ҚОНУН ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУДОФИА
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №23-24, мод. 366; с. 1998, №23-24, мод. 353; с. 1999, №12, мод. 310; с. 2000, №11, мод. 537; мод. 549; с. 2003, №4, мод. 144; с. 2004, №2, мод. 36; с. 2005, №3, мод. 119; №12, мод. 659; с. 2007, №5, мод. 357; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 804; с. 2013, №7, мод. 515)
(Конуни ҶТ аз 13.11.1998 № 731, аз 10.12.1999 № 871, аз 29.11.2000 № 23, аз 29.11.2000 № 29, аз 22.04.2003 № 14, аз 28.02.2004 № 4, аз 1.03.2005 № 80, 28.12.2005 № 147, аз 12.05.2007 № 248, аз 29.12.2010 № 642, аз 22.07.2013 № 987, аз 26.07.2014 № 1098, аз 08.06.2022 № 1875)
Қонуни мазкур асосҳо ва ташкили мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатхои мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро дар соҳаи мудофиа муайян мекунад .
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Асосҳои мудофиа
Зери мафҳуми мудофиа системаи тадбирҳои сиёси, иқтисоди, иҷтимои, ҳарби, ҳуқуқи, экологи ва ғайра фаҳмида мешавад, ки ба таъмини мустақилият, якпорчаги ва дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳури, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳоли равона карда шудааст.
Мудофиа яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, кори тамоми халқ ба ҳисоб меравад.
Мудофиа бо омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, иқтисодиёт, ҳудуд ва аҳолии ҷумҳури барои пешгирии таҳдиди таҷовуз, инчунин зада гардонидани таҷовузи имконпазир дар ҳама вақту ҳолат асос меёбад.
Мудофиа тибқи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ташкил ва татбиқ карда мешавад .
Барои мудофиа бо истифодаи воситаҳои муборизаи мусаллаҳ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешаванд ва ӯҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ба мудофиа бо истифодаи воситаҳои муборизаи мусаллаҳона Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардашудаи соҳаи мудофиаро иҷро мекунанд, ҷалб карда мешаванд. Дар мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ иштирок карда метавонанд
Ба ғайр аз ин ба мудофиа Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои хоси аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянкардашудаи соҳаи мудофиаро иҷро мекунад, ҷалб карда мешавад .
Қисми ҳаштум хориҷ карда шуд .
Мавҷудият ва ташкили дигар сохторҳои ғайриқонунии ҳарби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Қонун таъкиб карда мешавад .
Моддаи 2. Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи сиёсати дохили ва берунаи давлат буда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба ҳисоб гирифтани доктрина (таълимот)-и ҳарби ва асосҳои мудофиа ташкил карда мешавад.
Моддаи 3. Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи усули басандагии мудофиа дар сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳ амал карда, ба он асос меёбад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ҷанг ё истифодаи қувваи ҳарбиро чун воситаи ҳалли масъалаҳои байналмилалли эътироф намекунад;
давлати дорои силохи ядроӣ нест ва кӯшиши истеҳсол кардану ба даст овардани силоҳи ядроӣ ё истифодаи онро Тз ҳудуди худ надорад ();
ба ягон давлат даъвои арзи надорад ва дар симои ягон халқ душманро намебинад;
хеҷ гоҳ, аввалин шуда ба муқобили хеҷ мамлакате амалиёти ҷангиро сар намекунад, агар худи вай ҳадафи таҷовуз қарор нагирад;
муҳофизати сулҳ ва амнияти байналмилалиро чун кафолати пойдории аҳли башар эътироф менамояд.
Моддаи 4. Ташкили мудофиа
Ба ташкили мудофиа инҳо дохил мешаванд:
танзими ҳуқуқи дар соҳаи мудофиа;
таҳия кардани сиёсати ҳарби ва доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
пешгӯи ва баҳодиҳи ба таҳдиди ҳарби;
сохтмон, тайёри ва дар ҳолати омодаги нигоҳ доштани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба нақша гирифтани истифодаи онҳо;
таъмини ҳамкории ҳарбию сиёси бо дигар давлатҳо ва мутобиқ намудани қувваҳо барои пешгирии таҷовуз;
ҳифзи сарҳади давлати;
таҳия, истеҳсол ва такмили силоҳу техникаи ҳарби, ба вуҷуд овардани захираи онҳо ();
омодагӣ ба сафарбарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо ();
тараққиёти илми ҳарби, конверсия ва реконверсияи саноати мудофиави;
ба вуҷуд овардани захираи сарватҳои модди дар манбаъҳои давлати ва сафарбарӣ ();
ба нақша гирифтан ва амали гардонидани чорабиниҳои мудофиаи граждани ва ҳудуди;
таъмини махфи доштани сирри давлати ;
мутобиқ кардани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати дар соҳаи мудофиа;
назорати иҷрои Қонунҳо дар соҳаи мудофиа ва сарфи воситаҳои буҷет барои мудофиа;
чорабиниҳои дигар дар соҳаи мудофиа.
Моддаи 5. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад .
БОБИ II. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ВА ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ ДАР СОҲАИ МУДОФИА
Моддаи 6. Салоҳияти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар соҳаи мудофиа
Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя :
- хориҷ карда шуд ();
- ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ризоият медиҳанд;
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаи олии ҳарби сарфароз мегардонанд ;
- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҷори намудани ҳолати ҷанг ва вазъияти фавқулода, дар бораи истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарби дар сурати ба вуҷудои ё таҳдиди бавуҷудоии низоъҳои мусаллаҳона дар ҳудуди ҷумҳури, ки ба якпорчаги ва асосҳои сохтори конститутсионии давлат таҳдид мекунанд, дар хусуси сафарбарии умуми ва ҷузъи, дар бораи ҷавобшави аз онҳо, дар бораи ташкил ва барҳам додани ҳокимияти маҳаллии давраи ҷанг, қатъ кардани ҷанг ва бастани сулҳ, дар бораи таъин ва озод намудани вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд ();
- масъалаҳое, ки бо сарҳади давлати вобастаанд, танзим намуда, тартиби онро муқаррар мекунанд .
Салоҳияти Маҷлиси милли:
- қонунҳоеро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон дар соҳаи мудофиа қабул мешаванд, ҷонибдори мекунад;
- барои таъин ва озод намудани сарпрокурори ҳарби ризоият медиҳад;
- бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб мекунад ва бозмехонад ();
- масъалаи бекор кардани дахлнопазирии судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барраси менамояд.
Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:
- қонунҳоро дар соҳаи мудофиа қабул менамояд ;
- аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул мекунад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;
- хориҷ карда шуд ();
- ҳаҷми маблағҷудокуниро аз буҷет барои мудофиа тасдиқ мекунад ();
- шартномаҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳарби тасдиқ ва бекор мекунад;
- рутбаҳои ҳарбиро муқаррар мекунад;
- матни Савганди ҳарби, Оинномаҳои умумиҳарби, байрақҳои ҷанги ва парҷамҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад .
Моддаи 7. Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди таъмини қобилияти мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагии доимии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро меандешад .
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
доктринаи ҳарбӣ, ҳайат, сохтори умумӣ ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари ҳарбиро тасдиқ менамояд ();
фаъолияти ташкилотҳои давлатиро дар соҳаи мудофиа бо ҳам мутобиқ мегардонад;
самтҳои асосии ҳамкориро бо давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилали дар соҳаи ҳарби муайян мекунад .
