Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2002, № 436 "Дар бораи тасдиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи то соли 2010"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи то соли 2010

Бо мақсади татбиқи Декларатсияи умумиҷаҳонӣ оид ба нигаҳдории тандурустӣ, ки дар сесияи Панҷоҳу якуми Ассамблеяи Умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ моҳи майи соли 1998 қабул шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи то соли 2010 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) вазифаҳои Стратегияи мазкурро ба шароити мушаххаси маҳал, эҳтиёҷот ва имконоти мавҷуда мутобиқ гардонанд ва дар амал татбиқ намоянд.

3. Вазорати тақдурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

оид ба таъсис, ҳайат, салоҳият ва вазифаҳои Шӯрои миллии тандурустӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти бо вазорату идораҳо мувофиқашударо манзур дорад;

тибқи тартиби муқарраргардида дар бораи қабули Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи то соли 2010 Бюрои минтақавии Европоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустиро огоҳ созад;

Стратегияи мазкурро ба тамоми вазорату идораҳои манфиатдор, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) расонад.

4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 1997 № 27 "Оиди лоиҳаи барномаи миллии "Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ то соли 2005" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 5 ноябри соли 2002 № 436

ш. Душанбе

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Стратегии Республики Таджикистан по охране здоровья населения в период до 2010 года

В целях реализации Всемирной декларации по здравоохранению, принятой на Пятьдесят первой сессии Всемирной Ассамблеи здравоохранения в мае 1998 года, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Стратегию Республики Таджикистан по охране здоровья населения в период до 2010 года (прилагается).(таблицы и схемы не приводятся)

2. Органам исполнительной власти на местах (хукуматам) адаптировать задачи настоящей Стратегии к конкретным местным условиям, потребностям, возможностям и обеспечить их реализацию.

3. Министерству здравоохранения Республики Таджикистан:

внести согласованные с министерствами и ведомствами Республики Таджикистан предложения по созданию, составу, полномочиям и функциям Национального совета по здравоохранению при Правительстве Республики Таджикистан;

уведомить в установленном порядке Европейское Региональное Бюро Всемирной Организации Здравоохранения о принятии Стратегии Республики Таджикистан по охране здоровья населения в период до 2010 года;

довести настоящую Стратегию до всех заинтересованных министерств и ведомств, органов исполнительной власти на местах (хукуматов).

4. Считать постановление Правительства Республики Таджикистан от 6 января 1997г. №27 "О проекте Национальной программы "Стратегия Республики Таджикистан по охране здоровья населения до 2005г."" утратившим силу.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                   Э.Рахмонов

от 5 ноября 2002 года № 436

г.Душанбе