Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, № 123 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2006 № 1716"

Санаи амалкуни: 01.04.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2006 № 1716

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011с. № 184)

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2006 № 1716 "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷети, нафақа ва стипендия" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисахо, сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолият аз 1 апрели соли 2006 музди меҳнати моҳонаро на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақали муқарраргардида ба андозаи 20 сомони ҳисоб кунанд.

2. Аз 1 апрели соли 2006 нақшаи музди меҳнати хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, хизматчиёни ҳарби, шахсони ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура ва андозаи иловапули барои рутбаи тахассуси, собиқаи кори ва маош барои рутбаҳои ҳарби (махсус) мувофиқи замимаҳои №№1-39 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2006 № 1716 муқаррар карда шавад.

3. Аз 1 апрели соли 2006 музди меҳнати вазифавии кормандоне, ки дар Рӯйхати шахсони хизматрасони техники ва таъминкунандаи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти харби ва ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 № 148 тасдиқ карда шудааст, дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнати, на камтар аз андозаи музди меҳнати ҳадди ақал ва на зиёда аз музди меҳнати вазифавии мутахассиси мақомоти дахлдори ҳокимияти давлати муқаррар карда шавад.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои муайян намудани меъёри меҳнат ва ҳаҷми кориро барои ҳар як корманди ҳайати хизматрасон таҳия ва тасдиқ намоянд.

Ба ронандагони мошинҳои сабукрави хизмати барои кори аз меъёр зиёд дар рӯзи кори ба андозаи то 25 фоиз, ронандагони дорои дараҷаи якум - 25 фоиз ва дараҷаи дуюм - 10 фоиз аз маоши вазифавиашон иловапули муқаррар карда шавад.

4. Вазоратҳо, кумитаҳои давлати, идораҳо ва муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати аз 1 апрели соли 2006:

а) маошҳои вазифавии (меъёрҳои тарифи) амалкунандаи кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлати маблағгузори мешаванд, ба андозаҳои зерин зиёд намоянд;

- кормандони соҳаи илм - 40 фоиз ва ҳамзамон музди меҳнати кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад;

- директорон, муовинони директорони мактабҳои таҳсилоти умуми, мактаб-интернатҳо, хонаҳои кӯдакон ва роҳбарони муассисаҳои томактаби - 50 фоиз ва кормандони дигари муассисаҳои соҳаи маориф - 40 фоиз, ҳамзамон музди меҳнати мураббиёни муассисаҳои томактаби ба музди меҳнати муаллимони синфҳои ибтидои баробар карда шаванд;

- кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитари ба ҳисоби миёна 60 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи тандурусти - 40 фоиз;

- кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимои - 40 фоиз;

- кормандони соҳаи фарҳанг - 40 фоиз;

- кормандони дигар соҳаҳои буҷети - 40 фоиз;

б) андозаи стипендияҳои амалкунандаи Президенти, стипендияи аспирантҳо - 40 фоиз, стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти оли ва миёнаи касби - 50 фоиз зиёд карда шаванд.

5. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- аз 1 апрели соли 2006 ҳисоби ҳадди ақали нафақаро аз рӯи синну солро бо назардошти собиқаи кории умумие, ки барои ҳисоби нафақаи пурра зарур аст, ба андозаи 20 сомони дар як моҳ ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаро аз рӯи синну сол 180 сомони дар як моҳ амали намояд;

- аз 1 апрели соли 2006 андозаҳои нафақаҳои меҳнатиро бо роҳи индексатсияи муздҳои меҳнате, ки аз рӯи онҳо нафақаҳо бо истифодаи коэффитсиентҳои баландкунанда таъсис ва бозҳисоби шудаанд, барои онҳое, ки дар давраҳои зерин ба нафақа баромадаанд, зиёд намояд:

