Низомномаи тартиби ҷорӣ намудани ҳисобномаҳои шахсии пасандозӣ ва баҳисобгирии инфиродии (фардикунонидашудаи) саҳмҳои суғурта дар системаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1999, № 26

Санаи амалкуни: 01.04.2011

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.03.2014 № 170 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 феврали соли 1999 № 26

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби ҷорӣ намудани ҳисобномаҳои шахсии пасандозӣ ва баҳисобгирии инфиродии (фардикунонидашудаи) саҳмҳои суғурта дар системаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184)

Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" таҳия гардида, тартиби ҷорӣ намудани баҳисобгирии инфиродии (фардикунонидашудаи) маълумотро барои ҳисобномаҳои шахсии инфиродии (пасандозии) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба онҳо суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (нафақавӣ) татбиқ мегардад, муайян менамояд, аз ҷумла:

тартиби бақайдгирии ашхоси суғурташуда дар системаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;

тартиби ба Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (минбаъдАгентӣ) пешниҳод намудани маълумот оид ба ашхоси суғурташуда, аз ҷумла маълумот оид ба собиқаи корӣ, музди меҳнат (даромад) саҳмҳои ҳисобшудаи суғурта (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184);

тартиби истифодаи ин маълумот ҷиҳати назорати баҳисобгирии дурусти саҳмҳои суғурта барои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ.

2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Низомномаи мазкур истифода шудаанд, дорои мазмуни зайл мебошанд:

- "Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" - системаи навъҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи таъмини ашхоси суғурташуда ҳангоми маҳрум гардидан аз музди меҳнат ё даромад дар натиҷаи беморӣ, осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ, маъюбӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, пирӣ, бекорӣ, аз даст додани саробон, фавтидан ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби саҳмҳои ҳатмии суғуртаи корфармоён ва шаҳрвандон иборат мебошад. Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҳатмӣ мебошад;

- "баҳисобгирии инфиродии (фардикунонидашуда)" (минбаъдбаҳисобгирии инфиродӣ) - ташкил ва пешбурди баҳисобгирии маълумот оид ба ҳар як шахси суғурташуда бо мақсади суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;

- "ашхоси суғурташуда аз ҷумла ашхосе, ки мустақилона саҳмҳои суғуртаро мепардозанд" - ашхосе, ки нисбат ба онҳо суғуртаи давлатии иҷтимоӣ татбиқ мегардад. Ашхоси суғурташуда шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ мебошанд. Ба ашхоси суғурташудае, ки мустақилона саҳмҳои суғуртаро мепардозанд, соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин детективҳои инфиродӣ, ки ба амалияи шахсӣ машғуланд, нотариусҳо, аудиторҳои хусусӣ, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дохил мешаванд;

- "корфармоён" - шаҳрвандон, ашхоси ҳуқуқӣ (корхона, муассиса, ташкилот ва дигар субъекти хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва навъи фаъолият) ва ашхоси воқеие, ки шаҳрвандонро тибқи шартномаи меҳнатӣ (қарордод) ба кироя мегиранд, аз ҷумла ашхоси ҳуқукӣ ва воқеии хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналхалқие, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, ӯҳдадоранд, мутобиқи қонунҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ саҳмҳои суғуртаро пардозанд, мебошанд;

- "ҳисобномаи шахсии инфиродии (пасандозии) шахси суғурташуда" (минбаъд - ҳисобномаи шахсӣ) санаде, ки дар шакли электронӣ дар мақомоти Агентӣ нигоҳ дошта шуд, маълумотҳои дар ҳамин Низомнома пешбинишударо дар мавриди ашхоси суғурташуда, дар бораи маблағи саҳмҳои суғуртаи аз ҷониби ашхоси суғурташуда дар ҳаҷми муайяннамудаи Қонун пардохташударо дар бар мегирад, ки ба захираи иттилооти Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дохил карда шудааст (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184);

- "рақами суғурта" - рақами доимии инфиродӣ, ки аз ҷониби Агентӣ ба ҳисобномаи шахсии суғурташуда дода мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184);

- "бақайдгирии шахсии суғурташуда" (минбаъд - бақайдгирӣ)кушодани ҳисобномаи шахсӣ ба шахси суғурташуда ва ба ӯ додани Шаҳодатномаи ҳифзи иҷтимоӣ. Ҳангоми ҷорӣ намудани баҳисобгирии фардикунонидашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии ибтидоии (оммавии) ашхоси суғурташуда анҷом дода мешавад;

- "шаҳодатномаи ҳифзи иҷтимоӣ" (минбаъд - Шаҳодатнома) - санаде, ки ба шахси суғурташуда супурда мешавад ва он дар системаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта шудани ин шахсро тасдиқ менамояд.

Ташкили баҳисобгирии инфиродӣ (фардикунонидашуда)

3. Мақоме, ки баҳисобгирии инфиродиро (фардикунонидашударо) анҷом медиҳад, Агентӣ мебошад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

Ташкили баҳисобгирии инфиродӣ ва пешбурди ҳисобномаҳои шахсии инфиродро идораи махсуси Фонд (минбаъд - мақоми ваколатдори Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) ба зимма дорад. Коркарди ибтидоии аснод дар мавриди баҳисобгирии инфиродӣ ва бақайдгирии пардозкунандагон аз ҷониби мақомоти ҳудудии (шӯъбаҳои) Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд - мақомоти ҳудудӣ) анҷом дода мешавад. Коркарди механиконидашудаи аснод дар мавриди баҳисобгирии инфиродӣ (фардикунонидашуда) ва ҳифзи маълумот (иттилоот) дар марказҳои минтақавӣ (минбаъд -маркази коркарди иттилоот) анҷом дода мешавад.

4. Баҳисобгирии инфиродӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти зайлро дар бар мегирад:

бақайдгирии ашхоси суғурташуда;

пешбурди баҳисобгирии саҳмҳои суғурта дар ҳисобномаҳои инфиродӣ (пасандозӣ);

гирдоварии маълумот оид ба собиқаи корӣ, музди меҳнат (даромад) ва ҳисоб кардани саҳмҳои суғуртаи ашхоси суғурташуда дар давраи кор пас аз бақайдгирии ибтидоӣ;

давра ба давра ба ҳисобномаи шахсӣ ворид намудани маълумот дар мавриди собиқаи ашхоси суғурташуда, ки пеш аз бақайдгирии ибтидоӣ сурат гирифтааст.

Бақайдгирии ашхоси суғурташуда

5. Ҳар шахсе, ки нисбат ба ӯ суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (нафақавӣ) татбиқ мегардад, бояд дар системаи суғуртаи давлатӣ ба қайд гирифта шавад.

Ҳар як шахси воқеие, ки дар системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта нашудааст ва тибқи шартномаи (қарордод) меҳнатӣ, тибқи шартномаи дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ кор мекунад ва мавзӯи он иҷрои кор ё хизматрасонӣ мебошад, ё тибқи шартномаи муаллифӣ фаъолият менамояд, бояд аз ҷониби корфармо дар мақоми ҳудудие, ки дар он корфармо ба сифати пардозандаи саҳмҳои суғурта қайд шудааст, ба қайд гирифта шавад.

6. Ҳангоми гузаронидани бақайдгирии ибтидоӣ маълумот дар бораи ашхоси суғурташуда, ки ҳамин Низомнома пешбинӣ намудааст, дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи мақомоти Агентӣ аз ҷониби корфармо ва ашхоси мустақилона саҳми суғуртаро пардозанда ба Агентӣ пешниҳод карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

7. Ҳангоми гузаронидани бақайдгирии ибтидоӣ дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи мақомоти ҳудудӣ корфарма ба ин мақом барои ҳар як шахси суғурташуда, ки дар назди ӯ тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, тибқи шартномаи дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ, ки мавзӯи он иҷрои кор ё хизматрасонӣ мебошад, ё тибқи шартномаи муаллифӣ фаъолият менамояд, ҷиҳати ҳифзи иҷтимоӣ ариза пешниҳод мекунад, ки шакли он аз ҷониби Агентӣ муқаррар карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

Ариза барои ҳифзи иҷтимоӣ бояд маълумоти зайлро дар бораи шахси суғурташуда дарбар гирад:

фамилия, ном, номи падар;

ҷинс;

санаи таваллуд;

суроғаи бақайдгирӣ вобаста ба маҳалли зист ва маҳалли буду бош;

рақами телефон;

силсила, рақам, сана ва маҳалли додани шиноснома ё дигар санади тасдиқкунандаи шахсият.

