ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ
Қонуни мазкур асосҳои ба кор бурдани ҳуҷҷатҳои электронӣ, талаботи асосӣ ба ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулияти иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқиро, ки дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба амал меоянд, муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ҳуҷҷати электронӣ - маълумоте, ки дар ҳомили мошинӣ сабт шудааст ва ба талаботи муқарраркардаи Қонуни мазкур мувофиқат мекунад;
- гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ - тартибдиҳӣ, истифода, нигоҳдорӣ ва мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, ки ба воситаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ амалӣ мешаванд;
- ҳомили мошинӣ - диски магнитӣ, лентаи магнитӣ, диски лазерӣ ва дигар ҳомилҳои моддӣ, ки дар сабту нигоҳдории маълумот ба воситаи техникаи электронию ҳисоббарор истифода бурда мешаванд;
- дигар воситаҳои ҳаммонандкунӣ - дигар воситаҳои ҳаммонандкунии мураттиби ҳуҷҷати электронӣ, ки шахсони ҳуқуқӣ метавонанд онҳоро бо мақсади истифодабарӣ ҳангоми гардиши дохилӣ ё байниҳамдигарии ҳуҷҷати электронӣ дар мувофиқа қабул намоянд;
- мураттиби ҳуҷҷати электронӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки аз номи худ ё аз номи шахси дигар (бо супориш ӯ) ҳуҷҷати электрониро бо истифода аз воситаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тартиб додааст;
- нусхаи электронии ҳуҷҷати коғазӣ - нусхабардории ҳуҷҷати коғазӣ дар шакли электронии рақамӣ, ки ба талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҷавобгӯ мебошад;
- нусхаи электронии ҳуҷҷати электронӣ - нусхабардории ҳуҷҷати электронӣ дар шакли электронии рақамӣ, ки бо воситаҳои ҳаммонандкунии аз эътибор соқитшуда ва ҳаммонандкунандаҳои ҳуҷҷати электронии эътибордошта акс гардидааст ва аз рӯи шакли худ ба талаботи Қонуни мазкур мутобиқ мебошад;
- имзои электронӣ - ҳамшабеҳи имзои дастӣ, ки барои ҳаммонандкунии шахси ҳуҷҷати электрониро имзокарда пешбинӣ шудааст ва ҳақиқӣ будани онро тасдиқ мекунад;
- молики система ва шабакаҳои иттилоотӣ - субъекте, ки дорои ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани система ва шабакаҳои иттилоотӣ мебошад .
Моддаи 2. Соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ
Ҳуҷҷати электронӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияте, ки дар онҳо воситаҳои барномавӣ ва техникӣ барои тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ, ирсол ва қабули иттилоот заруранд, истифода шуда метавонад. Бо кумаки ҳуҷҷатҳои электронӣ аҳдҳо (шартномаҳо) баста шуда метавонад, ҳисоббаробаркуниҳо сурат гирифта, мукотиба, ирcол ва қабули ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумотҳо ба амал меоянд.
Маҳдудият дар истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда метавонад.
Ҳуҷҷатҳои электронӣ тавассути ҳамаи воситаҳои алоқа, аз ҷумла системаҳо ва шабакаҳои иттилоотӣ, агар ин ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад, фиристода шуда метавонанд.
Моддаи 3. Субъектҳои муносибати ҳуқуқӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ
Дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ давлат, дар шахси мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд субъектҳои муносибати ҳуқуқӣ дониста мешаванд ()
Шаклҳои муносибати субъектҳо дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ бо шартномаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд ().
Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷати электронӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои электронӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат аст (, .
Моддаи 5. Идоракунӣ ва танзими давлатии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ
()
Идоракунӣ ва танзими давлатии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ, таъмини ҳимояи маълумот ҳангоми тайёр кардани он, коркард, ирсол, қабул ва нигоҳдории вай ва дигар мақсадҳо нигаронда шудааст ().
Идоракунӣ ва танзими давлатиро дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад ().
