод мусоидат намояд.
Муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон вобаста ба талаботи бозори меҳнати минтақа дар ҳоли афзоиш қарор дорад ва дар ин замина қобилияти меҳнатии ҷавонон таҳким ёфта, муқовиматнокӣ ва рақобатпазирии онҳоро дар хориҷа устувор мегардонад. Дар баробари ин, зарур аст, ки қувваи меҳнатии кишвар дар дохили мамлакат ба таври самаранок истифода гардад. Бо дарназардошти бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ баррасӣ ва аз нав таҳия кардани барномаҳои таълимии хонандагон ва донишҷӯён мувофиқи мақсад мебошад, ки онҳо метавонанд дар таъмин намудани ҷавонон ба шуғли дастрас мусоидат намоянд.
Мусаллам аст, ки омӯзиш ва бозомӯзии касбӣ яке аз омилҳои муассир дар танзими масъалаҳои шуғли аҳолӣ буда, дар маҷмӯъ рушди бемайлони иқтисодии ҳар кишвар аз шумораи аҳолии машғули кор ва самаранокии фаъолияти кории онҳо иборат аст, ки ин дар навбати худ ба сатҳи малакаи касбии аҳолии шуғлнок, аз ҷумла ҷавонон ва истифодаи босамари ин малакаи касбӣ бевосита иртибот дорад.
Дар ҳамин радиф, ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонон ба касбҳои коргарии рақобатпазир чи дар бозори меҳнати дохил ва чи дар хориҷи кишвар, инчунин дар заминаи ин коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон нақши муҳим дорад.
Таъсири сиёсати давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ бо дарназардошти имконоти минтақавӣ бояд фаъолона пеш бурда шавад. Зарур аст, ки барои фароҳам овардани шароитҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ ҷиҳати беҳбудии вазъи иқтисодӣ, боло бурдани сатҳи даромаднокии ҷавонон ва оилаҳои ҷавон ба воситаи фаъолияти соҳибкорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ё муқаррар кардани имтиёзҳо барои соҳибкорони ватанӣ, бахусус аз ҳисоби соҳибкорони дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, дар ташкили коргоҳҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ барои ҷавонон тадбирҳои саривақтӣ андешида шавад.
Дар шароити ҷомеаи муосир касбӣ кунонидани пешбурди хизмати ҳарбии ҷавонон, бо дарназардошти имконоти баробари иштирок яке аз масъалаҳои муҳим дар ҳаёти ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи маърифати иқтисодӣ ва соҳиб гардидан ба касби муносиб миёни ҷавонон хеле паст мебошад. Дар ин радиф фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати касбомӯзии сарбозон ҳангоми хизмат дар сафи Қувваҳои Муссаллаҳ тавассути таъсис намудани марказҳои омӯзиши касбӣ ва тарбияи меҳнатии онҳо боиси дастгирӣ мебошад.
Яке аз роҳҳои самарабахш дар рушди имконоти фарҳангу фароғат ва худтакмилдиҳии ҷавонон ин дастгирии театрҳо, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангии ҷавонон, иншооти варзишӣ, муассисаҳои таълимии беруназмактабӣ ва марказҳои омӯзишӣ, интишори адабиёти таълимӣ, бадеӣ ва методӣ, таҳияи барномаҳои давлатӣ ва минтақавӣ оид ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташаккули арзишҳои ахлоқӣ ва маънавӣ мебошад. Махсусан тавсеаи шабакаи марказҳои ҷавонон дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ба худи ҷавонон имконият медиҳад, ки чорабиниҳои зиёди маърифатӣ, ба монанди тренингҳои омӯзишӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар, озмунҳо, маҳфилҳои фарҳангию эҷодӣ ва ғайра бо иштироки бевоситаи худи ҷавонон доир гарданд, ки ин иқдомот метавонад ҷавононро ба корҳои манфиатнок ва фоидабахш машғул намуда, аз оворагардию бекорӣ ва даст задан ба падидаҳои номатлуб эмин нигоҳ дорад.
3. Таъмини тарзи ҳаёти солим
Саломатии ҷавонон ояндаи солими кишвар ва омили муҳими рушди ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Шахс дар ҳолате ба муваффақият ва комёбиҳо ноил мегардад, ки агар комилан солиму тандуруст бошад. Чӣ тавре маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мушкилоти гуногуни ҳаётӣ мардуми Тоҷикистонро фаро гирифт, аз ҷумла мушкилоти марбут ба ВНМО/БПНМ ва нашъамандӣ дар байни ҷавонон мубрам боқӣ мемонад. Дар чунин вазъ бояд ташкили мунтазами чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ ва варзишию оммавӣ оид ба тарғиб ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон бояд оид ба таҳкими хадамоти таълимии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар сатҳи тамоми муассисаҳои таълимӣ тадбирҳо андешида шавад.
Ҷиҳати ҷалби васеи ҷавонон ба варзиш истифодаи босамари имконоти мавҷудаи варзишии муассисаҳои таълимии кишвар ба мақсад мувофиқ мебошад.
Самти дигари тарғиби тарзи ҳаёти солим ин ташаккул додани системаи ҳавасмандгардонӣ дар ташкили хадамоти варзишӣ тавассути муқаррар сохтани имтиёзҳои системавӣ мебошад. Дар ҳолати муқаррар гардидани имтиёзҳо имконоти рушд ва устувор гардонидани системаи варзиши касбӣ васеъ мегардад ва кафолати таъминоти иҷтимоӣ ба варзишгарон таъмин карда мешавад.
4. Таҳсилоти муносиб барои ҷавонон
Ҳифз ва рушди неруи зеҳни ва эҷодии ҷомеа, фароҳам овардани шароит барои худтатбиқнамоии ҷавонон таҳияи тадбирҳои маҷмӯиро оид ба ҳавасмандгардонии иқтисодии корхонаю муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, фондҳои хайриявӣ, дигар ташкилотҳо ва шаҳрвандони алоҳида, ки бояд ҷавонони болаёқатро дастгирӣ кунанд, тақозо менамояд. Ҳамзамон муқаррар намудани мукофотҳо, стипендияҳо ва кӯмакпулиҳо барои шаҳрвандони ҷавони эҷодкор, расонидани кӯмаки давлатӣ ба ҷавонон дар татбиқи фаъолияти инноватсионии онҳо ба рушди сиёсати давлатии ҷавонон метавонад мусоидат кунад.
