Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2000 № 515
тасдиқ шудааст
Низомнома оиди тартиби ҷуброни зарари заминистифодабарандагон ва талафи истеҳсолоти кишоварзӣ
1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
1. Низомномаи мазкур дар мутобиқат бо моддаи 43 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, тартиби ҷуброни зарари заминистифодабарандагон ва талафи истеҳсолоти кишоварзӣ, ки ба гирифтани заминҳо аз истифода дар истеҳсолоти кишоварзӣ алоқаманд аст, муқаррар мекунад.
2. Низомнома ба ҳамаи гурӯҳҳои заминҳои кишоварзӣ паҳн мегардад.
3. Муайян кардани зарари заминистифодабарандагон ва талафи истеҳсолоти кишоварзӣ, ки бо гирифтани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ ва шахсии шаҳрвандон алоқаманд аст, дар давраи мувофиқаткунонии пешакии маҳалли ҷойгиршавии иншоот гузаронда шуда, ҳангоми ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо оиди ҷудо кардани қитъаи замин аниқ карда мешавад.
4. Ҳангоми гирифтани заминҳои истеҳсолоти кишоварзӣ, истифодаи онҳо бо мақсадҳои ба ин соҳаҳо алоқаманд набуда, андозаи талаф бо лоиҳаи заминсозӣ (парвандаи замин) муқаррар карда мешавад, ки дар асоси он Ҳукуматҳои маҳаллӣ (ба ғайр аз ноҳияҳои шаҳр) оиди муқаррар намудани ҳуқуқи дахлдор ба қитъаи замин қарор қабул мекунанд.
2. ҶУБРОНИ ЗАРАРИ ЗАМИНИСТИФОДАБАРАНДАГОН
5. Зарари ба заминистифодабарандагон расонда шуда дар ҳаҷми пурра дар мавридҳои зерин ҷуброн карда мешаванд:
- гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ, ки ҳуқуқи истифодаи заминро қатъ мекунад;
- маҳдуд кардани ҳуқуқи заминистифодабаранда дар алоқаманди бо муқаррар кардани реҷаи махсуси истифодаи замин;
- паст шудани сифати замин дар натиҷаи сохтмон ва истифодаи иншоотҳое, ки моддаҳои барои зироатҳои кишоварзӣ ва дарахтон зарароварро истихроҷ менамоянд ва ин ба пастшавии иқтидори қабати болои ҳосилнокии хок оварда мерасонад.
6. Зарари заминистифодабарандагон аз ҳисоби маблағи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки барои истифодаи замин ҷудо карда мешавад, ҷуброн карда мешавад.
7. Дар вақти муқаррар кардани маблағи зарари ба заминистифодабар расонидашуда:
- арзиши хариди ҳуқуқи заминистифодабарӣ бо назардошти беқурбшавӣ;
- нархи моликияти ғайриманқули дар қитъа ҷойгир буда, ки ба он дарахтони мевадор, буттамеваҳо, муҳофизатӣ ва дигар дарахтони бисёрсола дохил мешаванд;
- арзиши истеҳсолоти анҷомнаёфта (шудгор, нуриандозӣ, кишт ва дигар корҳо);
- арзиши ҳосили ғундошта нашудаи зироатҳои кишоварзӣ;
- дигар зарарҳои ба заминистифодабаранда расондашуда бо сабаби пеш аз мӯҳлат қатъ шудани ӯҳдадориҳо мутобиқи қарордод ё шартнома ба назар гирифта мешаванд.
8. Зарари ба заминистифодабарандагон расонидашуда, ҳангоми гирифтани киштзорҳои кишоварзӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдори пешниҳодкардаи заминистифодабар муқаррар карда мешавад.