БОБИ 2. ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ
Моддаи 6. Талаботи асосӣ ба ҳуҷҷатҳои электронӣ
Ҳуҷҷати электронӣ бояд ба талаботи зерин мувофиқат кунад:
- тавассути воситаҳои барномавӣ ва техникӣ тайёр шуда, коркард шавад, ирсол, қабул ва ҳифз гардад;
- дорои нишонаҳое бошад, ки имкониятдиҳандаи ҳаммонандкунии он бошанд ();
- дар шакле пешниҳод гардад, ки қобили қабули фаҳми инсон бошад.
Моддаи 7. Таркиби ҳуҷҷати электронӣ
Ҳуҷҷати электронӣ аз ду қисми таркибӣ - умумӣ ва махсус иборат аст.
Қисми умумии ҳуҷҷати электронӣ аз маълумоти дорои мазмуни ҳуҷҷат ва маълумот дар бораи гирандаи мактуб иборат аст.
Қисми махсуси ҳуҷҷати электронӣ аз як ё якчанд имзоҳои электронии рақамӣ ё дигар воситаҳои ҳаммонандкунии мураттиб, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, иборат аст .
Моддаи 8. Шаклҳои пешниҳод кардани ҳуҷҷати электронӣ
Ҳуҷҷати электронӣ шаклҳои пешниҳоди дохилӣ ва берунӣ дорад.
Шакли пешниҳоди дохилии ҳуҷҷати электронӣ аз сабти иттилооти он ҳуҷҷат дар ҳомили мошинӣ иборат аст.
Шакли пешниҳоди берунии ҳуҷҷати электронӣ аз таҷдиди ин ҳуҷҷат дар экрани дисплей, дар коғаз ё дигар маводи аз ҳомили мошинӣ ҷудошаванда дар намуди ба чашм намоён (бе воситаҳои техникӣ) ва қобили қабули фаҳми инсон, иборат аст.
Моддаи 9. Асли ҳуҷҷати электронӣ
Асли ҳуҷҷати электронӣ танҳо дар ҳомили мошинӣ мавҷуд аст. Ҳамаи нусхаҳои ҳуҷҷати электронӣ, ки дар ҳомили мошинӣ қайд шудааст ва яке ба дигаре монанд аст, асл ҳисобида мешаванд .
Дар ҳолате, ки аз тарафи як шахс ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ тайёр мешавад ва ҳуҷҷати электронӣ, ки аз рӯи мазмун ба он ҳаммонанд аст, ҳар ду ҳуҷҷат ҳуҷҷатҳои мустақил ҳисобида мешаванд.
Ҳуҷҷати электронӣ дар он сурат асл ҳисобида мешавад, ки агар он дорои имзои электронии ҷавобгӯ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар воситаҳои ҳаммонандкунии мураттиб бошад .
Моддаи 10. Нусхаи ҳуҷҷати электронӣ ва тасдиқи он
Нусхаи ҳуҷҷати электронӣ бо роҳи тасдиқи намунаи ҳуҷҷати электронии дар ҳомили коғазӣ ё бо истифода аз имзои электронӣ пешниҳодшуда ва ё дигар воситаҳои ҳаммонандкунӣ, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошанд, тайёр карда мешавад.
Нусхабардории асл ё нусхаи ҳуҷҷати электронӣ, ки ба таври дахлдор тасдиқ карда нашудааст, эътибори ҳуқуқӣ надорад .
Моддаи 11. Эътибори ҳуқуқии ҳуҷҷати электронӣ
Ҳуҷҷати электронӣ дар ҳомили мошинӣ бо ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ баробар дониста мешавад ва бо он эътибори якхелаи ҳуқуқӣ дорад.
Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намояд, ки ҳуҷҷат ба таври хаттӣ ба расмият дароварда шавад ва ё дар шакли хаттӣ пешниҳод гардад, пас ҳуҷҷати электронӣ ба ин талабот мутобиқ дониста мешавад.
