Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2005, № 446 "Дар бораи ба тобеияти Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани заводи таъмиру механикии шаҳри Чкалов"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ба тобеияти Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани заводи таъмиру механикии шаҳри Чкалов

Мутобиқи моддаи 232 Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Заводи таъмиру механикии шаҳри Чкалов аз тобеияти Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.

2. Банди 20 фасли 1 аз Номгӯи корхонаҳои давлатӣ, муассисаҳо ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки фаъолиятро дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 № 87 "Дар бораи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, хориҷ карда шавад.

3. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгири тағйироти дахлдор ворид намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 1 декабри соли 2005 № 446

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О передаче Ремонтно-механического завода города Чкаловска в ведение Агентства по обеспечению специальным имуществом при Министерстве экономики и торговли Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 232 Гражданского кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Передать Ремонтно-механический завод города Чкаловска из ведения Министерства промышленности Республики Таджикистан в ведение Агентства по обеспечению специальным имуществом при Министерстве экономики и торговли Республики Таджикистан.

2. Исключить пункт 20 раздела 1 из Перечня государственных предприятий, учреждений и акционерных обществ, осуществляющих деятельность по двусторонним соглашениям с Министерством промышленности Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 4 марта 2002 года №87 "О Министерстве промышленности Республики Таджикистан".

3. Государственному комитету Республики Таджикистан по управлению государственным имуществом внести соответствующие изменения в учетные данные.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                 Э. Рахмонов

от 1 декабря 2005 года №446

г. Душанбе