ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУДОФИА"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 апрели соли 2022, № 695
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2022, № 262
ҷонибдорӣ гардидааст
Моддаи 1.
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиа" аз 4 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №23-24, мод. 366; с. 1998, №23-24, мод. 353; с. 1999, №12, мод. 310; с. 2000, №11, мод. 537, мод. 549; с. 2003, №4, мод. 144; с. 2004, №2, мод. 36; с. 2005, №3, мод. 119, №12, мод. 659; с. 2007, №5, мод. 357; с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 804; с. 2013, №7, мод. 515; с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 395) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун, номи боби 2, қисми сеюми моддаи 19 ва қисми якуми моддаи 21 калимаҳои "худидоракунии маҳаллӣ" ва "ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӢ" мувофиқан ба калимаҳои "худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ва "ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ" иваз карда шаванд.
2. Аз қисми чоруми моддаи 1 ва матни моддаи 5 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
3. Дар сархати дуюми моддаи 3 калимаи "зарравӣ" ба калимаи "ядроӣ" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 4:
- сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"омодагӣ ба сафарбарии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо;";
- дар сархати даҳум калимаи "сафарбаркунӣ" ба калимаи "сафарбарӣ" иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 6:
- дар қисми якум:
- сархати якум хориҷ карда шавад;
- дар сархати чорум калимаҳои "фавқулодда", "задухӯрдҳои", "асоси", "сафарбаркунии" ва "Вазири" мувофиқан ба калимаҳои "фавқулода", "низоъҳои", "асосҳои сохтори", "сафарбарии" ва "вазири" иваз карда шаванд;
- ба сархати сеюми қисми дуюм пеш аз калимаи "судяҳои" калимаҳои "бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;
- дар қисми сеюм:
- сархати сеюм хориҷ карда шавад;
- аз сархати чорум калимаҳои "доктринаи ҳарбӣ ва" хориҷ карда шаванд.
6. Дар моддаи 7:
- дар қисми якум калимаҳои "омодагии доимии" ва "мебинад" мувофиқан ба калимаҳои "омодагии доимии ҷангии" ва "меандешад" иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"доктринаи ҳарбӣ, ҳайат, сохтори умумӣ ва шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари ҳарбиро тасдиқ менамояд;";
- дар сархати ҳафтум калимаи "сафарбаркунӣ" ба калимаи "сафарбарӣ" иваз карда шавад;
- дар сархати ҳаштум калимаи "Вазири" ба калимаи "вазири" иваз карда шавад;
- дар сархати нуҳум калимаҳои "сафарбаркунии" ва "қаламрави" мувофиқан ба калимаҳои "сафарбарии" ва "ҳудуди" иваз карда шаванд;
- ба сархати даҳум пас аз калимаи "ҳарбӣ" калимаҳои ", инчунин оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои мудофиаи ҳудудӣ" илова карда шаванд;
- дар сархати ёздаҳум калимаҳои "задухӯрдҳои" ва "асоси" мувофиқан ба калимаҳои "низоъҳои" ва "асосҳои сохтори" иваз карда шаванд;
- сархати дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"дар хусуси ташкил, аз нав ташкил кардан ва барҳам додани қисмҳои ҳарбӣ фармон медиҳад;".
7. Дар моддаи 9:
- дар сархати чорум калимаи "сафарбаркунӣ" ба калимаи "сафарбарӣ" иваз карда шавад;
- дар сархати панҷум калимаи "инфраструктураи" ба калимаи "инфрасохтори" иваз карда шавад;
- дар сархати шашум калимаҳои "омодагии сафарбаркунӣ, сафарбаркунии иқтисодиёт" ба калимаҳои "омодагии сафарбарӣ, густариши сафарбарии иқтисодиёт" иваз карда шаванд;
- дар сархати шонздаҳум калимаҳои "Вазири" ва "таъин" мувофиқан ба калимаҳои "вазири" ва "ба вазифа таъин ва аз вазифа озод" иваз карда шаванд.
8. Қисми дуюми моддаи 10 хориҷ карда шавад.
9. Дар моддаи 11:
- аз сархати сеюм калимаҳои "Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои "пешниҳодҳоро оиди" ба калимаҳои "таклифро оид ба" иваз карда шаванд;
- дар сархати шашум калимаи "ҷавобшуда" ба калимаи "рухсатшуда" иваз карда шавад;
- дар сархати понздаҳум калимаҳои "санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" иваз карда шаванд.
10. Дар сархати дуюми моддаи 12 калимаи "резервҳои" ба калимаи "захираҳои" иваз карда шавад.
11. Дар моддаи 13:
- дар ном ва матни модда калимаҳои "худидоракунии маҳаллӣ" ба калимаҳои "худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
12. Дар қисми якуми моддаи 14:
- дар сархати якум калимаи "ресурсҳои" ба калимаи "захираҳои" иваз карда шавад;
- дар сархати сеюм калимаи "резервҳои" ба калимаи "захираҳои" иваз карда шавад.