Сиёсати давлатии рушд ва дастгирии ҷавонони боистеъдод ҳамчун сиёсати умумии рушди захираҳои инсонӣ амалӣ мегардад. Дар ҳамин радиф фароҳам овардани шароит ҷиҳати таъмини таҳсилоти муосир ва сифатноки ҷавонон бояд вобаста ба тақозои ҷомеаи муосир ба роҳ монда шавад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз зарурати ташаккул ва рушди низоми таҳсилоти иловагии ҷавонон ба миён омадааст, ки амалигардонии чунин иқдом метавонад барои ҳавасмандӣ ва болоравии рағбати ҷавонон дар таҳсил, ҳамзамон баланд гардидани сатҳи маърифатнокии онҳо мусоидат намояд.
Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки танҳо ҳамон давлатҳо ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, техникӣ ва эҷодӣ ноил мегарданд, ки ҷавонони он соҳибкасб ва соҳибмаълумот бошанд. Вобаста ба тамоюлнокии ихтисосмандӣ ва касбии ҷавонон дар шароити демократикунонии ҷомеа имконоти зарурӣ ташаккул ёфтааст, аммо ташаккул додани системаи мазкур дар ҳамоҳангсозӣ бо тамоми сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва тиҷоратӣ ба манфиати давлат мебошад.
Дар замони муосир яке аз ҳадафҳои асосӣ ин маърифатнок гардонидани аҳолӣ, алалхусус ҷавонон тавассути ташаккули хадамоти таҳсилоти ғайрирасмӣ бо ҷалби ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва истифодаи усулҳои навтарин, ба монанди таҳсилоти фосилавӣ, таълими интерактивӣ ва ғайра аст, ки метавонанд дар рушди нерӯи маърифатнокӣ ва зеҳнии ҷавонон мусоидат намояд.
Дар самти ҳавасмандгардонии давлатии ҷавонони ҷоизадор ва соҳибистеъдод солҳои охир камфаъолии ҷомеа эҳсос мегардад, чун дар ин самт танҳо ниҳодҳои давлатӣ тадбирҳои имконпазирро меандешанду халос, ҳол он ки дар кишварҳои ғарб бошад, баръакс барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ҷомеа ва соҳибкорон ҳиссаи намоён мегузоранд. Дар ҳамин асно васеъ гардонидани амалҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷавонони соҳибистеъдод ба мақсад мувофиқ мебошад.
Такмил ва азнавсозии ҳаракатҳои хонандагон ва донишҷӯён дар заминаи муассисаҳои таълимӣ тавассути ташаккули ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва волонтёрӣ аз манфиат холӣ нест. Бояд идора ва ҳамоҳангсозии системаи тарбиявии наврасон ва ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон вобаста карда шавад, чун айни замон бинобар сабаби ҷой доштани манфиатпазирии дохилиидоравӣ ин система дар ҳоли таназзулёбӣ қарор дорад. Дар даврони Шӯрави вобаста гардидани ташкилоти пионерӣ ба ташкилоти комсомолӣ низ бо ҳамин мақсад буд.
5. Таъминоти иҷтимоии ҷавонон
Системаи кӯмаки иҷтимоӣ ва дастгирии ҷавонон қонеъгардонии эҳтиёҷоти аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳими ҷавононро, ки дар вазъи ногувору пурихтилоф қарор доранд, барқарорсозии иҷтимоии он ва фароҳам овардани шароитеро, ки онҳо тавонанд минбаъд дар фаъолияти ҳаётан муҳими ҷомеа иштирок намоянд, пешбарӣ менамояд.
Давлат вобаста ба паст кардани сатҳи шиддатнокии иҷтимоӣ байни ҷавонон, таҳкими системаи хизматрасонии дастрас ва муносиб дар таъмини нафақа, кӯмаки тиббию равонӣ, таҳсил ва манзил барои ҷавонони маъюб, бепарастор, оворагард, ҷабрдидагони иҷтимоӣ ва осебпазир, инчунин мубориза алайҳи нашъамандӣ, майпарастӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши одамон ва хурофотпарастӣ байни насли наврас ва ҷавонон тадбирҳои таъхирнопазир меандешад. Дар ин росто, оид ба ташаккули системаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва машваратӣ, васеъ гардонидани шабакаҳои мавҷудаи хадамоти иҷтимоӣ барои фаъолияти онҳо дар самти ташкили фароғат, гирифтани таҳсилот, ҳалли мушкилоти муошират дар оила, мактаб, коллектив, интихоби самтҳои пешбурди зиндагӣ ва мутобиқат ба ҷомеа бояд чораҳои дахлдор ба роҳ монда шаванд.
Яке аз принсипҳои асосӣ дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии ҷавонон ин муҳайё сохтани шароити муносиб барои бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин гардидани ҷавонон мебошад. Дар ҳоли рушди имкониятҳо, бахусус истифода аз технологияҳои иттилоотӣ усулҳои гуногуни ташкили бозори ҷойҳои кории холӣ мавҷуд аст, ки дастрасӣ, каммасрафӣ, истифодаи самараноки вақт ва шаффофиятро таъмин менамояд. Дар заминаи татбиқи яке аз ин усулҳо бояд, ки дар сатҳи кишвар бозори рақамии меҳнат дар шакли сомонаи интернетӣ ва маҳзани махсуси маълумот роҳандози гардад. Бозори рақамӣ бояд дар ду самт фаъолият кунад (на дар як самти муқаррарӣ, ки танҳо кор бо ташкили ҷойи корӣ аст), яке самти муқаррарӣ, ки ин ташкили ҷойи кории холӣ буда, самти дигар, ин самти муосир, яъне ташкили маҳзани нерӯи меҳнатӣ аз ҳисоби мутахассисон, коршиносон ва машваратчиён мебошад.
