Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011 № 566 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 1999, № 154"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 1999, № 154

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 1999, № 154 "Дар бораи тасдиқи Тартиби корбурди дафтарчаи меҳнатии кормандон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- банди 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии методӣ ва назорати саривақтии дуруст пур кардани дафтарчаҳои меҳнатӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва додани онҳоро анҷом диҳад";

- дар банди 5 калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд,

2) Ба Тартиби корбурди дафтарчаи меҳнатии кормандон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 1999, № 154 тасдиқ карда шудааст, тағйироти зерии ворид карда шавад:

- аз номи матни тоҷикӣ калимаи "Дастурамали" хориҷ карда шавад;

- аз сархати сеюми банди 1 калимаҳои "хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, фаъолияти хусусӣ" хориҷ карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмои

аз 2 ноябри соли 2011 № 566

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан        от 12 апреля 1999 года, №154

В соответствии со статьёй 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) В постановление Правительства Республики Таджикистан от 12 апреля 1999 года, №154 "Об утверждении Порядка ведения трудовых книжек работников" внести следующие изменения:

- пункт 4 изложить в следующей редакции:

"Министерству труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан осуществлять методическое руководство и контроль по своевременному и правильному заполнению трудовых книжек, их учёту, хранению и выдаче";

- в пункте 5 слова "Министерство труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан" заменить словами "Государственному унитарному предприятию "Издательско-полиграфический комплекс "Шарки озод" Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан".

2) В Порядок ведения трудовых книжек работников, утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан, от 12 апреля 1999 года, №154, внести следующие изменения:

- из названия таджикского текста слово "Дастурамали" исключить;

- из третьего абзаца пункта 1 слова "на работников, занятых в личном подсобном хозяйстве и индивидуальной трудовой деятельностью," исключить.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

от 2 ноября 2011 года №566

г. Душанбе