Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2004, № 515 "Дар бораи тартиб ва шартҳои ба иҷора додани амволи давлатӣ"

Санаи амалкуни: 28.12.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2011 № 537 аз эътибор соқит дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тартиб ва шартҳои ба иҷора додани амволи давлатӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590)

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади пешбурди сиёсати ягонаи давлати дар соҳаи идораи самарабахши моликияти давлати, таъмини ҳамоҳангсозии мутамарказ ва афзун намудани воридоти даромад аз иҷораи амвол ба буҷети давлати, тақвияти назорат ва баҳисобгирии истифодаи амволи давлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиб ва шартҳои ба иҷора додани амволи давлатӣ ва Тартиби ҳисоби маблағи иҷора барои истифодаи амволи давлатӣ, ки замима мегарданд, тасдиқ карда шаванд.

2. Вазоратҳо, кумитаҳои давлати, идораҳо, корхонаю ташкилот ва муассисаҳо ҳар нимсола (дар муддати як моҳ баъди давраи ҳисоботи) ба Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифодаи воситаҳои асосии давлатии дар балансашон қарордошта маълумот пешниҳод намоянд.

3. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- назорати воридоти саривақтии маблағҳо аз иҷораи амволи давлати ба буҷети ҷумҳурияви, истифодаи мақсаднок ва нигаҳдошти амволи моликияти давлатии ба корхонаю ташкилотҳои давлати вобасташуда, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида ба шахсони дигар ба иҷора додашударо тақвият бахшад;

- ҳодисаҳои иҷораи ғайриқонунии амволи давлатиро пешгири намуда, ҳангоми зарурат дар бораи ҷалби шахсони масъуле, ки дар вайрон кардани қонунгузории амалкунанда гунаҳгоранд, пешниҳод манзур намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 31 декабри сади 2004 № 515

ш. Душанбе