Мушкилоти дигари мубраме, ки дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ аст, ин паст будани сатҳи тахассус, касб, дониши ҳуқуқӣ, маърифати шаҳрвандӣ, надонистани забонҳои хориҷӣ байни ҷавонон ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондану ба таври дуруст надонистани талаботи бозори меҳнат дар кишварҳои ба қувваи корӣ ниёздошта мебошад. Дар ин радиф баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ тавассути ташкили мулоқоту вохӯриҳо, семинарҳо ва озмунҳо, аз ҷумла чорабиниҳо оид ба эмин будан аз шомилшавӣ ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ (чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар), пешгирии бемориҳои сироятии ҷинсӣ, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобию ҳуқуқвайронкунӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Масъалаи дигаре, ки то имрӯз роҳи ҳалли худро пурра наёфтааст, ин дастгирии оилаҳои ҷавон ва мутахассисони ҷавон дар таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ мебошад. Тибқи таҳлилҳои мавҷуда, чун дигар кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои оилаҳои ҷавон дар Тоҷикистон қарзҳои ипотекӣ барои харидорӣ ва ё сохтмони манзили истиқоматӣ дастрас нестанд. Бо дарназардошти мушкилоти ҷойдошта, зарурати таҳия ва амалигардонии механизми дастгирии оилаҳои ҷавон ва мутахассисони ҷавон оид ба таъмини манзили истиқоматӣ, ҳамчунин ҷалби ташкилотҳои молиявӣ ва бонкӣ дар амалисозии қарзҳои ипотекии имтиёзнок барои оилаҳои ҷавон ҷиҳати харидорӣ ва сохтмони манзили истиқоматӣ ба миён омадааст.
6. Таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон
Сиёсати давлатии ҷавонон ба он асос меёбад, ки ҳама гуна ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва шахсии шаҳрванди ҷавон, ки мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда муқаррар гардидааст, бояд эътироф карда шавад. Ин пеш аз ҳама дар амал татбиқ гардидани тамоми ҳуқуқ ва манфиатҳое, ки дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат қонунгузорӣ нисбат ба насли ҷавон муайян кардааст, дар назар дорад.
Дар ҳамин радиф ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон оид ба маълумотнокӣ ва истифодабарии ҳуқуқҳои худ бештар бояд корҳои самаранок ва сифатнок амалӣ карда шаванд.
Бо мақсади ҳифзи самарабахши ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон бояд системаи адлияи ювеналӣ, бо дарназардошти тарбияи ислоҳшавӣ ва сипас таъйини ҷазо ташкил карда шавад.
Яке аз масъалаҳои муҳим дар ҳаёти ҷавонон ин танзим ва банақшагирии оила ва пешгирии никоҳи барвақтӣ мебошад. Дар баробари бурдборӣ оилаи ҷавонро дар шароити ҷомеаи муосир мушкилоти гуногуни ҳаётӣ пеш омадааст, ки дар натиҷа серфарзандӣ, ҷой доштани низоъ байни хонадорон ва ҷудошавӣ ҳамасола зиёд ва сатҳи иқтисодии оилаҳо паст гардида истодааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки барномаҳои мусоидаткунанда ба мустақилияти комили ҷавонон дар интихоби ҳамсар ва хонадоршавӣ, инчунин фарзанддоршавӣ роҳандозӣ гардад. Ба ғайр аз ин дар он ҳар як мушкилот дар алоҳидагӣ омухта шуда, мавриди бартараф намудани он тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон масоили ҳалталаб дар тамоми соҳа зиёд аст, махсусан дар таъмини таҳсилот барои духтарон ва оворагардон, поймолшавии ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо ҷой дорад. Бо дарназардошти бартарафнамоии ин ва дигар мушкилоти ҷавонон аз ҳама гуна ҳолатҳои номатлуб, мувофиқи мақсад аст, ки шабакаи хадамоти машваратӣ оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон ташкил ва рушд дода шавад.
Дар сатҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ на дар ҳама ҳолатҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандии ҷавонон таъмин карда мешавад, ҳолатҳои поймол кардани ҳуқуқҳо ва муносибатҳои дурушт нисбат ба онҳо ҷой доранд ва бояд бо дастгирии ҳама гуна фаъолияти ташкилоту хадамот оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон тадбирҳои саривақтӣ оид ба баррасии муроҷиату даъвоҳо нисбат ба онҳо андешида шавад.
Воқеист, ки дар ин синну сол шахси ҷавон бештар ба фароғат майл дорад ва яке аз воситаҳои осони дастрасии фароғат тариқи (маблағ кор кардан ва ҳаловат бурдан аз беназоратӣ) рафторҳои номуташаккилона ва ё номатлуб сурат мегирад. Аз ин рӯ, бояд механизми танзими фаъолият дар шакли маҳдудсозии ҳуқуқи ҷавонон барои ворид гардидан ба маконҳои фароғатӣ дар нимашабҳо таҳия ва роҳандозӣ гардад.
Пӯшида нест, ки қисми муайяни наврасону ҷавонон аз сабаби паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил мегарданд. Ҷиҳати бартараф сохтани ин мушкилот таҳия ва татбиқи механизми муосири устувор гардонидани нерӯи кадрии сохторҳои марбутаи идеологӣ вобаста ба расонидани мӯҳтавои сиёсати давлат тавассути ташкили мунтазами чораҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо ба мақсад мувофиқ аст.
Вобаста ба васеъ гардонидани имконот дар ҷараёни таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон зарур аст, ки иштироки намояндагони мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ва ташкилотҳои дахлдор дар баррасии муроҷиату даъвоҳо дар мақомоти судӣ таъмин карда шавад. Ин ташаббус барои тақвияти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, инчунин баланд бардоштани маърифати умумии ҳуқуқӣ дар ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром гузоштан ба қонунҳо ва ғояҳои бунёдии рушди давлатдорӣ имконият медиҳад.
7. Мустақилияти иқтисодии ҷавонон
Дар марҳилаи гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ дигаргуниҳои амиқи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба амал омадаанд, ки дараҷаи шуғлнокӣ ва некӯаҳволии мардуми кишварамон, аз ҷумла ҷавононро сифатан дигаргун намуданд. Дар натиҷаи ин, сатҳи бекорӣ зиёд гардида, бахши ғайрирасмии иқтисодиёт ва муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳисоби аҳолии қобили меҳнат, махсусан ҷавонон босуръат афзоиш ёфта истодааст.
Маълум аст, ки сатҳи маърифатнокӣ ва ё маълумотнокии иқтисодии ҷавонон дар муқоиса ба талаботи ҷомеаи муосир хело паст аст. Қисми зиёди волидон дар баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии иқтисодии фарзандон бетарафӣ зоҳир мекунанд, чун худи онҳо ба таври комил аз донишҳои иқтисодӣ бархӯрдор нестанд. Дар ин самт бояд омӯзиши волидони ҷавон вобаста ба тарбияи иқтисодии фарзанд ба таври мунтазам ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон ба ҷавонон ҷиҳати ташкили хоҷагиҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо дастрасӣ ба қарзҳои бонкию давлатӣ ва таъмини макони фаъолият мусоидат намудан зарур аст.
