Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таҳияи Барномаи давлатии хизматрасонии кафолатноки тиббию санитарӣ
Бо мақсади татбиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи то соли 2010, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2002 № 436 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор Барномаи давлатии миёнамӯҳлати хизматрасонии кафолатноки тиббию санитарӣ барои солҳои 2004-2005-ро таҳия намуда, то 1 ноябри соли 2003 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад;
- дар ҷараёни таҳияи Барномаи давлатии миёнамӯҳлати хизматрасонии кафолатноки тиббию санитарӣ барои аниқ намудан ва мувофиқсозии нишондиҳандаҳои он натиҷаҳои амалӣ ва таҷрибаи истифодаи усулҳои илмию методӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ ва дигар усулҳоеро, ки дар татбиқи барномаҳои таҷрибавӣ оид ба ислоҳоти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои Варзоб ва Данғара истифода гардидаанд, ба эътибор гирад;
- якҷоя бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги доимии чорабиниҳои дар доираи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи то соли 2010 ва Барномаи давлатии миёнамӯҳлати хизматрасонии кафолатноки тиббию санитарӣ барои солҳои 2004-2005 андешидашавандаро бо мақсади таҳияи лоиҳаи Барномаи давлатии хизматрасонии кафолатноки тиббию санитарӣ барои солҳои 2006-2010 ташкил намояд;
- якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ пешниҳодҳо манзур намояд.
2. Беэътибор дониста шаванд:
- сархатҳои якум ва дуюми банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2001 № 321 "Дар бораи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- банди 22 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2002 № 17 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2001 ва вазифаҳо барои соли 2002";
- банди 29 Номгӯи бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2002 № 263 тасдиқгардидаи масъалаҳое, ки ҷиҳати баррасӣ дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2002 таҳия мешаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 декабри соли 2002 № 481
ш. Душанбе