Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2008с. № 512 аз эътибор соқит дониста шуд
Дар бораи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ", "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ" ва Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тибби ва фармасевти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлати дар доираи маблағҳое, ки дар Буҷети давлати барои муассисаҳои таълимии соҳаи тандурусти пешбини мегарданд, татбиқи Консепсияи мазкурро таъмин намояд.
3. Беэътибор дониста шаванд:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1996 № 91 "Дар бораи ислоҳоти омӯзиши тиб ва дорусози дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2001 № 320 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Консепсия иислоҳоти омӯзиши тиб ва дорусози дар Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 ноябри соли 2004 № 423
ш. Душанбе