Шӯрои амниятро ташкил намуда, ба он роҳбари мекунад;
гуфтушунидҳо мегузаронад ва оиди масъалаҳои ҳарби шартномаҳои байналмилалиро имзо менамояд;
барои гузаронидани озмоишҳои махсуси аслиҳаву техника рухсат медиҳад;
консепсия ва нақшаҳои сохтмони ҳарби, нақшаҳои сафарбарӣ, стратеги ва ғайраро, ки бо амалкунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд, тасдиқ мекунад ();
бо пешниҳоди вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои ҷобаҷогузории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарби, ҷобаҷокунии объектҳои ҳарбиро тасдиқ менамояд ();
ҳолати ҷанг, сафарбарии умуми ва ҷузъи, ҳолати ҳарбиро дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар маҳалҳои алоҳидаи он эълон карда, бетаъхир ба тасдиқи ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад );
ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалиёти ҳарбӣ, инчунин оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои мудофиаи ҳудудӣ фармон медиҳад ();
оиди истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарби дар сурати ба вуҷудои ё таҳдиди бавуҷудоии низоъҳои мусаллаҳона дар ҳудуди ҷумҳури, ки ба якпорчаги ва асосҳои сохтори конститутсионии давлат таҳдид мекунад, фармонҳо медиҳад, ки баъдан ин қарорҳо дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда мешаванд );
дар хусуси ташкил, аз нав ташкил кардан ва барҳам додани қисмҳои ҳарбӣ фармон медиҳад ();
дар бораи муваққатан ё доими ба ихтиёри фаврии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани сохторҳои ҳарби фармон медиҳад ;
санадҳои меъёрии замони ҷангро дар амал ҷорӣ мекунад ва амали онҳоро қатъ менамояд, онҳоро барои тасдиқ ба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд ;
оиди даъвати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарби фармонҳо мебарорад;
Низомномаро дар бораи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хусуси ёд намудани Савганди ҳарби оиди масъулияти моддии хизматчиёни ҳарби барои зарари ба давлат расонида ва дигар масъалаҳое, ки дар қонунҳо мустақиман ишора шудаанд, тасдиқ мекунад номгӯи мансабҳоеро, ки ба онҳо ҳайати олии афсари таъин мешаванд муқаррар мекунад ;
нақшаи мудофиаи граждани ва ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намуда, фармонро барои тасдиқ ба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд ;
Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ;
рутбаҳои олии ҳарбиро медиҳад ;
барномаҳо ва нақшаҳои давлатии тараққиёти аслиҳа ва техникаи ҳарбиро дар ҳаҷми маблағҳои ҷудокардашуда тасдиқ мекунад;
сиёсати ҳарбии давлатиро муайян мекунад ;
Моддаи 8. Ваколатхои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти роҳбарии дастҷамъона ба шумор меравад.
Ваколатҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амният" ва Низомнома оиди Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян мекунанд.
Моддаи 9. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ:
барои ҳолати қобилияти мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар аст;
ба фаъолияти мақомоти ба вай тобеъ оиди таъмини мудофиа, таҷҳизонидани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарби бо аслиҳа, техникаи ҳарби ва воситаҳои дигари модди роҳбари мекунад;
ҳаҷми манбаъҳои моддию техники, хӯроквори, амволу ашёи барои мудофиа, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳарбии дигар заруриро муайян мекунад;
таҳия ва иҷрои нақшаву супоришҳои сафарбарӣ, нақшаҳои захираи манбаъҳои сафарбарӣ ва давлатиро ташкил мекунад ();
ташкили инфрасохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбиро таъмин менамояд ();
ба мудофиаи граждани, ҳудуди, омодагии сафарбарӣ, густариши сафарбарии иқтисодиёт ва ба шароити замони ҷанг мувофиқ гардонидани он роҳбари мекунад, доир ба масъалаҳои мазкур санадҳои меъёрии мувофиқ интишор мекунад ();
дар соҳаи ҳарби аз номи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалиро оиди масъалаҳое, ки бевосита ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд, мебандад ва бекор мекунад;
дар ҳудуди ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда иҷрои ӯҳдадориҳоеро ташкил мекунад, ки дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиа дарҷ шудаанд;
оиди таъмини иҷтимоии хизматчиёни ҳарби шахсоне, ки аз хизмати ҳарби озод шудаанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо кори ташкилотҳои тобеъро ташкил менамояд;
барои ҳайати граждании Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарби, инчунин барои коргарону хизматчиёни корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳои мудофиави вобаста аз шароити меҳнат имтиёзҳо муқаррар мекунад;
тартиби супурдан, ба ичора додан, фурӯхтан, барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани аслиҳаву техникаи ҳарби, объектҳои мудофиави ва дигар амволи ҳарби пешниҳод ва истифодаи заминҳо ва дигар манбаъҳои табиии барои мудофиа зарурро муқаррар мекунад ;
коркард ва истеҳсоли аслиҳаву техникаи ҳарби, конверсия, реконверсия ва тараққиёти саноати мудофиавиро ташкил мекунад;
содирот ва воридоти аслиҳаву техникаи ҳарби ашёи стратеги, технологияи пешқадам ва маҳсулоти таъминоти гуногундараҷаро назорат менамояд;
дар бораи ташкил, тағйири таъинот ва барҳам додани корхонаҳои давлатии мудофиа, ташкилотҳои тадқиқоти илми ва озмоишии конструктори, муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касби, кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касби қарор қабул мекунад, инчунин аз рӯи ихтисосҳои ҳарби тартиби тайёр кардани кадрҳои афсариро муайян менамояд ;
Низомномаи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарби, оид ба тартиби адои хизмати ҳарби, дар хусуси баҳисобгирии низомиён, даъватшудагон ва манбаъҳои техника, дар бораи гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарби, оиди кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касби ва дигар низомномаҳоеро, ки ҳаёту фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбиро танзим менамоянд, тасдиқ мекунад;
муовинони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад ).
Моддаи 10. Ваколатҳои ҳокимияти суди
Ҳокимияти суди дар ҳудуди ваколатҳои худ дар таъмини мудофиа иштирок мекунад.
хориҷ карда шуд ().
Моддаи 11. Ваколатҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
барои ҳолати омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст;
мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати соҳаи сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ менамояд ;
дар омода сохтани пешниҳодҳо дар соҳаи сиёсати ҳарби ва доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд );
таклифро оид ба лоиҳаи буҷети ҳарби омода месозад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, дар хусуси истифодаи маблағҳои барои мудофиа ҷудогардида ҳисобот медиҳад ();
таъминоти молияви, техники ва ақибгоҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро амали менамояд;
дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмати ҳарбиро ташкил мекунад ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарби, ҳайати граждании Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони аз хизмати ҳарби рухсатшуда ва аъзои оилаи онҳоро таъмин менамояд ();
тарбияи ҳуқуқи, маънави ва ҳарбии ватандустии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил ва таъмин менамояд;
ба ташкилотҳои мададгори мудофиа ва клубҳои ҳарбии ватандӯсти барои амали намудани вазифаҳои оинномавии онҳо ба манфиати мудофиа ҳамкори менамояд;
дар асоси шартнома корҳои тадқиқоти илми ва озмоиши конструкториро дар соҳаи мудофиа, истеҳсол ва хариди аслиҳа ва техникаи ҳарби, озуқа, пӯшока ва амволи дигар, манбаъҳои модди ва ғайраҳо, инчунин корҳои пудрати ва хизматҳоро барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маблағи ба ин мақсадҳо ҷудошуда фармоиш медиҳад ва маблағгузори мекунад;
бо муассисаҳои ҳарбии дигар кишварҳо ҳамкори мекунад;
ба илми ҳарби роҳбари мекунад, тадқиқоти илмии ҳарби ташкил мекунад ва мегузаронад;
иҷрои қонунгузориро дар соҳаи мудофиа дар Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бобати ҳифзи муҳити зист ҳангоми фаъолияти онҳо таъмин менамояд;
дар ҳудуди ваколати худ сиёсати кадриро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали менамояд;
муборизаро бар зидди терроризм аз ҷумла таъминкунии амнияти худии зидди терроризм аз ҷумла таъминкунии муқаррарнамудаи ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба амал мебарорад );
дигар ваколатҳоро, ки дар асоси низомномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, иҷро мекунад.
Моддаи 12. Ваколатҳои вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа
Вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба тайёрии сафарбари дар системаи вазоратҳо ва идораҳо роҳбари менамоянд ва дар лоиҳаҳои тараққиёти иқтисоди ва иҷтимоии соҳа оиди истеҳсоли маҳсулот ва молҳои таъиноти ҳарби, сохтмони объектҳои мудофиави, тайёр намудан ва такмил додани дониши ҳарбии қувваҳои дар эҳтиёт буда, ҷудо намудани маблағҳои даркории моддию молияви барои эҳтиёҷи мудофиа ва иҷрои вазифаҳои сафарбари фармоишҳои дахлдор пешбини менамоянд;
ташкил, тараққи ва нигоҳдории иқтидорҳои сафарбари, ҷамъоварии захираҳои давлати ва сафарбариро анҷом медиҳанд ();
чорабиниҳои мудофиаи граждани ва ҳудудиро ташкил намуда, мегузаронанд ва иҷрои онро аз тарафи сохторҳои идоракуни ва истеҳсолии тобеъашон назорат намуда, барои ин мақсадҳо маблағ ҷудо мекунанд;
иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои мудофиа дар соҳа ва харҷи маблағҳоеро, ки ба сохторҳои тобеъ барои мудофиа ҷудо карда мешаванд, назорат мекунанд.
