Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи корҳои ҷамъиятӣ аз 4 марти соли 2005, № 93

Санаи амалкуни: 05.11.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 марти соли 2005 № 93

тасдиқ шудааст

ҚОИДАҲОИ ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ КОРҲОИ ҶАМЪИЯТИ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 364, аз 2.07.2009 № 404, аз 3.03.2011 № 121, аз 02.03.2013 № 106, аз 5.11.2014 № 707)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои ташкил ва гузарондани,корҳои ҷамъияти дар асоси талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳоли" таҳия гардидааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 121).

2. Зери мафҳуми корҳои ҷамъияти, намудҳои фаъолияти меҳнатии дастраси умум фаҳмида мешаванд, ки онҳо чун қоида, тайёрии пешакии касбии кормандонро талаб намекунанд, аз ҷиҳати иҷтимои фоиданок мебошанд ва чун воситаи иловагии дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони корҷӯй ба ҳисоб мераванд.

3. Корҳои ҷамъияти аз ҷониби мақомоти маҳалии ҳокимияти давлати ва дигар корфармоён сарфи назар аз шакли моликият бо иштироки мақомоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташкил карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 364, аз 5.11.2014 № 707).

II. ШАРТҲО ГУЗАРОНИДАНИ КОРҲОИ ҶАМЪИЯТИ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2011 № 121)

4. Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ якҷоя бо кумитаҳои маҳаллии мусоидат ба шуғли аҳоли, дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнат талабот ва таклифҳоро оид ба ташкили корҳои ҷамъияти муайян намуда, барои дохил намудани онҳо ба барномаҳои маҳалли ва минтақавии мусоидат ба шуғли аҳоли пешниҳодҳо манзур медоранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 364, аз 5.11.2014 № 707).

5. Барои пешниҳоди таклифҳо оид ба ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъияти хадамоти давлатии шуғли аҳоли:

- вазъи бозори меҳнат, шумора ва ҳайати шаҳрвандони бекор ва аҳолии бешуғлро таҳлил менамояд;

- маълумотро дар бораи ҷойҳое, ки дар онҳо корҳои ҷамъияти гузаронида мешаванд, ҷамъовари намуда, якҷоя бо ин ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо намудҳои кор, вақти иҷро, тартиб, шартҳо ва тартиби маблағгузории онҳоро муайян менамояд;

- маълумоти ҷамъоваришударо дар бораи корҳои ҷамъияти ба шаҳрвандони корҷӯй пешниҳод мекунад;

- бо ташкилот, муассиса ва корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва бо шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар корҳои ҷамъияти иштирок карданро доранд, шартномаҳо ба имзо мерасонад.

6. Ҳангоми ба корҳои ҷамъияти сафарбар кардани шаҳрвандон, розиги, синну сол, вазъи саломати, қобиляти касби ва дигар қобилияти фардии онҳо ба инобат гирифта мешаванд.

7. Муносибатҳои мутақобиларо дар ташкили корҳои ҷамъияти дар шартномаҳо дар бораи фаъолияти якҷоя байни хадамоти шуғли аҳоли ва корфармоён танзим мегарданд. Дар шартномаҳо бояд шумораи ҷойҳои кории ташкилшаванда ва шумораи иштироккунандагон, ҷой ва хусусияти корҳо, мӯҳлат, вақти оғоз ва анҷоми кор, миқдори музди меҳнат, тартиби маблағгузори, арзиши кор, ҳавасмандгардони, ҳуқуқ ва кафолати иҷтимои ва шароити бехатарии меҳнат ба назар гирифта мешаванд.

8. Қоидаи коргузории ташкили корҳои ҷамъиятиро Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муқаррар менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 364, аз 5.11.2014 № 707).

9. Ташкили вақти корҳои ҷамъияти мувофиқи шартномаҳои басташуда, вале на зиёда аз 30 (си) соат дар як ҳафта ва ба муддати аз 1 то 3 моҳ амали мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2009 № 404).

10. Бо розигии маъмурияти корхона кормандони дар корҳои ҷамъияти иштироккунанда метавонанд дар вақти кори (ҳафтае на зиёда аз 4 соат) ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои корҷӯи раванд, ё мустақилона ба худ кори мувофиқ ҷустуҷӯ намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 364, аз 5.11.2014 № 707).

