ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Масъалаҳои Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.02.2005с. № 199, аз 04.11.2002с. № 427,аз 30.04.2004с. № 198, аз 02.04.2005с. № 134, аз 03.05.2006с. № 204)
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2002 № 745 "Дар бораи таъсиси Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муқаррар карда шавад, ки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вориси ҳуқуқии Кумитаҳои барҳамдодашудаи андоз ва гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати амвол, инчунин вазифаҳо, функсияҳо, ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва дигар масъалаҳои бо санадҳои амалкунандаи меъёрию ҳуқуқи ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо гузошташуда мебошад.
2. Сохтори Дастгоҳи маркази ва Нақшаи идораи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Замимаҳои № 1 ва № 2 тасдиқ карда шаванд.
Номгӯи корхонаҳои тобеи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро дар асоси созишномаҳои дуҷониба анҷом медиҳанд, мувофиқи замимаи № 3 тасдиқ карда шавад
3. Шумораи ниҳоии кормандони Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ ва идораи рӯзномаи Вазорати мазкур) ба миқдори 3680 воҳид бо назардошти ҳайати хизматрасон муқаррар карда шавад.
4. Ба Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 5 муовинони Вазир, аз ҷумла як муовини аввали Вазир, муовини Вазир - сардори Департаменти андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазир - сардори Департаменти гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазир - сардори Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иборат аз 11 нафар ҳайати мушовара дошта бошад
Сархати дуюми банди 4 хориҷ карда шуд
5. Ба Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомобилҳои сабукрави хизмати ва дигар автомашинаҳо ба миқдори 180 воҳид муқаррар карда шавад.
6. Барои кормандони Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали муқаррароти санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо барои кормандони мақомоти андоз ва гумрук, хизматчиёни давлати оид ба додани унвонҳои тахассуси ва рутбаҳои махсус, пардохтҳои иловаги барои он, инчунин дигар имтиёзот ва ҳуқуқҳои иловагии дар лаҳзаи таъсиси ин Вазорат вуҷуддошта пешбини шудааст, нигоҳ дошта шавад.
7. Муқаррар карда шавад, ки:
а) Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умуми ва сметаи ҷамъбастии хароҷоти Саридораи полиси андозро дар доираи шумора ва маблағгузории буҷетии барои Вазорат тасдиқ намудаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
б) Сардори Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шумораи умуми ва сметаи ҷамъбастии хароҷоти тасдиқнамудаи Вазир рӯйхатҳои штати ва сметаҳои хароҷоти дастгоҳи марказии Саридораи полиси андоз ва воҳидҳои минтақавии полиси андозро тасдиқ мекунад;
в) Саридораи полиси андоз и Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои минтақавии он шахсони ҳудуди буда, муҳру штампҳои худро доранд ва аз ҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасони карда мешаванд
8. Қарорҳои зерин беэътибор дониста шаванд:
Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 1993 № 288 "Масъалаҳои Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон", ба истиснои банди 2-и он;
Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1994 № 85 "Дар бораи таъсиси Кумитаи гумруки назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон";
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 1995 № 107 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 1995 № 599 "Масъалаҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 301 "Дар бораи штатҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1999 № 276 "Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 1995 № 599";
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 1999 № 293 "Дар бораи шумораи штатии Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 1999 № 508 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1999 № 276";
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2000 № 83 "Масъалаҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2001 № 250 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 1995 № 599".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 12 феврали соли 2002 № 48
ш. Душанбе
Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 декабри соли 2005 № 483
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон(ВДПД ҶТ)
1. Вазир
2. Муовини аввали Вазир
3. Муовини Вазир
4. Муовини Вазир - Сардори Департаменти андози ВДПД ҶТ
5. Муовини Вазир - Сардори Департаменти гумруки ВДПД ҶТ
6. Муовини Вазир - Сардори Саридораи полиси андози ВДПД ҶТ
7. Ёварони Вазир
8. Идораи ташкили - маҷмӯи
9. Идораи маъмурияти андоз ва гумрук
10. Идораи технологияи иттилооти
11. Идораи ҳамкориҳои байналмилали
12. Идораи кадрҳо ва сиёсати кадри
13. Идораи ҳуқуқ
14. Идораи молиявию иқтисоди
15. Идораи амнияти дохили
16. Мудирияти корҳо
17. Қисми махсус
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 декабри соли 2005 № 483
Нақшаи идораи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон(ВДПД ҶТ)
1. Дастгоҳи маркази
2. Департаменти андоз
3. Департаменти гумрук
4. Саридораи полиси андоз
5. Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи ВДПД ҶТ
6. Донишкадаи такмили ихтисоси ВДПД ҶТ
7. Намояндаҳои ВДПД ҶТ дар мамлакатҳои хориҷи
8. Редаксияи рӯзномаи ВДПД ҶТ
9. Редаксияи маҷаллаи ВДПД ҶТ
10. Нозироти андозсупорандагони калони ВДПД ҶТ бо шӯъбаҳо дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе
11. Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктураи назди ВДПД ҶТ"
Замимаи № 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 феврали соли 2002 № 48
Номгӯи корхонаҳои тобеи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро дар асоси созишномаҳои дуҷониба анҷом медиҳанд
1. Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмони Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2. Корхонаи воҳиди давлатии "Матбааи Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"