Яке аз ҳадафҳои асосии рушди соҳибкорӣ ва бо кор таъминкунии ҷавонон ин ташаккул додани механизми нави дастгирии барномаҳои тиҷоратии соҳибкорон ва хоҷагидорони ҷавон мебошад. Маълум аст, ки қисмати зиёди ҷавонон дар деҳот маскан гирифтаанд ва имконоти дастгирӣ намудани фаъолиятҳои гуногун, аз қабили таъсиси хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ, ба монанди ангурпарварӣ, картошкапарварӣ, занбӯри асалпарварӣ, мурғпарварӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ метавонад дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ байни ҷавонон мусоидат намояд.
Ҳамчунин, бо мақсади ҳавасманд сохтани соҳибкорони оянда, ташаккули системаи дастгирӣ ва омодасозии соҳибкорони ҷавон ҳанӯз аз айёми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба мақсад мувофиқ аст. Дар давоми таҳсил метавон ҷавонони соҳибистеъдод ва майли соҳибкорӣ доштаро ба гурӯҳҳо ҷудо намуда, бо онҳо барои ташкили коргоҳҳо ва ба роҳ мондани фаъолияти муассири соҳибкорӣ кор бурд.
Мусаллам аст, ки барои ба ҳадафҳои худ дар ҷодаи соҳибкорӣ ноил гардидани ҷавонон, пеш аз ҳама истифода бурдани тамоми имкониятҳои дар дохили кишвар буда ва ҳамчунин ҷалби сармояи хориҷӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Бо ин мақсад зарурати рушд додани грантҳо ва фармоиши иҷтимоии давлатӣ барои ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва хоҷагидории ҷавонон ба миён омадааст, ки он метавонад дар самти бо кор таъмингардии ҷавонон тавассути рушди соҳибкории хурду миёна таҳовулоти муассир ба вуқӯъ биёрад.
8. Тарбияи ватандӯстии ҷавонон
Ҳар як давлати мутамаддин дар асоси рӯҳияи баланди ватандӯстии шаҳрвандонаш тараққӣ меёбад ва табиист, ки дар ин раванд тавваҷӯҳи бештар ба насли ҷавон дода мешавад.
Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, равнақи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихории миллии онҳо дар шароити соҳибистиқлолии мамлакат яке аз омилҳои таҳкиму тақвият бахшидани истиқлолият ва муҳимтарин фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа мебошад.
Бо мақсади таблиғи ғояҳои асосии миллӣ, аз қабили садоқат ба Ватан, ифтихор аз гузаштаи бошарафона, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ, байни ҷавонону наврасон мунтазам ташкил намудани чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ мувофиқи мақсад аст.
Яке аз асоситарин омиле, ки муносибати ҷавононро ба Ватан муқаррар мекунад, маъракаи ҳамасолаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мебошад. Дар ин самт баргузории конференсияҳои илмию методӣ ва ҳавасмандсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳияи филмҳо ва барномаҳои театрии дорои хусусияти ватандӯстона бояд ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон, муайян кардани имтиёзҳои гуногуни иҷтимоӣ барои ҷавонони адои хизмати ҳарбикарда ба баланд гардидани нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ ва рафъи мушкилоти сунъӣ дар ин самт мусоидат хоҳад кард. Ҳамин тариқ, додани имтиёзҳо барои ихтиёриён, ба монанди додани рутбаи ҳарбӣ, дохилшавӣ ба мактабҳои олии касбӣ, ба кор қабул шудан (бахусус дар мақомоти қудратӣ), ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил ва ғайра боиси қаноатмандии омма метавонад гардад.
Чуноне, ки аз таҳлилҳо бармеояд, қисми зиёди сарбозон аз оддитарин меъёрҳои ҳуқуқӣ бехабаранд, инчунин оид ба Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда вобаста ба хизмати ҳарбӣ маълумоти пурра надоранд. Дар ин самт ташкили озмунҳо барои таҳияи асарҳо, мақолаҳо (бахусус, дар матбуоти даврӣ), китобҳо ва намоиши филмҳои ватандӯстона тариқи кинотеатрҳо ба мақсад мувофиқ аст.
Таъсис ва дастгирии маҳфилҳои худфаъолияти сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон бо иштироки бевоситаи нерӯҳои бохирад, аз ҷумла зиёиён муҳимтарин василае ҳаст, ки метавонад дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши асосҳои таъриху фарҳанги миллӣ мусоидат намояд.
9. Ахлоқи ҳамида ва фарҳангдӯстии ҷавонон
Аз саҳифаҳои таърих номи ҳар халқу миллат тавассути илму фарҳанг ва санъати ҳунари воломақомаш сабт мешавад. Дорои таъриху маданият ва санъату адабиёти бою қадима будани халқи тоҷик ба оламиён маълум аст.
Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ҳам ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад.
Дар самти ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар тамоми кишвар мунтазам баргузории чорабиниҳои умумҷумҳуриявӣ, аз қабили Фестивали "Ҷавонони Тоҷикистон", Озмун-фестивали ҷавонон "Ориён-Сомониён-Тоҷикистон", Моҳонаи ҷавонон дар доираи таҷлили санаҳои таърихӣ, озмунҳои "Маҳфили ҳозирҷавобон" ва "Маҳфили зарифон" бояд ба роҳ монда шавад.
Дар давоми соҳибистиқлолии кишвар дастгирӣ ва рушд додани барномаҳои консертии ситораҳои ҷавон дар дохил ва хориҷи кишвар ва бар ин васила муаррифӣ намудани соҳаи санъати миллӣ яке аз ҳадафҳои аслии сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Барои ин ҷиҳати рушд ва таъминоти моддии инфрасохтори фарҳанг - дастгирии театрҳо, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангии ҷавонон, муасоисаҳои таълимии беруназмактабӣ ва ғайритаълимии донишҷӯён, ки ба инкишофи фароғат ва манфиатҳои насли ҷавон мусоидат менамояд, кӯшишу талошҳои пайваста ба харҷ дода шавад.
