ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)
(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 173, аз 18.06.2008 № 404)
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти хоҷагии деҳқони (фермери)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 2. Қонунгузори дар бораи хоҷагии деҳқони (фермерӣ)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии деҳқони (фермерӣ) ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мафҳуми хоҷагии деҳқони (фермерӣ)
Хоҷагии деҳқони (фермерӣ) (минбаъд - хоҷагии деҳқони) субъекти хоҷагидории мустақилест, ки фаъолияти худро бе таъсиси шахси ҳуқуқи амали гардонида, ба меҳнати шахсии як нафар ё аъзои як оила, шахсони дигар, ки маҳсулоти кишоварзиро якҷоя истеҳсол мекунанд, асос ёфта, заминаи онро қитьаи замин ва амволи дигари ба аъзои хоҷагии деҳқони тааллукдошта ташкил медиҳад.
Моддаи 4. Аъзои хоҷагии деҳқони
Аъзои хоҷагии деҳқони хамсарон, фарзандон, фарзандхондагон, волидайн ва шахсони дигар, ки якҷоя дар хоҷагии умуми машғули коранд, шуда метавонанд.
Шахсоне, ки дар хоҷагии деҳқони аз рӯи шартнома кор мекунанд, ба ҳайати хоҷагии деҳқони дохил намешаванд, ва муносибатҳои меҳнатии онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ба танзим дароварда мешавад.
Моддаи 5. Хоҷагии деҳқони ҳамчун шакли хоҷагидори
Хоҷагии деҳқoни дар баробари ташкилотҳои тиҷорати ва соҳибкорони инфироди ҷузъи баробарҳуқуқи системаи иқтисоди мебошад. Ҳамаи амалиёти хоҷагии он мувофиқи созиши тарафайн аз рӯи ҳисоббаробаркунии накдию ғайринакди сурат мегирад.
Хоҷагии деҳқони сохтор ва тарзи истеҳсолотро бо назардошти манфиатҳояш мустақилона муайян мекунад ва метавонад ба ҳар гуна навьи фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, машғул шавад.
Даҳолат ба фаъолияти хоҷагии деҳқони аз тарафи мақомоти давлати ва шахсони мансабдори он, ба ғайр аз асосҳои пешбининамудаи қонунгузори манъ аст.
Моддаи 6. Ҳуқуқ ва шаклҳои ташкили хоҷагии деҳқони
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои қобилияти амал аст, ҳуқуқ, дорад хоҷагии деҳқони ташкил кунад.
Хоҷагии деҳқони дар шаклҳои зерин буда метавонад:
а) хоҷагии деҳқоние, ки ба соҳибкории инфироди асос ёфтааст;
б) хоҷагии деҳконие, ки дар он фаъолияти соҳибкори дар шакли соҳибкории оилави сурат мегирад ва он дар заминаи моликияти якҷоя аст;
в) хоҷагии деҳқоние, ки дар шакли ширкати одди дар заминаи моликияти умумии ҳиссаги ташкил шудааст ва ба шартномаи фаъолияти якҷоя асос ёфтааст.
Моддаи 7. Сардори хоҷагии деҳқони
Сардори хоҷагии деҳқони яке аз аъзои қобили меҳнати он, ки дорои донишу малакаи соҳаи кишоварзи мебошад ва дар соҳаи кишоварзи таҷрибаи кори амали дорад, буда метавонад.
Сардори хоҷагии деҳқони манфиатҳои онро дар муносибатҳо бо шахсони воқеи ва ҳуқуқи, мақомоти давлати намояндаги намуда, фаъолияти хоҷагидориро ташкил менамояд;
Моддаи 8. Ҳуқуқи аъзои хоҷагиҳои деҳқони оиди ташкили ширкати хоҷагидори ё кооперативи истеҳсоли дорои ваколати шахси ҳуқуқи
Аъзои хоҷагихои деҳқони мутобиқи Кодекси гражданини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи молу мулки хоҷаги метавонанд ширкати хоҷагидори ё кооперативи истеҳсоли дорои ваколати шахси ҳуқуқи таъсис диҳанд.
Ширкати хоҷагидори ё кооперативи истеҳсоли чун шахси ҳуқуқи ба молу мулке, ки онро ҳамчун саҳм ва дигар пардохт аъзои хоҷагиҳои деҳқони додааст, инчунин молу мулке, ки дар натиҷаи фаъолияти он ва дар асосҳои дигаре, ки хилофи Қонун намебошад, ба даст оварда шудааст, дар ҳуқуқи моликияти он мебошад.
Андозаи саҳми аъзои хоҷагиҳои деҳқони, ки иштирокчии ширкати хоҷагидори ё узви кооперативи истеҳсоли мебошанд, бо назардошти саҳми онҳо дар доираи ҳуқуқи моликияти умуми ба молу мулки хоҷагии деҳқони тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 9. Мутобиқсозии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқони
Мутобиқсозии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқони ва пешбурди сиёсати давлати ҷиҳати инкишофу пешрафти илмию техники, сармоягузори ва ояндабини дар ин соҳа аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали карда мешавад.
Моддаи 10. Шартҳои додани қитъаи замин
Қитъаи замин бо мақсади ташкили хоҷагии деҳқони ба истифодаи меросии якумра дар асоси аризаи шаҳрванд аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) мувофиқи салоҳияти он, ки дар Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, дода мешавад .
Хоҷагии деҳқони метавонад барои мақсадҳои истеҳсоли ба таври иловаги қитъаи заминро ба иҷора гирад.
Чун қоида, қитъаи замин яклухт дода мешавад.
Хароҷоти тартиб додани ҳуҷҷатҳои кадастрии замин, таҳқиқи агрокимиёви ва экологии хок аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор пардохта мешавад. Инчунин заминистифодабаранда метавонад корҳои мазкурро мустақилона фармоиш дода, бо маблағ таъмин намояд. Хароҷоти ҷудо карда додани замин ва ба расмиятдарории сертификати ҳуқуқи истифодаи замни аз ҳисоби хоҷагии деҳқони сурат мегирад.
Ҳангоми ташкил намудани хоҷагии деҳқони дар қаламраве, ки дар он иншоотҳои истеҳсоли ва иҷтимоию маиши вуҷуд надоранд, ободонии ибтидоии он, сохтмони роҳҳо, хати интиқоли барқ, таъминоти об, воситаҳои алоқа ва мелиоратсияи заминҳоро давлат ба ӯҳда мегирад.
Моддаи 11. Меъёри додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқони
Қитъаи замин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи меросии якумра барои ташкили хоҷагии деҳқони бо меьёрҳои зерин дода мешaвад:
а) аз заминҳои ташкилотҳои кишоварзи бо меъёри миёнаи саҳми замин дар ин ташкилот ба ҳар як аъзое, ки ҳуқуқи саҳми замин дорад;
б) аз заминҳои фонди махсус ба меъёри миёнаи ноҳияви (шаҳрии) саҳми замин ба ҳар як аъзои қобили меҳнат, ки хоҳиши ташкил кардани хоҷагии деҳқони дорад.