Ҳуҷҷати электронӣ баимзорасида эътироф карда мешавад, агар ҳангоми имзои он имзои электронӣ ё дигар воситаҳои ҳаммонандкунии мураттиб, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошанд, истифода шуда бошанд. Тарзи ҳаммонандкунии шахси имзокарда ҳамчунин метавонад бо мувофиқаи тарафҳо пешбинӣ гардад.
Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи нотариалӣ ва (ё) бақайдгирии давлатии ҳуҷҷати электрониро талаб намояд, ҳуҷҷати электронӣ ё нусхаи он бояд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад ё ба қайд гирифта шавад .
Моддаи 12. Хориҷ карда шуд
Моддаи 13. Хориҷ карда шуд
Моддаи 14. Хориҷ карда шуд
Моддаи 15. Хориҷ карда шуд
Моддаи 16. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ
Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ аз ҷониби ташкилотҳое, ки фаъолияти бойгонӣ ва фаъолияти нигоҳдории маълумоти ҳуҷҷатнокшударо анҷом медиҳанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Тартиби нигоҳдорӣ ва нест кардани ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони масъулро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад .
Моддаи 16(1). Тайёр намудан, ба расмият даровардан, нигоҳдорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ
Агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намудҳои алоҳидаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ талабот оид ба тайёр намудан, ба расмият даровардан, нигоҳдорӣ ва гардиши онҳоро пешбинӣ намоянд, ин талабот ба ҳуҷҷатҳои электронӣ низ бо назардошти хусусиятҳои тайёр намудан, ба расмият даровардан, нигоҳдорӣ ва гардиши онҳо дахл доранд.
Дар мавридҳои зарурӣ талаботи муайяне, ки ба ҳуҷҷатҳои коғазӣ пешниҳод мегарданд, метавонанд бекор карда шаванд ё бо дигар талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳои электронӣ иваз карда шаванд.
Қоидаҳои тайёр намудан, ба расмият даровардан, нигоҳдорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ барои мақомоти давлатӣ, инчунин тартиби гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ байни мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳо ва созишномаҳои байни иштирокчиёни ин муносибатҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд .
Моддаи 17. Ҳимояи ҳуҷҷати электронӣ
Шахсоне, ки бо тайёр кардан, коркард, қабул, ирсол ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ машғуланд, бояд аз воситаҳои барномавӣ ва техникӣ, ки сатҳи зарурии ҳимояи ин ҳуҷҷатҳоро таъмин менамоянд, истифода баранд.
Сатҳи зарурии ҳимояи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва иттилооте, ки дар онҳо мавҷуданд, ҳангоми истифодаи системаю шабакаҳои иттилоотӣ барои ташкили гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ аз тарафи молики ин системаю шабакаҳо таъмин мешаванд.
Моддаи 18. Ҳуҷҷатҳои электронии дорои иттилооте, ки паҳн кардани он манъ шудааст ё маҳдуд гардидааст
Мазмуни ҳуҷҷатҳои электронӣ аз маълумоти дорои сирри давлатӣ, хизматӣ ё тиҷоратӣ ва дигар маълумот иборат буда метавонад, ки паҳн кардани онҳо манъ шудааст ё маҳдуд гардидааст. Қоидаҳои истифода ва чораҳои ҳимояи маълумотро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, шахсони воқеие, ки вазифаҳои онҳо кор бо ҳуҷҷатҳои электронии дорои маълумоти дар қисми якуми моддаи мазкур зикргардида мебошанд, ӯҳдадоранд, ки ҳангоми гузаронидани ҳуҷҷатҳои электронӣ ба воситаи каналҳои алоқа системаҳои сертификатсияшудаи ҳимояи иттилоотро истифода баранд ().
Моддаи 18(1). Вақт, маҳалли ирсол ва қабули ҳуҷҷати электронӣ
Агар бо мувофиқаи тарафҳо ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад, вақти ирсоли ҳуҷҷати электронӣ лаҳзае ҳисобида мешавад, ки ҳуҷҷати электронӣ аз шабакаи иттилоотии ирсолкунанда ё шабакаи иттилоотии шахси пешниҳодкунандаи хизматрасонӣ оид ба ирсоли ҳуҷҷати электронӣ мебарояд.
