Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2005, № 383 "Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктураи назди Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 01.10.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктураи назди Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2007с. № 513)

Бо мақсади таъмини истифодаи самараноки қарзи пешниҳодшудаи Бонки Осиёии рушд ва татбиқи саривақтии Созишномаи қарзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд оид ба Лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура, инчунин мутобиқи моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктураи назди Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис дода шавад.

2. Оинномаи замимагардидаи Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктураи назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.10.2007с. № 513).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар Буҷети давлати барои таъмини саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура маблағ пешбини намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 4 октябри соли 2005 № 383

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании Государственного учреждения "Центр управления региональным Проектом по модернизации таможни и развитию инфраструктуры при Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан"

(в редакции Постановления Правительства РТ от 1.10.2007г.№513)

В целях обеспечения эффективного использования кредита, предоставленного Азиатским банком развития и своевременной реализации Кредитного Соглашения между Республикой Таджикистан и Азиатским банком развития по региональному проекту модернизации таможни и развитию инфраструктуры, а также в соответствии со статьей 52 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Государственное учреждение "Центр управления региональным Проектом по модернизации таможни и развития инфраструктуры при Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан(в редакции Постановления Правительства РТ от 1.10.2007г.№513)".

2. Утвердить прилагаемый Устав Государственного учреждения "Центр управления региональным Проектом по модернизации таможни и развитию инфраструктуры при Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан(в редакции Постановления Правительства РТ от 1.10.2007г.№513)".

3. Министерству финансов Республики Таджикистан ежегодно предусматривать в Государственном бюджете средства для обеспечения вклада Правительства Республики Таджикистан в реализации регионального Проекта по модернизации таможни и развитию инфраструктуры.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                  Э. Рахмонов

от 4 октября 2005 года № 383

г. Душанбе