Дигар ваколатҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд.
Моддаи 13. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои худ барои ҳолати мудофиа, аз ҷумла мудофиаи граждани ва ҳудуди масъуланд ва таъмини чорабиниҳои зеринро ба ӯҳда доранд :
иҷрои ҳатмии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ташкилоту муассисаҳои тобеъ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ;
таъмин кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарби бо маҳсулоти истеҳсоли маҳалли, бо об, қувваи барқию гарми, воситаҳои алоқа, хизматрасонии коммуналию манзили ва ғайра;
иҷрои чорабиниҳои ҳифзи иҷтимои-ҳуқуқии хизматчиёни ҳарби, даъватшавандагон, шахсони ӯҳдадори ҳарби ва аъзои оилаи онҳо ба тавре, ки қонун муайян намудааст;
қайди ҳарби ва тайёрии шаҳрвандон ба хизмати ҳарби, даъвати онҳо ба хизмати ҳарби, ҷамъомадҳои ҳарби ва сафарбари;
иҷрои барномаи гузаронидани иқтисодиёт ба низоми кории ҳолати ҷанги, ҷиҳозонидани ҳудуди кишвар ба манфиати мудофиа ();
иҷрои нақшаю супоришҳои сафарбари;
ҳифозати қабристонҳои ҳарби ва дигар объектҳои ҳарбие, ки хотираи шахсони дар роҳи муҳофизати Ватан ҳалокшударо абади мегардонанд.
ҷудо намудани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти мудофиа ва назорат ба истифодаи онҳо;
кӯмак расонидан ба ҷойгирони ва манзилгирии қӯшун;
ҳамкори бо мақомоти идоракунии ҳарби ва идоракунии қӯшун дар маҳалҳо оиди масьалаҳои мудофиа.
БОБИ III. ВАЗИФАҲОИ КОРХОНАҲО, МУАССИСАҲО, ТАШКИЛОТҲО ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОР, ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ МУДОФИА
Моддаи 14. Вазифаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар соҳаи мудофиа
Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз тобеияти идори ва шакли моликияташон мутобиқи санадҳои қонунгузори ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон :
фармоишҳои давлати ва ӯҳдадориҳои шартномавиро оиди ташкил, истеҳсол, таъин ва таъмири аслиҳа ва техникаи ҳарби, дигар амвол ва захираҳои ҳарби, корҳои пудрати ва адои хизматҳо барои эҳтиёҷи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарби иҷро мекунанд ();
тадқиқоти илми ва иктишофоти соҳаи мудофиаро анҷом медиҳанд;
тибқи барномаҳои сафарбари иқтидори захираҳои лозимаи сафарбариро ташкил медиҳанд ва дар ҳолати омодаги нигоҳ медоранд, вазифаҳои ҳарбии нақлиёти ва коммуникатсиони ва дигар супоришҳоро иҷро мекунанд ();
дар чорабиниҳои мудофиаи граждани ва ҳудуди иштирок менамоянд;
ба коркунони худ барои иҷрои ӯҳдадориҳои ҳарбиашон шароити мусоид фароҳам меоваранд;
барои эҳтиёҷи мудофиа, ки тибқи Қонуни мазкур муайян гардидааст, хароҷоти лозима мекунанд;
барои иҷрои нақшаи гузаронидани иқтисодиёт ба кори шароити давраи ҷанг чораҷӯи мекунанд;
шаҳрвандонеро, ки барои хизмати ҳарби даъват мешаванд ва ӯҳдадорони ҳарбиро ба қайди ҳарби гирифта, кормандонро дар давраи ҷанг брон мекунанд.
Шахсони мансабдор тибқи мансаби ишғолкардаашон бояд вазифаҳои худро оиди масъалаҳои мудофиа, агар чунин вазифаҳо мутобиқи қонунгузори ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шуда бошанд, донанд ва иҷро намоянд .
Моддаи 15. Вазифаҳои иттиҳодияҳои ҷамъияти ва ташкилотҳои мусоидати мудофиа
Иттиҳодияҳои ҷамъияти, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои мусоидати мудофиа дар фаъолияти худ бояд қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд, ба фошгардии сирри давлати роҳ надиҳанд, дар мустаҳкам гардонидани қобилияти мудофиавии давлат ва тарбияи ҳарби-ватандӯстии шаҳрвандон кӯмак расонанд аз имкониятҳои худ истифода бурда, дар иҷрои сафарбарӣ ва вазифаҳои замони ҷанг иштирок намоянд ).
Ташкилотҳои мусоидати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон илова бар ин барои сифати тайер намудани мутахассисон аз рӯи талабномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарби масъуланд ва вазифадоранд, ки:
навъҳои варзиши техники, авиатсиони, ҳарби-амали ва эҷодиёти техникаи ҷавононро равнақ диҳанд;
дар асоси худмаблағгузори тайёр намудани шахсони дорои ихтисосҳои оммавии техникаро, ки аҳамияти ҳарби-амали доранд, ба роҳ монанд;
дар вақти ҷанг дар таълими умумии ҳарбии аҳоли ва бо истифодаи имкониятҳои худ ҳал намудани вазифаҳои сафарбари иштирок кунанд.
Фаъолияти ҳизбҳои сиёси ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъияти, ки ба хароб намудани Мудофиа ва тайёрии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар вазифаҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, манъ аст.
Моддаи 16. Ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиави вазифаи муқаддаси конститутсионии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи он вазифаи фахри мебошад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонун:
ӯҳдадории ҳарбиро иҷро мекунанд ё ихтиёри ба хизмати ҳарбии дохил мешаванд ;
дар чорабиниҳои мудофиаи граждани ва ҳудуди иштирок мекунанд;
метавонанд корхонаву ташкилотҳои ҷамъияти, ки барои мустаҳкам намудани мудофиа равона гардидаанд, ташкил кунанд;
дар вақти ҷанг бо талаби мақомоти амалкунандаи ҳокимият биноҳо, иншоотҳо, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволеро, ки моликияти онҳост, бо роҳи минбаъд аз тарафи давлат ҷуброн кардани онҳо барои эҳтиёҷоти мудофиа медиҳанд.
БОБИ IV. ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДИГАР ВОҲИДҲОИ ҲАРБИ
Моддаи 17. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори ҳарбии давлати мебошад, ки барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии ҷумҳури аз таҷовуз таъин гаштааст.
Вазифа, тартиби пуррасози ва идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои қонунгузори муайян мегардад.
Моддаи 18. Воҳидҳои дигари ҳарби
Таъинот, вазифаҳо, тартиби пурра кардан ва идоракунии воҳидҳои ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд .
Дар замони ҷанг воҳидҳои ҳарбии номбурда ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
БОБИ V. ҲОЛАТИ ҶАНГ. ВАЗЪИЯТИ ҲАРБИ. САФАРБАРӢ
Моддаи 19. Ҳолати ҷанг. Замони ҷанг
Ҳолати ҷанг дар сурати ба хатари воқеи дучор шудани амнияти давлат, ки дар шакли таҷовуз ё хатари таҷовузи зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст, инчунин дар сурати зарурати иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мегардан. Бо эълони ҳолати ҷанг ё оғози амалиёти ҳарби замони ҷанг фаро мерасад. Оғози замони ҷанг рӯз ва соати эълони ҳолати ҷанг ё таҷовуз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад.
Анҷоми замони ҷанг рӯз ва соати эълоншудаи ба охир расидани амалиёти ҳарби ҳисоб меёбад.
Дар сурати таҷовуз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармондеҳии ҳарби, мақомоти ҳокимияти давлати ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот эълони ҷангро интизор нашуда, вазифадоранд барои зада гардонидани таҷовуз тамоми чораҳоро андешанд .
Моддаи 20. Вазъияти ҳарби
Вазъияти ҳарби дар маҳалҳои ҷудогона ё дар тамоми ҳудуди ҷумҳури дар сурати эълони ҳолати ҷанг ё ҳангоми хатари воқеии амнияти давлат, ки дар хатари таҷовуз ё таҷовузи зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷори мегардад .
Бо ҷорй гардидани вазъияти ҳарби ваколатҳои фармондеҳии ҳарби васеъ мегардад, ба ӯ вазифаҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия дар соҳаи мудофиаи тибқи тартиби муайяннамудаи қонун мегузарад.
