Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005, № 238 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 ва Барномаи рушди китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 ва Барномаи рушди китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг", моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди фаъолияти китобдори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 ва Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавси барои солҳои 2006-2015 тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои татбиқи Барномаи рушди фаъолияти китобдори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 ва Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавси барои солҳои 2006-2015 ҷалб гардидаанд, иҷрои тадбирҳои пешбинишударо таъмин намоянд.

3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар доираи маблағҳои умумии дар Буҷети давлати барои рушди соҳаи фарҳанг пешбинишуда маблағгузории чорабиниҳои татбиқи Барномаи рушди фаъолияти китобдори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 ва Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавси барои солҳои 2006-2015-ро ба роҳ монанд.

4. Вазоратҳо, идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо оид ба татбиқи Барномаи рушди фаъолияти китобдори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 ва Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавси барои солҳои 2006-2015 чораҳои зарури андешанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 2 июли соли 2005 № 238

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Программы развития библиотечного дела в Республике Таджикистан на 2006-2015 годы и Программы развития Национальной библиотеки Республики Таджикистан имени Абулкасима Фирдавси на 2006-2015 годы

В соответствии со статьей 15 Закона Республики Таджикистан "О культуре", статьей 14 Закона Республики Таджикистан "О библиотечной деятельности", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу развития библиотечного дела в Республике Таджикистан на 2006-2015 годы и Программу развития Национальной библиотеки Республики Таджикистан имени Абулкасима Фирдавси на 2006-2015 годы (прилагаются).

2. Министерству культуры Республики Таджикистан во взаимодействии с министерствами и ведомствами Республики Таджикистан, привлеченными к реализации Программы развития библиотечного дела в Республике Таджикистан на 2006-2015 годы и Программы развития Национальной библиотеки Республики Таджикистан имени Абулкасима Фирдавси на 2006-2015 годы, обеспечить выполнение намеченных мероприятий.

3. Министерству культуры Республики Таджикистан и Министерству финансов Республики Таджикистан ежегодно в рамках общих средств Государственного бюджета, предусмотренных для развития культуры, выделить средства на финансирование мероприятий по реализации Программы развития библиотечного дела в Республике Таджикистан на 2006-2015 годы и Программы развития Национальной библиотеки Республики Таджикистан имени Абулкасима Фирдавси на 2006-2015 годы.

4. Министерствам и ведомствам, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять необходимые меры по реализации Программы развития библиотечного дела в Республике Таджикистан на 2006-2015 годы и Программы развития Национальной библиотеки Республики Таджикистан имени Абулкасима Фирдавси на 2006-2015 годы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                   Э. Рахмонов

от 2 июля 2005 года № 238

 г. Душанбе