8. Ҳангоми тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба кор қабул намудани шахси суғурташудае, ки дар системаи давлатии суғурта ба қайд гирифта нашудааст, инчунин ҳангоми бастани шартномаи дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ, ки мавзӯи он иҷрои кор ё хизматрасонӣ мебошад, инчунин тибқи шартномаи муаллифӣ корфармо оид ба чунин шахс ба мақоми ҳудудӣ дар ҷараёни ду ҳафта аз лаҳзаи қабул ба кор ё бастани шартнома ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии ӯ ариза пешниҳод менамояд.

9. Саҳеҳии маълумоти дар аризаи ҳифзи иҷтимоӣ зикргардида оид ба шахси суғурташуда бо имзои шахси суғурташуда тасдиқ карда мешавад.

Агар шахси суғурташуда вобаста ба сафари тӯлонии хизматӣ (бештар аз як моҳ), бемории тӯлонӣ ё сабабҳои дигар имконияти шахсан тасдиқ намудани аризаро барои ҳифзи иҷтимоӣ тасдиқ карда натавонад, корфармо ин сабабҳоро дар аризаи ҳифзи иҷтимоӣ, ки тасдиқ мекунад, бояд сабт намояд.

Ариза барои ҳифзи иҷтимоӣ бо маълумотҳои дар он сабтшуда, бо санади ҳамроҳикунандаи тасдиқшуда, аз ҷониби корфармо ба мақоми ҳудудӣ дода мешавад.

10. Аризаҳои пешниҳоднамудаи корфармо аз ҷониби мақомоти ҳудудӣ таҳти коркард қарор дода шуда, сипас ба маркази коркарди иттилоот супурда мешавад, ки дар он маълумоти бақайдгирӣ аз санҷиш мегузаранд ва ба махзани маълумоти система ворид карда мешаванд.

Дар сурати зарурӣ шӯъбаи ҳудудии Агентӣ вазифадор аст, дар бораи дақиқ намудани маълумоти барои бақайдгирии шахси суғурташуда зарурӣ дархостро (минбаъд - дархост дар бораи дақиқсозии маълумот), ки шакли онро Агентӣ тасдиқ менамояд, таҳия кунад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

11. Мақоми ҳудудӣ ба корфармо Шаҳодатномаи ба расмият даровардашуда ва дар ҳолатҳои зарурӣ, инчунин дархостҳоро оид ба дақиқ сохтани маълумот якҷоя бо ведомости ҳамроҳикунанда, ки шакли онро Агентӣ тасдиқ менамояд, медиҳад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

12. Корфармо дар ҷараёни як ҳафтаи баъди аз мақоми ҳудуди гирифтани Шаҳодатнома онҳоро ба ашхоси суғурташуда, ки дар назди ӯ кор мекунанд, месупорад. Ашхоси суғурташуда дар мавриди гирифтани Шаҳодатнома дар ведомости хамроҳикунанда имзо мегузоранд.

Агар дар Шаҳодатнома фамилия, ном, номи падар, санаи таваллуд ё ҷинси шахси суғурташуда нодуруст зикр гардида бошад, шахси суғурташуда мӯҳтавои саҳеҳи реквизити дахлдорро дар варақаи ислоҳот, ки шакли онро Агентӣ тасдиқ менамояд, зикр мекунад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

Агар корфармо бо сабаби аз кор рафтани шахси суғурташуда, ба мӯҳлати тӯлонӣ (беш аз як моҳ) дар сафари хизмати будан, бемории тӯлонӣ ё сабабҳои дигар Шаҳодатномаро дода натавонад, корфармо саҳеҳии маълумоти дар ин санад мавҷударо санҷида, дар сурати дар он ҷой доштани интибоҳот моҳияти саҳеҳи реквизитҳоро дар варақаи ислоҳот зикр мекунад.

13. Қорфармо аз шахси суғурташудае, ки нисбат ба ӯ мақоми ҳудудӣ дар хусуси дақиқ намудани маълумот дархост додааст, талаб мекунад, ки дар он реквизитҳои заруриро хонапурӣ намояд ва дар сурати зарурӣ санади тасдиқкунандаро пешниҳод кунад ва ҳангоми мавҷуд набудани ин шахс сабаби ғайриҳозириро дар дархости дақиқ сохтани маълумот сабт намуда, онро тасдиқ мекунад.

14. Корфармо дар мӯҳлати як моҳи баъди аз мақоми ҳудуди гирифтани Шаҳодатнома ва дархост дар мавриди дакиқ сохтани маълумот ба ин мақом ведомости ҳамроҳикунандаи хонапурӣ ва тасдиқшударо ва дар сурати зарурӣ варақаи ислоҳот ва дархости хонапуришударо дар мавриди дақиқ сохтани маълумот, инчунин Шаҳодатномаеро, ки вобаста ба талаб карда гирифта нашуданаш аз ҷониби шахси суғурташуда супурда нашудааст, бармегардонад.

15. Мақомоти ваколатдори Агентӣ дар ҳисобномаҳои шахсӣ далели додани Шаҳодатномаро сабт менамояд ва дар сурати аз ҷониби корфармо пешниҳод кардани варақаҳои ислоҳот ва хонапурии дархостҳо дар бораи дақиқ сохтани маълумот дар ҷараёни се ҳафта Шаҳодатномаро бо дарназардошти ислоҳот ва дақиқсозии маълумот аз нав таҳия намуда, ҷиҳати тибқи тартиби пешбининамудаи бандҳои 11-14 ҳамин Низомнома додани он ба ашхоси суғурташуда, ба корфармо месупоранд (карори Хукумати ЧТ аз 1.04.2011 № 184).

16. Шахси воқеие, ки мустақилона саҳмҳои суғуртаро ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ месупорад ва дар системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта нашудааст, дар мақоми ҳудудӣ ҳамзамон бо қайд ба сифати пардозандаи саҳмҳои суғурта ба қайд гирифта мешавад.

Дар давраи гузаронидани бақайдгирии ибтидоӣ шахси суғурташудае, ки мустақилона саҳмҳои суғуртаро ба Агентӣ месупорад, дар мақоми ҳудудие, ки саҳмҳои суғуртаро месупорад, ба қайд гирифта мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

17. Ашхоси суғурташудае, ки дар лаҳзаи гузаронидани бақайдгирии ибтидоӣ кор намекунанд, метавонанд дар мақоми ҳудудии маҳалли истиқомат ба қайд гирифта шаванд.

18. Ашхоси суғурташудае, ки мустақилона саҳмҳои суғуртаро ба Агентӣ месупоранд, инчунин ашхосе суғурташудае, ки кор намекунанд, ба мақоми ҳудудӣ дар мавриди ҳифзи иҷтимоӣ ариза пешниҳод намуда, шиноснома ва ё дигар санади тасдиқкунандаи шахсиятро пешкаш менамоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

Дар асоси ариза барои ҳифзи иҷтимоӣ мақоми ваколатдори Агентӣ дар тӯли се ҳафта ҳисобномаи шахсӣ мекушояд ва Шаҳодатнома ё дархостро дар бораи дақиқ сохтани маълумот, ки ба шахси суғурташуда супурда мешавад, ба расмият медарорад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

Ислоҳ ё несту нобуд кардани маълумоте, ки ба Шаҳодатнома ё дархости дақиқ сохтани маълумот дохил карда шудаанд, тибқи тартиби пешбининамудаи бандҳои 11-15 ҳамин Низомнома анҷом дода мешавад.

ШАҲОДАТНОМА

19. Мақоми ваколатдори Агентӣ барои ҳар як шахси суғурташуда Шаҳодатномаро ба расмият медарорад, ки дорои маълумот оид ба рақами суғурта, фамилия, ном, номи падар, санаи таваллуд, маҳали таваллуд ва ҷинси шахси суғурташуда мебошад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

Шакли Шаҳодатнома (нусхаи он) аз ҷониби Агентӣ тасдиқ карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

20. Шаҳодатнома дар назди шахси суғурташуда нигоҳ дошта мешавад.

21. Шаҳодатнома танҳо ҳангоми пешниҳоди шиноснома ё дигар санаде, ки шахсиятро тасдиқ мекунад, дорои эътибор мебошад.

