Оинномаи Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳалли (коммунали) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2004 № 408

Санаи амалкуни: 28.09.2005

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2004 № 408

тасдиқ шудааст

Оинномаи Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳалли (коммунали) дар Ҷумҳурии Тоҷики

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.09.2005с. № 357)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳалли (коммунали) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Марказ) муассисаи давлати, сохтори мустақил, ташкилии махсусгардонидашуда буда, таҳия ва идораи лоиҳаи грант ва қарзи ҷиҳати рушди системаи коммунали пешниҳодшудаи Бонки Умумиҷаҳониро анҷом медиҳад.

2. Марказ фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои байналмилалии баимзорасида, тавсияҳои Бонки Умумиҷаҳони ва ҳамин Оиннома амали менамояд.

3. Марказ шахси ҳуқуқи буда, мутобиқи қонунгузори соҳиби амвол бо ҳуқуқи идоракунии оперативи дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузори, баланси мустақил, суратҳисобҳо бо асъори милли ва хориҷи дар бонкҳо буда, дорои мӯҳр, штамп ва варақаҳо бо сабти номи худ мебошад.

4. Марказ фаъолияти худро дар давраи таҳия ва татбиқи Лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳонии "Рушди инфраструктураи маҳалли (коммунали) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" анҷом медиҳад (минбаъд Лоиҳа).

5. Номи Марказ:

- бо забони тоҷики, пурра: Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳалли (коммунали) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтасар - МИЛРИМКҶТ;

- бо забони руси, пурра: Центр управления Проектом развития муниципальной (коммунальной) инфраструктуры в Республике Таджикистан, мухтасар - ЦУПРМКИРТ.

6. Суроғаи Марказ: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қаробоев, 56 (бинои Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммунали").

II. Мақсад ва мазмуни фаъолият

7. Мақсадҳои асосии фаъолияти Марказ:

- татбиқи Лоиҳаи "Рушди инфраструктураи маҳалли (коммунали) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки якҷоя бо Бонки Умумиҷаҳони анҷом дода мешавад;

- беҳтар намудани сифати хизматрасонии ҳаётан муҳими коммунали, ки ба он тамоми аҳолии ҷумҳури ниёзманд мебошад;

- таъмини истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои қарзии Бонки Умумиҷаҳони, ки барои татбиқи Лоиҳа пешниҳод гардидааст.

8. Мазмуни фаъолияти Марказ чунин аст:

- ба роҳ мондани ҳамоҳангсози ва таъмини шароити кори коршиносон (экспертҳо) - машваратчиёни байналмилали ва милли;

- ташкили фаъолияти Марказ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлати ва ташкилотҳои ғайриҳукуматии манфиатдор ва корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммунали"; (КҲҶТ № 357 аз 28.09.2005с.)

- ба имзо расонидани қарордодҳо бо ғолибони тендерҳо;

- таъмини маблағгузории саривақтии Лоиҳа ва пардохти хизматрасонии коршиносон (экспертҳо) - машваратчиёни байналмилали ва милли;.

- мониторинг ва назорати сифати корҳои иҷрошуда оид ба татбиқи қисматҳои Лоиҳа аз ҷониби ташкилот ва агентиҳои иҷроия;

- анҷом додани хариди амвол, кор ва хизматрасони мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Бонки Умумиҷаҳони;

- анҷом додани фаъолияти иқтисодии хориҷи ва робитаҳои байналмилали, ки барои ҳалли вазифаҳои татбиқи Лоиҳа равона гардидаанд;

- иштирок дар қабули корҳои иҷрошуда ва дар оянда ба ташкилоти истифодабаранда супоридани онҳо.

III. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Марказ

9. Марказ ҳуқуқ дорад:

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун амволи таҳти ҳуқуқи идоракунии оперативи ба он тааллуқдоштаро дар доираи муайян кардаи қонун соҳиби, истифодабари ва ихтиёрдори кунад;

- шартномаҳо (қарордод) бандад, ҳуқуқҳои амволи ва ғайриамволи ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар иштирок намояд;

- фаъолияти ҷории татбиқи Лоиҳаро мустақлона ба роҳ монад;

- дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисобҳоро бо асъори милли ва хориҷи кушояд;

- лоиҳаи мазкурро маблағгузори намояд, мониторинг ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои корҳоро таъмин намояд;

- амалҳои дигареро, ки хилофи мақсадҳои Марказ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, иҷро намояд.

