Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004, № 302 "Дар бораи тасдиқи номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва ҷузъҳои таркибии он (ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд ва инчунин бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ имконнопазир аст), ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озоданд"

Санаи амалкуни: 31.12.2004

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2005с. № 288 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва ҷузъҳои таркибии он (ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд ва инчунин бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ имконнопазир аст), ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озоданд

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2004с. № 521)

Бо мақсади иҷрои моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2004" Ҳукумати Чумурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯи замимагардидаи таҷҳизоти истеҳсолию технологи ва ҷузъҳои таркибии он (ки маҷмӯи ягонаро ташкил медиҳанд ва инчунин бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологи имконнопазир аст), ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули бевоситаи фонди оинномавии корхонаҳо ё баланд бардоштани савияи техникии онҳо дар асоси таҷдиди куллии таҷҳизот, технология ва ташкили истеҳсолоти амалкунанда ворид мешаванд ва аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумруки озод мебошанд, бо дарназардошти номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷи тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор назорати истифодаи мақсадноки таҷҳизоти зикршудаи истеҳсолию технологи ва ҷузъҳои таркибии онро, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, таъмин намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 30 июни соли 2004 № 302

ш. Душанбе