Самти муҳими тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва ватандӯстии ҷавонон бояд аз ҳимояи онҳо аз таъсири манфии моҷароҷӯӣ ва таассуби динӣ иборат бошад. Бо ин мақсад зарур аст, ки ҷиҳати роҳ наёфтани ақидаҳои моҷароҷӯиву динӣ дар байни ҷавонон механизмҳои ҳимоявт таҳия карда шавад.
Дар замони муосир соҳаи туризм яке аз бахшҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ маҳсуб ёфта, ба рушди бемайлони иқтисодиёти мамлакатҳо ва равобити судманди байни мардумони кишварҳои мухталиф мусоидат менамояд. Вобаста ба ин ва бо дарназардошти захираҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангии кишвар дараҷаи ба сайёҳат фаро гирифтани наврасону ҷавонон дар ҷумҳурӣ дар сатҳи паст қарор дорад, ки насли ҷавон аз мавзеъҳои таърихии кишвар тамоман бархӯрдор нестанд. Ба мақсад мувофиқ аст, ки дар ин самт таҳия ва амалигардонидани барномаҳои мактабию донишгоҳии фароғатӣ ва турҳои сайёҳатии наврасону ҷавонон ба мавзеъҳои таърихӣ бояд ҷорӣ карда шаванд. Ҳамзамон, беҳтарин василаи баланд бардоштани шавқи наврасону ҷавонон ба мавзеъҳои таърихии кишвар ва огоҳонӣ аз ёдгориҳои миллӣ ин таҳия ва таъмини маводи иттилоотӣ ба аҳолӣ оид ба тарғиби сайру сайёҳат ва фароҳамоварии шароиту ҳавасмандгардонии ширкатҳо дар ташкили сайёҳати дохилӣ мебошад.
Пӯшида нест, ки дар шароити имрӯзаи раванди ҷаҳонишавӣ майли ҷавонон ба ақидаҳои беасоси аҷнабӣ ва сарватҳои моддӣ афзуда истодааст. Қисми зиёди наврасону ҷавонон аз сабаби паст будани сатҳи маънавиёт шомил ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ахлоқӣ мегарданд. Дар ҳамин радиф ҷалби ҷомеаи маҳаллӣ, бахусус раисони маҳаллаҳо, шахсони бонуфузи маҳаллаҳо ва ходимони динӣ дар ташкили мунтазами мулоқотҳо оид ба тарбия ва таълими насли наврас (бахусус духтарон), танзими оила ва эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз ҳама гуна омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, ба монанди худкушӣ, ҷинояткорӣ, танфурӯшӣ, шомил шудан ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ пеш омадааст.
10. Заминаи илмию амалӣ ва идории сиёсати давлатии ҷавонон
Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз шаш самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардидааст.
Чун анъана ин соҳа ҳамчун мактаби кадрӣ шинохта мешавад ва мунтазам кормандони соҳа ба зинаҳои дигар ва болотари идораи давлатӣ мебароянд. Дар ҷаҳони муосир сиёсати давлатии ҷавонон пурзур гардида истодааст ва онро ҳамчун соҳаи илм бо мафҳуми "Ювенология" ва ё илм дар бораи ҷавонон бисёр кишварҳо пазируфтааст.
Барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат зарур аст, ки заминаи илмию амалӣ ва иттилоотии сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул дода шавад.
Тавре маълум аст, дар раванди идоракунии давлат вобаста ба шароити ҷомеаи муосир то ҳол мақоми таълимию методӣ оид ба тарбияи касбӣ, омодасозии кадрҳо - сарварони ҷавон мавҷуд намебошад, ки ин мушкилот дар тавсия нагардидан ва муқаррар нагардидани квотаҳо ҷиҳати дар ниҳодҳои мақомоти давлатӣ роҳ ёфтани кадрҳои ҷавон сабаб шуморида мешавад. Дар ин росто андешидани тадбирҳои муассир, аз қабили роҳандозӣ намудани ниҳоди махсусгардонидашуда дар самти пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳлилию иттилоотӣ мувофиқ мебошад.
Вобаста ба ҷамъоварии иттилооти оморӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ механизми нав аз ҷониби мақомоти ҷамъоварикунандаи омор ҷорӣ карда шавад ва ин ташаббус имконият медиҳад, ки самаранокии кор дар сатҳи мақомоти давлатии кор бо ҷавонон таъмин гардад. Ҳамзамон, ташаккул ва устувор сохтани имконоти амалӣ ва техникии Омори сиёсати давлатии ҷавонон ба манфиати кор мебошад.
Тибқи талабот ва арзишҳои ҳастии инсонӣ шахс, бахусус эҷодкор ҳамеша ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ ниёз дорад, вале ин талаботи ҳаётӣ то ҳадди имкон қонеъ гардонида намешавад. Дар ин самт таҳияи механизми ҳавасмандгардонии давлатии олимони ҷавон тавассути барномаҳои алоқаманди давлатӣ ба истифода гардидани имкони амалии соҳибистеъдодон ва эҷодкорон ба манфиати ҷомеа боис мегардад .
V. Механизмҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва механизмҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо дарназардошти инҳо ташкил карда мешавад:
- мақсад ва вазифаҳои мушаххаси сиёсати давлатӣ, эътирофи ҷавонон ба сифати захираи стратегии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини сифати баланди зиндагии халқ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- имкониятҳои воқеии давлат, натиҷаҳое, ки ҳангоми татбиқи сиёсати иҷтимоии иқтисодӣ ба даст омадаанд, аз ҷумла дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон;
- актуалӣ будан ва мушаххасоти проблемаҳои иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи синну солӣ, касбӣ ва дигар гурӯҳи шаҳрвандони ҷавон.