22. Корфармо аз шахси суғурташуда пешниҳод намудани Шаҳодатномаро талаб менамояд ва шахси суғурташуда дар навбати худ ҳангоми тибқи шартномаи (қарордод) меҳнатӣ қабул кардан ба кор, ҳангоми бастани шартномаи дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ, ки мавзӯи он иҷрои кор, ё хизматрасонӣ мебошад, ё тибқи шартномаи муаллифӣ онро пешниҳод менамояд. Корфармо бояд мутобиқати Шаҳодатномаи пешниҳодшударо бо санаде, ки шахсияти суғурташударо тасдиқ менамояд, тафтиш кунад.

23. Корфармо рақами суғуртаи дар Шаҳодатномаи шахси суғурташудаи ба қайд гирифташударо ҳангоми ба мақоми ҳудудӣ пешниҳод намудани маълумот дар бораи собиқаи корӣ ва маоши ӯ зикр менамояд.

24. Шаҳодатнома дар ҳолатҳои зайл бояд иваз карда шавад:

тағйир ёфтани фамилия, ном, номи падар, санаи таваллуди шахси суғурташуда;

ошкор намудани носаҳеҳӣ ё иштибоҳи маълумоти дар он зикргардида;

ғайриимкон будани истифодаи он.

25. Шахси суғурташудае, ки дар системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта шудааст ва тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳои дар банди 24 ҳамин Низомнома зикргардида кор мекунад, дар мӯҳлати як моҳи баъди фаро расидани онҳо ба корфармо дар бораи иваз намудани Шаҳодатнома ариза медиҳад, ки он якҷоя бо асноди ҳамроҳикунанда дар мӯҳлати ду ҳафта ба мақомоти ҳудудӣ ирсол мегардад.

26. Мақоми ваколатдори Агентӣ дар ҷараёни се ҳафтаи баъди аз корфармо гирифтани ариза дар мавриди ивази Шаҳодатнома дар бораи иваз кардани Шаҳодатнома ё ради иваз қарор қабул мекунад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

Қарор дар мавриди ради иваз намудани Шаҳодатнома бо зикри сабаби радия ба маълумоти корфармо ва шахси суғурташуда, расонида мешавад.

Додани Шаҳодатнсма ба ашхоси суғурташуда тибқи тартиби пешбининамудаи бандҳои 31-15 ҳамин Низомнома анҷом дода мешавад.

27. Ашхоси суғурташудае, ки дар системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта шуда, мустақилона саҳмҳои суғуртаро ба Агентӣ аҳолӣ месупоранд ва тибқи шартнома (қарордод) кор намекунанд, дар ҳолатҳои дар банди 24 ҳамин Низомнома зикргардида, дар мӯҳлати як моҳи баъди фарорасии онҳо ба мақоми ваколатдори Агентӣ дар мавриди ивази Шаҳодатнома ариза пешниҳод менамоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

28. Дар сурати гум кардани Шаҳодатномае, ки дар системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта шудааст, шахси суғурташудае, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кор мекунад, дар ҷараёни як моҳ ба корфармо бо ариза дар мавриди додани нусхаи Шаҳодатнома муроҷиат менамояд ва он якҷоя бо асноди ҳамроҳикунанда ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи рақами суғурта дар мӯҳлати ду ҳафта ба мақоми ҳудудӣ ирсол мегардад.

Мақоми дахлдори Агентӣ дар мӯҳлати як моҳи баъди гирифтани ариза дар мавриди додани нусхаи Шаҳодатнома оид ба таҳияи он ё ради таҳия қарор қабул мекунад. Барои қабули қарор мақоми ҳудудӣ ҳуқуқ дорад, аз шахси суғурташуда маълумоти иловагиро, ки шахсият ё маълумоти дар ҳисобномаи шахсӣ мавҷудбударо тасдиқ менамояд, талаб кунад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

Қарор дар мавриди ради додани нусхаи Шаҳодатнома бо зикри сабаби радия ба маълумоти корфармо ва шахси суғурташуда расонида мешавад.

Додани нусхаи Шаҳодатнома ба ашхоси суғурташуда тибқи тартиби пешбининамудаи банди 11-15 ҳамин Низомнома анҷом дода мешавад.

29. Ашхоси суғурташудае, ки дар системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта шудаанд ва мустақилона саҳми суғуртаро ба Агентӣ месупоранд, инчунин ашхосе, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кор намекунанд, дар тӯли як моҳ аз рӯзи гум кардани Шаҳодатнома шахсан ба мақоми ҳудудӣ дар мавриди додани нусхаи Шаҳодатнома ариза пешниҳод мекунанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

30. Шаклҳои ариза дар бораи иваз намудани Шаҳодатнома ва ариза дар мавриди додани нусхаи Шаҳодатнома аз ҷониби Агентӣ муқаррар карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

Пешниҳоди маълумот дар бораи шахси суғурташуда

31. Ҳар як корфармо, сарфи назар аз доштани имтиёз барои пардохти саҳмҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (нафақавӣ), ҳар семоҳа, дар ҷараёни як моҳи баъди семоҳаи ҳисоботӣ фарорасанда барои ҳар шахси суғурташудае, ки дар системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта шуда, дар назди ӯ тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кор мекунад, тибқи шартномаи дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ, ки мавзӯи он иҷрои кор ё хизматрасонӣ мебошад, ё тибқи шартномаи муаллифӣ подошпулӣ гирифтааст, ба мақоми ҳудудӣ санадеро пешниҳод мекунад, ки вобаста ба ҳисоботи семоҳа дорои маълумоти инфиродӣ оид ба собиқаи корӣ, маош (подошпулӣ) ва ҳисобтгирии саҳмҳои суғуртаи шахси суғурташуда (минбаъд - маълумоти инфиродӣ) мебошад.

Шакли ин санадро Агентӣ тасдиқ мекунад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

Маълумот оид ба маош (подошпулӣ) ва ҳисобгирии саҳмҳои суғуртаи шахси суғурташуда дар асоси маълумоти баҳисобгирии муҳосибавӣ, маълумот дар бораи собиқаи корӣ бошад, дар асоси фармонҳо ва дигар санади баҳисобгирии кадрҳо пешниҳод карда мешавад.

32. Нусхаи маълумотеро, ки ба мақоми ҳудудӣ барои дохил намудан ба ҳисобномаи хусусии шахси суғурташуда пешниҳод шудааст, корфармо ба ҳамин шахс медиҳад.

33. Дар сурати ошкор намудани иштибоҳот дар маълумоти инфиродии ба мақоми ҳудудӣ пешниҳоднамудаи корфармо, ӯ дар мӯҳлати як моҳ маълумоти инфиродии ислоҳшударо пешниҳод мекунад.

Дар айни замон, корфармо ба шахси суғурташуда нусхаи маълумоти иифиродии дақиқкардашударо ҳамзамон бо пешниҳоди онҳо ба мақоми ҳудудӣ месупорад.

34. Ҳангоми аз кор озод кардани шахси суғурташуда корфармо вазифадор аст, дар рӯзи аз кор озод шудан ба ӯ нусхаи маълумоти инфиродии ӯро, ки қаблан ба мақоми ҳудудӣ пешниҳод нашудаанд, диҳад. Ин маълумоти инфиродӣ тибқи тартиби умумӣ ба мақоми ҳудудӣ супурда мешавад.

35. Ҳангоми ба расмият даровардани нафақа шахси суғурташуда ба корфармо дар хусуси ба мақоми ҳудудӣ пешниҳод кардани маълумоти инфиродӣ бо ариза муроҷиат менамояд. Корфармо дар муддати 10 рӯз ба мақоми ҳудудӣ оид ба ин шахс маълумоти инфиродиеро, ки қаблан ба мақоми ҳудудӣ пешниҳод нашудааст, ирсол медорад.

36. Ҳангоми барҳам додани ташкилот корфармо ҳамзамон бо дигар аснод дар мавриди ба сифати пардохткунандаи саҳмҳои суғурта ба Агентӣ аз қайд баровардани ӯ ба мақоми ҳудудӣ оид ба шахси суғурташуда, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, тибқи шартномаи дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ, ки мавзӯи он иҷрои кор ё хизматрасонӣ мобошад, ё шартномаи муаллифӣ кор мекунад, маълумоти инфиродии қаблан ба мақомоти ҳудудӣ пешниҳоднашударо ирсол медорад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

37. Корфармое, ки шахси ҳуқуқӣ мебошал, маълумоти инфиродиро бо имзои шахсии роҳбар ва мӯҳри ташкилот тасдиқ менамояд.