Агар бо мувофиқаи тарафҳо ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад, вақти қабул кардани ҳуҷҷати электронӣ лаҳзае ҳисобида мешавад, ки ҳуҷҷати электронӣ ба шабакаи иттилоотии шахси қабулкунанда ё шабакаи иттилоотии шахси пешниҳодкунандаи хизматрасонӣ оид ба қабули ҳуҷҷати электронӣ ворид мегардад .
БОБИ 3. Хориҷ карда шуд
Моддаи 19. Хориҷ карда шуд
Моддаи 20. Хориҷ карда шуд
БОБИ 4. Хориҷ карда шуд
Моддаи 21. Хориҷ карда шуд
Моддаи 22. Хориҷ карда шуд
Моддаи 23. Хориҷ карда шуд
БОБИ 5. МАСЪУЛИЯТИ ШАХСОНЕ, КИ ДАР СОҲАИ ГАРДИШИ ҲУҶҶАТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ФАЪОЛИЯТ МЕКУНАНД
Моддаи 24. Масъулияти шахсоне, ки дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ фаъолият мекунанд
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба хизматрасонӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ машғуланд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муштариёни худ барои хизмат нарасонидан ё сифати номуносиби хизматрасонӣ, инчунин барои зарари ба онҳо расонидашуда масъул мебошанд ().
Шахсони аз рӯи вазифаҳои хизматиашон ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумоти дар ҳуҷҷатҳои электронӣ мавҷудбуда дошта, ки паҳн кардани онҳо манъ ё маҳдуд карда шудааст, барои махфияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан масъул мебошанд ().
БОБИ 6. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ГАРДИШИ ҲУҶҶАТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Моддаи 25. Ҳамкории байналмилалӣ
Субъектҳои муносибати ҳуқуқӣ дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ метавонанд дар барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ иштирок кунанд, бо ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд шартномаҳо банданд, инчунин системаю шабакаҳои иттилоотии байналмилалиро мутобиқи қонунгузорӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд ().
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ().
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 10 майи соли 2002, № 51
ш. Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 122)
Қонуни мазкур асосҳои ба кор бурдани ҳуҷҷатҳои электронӣ, талаботи асосӣ ба ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулияти иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқиро, ки дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба амал меоянд, муӯаррар менамояд.
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳoи асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
ҳуҷҷати электронӣ - маълумоте, ки дар ҳомили мошинӣ сабт шудааст ва ба талаботи муқарраркардаи Қонуни мазкур мувофиқат мекунад;
ҳомили мошинӣ - диски магнитӣ, лентаи магнитӣ, диски лазери ва дигар ҳомилҳои моддӣ, ки дар сабту нигоҳдории маълумот бо кумаки техникаи электронию ҳисоббарор истифода мешавад.
имзои электронии рақамӣ - маҷмӯи рамзҳое, ки тавассути имзои электронии рақами ҳосил мешаванд ва қисми таркибии ҳуҷҷати электронӣ ба ҳисоб меравад;
воситаҳои имзои электронии разамӣ - воситаҳои барномавӣ ва техникие, ки тайёркунӣ ва тафтиши имзои электронии рақамиро таъмин менамояд ва дорои сертификати мувофиқ ё шаҳодатномаи тасдиқи сертификат мебошанд;
калиди шахсии имзо - маҷмӯи рамзҳое, ки ба шахси мушаххас тааллуқ дошта, ҳангоми ҳосил кардани имзои электронии рақами истифода мешавад;
калиди умумии тафтиши имзо - маҷмӯи рамзҳое, ки ба ҳамаи шахсоне манфиатдор дастрас буда, ҳангоми тафтиши имзои электронии рақами истифода мешавад;
корти калиди умумии тафтиши имзо - ҳуҷҷат дар ҳомили қоғазӣ, ки дорои моҳияти калиди умумии тафтиши имзо мебошад ва мансубияти онро ба ин ё он шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ тасдиқ мекунад;
молики система ва шабакаҳoи иттилоотӣ - субъекти дорои ҳуқуқӣ соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани система ва шабакаҳои иттилоотӣ.