Бо дарназардошти муқаррароти зикргардида манфиатҳои афзалиятноки давлат нисбат ба ҷавонон аз инҳо иборатанд:
- тарбияи шаҳрванди ватанпарасте, ки оид ба ҳифзи манфиати кишвар, устувории моддӣ ва маънавии ҷомеа, муттасилии анъана ва арзишҳои маънавӣ ғамхорӣ менамояд;
- тарбияи шаҳрванде, ки таърих ва фарҳанги кишвари худ, дастовардҳои ҷомеаро дар иқтисодиёт, илм, адабиёт ва фарҳанг медонад ва онро ғанӣ мегардонад, дар ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ, фаъолияти институтҳои давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла дар кори ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ва кӯдакон фаъолона иштирок менамояд;
- тарбияи шаҳрванди меҳнаткаше, ки дорои маълумоти мувофиқ ба эҳтиёҷоти истеҳсолоти замонавии моддию маънавӣ мебошад, аз сифатҳои серғайратӣ, бовиҷдонӣ, масъулият бархурдор буда, қодир аст худро ҳамчун мутахассиси соҳибихтисос ва соҳибкори варзида нишон диҳад;
- тарбияи шаҳрванди аз нигоҳи маънавӣ ва ҷисмонӣ инкишофёфта, ки тарзи ҳаёти солимро пеш мебарад, оиладоре, ки нисбат ба тарбияи наслҳои оянда ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Дар ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон самтҳо ва механизмҳои асосии зайл муайян карда мешаванд.
Дастгирии давлатии ҷавонон дар соҳаи таълиму тарбия ва инкишоф:
- фароҳам овардани шароит ҷиҳати роҳ надодан ба маҳдудсозии ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар ҷиҳати соҳиб шудан ба маълумоти зарурӣ аз ҷониби шаҳрвандон аз оилаҳои камбизоат, оилаҳои серфарзанд, аз ҷониби шаҳрвандоне, ки дар маҳалҳои алоҳидаи деҳот зиндагӣ мекунанд, ҷавононе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд;
- ташаккул ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳиб шудан ба маълумот аз ҷониби ҷавононе, ки ба муассисаҳои таълимии миёна, олӣ ё таҳсили касбии баъди маълумоти олӣ дохил шудаанд;
- таҳия ва татбиқи тадбирҳои дарозмӯҳлат оид ба таъмини шуғли хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дастгирии фаъолияти устувор ва самарабахши меҳнатии онҳо;
- ташаккул ва татбиқи барномаҳои (лоиҳаҳои) мақсаднок оид ба дастгирии ташкилотҳои ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълимӣ амал мекунанд;
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии шаҳрвандони ҷавони боистеъдод дар соҳаи таълим, илм, техника ва фарҳанг;
- таҳия ва татбиқи барномаҳо давлатӣ ва маҳаллии мақсаднок оид ба барқарорсозии шаҳрвандии ҷавонон, рушди фарҳангӣ ва ҷисмонии онҳо, тарбияи ватанпарастӣ ва маънавию ахлоқӣ;
- ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ва кӯдакон дар соҳаи тарбияи ҳарбию ватандустӣ, маънавию ахлоқӣ, экологӣ, корҳои самтгирии касбӣ, маълумоти истеъмолӣ, амалӣ намудани озмуни барномаҳо ва лоиҳаҳо дар ин соҳа;
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати дар байни ҷавонон паҳн намудани ғояҳои ягонагии маънавӣ, ҳисси ватанпарастии миллӣ;
- ташаккул ва татбиқи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрванди ҷавон;
- ташаккул ва татбиқи чорабиниҳо оид ба дастгирии шаклҳои мухталифи рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва ҷисмонии шаҳрвандони ҷавон, пайвастани онҳо ба арзишҳои. фарҳангии миллӣ ва умумиинсонӣ ҷиҳати фаъолсозии иштироки онҳо дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа;
- гузаронидани озмунҳо, олимпиадаҳо ва фестивалҳо вобаста ба самтҳои мухталифи худтатбиқнамоии эҷодии ҷавонон, аз ҷумла дар соҳаи фаъолияти касбӣ ва соҳибкорӣ;
- дастгирӣ ва рушди шаклҳои мухталифи корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои махсусгардонидашуда, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, клубҳои наврасон ва ҷавонон дар маҳали зисти онҳо.
Мусоидат ва дастгирии шаҳрвандони ҷавон дар соҳаи ҳифзи саломатӣ:
- такмили тадбирҳои дастгирии давлатӣ ва кӯмак ба шаҳрвандони ҷавон, аз ҷумла ба онҳое, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, таъмини тарзи ҳаёти солими шаҳрвандони ҷавон, таъмини модарии бехатар, пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда;
- фаъолсозии чораҳо оид ба пешгирии нашъамандӣ ва вобастагӣ нисбат ба воситаҳои нашъадор ва психотропӣ, оид ба муолиҷа ва барқарорсозии шаҳрвандони мубталои нашъамандӣ;
- фаъолсозии тадбирҳо оид ба корҳои пешгирикунанда байни шаҳрвандони ҷавони гурӯҳҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазир ҷиҳати пешгирии рафтори номатлуб дар байни ҷавонон;
- дастгирии чорабиниҳо оид ба таблиғи тарзи ҳаёти солим ва тадбирҳое, ки дар ҷавонон ҳисси эҳтиёҷотро бедор мекунанд, инчунин таъмини машғулияти фаъолона ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
- инкишоф додани амалияи гузаронидани мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ, турнирҳои ҷавонон оид ба навъҳои оммавии варзиш;
- ташаккул ва татбиқи системаҳои муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои ҷавонон, фароҳам овардани шароит барои барқарорсозии тиббӣ, психологию педагогӣ, ба ҷомеа мутобиқгардонии шаҳрвандони ноболиғ;
- фароҳам овардани шароит барои рушди навъҳои оммавии туризми ҷавонон, дастгирии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ва кӯдакон дар соҳаҳои зикргардида;
- амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба дастгирии фаъолияти муассисаҳои барқарорсозӣ, солимгардонӣ ва таълимии кӯдакон, майдончаҳои таҷрибавӣ бо мақсади татбиқи технология ва методикаи инноватсионӣ дар соҳаи ташаккули тарзи ҳаёти солим, истироҳат, фароғат ва рушди эҷодии кӯдакону ҷавонон.
