Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби ҷуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани қитьаи заминҳо аз гардиш
Мутобиқи моддаи 43 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Тартиби ҷуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба замин ва талаф вобаста ба гирифтани қитъаи заминҳо аз гардиш, меъёрҳои ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ вобаста ба гирифтани замин аз истифода дар истеҳсолоти кишоварзӣ мувофиқи замимаи 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.
2) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳангоми тасдиқи ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда ва тақсимоти онҳо аз рӯи категорияҳо, киштзорҳо ва заминистифодабарандагон то 1 январи соли оянда шохиси тағйирёбии меъёрҳои ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзиро ҳисоб намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намоянд.
3) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2000, № 515 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби ҷуброни зарари заминистифодабарандагон ва талафоти истеҳсолоти кишоварзӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабрн соли 2011 № 641
ш. Душанбе