Моддаи 12. Тартиби ташкили фонди махсуси замин барои ташкил кардани хоҷагии деҳқони
Барои ташкил кардани хоҷагии деҳқони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) фонди махсуси заминро аз ҳисоби заминҳои зайл ташкил менамояд ,
а) заминҳое, ки аз истифода баромадаанд ё ба заминҳои камарзиш гузаронида шудаанд;
б) заминҳои захирави;
в) заминҳои ҳамаи категорияҳо, ки аз рӯи мақсади муайян истифода бурда нашудаанд;
г) заминҳои барои истеҳсолоти кишоварзи додашуда, ки дар муддати як сол истифода бурда нашудаанд, инчунин заминҳои барои мақсадҳои ғайрикишоварзи додашуда, ки дар муддати ду сол истифода нашудаанд;
д) заминҳои ташкилотҳои хоҷагии ҷангал, ки аз дарахту буттазор холи ҳастанд ва барои истифода дар истеҳсолоти кишоварзи мувофиқанд;
е) заминҳои ташкилотҳои кишоварзие, ки самаранок истифода намешаванд;
ё) заминҳои хоҷагиҳои деҳқоние, ки фаьолияташон қатъ гардидааст;
ж) заминҳои нав азхудкардашуда.
Қитъаҳои замини ошкоршуда ва ба фонди махсус дохилкардашуда бо қарори мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) барои ташкили хоҷагии деҳқони гирифта мешаванд. Розигии заминистифодабарандагон барои гирифтани ин заминҳо талаб карда намешавад.
Ташкили хоҷагии деҳқонӣ дар заминҳои хоҷагиҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ, муассисаҳои тадқиқотӣ, илмӣ-истеҳсолӣ, таълимӣ, таҷрибавӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, инчунин дар заминҳои фонди давлатии об танҳо бо ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
Моддаи 13. Муқаррар намудани ҳуқуқи истифодаи замин ба хоҷагии деҳқони
Ҳуқуқи истифодаи замин бо сертификат ҳуқуқи истифодаи замин, ки ба номи сардори хоҷагии деҳқони мутобиқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, тасдиқ мегардад. Истифодаи замин танҳо дар сурати доштани сертификат мумкин аст.
Ҳуқуқи иҷораи замин бо шартномаи басташудаи тарафайн муайян мегардад.
Моддаи 14. Тартиби додани қитъаи замин аз заминҳои фонди махсус барои ташкил кардани хоҷагии деҳқони
Шаҳрвандоне, ки хоҳиши ташкил кардани хоҷагии деҳқониро доранд, аз ҷумла онҳое, ки аз дигар ноҳияҳо (шаҳрҳо) барои зиндагии доими кучида меоянд, барои гирифтани қитьаи замин ба мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияи (шаҳри) маҳалли воқеъшавии қитъаи замин ариза дода, дар он далелҳои заруриро меоваранд.
Дар ариза мақсади истифодаи қитъаи замини тақозошаванда, андозаи пешниҳодшаванда ва маҳалли воқеъшавии он, шумораи умумии аъзои қобили меҳнат зикр мегардад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) дар муддати 1 моҳи баъди додани ариза дар бораи додани қитъаи замин қарор қабул мекунад .
Дар ҳолати риоя накардани мӯҳлати қабули қарор ё пинҳон намудани маълумот дар бораи вуҷуд доштани фонди махсуси замин шахсони мансабдор мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Даъво аз рӯи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) дар бораи надодани қитъаи замин аз тарафи суд дида баромада мешавад .
Моддаи 15. Ташкили хоҷагии деҳқони аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои давлати ва дигар намудҳои хоҷагидори
Заминҳои хоҷагиҳои давлати ва дигар намудҳои хоҷагидори дар байни аъзои доимии он, инчунин бо қарори маҷлиси умумии онҳо ба рӯйхати саҳмдорон дохил кардани дигар шаҳрвандон бо тариқи саҳмдори ба ҳиссаи муайяни замин, ки ҳуқуқи ҳар як шаҳрвандро таъмин менамояд ва вобаста ба шароити маҳал, ҷойгиршавии захираҳои замин, маҳалҳои аҳолинишин ва дигар омилҳо шартан тақсим карда мешавад .
Андозаи саҳми заминро кумитаҳои заминсозии ноҳия (шаҳр) муқаррар намуда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) онро тасдиқ менамояд .
Моддаи 16. Ба қайдгирии давлатии хоҷагии деҳқони
Хоҷагии деҳқони мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дар мақомоти давлатии андози маҳалли воқеъшудаи хоҷаги ба қайд гирифта шуда, омори давлатии маҳалли онро ба ҳисоб мегирад.
Ширкати хоҷагидори ва кооперативи истеҳсоли, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои ташкил шудаанд, пас аз гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дар мақомоти адлияи маҳалли воқеъшудаашон ба қайди давлати гирифта шуда, омори давлатии маҳалли онро ба ҳисоб мегирад.
Ҷамоати деҳот (шаҳрак) ҳар як хоҷагии деҳқони, ширкати хоҷагидори ва кооперативи истеҳсолиро дар дафтари хоҷаги ба ҳисоб мегирад ва дар он маълумотҳои асосиро оид ба фаъолияти онҳо қайд менамояд .
Моддаи 17. Ҳуқуқи хоҷагии деҳқони ва аъзои он
Хоҷагии деҳқони ва аъзои он ҳуқуқ доранд:
а) дар замин мустақилона хоҷагидори намоянд;
б) қитъаи замин ё як қисми онро дар мавриди муваққатан қобилияти меҳнатиро аз даст додан, даъват ба хизмати ҳақиқии ҳарби ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳ, таҳсил ва дигар мавридҳои муайян намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора диҳанд;
в) дар мавриди аз тарафи давлат гирифтани қитьаи замин ҷуброни пурраи хароҷоти бардоштани ҳосилхезии замин ва зарар, аз ҷумла фоидаи аз даст додашударо гиранд;
г) соҳиби маҳсулоти истеҳсолшуда ва даромад аз фурӯши он бошанд, ҳиссаи худро талаб намоянд;
д) аз истифодаи замин ихтиёри даст кашанд;
е) сарфи назар аз ризоияти дигар аъзои хоҷагии деҳқони мувофиқи саҳми худ аз ҳайати хоҷагии деҳқони бароянд;
ё) аз канданиҳои фоиданоки маъмул (рег, шағал, гил, санг, манбаъҳои об ва дигар хосиятҳои фоиданоки қитъаи замини хоҷагии деҳкони ба таври муқарраргардида истифода баранд;
ж) харидан, ба иҷора гирифтан ё муваққатан истифода бурдани амволи ташкилотҳо ва шаҳрвандони алоҳидаро доранд;
з) барои амали намудани фаъолияти соҳибкори шартномаҳо банданд;
и) дар мавриди беш аз як гектар будани масоҳати қитъаи замини хоҷагии деҳқони дар масоҳати на бештар аз 0,03 гектар бинои ёрирасон созад;
к) аз дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
Шикор, шикори моҳи, ҷамъоварии меваҳо, аз он ҷумла чормағз алафҳои табобати, меваҳои буттаги, дигар маҳсулоти табиат ё фаъолияти дигар дар қитьаи замине, ки ба хоҷагии деҳқонии оилави ва ё хоҷагии деҳқонии бо иштироки шахсони дигар вобаста карда шудааст, танҳо бо розигии аъзояш ва ё дар асоси шартномаи тарафайн мумкин аст .