9. Ҳаҷми зарари ба заминистифодабарандагон, ки дар натиҷаи гирифтани қитъаи замин ё муваққатан банд кардани он расонда мешавад, аз рӯи тартиби зерин муайян карда мешавад:
- арзиши хонаҳои истиқоматӣ, иншооти таъминотӣ, маданию маишӣ, биноҳои истеҳсолӣ ва иншооте, ки дар қитъаи замини ҷудошуда ҷойгиранд ё онро муваққатан банд кардаанд, ҳамчунин бино ва иншооте, ки берун аз ҳудуди қитъаи замини гирифташаванда ҷойгиранд ва истифодаи минбаъдаи онҳо аз рӯи таъинот ғайриимкон аст, аз рӯи мувозинаи арзиши иншоот бо назардошти фарсудашавии он муайян карда мешавад;
- ниҳолҳои бисёрсолаи мевадиҳанда, ҳамчунин ниҳолҳои муҳофизатӣ ва дигар ниҳолҳо аз рӯи арзиши ҳисоботии онҳо;
- ниҳолҳои мевадиҳандаи беҳосил ва ниҳолҳои буттагии мевадиҳанда, мувофиқи хароҷоти заҳмати воқеии дар парвариши онҳо сарф кардаи заминистифодабаранда;
- барои тайёр кардани хок, шинондани ниҳол ва нигоҳубини он, дигар намуди корҳо, мувофиқи меъёрҳои таъиншудаи коркард ва нархи онҳо;
- барои хариди ниҳолҳо, аз рӯи нархи фурӯши хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ё аз рӯи арзиши бозорӣ;
- барои хариди нуриҳои минералӣ, аз рӯи нархи фурӯши он, ки барои заминистифодабарандагон муқаррар гардидааст;
- барои истеҳсоли нуриҳои органикӣ дар хоҷагӣ, аз рӯи харҷи воқеии он;
- арзиши истеҳсолоти ба анҷом нарасида (шудгор, нуриандозӣ кишт, нигоҳубини кишт ва дигар намуди корҳо) мувофиқи сарфи барои иҷрои ҳамин гуна корҳо харҷкардаи заминистифодабаранда, аз рӯи ин корҳо, ҳамчунин арзиши тухмии киштшуда, нуриҳои органикию минералӣ ва ғайра, ки ба замин андохта шудаанд, вале аз сабаби гирифтани қитъаи замин ё муваққатан банд кардани он истифода нашудаанд, ҷуброн мешавад. Маҷмӯи тадбирҳои агротехникӣ оид ба коркарди зироатҳои кишоварзӣ, (дар сурати иҷро кардани онҳо заминистифодабаранда ҷуброн кардани арзиши ҳосилро соҳиб мешавад) дар мутобиқат бо воситаҳои минтақавии кишоварзӣ барои ҳар як зироат муқаррар карда мешавад;
- арзиши тухмӣ, нуриҳои органикию минералӣ ба заминистифодабарандагон аз рӯи харҷи воқеии истеҳсоли он ё арзиши бозории он ҷуброн мешавад;
- дар ҳолате, ки агар иншоотҳои мелиоративӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ сохта шуда, ба ҳисоби заминистифодабарандагон гузаронда шуда бошанд ва онҳо дар ҷараёни истифодаи онҳо маблағ сарф карда бошанд, (таҷдид, васеъкунӣ) пас дар вақти гирифтани замин хароҷоти (зарари) заминистифодабаранда бо назардошти арзиши аввала ҷуброн карда мешавад.
10. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеи, ки ба онҳо қитъаи замин дода мешавад, бо розигии заминистифодабарандагон арзиши онро ҷуброн мекунанд ё ба ҷои ҷуброни арзиши биноҳо, объектҳо ва дигар иншоотҳои дар он ҷойгирбуда, онҳо ба ҷои нав кӯчонда мешаванд ё ҳамчунин бино, иншоотҳои нав сохта мешаванд.
11. Мувофиқи мақсад кӯчондани сохтмонҳо, иншоотҳо ба ҷои нав ва барқарор кардани онҳо, сохтмони биноҳои нав, иншоот ва дигар объектҳо ба ивази объектҳои вайронкардашуда аз ҷониби ҳайате, ки мувофиқи банди 31 низомномаи мазкур таъсис дода мешавад, муқаррар мегардад.
12. Хароҷотҳое, ки ба ҷуброни зарари заминистифодабарандагон расонда шуда алоқаманд аст, дар сметаи сохтмони иншоотҳо пешбинӣ мешавад, ки барои ҷойгиркунии онҳо қитъаи замин гирифта ё муваққатан банд карда мешавад ё ба натиҷаи фаъолияти хоҷагидории шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дахлдор, ки қитъаи замин дар ихтиёри он вогузор мегардад, мансуб дониста мешавад.
13. Дар вақти гирифтан ё муваққатан ишғол кардани қитъаи замин, ки дар натиҷаи он кори иншоотҳои обёрикунӣ, шабакаи роҳсозӣ, зидди бодлесӣ, зидди селӣ қисман ё пурра вайрон карда шудааст, пас ҳаҷми зарар аз рӯи арзиши сметавии корҳои сохтмонӣ ҳамин гуна иншоотҳои нав ё таъмири иншоотҳои мавҷуда, бо дохил кардани арзиши лоиҳаи корҳои ҷустуҷӯи мувофиқи меъёрҳои ҷорӣ ва нархҳо муқаррар карда мешавад.