Мусоидат ба таъмини мустақилияти иқтисодии шаҳрвандони ҷавон, татбиқи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои меҳнатии онҳо:
- фароҳам овардани шароит барои шуғли ҷавонон, аз ҷумла таҳия ва андешидани чорабиниҳо ҷиҳати чудо намудани ҳиссаи (квотакунонии) ҷойҳои корӣ барои ҷавонон;
- дастгирии ташкилотҳои махсусгардонидашуда, ки ҷиҳати мусоидат ба шуғл, самтгирии касбӣ, омодагии касбӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони ҷавон мусоидат менамоянд;
- ташаккул ва татбиқи барномаҳои мусоидат ба мутобиқгардонии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии ҷавонон дар бозори меҳнат;
- таъмини дастгирии молиявии чорабиниҳо оид ба таъсиси ҷойҳои корӣ барои ҷавонон, пеш аз ҳама барои шахсоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷоти бештар доранд, дар ҷустуҷӯи кор ба душворӣ рӯ ба рӯ шудаанд, инчунин ба ҷавононе, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд;
- ташаккул ва татбиқи системаи чорабиниҳои давлатӣ оид ба дастгирии моддию техникӣ ва молиявии фаъолияти корхонаҳои таълимии ҷавонон, бизнес-инкубаторҳо, марказҳои таълимию корӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки беш аз 75 фоизи кормандони онро шаҳрвандони ҷавон ташкил медиҳанд;
- ташаккули механизмҳои давлатии дастгирии ҷавонони соҳибкор.
Дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон:
- таҳия ва қабули барномаҳои (лоиҳаҳои) мақсадноки давлатӣ ва маҳаллӣ дар бораи дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон, пеш аз ҳама оилаҳои камбизоат, дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ ё дигарнавъи кӯмак дар ҳалли проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, иҷтимоию маишӣ, дар бораи таъмини шуғли волидайни ҷавон оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим;
- ташкили корҳои тавзеҳотӣ бо шаҳрвандони ҷавон оид ба масъалаҳои саломатии репродуктивӣ, модарии бехатар, тарбия ва таъминоти кӯдакон, ташкили фароғати оилавӣ ва истироҳати ҷавонон;
- дар амал татбиқ намудани мониторингҳои иҷтимоӣ (сотсиологӣ) оид ба масъалаҳои оилаи ҷавон, оид ба таъминоти илмию методии кор бо оилаҳои ҷавон;
- такмили қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои дастгирии оилаҳои ҷавон ҳангоми сохтмон ё гирифтани манзил (ҷихати додани қарз, кредитонии мақсадноки имтиёзнок, кредити ипотекӣ, оид ба ҷорӣ намудани механизмҳои ба иҷора додани хонаи давлатӣ ва ғайра), беҳбуд бахшидани шароити зист барои оилаҳои ҷавони камбизоат;
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба дастгирии ташаббуси шаҳрвандони ҷавон, аъзои ҳаракати комплексҳои манзилии ҷавонон, ташкилотҳои ҷавонон, дигар ташкилотҳо оид ба сохтмони манзил, ки барои ҷавонон дастрас аст;
- ташаккули системаи хадамоти иҷтимоӣ бо мақсади тавсеаи соҳаҳои хизматрасонии таълимӣ, тиббию иҷтимоӣ, иҷтимоию ҳуқуқӣ, психологию педагогӣ, иттилоотӣ, машваратӣ ва дигар хизматрасонӣ ба оилаҳои ҷавон ҷиҳати таъмини ҳифзи саломатӣ, таҳсил, тарбия ва рушди кӯдакон, ҳифзи иҷтимоӣ, мутобиқгардонии иҷтимоӣ ва барқарорсозии шаҳрвандони ҷавон.
Дастгирии давлатии шаҳрвандони ҷавон, ки таҳти шароити душвори зиндагӣ қарор доранд, ҷиҳати хизматрасонии иҷтимоии онҳо, барқарорсозӣ ва ба ҳаёти иҷтимоӣ мутобиқгардонии онҳо:
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳои дастгирии давлатии шаҳрвандони ҷавони таҳти шароити душвори зиндагӣ қарордошта (шаҳрвандони ҷавони мубталои норасоии ҷисмонӣ ва (ё) рӯҳӣ, шаҳрвандони ҷавони аз офатҳои экологӣ, техногеннӣ ё табиӣ ҷабрдида, шаҳрвандони дар шароитҳои экстремалӣ қарордошта, шаҳрвандони ҷавоне, ки ҷазоро дар шакли маҳрумият аз озодӣ адо мекунанд, аз ҷумла дар колонияҳои тарбиявӣ, шаҳрвандони ҷавоне, ки дар муассисаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ қарор доранд, шаҳрвандони ҷавоне, ки фаъолияташон дар натиҷаи ҳолатҳои руҳдода халалдор гардидааст ва онҳо наметавонанд онро мустақилона ё бо кӯмаки оила паси сар кунанд);
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба фаъолгардонии кӯмаки иҷтимоию ҳуқуқӣ, психологию педагогӣ, иттилоотию машваратӣ ба шаҳрвандони ҷавоне, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор гирифтаанд, оид ба масъалаҳои интихоби самт ва шакли таҳсил, самтгирии касбӣ, таъмин бо кор, ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар навъӣ кӯмак;
- фаъолгардонии чорабиниҳо оид ба расонидани кӯмаки тиббӣ, иҷтимоию психологӣ, барқарорсозии иҷтимоӣ ва мутобиқгардонии шаҳрвандони ҷавон, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд;
- таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони ҳуқуқию воқеие, ки ба шаҳрвандони ҷавони дар вазъи душвори зиндагӣ қарордошта кӯмак мерасонанд ва дастгирӣ менамоянд.
Дастгирии ташаббусҳои аз нигоҳи ҷамъиятӣ муҳим, фаъолияти ҷамъиятию сиёсии ҷавонон, ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ва кӯдакон:
- фаъолгардонии чорабиниҳо ҷиҳати дастгирии ташабусҳои ҷамъиятии ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ва кӯдакон, фаъолияти аз нигоҳи ҷамъиятӣ муфиди шаҳрвандони ҷавон, иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо оид ба фароҳам овардани шароит ҷиҳати татбиқи фаъолияти созандагӣ ва нерӯи шаҳрвандони ҷавон дар ҳамаи соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ;
- дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дастгирӣ намудани ташаббус оид ба ҷалби ҷавонон ба фаъолияти машваратии мақомоти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, оид ба паҳн намудани таҷрибаи таъсис ва фаъолияти мақомоти машваратӣ вобаста ба масъалаҳои ҷавонон дар назди мақомоти ҳокимияти зикргардида;
- ҷалби ташкилотҳои ҷавонон ҳангоми муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои татбиқи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон.
