Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2002, № 278 "Дар бораи таъсиси Гурӯҳи Лоиҳаи кам кардани хавфи раҳнашавии кӯли Сарез"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 611 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Гурӯҳи Лоиҳаи кам кардани хавфи раҳнашавии кӯли Сарез

Бо мақсади мукаммалсозӣ ва баланд бардоштани самарабахшии идоракунии фаврии татбиқи қисматҳои Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез ва мувофиқгардонии он бо Созишнома оид ба кредити рушд, хароҷоти мақсадноки маблағҳо, ки барои татбиқи Лоиҳа аз ҷониби мамлакатҳои кӯмакрасон, ташкилотҳои байналмилалӣ, Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷудо карда мешавад, инчунин бо дарназардошти тавсияи Миссияи Бонки Умумиҷаҳонӣ аз 19 феврали соли 2002, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез дар назди Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, Низомномаи замимагардида дар бораи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез дар назди Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2. Вориси ҳуқуқии Агентии татбиқи Лоиҳаи ҳалли мушкилоти кӯли Сарез Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез дар назди Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.

3. Муовини Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонов И.Ҷ. директори Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез таъин карда шавад.

4. Муқаррар гардад, ки маблағгузории воситаҳои кредитии Бонки Умумиҷаҳонӣ ва иштироки ҳиссавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003 ва солҳои минбаъда хароҷотро барои маблағгузории ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез мутобиқи Созишнома оид ба кредити рушд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд пешбинӣ намояд.

6. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикист аз 27 ноябри соли 1999 № 479 "Масъалаҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйирот ва иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

дар нақшаи идораи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои "Агентии татбиқи Лоиҳа оид ба ҳалли мушкилоти кӯли Сарез" ба калимаҳои "Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез" иваз карда шаванд;

ба нақшаи идора банди дорои мазмуни зерин илова карда шавад:

"Идораи ҳалли мушкилоти кӯли Сарез".

7. Муқаррар карда шавад, ки маблағгузории Идораи ҳалли мушкилоти кӯли Сарез дар доираи воситаҳои буҷети давлатии барои маблағгузории Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида, ки барои соли 2002 тасдиқ шудааст, ба амал бароварда мешавад.

8. Назорати истифодаи мақсадноки воситаҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ, мамлакатҳои кӯмакрасон ҷудо карда шудаанд, ба зиммаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

9. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 1999 № 419 "Дар бораи таъсиси Агентии татбиқи лоиҳаи ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э.Раҳмонов

аз 3 июли соли 2002 № 278

ш. Душанбе