Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2003, № 223 "Дар бораи такмили механизми истеҳсол ва фурӯши пахта"

Санаи амалкуни: 03.08.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи такмили механизми истеҳсол ва фурӯши пахта

(қарор аз 3.08.2007с. № 419)

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 2002 № 899 "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини фаъолияти пурсамари хоҷагиҳои пахтакор ва сармоягузорон мавриди истеҳсол, коркард ва фурӯши пахта", бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандагони пахта ва сармоягузорон, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта, беҳтар кардани сифати он ва ташкили механизми соддаи фурӯши пахта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи замимагардидаи ташкили кори истеҳсол, коркард ва фурӯши пахта тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи талаботи Низомномаро дар корхонаю ташкилотҳо таъмин намояд(қарор аз 3.08.2007с. № 419).

3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон(қарор аз 3.08.2007с. № 419):

- меъёрҳои баромади миёнаи нахи пахта, тибит, торак, пати сиклонӣ, чигит, сақатҳои истеҳсолоти асосӣ ва табдили пахта ба навъҳои саноатии нахи пахтаро муқаррар намоянд;

- оид ба хароҷоти ниҳоии (хизматрасонии) заводҳои пахта, ки бо захира, нигоҳдорӣ, коркард, ҳамлу нақл ва истеҳсоли нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта вобаста мебошанд тавсияҳо таҳия намоянд.

- ҳаҷми ниҳоии хароҷоти ҳамлу нақлро вобаста ба фурӯши нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта барои эҳтиёҷоти дохили ҷумҳурӣ ва содиротӣ муайян намоянд (қарор аз 3.08.2007с. № 419).

4. Бақайдгирии шартномаҳои (қарордодҳои) байни истеҳсолкунандагони пахта ва сармоягузарон, ки мувофиқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд, ба зиммаи Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон вогузор карда шавад.

5. Бе эътибор дониста шаванд:

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 1998 № 10 "Дар бораи тадбирҳои таъмини рушди минбаъдаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 майи соли 1998 № 187 "Дар бораи ташкили кори маблағгузорӣ ба истеҳсоли пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 1998 № 324 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1998 № 369 "Дар бораи такмили баҳисобгирӣ, муайян кардани ҳаҷми истеҳсоли пахта, нахи пахта, дигар маҳсулоти пахта ва тартиби фурӯши онҳо";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1998 № 370 "Дар бораи ташкили корҳо оид ба сармоягузории истеҳсоли пахтаи ҳосили соли 1998 дар хоҷагиҳои ноҳияи Москваи вилояти Хатлон";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998 № 518 "Дар бораи тасдиқи Шартномаи намунавӣ ва Низомнома оид ба истеҳсоли муштараки пахта ва фурӯши маҳсулоти пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";

сархати панҷум ва шашуми банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 1999 № 241 "Дар бораи тадбирҳои танзими ситонидани музд барои хизматрасонии заводҳои пахтатозакунӣ ва такмили механизми фурӯши пахта";

ҷумлаи дуюми банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2001 № 237 "Дар бораи тадбирҳо оид ба беҳтар намудани савдои молҳои истеҳсоли ватанӣ дар бозори беруна".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Э. Раҳмонов

аз 15 майи соли 2003 № 223

ш. Душанбе