Моддаи 2. Соҳаи муомилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ
Ҳуҷҷати электронӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияте, ки дар онхо воситаҳои барномавӣ ва техники барои тайёр кардан, коркард, нигоҳдорӣ, ирсол ва қабули иттилоот заруранд, истифода шуда метавонад. Бо кумаки ҳуҷҷатҳои электронӣ аҳдҳо (шартномаҳо) баста шуда метавонад, ҳисоббаробаркуниҳо сурат гирифта, мукотиба, ирcол ва қабули ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумотҳо ба амал меоянд.
Маҳдудият дар истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда метавонад.
Ҳуҷҷатҳои электронӣ тавассути хамаи воситаҳои алоқа, аз ҷумла системаҳо ва шабакаҳои иттилоотӣ, агар ин ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад, фиристода шуда метавонанд.
Моддаи 3. Субъектҳои муносибати ҳуқуқӣ дар соҳаи муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ
Дар соҳаи муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ давлат, дар шахси мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд субъектҳои муносибати ҳуқуқӣ дониста мешаванд.
Шаклҳои муносибати субъектҳо дар соҳаи муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ бо шартномаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 4. Қонунгузорӣ оиди ҳуҷҷатҳои электронӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои электронӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи иттилоотонӣ,, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат аст.
Моддаи 5. Идоракунӣ ва танзими давлатии муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ
Идоракунӣ ва танзими давлатии муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ, таъмини ҳимояи маълумот ҳангоми тайёр кардани он, коркард, ирсол, қабул ва нигоҳдории вай ва дигар мақсадҳо нигаронда шудааст.
Идоракунӣ ва танзими давлатиро дар соҳаи муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
БОБИ II. ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ
Моддаи 6. Талаботи асосӣ ба ҳуҷҷатҳои электронӣ
Ҳуҷҷати электронӣ бояд ба талаботи зерин мувофиқат кунад:
- тавассути воситаҳои барномавӣ ва техники тайёр шуда, коркард шавад, ирсол, қабул ва ҳифз гардад;
- дорои реквизитҳоест, ки имкониятдиҳандаи ҳаммонандкунии он бошанд;
- дар шакле пешниҳод гардад, ки қобили қабули фаҳми инсон бошад.
Моддаи 7. Таркиби ҳуҷҷати электронӣ
Ҳуҷҷати электронӣ аз ду қисми таркибӣ - умумӣ ва махсус иборат аст. Қисми умумии ҳуҷҷати электронӣ аз маълумоти дорои мазмуни ҳуҷҷат ва маълумот дар бораи гирандаи мактуб иборат аст.
Қисми махсуси ҳуҷҷати электронӣ аз як ё якчанд имзоҳои электронии рақами иборат аст.
Моддаи 8. Шаклҳои пешниҳод кардани ҳуҷҷати электронӣ
Ҳуҷҷати электронӣ шаклҳои пешниҳоди дохилӣ ва берунӣ дорад.
Шакли пешниҳоди дохилии ҳуҷҷати электронӣ аз сабти иттилооти он ҳуҷҷат дар ҳомили мошинӣ иборат аст.
Шакли пешниҳоди берунии ҳуҷҷати электронӣ аз таҷдиди ин ҳуҷҷат дар экрани дисплей, дар қоғаз ё дигар маводи аз ҳомили мошинӣ ҷудошаванда дар намуди ба чашм намоён (бе воситаҳои техникӣ) ва қобили қабули фаҳми инсон, иборат аст.
Моддаи 9. Асли ҳуҷҷати электронӣ
Асли ҳуҷҷати электронӣ танҳо дар ҳомили мошинӣ мавҷуд аст. Ҳамаи нусхаҳои ҳуҷҷати электронӣ, ки дар ҳомили мошинӣ қайд шудааст ва яке ба дигаре монанд аст, асл ҳисобида мешаванд ва эътибори якхелаи ҳуқуқӣ доранд.