10. Марказ ӯҳдадор аст:

- истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои грант ва қарзро таъмин намояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони худ риояи кафолатҳои ҳуқуқи шаҳрвандон, ки давлат муқаррар намудааст, таъмин намояд ва тибқи тартиби муқарраршуда барои зарари ба саломати ва қобилияти меҳнатии онҳо расонидашуда масъулият дошта бошад;

- ҳисоби таъҷили ва муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагиро ба амал барорад, ҳуҷҷатҳои омори ва муҳосибавиро пеш барад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳони оид ба воридшави ва азхудкунии маблағҳо ва ҷараёни татбиқи Лоиҳа ҳисоботҳои ҳармоҳа, ҳарсемоҳа ва ҳарсола пешниҳод намояд.

IV. Манбаъҳои ташаккули маблағ ва амвол

11. Марказ дар ихтиёри худ бино, иншоот, таҷҳизот, асбобу олот ва дигар амвол, ки барои таъмини фаъолияти дар ҳамин Оиннома пешбинишуда заруранд, таҳти ҳуқуқи идоракунии оперативи дорад.

12. Маблағҳои Марказ аз ҳисоби зайл ташаккул меёбанд:

- қарзи Бонки Умумиҷаҳони, ки барои татбиқи Лоиҳа пешниҳод гардидааст;

- грантҳое, ки давлатҳои хориҷи ва ташкилотҳои байналмилали барои татбиқи Лоиҳа ҷудо менамоянд;

- манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намекунад.

13. Воситаҳои молиявии Марказ бояд мутобиқи шартҳое, ки дар Созишномаҳои қарзи ва гранти пешбини гардидаанд, истифода шаванд.

V. Идораи фаъолияти Марказ

14. Мақоми олии идоракунии Марказ - Директор мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Бонки Умумиҷаҳони ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.

15. Ваколатхои Директори Марказ:

- ташкили роҳбарии умумии тамоми фаъолияти Марказ;

- намояндагии манфиатҳои Марказ дар ташкилотҳои давлати, ғайридавлати ва байналмилали;

- тасдиқ намудани сохтор, рӯйхати штати, сметаи хароҷоти Марказ ва андозаи пардохти музди меҳнати кормандон бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳони;

- бастани шартномаҳо (қарордодҳо) ва анҷом додани амалҳои дигар дар доираи Лоиҳа;

- дар доираи салоҳияти худ интишори фармону фармоишҳо, ки иҷрои онҳо ба ҳамаи кормандони Марказ ҳатми мебошад;

- ихтиёрдории амвол ва воситаҳои Марказ, додани бовариномаҳо, имзои ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷаги ва анҷом додани дигар амалҳо дар доираи Лоиҳа, мутобиқи асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Бонки Умумиҷаҳони;

- кушодани суратҳисобҳо ва дигар ҳисобномаҳои Марказ, бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнати;

- тибқи тартиби муқарраргардида таъин ва озод намудани кормандони Марказ;

- анҷом додани фаъолияти дигар мутобиқи ҳамин Оиннома.

16. Директори Марказ фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома анҷом дода, дар фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳони ҳисоботдиҳанда мебошад.

17. Директори Марказ барои иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда масъулияти шахси дорад, ваколат ва дараҷаи масъулияти кормандони Марказро мувофиқи ҳамин Оиннома ва ӯҳдадориҳои вазифавии ҳар як корманд муқаррар менамояд.

VI. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ

18. Баҳисобгирии муҳосибави ва ҳисоботдиҳии Марказ мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ашхоси ҳуқуқи, инчунин мутобиқи стандартҳои байналмилали ва талаботи Бонки Умумиҷаҳони пеш бурда мешавад.

19. Натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар ҳисоботҳои ҳармоҳа, семоҳа ва солона, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммунали" ва Бонкн Умумиҷаҳони пешниҳод карда мешаванд, инъикос меёбанд". (КҲҶТ № 357 аз 28.09.2005с.)

20. Аудити молияви ва техникии Марказ аз ҷониби аудиторони мустақил, ки дар асоси расмиёти муқаррарнамудаи Бонки Умумиҷаҳони интихоб шудаанд, ба амал бароварда мешаванд.

VII. Азнавташкилдиҳи ва барҳам додани Марказ

21. Азнавташкилдиҳи (муттаҳидгардони, ҳамроҳшави, тақсимшави, ҷудошави, табдилдиҳи) ва барҳам додани Марказ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от I октября 2004 года №408

Устав Центра управления Проектом развития муниципальной (коммунальной) инфраструктуры в Республике Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.09.2005г.N357)

I. Общие положения

1. Центр управления Проектом развития муниципальной (коммунальной) инфраструктуры в Республике Таджикистан (далее Центр) является государственным учреждением, самостоятельной, специализированной организационной структурой, осуществляющей подготовку и управление проектом гранта и кредита, предоставленного Всемирным Банком на реформирование системы коммунального хозяйства.

2. Центр осуществляет свою деятельность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, актами Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан, заключенными международными соглашениями, рекомендациями Всемирного Банка и настоящим Уставом.

3. Центр является юридическим лицом, обладает обособленным имуществом с правом оперативного управления, самостоятельным балансом, расчетным и валютными счетами в банках в соответствии с законодательством, имеет свою печать, штампы и бланки со своими наименованиями.

4. Центр осуществляет свою деятельность в период подготовки и реализации Проекта Всемирного Банка "Развитие муниципальной (коммунальной) инфраструктуры в Республике Таджикистан" (далее Проект).

5. Наименование Центра:

- на таджикском языке, полностью: Маркази идораи Лоихди рушди инфраструктураи махаллй (коммуналй) дар Чумхурии Точикистон, сокращенно - МИЛРИМКЧТ;

- на русском языке: полностью: Центр управления Проектом развития муниципальной (коммунальной) инфраструктуры в Республике Таджикистан, сокращенно - ЦУПРМКИРТ.

6. Местонахождение Центра: 734025, Республика Таджикистан, город Душанбе, улица Н. Карабаева, 56 (здание Государственного унитарного предприятия "Хочагии манзилию коммуналй").

II. Цели и предмет деятельности

7. Основными целями деятельности Центра являются:

- реализация Проекта "Развитие муниципальной (коммунальной) инфраструктуры в Республике Таджикистан", осуществляемого совместно со Всемирным Банком;

- улучшение качества жизненно важных коммунальных услуг, в которых нуждается все население республики;

- обеспечение целевого и эффективного использования кредитных средств Всемирного Банка, предоставленных для реализации Проекта.

8. Предметом деятельности Центра являются:

- осуществление координации и обеспечение условий работы международных и национальных экспертов-консультантов;

- организация деятельности Центра с заинтересованными министерствами, ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти, неправительственными организациями и Государственным унитарным предприятием "Хочагии манзилию коммунали"(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.09.2005г.N357);

- подписание контрактов с победителями тендеров;

- обеспечение своевременного финансирования Проекта и оплаты услуг международных и национальных экспертов-консультантов;

- мониторинг и контроль качества выполненных работ по реализации компонентов Проекта организациями и исполнительными агентствами;

- осуществление закупок товаров, работ и услуг в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и процедурами Всемирного Банка;

- осуществление внешнеэкономической деятельности и международных связей, направленных на выполнение задач по реализации Проекта;

- участие в приемке выполненных работ с последующей передачей эксплуатирующей организации.

