Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2002с. № 513, аз 31.03.2003с. № 124,№ 135, аз 03.07.2003с.№ 305, аз 30.04.2004с. № 183, аз 04.03.2005с. № 103, аз 01.12.2005с. № 446, аз 03.06.2006с. № 259)
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2002 № 746 "Дар бораи таъсиси Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад;
1. Сохтори замимагардидаи дастгоҳи марказии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи идора ва номгӯи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, тасдиқ карда шавад.
Ба Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шавад, ки дар мӯҳлати як моҳ Низомномаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур дорад.
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти кормандони хизматрасон, ба теъдоди 145 нафар муқаррар карда шавад.
Ба Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 6 муовинони Вазир, аз ҷумла як муовини аввали Вазир, муовини Вазирсардори Департаменти сиёсати саноати Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазир - сардори Департаменти саноати сабук ва маҳаллии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазир - сардори Департаменти саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазир - сардори Департаменти саноати мошинсозӣ, электронӣ ва электротехникии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазир - сардори Департаменти саноати маводи сохтмони Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иборат аз 9 нафар коллегия таъсис диҳад.
Муқаррар гардад, ки муовинони сардорони Департаментҳо ва сардорони Идораҳои Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори коллегияи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа тасдиқ ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Ба Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигаҳдошти мошинҳои сабукрави хизматӣ ба теъдоди 9 адад лимит ҷудо карда шавад.
3. Барои Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон амвол ва биноҳои маъмурии мақомоти идораи давлатӣ ва корхонаи давлатие, ки вазифаашон ба зиммаи он гузошта шудааст (тибқи замима), нигоҳ дошта шавад.
4. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ анҷом дода мешавад.
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2002, ба таври истисно, нигаҳдошти дастгоҳи марказии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномавӣ, дар ҳаҷмҳои зарурӣ аз ҳисоби пулгузарониҳои корхонаю муассиса ва ҷамъиятҳои саҳомӣ сурат мегирад, ки дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо корхонаҳои мазкур ҳаҷмҳои мушаххаси пулгузарониро барои нигаҳдошти дастгоҳи марказии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2002 муайян намоянд.
5. Тибқи тартиби муқарраргардида Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шаванд.
Тибқи тартиби муқарраргардида Ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон, Корпоратсияи "Маводи сохтмон" барҳам дода шаванд.
Муқаррар гардад, ки Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вориси ҳуқуқии кумитаҳо, ширкат ва корпоратсияи барҳамдодашуда мебошад.
6. Инҳо беэътибор дониста шаванд:
сархати чоруми банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 1994 № 3 "Дар бораи тадбирҳои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1994 № 7 "Дар бораи сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 1996 № 73 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 1995 № 665";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 1996 № 428 "Дар бораи таъсиси Ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 1996 № 471 "Дар бораи таъсиси Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 октябри соли 1996 № 472 "Дар бораи таъсиси Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997 № 102 "Дар бораи Кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997 № 103 "Масъалаҳои Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 1997 № 110 "Масъалаҳои Ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997 № 167 "Масъалаҳои Кумитаи саноати мудофиаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 1997 № 237 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 1997 № 476 "Дар бораи таъсиси Корпоратсияи "Маводи сохтмон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 1998 № 434 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Корпоратсияи "Маводи сохтмон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 1998 № 460 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997 № 102 "Масъалаҳои Кумитаи сангҳои қиматбаҳо ва ороишии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 1999 № 482 "Дар бораи кори Ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон оид ба беҳбуди минбаъдаи фаъолияти корхонаҳои соҳа";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000 № 264 "Дар бораи ба ихтиёри Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани Идораи маъдани Олтин-Топкан".
7. Муқаррар карда шавад, ки тағйири номи корхонаҳою муассиса ва ташкилотҳо аз номгӯйи тибқи банди 1 қарори мазкур тасдиқгардида барои бақайдгирии (аз нав бақайдгирии) давлатӣ вобаста ба қабули қарори мазкур монеъ шуда наметавонад.
Дар мӯҳлати шаш моҳ тибқи тартиби муқарраргардида оинномаҳои худро ба ҳамин қарор мутобиқ гардонанд;
тибқи тартиби муқарраргардида иҷрои банди 4 ҳамин қарорро дар қисмати маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2002 таъмин намоянд;
ба имзо расондани созишномаҳои дуҷонибаро бо Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 марти соли 2002 № 87
ш. Душанбе
* Замимаҳо дар матни русӣ оварда шудаанд.