Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Банди 7-и фасли VI аз Номгӯи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки фаъолиятро дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2002 № 87 "Дар бораи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, хориҷ карда шавад.
2. Ба банди 56 Номгӯи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки пакети назоратии саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ дошта, фаъолияти худро тавассути бастани созишномаҳои дуҷониба бо Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2003 № 74 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, зербанди 8 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"8. Ҷамъияти саҳомии "Заводи хишти Панҷакент".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 марти соли 2003 № 135
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Исключить пункт 7 Раздел VI из Перечня государственных предприятий, учреждений и акционерных обществ, осуществляющих деятельность по двусторонним соглашениям с Министерством промышленности Республики Таджикистан, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 4 марта 2002 года № 87 "О Министерстве промышленности Республики Таджикистан".
2. Пункт 56 Перечня государственных предприятий и акционерных обществ, контрольный пакет акций которых принадлежит государству и осуществляющих свою деятельность путём заключения двусторонних соглашения с Государственным комитетом строительства и архитектуры Республики Таджикистан, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 Февраля 2003 года № 74 "Вопросы Государственного комитета строительства и архитектуры Республики Таджикистан" дополнить подпунктом 8 следующего содержания: "8. Акционерное общество "Пенджикенский кирпичный завод".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 31 марта 2003 года № 135
г. Душанбе