11. Дар сурате, ки агар шаҳрванд бо кори доими таъмин мегардад, ӯ аз иҷрои корҳои ҷамъияти озод карда мешавад.

12. Намудҳои корҳои ҷамъияти метавонад аз инҳо иборат бошад:

- гузаронидани корҳо барои беҳтар намудани вазъи экологи, аз он ҷумла тоза намудани минтақа;

- кабудизоркуни ва ободонии ҳудуд, минтақаҳои истироҳати ва туристи;

- барқарорсозии объектҳои манзилию коммунали (обектҳои табобати ва варзиши, хонаҳои пиронсолону барҷомондагон, маъюбон ва ғ);

- корҳои обери ва ирригатсиони;

- корҳои ҷудогона дар сохтмони роҳ;

- гузаронидани хати об, газ ва шабакаҳои коммуникатсиони;

- намудҳои ҷудогонаи корҳои кишоварзи;

- парастории пиронсолон ва барҷомондагон, ёрманди ва хизматрасони ба беморон;

- барқарорсозии ёдгориҳои таърихи;

- ҷамъоварии растаниҳои шифобахш;

- иштирок дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2009 № 404).

III. ТАШКИЛ ВА ПАРДОХТИ МУЗДИ МЕҲНАТИ ШАҲРВАНДОНИ ДАР КОРҲОИ ҶАМЪИЯТИ САФАРБАРШУДА

13. Шаҳрвандони бекоре, ки дар қайди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошанд, вале кӯмакпули оид ба бекори намегиранд, ҳуқуқи афзалиятноки гирифтани роҳхатро барои иштирок дар корҳои ҷамъияти доранд. Роҳхате, ки ба шаҳрванд барои иштирок дар корҳои ҷамъияти дода шудааст, дар ташкилотҳои дахлдор чун ҳуҷҷати ба кор қабулшавии вай ба ҳисоб меравад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 364, аз 5.11.2014 № 707)).

14.Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳангоми ба корҳои ҷамъияти сафарбар кардани шаҳрвандон, онҳоро аз шароити ташкил, реҷаи кор, пардохти музди меҳнат, инчунин дигар намуди имтиёзҳо ва ҳавасмандгардониҳои мавҷуда воқиф мегардонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 364, аз 5.11.2014 № 707).

15. Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ тибқи талаботи омори шаҳрвандони дар иҷрои корҳои ҷамъияти иштироккунандаро ба ҳисоб мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 364, аз 5.11.2014 № 707).

16. Хароҷоти хизматрасони ҳангоми фиристодани шаҳрвандон ба корҳои ҷамъияти аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ амали мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 364, аз 5.11.2014 № 707).

17. Вақте, ки дар давоми он шаҳрвандон дар корҳои ҷамъияти иштирок менамоянд, ба собиқаи меҳнат бо сабти дахлдор ба дафтарчаи меҳнати дохил карда мешавад.

18. Бо шахсоне, ки дар корҳои ҷамъияти хоҳиши иштирок карданро доранд, шартномаи (қарордоди) меҳнатии мӯҳлатнок баста мешавад.

IV. МАНБАЪ ВА ТАРТИБИ МАБЛАUГУЗОРИИ КОРҲОИ ҶАМЪИЯТИ

19. Маблағгузории корҳои ҷамъияти аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳое, ки ин корҳо дар он ҷо ташкил карда мешаванд, ҳангоми зарурат бо ҷалб намудани маблағҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва кӯмаки молиявии беподоши аҳоли амали мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 364, аз 5.11.2014 № 707).

20. Ҳаҷми иловапулӣ барои шаҳрвандони дар корҳои ҷамъиятии музднок иштироккунанда ба андозаи 50 фоизи музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида муайян карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 106).

21. Пардохти хароҷот барои гузарондани корҳои ҷамъияти тибқи шартномаҳои байни Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва корфармо баимзорасида анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 364, аз 5.11.2014 № 707).

22. Назорат оид ба гузаронидани корҳои ҷамъиятиро Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва дигар мақомоти ваколатдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати мувофиқи қоидаи муқарраргардида амали менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 364, аз 5.11.2014 № 707).

