Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Концепцияи ислоҳоти омӯзиши тиб ва дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои дорои маълумоти миёна ва олии тиббӣ, ки ба талабот ва меъёрҳои замона ҷавобгӯ бошанд, таъмини конвертацияи дипломҳо ва густариши ҳамкориҳои Байналхалқӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Концепцияи ислоҳоти омӯзиши тиб ва дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шавад (пешниҳод мешавад).
2. Вазорати тандурустӣ якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи дахлдори Фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба ҳаёт татбиқ намудани муқаррароти Концепияи ислоҳоти омӯзиши тиб ва дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ҷиҳати баррасӣ омода созанд.
3. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоӣ барои татбиқи Концепцияи ислоҳоти омӯзиши тиб ва дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намояд.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 23 феврали соли 1996, № 91
ш.Душанбе
Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 феврали соли 1996,
№ 91 тасдиқ карда шавад
Концепцияи ислоҳоти омузиши тиб ва дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаддима
Дигаргунсозии иқтисодӣ, тағьирот дар сиёсат ва стратегияи тандурустӣ дар асоси тавсияи Ташкилоти байналмилалии тандурусти (ТБТ), эҳтиёҷот ба мутахассисони баландихтисос ва татбиқи ҳамкориҳои васеи байналхалқӣ дар соҳаи тандурустӣ, ислоҳоти системаи тайёр намудани кадрҳои соҳаи тандурустиро тақозо мекунад. Самтҳои асосии ислоҳот чунинанд:
- гузариш аз тарзи экстенсифӣ ба тарзи босуръат ва самарабахш тайёр намудани кадрҳо;
- бо кадрҳо таъмин намудани фаъолияти гуногунсоҳаи системаи тандурустӣ (давлатӣ, суғуртавӣ, хусусӣ) дар шароити нави иқтисодӣ;
- таъмини меъёрҳои муайяни сифати ёрии тиббӣ ба аҳолӣ;
- тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб ва дорусозӣ мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ, бо мақсади фароҳам овардани шроит ва таъмин намудани конвертацияи дипломҳо (донишномаҳо);
- такмили системаи бозомӯзии кадрҳо, нигоҳ доштани сатҳи дониш ва маҳорати мутахассисон.
Таъмини дигаргунсозии сиёсати кадрҳо танҳо дар ҳолати вуҷуд доштани назарияи нави аз ҷиҳати илми санҷидашудаи тайёркунии мутахассисони соҳаи тиб ва дорусозии дорои маълумоти миёна ва олӣ имконпазир мебошад.
Дар кори навсозии омӯвиши тиббӣ ва дорусозии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати маориф, Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, Вазорати молия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Вазорати адлия, ҳукуматҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо Вазорати тандурустӣ шарик мебошанд.
II. МАҚСАД ВА МАРОМИ КОНЦЕПЦИЯ
Мақсади Концепцияи ислоҳоти омӯзиши тиб ва дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси дорои маълумоти миёнаю олии тиббӣ ва дорусозии ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ, таъмини конвертацияи диломҳои додамешуда ва имконоти татбиқи ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи тарбияи кадрҳ ва баланд бардоштани сифати ёрии тиббӣ ба аҳолӣ иборат мебошад.
Вазифаҳои асосии Концепцияи ислоҳоти омӯзиши тиб ва дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд аз:
- тайёр намудани мутахассисони нави дорои тафаккури ҷадид. бо роҳи таъмиқи минбаъдаи гуманизацияи омӯзиши тиб ва дорусозӣ;
- ташкили раванди таълимӣ мутобиқи усулҳои тайёр намудани табибон, дорусозон ва кормандони миёнаи тиббӣ;
- муваффақ гардидан ба тарбияи хушсифати миқдори мутаносиби табибон, дорусозон ва кормандони миёнаи тиббӣ;
- татбиқи сиёсат ва стратегии кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ, таълими мутобиқати тарбияи кадрҳои дорои маълумоти миёна ва олии тиббӣ, дорусозӣ ба талаботи соҳаи тандурустӣ;
- ташаккули иқтидори мутахассисони баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ.
III. ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ДОРОИ МАЪЛУМОТИ МИЁНАИ ТИББӢ
1. Кадрҳои дорои маълумоти миёнаи тиббӣ дар мактабҳо ва коллеҷҳои тиббӣ тайёр карда мешаванд.