Агар дар қитъаи замин иморатҳо, дарахтони бисёрсола ё дигар иншоотҳое, ки ба ҷои дигар интиқол додани онҳо имконнопазир аст, вуҷуд дошта бошанд, хоҷагии деҳқони ба заминистифодабарандаи қабли қиммати боқимондаро ғалофи мекунад, агар тарафҳо оиди тартиби дигаре мувофиқат накунанд. Баьд аз ин иншоотҳои мазкур ба истифодаи хоҷагии деҳқони мегузаранд.
Моддаи 18. ӯҳдадориҳои хоҷагии деҳқони ва аъзои он
Хоҷагии деҳқони ва аъзои он, ки саҳми замини худро доранд, ӯҳдадоранд:
а) мутобиқи таъиноти мақсаднок заминро самарабахш истифода намоянд, ҳосилхезии онро баланд бардоранд, оиди муҳофизати замин, ҷангал, об маҷмӯи тадбирҳо андешанд ва ҳангоми фаъолияти хоҷагидориашон ва бад шудани вазъияти экологи роҳ надиҳанд;
б) пардохти истифодаи қитъаи замин ва дигар намудҳои андозро дар вақташ супоранд;
в) барои самаранок истифода бурдани замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзи саҳмгузор бошанд, маьлумотҳои муқаррарнамудаи қонунро дар бораи фаъолияти худ ва истифодаи замин сари вақт ба мақомоти хоқимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) ва дигар мақомоти пешбининамудаи қонунгузорӣ пешниҳод намоянд ;
г) мувофиқи тартиби муқарраршуда зарари паст шудани ҳосилхезии заминро, ки бо гуноҳи заминистифодабаранда рӯй додааст, талофи кунанд;
д) ӯҳдадориҳои шартномави ва интизоми қарзию кредитии ҳисоббаробаркуниро риоя намоянд;
е) ҳуқуқи дигар заминистифодабарандагонро вайрон накунанд.
Моддаи 19. Ба мерос гузаштани амвол ва ҳуқуқи истифодаи замини аъзои хоҷагии деҳқони
Амвол на ҳуқуқи истифодаи замини аьзои хоҷагии деҳқони бо тартиби пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мерос мегузарад.
Моддаи 20. Фаъолияти молиявии хоҷагии деҳқони
Маблағҳои хоҷагии деҳқони аз ҳисоби даромад аз фурӯши маҳсулот (кору хизматрасони), қарзу кредитҳо, маблағҷудокуниҳои буҷети, хайрияҳо ва дигар даромадҳо ташкил мегарданд.
Фаъолияти молиявии хоҷагии деҳқони ба воситаи суратҳисоби бонки ва дигар суратҳисобҳо, аз ҷумла суратҳисоби асъори ва ба амал баровардани тамоми навъҳои муомилоти муҳосибави, қарзию кредити ва кассави сурат мегирад.
Баровардани маблағҳо аз суратҳисоби бонкии хоҷагии деҳқони танҳо бо розигии хоҷагии деҳқони ё бо қарори суд сурат мегирад.
Асоси ҳисоботи молияви ҳисоботи солонаи хоҷагии деҳқони мебошад.
Моддаи 21. Гирифтани кредит аз ҷониби хоҷагии деҳқони
Хоҷагии деҳқони метавонад аз кредити додаи ҳамаи намуди бонкҳо, дар асоси шартномаҳое, ки шартҳои кредитдиҳиро муайян мекунанд, истифода барад.
Баргардонидани кредити гирифтаи хоҷагии деҳқони бо гарав ё дигар намудҳои ӯҳдадориҳо таъмин карда мешавад.
Моддаи 22. Меҳнат дар хоҷагии деҳқони
Меҳнат дар хоҷагии деҳқони асосан бо қувваи аьзои худи хоҷаги сурат мегирад.
Иҷрои корҳо бо ҷалби шаҳрвандони дигаре, ки аз рӯи шартнома кор мекунанд, бо меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Пардохти музди меҳнати шаҳрвандоне, ки дар бораи истифодаи меҳнаташон шартнома бастаанд, ба таркиби хароҷотҳои ҷори дохил карда шуда, дар навбати аввал ба амал бароварда мешавад. Он аз натиҷаҳои кори хоҷагии деҳқони вобаста нест, агар дар ин бобат шартномаи махсус вуҷуд надошта бошад.
Аъзои хоҷагии деҳқони ва шаҳрвандоне, ки ба тариқи шартномави дар хоҷагии деҳқони барои иҷрои корҳо ҷалб карда мешаванд, аз ҳамаи ҳуқуқҳои дар қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон пешбинигардида истифода мебаранд.
Моддаи 23. Баҳисобгири ва ҳисобот дар хоҷагии деҳқони
Хоҷагии деҳқони натиҷаҳои корашро ба ҳисоб мегирад.
Хоҷагии деҳқони ва ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқони ӯҳдадоранд дар бораи фаъолияти худ ба мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҳисобот диҳанд.
Моддаи 24. Суғуртаи амволи хоҷагии деҳқони ва ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқони
Суғуртаи амволи (зироатҳои кишоварзи, чорво, воситаҳои асоси ва дигар амвол) хоҷагии деҳқони ва ассотсиатсияи онҳо мувофиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта" ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 25. Суғуртаи иҷтимоии давлати ва таьминоти иҷтимоии аъзои хоҷагии деҳқони
Аъзои хоҷагии деҳқони дар асосҳои баробар воҷиби суғуртаи иҷтимоии давлати мебошад. Ҳаққи узвияти суғуртави аз тамоми маблағи музди меҳнати аъзои хоҷагии деҳқони пардохта мешавад. Аз даромадҳо хароҷоти амалии хоҷаги, ки ба тараққиёти хоҷагии деҳқони вобастаанд, бароварда мешавад.
Аъзои хоҷагии деҳқони мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ба нафақа баромадан дорад. Дар ин маврид тамоми муддати дар хоҷагии деҳқони кор карданаш ба собиқаи умумии кори он дохил карда мешавад.