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи корҳои ҷамъиятӣ

Мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи корҳои ҷамъияти тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ҳар сол барномаҳои ташкили корҳои ҷамъиятиро таҳия ва амали намоянд.

3. Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 № 374 "Дар бораи тартиби ташкил ва гузаронидани корҳои муздноки ҷамъияти" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 4 марти соли 2005 № 93

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 марти соли 2005 № 93

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузарондан ва номгӯи корҳои ҷамъиятӣ

(қарор аз 30.06.2007с. № 364)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузарондан, ва номгӯи корҳои ҷамъияти дар асоси талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳоли" таҳия гардидааст.

2. Зери мафҳуми корҳои ҷамъияти, намудҳои фаъолияти меҳнатии дастраси умум фаҳмида мешаванд, ки онҳо чун қоида, тайёрии пешакии касбии кормандонро талаб намекунанд, аз ҷиҳати иҷтимои фоиданок мебошанд ва чун воситаи иловагии дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони корҷӯй ба ҳисоб мераванд(қарор аз 30.06.2007с. № 364).

II. Шартҳо ва гузаронидани корҳои ҷамъиятӣ

4. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират якҷоя бо кумитаҳои маҳаллии мусоидат ба шуғли аҳоли, дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнат талабот ва таклифҳоро оид ба ташкили корҳои ҷамъияти муайян намуда, барои дохил намудани онҳо ба барномаҳои маҳалли ва минтақавии мусоидат ба шуғли аҳоли пешниҳодҳо манзур медоранд (қарор аз 30.06.2007с. № 364).

5. Барои пешниҳоди таклифҳо оид ба ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъияти хадамоти давлатии шуғли аҳоли:

- вазъи бозори меҳнат, шумора ва ҳайати шаҳрвандони бекор ва аҳолии бешуғлро таҳлил менамояд;

- маълумотро дар бораи ҷойҳое, ки дар онҳо корҳои ҷамъияти гузаронида мешаванд, ҷамъовари намуда, якҷоя бо ин ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо намудҳои кор, вақти иҷро, тартиб, шартҳо ва тартиби маблағгузории онҳоро муайян менамояд;

- маълумоти ҷамъоваришударо дар бораи корҳои ҷамъияти ба шаҳрвандони корҷӯй пешниҳод мекунад;

- бо ташкилот, муассиса ва корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва бо шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар корҳои ҷамъияти иштирок карданро доранд, шартномаҳо ба имзо мерасонад.

6. Ҳангоми ба корҳои ҷамъияти сафарбар кардани шаҳрвандон, розиги, синну сол, вазъи саломати, қобиляти касби ва дигар қобилияти фардии онҳо ба инобат гирифта мешаванд.

7. Муносибатҳои мутақобиларо дар ташкили корҳои ҷамъияти дар шартномаҳо дар бораи фаъолияти якҷоя байни хадамоти шуғли аҳоли ва корфармоён танзим мегарданд. Дар шартномаҳо бояд шумораи ҷойҳои кории ташкилшаванда ва шумораи иштироккунандагон, ҷой ва хусусияти корҳо, мӯҳлат, вақти оғоз ва анҷоми кор, миқдори музди меҳнат, тартиби маблағгузори, арзиши кор, ҳавасмандгардони, ҳуқуқ ва кафолати иҷтимои ва шароити бехатарии меҳнат ба назар гирифта мешаванд.

8. Қоидаи коргузории ташкили корҳои ҷамъиятиро Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират муқаррар менамояд (қарор аз 30.06.2007с. № 364).

9. Ташкили вақти корҳои ҷамъияти мувофиқи шартномаҳои басташуда, вале на зиёда аз 30 (си) соат дар як ҳафта ва ба муддати аз 3 то 6 моҳ амали мегардад.

10. Бо розигии маъмурияти корхона кормандони дар корҳои ҷамъияти иштироккунанда метавонанд дар вақти кори (ҳафтае на зиёда аз 4 соат) ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират барои корҷӯи раванд, ё мустақилона ба худ кори мувофиқ ҷустуҷӯ намоянд (қарор аз 30.06.2007с. № 364).

11. Дар сурате, ки агар шаҳрванд бо кори доими таъмин мегардад, ӯ аз иҷрои корҳои ҷамъияти озод карда мешавад.

