ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ба "Бунгоҳҳои тиббӣ" табдил додани нуқтаҳои фелдшерию акушерӣ
Вобаста ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб, бо мақсади инкишоф ва дастрас будани ёрии аввалияи сифатноки тиббиву санитарӣ ба сокинони деҳот, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нуқтаҳои фелдшерию акушерӣ ба "Бунгоҳи тиббӣ" табдил дода шаванд.
2. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Оинномаи "Бунгоҳи тиббӣ" ва табели таҷҳизи онро тасдиқ намояд;
бо дарназардошти теъдоди аҳолии деҳот, ки ба хизматрасонии онҳо фаро гирифта мешаванд, мушаххасоти ҷуғгрофӣ ва дигар хусусиятҳои маҳаллӣ меъёрҳои штатии "Бунгоҳи тиббӣ"-ро, ки имкони тавсияи дастраси ва беҳбудии сифати ёрии профилактикӣ ва аввалияи тиббиро ба аҳолии деҳот фароҳам оварда тавонанд бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувифиқа ва тасдиқ намояд;
мутобиқи ҳамин қарор ба номенклатураи муассисаҳои тиббӣ тағъирот ворид намояд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин қарор дар таснифи фасли тандурустии буҷет (аломати "203") тағъирот ворид намояд.
4. Ҳукуматҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои беҳбудии маблағгузорӣ, инкишофи соҳа, пурзӯр намудани баҳои моддию техникӣ, тибқи табель, ҷиҳозонии "Бунгоҳҳои тиббӣ" дар деҳот чораҳо андешида, дастрасӣ ва беҳбудии сифати ёрии профилактикӣ ва аввалияи тиббиро ба аҳолии деҳот ҳамчун самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ баррасӣ намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 15 сентябри соли 1997 № 423
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О ПРЕОБРАЗОВАНИИ ФЕЛЬДШЕРСКО-АКУШЕРСКИХ ПУНКТОВ ЗДРАВООХРАНЕНИЯ В "МЕДИЦИНСКИЕ ДОМА"
В соответствии с проводимой реформой в здравоохранении и подготовке медицинских кадров, в целях развития доступности и качества первичной доврачебной медико-санитарной помощи населению в сельской местности, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Преобразовать фельдшерско-акушерские пункты в "Медицинские дома" (Бунгохи тибби).
2. Министерству здравоохранения Республики Таджикистан:
утвердить Положение "О медицинском доме" и табель его оснащения;
согласовать с Министерством финансов Республики Таджикистан, Министерством экономики и внешних экономических связей Республики Таджикистан и Министерством труда и занятости населения Республики Таджикистан и утвердить штатные нормативы "Медицинских домов", в зависимости от численности обслуживаемого ими сельского населения, географических и других местных особенностей, и предусматривать расширение доступности и повышение качества профилактической и доврачебной медицинской помощи населению в сельской местности;
внести в соответствии с настоящим постановлением изменения в номенклатуру медицинских учреждений.
3. Министерству финансов Республики Таджикистан в соответствии с настоящим постановлением внести изменения в бюджетную классификацию раздела здравоохранения (символ "203").
4. Председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов принять меры по улучшению финансирования, развитию сети, укреплению материально-технической базы и оснащению медицинских домов в сельской местности, повышению доступности и качества первичной медико-санитарной помощи населению.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 15 сентября 1997 года, № 423
г. Душанбе