Дар ҳолате, ки аз тарафи як шахе ҳуҷҷат дар ҳомили қоғазӣ тайёр мешавад ва ҳуҷҷати электронӣ, ки аз рӯи мазмун ба он ҳаммонанд аст, ҳар ду ҳуҷҷат ҳуҷҷатҳои мустақил ҳисобида мешаванд.
Моддаи 10. Нусхаҳои ҳуҷҷати электронӣ ва шаҳодатномаи он
Нусхаи ҳуҷҷати электронӣ бо роҳи тасдиқи шакли берунии пешниҳоди ҳуҷҷати электронӣ дар ҳомили қоғазӣ тибқи тартиботи қoнунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда мешавад.
Азнавҳосилкунии ҳуҷҷати электронӣ дар дигар объект, ғайр аз қоғазӣ, аз ҳомили мошинӣ ҷудошаванда ва ё нусхаи он дар ҳомили қоғазӣ, ки ба таври бояду шояд тасдиқ нашудааст, эътибори ҳуқуқии нусхаи ҳуҷҷати электрониро надорад.
Моддаи 11. Эътибори ҳуқуқии ҳуҷҷати электронӣ
Ҳуҷҷати электронӣ дар ҳомили мошинӣ ба ҳуҷҷати ҳомили қоғазӣ баробар карда мешавад ва бо он эътибори ягонаи ҳуқуқӣ дорад.
Агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб карда шавад, ки ҳуҷҷат ба таври хаттӣ ба расмият дароварда шавад ва ё ба таври хаттӣ ё шакли хаттӣ пешниҳод гардад, пас ҳуҷҷати электронӣ ба ин талабот мутобиқ дониста мешавад.
Аслҳои ҳуҷҷати электронӣ ва нусхаҳои онҳо дар ҳомилҳои қоғазӣ, ки мутобиқи талаботи моддаи 10 Қонуни мазкур мебошанд, як хел эътибори ҳуқуқӣ доранд.
Дар мавридҳое, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи нотариалӣ ва ё бақайдгирии давлатии ҳуҷҷат талаб карда шавад, худи ҳуҷҷати электронӣ, ё нуcхаи он дар ҳомили қоғазӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ё ба қайд гирифта мешавад.
Тартиби ҳуҷҷатноккунӣ ва муомилаи иттилоот, ки дар қисми якуми моддаи 18 Қонуни мазкур, дар намуди ҳуҷҷатҳои электронӣ бо стандартҳо ва коидаҳои коргузории муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
Моддаи 12. Таъиноти имзои электронии рақами
Имзои электронии рақами барои мақсадҳои зерин таъин шудаанд:
- тасдиқ кардани маълумоте, ки қисми умумии ҳуҷҷати электрониро ташкил медиҳад;
- тасдиқ кардани асилӣ ва пуррагии ҳуҷҷати электронӣ.
Тасдиқ кардани маълумоти ташкилдиҳандаи қисми умумии ҳуҷҷати электронӣ бо роҳи истифодаи воситаҳои имзои электронии рақами бо истифодабарии калидҳои имзои шахсии шахсе, ки ин ҳуҷҷатро имзо мекунанд, сурат мегирад.
Аcл ва пурра будани ҳуҷҷати электронӣ онро ифода мекунад, ки ҳуҷҷат дар ҳақиқат аз тарафи соҳиби калиди шахсии имзо тайёр карда шудааст ва дар ҳуҷҷати мазкур тағйирот дароварда нашудааст.
Тасдиқ намудани аслӣ ва пуррагии ҳуҷҷати электронӣ бо роҳи истифодаи воситаҳои имзои электронии рақами бо истифодаи калидҳои кушодаи имзои шахси ҳуҷҷати электрониро имзо карда сурат мегирад.