Аъзои хоҷагии деҳқони ҳангоми муваққатан гум кардани қобилияти меҳнати бо ёрдампулии яквақта ва дигар имтиёзҳои пешбинигардида мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Давраи дар хоҷагии деҳқони кор кардани аъзои хоҷаги ва шаҳрвандоне, ки дар бораи истифодаи меҳнаташон шартнома бастаанд, дар асоси сабт дар дафтарчаи меҳнати ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи узвияти суғуртаи иҷтимои ба собиқаи умуми ва бефосилаи кораш дохил карда мешавад.
Фаъолияти меҳнатии аъзои хоҷагии деҳқони ва шаҳрвандоне, ки дар бораи истифодаи меҳнаташон шартнома бастаанд, аз тарафи хоҷагии деҳқони мустақилона ба ҳисоб гирифта мешавад.
Хоҷагии деҳқони барои зарари расондаи аъзои он ба шаҳрвандоне, ки дар бораи истифодаи меҳнаташон шартнома бастаанд, барои маъюби ва дигар зарар ба саломати, ки ба иҷрои супоришҳои меҳнатиашон вобастаанд, масъулияти модди дорад.
Моддаи 26. Дастгирии давлатии хоҷагии деҳқони
Хоҷагии деҳқони имтиёзҳои зайл дорад:
а) бақайдгирии давлатии хоҷагии деҳқони хусусияти озод дошта, барои бақайдгири маблағ пардохта намешавад;
б) бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти пайвасткунии иқтидорҳои қувваи барқ, обрасони (бе ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техники), озод мебошад;
в) дар бонкҳои тиҷорати бе пардохт суратҳисоб кушояд;
г) аз бонкҳои тиҷорати кредитҳои имтиёзнок гирад;
д) аз ҳуқуқи афзалиятнок ҳангоми ҷойгиронии супоришҳо барои эҳтиёҷоти давлати истифода барад;
е) аз ҳисоби маблағҳои барои дастгирии соҳибкории хурд ҷудошуда такмили ихтисос ва кадрҳо тайёр намояд;
ё) аз дигар имтнёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад.
Моддаи 27. Андозбандии хоҷагии деҳқони
Андозбандии хоҷагии деҳқони мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 28. Мафҳум ва ташкили ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқони
Ассотсиатсия бо роҳи ихтиёраи муттаҳид шудани хоҷагиҳои деҳқонии мустақил ташкил карда мешавад. Ассотсиатсия дар асоси шартномаи таъсиснамои ва оинномаи тасдиқнамудаи иштирокчиёнаш амал намуда, шахси ҳуқуқи мебошад ва дар мақомоти адлияи маҳалли воқеъшудан он ба қайд гирифта мешавад.
Хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба ҳайати ассотсиатсия дохил мешаванд, мустақилият, ҳуқуқи истифодаи заминро нигоҳ медоранд ва амали ҳамин Қонун ба онҳо паҳн мешавад.
Амалҳои маҷбуран ба ассотсиатсия дохил кардани хоҷагиҳои деҳқони манъ аст.
Моддаи 29. Идора кардани ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқони
Мақоми олии идораи ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқони маҷлиси умумии иштирокчиёни он мебошад.
Вазифаҳои иҷроияви ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ассотсиатсияи хоҷагиҳои дехқoниро шӯрои ассотсиатсия ба амал мебарорад, ки онро раис роҳбари менамояд.
Шӯрои ассотсиатсияро маҷлиси умумии иштирокчиёни он интихоб мекунад.
Моддаи 30. Фаъолияти истеҳсолию молияви ва хоҷагидории ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқони
Барои ба амал баровардани мақсад ва вазифаҳои худ ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқони ҳуқуқ дорад:
а) амалҳои умумии дар байни иштирокчиёнаш мувофиқашударо дар соҳаи тиҷорат, молия, қарзу кредит, тараққиёти техники анҷом диҳад;
б) бо роҳи маблағҷудокунии ихтиёри захираҳои молияви ва модди ташкил кунад, вазифаҳои истеҳсолию хоҷагиро муттамарказ намояд;
в) бо ёрии нархҳои ҳисоби, тарифҳо ва нархгузориҳо муносибати байни иштирокчиёни онро танзим намояд.
Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқони оиди ӯҳдадориҳои иштирокчиёнаш ва иштирокчиён оиди ҳдадориҳои ассотсиатсия масъул намебошанд, ба истиснои мавридҳое, ки ассотсиатсия кафолатро ба зимма мегирад.
Тартиби хоричшави аз ассотсиатсия ва барҳамдиҳии ассотсиатсияро оиннома муайян мекунад.
Моддаи 31. Асосҳои қатъ гардидани фаъолияти хоҷагии деҳқони
Фаъолияти хоҷагии деҳқони дар мавридҳои зайл қатъ мегардад:
а) тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин;
б) қарори аъзои хоҷагии деҳқони дар бораи қатъи фаъолияти он;
в) агар ягон узви хоҷагии деҳқони ё ворисе боқи намонад, ки майли давом додани фаъолияти хоҷаги дошта бошад;
г) истифодаи қитъаи замин ба тавре, ки боиси харобшавии замин мегардад;
д) гирифтани қитъаи замин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъияти;
е) аз сабаби муфлисшави;
ё) ба шакли дигари ҳуқуқи - ташкили табдил додани хоҷагии деҳқони.
Моддаи 32. Тартиби барҳам додани хоҷагии деҳқони
Тартиби барҳамдиҳии хоҷагии деҳқониро қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Муносибати заминистифодабари баьд аз барҳам додани хоҷагии деҳқони мувофиқи қонунҳои амалкунанда муайян карда мешавад.
Дар сурати барҳам додани хоҷагии деҳқони амвол ва маблағҳои пулии он барои пардохти ҳаққи меҳнати шаҳрвандоне, ки аз рӯи шартнома кор мекунанд, пардохт ба буҷет, баргардонидани кредити бонки ва ҳисоббаробаркуни бо дигар кредиторон истифода бурда мешавад.
Амволи боқимонда ва маблағи аз фурӯши он ба даст омада ҳамчун моликияти якҷоя боқи мемонад ё байни аъзои хоҷагии деҳқони тақсим мешавад.
Моддаи 33. Ҳалли баҳсҳо оиди қатъ намудани фаъолият ва барҳам додани хоҷагии деҳқони
Баҳсҳо оиди қатъ намудани фаъолият ва барҳам додани хоҷагии деҳқони аз тарафи суд тибқи тартиби муқарраргардида ҳал карда мешаванд.