Корфармое, ки шахси ҳуқуқӣ намебошад, маълумоти инфиродиро бо имзои худ тасдиқ мекунад.

38. Маълумоте, ки дар асноди пешниҳодкардаи корфармо мавҷуд буда, хилофи талаботи Агентӣ вобаста ба шакли санад ва қоидаҳои хонапурӣ кардани он таҳия шудааст, ба ҳисобномаи шахсӣ ворид карда намешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

Нусхаи ин аснодро мақоми ҳудудӣ ба корфармо, бо зикри хилофкориҳои ошкоргардида, бармегардонад.

39. Мақоми ҳудудӣ маълумоти дар маълумоти инфиродӣ зикршударо оид ба маоши ашхоси суғурташудаи дар ташкилот коркунанда бо маълумоти дар ведомости баҳисобгирӣ оид ба саҳмҳои суғурта ба Агентӣ (минбаъдведомости баҳисобгирӣ) муқоиса намуда, ҳангоми ошкор намудани номутобиқатии байни ин маълумот корфарморо дар хусуси чунин фарқият огоҳ месозад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

40. Қорфармо на дертар аз таърихи 15 моҳи сеюми семоҳае, ки пас аз семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, фарқияти мавҷударо байни мӯҳтавои маълумоти инфиродӣ ва ведомости баҳисобгирӣ барканор намуда, маълумоти дақиқкардашударо ба мақоми ҳудудӣ пешниҳод менамояд.

Агар корфармо дар мӯҳлати муқарраршуда фарқиятҳои мавҷударо рафъ нанамояд, мақоми ҳудудӣ дар мавриди фарқият байни мӯҳтавои маълумоти инфиродӣ ва ведомости баҳисобгирӣ акт тартиб дода, оид ба зарурати ҳисоббаробаркунии саҳмҳои, суғуртаи баҳисобгирифташуда мутобиқи маҷмӯи маълумотҳои инфиродии дар давраи ҳисоботӣ пешниҳоднамудаи корфармо қарор қабул мекунад.

41. Шахси суғурташудае, ки мустақилона саҳмҳои суғуртаро ба Агентӣ месупорад, дар семоҳаи аввали соле, ки пас аз соли ҳисоботӣ фаро мерасад, ҳамчунин ҳангоми ба сифати пардозандаи саҳмҳои суғурта аз қайд бароварда шуданаш, шахсан ба мақоми ҳудудӣ оид ба даромади худ дар соли ҳисоботӣ маълумот пешниҳод менамояд, ки ба ҳисобномаи шахсию шахси суғурташуда ворид карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

42. Маълумот дар мавриди давраҳои фаъолияти меҳнатӣ ва дигар фаъолияти барои ҷамъият фоиданок, давраҳои пардохти кӯмакпули оид ба бекорӣ, инчунин давраҳои хизмати ҳарбӣ ва дигар хизматҳои ба он баробаркардашуда, ки ба собиқаи умумии кор дохил карда мешаванд, аз ҷумла оид ба собиқаи ашхоси суғурташуда дар давраи пеш аз бақайдгирии ибтидоӣ, аз ҷониби ашхоси суғурташуда дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи Агентӣ ба мақоми ҳудудии маҳалли зист пешниҳод карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

43. Мақоми ҳудудӣ ҳуқуқ дорад, назорати саҳеҳии маълумоти инфиродии пешниҳодшударо, аз ҷумла бо роҳи гузаронидани санҷиши аснодӣ, инчунин бо роҳи дархости маълумоти иловагӣ, анҷом диҳад.

Бо талаби мақоми ҳудудӣ корфармо маълумоти иловагӣ, аз ҷумла маълумоти тасдиқкунандаи собиқаи кории ашхоси суғурташудаи дар назди ӯ коркунандаро, ки вобаста ба шароити махсуси меҳнат, барои собиқаи хизмат барои нафақа ҳуқуқ медиҳад ва собиқае, ки бо баҳисобгирии имтиёзнок ба ҳисоб гирифта мешавад, пешниҳод менамояд.

Дар асоси натиҷаҳои санҷиши гузаронидашуда мӯҳтавои ҳисобномаҳои шахсии ашхоси суғурташуда дақиқ карда мешаванд.

44. Нусхаи маълумот оид ба собиқаи корӣ, маош (подошпулӣ) ва баҳисобгирии саҳмҳои суғуртаи ашхоси суғурташуда, ки ба мақоми ҳудудӣ аз ҷониби корфармо пешниҳод шудааст, тибқи қоидаҳои барои нигаҳдошти асноди баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳӣ муқарраргардида дар назди корфармо нигоҳ дошта мешавад.

45. Нусхаи маълумот оид ба даромаде, ки ба мақоми ҳудудӣ аз ҷониби ашхоси суғурташудаи саҳмҳои суғуртаро Агентӣ мустақилона супоранда пешниҳод шудааст, дар назди ин ашхос нигоҳ дошта мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

46. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандон (ЗАГС), ки фавти шахсро дар синни бештар аз 15 солагӣ ба қайд гирифтааст, дар давоми як моҳ аз лаҳзаи бақайдгирии далели фавт ба мақоми ҳудудие, ки ин мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандонро ба сифати пардозандаи саҳмҳои суғурта дар ҳайати маъмурияти ҳудудӣ ба қайд гирифта шудааст, дар бораи шахси фавтида маълумоти зайлро пешниҳод менамояд:

фамилия, ном (номҳо), номи падар;

ҷинс;

санаи таваллуд;

суроғаи бақайдгирӣ вобаста ба маҳалли зист ва маҳалли буду бош;

силсила, рақам, сана ва маҳалли додани шиноснома ё дигар санаде, ки шахсиятро тасдиқ мекунад.

Ҳисобномаи шахсии инфиродии (пасандозии) шахси суғурташуда

47. Агентӣ барои ҳар шахси дар системаи суғуртаи давлатии нафақа суғурташуда бо рақами доимӣ ҳисобномаи шахсии дорои дараҷаи (разряди) назоратӣ мекушояд, ки имкон медиҳад, иштибоҳи дар ҷараёни баҳисобгирии фардикунонидашуда ҳангоми истифодаи ин рақами суғуртавӣ, роҳдодашударо ошкор намояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

48. Ҳисобномаи шахсӣ инҳоро дар бар мегирад:

рақами суғурта;

фамилия, ном, номи падар (фамилияе, ки шахси суғурташуда ҳангоми таваллуд дошт);

ҷинс;

санаи таваллуд;

суроғаи бақайдгирӣ вобаста ба маҳалли зист ва маҳалли буду бош;

рақами телефон;

силсила, рақам ва санаи додани шиноснома ё санади дигаре, ки шахсиятро тасдиқ мекунад;

шаҳрвандӣ;

давраи фаъолияти меҳнатӣ ё фаъолияти дигари фоиданоки ҷамъиятӣ, ки ба собиқаи умумӣ ҷиҳати таъини нафақаи меҳнатии давлати ба ҳисоб гирифта мешавад, собиқаи махсус вобаста ба шароити махсуси кор ва маҳалҳои ба он баробаркардашуда, хизмати дарозмуддат, кор дар минтақаҳое, ки олудагии радиоактивӣ қарор гирифтааст;

музди меҳнат (подошпулӣ) ё даромад (барои дар моҳи собиқаи суғурта), ки ба он саҳмҳои суғурта ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб гирифта шудааст;

маблағи маош (барои ҳар моҳи собиқаи суғурта), ки ҳангоми таъини нафақаи меҳнатӣ ба ҳисоб гирифта мешавад;

маблағи саҳми суғурта, ки ба ҳамин шахс ҳисоб карда шудааст (барои ҳар моҳи собиқаи суғурта), аз ҷумла саҳмҳои суғурта, ки аз ҳисоби корфармо гузаронида шудааст ва саҳмҳои суғуртаи худи шахси суғурташуда;

давраҳои хизмати ҳарбӣ ва дигар хизматҳои ба он баробаркардашуда, ки ба собиқаи умумии корӣ дохил карда мешавад;

маълумот дар бораи таъини нафақа (ҳисоббаробаркунӣ), дар бораи индексатсия ва ҳисоб кардани нафақа.

49. Ҳисобномаи шахсӣ аз ҷониби Агентӣ дар тӯли зиндагии шахси суғурташуда нигоҳ дошта мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

Пас аз фавти шахси суғурташуда ҳисобномаи шахсӣ баста шуда, дар ҷараёни мӯҳлати барои ҳифзи парвандаҳои нафақа муқарраргардида нигоҳ дошта мешавад.