Моддаи 13. Соҳиби калиди шахсии имзо
Соҳиби калиди шахсии имзо шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ ҳисобида мешаванд, ки тайёр кардани ин калидро бо роҳи истифодаи воситаҳои имзои электронии рақами ва калиди кушодаи ба он дахддори тафтиши имзо ба сомон мерасонанд.
Соҳиби калиди шахсии имзо ба хотири манфиатҳои худ бояд онро махфӣ нигоҳ дорад ва ҳифзи онро аз эҳтимолияти нобаҳангом нобуд шудан ё шаклан тагир додан (модификатсия) таъмин намояд.
Моддаи 14. Калиди умумии тафтиши имзо
Калиди умумии тафтиши имзо дар заминаи калиди шахсии имзо бо роҳи истифодаи имзои электронии рақами тайёр карда мешавад.
Мансубияти калиди умумии тафтиши имзо ба соҳиби калиди шахсии имзо бо роҳи гирифтани ин имзо ва муҳри шахе дар корта калиди умумии тафтиши имзо тасдиқ, карда мешавад.
Истифодабарандаи калиди умумии тафтиши имзо шахсе ҳисобида мешавад, ки ба ӯ аз ҷониби молики калиди шахсии имзо ё шахси ваколатдори ӯ корти калиди умумии тафтиши имзо барои тафтиши асли ҳуҷҷатҳои электронии имзошуда, супорида мешавад.
Шакли корти калиди умумии тафтиши имзо аз тарафи молики система ва шабақаи иттилоотӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 15. Паҳн кардани калидҳои умумии тафтиши имзо
Калидҳои умумии тафтиши имзои тасдиқшуда аз ҷониби молики калиди шахсии имзо ё шахси ваколатдори ӯ барои истифода ба ҳамаи шахсони манфиатдор паҳн карда мешавад.
Паҳн кардани калидҳои умумии тафтиши имзо дар байни истифодабарандагон бо ин роҳҳо сурат гирифта метавонад:
- супоридани корти калиди умумии тафтиши имзо шахсан ба истифодабаранда;
- ирсол бо почта дар намуди ҳуҷҷат дар ҳомили қоғазӣ;
- ирсол дар намуди ҳуҷҷати электронӣ.
Паҳн кардани калидҳои умумии тафтиши имзо аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ ё шахсони ҳуқуқии дорои иҷозатномаи ин намуди хизматрасонӣ гузаронида мешавад.
Қисми чоруми моддаи 15 хориҷ карда шуд .
Моддаи 16. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ
Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ аз ҷониби ташкилотҳое, ки фаъолияти бойгонӣ ва фаъолияти нигоҳдории маълумоти ҳуҷҷатиро анҷом медиҳанд, сурат мегирад.
Тартибот, шартҳо ва хусусиятҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электрониро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 17. Ҳимояи ҳуҷҷати электронӣ
Шахсоне, ки бо тайёр кардан, коркард, қабул, ирсол ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ машғуланд, бояд аз воситаҳои барномавӣ ва техникӣ, ки сатҳи зарурии ҳимояи ин ҳуҷҷатҳоро таъмин менамоянд, истифода баранд.
Сатҳи зарурии ҳимояи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва иттилооте, ки дар онҳо мавҷуданд, ҳангоми истифодаи системаю шабакаҳои иттилоотӣ барои ташкили гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ аз тарафи молики ин системаю шабакаҳо таъмин мешаванд.
Моддаи 18. Ҳуҷҷатҳои электронии дорои иттилооте, ки паҳн карданн он манъ шудааст ё маҳдуд гардидааст
Мазмуни ҳуҷҷатҳои электронӣ аз маълумоти дорои сирри давлатӣ, хизматӣ ё тиҷоратӣ ва дигар маълумот иборат буда метавонад, ки паҳн кардани онҳо манъ шудааст ё маҳдуд гардидааст. Қоидаҳои истифода ва чораҳои ҳимояи маълумотро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Мақомоти давлатӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, шахсони воқеие, ки вазифаҳои онҳо кор бо ҳуҷҷатҳои электронии дорои маълумоти дар қисми аввали моддаи мазкур нишондодашуда мебошанд, ӯҳдадоранд, ки ҳангоми гузаронидани ҳуҷҷатҳои электронӣ ба воситаи каналҳои алоқа системаҳои сертификатсияшудаи ҳимояи иттилоотро истифода баранд.