Моддаи 34. Ҷавобгари барои вайрон кардани қонунгузори оиди хоҷагии деҳқони
Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки қонунгузориро оиди хоҷагии деҳқони вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
10 майи соли 2002 № 48
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНӢ (ФЕРМЕРӢ)
(Қонун аз 3.03.2006 № 173)
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти хоҷагии деҳқони (фермери)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 2. Қонунгузори дар бораи хоҷагии деҳқони (фермери)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хоҷагии деҳқони (фермери) ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мафҳуми хоҷагии деҳқони (фермери)
Хоҷагии деҳқони (фермери) (минбаъд - хоҷагии деҳқони) субъекти хоҷагидории мустақилест, ки фаъолияти худро бе таъсиси шахси ҳуқуқи амали гардонида, ба меҳнати шахсии як нафар ё аъзои як оила, шахсони дигар, ки маҳсулоти кишоварзиро якҷоя истеҳсол мекунанд, асос ёфта, заминаи онро қитьаи замин ва амволи дигари ба аъзои хоҷагии деҳқони тааллукдошта ташкил медиҳад.
Моддаи 4. Аъзои хоҷагии деҳқони
Аъзои хоҷагии деҳқони хамсарон, фарзандон, фарзандхондагон, волидайн ва шахсони дигар, ки якҷоя дар хоҷагии умуми машғули коранд, шуда метавонанд.
Шахсоне, ки дар хоҷагии деҳқони аз рӯи шартнома кор мекунанд, ба ҳайати хоҷагии деҳқони дохил намешаванд, ва муносибатҳои меҳнатии онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ба танзим дароварда мешавад.
Моддаи 5. Хоҷагии деҳқони ҳамчун шакли хоҷагидори
Хоҷагии деҳқoни дар баробари ташкилотҳои тиҷорати ва соҳибкорони инфироди ҷузъи баробарҳуқуқи системаи иқтисоди мебошад. Ҳамаи амалиёти хоҷагии он мувофиқи созиши тарафайн аз рӯи ҳисоббаробаркунии накдию ғайринакди сурат мегирад.
Хоҷагии деҳқони сохтор ва тарзи истеҳсолотро бо назардошти манфиатҳояш мустақилона муайян мекунад ва метавонад ба ҳар гуна навьи фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, машғул шавад.
Даҳолат ба фаъолияти хоҷагии деҳқони аз тарафи мақомоти давлати ва шахсони мансабдори он, ба ғайр аз асосҳои пешбининамудаи қонунгузори манъ аст.
Моддаи 6. Ҳуқуқ ва шаклҳои ташкили хоҷагии деҳқони
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои қобилияти амал аст, ҳуқуқ, дорад хоҷагии деҳқони ташкил кунад.
Хоҷагии деҳқони дар шаклҳои зерин буда метавонад:
а) хоҷагии деҳқоние, ки ба соҳибкории инфироди асос ёфтааст;
б) хоҷагии деҳконие, ки дар он фаъолияти соҳибкори дар шакли соҳибкории оилави сурат мегирад ва он дар заминаи моликияти якҷоя аст;
в) хоҷагии деҳқоние, ки дар шакли ширкати одди дар заминаи моликияти умумии ҳиссаги ташкил шудааст ва ба шартномаи фаъолияти якҷоя асос ёфтааст.
Моддаи 7. Сардори хоҷагии деҳқони
Сардори хоҷагии деҳқони яке аз аъзои қобили меҳнати он, ки дорои донишу малакаи соҳаи кишоварзи мебошад ва дар соҳаи кишоварзи таҷрибаи кори амали дорад, буда метавонад.
Сардори хоҷагии деҳқони манфиатҳои онро дар муносибатҳо бо шахсони воқеи ва ҳуқуқи, мақомоти давлати намояндаги намуда, фаъолияти хоҷагидориро ташкил менамояд;
Моддаи 8. Ҳуқуқи аъзои хоҷагиҳои деҳқони оиди ташкили ширкати хоҷагидори ё кооперативи истеҳсоли дорои ваколати шахси ҳуқуқи
Аъзои хоҷагихои деҳқони мутобиқи Кодекси гражданини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи молу мулки хоҷаги метавонанд ширкати хоҷагидори ё кооперативи истеҳсоли дорои ваколати шахси ҳуқуқи таъсис диҳанд.
Ширкати хоҷагидори ё кооперативи истеҳсоли чун шахси ҳуқуқи ба молу мулке, ки онро ҳамчун саҳм ва дигар пардохт аъзои хоҷагиҳои деҳқони додааст, инчунин молу мулке, ки дар натиҷаи фаъолияти он ва дар асосҳои дигаре, ки хилофи Қонун намебошад, ба даст оварда шудааст, дар ҳуқуқи моликияти он мебошад.
Андозаи саҳми аъзои хоҷагиҳои деҳқони, ки иштирокчии ширкати хоҷагидори ё узви кооперативи истеҳсоли мебошанд, бо назардошти саҳми онҳо дар доираи ҳуқуқи моликияти умуми ба молу мулки хоҷагии деҳқони тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 9. Мутобиқсозии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқони
Мутобиқсозии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқони ва пешбурди сиёсати давлати ҷиҳати инкишофу пешрафти илмию техники, сармоягузори ва ояндабини дар ин соҳа аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали карда мешавад.
Моддаи 10. Шартҳои додани қитъаи замин
Қитъаи замин бо мақсади ташкили хоҷагии деҳқони ба истифодаи меросии якумра дар асоси аризаи шаҳрванд аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) мувофиқи салоҳияти он, ки дар Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, дода мешавад (Қонун аз 3.03.2006 № 173).
Хоҷагии деҳқони метавонад барои мақсадҳои истеҳсоли ба таври иловаги қитъаи заминро ба иҷора гирад.
Чун қоида, қитъаи замин яклухт дода мешавад.
Хароҷоти тартиб додани ҳуҷҷатҳои кадастрии замин, таҳқиқи агрокимиёви ва экологии хок аз ҳисоби маблағҳои буҷети дахлдор пардохта мешавад. Инчунин заминистифодабаранда метавонад корҳои мазкурро мустақилона фармоиш дода, бо маблағ таъмин намояд. Хароҷоти ҷудо карда додани замин ва ба расмиятдарории сертификати ҳуқуқи истифодаи замни аз ҳисоби хоҷагии деҳқони сурат мегирад.
Ҳангоми ташкил намудани хоҷагии деҳқони дар қаламраве, ки дар он иншоотҳои истеҳсоли ва иҷтимоию маиши вуҷуд надоранд, ободонии ибтидоии он, сохтмони роҳҳо, хати интиқоли барқ, таъминоти об, воситаҳои алоқа ва мелиоратсияи заминҳоро давлат ба ӯҳда мегирад.
Моддаи 11. Меъёри додани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқони
Қитъаи замин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи меросии якумра барои ташкили хоҷагии деҳқони бо меьёрҳои зерин дода мешaвад:
а) аз заминҳои ташкилотҳои кишоварзи бо меъёри миёнаи саҳми замин дар ин ташкилот ба ҳар як аъзое, ки ҳуқуқи саҳми замин дорад;
б) аз заминҳои фонди махсус ба меъёри миёнаи ноҳияви (шаҳрии) саҳми замин ба ҳар як аъзои қобили меҳнат, ки хоҳиши ташкил кардани хоҷагии деҳқони дорад.