III. Права и обязанности Центра

9. Центр имеет право:

- в соответствии с установленным законом порядке владеть, пользоваться и распоряжаться закрепленным за ним правом оперативного управления имуществом в рамках установленных законом;

- заключать договора (контракты), приобретать имущественные и неимущественные права, участвовать в суде в качестве истца и ответчика;

- самостоятельно организовать текущую деятельность по реализации Проекта;

- открывать расчетный и валютный счета в банках Республики Таджикистан;

- обеспечивать финансирование указанного Проекта, обеспечивать мониторинг и оценку хода выполнения работ;

- совершение иных действий, не противоречащих целям Проекта и законодательству Республики Таджикистан.

10. Центр обязан:

- обеспечить целевое и эффективное использование средств гранта, кредита;

- обеспечить своим работникам, в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, соблюдение установленных государством гарантий прав граждан и нести в установленном порядке ответственность за ущерб, нанесённый их здоровью и трудоспособности;

- осуществлять оперативный и бухгалтерский учёт финансовохозяйственной деятельности, вести статистическую и бухгалтерскую документацию;

- представлять в Правительство Республики Таджикистан, Министерство финансов Республики Таджикистан, Министерства экономики и торговли Республики Таджикистан, Центр по координации внешней помощи Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан и Всемирный Банк ежемесячные, ежеквартальные и ежегодные отчеты о поступлении и освоении средств, и о ходе реализации Проекта.

IV. Источники образования средств и имущества

11. Центр имеет в распоряжении здания, помещения, сооружения, оборудования, инвентарь и другое имущество, необходимое для обеспечения его деятельности, предусмотренное настоящим Уставом на право оперативного управления.

12. Средства Центра образуются за счёт:

- кредита Всемирного Банка, предоставленного на реализацию Проекта;

- грантов, выделяемых иностранными государствами и международными организациями для реализации Проекта;

- других источников, не запрещённых законодательством Республики Таджикистан.

13. Финансовые средства Центра должны использоваться в соответствии с условиями, предусмотренными в кредитном и грантовом соглашениях по Проекту.

V. Управление деятельностью Центра

14. Высшим должностным лицом Центра является Директор, назначаемый на должность и освобождаемый от должности Правительством Республики Таджикистан по согласованию со Всемирным Банком.

15. К компетенции Директора Центра относятся:

- организация общего руководства всей деятельностью Центра;

- представление интересов Центра в государственных, неправительственных и международных организациях;

- утверждение структуры, штатного расписания, сметы расходов Центра и размера оплаты труда работников по согласованию с Министерством финансов и Всемирным Банком;

- заключение договоров (контрактов) и совершение иных действий в рамках Проекта;

- в пределах своей компетенции издание приказов и указаний, обязательных для исполнения всеми работниками Центра;

- распоряжение имуществом и средствами Центра, выдача доверенностей, подписание финансово-хозяйственных документов и совершение других действий в рамках Проекта, не противоречащих законодательству Республики Таджикистан и процедурам Всемирного Банка;

- открытие расчетных и иных счетов Центра, заключения трудовых контрактов и соглашений;

- назначение и освобождение сотрудников Центра в установленном порядке;

- совершение иной деятельности в соответствии с настоящим Уставом.

16. Директор Центра, осуществляет свою деятельность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и настоящим Уставом, подотчетен Правительству Республики Таджикистан и Всемирному Банку.

17. Директор Центра несёт персональную ответственность за выполнение возложенных задач и обязательств на Центр и устанавливает полномочия и ответственность работников Центра в соответствии с настоящим Уставом и функциональными обязанностями каждого работника.

VI. Учёт и отчётность

18. Бухгалтерский учёт и отчётность Центра осуществляется в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан для юридических лиц, а также в соответствии с международными стандартами и требованиями Всемирного Банка.

19. Итоги деятельности Центра отражаются в ежемесячных, ежеквартальных и годовых отчётах, представляемых Правительству Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Центру по координации внешней помощи Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан и Всемирному Банку(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.09.2005г.N357).

20. Финансовый и технический аудит Центра осуществляется независимыми аудиторами, отобранными в соответствии с установленными Всемирным Банком процедурами отбора.

VII. Реорганизация и ликвидация Центра

21. Реорганизация (слияние, присоединение, разделение, выделение, преобразование) и ликвидация Центра осуществляется по решению Правительства Республики Таджикистан в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке.