Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2005, № 288 "Дар бораи Тартиби додани имтиёзоти озод намудан аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ ҳангоми воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо (ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, яъне бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологи имконнопазир аст) барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда"

Санаи амалкуни: 03.08.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11.2007 № 591 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби додани имтиёзоти озод намудан аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ ҳангоми воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо (ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, яъне бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологи имконнопазир аст) барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007с. № 419)

Ҷиҳати иҷрои моддаи 211 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби замимагардидаи додани имтиёзоти озод намудан аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумруки ҳангоми воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологи ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо (ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, яъне бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологи имконноназир аст) барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда ба шарте, ки ин амвол мустақиман дар истеҳсоли молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасони мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона истифода гардад ва ба категорияи молҳои таҳти аксизи қарор нагирад, тасдиқ карда шавад (замимаи 1).

2. Комиссияи байниидорави оид ба муайян ва тасдиқ намудани Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологи ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо (ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, яъне бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологи имконнопазир аст) барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда ба шарте, ки ин амвол мустақиман дар истеҳсоли молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасони мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона истифода гардад ва ба категорияи молҳои таҳти аксизи қарор нагирад (минбаъд - "Комиссияи байниидорави"), ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумруки озод мегарданд, таъсис дода шуда, ҳайати он тасдиқ карда шавад (замимаи 2).

3. Муқаррар карда шавад, ки барасмиятдарории гумрукии таҷҳизоти воридшавандаи истеҳсолию технологи ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо (ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд, яъне бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологи имконнопазир аст), ки ба ин Номгӯи аз тарафи Комиссияи байниидорави тасдиқшуда дохил нашудаанд, барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда ба шарте, ки ин амвол мустақиман дар истеҳсоли молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасони мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона истифода гардад ва ба категорияи молҳои таҳти аксизи қарор нагирад бо пешниҳоди хулосаи комиссияи дар боло зикршуда сурат мегирад.

Ба инобат гирифта шавад, ки ҳангоми зарурият Комиссияи байниидорави ҳуқуқ дорад мутахассисон ва коршиносони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои муқаррар намудани асоснокии ба категорияи дар боло зикршудаи таҷҳизоти истеҳсолию технологи ва маҳсулоти такмилии (комплектии) онҳо мансуб намудани моликияти воридшавандаро бо мақсади қабули қарор оид ба додани имтиёзот дар шакли озод намудан аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумруки ҷалб намояд.

4. Низомнома дар бораи Комиссияи байииидорави ва тартиби амали он аз тарафи Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо аъзои комиссияи дар боло зикршуда тасдиқ карда мешавад.

5. Беэътибор дониста шаванд:

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004 № 302 "Дар бораи тасдиқи Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологи ва ҷузъҳои таркибии он (ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд ва инчунии бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологи имконнопазир acт), ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши илова озоданд ва боҷи гумруки";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004 № 521 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004 № 302".

6. Ин қарор аз 15 августи соли 2005 эътибор пайдо менамояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 1 августи соли 2005 № 288

ш. Душанбе