Моддаи 12. Тартиби ташкили фонди махсуси замин барои ташкил кардани хоҷагии деҳқони
Барои ташкил кардани хоҷагии деҳқони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) фонди махсуси заминро аз ҳисоби заминҳои зайл ташкил менамояд (Қонун аз 3.03.2006 № 173),
а) заминҳое, ки аз истифода баромадаанд ё ба заминҳои камарзиш гузаронида шудаанд;
б) заминҳои захирави;
в) заминҳои ҳамаи категорияҳо, ки аз рӯи мақсади муайян истифода бурда нашудаанд;
г) заминҳои барои истеҳсолоти кишоварзи додашуда, ки дар муддати як сол истифода бурда нашудаанд, инчунин заминҳои барои мақсадҳои ғайрикишоварзи додашуда, ки дар муддати ду сол истифода нашудаанд;
д) заминҳои ташкилотҳои хоҷагии ҷангал, ки аз дарахту буттазор холи ҳастанд ва барои истифода дар истеҳсолоти кишоварзи мувофиқанд;
е) заминҳои ташкилотҳои кишоварзие, ки самаранок истифода намешаванд;
ё) заминҳои хоҷагиҳои деҳқоние, ки фаьолияташон қатъ гардидааст;
ж) заминҳои нав азхудкардашуда.
Қитъаҳои замини ошкоршуда ва ба фонди махсус дохилкардашуда бо қарори мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) барои ташкили хоҷагии деҳқони гирифта мешаванд. Розигии заминистифодабарандагон барои гирифтани ин заминҳо талаб карда намешавад.
Хоҷагии дехқониро дар заминҳои ба хоҷагиҳои тухмипарвари, ниҳолпарвари, зотпарвари, муассисаҳои тадқиқоти, илми-истеҳсоли, таълими, таҷрибави, омузишгоҳҳои касби-техники, мактабҳои гаьлими ҳамагони вобаста шуда, инчунин дар заминҳои фонди давлатии об ташкил кардан мумкин нест.
Моддаи 13. Муқаррар намудани ҳуқуқи истифодаи замин ба хоҷагии деҳқони
Ҳуқуқи истифодаи замин бо сертификат ҳуқуқи истифодаи замин, ки ба номи сардори хоҷагии деҳқони мутобиқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, тасдиқ мегардад. Истифодаи замин танҳо дар сурати доштани сертификат мумкин аст.
Ҳуқуқи иҷораи замин бо шартномаи басташудаи тарафайн муайян мегардад.
Моддаи 14. Тартиби додани қитъаи замин аз заминҳои фонди махсус барои ташкил кардани хоҷагии деҳқони
Шаҳрвандоне, ки хоҳиши ташкил кардани хоҷагии деҳқониро доранд, аз ҷумла онҳое, ки аз дигар ноҳияҳо (шаҳрҳо) барои зиндагии доими кучида меоянд, барои гирифтани қитьаи замин ба мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияи (шаҳри) маҳалли воқеъшавии қитъаи замин ариза дода, дар он далелҳои заруриро меоваранд.
Дар ариза мақсади истифодаи қитъаи замини тақозошаванда, андозаи пешниҳодшаванда ва маҳалли воқеъшавии он, шумораи умумии аъзои қобили меҳнат зикр мегардад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) дар муддати 1 моҳи баъди додани ариза дар бораи додани қитъаи замин қарор қабул мекунад (Қонун аз 3.03.2006 № 173).
Дар ҳолати риоя накардани мӯҳлати қабули қарор ё пинҳон намудани маълумот дар бораи вуҷуд доштани фонди махсуси замин шахсони мансабдор мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Даъво аз рӯи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) дар бораи надодани қитъаи замин аз тарафи суд дида баромада мешавад (Қонун аз 3.03.2006 № 173).
Моддаи 15. Ташкили хоҷагии деҳқони аз ҳисоби заминҳои хоҷагиҳои давлати ва дигар намудҳои хоҷагидори
Заминҳои хоҷагиҳои давлати ва дигар намудҳои хоҷагидори (ғайр аз заминҳои дар сарсатри 3, моддаи 12 нишондодашуда) дар байни аъзои доимии он, инчунин бо қарори маҷлиси умумии онҳо ба рӯйхати саҳмдорон дохил кардани дигар шаҳрвандон бо тариқи саҳмдори ба ҳиссаи муайяни замин, ки ҳуқуқи ҳар як шаҳрвандро таъмин менамояд ва вобаста ба шароити маҳал, ҷойгиршавии захираҳои замин, маҳалҳои аҳолинишин ва дигар омилҳо шартан тақсим карда мешавад.
Андозаи саҳми заминро кумитаҳои заминсозии ноҳия (шаҳр) муқаррар намуда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) онро тасдиқ менамояд (Қонун аз 3.03.2006 № 173).
Моддаи 16. Ба қайдгирии давлатии хоҷагии деҳқони
Хоҷагии деҳқони мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дар мақомоти давлатии андози маҳалли воқеъшудаи хоҷаги ба қайд гирифта шуда, омори давлатии маҳалли онро ба ҳисоб мегирад.
Ширкати хоҷагидори ва кооперативи истеҳсоли, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои ташкил шудаанд, пас аз гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дар мақомоти адлияи маҳалли воқеъшудаашон ба қайди давлати гирифта шуда, омори давлатии маҳалли онро ба ҳисоб мегирад.
Ҷамоати деҳот (шаҳрак) ҳар як хоҷагии деҳқони, ширкати хоҷагидори ва кооперативи истеҳсолиро дар дафтари хоҷаги ба ҳисоб мегирад ва дар он маълумотҳои асосиро оиди онҳо қайд менамояд.
Моддаи 17. Ҳуқуқи хоҷагии деҳқони ва аъзои он
Хоҷагии деҳқони ва аъзои он ҳуқуқ доранд:
а) дар замин мустақилона хоҷагидори намоянд;
б) қитъаи замин ё як қисми онро дар мавриди муваққатан қобилияти меҳнатиро аз даст додан, даъват ба хизмати ҳақиқии ҳарби ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳ, таҳсил ва дигар мавридҳои муайян намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора диҳанд;
в) дар мавриди аз тарафи давлат гирифтани қитьаи замин ҷуброни пурраи хароҷоти бардоштани ҳосилхезии замин ва зарар, аз ҷумла фоидаи аз даст додашударо гиранд;
г) соҳиби маҳсулоти истеҳсолшуда ва даромад аз фурӯши он бошанд, ҳиссаи худро талаб намоянд;
д) аз истифодаи замин ихтиёри даст кашанд;
е) сарфи назар аз ризоияти дигар аъзои хоҷагии деҳқони мувофиқи саҳми худ аз ҳайати хоҷагии деҳқони бароянд;
ё) аз канданиҳои фоиданоки маъмул (рег, шағал, гил, санг, манбаъҳои об ва дигар хосиятҳои фоиданоки қитъаи замини хоҷагии деҳкони ба таври муқарраргардида истифода баранд;
ж) харидан, ба иҷора гирифтан ё муваққатан истифода бурдани амволи ташкилотҳо ва шаҳрвандони алоҳидаро доранд;
з) барои амали намудани фаъолияти соҳибкори шартномаҳо банданд;
и) дар мавриди беш аз як гектар будани масоҳати қитъаи замини хоҷагии деҳқони дар масоҳати на бештар аз 0,03 гектар бинои ёрирасон созад;
к) аз дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
Шикор, шикори моҳи, ҷамъоварии меваҳо, аз он ҷумла чормағз алафҳои табобати, меваҳои буттаги, дигар маҳсулоти табиат ё фаъолияти дигар дар қитьаи замине, ки ба хоҷагии деҳқонии оилави ва ё хоҷагии деҳқонии бо иштироки шахсони дигар вобаста карда шудааст, танҳо бо розигии аъзояш ва ё дар асоси шартномаи тарафайн мумкин аст (Қонун аз
3.03.2006 № 173).