14. Ҳангоми муайян кардани зарар сарфи барқарор кардани сифати заминҳои сифаташон бадшуда, хароҷотҳое, ки барои гузаронидани тадқиқоти таркиби хок, агрохимиявӣ ва дигар тадқиқоту ҷустуҷӯҳои махсус, иҷро кардани лоиҳаҳо ва арзиши чорабиниҳо ба назар гирифта мешаванд, ки барқарор гаштани сифати заминро таъмин мекунанд.
15. Қитъаҳои замине, ки онҳоро зироатҳои кишоварзӣ ишғол кардаанд, аз рӯи қоида баъди ғундоштани ҳосил ба заминистифодабарандагони нав ҷудо карда мешавад. Дар мавриди алоҳида ҳангоми ҷудо кардани қитъаи замин пеш аз ғундоштани ҳосил, арзиши он бо назардошти иҷрои тадбирҳои асосии агротехникӣ, то лаҳзаи ҷудо кардани қитъаи замин, доир ба коркарди зироати кишоварзии мазкур, ба инобат гирифтани ҳосилнокии миёнаи он дар панҷ соли охир дар хоҷагӣ ва нархҳои ҷорӣ дар минтақаи мазкур ҷуброн мешавад.
Ҳосили бадастомадаи зироати хӯроки чорво ба воҳиди хӯроки чорво гузаронда мешавад ва арзиши он аз рӯи нархи ярмаи ҷав, ки дар минтақаи мазкур амал мекунад муайян карда мешавад. Дар ин ҳолат арзиши истеҳсолоти баитмом нарасида, ҷуброн намешавад.
16. Зарари дар натиҷаи қатъ шудани истифодаи манбаъҳои обтаъминкунӣ ба миён омада (чоҳ, ҳавз ва ғайра) аз рӯи заҳмати воқеии хоҷагӣ, ки барои бунёди онҳо сарф кардааст ё аз рӯи арзиши сохтмони ҳамин гуна манбаъҳои обтаъминкунии нав муайян карда мешавад.
17. Дар мавридҳое, ки вақти гирифтани қитъаҳои замин аз тарафи комиссияи баҳодиҳӣ гузаронидани заминсозии байнихоҷагӣ ва дохилихоҷагиро, ҳамчунин тартиб додани лоиҳаҳои нақшаи сохтмони маҳалҳои аҳолинишинро зарур шуморад, хароҷот барои гузаронидани ин корҳо аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки қитъаҳои замин ба онҳо дода шавад ё онро муваққатан ишғол кардаанд, пешбинӣ карда мешавад.
18. Зараре, ки дар натиҷаи ноқулай будани истифодаи замин ба миён омадааст (пайдо шудани ҷазираҳо, ҳангоми пур шудани обанбор, вайрон шудани алоқаи нақлиёт, ҷудо кардани ҳуқуқ ва ғайра) аз миқдори харҷи якдафъаинаи сохтмони сарбанд, кӯпрук, роҳ, гузаргоҳ ва дигар иншоотҳо, ҳамчунин хариди заврақҳо, паромҳо ва нақлиёти дигар муайян карда мешавад.
19. Дигар зарарҳои ба гирифтани қитъаи замин ё муваққатан банд кардани он алоқаманд будаи заминистифодабарандагон бо назардошти хароҷоти воқеи муайян карда мешавад.
3. ҶУБРОНИ ЗАРАРИ ШАҲРВАНДОН
20. Ҳангоми вайрон кардани сохтмон, ки моликияти хусусии шаҳрвандон аст, дар алоқаманди бо ҷудо кардани қитъаи замин барои шаҳрҳо, шаҳракҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ, ба шаҳрвандон маблағи сохтмонҳои вайронкардашаванда (хона, таҳхона, анбор, чоҳ ва ғайра) ҷуброн карда мешаванд ё бо хоҳиши шаҳрванд (ба онҳо ва аҳли оилаи онҳо) ба вай мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида аз фонди давлатӣ ё ҷамъиятӣ хона дода мешавад.
Ба дигар одамоне, ки дар биноҳои вайронкардашуда на камтар аз як сол зиндагӣ кардаанд, мувофиқи меъёрҳои мавҷуда майдони зист дода мешавад.