то соли 1994 - коэффитсиенти 139,3

дар соли 1994 - коэффитсиенти 111,4

дар соли 1995 -коэффитсиенти 42,4

дар соли 1996 -коэффитсиенти 13,2

дар соли 1997 -коэффитсиенти 7,9

дар соли 1998 -коэффитсиенти 4,2

дар соли 1999 -коэффитсиенти 3,3

дар соли 2000 - коэффитсиенти 2,5

дар соли 2001 -коэффитсиенти 1,7

дар соли 2002 - коэффитсиенти 1,6

дар соли 2003 -коэффитсиенти 1,3

дар соли 2004 - коэффитсиенти 1,06

дар соли 2005 - коэффитсиенти 1,03;

- аз 1 апрели соли 2006 андозаи нафақаи занони бесаробон ва яккаву танҳоро ба андозаи 50 фоизи нафақаи ҳадди ақал зиёд намояд;

- дастуруламали тартиби азнавҳисобкунии муздҳои меҳнате, ки нафақаҳо дар асоси онҳо таъин ва бозҳисоби шудаанд, бо истифодаи коэффитсиентҳои баландкунандаи ин қарори муқаррарнамуда таҳия ва тасдиқ намояд;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнати, кӯмакпули барои корношоямии муваққати, кӯмакпули барои истироҳат, кӯмакпулии товони зарари ба саломати расонидашуда ва дигар ҳолатҳое, ки ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнатро талаб мекунанд, таҳия намуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- якҷоя бо Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" пардохти нафақаҳои амалкунандаро бо дарназардошти аз нав ҳисоб кардани онҳо таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011с. № 184).

6. Банди 8 Талаботи намунави ба воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2005 № 478-14 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Барои муайян кардани шумораи воҳидҳои кории штатии дастгоҳи идораи давлати аз шумораи зерини вазифаҳои категорияҳои алоҳидаи коргарон истифода бурда мешавад:

- мансабҳои роҳбарон ва муовинони роҳбарони воҳидҳои сохтори на зиёда аз 26 фоизи шумораи умумии воҳидҳои штати;

- мансабҳои сармутахассис на зиёда аз 35 фоизи воҳидҳои штати;

- мансабҳои мутахассиси пешбар на зиёда аз 25 фоизи воҳидҳои штати;

- мансабҳои мутахассис на зиёда аз 14 фоизи воҳидҳои штати".

7. Роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва прокуратура дар мӯҳлати як моҳ:

- дар бораи ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқи, ки тартиб ва шартҳои пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлати, хизматчиёни ҳарби, шахсони ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратураро муайян менамояд, бо дарназардошти тағйироти ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон даровардашуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд.

- шумораи воҳидҳои сохтори ва басти вазифаҳои дастгоҳи маркази ва мақомоти тобеи худро бо дарназардошти муқаррароти "Талаботи намунави ба воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2005 № 478-14 тасдиқ шудааст ва дар асоси ин қарор ба он тағйирот ворид карда шудааст, ба танзим дароранд.

8. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар доираи маблағҳои барои ислоҳоти музди меҳнати кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитари пешбинишуда қоидаҳои бартараф намудани номутаносибии музди меҳнати кормандони ин муассисаҳоро таҳия ва тасдиқ намуда, аз рӯи он маоши вазифавии онҳоро аз 1 апрели соли 2006 муайян намоянд;

- тартиби нави гурӯҳбандии вазифаҳо ва ставкаҳои тарифиро барои кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитари таҳия ва тасдиқ намуда, тақсимоти маблағҳои барои содаи тандурусти пешбинишударо аз буҷети соли 2007 сар карда дар байни муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитари ва дуюмдараҷа аз рӯи афзалиятнокиашон амали намояд.

9. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати иҷрои ин қарорро таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011с. № 184).

10. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати дар ҳолати норасогии маблағҳои фонди музди меҳнат, барои пардохти нафақа ва стипендия дар рафти иҷрои буҷети давлатии соли 2006 захираҳои иловагии молиявиро дарёфт намуда, ба ин мақсад равона намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011с. № 184).

11. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳиро ба аҳоли оид ба ин қарор анҷом диҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011с. № 184).

12. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1996 № 385-14 "Дар бораи ба танзим даровардани маоши вазифавии кормандони мақомоти идоракунии давлати ва дастгоҳҳои судҳой Конститутсиони, Оли ва Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 1996 № 425-15 "Дар бораи ба танзим даровардани маоши вазифавии кормандони ҳукуматҳои вилояти, шаҳри ва ноҳияви, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони судҳо, идораҳои нотариали ва мақомоти андози вилояти, шаҳри ва ноҳиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2000 № 359-19 "Дар бораи пардохти кӯмаки модди ба кормандони мақомоти идоракунии давлати";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 1996 № 276 "Дар бораи муқаррар намудани маоши вазифави ва зиёд намудани воҳидҳои кормандони Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 1996 № 517-19 "Дар бораи тадбирҳои таъминоти моддии хизматчиёни ҳарби, ашхоси ҳайати катори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 1998 № 174-6 "Дар бораи тартиби пардохти изофапули, маблағҳои иловаги ва мукофотпули ба хизматчиёни ҳарби, ашхоси қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2000 № 104 "Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулиҳо ба маошҳои вазифавии (ставкаҳои тарифии) ашхоси мансабдор ва кормандоне, ки ба сирри давлати дар асоси доими роҳ дода шудаанд";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 № 379-13 "Дар бораи тасдиқ намудани Феҳристи мансабҳое, ки нисбат ба онҳо муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2000 № 104 "Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулиҳо ба маошҳои вазифавии (ставкаҳои тарифии) ашхоси мансабдор ва кормандоне, ки ба сирри давлати дар асоси доими роҳ дода шудаанд", татбиқ мегардад";

Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2003 № 320-20 "Масъалаҳои Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҷамъияти дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр";

Банди 4 қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 1993 № 118 "Дар бораи аз ҷониби мақомоти молия ба қайд гирифта шудани рӯйхатҳои штати ва сметаҳои хароҷоти ва таъминоти мақомоти идораи давлати";

Банди 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2000 № 241-11 "Дар бораи Хазинаи давлатии сарватҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Э. Раҳмонов

аз 3 апрели соли 2006 № 124

ш. Душанбе

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2006 № 1716

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2006 № 1716 "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолият аз 1 апрели соли 2006 музди меҳнати моҳонаро на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақали муқарраргардида ба андозаи 20 сомонӣ ҳисоб кунанд.

2. Аз 1 апрели соли 2006 нақшаи музди меҳнати хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура ва андозаи иловапулӣ барои рутбаи тахассусӣ, собиқаи корӣ ва маош барои рутбаҳои ҳарбӣ (махсус) мувофиқи замимаҳои №№1-39 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2006 №1716 муқаррар карда шавад.

3. Аз 1 апрели соли 2006 музди меҳнати вазифавии кормандоне, ки дар Рӯйхати шахсони хизматрасони техникӣ ва таъминкунандаи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 №148 тасдиқ карда шудааст, дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, на камтар аз андозаи музди меҳнати ҳадди ақал ва на зиёда аз музди меҳнати вазифавии мутахассиси мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда шавад.

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои муайян намудани меъёри меҳнат ва ҳаҷми кориро барои ҳар як корманди ҳайати хизматрасон таҳия ва тасдиқ намоянд.

Ба ронандагони мошинҳои сабукрави хизматӣ барои кори аз меъёр зиёд дар рӯзи кори ба андозаи то 25 фоиз, ронандагони дорои дараҷаи якум - 25 фоиз ва дараҷаи дуюм - 10 фоиз аз маоши вазифавиашон иловапулӣ муқаррар карда шавад.

4. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 1 апрели соли 2006:

а) маошҳои вазифавии (меъёрҳои тарифӣ) амалкунандаи кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаҳои зерин зиёд намоянд:

- кормандони соҳаи илм - 40 фоиз ва ҳамзамон музди меҳнати кормандони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад;

- директорон, муовинони директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мактаб-интернатҳо, хонаҳои кӯдакон ва роҳбарони муассисаҳои томактабӣ - 50 фоиз ва кормандони дигари муассисаҳои соҳаи маориф - 40 фоиз, ҳамзамон музди меҳнати мураббиёни муассисаҳои томактабӣ ба музди меҳнати муаллимони синфҳои ибтидоӣ баробар карда шаванд;

- кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба ҳисоби миёна 60 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ - 40 фоиз;

- кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ - 40 фоиз;

- кормандони соҳаи фарҳанг - 40 фоиз;

- кормандони дигар соҳаҳои буҷетӣ - 40 фоиз;

б) андозаи стипендияҳои амалкунандаи Президентӣ, стипендияи аспирантҳо - 40 фоиз, стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ - 50 фоиз зиёд карда шаванд.

5. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- аз 1 апрели соли 2006 ҳисоби ҳадди ақали нафақаро аз рӯи синну солро бо назардошти собиқаи кории умумие, ки барои ҳисоби нафақаи пурра зарур аст, ба андозаи 20 сомонӣ дар як моҳ ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаро аз рӯи синну сол 180 сомонӣ дар як моҳ амалӣ намояд;

- аз 1 апрели соли 2006 андозаҳои нафақаҳои меҳнатиро бо роҳи индексатсияи муздҳои меҳнате, ки аз рӯи онҳо нафақаҳо бо истифодаи коэффитсиентҳои баландкунанда таъсис ва бозҳисоби шудаанд, барои онҳое, ки дар давраҳои зерин ба нафақа баромадаанд, зиёд намояд:

то соли 1994 - коэффитсиенти 139,3

дар соли 1994 - коэффитсиенти 111,4

дар соли 1995 - коэффитсиенти 42,4

дар соли 1996 - коэффитсиенти 13,2

дар соли 1997 - коэффитсиенти 7,9

дар соли 1998 - коэффитсиенти 4,2

дар соли 1999 - коэффитсиенти 3,3

дар соли 2000 - коэффитсиенти 2,5

дар соли 2001 - коэффитсиенти 1,7

дар соли 2002 - коэффитсиенти 1,6

дар соли 2003 - коэффитсиенти 1,3

дар соли 2004 - коэффитсиенти 1,06

дар соли 2005 - коэффитсиенти 1,03;

- аз 1 апрели соли 2006 андозаи нафақаи занони бесаробон ва яккаву танҳоро ба андозаи 50 фоизи нафақаи ҳадди ақал зиёд намояд;

- дастуруламали тартиби азнавҳисобкунии муздҳои меҳнате, ки нафақаҳо дар асоси онҳо таъин ва бозҳисоби шудаанд, бо истифодаи коэффитсиентҳои баландкунандаи ин қарори муқаррарнамуда таҳия ва тасдиқ намояд;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, кӯмакпулӣ барои истироҳат, кӯмакпулии товони зарари ба саломати расонидашуда ва дигар ҳолатҳое, ки ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнатро талаб мекунанд, таҳия намуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- якҷоя бо Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" пардохти нафақаҳои амалкунандаро бо дарназардошти аз нав ҳисоб кардани онҳо таъмин намояд.

6. Банди 8 Талаботи намунавӣ ба воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2005 № 478-14 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Барои муайян кардани шумораи воҳидҳои кории штатии дастгоҳи идораи давлатӣ аз шумораи зерини вазифаҳои категорияҳои алоҳидаи коргарон истифода бурда мешавад:

- мансабҳои роҳбарон ва муовинони роҳбарони воҳидҳои сохтори на зиёда аз 26 фоизи шумораи умумии воҳидҳои штатӣ;

- мансабҳои сармутахассис на зиёда аз 35 фоизи воҳидҳои штатӣ;

- мансабҳои мутахассиси пешбар на зиёда аз 25 фоизи воҳидҳои штатӣ;

- мансабҳои мутахассис на зиёда аз 14 фоизи воҳидҳои штатӣ".

7. Роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва прокуратура дар мӯҳлати як моҳ:

- дар бораи ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тартиб ва шартҳои пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратураро муайян менамояд, бо дарназардошти тағйироти ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон даровардашуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд.

- шумораи воҳидҳои сохтори ва басти вазифаҳои дастгоҳи марказӣ ва мақомоти тобеи худро бо дарназардошти муқаррароти "Талаботи намунавӣ ба воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии мақомоти ҳокимият ва идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2005 №478-14 тасдиқ шудааст ва дар асоси ин қарор ба он тағйирот ворид карда шудааст, ба танзим дароранд.

8. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар доираи маблағҳои барои ислоҳоти музди меҳнати кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ пешбинишуда қоидаҳои бартараф намудани номутаносибии музди меҳнати кормандони ин муассисаҳоро таҳия ва тасдиқ намуда, аз рӯи он маоши вазифавии онҳоро аз 1 апрели соли 2006 муайян намоянд;

- тартиби нави гурӯҳбандии вазифаҳо ва ставкаҳои тарифиро барои кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ таҳия ва тасдиқ намуда, тақсимоти маблағҳои барои содаи тандурустӣ пешбинишударо аз буҷети соли 2007 сар карда дар байни муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дуюмдараҷа аз рӯи афзалиятнокиашон амалӣ намояд.

9. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои ин қарорро таъмин намоянд.

10. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳолати норасогии маблағҳои фонди музди меҳнат, барои пардохти нафақа ва стипендия дар рафти иҷрои буҷети давлатии соли 2006 захираҳои иловагии молиявиро дарёфт намуда, ба ин мақсад равона намоянд.

11. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳиро ба аҳолӣ оид ба ин қарор анҷом диҳанд.

12. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1996 № 385-14 "Дар бораи ба танзим даровардани маоши вазифавии кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва дастгоҳҳои судҳои Конститутсионӣ, Олӣ ва Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 1996 № 425-15 "Дар бораи ба танзим даровардани маоши вазифавии кормандони ҳукуматҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони судҳо, идораҳои нотариалӣ ва мақомоти андози вилоятӣ, шаҳри ва ноҳиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2000 № 359-19 "Дар бораи пардохти кӯмаки моддӣ ба кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 1996 № 276 "Дар бораи муқаррар намудани маоши вазифавӣ ва зиёд намудани воҳидҳои кормандони Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 1996 № 517-19 "Дар бораи тадбирҳои таъминоти моддии хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати катори ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 1998 № 174-6 "Дар бораи тартиби пардохти изофапулӣ, маблағҳои иловагӣ ва мукофотпулӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси қатори ва роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2000 № 104 "Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулиҳо ба маошҳои вазифавии (ставкаҳои тарифии) ашхоси мансабдор ва кормандоне, ки ба сирри давлатӣ дар асоси доимӣ роҳ дода шудаанд";

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 № 379-13 "Дар бораи тасдиқ намудани Феҳристи мансабҳое, ки нисбат ба онҳо муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2000 №104 "Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулиҳо ба маошҳои вазифавии (ставкаҳои тарифии) ашхоси мансабдор ва кормандоне, ки ба сирри давлатӣ дар асоси доимӣ роҳ дода шудаанд", татбиқ мегардад";

Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2003 № 320-20 "Масъалаҳои Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр";

Банди 4 қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 1993 № 118 "Дар бораи аз ҷониби мақомоти молия ба қайд гирифта шудани рӯйхатҳои штатӣ ва сметаҳои хароҷотӣ ва таъминоти мақомоти идораи давлатӣ";

Банди 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2000 № 241-11 "Дар бораи Хазинаи давлатии сарватҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 3 апрели соли 2006 № 124

ш. Душанбе