Дар давоми вазъияти ҳарби барои манфиати мудофиа фаъолияту ҳуқуқи корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо, инчунин ҳуқуқи конститутсиони ва озодии шаҳрвандон маҳдуд гардида, ваколатҳои мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ васеъ мегардад.
Вазъияти ҳарби баробари бартараф шудани хатари таҷовуз ё анҷоми ҳолати ҷанг бекор карда мешавад.
Низоми ҳолати ҳарби тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
Моддаи 21. Сафарбари
Бо эълони ҳолати ҷанг ё вазъияти ҳарби сафарбарии умуми ё ҷузъи ба мақсади татбиқи чорабиниҳо барои гузаронидани мақомоти ҳокимияти давлати ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо аз низоми кори замони осоишта ба низоми кори замони ҷанг, инчунин гузаронидани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкил, ҳайат ва идоракунии қӯшунҳо, ки барои замони ҷанг пешбини гардидааст, эълон карда мешавад .
Тартиби омода кардан ва гузаронидани сафарбари тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
БОБИ VI. МУДОФИАИ ГРАЖДАНИ ВА ҲУДУДИ
Моддаи 22. Мудофиаи граждани
Мудофиаи граждани ба мақсади ҳифзи аҳоли, корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо аз харобшави ва дигар хатарҳо, ки дар натиҷаи амалиёти ҷанги, инчунин дар ҳолати офатҳои табии, садамаҳо, фалокатҳо, эпидемияҳо, муромурии ҳайвонот ва дигар ҳолатҳои фавқулода ба амал меоянд, ташкил мегардад .
Таъинот, вазифаҳо, ташкил ва идоракунии мудофиаи граждани тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд.
Моддаи 23. Мудофиаи ҳудудӣ
Мудофиаи ҳудудӣ ба мақсади бастан, мудофиа ва муҳофизат кардани сарҳади давлати, объектҳои муҳим ва роҳҳои алоқа аз ҳуҷуми душман, мубориза бо десантҳои он ва гурӯҳҳои диверсиони-иктишофи нигоҳ доштани тартиботи ҳолати ҳарби ташкил мегардад.
Вазифаҳо ва ташкили мудофиаи ҳудуди, тартиби ҳамкории қувваҳо ва воситаҳои он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
БОБИ VII. ТАЪМИНОТИ ИҚТИСОДИИ МУДОФИА
Моддаи 24. Омода сохтани иқтисодиёт ба таъмини мудофиа
Омода сохтани иқтисодиёт ба таъмини мудофиа ба ӯҳдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
Барои омода сохтани иқтисодиёт ба таъмини мудофиа дар замони осоишта инҳо пешаки ташкил ва истифода мешаванд:
иқтидори илми-техники ва қудрати истеҳсоли барои гузаронидани таҳқиқот, коркард ва ташкили истеҳсоли маводи таъиноти ҳарби ва мудофиави;
системаҳои ғункунии захираҳои модди, манбаъҳои молияви ва модди;
системаҳои нархгузори, андозҳо, қарзҳо, мӯҷизоти иқтисоди, меъёри ва иҷрои фармоишҳои давлати ва шартномаҳои хусусияти мудофиави дошта;
системаҳои чорабиниҳо дар бобати омодагии сафарбарии иқтисодиёт ва идоракунии он дар замони осоишта.
Моддаи 25. Таъмини кадрии мудофиа
Ба мақсади қонеъ гардонидани талаботи мудофиа омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳои ҳарби дар муассисаҳои ҳарбии таълимии таҳсилоти касби ва дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касби, инчунин, тибқи созишномаҳои байнидавлати дар хориҷа сурат мегирад .
Барои иҷро намудани чорабиниҳо дар соҳаи мудофиа, аз ҷумла мудофиаи граждани ва ҳудуди дар назди вазоратҳо шуъбаҳои махсус ва намояндагии ҳарби ташкил мегарданд, ки ваколати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 26. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мудофиа
Маблағгузории эҳтиёҷоти мудофиа, сохтмон ва нигохдории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ аз ҳисоб ва дар доираи маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд ва таъминоти моддию техникии онҳо ба тариқи афзалиятнок сурат мегирад
Моддаи 27. Истифодаи амвол ба манфиати мудофиа
Объектҳои ҳарби, ҳамаи навъҳои силоҳ, техникаи ҳарби, лавозимоти ҷанги ва дигар амволи ҳарби-техники моликияти ҷумҳурияви ҳисоб меёбанд ва дар ихтиёри оперативии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарби мебошанд. Зимнан объектҳои ҳарбие, ки аз тарафи сохторҳои номбурда дар замони осоишта истифода намегарданд, бояд консерватсия карда шаванд ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати барои истифодаи муваққати (аз ҷумла ба иҷора) дода шаванд .
Дар ҳолате, ки истифодаи объектҳои мудофиави нолозим мегардад, ин объектҳо метавонанд тибқи шарту тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, фурӯхта шаванд.
Моддаи 28. Додани замину иншоот, объектҳо ва амволи дигар барои эҳтиёҷоти мудофиа
Ҷудо намудани қитъаҳои замин, манбаъҳои табиии дигар, додани биноҳо, иншоот, объектҳо ва дигар молу мулк барои эҳтиёҷоти мудофиа ва баргардондани онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад
БОБИ VIII. ӯҲДАДОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИ-ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 29. Риояи меъёрҳои байналмилалли-ҳуқуқи
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташкил ва амали кардани мудофиа вазифадор аст, ки меъёрҳои ҳуқуқи башар ва шартномаҳоеро, ки худ иштирокчии он аст, риоя намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташкил ва амали кардани мудофиа бартарии санадҳои байналмилалли ҳуқуқиро дар соҳаи мудофиа ва амният нисбати қонунгузории милли дар ин соҳаҳо эътироф мекунад .
Дар ҳолатҳои ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалли мувофиқат накардани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа санадҳои ҳуқуқии байналмилалли ба кор бурда мешаванд .
Моддаи 30. Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо дар соҳаи мудофиа
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҳуқуқи мудофиаи инфироди ва коллективи такя намуда, бо дигар кишварҳо дар соҳаи сохтмони ҳарби ба мақсади таъмини мудофиаи якҷоя аз таҷовуз, нигоҳдории амният ва сулҳи байналмилалли ҳамкори менамояд .
БОБИ IХ. МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ВАЙРОН НАМУДАНИ ҚОНУНГУЗОРИ ОИДИ МУДОФИА
Моддаи 31. Масъулият барои вайрон намудани қонунгузори оиди мудофиа
Агар шахсони мансабдор ва шаҳрвандон қонуни мудофиаро иҷро накунанд ва ё ба таври бояду шояд иҷро накунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
4 ноябри соли 1995 № 208
ҚОНУН ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУДОФИА
(Конун аз 13.11.1998 № 731, аз 10.12.1999 № 871, аз 29.11.2000 № 23, аз 22.04.2003 № 14, аз 28.02.2004 № 4, аз 1.03.2005 № 80, 28.12.2005 № 147,аз 12.05.2007 № 248)
Қонуни мазкур асосҳо ва ташкили мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатхои мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии маҳалли, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро дар соҳаи мудофиа муайян мекунад (Қонун аз 28.12.05с. № 147).
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Асосҳои мудофиа
Зери мафҳуми мудофиа системаи тадбирҳои сиёси, иқтисоди, иҷтимои, ҳарби, ҳуқуқи, экологи ва ғайра фаҳмида мешавад, ки ба таъмини мустақилият, якпорчаги ва дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳури, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳоли равона карда шудааст.
Мудофиа яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, кори тамоми халқ ба ҳисоб меравад.
Мудофиа бо омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, иқтисодиёт, ҳудуд ва аҳолии ҷумҳури барои пешгирии таҳдиди таҷовуз, инчунин зада гардонидани таҷовузи имконпазир дар ҳама вақту ҳолат асос меёбад.
Мудофиа тибқи Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ташкил ва татбиқ карда мешавад (Конун аз 12.05.2007 № 248).
Барои мудофиа бо истифодаи воситаҳои муборизаи мусаллаҳ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешаванд ва ӯҳдадории ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ба мудофиа бо истифодаи воситаҳои муборизаи мусаллаҳона Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардашудаи соҳаи мудофиаро иҷро мекунанд, ҷалб карда мешаванд. Дар мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ иштирок карда метавонанд (Конун аз 12.05.2007 № 248).