Агар ба корхонаю ташкилотҳои давлатӣ, новобаста аз шакли моликияташон ва шахсони воқеӣ қитъаи замин бо сохтмонҳои дар он ҷойгиршудаи шаҳрвандон ҷудо карда шавад, арзиши онҳо аз ҳисоби мақомоти зикршуда ҷуброн карда мешавад.
21. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба онҳо қитъаи замин ҷудо карда шудааст, арзиши ниҳолу буттаҳои бисёрсолаи шаҳрвандон ва арзиши киштҳои обчакориро махсус аз рӯи нархҳои муқарраргардида ҷуброн менамоянд.
22. Ҳангоми гирифтан ё муваққатан гирифтани қитъаҳои замин, ки барои бунёди боғу обчакорӣ, ҳамчунин заминҳое, ки дар истифодаи шаҳрвандон қарор доранд, хароҷотҳои зерин ҷуброн мешаванд:
- арзиши бино, сохтмон ва дигар иншоотҳои дар қитъа мавҷудбуда;
- арзиши хароҷотҳои истифоданашуда (шудгор, нуриандозӣ, кишт ва дигар корҳо) аз рӯи нархҳои корҳои ба ҳамин монанд, ки дар корхонаҳои давлатии кишоварзӣ дар маҳалли ёдшуда ҷойгирбуда амалкунанда ва аз рӯи нархи чаканаи тухмиву нуриҳои минералӣ муайян карда мешаванд.
4. ҶУБРОНИ ТАЛАФИ ИСТЕҲСОЛОТИ КИШОВАРЗӢ
23. Бо мақсади азхудкунии заминҳои нав ба ивази заминҳои гирифташудаи истеҳсолоти кишоварзӣ, аз ҷумла таъминоти зарурии дараҷаи истеҳсолоти кишоварзӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба онҳо барои сохтмон ва дигар эҳтиёҷот қитъаҳои замин ҷудо карда мешавад, талафи (дар баробари пардохти товони зарари заминистифодабарандагон) истеҳсолоти кишоварзӣ ҷуброн карда мешавад.
24. Талафот аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ рӯёнда мешавад, ки ба онҳо қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ дода шуда ва бо мақсадҳои ғайрикишоварзӣ истифода карда мешавад.
25. Ҳангоми барои истифодаи доими гирифтани заминҳои таъминоти кишоварзӣ талафи истеҳсолоти он дар ҳаҷми пурра ва дар вақти истифодаи муваққатӣ бо шарти барқароркунӣ ва беҳдошти заминҳои вайроншуда барои эҳтиёҷоти киштзорҳои ғайрикишоварзӣ ҷуброн мешавад.
26. Дар вақти гузаронидани қабати ҳосилхези хок ба киштзорӣ каммаҳсул ё бемаҳсул, аз ҳисоби шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ, ки қитъаи замин ба вай ҷудо карда мешавад, талаф бо назардошти маблағи барои барқарор кардани киштзор харҷшуда ҷуброн мешавад.
27. Андозаи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба маълумоти шахси манфиатдоре, ки ба ӯ қитъаи замин дода шудааст, расонда мешавад ва бо розигии ӯ бо санади аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳукумати маҳаллӣ, ҳангоми додани ҳуқуқ ба қитъаи замин, тасдиқшуда ба расмият дароварда мешавад.
28. Барои муайян кардани миқдори талаф, маводи нақшавию картографӣ, лоиҳаҳои заминсозӣ, натиҷаҳои тадқиқи таркиби хок, кадастри замин, мониторинги замин истифода карда мешавад.
29. Арзиши талафи истеҳсолотҳои кишоварзӣ дар асоси меъёрҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда муайян карда мешавад.
5. НОМГӯИ ШАХСОНЕ, КИ АЗ ҶУБРОНИ ТАЛАФИ ИСТЕҲСОЛОТИ КИШОВАРЗӢ ОЗОД КАРДА ШУДААНД
30. Номгӯи шахсоне, ки аз ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ озоданд, дар моддаи 45 Кодекси замин пешбинӣ шудааст.