2. Самтҳои асосии таъмини тарбияи хушсифати кадрҳои дорои маълумоти миёнаи тиббӣ чунинанд:
- тарбия ва такмили ихтисоси омӯзгорон;
- бунъёди базаи дахлдори моддию техникии тарбияи кадрҳои дорои маълумоти миёнаи тиббӣ;
- ноил гардидан ба таносуби мувофиқи омӯзгор ва толибилмон дар курси 1 мактаби тиббӣ бо таносуби 1 ба 15, дар курси 2 1 ба 12, дар коллеҷи тиббӣ бошад, дар курсҳои 1 ва 2 бо таносуби 1 ба 10 ва дар курсҳои 3-4 бо таносуби 1 ба 8;
- интихоби холисонаи довталабон;
- тайёр кардани кадрҳои дорои маълумоти олии касбӣ ва ихтисосӣ дар соҳаҳои гуногуни клиникӣ ва мақомоти сарварӣ (менеҷмент);
- баланд бардоштани мақоми ҳамшираҳои тиббӣ ҳангоми расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ (ҳангоми хизматрасонии тиббӣ);
- то соли 2000 муваффақ гардидан ба таносуби духтурон ва кадрҳои дорои маълумоти миёнаи тиббӣ бо таносуби 1 ба 6 (шумораи мутлақ).
3. Омӯзишгоҳҳои тиббии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Курғонтеппа ва Кулобро ба коллеҷҳои тиббӣ табдил дода, муҳлати таҳсилашон чор сол муайян карда мешавад (аз солҳои хониши 1996-1997).
4. Омӯзишгоҳҳои тиббии дигари ҷумҳурӣ ба мактабҳои тиббии мӯҳлати таҳсилашон ду сол табдил дода шуда, ба хатмкунандагони ин мактабҳо дипломҳо ва ихтисоси ҳамшираи тиббии самтҳои умумӣ дода мешавад. Ашхосе, ки мехоҳанд таҳсилро дар коллеҷи тиббӣ идома диҳанд, метавонанд пас аз санҷиш (имтиҳон) муҳассилини курси 3 қабул шаванд.
5. Ба мактабҳо ва коллеҷҳои тиббӣ ашхоси дорои маълумоти пурраи миёнаи умумӣ (баъд аз хатми зинаи сеюми таҳсил дар муассисаҳои маълумоти умумӣ) қабул карда мешаванд.
6. Коллеҷҳои тиббӣ барои соҳаҳои гуногуни дониши клиникӣ кадрҳои баландихтисос ва кордон тайёр мекунанд. Ду соли аввали таҳсил аз рӯи барномаи нави таълимӣ дар ҳаҷми тайёр намудани ҳамшраҳои тиббии соҳаҳои умумӣ пеш бурда мешавад. Ба онҳое, ки курси дуюро бомуваффақият ба итмом расонидаанд мувофиқи хоҳишашон дипломҳои ҳамшираи тиббии соҳаҳои умумӣ дода мешавад.
Барои ду соли баъдинаи таҳсил дар ин колдеҷҳо тайёр намудани бакалаврҳо барои соҳаҳои гуногуни тандурустӣ пешбинӣ шудааст.
Гузариш ва курс ба курс баъд аз натиҷагирии санҷиш (имтиҳон) муайян мегардад.
Вобаста ба касби клиникии интихобкардаашон ба хатмкунандагони коллеҷи тиббӣ дараҷаи бакалаврӣ (дар соҳаҳои момодоягӣ, муолиҷавӣ, беҳдоштиву лабораторӣ ва ёвари духтур) дода мешавад.
IV. ТАРБИЯИ КАДРҲИ ДОРОИ МАЪЛУДОТИ ОЛИИ ТИББӢ ВА ДОРУСОЗӢ
Асосҳои Концепцияи ислоҳоти омӯзиши олии тиббӣ ва дорусозӣ ва равандҳои зайл иборатанд:
1. Маълумоти ҳатмии олии тиббӣ ва дорусозӣ.
2. Боло бурдани сифати тайёр намудани мутахассисон бо роҳҳои зайл амалӣ мегардад;
- муносиб сохтани накшаи қабули донишҷуён ба Донишгоҳи давлатии тиббӣ бо мақсади иоил гаштан ба таносуби омӯзгор ва толибилмон дар курсҳои 1-2 бо таносуби 1 ба 8, дар курсҳои 3-4 бо таносуби 1 ба 6 ва дар курси 5 ба таносуби 1 ба 4;
- такмили ихтисоси профессорону омӯзгорон;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои нави таълимӣ.
