ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи мудофиаи гражданӣ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 2, мод. 38; с. 2007, № 3, мод. 161; с. 2014, № 11, мод. 656)
(Қонуни ҶТ аз 5.03.2007 № 229, аз 27.11.2014 № 1147, аз 2.01.2019 № 1565)
Қонуни мазкур вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқии ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, инчунин қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян менамояд .
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳуми мудофиаи гражданӣ
Мудофиаи гражданӣ - маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатии мудофиавӣ ва муҳофизатие мебошад, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Тоҷикистон то оғоз ва ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ равона шудаанд .
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 3. Вазифаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаҳои асосии мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
- пешакӣ, дар замони осоишта, ба нақша гирифтан ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ оид ба омода сохтани аҳолӣ ва ҳудуди Тоҷикистон баҳри ҳимоя ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ ва баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт дар замони ҷанг ;
- таъсис додан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани мақомоти идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, системаи идора, алоқа ва огоҳонӣ, барои иҷрои вазифаҳо дар замони ҷанг;
...