Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани сохтори ташкилии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ
Бо мақсади татбиқ намудани Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 № 94 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Сохтори ташкилии муассисаҳои давлатии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) аз соли 2003 сар карда, сохтори муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитариро мувофиқи ҳамин қарор ташкил намоянд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 1997 № 423 "Дар бораи ба "Бунгоҳҳои тиббӣ" табдил додани нуқтаҳои фельдшерию акушерӣ" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 декабри соли 2002 № 525
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2002 № 525
тасдиқ шудааст
Сохтори ташкилии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС)
1. Марказҳои саломатии шаҳрӣ.
2. Марказҳои саломатии ноҳиявӣ.
3. Марказҳои саломатии деҳот.
4. Марказҳои тибби оилавӣ.
5. Амбулаторияҳои тибби оилавӣ дар сохтори марказҳои саломатии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ.
6. Стансияҳои ёрии таъҷилии тиббӣ.
7. Бунгоҳҳои саломатӣ дар сохтори марказҳои саломатии деҳот.
8. Нуқтаҳои саломатӣ дар сохтори марказҳои саломатии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ.
Эзоҳ:
Поликлиникаҳои мустақили шаҳри ва бо беморхонаҳои шаҳрӣ муттаҳидгардида ба Марказҳои саломатии шаҳрӣ, поликлиникаҳои мустақили ноҳиявӣ, поликлиникаи беморхонаҳои рақамдори ноҳиявӣ ва поликлиникаҳои беморхонаҳои марказиии ноҳия Марказҳои саломатии ноҳиявӣ, дармонгоҳҳои тиббии деҳот ва беморхонаҳои қитъавии деҳот ва Марказҳои саломатии деҳот, Бунгоҳҳои тиббӣ ва Бунгоҳҳои сайёри тиббӣ ба Бунгоҳҳои саломатӣ дар сохтори марказҳои саломатии деҳот, нуқтаҳои тандарустӣ ба нуқтаҳои саломатӣ дар сохтори марказҳои саломатии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ табдил мегарданд.
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Организационной структуры учреждений первичной медико-санитарной помощи
В целях реализации Концепции реформы Здравоохранения Республики Таджикистан, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 4 марта 2002 года №94, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить организационную структуру государственных учреждений первичной медико-санитарной помощи (прилагается).
2. Министерству здравоохранения Республики Таджикистан, органам государственной власти на местах (Хукуматам) начиная с 2003 года организовать структуру учреждений первичной медико-санитарной помощи в соответствии с настоящим постановлением.
3. Считать постановление Правительства Республики Таджикистан от 15 сентября 1997 года №423 "О преобразовании фельдшерско-акушерских пунктов" здравоохранения в "Медицинские дома" утратившим силу.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 31 декабря 2002 года № 525
г.Душанбе
Утверждена
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 31 декабря 2002 года № 525
Организационной структуры учреждений первичной медико-санитарной помощи
1. Городские Центры здоровья.
2. Районные Центры здоровья.
3. Сельские Центры здоровья.
4. Центры семейной медицины.
5. Амбулатории семейной медицины в структуре городских и районных центров здоровья.
6. Станции скорой медицинской помощи.
7. Дома здоровья в структуре сельских центров здоровья.
8. Пункты здоровья в структуре городских и районных центров здоровья.
Примечание:
Самостоятельные городские и объединенные с городскими больницами поликлиники трансформируются в Городские центры здоровья; самостоятельные районные поликлиники, поликлиники номерных районных больниц и поликлиники центральных районных больниц трансформируются в районные Центры здоровья; сельские врачебные амбулатории и сельские участковые больницы трансформируются в Сельские центры здоровья; Медицинские дома, передвижные Медицинские дома трансформируются в Дома здоровья в структуре сельских центров здоровья; Здравпункты трансформируются в Пункты здоровья в структуре городских и районных центров здоровья.