3. Таъсиси манбаи зарурии иқтисодию техникии Донишгоҳи тиббӣ.
4. Таҳияи барномаҳои таълимӣ ҷиҳати тарбияи кадрҳои духтурони категорияҳои нав: духтурони дорои таҷрибаи умумӣ ва мутахассисони дигар соҳаҳои тиб (аз соли 1996).
5. Бастани факультетҳои тиббии донишгоҳҳои шаҳрҳои Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Хуҷанд (солҳои таҳсили 1995-1996).
6. Аз соли 1996 сар карда гузариши пурра ба тайёр намудани духтурони категорияи нав.
Системаи нави таълимоти тиббӣ бо мақсади пурзӯр намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва фаъолияти тандурустии кишвар дар шароитҳои нави иқтисодӣ равона карда щудааст.
Яке аз ҷузъҳои аввалиндараҷаи ислоҳоти омӯзиши тиббӣ боло бурдани сифати таълим ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои педагогӣ дар ислоҳоти мазкур мавқеи махсусро ИШғОЛ мекунад.
Ҷабҳаи дигари дигаргунсозӣ дар тайёр намудани духтурони соҳибтаҷриба дар соҳаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳо мебошад.
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон факультетҳои умумитиббӣ, стоматологӣ ва дорусозӣ ташкил карда мешавад.
Дар факультети умумитиббӣ тайёрӣ ба таври зайл сурат мегирад:
Сатҳи аввал - тайёр намудани духтурон бе ҳуқуқи таҷоруби клиникӣ. Мӯҳлати таҳсил - 5 сол.
Сатҳи душ - тайёр намудани духтурон дар резидентураи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки вобаста ба касби интихобгашта аз ду то чор сол идома меёбад. Дар резидентура барномаи тайёрӣ пурра аз рӯи яке аз ихтисоси интихобшуда пеш бурда мешавад (духтури оилавӣ, духтури трапевт, духтури атфол, ҷарроҳ, акушергинеколог, духтурони санитарӣ ва эпидемиологӣ ва ғайра), ки номгӯй ва муҳлати тайёр намуданашон дар замимаи N 1 нишон дода шудааст.
Таълимот дар резидентура дар ду марҳила анҷом мепазирад ва бо ҳар роҳи супоридани имтиҳони гузариш (санҷиш) амалӣ мегардад.
Тайёр намудани духтурони дандон ва дорусозон дар факультетҳои стоматологӣ ва дорусозии Донишгоҳи давлатии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Мӯҳлати таҳсил дар ин факультетҳо чор сол муайян шудааст.
Баъди хатми резидентура аз рӯи ихтисоси интихобкарда ба хатмкунанда диплом супорида мешавад.
Сатҳи сеюм - тайёрӣ ва такмили ихтисос дар Донишкадаи такмили ихтисоси пасаздипломии табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад, ки вобаста аз интихоби касб тайёрӣ аз як то се сол идома меёбад. Номгӯи ихтисос ва мӯҳлати таҳсил дар замимаи N 2 оварда шудааст.
Ба мутахассисоне, ки сатҳи сеюми тайёриро гузаштаанд ҳуқуқ дода мешавад, ки бо риояи муқаррароти қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти табобатии шахсӣ машғул шаванд.
V. ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ МУТАХАССЙСОНИ ДОРОИ МАЪЛУ МУТОИ МИЁНА ВА ОЛИИ ТАНДУРУСТӢ ВА ДОРУСОЗЙ (Б030МӯЗЙ)
Мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тибби вазифадоранд, ки баъди ҳар як панҷ соли фаъолияташон ихтисосашонро дар Донишкадаи такмили ихтисоси пасаздипломии табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳи аттестацияи минбаъда такмил диҳанд.
Бо мақсади боло бурдани сифати тайёр намудани кадрҳо дар Донишкадаи такмили ихсоси пасаздипломии табибони Ҷумҳурии Тоҷикистон таносуби омӯзгорон ва мутахассисони (курсантҳо) до-рои маълумоти миёнаи тиббӣ 1 ба 8 ва мутахассисони дорои маълумоти олӣ 1 ва 5 муқаррар шудааст.
* Замимаҳо оварда намешаванд.