ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Маркази идораи лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳалли (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.09.2005с. № 357)
Бо мақсади таҷдиди системаи инфраструктураи коммуналӣ ва татбиқи самараноки Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳони ва мувофиқи моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоғикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳалли (коммунали) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммунали" агентии иҷроияи Лоиҳаи мазкур муайян карда шавад
2. Оинномаи замимагардидаи Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳалли (коммунали) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
3. Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгир кардани Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳалли (коммунали) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ошёнаи 4-уми бинои Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қаробоев 56 ҷудо намояд.
4. Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳалли (коммунали) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ сохтор, рӯйхати штати ва сметаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳалли (коммунали) дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 октябри соли 2004 № 408
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании Центра управления Проектом развития муниципальной (коммунальной) инфраструктуры в Республике Таджикистан
(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.09.2005г.N357)
В целях реформирования системы коммунальных инфраструктур и эффективной реализации Грантового соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Всемирным Банком, и в соответствии со статьей 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Создать Центр управления Проектом развития муниципальной (коммунальной) инфраструктуры в Республике Таджикистан.
Определить исполнительным агентством данного Проекта Государственное унитарное предприятие "Хочагии манзилию коммунали
2. Утвердить прилагаемый Устав Центра управления Проектом развития муниципальной (коммунальной) инфраструктуры в Республике Таджикистан.
3. Государственному комитету по управлению государственным имуществом Республики Таджикистан выделить 4-ый этаж Государственного унитарного предприятия "Хочагии манзилию коммунали" Республики Таджикистан, расположенного в городе Душанбе по улице Н. Карабаева 56, в качестве вклада Правительства Республики Таджикистан, для размещения Центра управления Проектом развития муниципальной (коммунальной) инфраструктуры в Республике Таджикистан.
4. Центру управления Проектом развития муниципальной (коммунальной) инфраструктуры в Республике Таджикистан по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан и Всемирным Банком разработать и утвердить структуру, штатное расписание и смету расходов на содержание аппарата Центра управления Проектом развития муниципальной (коммунальной) инфраструктуры в Республике Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 1 октября 2004 года N408
г. Душанбе