12. Намудҳои корҳои ҷамъияти метавонад аз инҳо иборат бошад:

- гузаронидани корҳо барои беҳтар намудани вазъи экологи, аз он ҷумла тоза намудани минтақа;

- кабудизоркуни ва ободонии ҳудуд, минтақаҳои истироҳати ва туристи;

- барқарорсозии объектҳои манзилию коммунали (обектҳои табобати ва варзиши, хонаҳои пиронсолону барҷомондагон, маъюбон ва ғ);

- корҳои обери ва ирригатсиони;

- корҳои ҷудогона дар сохтмони роҳ;

- гузаронидани хати об, газ ва шабакаҳои коммуникатсиони;

- намудҳои ҷудогонаи корҳои кишоварзи;

- парастории пиронсолон ва барҷомондагон, ёрманди ва хизматрасони ба беморон;

- барқарорсозии ёдгориҳои таърихи;

- ҷамъоварии растаниҳои шифобахш.

III. Ташкил ва пардохти музди меҳнати шаҳрвандони дар корҳои ҷамъияти сафарбаршуда

13. Шаҳрвандони бекоре, ки дар қайди Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират мебошанд, вале кӯмакпули оид ба бекори намегиранд, ҳуқуқи афзалиятноки гирифтани роҳхатро барои иштирок дар корҳои ҷамъияти доранд. Роҳхате, ки ба шаҳрванд барои иштирок дар корҳои ҷамъияти дода шудааст, дар ташкилотҳои дахлдор чун ҳуҷҷати ба кор қабулшавии вай ба ҳисоб меравад (қарор аз 30.06.2007с. № 364).

14. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ҳангоми ба корҳои ҷамъияти сафарбар кардани шаҳрвандон, онҳоро аз шароити ташкил, реҷаи кор, пардохти музди меҳнат, инчунин дигар намуди имтиёзҳо ва ҳавасмандгардониҳои мавҷуда воқиф мегардонад (қарор аз 30.06.2007с. № 364).

15. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират тибқи талаботи омори шаҳрвандони дар иҷрои корҳои ҷамъияти иштироккунандаро ба ҳисоб мегирад (қарор аз 30.06.2007с. № 364).

16. Хароҷоти хизматрасони ҳангоми фиристодани шаҳрвандон ба корҳои ҷамъияти аз тарафи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират амали мегардад (қарор аз 30.06.2007с. № 364).

17. Вақте, ки дар давоми он шаҳрвандон дар корҳои ҷамъияти иштирок менамоянд, ба собиқаи меҳнат бо сабти дахлдор ба дафтарчаи меҳнати дохил карда мешавад.

18. Бо шахсоне, ки дар корҳои ҷамъияти хоҳиши иштирок карданро доранд, шартномаи (қарордоди) меҳнатии мӯҳлатнок баста мешавад.

IV. Манбаъ ва тартиби маблағгузории корҳои ҷамъиятӣ

19. Маблағгузории корҳои ҷамъияти аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳое, ки ин корҳо дар он ҷо ташкил карда мешаванд, ҳангоми зарурат бо ҷалб намудани маблағҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва кӯмаки молиявии беподоши аҳоли амали мегардад (қарор аз 30.06.2007с. № 364).

20. Ҳаҷми иловапули ба маоши бекорони дар корҳои ҷамъияти иштироккунанда набояд аз андозаи музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда паст бошад ва ҳадди баланди он набояд аз ҳадди миёнаи музди меҳнати бавуҷудомада дар Ҷумҳури зиёд бошад. Маблағи умумии кӯмаки молиявии беподош аз маблағи умумии ба музди меҳнат харҷшуда, тибқи шартномаи дар бораи корҳои ҷамъияти набояд аз 50 % зиёд бошад.

21. Пардохти хароҷот барои гузарондани корҳои ҷамъияти тибқи шартномаҳои байни Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва корфармо баимзорасида анҷом дода мешавад (қарор аз 30.06.2007с. № 364).

22. Назорат оид ба гузаронидани корҳои ҷамъиятиро Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва дигар мақомоти ваколатдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати мувофиқи қоидаи муқарраргардида амали менамоянд (қарор аз 30.06.2007с. № 364).