50. Маълумоти дар ҳисобномаи шахсӣ мавҷудбуда мувофиқи қонунҳо ба гурӯҳи иттилооти махфӣ дохил карда мешавад.

Шакли пешниҳоди маълумот

51. Ҳамаи маълумот дар мавриди шахси суғурташуда мутобиқи ҳамин Низомнома аз ҷониби корфармо ва шахси суғурташуда чун аснод дар шакли хаттӣ, пешниҳод карда мешавад.

52. Асноди аз корфармо ва ашхоси суғурташуда дар шакли хатти гирифташуда дар мақомоти ҳудудӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Агентӣ нигоҳ дошта мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахси суғурташуда

53. Шахси суғурташуда ҳуқуқ дорад:

як маротиба дар як сол дар мақоми ҳудудии маҳалли зист ё кор нусхаи ҳисобномаи шахсиро бепул ба даст орад;

аз корфармо нусхаи маълумоти инфиродиеро, ки аз ҷониби корфармо ба мақоми ҳудудӣ пешниҳод шудааст, бепул гирад;

хангоми ризо набудан бо маълумотҳои ба ҳисобномаи шахсии ӯ воридкардашуда оид ба ислоҳи маълумоти зикргардида ба Агентӣ ё ба суд бо ариза муроҷиат намояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

54. Шахси суғурташуда нусхаи ҳисобномаи шахсиро аз мақоми ҳудудии маҳалли зист ё кор тибқи аризаи шахсӣ мегирад. Дар айни замон шахси суғурташуда Шаҳодатнома ё шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод менамояд.

Мақоми ҳудудӣ дар мӯҳлати ду ҳафта аз рӯзи додани ариза ба шахси суғурташуда нусхаи ҳисобномаи шахси суғурташударо, ки шакли онро Агентӣ тасдиқ мекунад, пешниҳод менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

55. Шахси суғурташуда вазифадор аст:

дар мақоми ҳудудӣ аз қайд гузарад;

Шаҳодатнома гирад, онро нигоҳ дорад ва бо талаби корфармо, кормандони мақомоти Агентӣ онро пешниҳод кунад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184);

ба мақоми ҳудудӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Низомнома дар мавриди тағйир хӯрдани маълумоте, ки дар ҳисобномаи инфиродии ӯ мавҷуданд, инчунин оид ба гум кардани Шаҳодатнома иттилоъ диҳад;

бо талаби мақомоти ҳудудӣ аснодеро, ки маълумоти ба ҳисобномаи шахсӣ воридшавандаро тасдиқ мекунанд, пешниҳод намояд.

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои корфармо

56. Корфармо ҳуқуқ дорад:

аз шахси суғурташуда ҳангоми тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ қабул намудан ба кор, ҳангоми бастани шартномаи дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ, ки мавзӯи он иҷрои кор ё хизматрасонӣ мебошад, инчунин тибқи шартномаи муаллифӣ нишон додани Шаҳодатнома ва дар сурати мавҷуд набудани он хонапурӣ кардани анкети шахси суғурташударо талаб намояд;

маълумотеро, ки ӯ дар мавриди шахси суғурташуда ба мақоми ҳудудӣ пешниҳод намудааст, мутобиқи ҳамин Низомнома пурра ё дақиқ намояд.

57. Корфармо вазифадор аст:

мутобиқи ҳамин Низомнома ба мақоми ҳудудӣ дар мавриди шахси суғурташуда маълумот пешниход намояд;

дар мақоми ҳудудӣ Шаҳодатнома ва нусхаҳои онро ба даст орад ва онҳоро мутобиқи ҳамин Низомнома таҳти забонхат ба ашхоси суғурташудаи дар назди ӯ коркунанда супорад;

ба ҳар як шахси суғурташуда нусхаи маълумоти инфиродиро дар бораи ҳамин шахс, ки ба мақоми ҳудудӣ пешниҳод шудааст, бепул диҳад;

мутобиқати реквизитҳои Шаҳодатномаи аз ҷониби шахси суғурташуда пешниҳодшударо ба реквизитҳои шиноснома ё дигар санади тасдиқкунандаи шахсият назорат кунад.

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти Агентӣ (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184)

58. Мақомоти Агентӣ ҳуқуқ доранд, аз корфармоён ва ашхоси суғурташуда мутобиқи ҳамин Низомнома сари вақт ва саҳеҳ пешниҳод намудани маълумотро талаб намоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184).

59. Мақомоти Агентӣ вазифадоранд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2011 № 184):

ашхоси суғурташударо дар системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) сари вақт ба қайд гиранд;

сари вақт ба ҳисобномаи шахсӣ маълумотеро, ки корфармоён ва ашхоси суғурташуда мутобиқи ҳамин Низомнома пешниҳод кардаанд, ворид намоянд, инчунин ҳисобномаҳои шахсӣ ва асноди дар асоси онҳо ташаккулёфтаро боэътимод ҳифз намоянд;

назорати саҳеҳ пешниҳод намудани маълумотро мутобиқи ҳамин Низомнома анҷом диҳанд;

як маротиба дар як сол ба шахси суғурташуда тибқи аризаи ӯ нусхаи ҳисобномаи шахсиро бепул диҳанд;

ба шаҳрвандон ва корфармоён ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо, тартиби пешбурди баҳисобгирии фардикунонидашударо тавзеҳ диҳанд;

ба мақомоти таъинкунандаи нафақа тибқи дархости онҳо маълумоти ҳисобномаҳои шахсии ашхоси суғурташударо, ки барои таъини нафақа ариза додаанд, пешниҳод намоянд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 феврали соли 1999 № 26

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби ҷорӣ намудани ҳисобномаҳои шахсии пасандозӣ ва баҳисобгирии инфиродии (фардикунонидашудаи) саҳмҳои суғурта дар системаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" таҳия гардида, тартиби ҷорӣ намудани баҳисобгирии инфиродии (фардикунонидашудаи) маълумотро барои ҳисобномаҳои шахсии инфиродии (пасандозии) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбат ба онҳо суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (нафақавӣ) татбиқ мегардад, муайян менамояд, аз ҷумла:

тартиби бақайдгирии ашхоси суғурташуда дар системаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;

тартиби ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои (минбаъд - Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) пешниҳод намудани маълумот оид ба ашхоси суғурташуда, аз ҷумла маълумот оид ба собиқаи корӣ, музди меҳнат (даромад) саҳмҳои ҳисобшудаи суғурта;

тартиби истифодаи ин маълумот ҷиҳати назорати баҳисобгирии дурусти саҳмҳои суғурта барои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ.

2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Низомномаи мазкур истифода шудаанд, дорои мазмуни зайл мебошанд:

- "Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" - системаи навъҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи таъмини ашхоси суғурташуда ҳангоми маҳрум гардидан аз музди меҳнат ё даромад дар натиҷаи беморӣ, осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ, маъюбӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, пирӣ, бекорӣ, аз даст додани саробон, фавтидан ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби саҳмҳои ҳатмии суғуртаи корфармоён ва шаҳрвандон иборат мебошад. Суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҳатмӣ мебошад;

- "баҳисобгирии инфиродии (фардикунонидашуда)" (минбаъдбаҳисобгирии инфиродӣ) - ташкил ва пешбурди баҳисобгирии маълумот оид ба ҳар як шахси суғурташуда бо мақсади суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;

- "ашхоси суғурташуда аз ҷумла ашхосе, ки мустақилона саҳмҳои суғуртаро мепардозанд" - ашхосе, ки нисбат ба онҳо суғуртаи давлатии иҷтимоӣ татбиқ мегардад. Ашхоси суғурташуда шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ мебошанд. Ба ашхоси суғурташудае, ки мустақилона саҳмҳои суғуртаро мепардозанд, соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин детективҳои инфиродӣ, ки ба амалияи шахсӣ машғуланд, нотариусҳо, аудиторҳои хусусӣ, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дохил мешаванд;

- "корфармоён" - шаҳрвандон, ашхоси ҳуқуқӣ (корхона, муассиса, ташкилот ва дигар субъекти хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва навъи фаъолият) ва ашхоси воқеие, ки шаҳрвандонро тибқи шартномаи меҳнатӣ (қарордод) ба кироя мегиранд, аз ҷумла ашхоси ҳуқукӣ ва воқеии хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналхалқие, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, ӯҳдадоранд, мутобиқи қонунҳо оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ саҳмҳои суғуртаро пардозанд, мебошанд;