Агар дар қитъаи замин иморатҳо, дарахтони бисёрсола ё дигар иншоотҳое, ки ба ҷои дигар интиқол додани онҳо имконнопазир аст, вуҷуд дошта бошанд, хоҷагии деҳқони ба заминистифодабарандаи қабли қиммати боқимондаро ғалофи мекунад, агар тарафҳо оиди тартиби дигаре мувофиқат накунанд. Баьд аз ин иншоотҳои мазкур ба истифодаи хоҷагии деҳқони мегузаранд.
Моддаи 18. ӯҳдадориҳои хоҷагии деҳқони ва аъзои он
Хоҷагии деҳқони ва аъзои он, ки саҳми замини худро доранд, ӯҳдадоранд:
а) мутобиқи таъиноти мақсаднок заминро самарабахш истифода намоянд, ҳосилхезии онро баланд бардоранд, оиди муҳофизати замин, ҷангал, об маҷмӯи тадбирҳо андешанд ва ҳангоми фаъолияти хоҷагидориашон ва бад шудани вазъияти экологи роҳ надиҳанд;
б) пардохти истифодаи қитъаи замин ва дигар намудҳои андозро дар вақташ супоранд;
в) барои самаранок истифода бурдани замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзи саҳмгузор бошанд, маьлумотҳои муқаррарнамудаи қонунро дар бораи фаъолияти худ ва истифодаи замин сари вақт ба мақомоти хоқимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) пешниҳод намоянд;
г) мувофиқи тартиби муқарраршуда зарари паст шудани ҳосилхезии заминро, ки бо гуноҳи заминистифодабаранда рӯй додааст, талофи кунанд;
д) ӯҳдадориҳои шартномави ва интизоми қарзию кредитии ҳисоббаробаркуниро риоя намоянд;
е) ҳуқуқи дигар заминистифодабарандагонро вайрон накунанд.
Моддаи 19. Ба мерос гузаштани амвол ва ҳуқуқи истифодаи замини аъзои хоҷагии деҳқони
Амвол на ҳуқуқи истифодаи замини аьзои хоҷагии деҳқони бо тартиби пешбининамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мерос мегузарад.
Моддаи 20. Фаъолияти молиявии хоҷагии деҳқони
Маблағҳои хоҷагии деҳқони аз ҳисоби даромад аз фурӯши маҳсулот (кору хизматрасони), қарзу кредитҳо, маблағҷудокуниҳои буҷети, хайрияҳо ва дигар даромадҳо ташкил мегарданд.
Фаъолияти молиявии хоҷагии деҳқони ба воситаи суратҳисоби бонки ва дигар суратҳисобҳо, аз ҷумла суратҳисоби асъори ва ба амал баровардани тамоми навъҳои муомилоти муҳосибави, қарзию кредити ва кассави сурат мегирад.
Баровардани маблағҳо аз суратҳисоби бонкии хоҷагии деҳқони танҳо бо розигии хоҷагии деҳқони ё бо қарори суд сурат мегирад.
Асоси ҳисоботи молияви ҳисоботи солонаи хоҷагии деҳқони мебошад.
Моддаи 21. Гирифтани кредит аз ҷониби хоҷагии деҳқони
Хоҷагии деҳқони метавонад аз кредити додаи ҳамаи намуди бонкҳо, дар асоси шартномаҳое, ки шартҳои кредитдиҳиро муайян мекунанд, истифода барад.
Баргардонидани кредити гирифтаи хоҷагии деҳқони бо гарав ё дигар намудҳои ӯҳдадориҳо таъмин карда мешавад.
Моддаи 22. Меҳнат дар хоҷагии деҳқони
Меҳнат дар хоҷагии деҳқони асосан бо қувваи аьзои худи хоҷаги сурат мегирад.
Иҷрои корҳо бо ҷалби шаҳрвандони дигаре, ки аз рӯи шартнома кор мекунанд, бо меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Пардохти музди меҳнати шаҳрвандоне, ки дар бораи истифодаи меҳнаташон шартнома бастаанд, ба таркиби хароҷотҳои ҷори дохил карда шуда, дар навбати аввал ба амал бароварда мешавад. Он аз натиҷаҳои кори хоҷагии деҳқони вобаста нест, агар дар ин бобат шартномаи махсус вуҷуд надошта бошад.
Аъзои хоҷагии деҳқони ва шаҳрвандоне, ки ба тариқи шартномави дар хоҷагии деҳқони барои иҷрои корҳо ҷалб карда мешаванд, аз ҳамаи ҳуқуқҳои дар қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон пешбинигардида истифода мебаранд.
Моддаи 23. Баҳисобгири ва ҳисобот дар хоҷагии деҳқони
Хоҷагии деҳқони натиҷаҳои корашро ба ҳисоб мегирад.
Хоҷагии деҳқони ва ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқони ӯҳдадоранд дар бораи фаъолияти худ ба мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҳисобот диҳанд.
Моддаи 24. Суғуртаи амволи хоҷагии деҳқони ва ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқони
Суғуртаи амволи (зироатҳои кишоварзи, чорво, воситаҳои асоси ва дигар амвол) хоҷагии деҳқони ва ассотсиатсияи онҳо мувофиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта" ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 25. Суғуртаи иҷтимоии давлати ва таьминоти иҷтимоии аъзои хоҷагии деҳқони
Аъзои хоҷагии деҳқони дар асосҳои баробар воҷиби суғуртаи иҷтимоии давлати мебошад. Ҳаққи узвияти суғуртави аз тамоми маблағи музди меҳнати аъзои хоҷагии деҳқони пардохта мешавад. Аз даромадҳо хароҷоти амалии хоҷаги, ки ба тараққиёти хоҷагии деҳқони вобастаанд, бароварда мешавад.
Аъзои хоҷагии деҳқони мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ба нафақа баромадан дорад. Дар ин маврид тамоми муддати дар хоҷагии деҳқони кор карданаш ба собиқаи умумии кори он дохил карда мешавад.