Ба ғайр аз ин ба мудофиа Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои хоси аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянкардашудаи соҳаи мудофиаро иҷро мекунад, ҷалб карда мешавад (Қонун аз 13.11.98с. № 731, Қонун аз 10.12.99с. № 871, Қонун аз 1.03.05с. № 80, Қонун аз
28.12.05с. № 147, аз 12.05.2007 № 248). Қисми ҳаштум хориҷ карда шуд (Қонун аз 22.04.03с. № 14).
Мавҷудият ва ташкили дигар сохторҳои ғайриқонунии ҳарби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Қонун таъкиб карда мешавад (Қонун аз 22.04.03с. № 14).
Моддаи 2. Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи сиёсати дохили ва берунаи давлат буда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонун аз 29.11.00с. № 23).
Сиёсати ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ба ҳисоб гирифтани доктрина (таълимот)-и ҳарби ва асосҳои мудофиа ташкил карда мешавад.
Моддаи 3. Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи усули басандагии мудофиа дар сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳ амал карда, ба он асос меёбад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ҷанг ё истифодаи қувваи ҳарбиро чун воситаи ҳалли масъалаҳои байналмилалли эътироф намекунад;
давлати дорои силохи заррави нест ва кӯшиши истеҳсол кардану ба даст овардани силоҳи заррави ё истифодаи онро аз ҳудуди худ надорад;
ба ягон давлат даъвои арзи надорад ва дар симои ягон халқ душманро намебинад;
хеҷ гоҳ, аввалин шуда ба муқобили хеҷ мамлакате амалиёти ҷангиро сар намекунад, агар худи вай ҳадафи таҷовуз қарор нагирад;
муҳофизати сулҳ ва амнияти байналмилалиро чун кафолати пойдории аҳли башар эътироф менамояд.
Моддаи 4. Ташкили мудофиа
Ба ташкили мудофиа инҳо дохил мешаванд:
танзими ҳуқуқи дар соҳаи мудофиа;
таҳия кардани сиёсати ҳарби ва доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
пешгӯи ва баҳодиҳи ба таҳдиди ҳарби;
сохтмон, тайёри ва дар ҳолати омодаги нигоҳ доштани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба нақша гирифтани истифодаи онҳо;
таъмини ҳамкории ҳарбию сиёси бо дигар давлатҳо ва мутобиқ намудани қувваҳо барои пешгирии таҷовуз;
ҳифзи сарҳади давлати;
таҳия, истеҳсол ва такмили яроқу техникаи ҳарби, ба вуҷуд овардани захираи онҳо;
омодагии сафарбаркунандаи мақомоти ҳокимияти давлати, корхонаву муассисаҳо, иқтисодиёт, ҳудуд, воситаҳои мухобирот ва аҳолии мамлакат;
тараққиёти илми ҳарби, конверсия ва реконверсияи саноати мудофиави;
ба вуҷуд овардани захираи сарватҳои модди дар манбаъҳои давлати ва сафарбаркуни;
ба нақша гирифтан ва амали гардонидани чорабиниҳои мудофиаи граждани ва ҳудуди;
таъмини махфи доштани сирри давлати (Қонун аз 28.02.04с. № 4);
мутобиқ кардани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати дар соҳаи мудофиа;
назорати иҷрои Қонунҳо дар соҳаи мудофиа ва сарфи воситаҳои буҷет барои мудофиа;
чорабиниҳои дигар дар соҳаи мудофиа.
Моддаи 5. Қонунгузори оиди мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузори оиди мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбад ва аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузори дар соҳаи мудофиа, инчунин шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳост, иборат мебошад.
БОБИ II. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ВА ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛИ ДАР СОҲАИ МУДОФИА (Қонун аз 28.12.05с. № 147)
Моддаи 6. Салоҳияти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар соҳаи мудофиа
Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя (Қонун аз 28.12.05с. № 147):
- паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди масъалаҳои мудофиа ва муайян намудани самтҳои асосии сиёсати ҳарбии давлат мешунаванд;
- ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ризоият медиҳанд;
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаи олии ҳарби сарфароз мегардонанд (Қонун аз 28.12.05с. № 147);
- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҷори намудани ҳолати ҷанг ва вазъияти фавқулодда, дар бораи истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарби дар сурати ба вуҷудои ё таҳдиди бавуҷудоии задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди ҷумҳури, ки ба якпорчаги ва асоси конститутсионии давлат таҳдид мекунанд, дар хусуси сафарбаркунии умуми ва ҷузъи, дар бораи ҷавобшави аз онҳо, дар бораи ташкил ва барҳам додани ҳокимияти маҳаллии давраи ҷанг, қатъ кардани ҷанг ва бастани сулҳ, дар бораи таъин ва озод намудани Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд;
- масъалаҳое, ки бо сарҳади давлати вобастаанд, танзим намуда, тартиби онро муқаррар мекунанд (Қонун аз 28.12.05с. № 147).
Салоҳияти Маҷлиси милли:
- қонунҳоеро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон дар соҳаи мудофиа қабул мешаванд, ҷонибдори мекунад;
- барои таъин ва озод намудани сарпрокурори ҳарби ризоият медиҳад;
- судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб мекунад ва бозмехонад;
- масъалаи бекор кардани дахлнопазирии судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барраси менамояд.
Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:
- қонунҳоро дар соҳаи мудофиа қабул менамояд (Қонун аз 28.12.05с. № 147);
- аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул мекунад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;
- бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайат, сохтори умуми ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои дигари ҳарбиро, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, тасдиқ мекунад;
- доктринаи ҳарби ва ҳаҷми маблағҷудокуниро аз буҷет барои мудофиа тасдиқ мекунад;
- шартномаҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳарби тасдиқ ва бекор мекунад;
- рутбаҳои ҳарбиро муқаррар мекунад;
- матни Савганди ҳарби, Оинномаҳои умумиҳарби, байрақҳои ҷанги ва парҷамҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад (Қонун аз 29.11.00с. № 23).
Моддаи 7. Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сафармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди таъмини қобилияти мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро мебинад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои доктринаҳои ҳарби, таклифҳоро оиди хайат, сохтори умуми ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарби, ҳаҷми хароҷоти буҷет барои мудофиа пешниҳод мекунад (Қонун аз
29.11.00с. № 23);
фаъолияти ташкилотҳои давлатиро дар соҳаи мудофиа бо ҳам мутобиқ мегардонад;
самтҳои асосии ҳамкориро бо давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилали дар соҳаи ҳарби муайян мекунад (Қонун аз 29.11.00с. №
23).
Шӯрои амниятро ташкил намуда, ба он роҳбари мекунад;
гуфтушунидҳо мегузаронад ва оиди масъалаҳои ҳарби шартномаҳои байналмилалиро имзо менамояд;
барои гузаронидани озмоишҳои махсуси аслиҳаву техника рухсат медиҳад;
консепсия ва нақшаҳои сохтмони ҳарби, нақшаҳои сафарбаркуни, стратеги ва ғайраро, ки бо амалкунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд, тасдиқ мекунад;
бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои ҷобаҷогузории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарби, ҷобаҷокунии объектҳои ҳарбиро тасдиқ менамояд;
ҳолати ҷанг, сафарбаркунии умуми ва ҷузъи, ҳолати ҳарбиро дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар маҳалҳои алоҳидаи он эълон карда, бетаъхир ба тасдиқи ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад (Қонун аз 28.12.05с. № 147).
ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалиёти ҳарби фармон медиҳад;
оиди истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарби дар сурати ба вуҷудои ё таҳдиди бавуҷудоии задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди ҷумҳури, ки ба якпорчаги ва асоси конститутсионии давлат таҳдид мекунад, фармонҳо медиҳад, ки баъдан ин қарорҳо дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда мешаванд (Қонун аз
28.12.05с. № 147);
дар хусуси ташкил, аз дигар ташкил кардан ва барҳам додани қисмҳои ҳарби дар ҳудуди шумораи муқарраркардаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳад (Қонун аз 28.12.05с. № 147);
дар бораи муваққатан ё доими ба ихтиёри фаврии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани сохторҳои ҳарби фармон медиҳад (Қонун аз 28.12.05с. № 147, аз 12.05.2007 № 248);
санадҳои меъёрии замони ҷангро дар амал ҷорӣ мекунад ва амали онҳоро қатъ менамояд, онҳоро барои тасдиқ ба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Конун аз 12.05.2007 № 248);
оиди даъвати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарби фармонҳо мебарорад;
Низомномаро дар бораи Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хусуси ёд намудани Савганди ҳарби оиди масъулияти моддии хизматчиёни ҳарби барои зарари ба давлат расонида ва дигар масъалаҳое, ки дар қонунҳо мустақиман ишора шудаанд, тасдиқ мекунад номгӯи мансабҳоеро, ки ба онҳо ҳайати олии афсари таъин мешаванд муқаррар мекунад (Конун аз 12.05.2007 № 248);
нақшаи мудофиаи граждани ва ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва фармони инро ба тасдиқи ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд (Қонун аз
28.12.05с. № 147);
Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармондеҳони навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Конун аз 12.05.2007 № 248);
унвонҳои олии ҳарбиро медиҳад;
барномаҳо ва нақшаҳои давлатии тараққиёти аслиҳа ва техникаи ҳарбиро дар ҳаҷми маблағҳои ҷудокардашуда тасдиқ мекунад;
сиёсати ҳарбии давлатиро муайян мекунад (Қонун аз 29.11.00с. №
23);
Моддаи 8. Ваколатхои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти роҳбарии дастҷамъона ба шумор меравад.
Ваколатҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амният" ва Низомнома оиди Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян мекунанд.
Моддаи 9. Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ:
барои ҳолати қобилияти мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар аст;
ба фаъолияти мақомоти ба вай тобеъ оиди таъмини мудофиа, таҷҳизонидани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарби бо аслиҳа, техникаи ҳарби ва воситаҳои дигари модди роҳбари мекунад;
ҳаҷми манбаъҳои моддию техники, хӯроквори, амволу ашёи барои мудофиа, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳарбии дигар заруриро муайян мекунад;
таҳия ва иҷрои нақшаву супоришҳои сафарбаркуни, нақшаҳои захираи манбаъҳои сафарбаркуни ва давлатиро ташкил мекунад;
ташкили инфраструктураи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбиро таъмин менамояд;
ба мудофиаи граждани, ҳудуди, омодагии сафарбаркуни, сафарбаркунии иқтисодиёт ва ба шароити замони ҷанг мувофиқ гардонидани он роҳбари мекунад, доир ба масъалаҳои мазкур санадҳои меъёрии мувофиқ интишор мекунад;
дар соҳаи ҳарби аз номи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалиро оиди масъалаҳое, ки бевосита ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд, мебандад ва бекор мекунад;
дар ҳудуди ваколатҳои ба зиммааш гузошташуда иҷрои ӯҳдадориҳоеро ташкил мекунад, ки дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиа дарҷ шудаанд;
оиди таъмини иҷтимоии хизматчиёни ҳарби шахсоне, ки аз хизмати ҳарби озод шудаанд, инчунин аъзои оилаҳои онҳо кори ташкилотҳои тобеъро ташкил менамояд;
барои ҳайати граждании Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарби, инчунин барои коргарону хизматчиёни корхонаҳо, муассиса ва ташкилотҳои мудофиави вобаста аз шароити меҳнат имтиёзҳо муқаррар мекунад;
тартиби супурдан, ба ичора додан, фурӯхтан, барҳам додан ва аз ҳисоб баровардани аслиҳаву техникаи ҳарби, объектҳои мудофиави ва дигар амволи ҳарби пешниҳод ва истифодаи заминҳо ва дигар манбаъҳои табиии барои мудофиа зарурро муқаррар мекунад (Қонун аз 28.12.05с. № 147);
коркард ва истеҳсоли аслиҳаву техникаи ҳарби, конверсия, реконверсия ва тараққиёти саноати мудофиавиро ташкил мекунад;
содирот ва воридоти аслиҳаву техникаи ҳарби ашёи стратеги, технологияи пешқадам ва маҳсулоти таъминоти гуногундараҷаро назорат менамояд;
дар бораи ташкил, тағйири таъинот ва барҳам додани корхонаҳои давлатии мудофиа, ташкилотҳои тадқиқоти илми ва озмоишии конструктори, муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касби, кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касби қарор қабул мекунад, инчунин аз рӯи ихтисосҳои ҳарби тартиби тайёр кардани кадрҳои афсариро муайян менамояд (Қонун аз 28.12.05с. № 147);
Низомномаи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарби, оид ба тартиби адои хизмати ҳарби, дар хусуси баҳисобгирии низомиён, даъватшудагон ва манбаъҳои техника, дар бораи гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарби, оиди кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касби ва дигар низомномаҳоеро, ки ҳаёту фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбиро танзим менамоянд, тасдиқ мекунад;
ҷонишинони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин мекунад.
Моддаи 10. Ваколатҳои ҳокимияти суди
Ҳокимияти суди дар ҳудуди ваколатҳои худ дар таъмини мудофиа иштирок мекунад.
Дар сохтори мақомоти ҳокимияти суди судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мешаванд, ки ваколатҳои онҳо бо Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" муайян мегарданд (Қонун аз 28.12.05с. № 147).
Моддаи 11. Ваколатҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
барои ҳолати омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст;
мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати соҳаи сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ менамояд (Қонун аз 28.12.05с. № 147);
дар омода сохтани пешниҳодҳо дар соҳаи сиёсати ҳарби ва доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд (Қонун аз 29.11.00с. № 23, Қонун аз 28.12.05с. № 147);
пешниҳодҳоро оиди лоиҳаи буҷети ҳарби омода месозад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, дар хусуси истифодаи маблағҳои барои мудофиа ҷудогардида ҳисобот медиҳад;
таъминоти молияви, техники ва ақибгоҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро амали менамояд;
дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмати ҳарбиро ташкил мекунад ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарби, ҳайати граждании Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони аз хизмати ҳарби ҷавобшуда ва аъзои оилаи онҳоро таъмин менамояд;
тарбияи ҳуқуқи, маънави ва ҳарбии ватандустии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил ва таъмин менамояд;
ба ташкилотҳои мададгори мудофиа ва клубҳои ҳарбии ватандӯсти барои амали намудани вазифаҳои оинномавии онҳо ба манфиати мудофиа ҳамкори менамояд;
дар асоси шартнома корҳои тадқиқоти илми ва озмоиши конструкториро дар соҳаи мудофиа, истеҳсол ва хариди аслиҳа ва техникаи ҳарби, озуқа, пӯшока ва амволи дигар, манбаъҳои модди ва ғайраҳо, инчунин корҳои пудрати ва хизматҳоро барои эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маблағи ба ин мақсадҳо ҷудошуда фармоиш медиҳад ва маблағгузори мекунад;
бо муассисаҳои ҳарбии дигар кишварҳо ҳамкори мекунад;
ба илми ҳарби роҳбари мекунад, тадқиқоти илмии ҳарби ташкил мекунад ва мегузаронад;
иҷрои қонунгузориро дар соҳаи мудофиа дар Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бобати ҳифзи муҳити зист ҳангоми фаъолияти онҳо таъмин менамояд;
дар ҳудуди ваколати худ сиёсати кадриро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амали менамояд;
муборизаро бар зидди терроризм аз ҷумла таъминкунии амнияти худии зидди терроризм аз ҷумла таъминкунии муқаррарнамудаи ҳамин Қонун, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқи ба амал мебарорад (Қонун аз
29.11.00с. № 23);
дигар ваколатҳоро, ки дар асоси низомномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудааст, иҷро мекунад.
Моддаи 12. Ваколатҳои вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа
Вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба тайёрии сафарбари дар системаи вазоратҳо ва идораҳо роҳбари менамоянд ва дар лоиҳаҳои тараққиёти иқтисоди ва иҷтимоии соҳа оиди истеҳсоли маҳсулот ва молҳои таъиноти ҳарби, сохтмони объектҳои мудофиави, тайёр намудан ва такмил додани дониши ҳарбии қувваҳои дар эҳтиёт буда, ҷудо намудани маблағҳои даркории моддию молияви барои эҳтиёҷи мудофиа ва иҷрои вазифаҳои сафарбари фармоишҳои дахлдор пешбини менамоянд;
ташкил, тараққи ва нигоҳдории иқтидорҳои сафарбари, ҷамъоварии резервҳои давлати ва сафарбариро анҷом медиҳанд;
чорабиниҳои мудофиаи граждани ва ҳудудиро ташкил намуда, мегузаронанд ва иҷрои онро аз тарафи сохторҳои идоракуни ва истеҳсолии тобеъашон назорат намуда, барои ин мақсадҳо маблағ ҷудо мекунанд;
иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои мудофиа дар соҳа ва харҷи маблағҳоеро, ки ба сохторҳои тобеъ барои мудофиа ҷудо карда мешаванд, назорат мекунанд.