- "ҳисобномаи шахсии инфиродии (пасандозии) шахси суғурташуда" (минбаъд - ҳисобномаи шахсӣ) санаде, ки дар шакли электронӣ дар мақомоти Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигоҳ дошта шуд, маълумотҳои дар ҳамин Низомнома пешбинишударо дар мавриди ашхоси суғурташуда, дар бораи маблағи саҳмҳои суғуртаи аз ҷониби ашхоси суғурташуда дар ҳаҷми муайяннамудаи Қонун пардохташударо дар бар мегирад, ки ба захираи иттилооти Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дохил карда шудааст;

- "рақами суғурта" - рақами доимии инфиродӣ, ки аз ҷониби Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисобномаи шахсии суғурташуда дода мешавад;

- "бақайдгирии шахсии суғурташуда" (минбаъд - бақайдгирӣ)кушодани ҳисобномаи шахсӣ ба шахси суғурташуда ва ба ӯ додани Шаҳодатномаи ҳифзи иҷтимоӣ. Ҳангоми ҷорӣ намудани баҳисобгирии фардикунонидашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии ибтидоии (оммавии) ашхоси суғурташуда анҷом дода мешавад;

- "шаҳодатномаи ҳифзи иҷтимоӣ" (минбаъд - Шаҳодатнома) - санаде, ки ба шахси суғурташуда супурда мешавад ва он дар системаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта шудани ин шахсро тасдиқ менамояд.

Ташкили баҳисобгирии инфиродӣ (фардикунонидашуда)

3. Мақоме, ки баҳисобгирии инфиродиро (фардикунонидашударо) анҷом медиҳад, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Ташкили баҳисобгирии инфиродӣ ва пешбурди ҳисобномаҳои шахсии инфиродро идораи махсуси Фонд (минбаъд - мақоми ваколатдори Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) ба зимма дорад. Коркарди ибтидоии аснод дар мавриди баҳисобгирии инфиродӣ ва бақайдгирии пардозкунандагон аз ҷониби мақомоти ҳудудии (шӯъбаҳои) Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд - мақомоти ҳудудӣ) анҷом дода мешавад. Коркарди механиконидашудаи аснод дар мавриди баҳисобгирии инфиродӣ (фардикунонидашуда) ва ҳифзи маълумот (иттилоот) дар марказҳои минтақавӣ (минбаъд -маркази коркарди иттилоот) анҷом дода мешавад.

4. Баҳисобгирии инфиродӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти зайлро дар бар мегирад:

бақайдгирии ашхоси суғурташуда;

пешбурди баҳисобгирии саҳмҳои суғурта дар ҳисобномаҳои инфиродӣ (пасандозӣ);

гирдоварии маълумот оид ба собиқаи корӣ, музди меҳнат (даромад) ва ҳисоб кардани саҳмҳои суғуртаи ашхоси суғурташуда дар давраи кор пас аз бақайдгирии ибтидоӣ;

давра ба давра ба ҳисобномаи шахсӣ ворид намудани маълумот дар мавриди собиқаи ашхоси суғурташуда, ки пеш аз бақайдгирии ибтидоӣ сурат гирифтааст.

Бақайдгирии ашхоси суғурташуда

5. Ҳар шахсе, ки нисбат ба ӯ суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (нафақавӣ) татбиқ мегардад, бояд дар системаи суғуртаи давлатӣ ба қайд гирифта шавад.

Ҳар як шахси воқеие, ки дар системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта нашудааст ва тибқи шартномаи (қарордод) меҳнатӣ, тибқи шартномаи дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ кор мекунад ва мавзӯи он иҷрои кор ё хизматрасонӣ мебошад, ё тибқи шартномаи муаллифӣ фаъолият менамояд, бояд аз ҷониби корфармо дар мақоми ҳудудие, ки дар он корфармо ба сифати пардозандаи саҳмҳои суғурта қайд шудааст, ба қайд гирифта шавад.

6. Ҳангоми гузаронидани бақайдгирии ибтидоӣ маълумот дар бораи ашхоси суғурташуда, ки ҳамин Низомнома пешбинӣ намудааст, дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи мақомоти Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби корфармо ва ашхоси мустақилона саҳми суғуртаро пардозанда ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

7. Ҳангоми гузаронидани бақайдгирии ибтидоӣ дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи мақомоти ҳудудӣ корфарма ба ин мақом барои ҳар як шахси суғурташуда, ки дар назди ӯ тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, тибқи шартномаи дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ, ки мавзӯи он иҷрои кор ё хизматрасонӣ мебошад, ё тибқи шартномаи муаллифӣ фаъолият менамояд, ҷиҳати ҳифзи иҷтимоӣ ариза пешниҳод мекунад, ки шакли он аз ҷониби Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар карда мешавад.

Ариза барои ҳифзи иҷтимоӣ бояд маълумоти зайлро дар бораи шахси суғурташуда дарбар гирад:

фамилия, ном, номи падар;

ҷинс;

санаи таваллуд;

суроғаи бақайдгирӣ вобаста ба маҳалли зист ва маҳалли буду бош;

рақами телефон;

силсила, рақам, сана ва маҳалли додани шиноснома ё дигар санади тасдиқкунандаи шахсият.

8. Ҳангоми тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба кор қабул намудани шахси суғурташудае, ки дар системаи давлатии суғурта ба қайд гирифта нашудааст, инчунин ҳангоми бастани шартномаи дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ, ки мавзӯи он иҷрои кор ё хизматрасонӣ мебошад, инчунин тибқи шартномаи муаллифӣ корфармо оид ба чунин шахс ба мақоми ҳудудӣ дар ҷараёни ду ҳафта аз лаҳзаи қабул ба кор ё бастани шартнома ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии ӯ ариза пешниҳод менамояд.

9. Саҳеҳии маълумоти дар аризаи ҳифзи иҷтимоӣ зикргардида оид ба шахси суғурташуда бо имзои шахси суғурташуда тасдиқ карда мешавад.

Агар шахси суғурташуда вобаста ба сафари тӯлонии хизматӣ (бештар аз як моҳ), бемории тӯлонӣ ё сабабҳои дигар имконияти шахсан тасдиқ намудани аризаро барои ҳифзи иҷтимоӣ тасдиқ карда натавонад, корфармо ин сабабҳоро дар аризаи ҳифзи иҷтимоӣ, ки тасдиқ мекунад, бояд сабт намояд.

Ариза барои ҳифзи иҷтимоӣ бо маълумотҳои дар он сабтшуда, бо санади ҳамроҳикунандаи тасдиқшуда, аз ҷониби корфармо ба мақоми ҳудудӣ дода мешавад.

10. Аризаҳои пешниҳоднамудаи корфармо аз ҷониби мақомоти ҳудудӣ таҳти коркард қарор дода шуда, сипас ба маркази коркарди иттилоот супурда мешавад, ки дар он маълумоти бақайдгирӣ аз санҷиш мегузаранд ва ба махзани маълумоти система ворид карда мешаванд.

Дар сурати зарурӣ шӯъбаи ҳудудии Фонд вазифадор аст, дар бораи дақиқ намудани маълумоти барои бақайдгирии шахси суғурташуда зарурӣ дархостро (минбаъд - дархост дар бораи дақиқсозии маълумот), ки шакли онро Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ менамояд, таҳия кунад.

11. Мақоми ҳудудӣ ба корфармо Шаҳодатномаи ба расмият даровардашуда ва дар ҳолатҳои зарурӣ, инчунин дархостҳоро оид ба дақиқ сохтани маълумот якҷоя бо ведомости ҳамроҳикунанда, ки шакли онро Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ менамояд, медиҳад.

12. Корфармо дар ҷараёни як ҳафтаи баъди аз мақоми ҳудуди гирифтани Шаҳодатнома онҳоро ба ашхоси суғурташуда, ки дар назди ӯ кор мекунанд, месупорад. Ашхоси суғурташуда дар мавриди гирифтани Шаҳодатнома дар ведомости хамроҳикунанда имзо мегузоранд.

Агар дар Шаҳодатнома фамилия, ном, номи падар, санаи таваллуд ё ҷинси шахси суғурташуда нодуруст зикр гардида бошад, шахси суғурташуда мӯҳтавои саҳеҳи реквизити дахлдорро дар варақаи ислоҳот, ки шакли онро Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ менамояд, зикр мекунад.