13. Дар қисми якуми моддаи 15 калимаҳои "вазифаҳои сафарбарии" ба калимаҳои "сафарбарӣ ва вазифаҳои" иваз карда шаванд.
14. Дар номи боби 5 калимаи "САФАРБАРКУНӢ" ба калимаи "САФАРБАРӢ" иваз карда шавад.
15. Дар қисми якуми моддаи 20 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
16. Дар қисми якуми моддаи 22 калимаи "фавқулодда" ба калимаи "фавқулода" иваз карда шавад.
17. Моддаи 26 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 26. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мудофиа
Маблағгузории эҳтиёҷоти мудофиа, сохтмон ва нигохдории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ аз ҳисоб ва дар доираи маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд ва таъминоти моддию техникии онҳо ба тариқи афзалиятнок сурат мегирад.".
18. Матни моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ҷудо намудани қитъаҳои замин, манбаъҳои табиии дигар, додани биноҳо, иншоот, объектҳо ва дигар молу мулк барои эҳтиёҷоти мудофиа ва баргардондани онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.".
Моддаи 2.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 8 июни соли 2022, № 1875
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОБОРОНЕ"
Принят постановлением
Маджлиси намояндагон МОРТ
от 20 апреля 2022 года №695
Одобрен постановлением
Маджлиси милли МОРТ
от 30 мая 2022 года №262
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "Об обороне" от 4 ноября 1995 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995 г., № 23-24, ст. 366; 1998 г., № 23-24, ст. 353; 1999 г., № 12, ст. 310; 2000 г., № 11, ст. 537, ст. 549; 2003 г., № 4, ст. 144; 2004 г., № 2, ст. 36; 2005 г., № 3, ст. 119, № 12, ст. 659; 2007 г., № 5, ст. 357; 2010 г., № 12, ч. 1, ст. 804; 2013 г., № 7, ст. 515; 2014 г., № 7, ч. 1, ст. 395) следующие изменения и дополнения:
1. В преамбуле Закона и тексте статьи 13 слова "местного самоуправления" заменить словами "самоуправления посёлков и сёл".
2. В части четвертой статьи 1, частях второй и третьей статьи 29 слова "международно-правовыми актами", "международно-правовых актов", "международно-правовым актам" соответственно заменить словами "международными правовыми актами", "международных правовых актов", "международным правовым актам".
3. Абзац восьмой статьи 4 изложить в следующей редакции:
"мобилизационную подготовку государственных органов, органов самоуправления посёлков и сёл, организаций;;".
4. В названии главы 2, части четвёртой статьи 19 и части первой статьи 21 слова "МЕСТНОГО САМОУПРАВЛЕНИЯ" и "местного самоуправления" соответственно заменить словами "ОРГАНОВ САМОУПРАВЛЕНИЯ ПОСЁЛКОВ И СЁЛ", "органы самоуправления посёлков и сёл" и "органов самоуправления посёлков и сёл".
5. В статье 6:
- в части первой:
- абзац первый исключить;
- в абзаце четвёртом слово "Министра" заменить словом "министра";
- абзац третий части второй после слов "Республики Таджикистан" дополнить словами "по представлению Президента Республики Таджикистан;";
- в части третьей:
- абзац третий исключить;
- из абзаца четвёртого слова "военную доктрину и" исключить.
6. В статье 7:
- в части второй:
- абзац первый изложить в следующей редакции:
"утверждает военную доктрину, состав, общую структуру и численность Вооружённых Сил Республики Таджикистан и других воинских формирований;";
- в абзаце восьмом слово "Министра" заменить словом "министра";
- абзац десятый после слов "военных действий" дополнить словами ", а также осуществление мероприятий территориальной обороны";
- в абзаце одиннадцатом слова "конституционную основу" заменить словами "основы конституционного строя";
- из абзаца двенадцатого слова "и соединений в пределах установленной Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан численности" исключить;
- абзац двадцать второй изложить в следующей редакции:
"определяет государственную военную политику.".
7. В абзаце шестнадцатом статьи 9 слово "назначает" заменить словами "назначает на должность и освобождает от должности заместителей министра".
8. Часть вторую статьи 10 исключить.
9. В абзаце четырнадцатом части первой статьи 11, абзаце пятом части первой статьи 12 и части третьей статьи 29 слова "нормативно- правовыми актами" и "нормативно-правовых актов" соответственно заменить словами "нормативными правовыми актами" и "нормативных правовых актов".
10. Из абзаца третьего статьи 11 слова "Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан" исключить.
11. В части первой статьи 15 слова "мобилизационных задач военного времени" заменить словами "мобилизационных задач и задач военного времени".
12. Текст статьи 28 изложить в следующей редакции:
"Выделение земельных участков, других природных источников, передача зданий, сооружений, объектов и другого имущества для нужд обороны и их возврат осуществляются в порядке, установленном законодательством.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 8 июня 2022 года, №1875