6. ТАРТИБИ МУАЙЯН КАРДАНИ ЗАРАРИ ЗАМИНИСТИФОДАБАРАНДАГОН ВА ТАЛАФИ ИСТЕҲСОЛОТИ КИШОВАРЗӢ
31. Барои муайян кардани зарари заминистифодабарандагони истеҳсолоти кишоварзӣ, ки ба гирифтани қитъаи замин ё муваққатан банд кардани он алоқаманд аст, аз ҳисоби аъзоёни ҳукумати ноҳия, шаҳр дар ҳайати зерин комиссияи баҳодиҳӣ ташкил карда мешавад:
- муовини раиси ноҳия, шаҳр, (раиси комиссия);
- раиси кумитаи ноҳиявии (шаҳрии) захираҳои замин ва заминсозӣ;
- меъмори ноҳия (шаҳр);
- намояндагони мақомоти хоҷагии об;
- намояндагони кумитаи ноҳиявии ҳифзи табиат;
- намояндагони мақомоти назорати санитарӣ ва сӯхтор;
- намояндагони заминистифодабарандагоне, ки замини онҳо гирифта ва ё муваққатан ишғол карда мешавад;
- намояндагони ташкилоту муассисаҳои ба ҷудо кардани қитъаи замин манфиатдор ва намояндагони дигар мақомот, аз рӯи салоҳдиди ҳукумати маҳаллӣ.
32. Аз рӯи натиҷаҳои кори комиссия бо нишон додани ҳаҷми талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, ки бояд ҷуброн гардад санад тартиб дода мешавад, ки он бо қарори Ҳукумати маҳаллӣ баррасӣ шуда, тасдиқ мегардад.
33. Ихтилофоти ҷонибҳо нисбати ҳаҷми талафи истеҳсолоти кишоварзӣ, метавонад мувофиқи тартиботи судӣ баррасӣ гардад.
7. ТАРТИБИ ИСТИФОДАИ МАБЛАUҲОЕ, КИ БАРОИ ҶУБРОНИ ЗАРАРИ ЗАМИНИСТИФОДАБАРАНДАГОН ВА ТАЛАФИ ИСТЕҲСОЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДОХИЛ МЕШАВАНД
34. Маблағҳое, ки барои ҷуброни зарари заминистифодабарандагон дар натиҷаи гирифтани қитъаи замин ё муваққатан ишғол кардани онҳо, таъин шудаанд, ба заминистифодабарандагон аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба онҳо замин ҷудо карда шудааст, гузаронда мешавад ва аз рӯи таъиноти мақсаднок, истифода мешавад.
35. Маблағҳои барои ҷуброни талафи киштзорҳои истеҳсолоти кишоварзӣ таъиншуда, ба суратҳисобҳои махсуси буҷаи ҷумҳурӣ гузаронда мешаванд.
36. Маблағҳои пулии барои талафи истеҳсолоти кишоварзӣ таъиншуда, ки истифода нагардидаанд, гирифта намешаванд ва соли оянда аз рӯи таъиноти мақсаднок истифода мешаванд.
37. Маблағҳои ҷиҳати ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ воридгашта барои маблағгузории чорабиниҳои зерин истифода бурда мешаванд:
- аз худ кардани заминҳои нав;
- беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии хок;
- гузаронидани корҳои заминсозӣ (аз ҷумла муайян кардан ва барқарор кардани марзи қитъаҳои замин дар маҳал, тартиб додани нақша ва тарҳкашии онҳо, таъминоти техникии хизмати заминсозии давлатӣ);
- гузаронидани чорабиниҳои зидди эрозияи хок;
- иҷрои тадқиқотҳои топографӣ-геодезӣ, кайҳонӣ, картографӣ, барӯйхатгирӣ, хокӣ, баҳодиҳӣ ва дигар корҳои тадқиқотии бо мақсадҳои гузарондани кадастр ва мониторинги замин;
- иҷрои назорати давлатӣ оиди истифода ва муҳофизати замин.
38. Фармоишгар барои иҷрои корҳои дар банди 37 ҳамин Низомнома зикршуда Кумитаи оид ба захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
39. Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси гузаронидани чораҳои таъҷилии дар банди 37 ҳамин Низомнома пешбинишуда, бо назардошти пешниҳодоти мақомоти маҳаллии иҷроия аз идораҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҷудо намудани маблағ барои маблағгузории ин чорабиниҳо дар ҳудуди сметаи хароҷоти тасдиқшуда дархост пешниҳод намуда, онро барои қабул кардани қарори дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоянд.
40. Маблағгузории корҳои тадқиқотӣ-ҷустуҷӯӣ мувофиқи санадҳои лоиҳавию сметавӣ барои барқарор кардан ва беҳдошти замин тадбиқ мешаванд.
41. Назорати иҷрои чорабиниҳои дар банди 35 ва 37 нишондодашудаи Низомномаи мазкур ва сари вақт ворид гаштани маблағҳо барои ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҷониби Кумитаи оид ба захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳал бурда мешавад.