Дигар ваколатҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд.
Моддаи 13. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва худидоракуни маҳалли (Қонун аз 28.12.05с. № 147)
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракуни маҳалли дар доираи ваколатҳои худ барои ҳолати мудофиа, аз ҷумла мудофиаи граждани ва ҳудуди масъуланд ва таъмини чорабиниҳои зеринро ба ӯҳда доранд (Қонун аз 28.12.05с. № 147):
иҷрои ҳатмии қонунҳои оиди мудофиа аз тарафи ташкилоту муассисаҳои тобеъ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон;
таъмин кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарби бо маҳсулоти истеҳсоли маҳалли, бо об, қувваи барқию гарми, воситаҳои алоқа, хизматрасонии коммуналию манзили ва ғайра;
иҷрои чорабиниҳои ҳифзи иҷтимои-ҳуқуқии хизматчиёни ҳарби, даъватшавандагон, шахсони ӯҳдадори ҳарби ва аъзои оилаи онҳо ба тавре, ки қонун муайян намудааст;
қайди ҳарби ва тайёрии шаҳрвандон ба хизмати ҳарби, даъвати онҳо ба хизматм ҳарби, ҷамъомадҳои ҳарби ва сафарбари;
иҷрои барномаи гузаронидани иқтисодиёт ба низоми кории ҳолати ҷанги, ҷиҳозонидани қаламрави кишвар ба манфиати мудофиа;
иҷрои нақшаю супоришҳои сафарбари;
ҳифозати қабристонҳои ҳарби ва дигар объектҳои ҳарбие, ки хотираи шахсони дар роҳи муҳофизати Ватан ҳалокшударо абади мегардонанд.
ҷудо намудани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти мудофиа ва назорат ба истифодаи онҳо;
кӯмак расонидан ба ҷойгирони ва манзилгирии қӯшун;
ҳамкори бо мақомоти идоракунии ҳарби ва идоракунии қӯшун дар маҳалҳо оиди масьалаҳои мудофиа.
БОБИ III. ВАЗИФАҲОИ КОРХОНАҲО, МУАССИСАҲО, ТАШКИЛОТҲО ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОР, ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ МУДОФИА
Моддаи 14. Вазифаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар соҳаи мудофиа
Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз тобеияти идори ва шакли моликияташон мутобиқи санадҳои қонунгузори ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонун аз 28.12.05с. № 147):
фармоишҳои давлати ва ӯҳдадориҳои шартномавиро оиди ташкил, истеҳсол, таъин ва таъмири аслиҳа ва техникаи ҳарби, дигар амвол ва ресурсҳои ҳарби, корҳои пудрати ва адои хизматҳо барои эҳтиёҷи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарби иҷро мекунанд;
тадқиқоти илми ва иктишофоти соҳаи мудофиаро анҷом медиҳанд;
тибқи барномаҳои сафарбари иқтидори резервҳои лозимаи сафарбариро ташкил медиҳанд ва дар ҳолати омодаги нигоҳ медоранд, вазифаҳои ҳарбии нақлиёти ва коммуникатсиони ва дигар супоришҳоро иҷро мекунанд;
дар чорабиниҳои мудофиаи граждани ва ҳудуди иштирок менамоянд;
ба коркунони худ барои иҷрои ӯҳдадориҳои ҳарбиашон шароити мусоид фароҳам меоваранд;
барои эҳтиёҷи мудофиа, ки тибқи Қонуни мазкур муайян гардидааст, хароҷоти лозима мекунанд;
барои иҷрои нақшаи гузаронидани иқтисодиёт ба кори шароити давраи ҷанг чораҷӯи мекунанд;
шаҳрвандонеро, ки барои хизмати ҳарби даъват мешаванд ва ӯҳдадорони ҳарбиро ба қайди ҳарби гирифта, кормандонро дар давраи ҷанг брон мекунанд.
Шахсони мансабдор тибқи мансаби ишғолкардаашон бояд вазифаҳои худро оиди масъалаҳои мудофиа, агар чунин вазифаҳо мутобиқи қонунгузори ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шуда бошанд, донанд ва иҷро намоянд (Қонун аз 28.12.05с. № 147).
Моддаи 15. Вазифаҳои иттиҳодияҳои ҷамъияти ва ташкилотҳои мусоидати мудофиа
Иттиҳодияҳои ҷамъияти, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои мусоидати мудофиа дар фаъолияти худ бояд қонунхои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд, ба фошгардии сирри давлати роҳ надиҳанд, дар мустаҳкам гардонидани қобилияти мудофиавии давлат ва тарбияи ҳарби-ватандӯстии шаҳрвандон кӯмак расонанд аз имкониятҳои худ истифода бурда, дар иҷрои вазифаҳои сафарбарии замони ҷанг иштирок намоянд (Қонун аз 28.12.05с. № 147).
Ташкилотҳои мусоидати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон илова бар ин барои сифати тайер намудани мутахассисон аз рӯи талабномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарби масъуланд ва вазифадоранд, ки:
навъҳои варзиши техники, авиатсиони, ҳарби-амали ва эҷодиёти техникаи ҷавононро равнақ диҳанд;
дар асоси худмаблағгузори тайёр намудани шахсони дорои ихтисосҳои оммавии техникаро, ки аҳамияти ҳарби-амали доранд, ба роҳ монанд;
дар вақти ҷанг дар таълими умумии ҳарбии аҳоли ва бо истифодаи имкониятҳои худ ҳал намудани вазифаҳои сафарбари иштирок кунанд.
Фаъолияти ҳизбҳои сиёси ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъияти, ки ба хароб намудани Мудофиа ва тайёрии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар вазифаҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, манъ аст.
Моддаи 16. Ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиави вазифаи муқаддаси конститутсионии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи он вазифаи фахри мебошад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонун:
ӯҳдадории ҳарбиро иҷро мекунанд ё ихтиёри ба хизмати ҳарбии дохил мешаванд (Қонун аз 29.11.00с. № 29);
дар чорабиниҳои мудофиаи граждани ва ҳудуди иштирок мекунанд;
метавонанд корхонаву ташкилотҳои ҷамъияти, ки барои мустаҳкам намудани мудофиа равона гардидаанд, ташкил кунанд;
дар вақти ҷанг бо талаби мақомоти амалкунандаи ҳокимият биноҳо, иншоотҳо, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволеро, ки моликияти онҳост, бо роҳи минбаъд аз тарафи давлат ҷуброн кардани онҳо барои эҳтиёҷоти мудофиа медиҳанд.
БОБИ IV. ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДИГАР ВОҲИДҲОИ ҲАРБИ
Моддаи 17. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори ҳарбии давлати мебошад, ки барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии ҷумҳури аз таҷовуз таъин гаштааст.
Вазифа, тартиби пуррасози ва идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои қонунгузори муайян мегардад.
Моддаи 18. Воҳидҳои дигари ҳарби
Таъинот, вазифаҳо, тартиби пурра кардан ва идоракунии воҳидҳои ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Конун аз 12.05.2007 № 248).
Дар замони ҷанг воҳидҳои ҳарбии номбурда ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
БОБИ V. ҲОЛАТИ ҶАНГ. ВАЗЪИЯТИ ҲАРБИ. САФАРБАРКУНИ
Моддаи 19. Ҳолати ҷанг. Замони ҷанг
Ҳолати ҷанг дар сурати ба хатари воқеи дучор шудани амнияти давлат, ки дар шакли таҷовуз ё хатари таҷовузи зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст, инчунин дар сурати зарурати иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон мегардан. Бо эълони ҳолати ҷанг ё оғози амалиёти ҳарби замони ҷанг фаро мерасад. Оғози замони ҷанг рӯз ва соати эълони ҳолати ҷанг ё таҷовуз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб меёбад.
Анҷоми замони ҷанг рӯз ва соати эълоншудаи ба охир расидани амалиёти ҳарби ҳисоб меёбад.
