Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 1999 № 154 "Дар бораи тасдиқи Тартиби корбурди дафтарчаи меҳнатии кормандон"

Санаи амалкуни: 31.12.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Тартиби корбурди дафтарчаи меҳнатии кормандон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2004 № 368 2.11.2011 № 566, аз 31.12.2014 № 794)

Бо мақсади танзими минбаъдаи пешбурди дафтарчаҳои меҳнатии кормандон дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби замимагардидаи корбурди дафтарчаи меҳнатии кормандон тасдиқ карда шавад.

2. Намунаи замимагардидаи дафтарчаи меҳнатӣ ва варақаҳои замимаи онҳо тасдиқ карда шаванд.

Дафтарчаҳои меҳнатии намунаи қаблан муқарраршуда, ки дар дасти кормандон мавҷуданд, ба дафтарчаҳои нав иваз карда намешаванд. Дафтарчаи меҳнатии намунаи кӯҳна ва нав ҳуҷҷати асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи кории кормандро тасдиқ менамоянд.

3. Ба роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, Раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият:

ҷиҳати риояи қатъии тартиби корбурди дафтарчаҳои меҳнатӣ тадбирҳо андешанд;

шӯъбаҳои кадрҳоро бо кормандони болаёқат, ки қонунгузории меҳнатро медонанд, пурзӯр кунанд;

ҷиҳати ба тартиб даровардани нигоҳдории асноди бойгонӣ, ки ба фаъолияти меҳнатии кормандон тааллуқ дошта, (фармонҳо оид ба қабул ва аз кор рафтан, карточкаҳои шахсӣ, ведомостҳои ҳисоботӣ, ҳисобҳои махсус доир ба музди меҳнат) тадбирҳо андешанд.

4. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии методӣ ва назорати саривақтии дуруст пур кардани дафтарчаҳои меҳнатӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва додани онҳоро анҷом диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2011 № 566, аз 31.12.2014 № 794).

5. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият сари вақт ба Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди талабномаҳои асоснокро барои дафтарчаҳои меҳнатӣ ва варақаҳои замимаи онҳо пардохт намудану гирифтани онҳоро ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеъ таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2004 № 368, аз 2.11.2011 № 566).

6. банди 6 хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2004 № 368).

7. Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи иттифокҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1993 № 421 "Дар бораи тартиби бо дафтарчаҳои меҳнатӣ таъмин намудани коргарон ва хизматчиён" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Э.Раҳмонов

аз 12 апрели соли 1999 № 154

ш.Душанбе

Замима

Ниг. ба Замима

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Тартиби корбурди дафтарчаи меҳнатии кормандон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2011 № 566)

Бо мақсади танзими минбаъдаи пешбурди дафтарчаҳои меҳнатии кормандон дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби замимагардидаи корбурди дафтарчаи меҳнатии кормандон тасдиқ карда шавад.

2. Намунаи замимагардидаи дафтарчаи меҳнатӣ ва варақаҳои замимаи онҳо тасдиқ карда шаванд.

Дафтарчаҳои меҳнатии намунаи қаблан муқарраршуда, ки дар дасти кормандон мавҷуданд, ба дафтарчаҳои нав иваз карда намешаванд. Дафтарчаи меҳнатии намунаи кӯҳна ва нав ҳуҷҷати асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи кории кормандро тасдиқ менамоянд.

3. Ба роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, Раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият:

ҷиҳати риояи қатъии тартиби корбурди дафтарчаҳои меҳнатӣ тадбирҳо андешанд;

шӯъбаҳои кадрҳоро бо кормандони болаёқат, ки қонунгузории меҳнатро медонанд, пурзӯр кунанд;

ҷиҳати ба тартиб даровардани нигоҳдории асноди бойгонӣ, ки ба фаъолияти меҳнатии кормандон тааллуқ дошта, (фармонҳо оид ба қабул ва аз кор рафтан, карточкаҳои шахсӣ, ведомостҳои ҳисоботӣ, ҳисобҳои махсус доир ба музди меҳнат) тадбирҳо андешанд.

4. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии методӣ ва назорати саривақтии дуруст пур кардани дафтарчаҳои меҳнатӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва додани онҳоро анҷом диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2011 № 566).