Агар корфармо бо сабаби аз кор рафтани шахси суғурташуда, ба мӯҳлати тӯлонӣ (беш аз як моҳ) дар сафари хизмати будан, бемории тӯлонӣ ё сабабҳои дигар Шаҳодатномаро дода натавонад, корфармо саҳеҳии маълумоти дар ин санад мавҷударо санҷида, дар сурати дар он ҷой доштани интибоҳот моҳияти саҳеҳи реквизитҳоро дар варақаи ислоҳот зикр мекунад.

13. Қорфармо аз шахси суғурташудае, ки нисбат ба ӯ мақоми ҳудудӣ дар хусуси дақиқ намудани маълумот дархост додааст, талаб мекунад, ки дар он реквизитҳои заруриро хонапурӣ намояд ва дар сурати зарурӣ санади тасдиқкунандаро пешниҳод кунад ва ҳангоми мавҷуд набудани ин шахс сабаби ғайриҳозириро дар дархости дақиқ сохтани маълумот сабт намуда, онро тасдиқ мекунад.

14. Корфармо дар мӯҳлати як моҳи баъди аз мақоми ҳудуди гирифтани Шаҳодатнома ва дархост дар мавриди дакиқ сохтани маълумот ба ин мақом ведомости ҳамроҳикунандаи хонапурӣ ва тасдиқшударо ва дар сурати зарурӣ варақаи ислоҳот ва дархости хонапуришударо дар мавриди дақиқ сохтани маълумот, инчунин Шаҳодатномаеро, ки вобаста ба талаб карда гирифта нашуданаш аз ҷониби шахси суғурташуда супурда нашудааст, бармегардонад.

15. Мақомоти ваколатдори Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳисобномаҳои шахсӣ далели додани Шаҳодатномаро сабт менамояд ва дар сурати аз ҷониби корфармо пешниҳод кардани варақаҳои ислоҳот ва хонапурии дархостҳо дар бораи дақиқ сохтани маълумот дар ҷараёни се ҳафта Шаҳодатномаро бо дарназардошти ислоҳот ва дақиқсозии маълумот аз нав таҳия намуда, ҷиҳати тибқи тартиби пешбининамудаи бандҳои 11 - 14 ҳамин Низомнома додани он ба ашхоси суғурташуда, ба корфармо месупоранд.

16. Шахси воқеие, ки мустақилона саҳмҳои суғуртаро ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ месупорад ва дар системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта нашудааст, дар мақоми ҳудудӣ ҳамзамон бо қайд ба сифати пардозандаи саҳмҳои суғурта ба қайд гирифта мешавад.

Дар давраи гузаронидани бақайдгирии ибтидоӣ шахси суғурташудае, ки мустақилона саҳмҳои суғуртаро ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ месупорад, дар мақоми ҳудудие, ки саҳмҳои суғуртаро месупорад, ба қайд гирифта мешавад.

17. Ашхоси суғурташудае, ки дар лаҳзаи гузаронидани бақайдгирии ибтидоӣ кор намекунанд, метавонанд дар мақоми ҳудудии маҳалли истиқомат ба қайд гирифта шаванд.

18. Ашхоси суғурташудае, ки мустақилона саҳмҳои суғуртаро ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ месупоранд, инчунин ашхосе суғурташудае, ки кор намекунанд, ба мақоми ҳудудӣ дар мавриди ҳифзи иҷтимоӣ ариза пешниҳод намуда, шиноснома ва ё дигар санади тасдиқкунандаи шахсиятро пешкаш менамоянд.

Дар асоси ариза барои ҳифзи иҷтимоӣ мақоми ваколатдори Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар тӯли се ҳафта ҳисобномаи шахсӣ мекушояд ва Шаҳодатнома ё дархостро дар бораи дақиқ сохтани маълумот, ки ба шахси суғурташуда супурда мешавад, ба расмият медарорад.

Ислоҳ ё несту нобуд кардани маълумоте, ки ба Шаҳодатнома ё дархости дақиқ сохтани маълумот дохил карда шудаанд, тибқи тартиби пешбининамудаи бандҳои 11 - 15 ҳамин Низомнома анҷом дода мешавад.

ШАҲОДАТНОМА

19. Мақоми ваколатдори Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ҳар як шахси суғурташуда Шаҳодатномаро ба расмият медарорад, ки дорои маълумот оид ба рақами суғурта, фамилия, ном, номи падар, санаи таваллуд, маҳали таваллуд ва ҷинси шахси суғурташуда мебошад.

Шакли Шаҳодатнома (нусхаи он) аз ҷониби Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда мешавад.

20. Шаҳодатнома дар назди шахси суғурташуда нигоҳ дошта мешавад.

21. Шаҳодатнома танҳо ҳангоми пешниҳоди шиноснома ё дигар санаде, ки шахсиятро тасдиқ мекунад, дорои эътибор мебошад.

22. Корфармо аз шахси суғурташуда пешниҳод намудани Шаҳодатномаро талаб менамояд ва шахси суғурташуда дар навбати худ ҳангоми тибқи шартномаи (қарордод) меҳнатӣ қабул кардан ба кор, ҳангоми бастани шартномаи дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ, ки мавзӯи он иҷрои кор, ё хизматрасонӣ мебошад, ё тибқи шартномаи муаллифӣ онро пешниҳод менамояд. Корфармо бояд мутобиқати Шаҳодатномаи пешниҳодшударо бо санаде, ки шахсияти суғурташударо тасдиқ менамояд, тафтиш кунад.

23. Корфармо рақами суғуртаи дар Шаҳодатномаи шахси суғурташудаи ба қайд гирифташударо ҳангоми ба мақоми ҳудудӣ пешниҳод намудани маълумот дар бораи собиқаи корӣ ва маоши ӯ зикр менамояд.

24. Шаҳодатнома дар ҳолатҳои зайл бояд иваз карда шавад:

тағйир ёфтани фамилия, ном, номи падар, санаи таваллуди шахси суғурташуда;

ошкор намудани носаҳеҳӣ ё иштибоҳи маълумоти дар он зикргардида;

ғайриимкон будани истифодаи он.

25. Шахси суғурташудае, ки дар системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта шудааст ва тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳои дар банди 24 ҳамин Низомнома зикргардида кор мекунад, дар мӯҳлати як моҳи баъди фаро расидани онҳо ба корфармо дар бораи иваз намудани Шаҳодатнома ариза медиҳад, ки он якҷоя бо асноди ҳамроҳикунанда дар мӯҳлати ду ҳафта ба мақомоти ҳудудӣ ирсол мегардад.

26. Мақоми ваколатдори Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷараёни се ҳафтаи баъди аз корфармо гирифтани ариза дар мавриди ивази Шаҳодатнома дар бораи иваз кардани Шаҳодатнома ё ради иваз қарор қабул мекунад.

Қарор дар мавриди ради иваз намудани Шаҳодатнома бо зикри сабаби радия ба маълумоти корфармо ва шахси суғурташуда, расонида мешавад.

Додани Шаҳодатнсма ба ашхоси суғурташуда тибқи тартиби пешбининамудаи бандҳои 31 - 15 ҳамин Низомнома анҷом дода мешавад.

27. Ашхоси суғурташудае, ки дар системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта шуда, мустақилона саҳмҳои суғуртаро ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ месупоранд ва тибқи шартнома (қарордод) кор намекунанд, дар ҳолатҳои дар банди 24 ҳамин Низомнома зикргардида, дар мӯҳлати як моҳи баъди фарорасии онҳо ба мақоми ваколатдори Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мавриди ивази Шаҳодатнома ариза пешниҳод менамоянд.

28. Дар сурати гум кардани Шаҳодатномае, ки дар системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта шудааст, шахси суғурташудае, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кор мекунад, дар ҷараёни як моҳ ба корфармо бо ариза дар мавриди додани нусхаи Шаҳодатнома муроҷиат менамояд ва он якҷоя бо асноди ҳамроҳикунанда ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи рақами суғурта дар мӯҳлати ду ҳафта ба мақоми ҳудудӣ ирсол мегардад.

Мақоми дахлдори фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мӯҳлати як моҳи баъди гирифтани ариза дар мавриди додани нусхаи Шаҳодатнома оид ба таҳияи он ё ради таҳия қарор қабул мекунад. Барои қабули қарор мақоми ҳудудӣ ҳуқуқ дорад, аз шахси суғурташуда маълумоти иловагиро, ки шахсият ё маълумоти дар ҳисобномаи шахсӣ мавҷудбударо тасдиқ менамояд, талаб кунад.