Дар сурати таҷовуз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармондеҳии ҳарби, мақомоти ҳокимияти давлати ва худидоракунии маҳалли эълони ҷангро интизор нашуда, вазифадоранд барои зада гардонидани таҷовуз тамоми чораҳоро бинанд.
Моддаи 20. Вазъияти ҳарби
Вазъияти ҳарби дар маҳалҳои ҷудогона ё дар тамоми қаламрави ҷумҳури дар сурати эълони ҳолати ҷанг ё ҳангоми хатари воқеии амнияти давлат, ки дар хатари таҷовуз ё таҷовузи зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷори мегардад.
Бо ҷорй гардидани вазъияти ҳарби ваколатҳои фармондеҳии ҳарби васеъ мегардад, ба ӯ вазифаҳои мақомоти ҳокимияти иҷроия дар соҳаи мудофиаи тибқи тартиби муайяннамудаи қонун мегузарад.
Дар давоми вазъияти ҳарби барои манфиати мудофиа фаъолияту ҳуқуқи корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо, инчунин ҳуқуқи конститутсиони ва озодии шаҳрвандон маҳдуд гардида, ваколатҳои мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ васеъ мегардад.
Вазъияти ҳарби баробари бартараф шудани хатари таҷовуз ё анҷоми ҳолати ҷанг бекор карда мешавад.
Низоми ҳолати ҳарби тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
Моддаи 21. Сафарбари
Бо эълони ҳолати ҷанг ё вазъияти ҳарби сафарбарии умуми ё ҷузъи ба мақсади татбиқи чорабиниҳо барои гузаронидани мақомоти ҳокимияти давлати ва худидоракунии маҳалли, корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо аз низоми кори замони осоишта ба низоми кори замони ҷанг, инчунин гузаронидани Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкил, ҳайат ва идоракунии қӯшунҳо, ки барои замони ҷанг пешбини гардидааст, эълон карда мешавад (Қонун аз 28.12.05с. № 147).
Тартиби омода кардан ва гузаронидани сафарбари тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
БОБИ VI. МУДОФИАИ ГРАЖДАНИ ВА ҲУДУДИ
Моддаи 22. Мудофиаи граждани
Мудофиаи граждани ба мақсади ҳифзи аҳоли, корхонаҳо, идораҳо ва ташкилотҳо аз харобшави ва дигар хатарҳо, ки дар натиҷаи амалиёти ҷанги, инчунин дар ҳолати офатҳои табии, садамаҳо, фалокатҳо, эпидемияҳо, муромурии ҳайвонот ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ба амал меоянд, ташкил мегардад.
Таъинот, вазифаҳо, ташкил ва идоракунии мудофиаи граждани тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд.
Моддаи 23. Мудофиаи ҳудуди
Мудофиаи ҳудуди ба максади бастан, мудофиа ва муҳофизат кардани сарҳади давлати, объектҳои муҳим ва роҳҳои алоқа аз ҳуҷуми душман, мубориза бо десантҳои он ва гурӯҳҳои диверсиони-иктишофи нигоҳ доштани тартиботи ҳолати ҳарби ташкил мегардад.
Вазифаҳо ва ташкили мудофиаи ҳудуди, тартиби ҳамкории қувваҳо ва воситаҳои он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
БОБИ VII. ТАЪМИНОТИ ИҚТИСОДИИ МУДОФИА
Моддаи 24. Омода сохтани иқтисодиёт ба таъмини мудофиа
Омода сохтани иқтисодиёт ба таъмини мудофиа ба ӯҳдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад.
Барои омода сохтани иқтисодиёт ба таъмини мудофиа дар замони осоишта инҳо пешаки ташкил ва истифода мешаванд:
иқтидори илми-техники ва қудрати истеҳсоли барои гузаронидани таҳқиқот, коркард ва ташкили истеҳсоли маводи таъиноти ҳарби ва мудофиави;
системаҳои ғункунии захираҳои модди, манбаъҳои молияви ва модди;
системаҳои нархгузори, андозҳо, қарзҳо, мӯҷизоти иқтисоди, меъёри ва иҷрои фармоишҳои давлати ва шартномаҳои хусусияти мудофиави дошта;
системаҳои чорабиниҳо дар бобати омодагии сафарбарии иқтисодиёт ва идоракунии он дар замони осоишта.
Моддаи 25. Таъмини кадрии мудофиа
Ба мақсади қонеъ гардонидани талаботи мудофиа омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳои ҳарби дар муассисаҳои ҳарбии таълимии таҳсилоти касби ва дар кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касби, инчунин, тибқи созишномаҳои байнидавлати дар хориҷа сурат мегирад (Қонун аз 28.12.05с. № 147).
Барои иҷро намудани чорабиниҳо дар соҳаи мудофиа, аз ҷумла мудофиаи граждани ва ҳудуди дар назди вазоратҳо шуъбаҳои махсус ва намояндагии ҳарби ташкил мегарданд, ки ваколати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 26. Таъмини молияви ва модди-техникии мудофиа
Таъминоти молиявии эҳтиёҷоти мудофиа, сохтмон ва нигоҳдории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарби аз ҳисоб ва дар ҳудуди маблағе, ки дар буҷети ҷумҳури пешбини шудааст ва таъминоти модди-техники ба таркиби ҳаққи аввалиятдори сурат мегирад.
Моддаи 27. Истифодаи амвол ба манфиати мудофиа
Объектҳои ҳарби, ҳамаи навъҳои силоҳ, техникаи ҳарби, лавозимоти ҷанги ва дигар амволи ҳарби-техники моликияти ҷумҳурияви ҳисоб меёбанд ва дар ихтиёри оперативии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарби мебошанд. Зимнан объектҳои ҳарбие, ки аз тарафи сохторҳои номбурда дар замони осоишта истифода намегарданд, бояд консерватсия карда шаванд ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати барои истифодаи муваққати (аз ҷумла ба иҷора) дода шаванд (Қонун аз 28.12.05с. № 147).
Дар ҳолате, ки истифодаи объектҳои мудофиави нолозим мегардад, ин объектҳо метавонанд тибқи шарту тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, фурӯхта шаванд.
Моддаи 28. Додани замину иншоот, объектҳо ва амволи дигар барои эҳтиёҷоти мудофиа
Зимин, дигар манбаъҳои табиии барои эҳтиёҷоти мудофиа тибқи шарту тартибе, ки қонунгузори муайян намудааст, дода, зиёну талафи вобаста ба гирифта шудани замину манбаъҳои табии барои эҳтиёҷи мудофиа ҷуброн карда мешаванд (Қонун аз 28.12.05с. № 147).
Ба идораҳои ҳарби додани биноҳо, иншоот, объектҳо ва дигар амвол ва баргардонидани онҳо ҳамчунин мутобиқи тартибе сурат мегирад, ки қонунгузори муайян кардааст.
БОБИ VIII. ӯҲДАДОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИ-ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (Қонун аз 29.11.00с. № 23)
Моддаи 29. Риояи меъёрҳои байналмилалли-ҳуқуқи (Қонун аз
29.11.00с. № 23)
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташкил ва амали кардани мудофиа вазифадор аст, ки меъёрҳои ҳуқуқи башар ва шартномаҳоеро, ки худ иштирокчии он аст, риоя намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташкил ва амали кардани мудофиа бартарии санадҳои байналмилалли ҳуқуқиро дар соҳаи мудофиа ва амният нисбати қонунгузории милли дар ин соҳаҳо эътироф мекунад (Қонун аз
29.11.00с. № 23).
Дар ҳолатҳои ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалли мувофиқат накардани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиа санадҳои ҳуқуқии байналмилалли ба кор бурда мешаванд (Қонун аз 29.11.00с. № 23).
Моддаи 30. Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо дар соҳаи мудофиа
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҳуқуқи мудофиаи инфироди ва коллективи такя намуда, бо дигар кишварҳо дар соҳаи сохтмони ҳарби ба мақсади таъмини мудофиаи якҷоя аз таҷовуз, нигоҳдории амният ва сулҳи байналмилалли ҳамкори менамояд (Қонун аз 29.11.00с. № 23).
БОБИ IХ. МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ВАЙРОН НАМУДАНИ ҚОНУНГУЗОРИ ОИДИ МУДОФИА
Моддаи 31. Масъулият барои вайрон намудани қонунгузори оиди мудофиа
Агар шахсони мансабдор ва шаҳрвандон қонуни мудофиаро иҷро накунанд ва ё ба таври бояду шояд иҷро накунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
аз 4 ноябри соли 1995 № 208