Аъзои хоҷагии деҳқони ҳангоми муваққатан гум кардани қобилияти меҳнати бо ёрдампулии яквақта ва дигар имтиёзҳои пешбинигардида мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Давраи дар хоҷагии деҳқони кор кардани аъзои хоҷаги ва шаҳрвандоне, ки дар бораи истифодаи меҳнаташон шартнома бастаанд, дар асоси сабт дар дафтарчаи меҳнати ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи узвияти суғуртаи иҷтимои ба собиқаи умуми ва бефосилаи кораш дохил карда мешавад.
Фаъолияти меҳнатии аъзои хоҷагии деҳқони ва шаҳрвандоне, ки дар бораи истифодаи меҳнаташон шартнома бастаанд, аз тарафи хоҷагии деҳқони мустақилона ба ҳисоб гирифта мешавад.
Хоҷагии деҳқони барои зарари расондаи аъзои он ба шаҳрвандоне, ки дар бораи истифодаи меҳнаташон шартнома бастаанд, барои маъюби ва дигар зарар ба саломати, ки ба иҷрои супоришҳои меҳнатиашон вобастаанд, масъулияти модди дорад.
Моддаи 26. Дастгирии давлатии хоҷагии деҳқони
Хоҷагии деҳқони имтиёзҳои зайл дорад:
а) бақайдгирии давлатии хоҷагии деҳқони хусусияти озод дошта, барои бақайдгири маблағ пардохта намешавад;
б) бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти пайвасткунии иқтидорҳои қувваи барқ, обрасони (бе ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техники), озод мебошад;
в) дар бонкҳои тиҷорати бе пардохт суратҳисоб кушояд;
г) аз бонкҳои тиҷорати кредитҳои имтиёзнок гирад;
д) аз ҳуқуқи афзалиятнок ҳангоми ҷойгиронии супоришҳо барои эҳтиёҷоти давлати истифода барад;
е) аз ҳисоби маблағҳои барои дастгирии соҳибкории хурд ҷудошуда такмили ихтисос ва кадрҳо тайёр намояд;
ё) аз дигар имтнёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад.
Моддаи 27. Андозбандии хоҷагии деҳқони
Андозбандии хоҷагии деҳқони мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 28. Мафҳум ва ташкили ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқони
Ассотсиатсия бо роҳи ихтиёраи муттаҳид шудани хоҷагиҳои деҳқонии мустақил ташкил карда мешавад. Ассотсиатсия дар асоси шартномаи таъсиснамои ва оинномаи тасдиқнамудаи иштирокчиёнаш амал намуда, шахси ҳуқуқи мебошад ва дар мақомоти адлияи маҳалли воқеъшудан он ба қайд гирифта мешавад.
Хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба ҳайати ассотсиатсия дохил мешаванд, мустақилият, ҳуқуқи истифодаи заминро нигоҳ медоранд ва амали ҳамин Қонун ба онҳо паҳн мешавад.
Амалҳои маҷбуран ба ассотсиатсия дохил кардани хоҷагиҳои деҳқони манъ аст.
Моддаи 29. Идора кардани ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқони
Мақоми олии идораи ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқони маҷлиси умумии иштирокчиёни он мебошад.
Вазифаҳои иҷроияви ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ассотсиатсияи хоҷагиҳои дехқoниро шӯрои ассотсиатсия ба амал мебарорад, ки онро раис роҳбари менамояд.
Шӯрои ассотсиатсияро маҷлиси умумии иштирокчиёни он интихоб мекунад.
Моддаи 30. Фаъолияти истеҳсолию молияви ва хоҷагидории ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқони
Барои ба амал баровардани мақсад ва вазифаҳои худ ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқони ҳуқуқ дорад:
а) амалҳои умумии дар байни иштирокчиёнаш мувофиқашударо дар соҳаи тиҷорат, молия, қарзу кредит, тараққиёти техники анҷом диҳад;
б) бо роҳи маблағҷудокунии ихтиёри захираҳои молияви ва модди ташкил кунад, вазифаҳои истеҳсолию хоҷагиро муттамарказ намояд;
в) бо ёрии нархҳои ҳисоби, тарифҳо ва нархгузориҳо муносибати байни иштирокчиёни онро танзим намояд.
Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқони оиди ӯҳдадориҳои иштирокчиёнаш ва иштирокчиён оиди ҳдадориҳои ассотсиатсия масъул намебошанд, ба истиснои мавридҳое, ки ассотсиатсия кафолатро ба зимма мегирад.
Тартиби хоричшави аз ассотсиатсия ва барҳамдиҳии ассотсиатсияро оиннома муайян мекунад.
Моддаи 31. Асосҳои қатъ гардидани фаъолияти хоҷагии деҳқони
Фаъолияти хоҷагии деҳқони дар мавридҳои зайл қатъ мегардад:
а) тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин;
б) қарори аъзои хоҷагии деҳқони дар бораи қатъи фаъолияти он;
в) агар ягон узви хоҷагии деҳқони ё ворисе боқи намонад, ки майли давом додани фаъолияти хоҷаги дошта бошад;
г) истифодаи қитъаи замин ба тавре, ки боиси харобшавии замин мегардад;
д) гирифтани қитъаи замин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъияти;
е) аз сабаби муфлисшави;
ё) ба шакли дигари ҳуқуқи - ташкили табдил додани хоҷагии деҳқони.
Моддаи 32. Тартиби барҳам додани хоҷагии деҳқони
Тартиби барҳамдиҳии хоҷагии деҳқониро қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Муносибати заминистифодабари баьд аз барҳам додани хоҷагии деҳқони мувофиқи қонунҳои амалкунанда муайян карда мешавад.
Дар сурати барҳам додани хоҷагии деҳқони амвол ва маблағҳои пулии он барои пардохти ҳаққи меҳнати шаҳрвандоне, ки аз рӯи шартнома кор мекунанд, пардохт ба буҷет, баргардонидани кредити бонки ва ҳисоббаробаркуни бо дигар кредиторон истифода бурда мешавад.
Амволи боқимонда ва маблағи аз фурӯши он ба даст омада ҳамчун моликияти якҷоя боқи мемонад ё байни аъзои хоҷагии деҳқони тақсим мешавад.
Моддаи 33. Ҳалли баҳсҳо оиди қатъ намудани фаъолият ва барҳам додани хоҷагии деҳқони
Баҳсҳо оиди қатъ намудани фаъолият ва барҳам додани хоҷагии деҳқони аз тарафи суд тибқи тартиби муқарраргардида ҳал карда мешаванд.
Моддаи 34. Ҷавобгари барои вайрон кардани қонунгузори оиди хоҷагии деҳқони
Шахсони воқеи ва ҳуқуқи, ки қонунгузориро оиди хоҷагии деҳқони вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 10 майи соли 2002 № 48 ш. Душанбе