Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 2005, № 483 "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва масъулияти мақомоти андоз ва гумрук дар асоси ислоҳот оид ба гузаштан ба принсипҳои функсионалӣ, бо роҳи матлуб гардонидани сохтори дохилии Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди аз тарафи онҳо таъмин намудани сиёсати андоз ва гумрук, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2002 № 48 "Масъалаҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004 № 198 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Замимаҳои 1 ва 2 банди 1 дар таҳрири зайл баён карда шаванд (замима мегарданд).

2. Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо тартиби муқарраршуда, мутобиқи Нақшаи идораи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаҳои воҳидҳои сохтории худро, ки баланд гардидани масъулияти кормандони онҳоро баҳри иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда таъмин менамоянд, қабул кунад;

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Нақшаи идораи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи маблағгузории Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 15 декабри соли 2005 № 483

ш. Душанбе

аз 15 декабри соли 2005 № 483

ш. Душанбе

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В целях дальнейшего повышения эффективности деятельности и ответственности налоговых и таможенных органов на основе проведения реорганизации по функциональному принципу, оптимизации структуры Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан при реализации им налоговой и таможенной политики. Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести следующие изменения и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 12 февраля 2002 года № 48 "Вопросы Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан" в редакции постановления Правительства Республики Таджикистан от 30 апреля 2004 года №198 "О внесении изменений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан":

1. Приложения 1 и 2 пункта 1 изложить в следующей редакции (прилагаются).

2. Министерству по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан:

- в установленном порядке принять Положения о своих подразделениях в соответствии со Схемой управления Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан, обеспечивающие повышение ответственности их должностных лиц за выполнение возложенных на них задач и функций;

- совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан в соответствии со Схемой управления Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан разработать и утвердить систему финансирования Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                   Э. Рахмонов

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                   Э. Рахмонов

15 декабря 2005 года № 483

 г. Душанбе

15 декабря 2005 года № 483

 г. Душанбе

...