VI. Натиҷаҳои мунтазира вобаста ба татбиқи Консепсия
Фароҳам овардани шароит барои истиқрори шаҳрвандӣ, тарбияи маънавӣ ва ватанпарастии ҷавонон:
- дар байни ҷавонон ташаккул додани муносибатҳои шаҳрвандӣватанпарастӣ нисбат ба кишвар, эҳтироми таърих, фарҳанг ва анъанаҳои он;
- аксуламал ба зуҳуроти моҷароҷӯӣ дар байни ҷавонон, тарбияи толерантӣ, рушди муносибатҳои фарҳангии байналмилалӣ.
Ҳалли проблемаҳои манзили ҷавонон. Дастгирии иҷтимоию иқтисодии оилаҳои ҷавон:
- беҳбуди вазъи демографӣ дар кишвар;
- паст кардани сатҳи шиддати иҷтимоӣ, тағйир додани моделҳои иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин муносибати репродуктивии оилаҳои ҷавон;
- татбиқи эксперименталӣ ва дар маҷмӯъ таҳия намудани механизмҳои молиявию кредитии бозаргонӣ ва шаклҳои нави ташкилии сохтмони манзил барои ҷавонон ва оилаҳои камбизоат;
- ба сохтмони манзил барои оилаҳои ҷавон ҷалб намудани манбаъҳои маблағгузории ғайрибуҷетӣ ва зиёд кардани миқдори манзилҳои ба истифода додашаванда.
Дастгирии соҳибкории ҷавонон ва ҳалли масъалаҳои шуғли ҷавонон:
- ҷалби ҷавонон ба соҳибкории мутамаддин дар соҳаи истеҳсолот ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ;
- паст кардани сатҳи зуҳуроти ҷиноятсодиркунӣ дар соҳаи соҳибкорӣ;
- зиёд намудани даромади ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи моддии оилаҳои ҷавон;
- омодасозии касбӣ ва ҳалли масъалаҳои шуғл;
- паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон.
Дастгирии ҷавонони боистеъдод:
- фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ ва ташкилӣ барои фаъолияти системаи мусоидат ба ҷавонон ҷиҳати рушди эҷодӣ, ҷустуҷӯ, дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷавонони боистеъдод ва эҷодкор, аз ҷумла дар соҳаи илм ва техника, барқарорсозӣ ва дар ин асос афзоиши боздиҳии нерӯи зеҳнӣ ва маънавии кишвар.
Таъсиси системаи дастгирии варзиши оммавии ҷавонон:
- ҳалли проблемаҳои солимгардонӣ, ташкили самарабахш гузаронидани вақтҳои озоду фориғ, рушди навъҳои оммавии варзиш;
- ҳавасмандгардонии шавқу ҳаваси ҷавонон ба инкишофи ҷисмонӣ.
Ҳамкории байналмилалии ҷавонон:
- баланд бардоштани сатҳи боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, пешниҳоди иттилооти шабеҳ оид ба вазъи воқеии ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷавонон дар асоси арзишҳои сулҳу башардӯстӣ, ҳамраъии байналмилалӣ, ҳифзи муҳити фарҳангӣ ва табиӣ.
Дастгирии давлатии фаъолияти ташкилотҳои ҷавонон:
- фароҳам овардани шароит барои барқарорсозии иҷтимоӣ ва шаҳрвандии насли наврас, татбиқи фаъолнокии он дар шакли иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, вобаста ба афзалиятҳои башардӯстӣ (гуманитарӣ), иҷтимоию иқтисодӣ, маърифатӣ, ки давлат муқаррар намудааст, рушди ҷисмонӣ, маънавӣ ва фарҳангии ҷавонон.
Ҳифзи ҳуқуқӣ ва мутобиқгардонии иҷтимоии ҷавонон. Ташаккул ва рушди системаи клубҳо ва хадамоти иҷтимоӣ барои ҷавонон:
- таъсиси системаи машваратии тахассусӣ ва гуногунҷабҳа барои ҷавонон вобаста ба сабабҳои мушаххаси номусоидии иҷтимоӣ;
- ошкор намудани проблемаҳои мубрам ва ҳолатҳои бӯҳронӣ, ки боиси вазъи ногувор ва нороҳатии шаҳрвавдони ҷавон гардидаанд, таҳияи роҳу усули ҳалли ин проблемаҳо;
- пешгирии афзоиши беназоратӣ ва ҷинояткорӣ байни наврасон ва ноболиғон.
Рушди системаи фароғати оилавӣ ва истироҳати ҷавонон:
- гузариши субъектҳои мустақили ташкилотҳои истироҳатии ҷавонон ба худидоракунӣ тавассути инкишофи шаклҳои мухталифи моликият ва татбиқи барномаҳои инкишофӣ тавассути сохторҳои ҷамъиятие, ки онҳо ташкил намудаанд;
- паст кардани арзиши аслӣ ва арзиши хизматрасонӣ;
- барқарорсозии заминаи моддию техникии муассисаҳои фароғати оилаҳои ҷавон ва истироҳатию туризми ҷавонон;
- беҳбуди вазъи саломатӣ;
- таъмин бо шуғлҳои фароғатӣ.
Таъсиси системаи таъмини иттилоотии ҷавонон ва сиёсати ҷавонон:
- таҳкими ҳифзи иҷтимоии ҷавонон аз ҳисоби ба шаҳрванди ҷавон фароҳам овардани иттилооти ҳамгироишуда ва тафриқабандигардида оид ба чунин самтҳо ба монанди таҳсил, самтгирии касбӣ, бозомӯзии касб, шуғл, баланд бардоштани тахассус, таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонии тиббӣ, масъалаҳои манзил, варзиш, фароғат, робитаҳои хориҷӣ;
- фароҳам овардани машваратҳои ҳуқуқӣ ва хизматрасонии психологӣ;
- ҷорӣ намудани системаи ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилоот оид ба ҳолату шароит дар байни ҷавонон, таҳияи қарор ва тавсияҳо нисбат ба лоиҳа ва нақшаҳои мақомоти ҳокимияти давлатии қонунгузор ва иҷроия, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон иштирок менамоянд.
Таъсиси системаи тарбия ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисон оид ба кор бо ҷавонон:
- ташкили корпуси мутахассисони соҳибихтисос, ки усулҳои замонавии самарабахши идоракунии технологияро дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон аз бар намудаанд;
- ҳалли проблемаҳои ҷавонон дар кишвар дар асоси таҳлили илмии вазъ, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва усулҳои нави қабули қарор.