БОБИ III. ИҶОЗАТНОМАДҲӢ ВА СЕРТИФИКАТСИЯ
Моддаи 19. Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият оид ба имзои электронии рақами
Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзоҳои электронии рақами, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои электронии рақами, хизматрасони вобаста ба истифодаи имзоҳои электронии рақами ва тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои электронии рақами тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" анҷом дода мешавад .
Моддаи 20. Сертификатсияи воситаҳои барномавӣ ва техникӣ
Воситаҳои барномавӣ ва техникӣ, ки барои тайёр кардан, коркард, қабул, ирсол, нигоҳдорӣ ва ҳимоя намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ истифода мешаванд, бояд тибқи тартиботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда шаванд.
БОБИ IV. МУОМИЛАИ ҲУҶҶАТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ
Моддаи 21. Муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ дар фаъолияти бонкӣ
Бонки миллии Тоҷикиетон, бонкҳои тиҷоратӣ, ё ташкилоти ғайрибонкии қарзию молиявӣ яке аз субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ дар фаъолияти бонкӣ ҳисобида мешаванд.
Муносибатҳо байни субъектҳо дар соҳаи муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ дар фаъолияти бонкӣ дар асоси шартномаҳо сурат мегиранд.
Тартиби гузаронидани ҳисоботи ғайринақдиро бо истифода аз ҳуҷҷатҳои электронӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки милпии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 22. Сертификатсияи воситаҳои барномавӣ ва техникӣ дар фаъолияти бонкӣ
Сертификатсияи воситаҳои зарурии барномавӣ ва техникии барои тайёр кардан, қабул, ирсол, коркард ва нигоҳдорӣ намудани ҳуҷҷатҳои электронии дар фаъолияти бонкӣ истифодашаванда, аз ҷониби мақоми сертификатсия, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, гузаронда мешавад.
Номгӯи воситаҳои барномавӣ ва техникие, ки дар фаъолияти бонкӣ истифода мешаванд ва боад ҳатман сертификатсия шаванд, аз тарафи Бонки милии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 23. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ аз рӯи ҳисобҳoи байнибонкӣ ва додани нусхаҳои он
Нигоҳдории асли ҳуҷҷатҳои электронӣ аз рӯи ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ дар мӯҳлатҳое, ки санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардаанд, таъмин карда мешавад.
БОБИ V. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ ДАР СОҲАИ МУОМИЛОТИ ҲУҶҶАТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Моддаи 24. Ҷввобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар бораи муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ хизматҳои худро пешкаш мекунанд, тибқи нишондоди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муштариёни худ барои хизмат нарасондан ва ё сифати номуносиби хизматрасонӣ, ҳамчунин барои зарари аз тарафи онҳо расонида шуда, ҷавобгар мебошанд.
Шахсоне, ки мувофиқи вазифаҳои хизматиашон дастрас кардани маълумоти дар ҳуҷҷатҳои электронӣ мавҷуд бударо, ки паҳн кардани онҳо манъ аст ё маҳдуд шудааст ҳуқуқ доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ паҳн кардани онҳо ба ҷавобгарии ҷинои ё маъмурӣ кашида мешаванд.
БОБИ VI. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ МУОМИЛОТИ ҲУҶҶАТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Моддаи 25. Ҳамкории байналмилалӣ
Субъектҳои муносибати ҳуқуқӣ дар соҳаи муомилоти ҳуҷҷатҳои электронӣ метавонанд дар барномаҳо ва лоиҳаҳои байналмилалӣ иштирок кунанд, бо ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд шартномаҳо банданд, инчунин системаю шабакаҳои иттилоотии байналмилалиро мутобиқи қонунгузорӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
10 майи соли 2002 № 51