Қарор дар мавриди ради додани нусхаи Шаҳодатнома бо зикри сабаби радия ба маълумоти корфармо ва шахси суғурташуда расонида мешавад.

Додани нусхаи Шаҳодатнома ба ашхоси суғурташуда тибқи тартиби пешбининамудаи банди 11 - 15 ҳамин Низомнома анҷом дода мешавад.

29. Ашхоси суғурташудае, ки дар системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта шудаанд ва мустақилона саҳми суғуртаро ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ месупоранд, инчунин ашхосе, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кор намекунанд, дар тӯли як моҳ аз рӯзи гум кардани Шаҳодатнома шахсан ба мақоми ҳудудӣ дар мавриди додани нусхаи Шаҳодатнома ариза пешниҳод мекунанд.

30. Шаклҳои ариза дар бораи иваз намудани Шаҳодатнома ва ариза дар мавриди додани нусхаи Шаҳодатнома аз ҷониби Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар карда мешавад.

Пешниҳоди маълумот дар бораи шахси суғурташуда

31. Ҳар як корфармо, сарфи назар аз доштани имтиёз барои пардохти саҳмҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (нафақавӣ), ҳар семоҳа, дар ҷараёни як моҳи баъди семоҳаи ҳисоботӣ фарорасанда барои ҳар шахси суғурташудае, ки дар системаи давлатии суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайд гирифта шуда, дар назди ӯ тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кор мекунад, тибқи шартномаи дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ, ки мавзӯи он иҷрои кор ё хизматрасонӣ мебошад, ё тибқи шартномаи муаллифӣ подошпулӣ гирифтааст, ба мақоми ҳудудӣ санадеро пешниҳод мекунад, ки вобаста ба ҳисоботи семоҳа дорои маълумоти инфиродӣ оид ба собиқаи корӣ, маош (подошпулӣ) ва ҳисобтгирии саҳмҳои суғуртаи шахси суғурташуда (минбаъд - маълумоти инфиродӣ) мебошад.

Шакли ин санадро Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ мекунад.

Маълумот оид ба маош (подошпулӣ) ва ҳисобгирии саҳмҳои суғуртаи шахси суғурташуда дар асоси маълумоти баҳисобгирии муҳосибавӣ, маълумот дар бораи собиқаи корӣ бошад, дар асоси фармонҳо ва дигар санади баҳисобгирии кадрҳо пешниҳод карда мешавад.

32. Нусхаи маълумотеро, ки ба мақоми ҳудудӣ барои дохил намудан ба ҳисобномаи хусусии шахси суғурташуда пешниҳод шудааст, корфармо ба ҳамин шахс медиҳад.

33. Дар сурати ошкор намудани иштибоҳот дар маълумоти инфиродии ба мақоми ҳудудӣ пешниҳоднамудаи корфармо, ӯ дар мӯҳлати як моҳ маълумоти инфиродии ислоҳшударо пешниҳод мекунад.

Дар айни замон, корфармо ба шахси суғурташуда нусхаи маълумоти иифиродии дақиқкардашударо ҳамзамон бо пешниҳоди онҳо ба мақоми ҳудудӣ месупорад.

34. Ҳангоми аз кор озод кардани шахси суғурташуда корфармо вазифадор аст, дар рӯзи аз кор озод шудан ба ӯ нусхаи маълумоти инфиродии ӯро, ки қаблан ба мақоми ҳудудӣ пешниҳод нашудаанд, диҳад. Ин маълумоти инфиродӣ тибқи тартиби умумӣ ба мақоми ҳудудӣ супурда мешавад.

35. Ҳангоми ба расмият даровардани нафақа шахси суғурташуда ба корфармо дар хусуси ба мақоми ҳудудӣ пешниҳод кардани маълумоти инфиродӣ бо ариза муроҷиат менамояд. Корфармо дар муддати 10 рӯз ба мақоми ҳудудӣ оид ба ин шахс маълумоти инфиродиеро, ки қаблан ба мақоми ҳудудӣ пешниҳод нашудааст, ирсол медорад.

36. Ҳангоми барҳам додани ташкилот корфармо ҳамзамон бо дигар аснод дар мавриди ба сифати пардохткунандаи саҳмҳои суғурта ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз қайд баровардани ӯ ба мақоми ҳудудӣ оид ба шахси суғурташуда, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, тибқи шартномаи дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ, ки мавзӯи он иҷрои кор ё хизматрасонӣ мобошад, ё шартномаи муаллифӣ кор мекунад, маълумоти инфиродии қаблан ба мақомоти ҳудудӣ пешниҳоднашударо ирсол медорад.

37. Корфармое, ки шахси ҳуқуқӣ мебошал, маълумоти инфиродиро бо имзои шахсии роҳбар ва мӯҳри ташкилот тасдиқ менамояд.

Корфармое, ки шахси ҳуқуқӣ намебошад, маълумоти инфиродиро бо имзои худ тасдиқ мекунад.

38. Маълумоте, ки дар асноди пешниҳодкардаи корфармо мавҷуд буда, хилофи талаботи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба шакли санад ва қоидаҳои хонапурӣ кардани он таҳия шудааст, ба ҳисобномаи шахсӣ ворид карда намешавад.

Нусхаи ин аснодро мақоми ҳудудӣ ба корфармо, бо зикри хилофкориҳои ошкоргардида, бармегардонад.

39. Мақоми ҳудудӣ маълумоти дар маълумоти инфиродӣ зикршударо оид ба маоши ашхоси суғурташудаи дар ташкилот коркунанда бо маълумоти дар ведомости баҳисобгирӣ оид ба саҳмҳои суғурта ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (мннбаъд - ведомости баҳисобгирӣ) муқоиса намуда, ҳангоми ошкор намудани номутобиқатии байни ин маълумот корфарморо дар хусуси чунин фарқият огоҳ месозад.

40. Қорфармо на дертар аз таърихи 15 моҳи сеюми семоҳае, ки пас аз семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, фарқияти мавҷударо байни мӯҳтавои маълумоти инфиродӣ ва ведомости баҳисобгирӣ барканор намуда, маълумоти дақиқкардашударо ба мақоми ҳудудӣ пешниҳод менамояд.

Агар корфармо дар мӯҳлати муқарраршуда фарқиятҳои мавҷударо рафъ нанамояд, мақоми ҳудудӣ дар мавриди фарқият байни мӯҳтавои маълумоти инфиродӣ ва ведомости баҳисобгирӣ акт тартиб дода, оид ба зарурати ҳисоббаробаркунии саҳмҳои, суғуртаи баҳисобгирифташуда мутобиқи маҷмӯи маълумотҳои инфиродии дар давраи ҳисоботӣ пешниҳоднамудаи корфармо қарор қабул мекунад.

41. Шахси суғурташудае, ки мустақилона саҳмҳои суғуртаро ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ месупорад, дар семоҳаи аввали соле, ки пас аз соли ҳисоботӣ фаро мерасад, ҳамчунин ҳангоми ба сифати пардозандаи саҳмҳои суғурта аз қайд бароварда шуданаш, шахсан ба мақоми ҳудудӣ оид ба даромади худ дар соли ҳисоботӣ маълумот пешниҳод менамояд, ки ба ҳисобномаи шахсию шахси суғурташуда ворид карда мешавад.

42. Маълумот дар мавриди давраҳои фаъолияти меҳнатӣ ва дигар фаъолияти барои ҷамъият фоиданок, давраҳои пардохти кӯмакпули оид ба бекорӣ, инчунин давраҳои хизмати ҳарбӣ ва дигар хизматҳои ба он баробаркардашуда, ки ба собиқаи умумии кор дохил карда мешаванд, аз ҷумла оид ба собиқаи ашхоси суғурташуда дар давраи пеш аз бақайдгирии ибтидоӣ, аз ҷониби ашхоси суғурташуда дар мӯҳлатҳои муайяннамудаи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мақоми ҳудудии маҳалли зист пешниҳод карда мешавад.

43. Мақоми ҳудудӣ ҳуқуқ дорад, назорати саҳеҳии маълумоти инфиродии пешниҳодшударо, аз ҷумла бо роҳи гузаронидани санҷиши аснодӣ, инчунин бо роҳи дархости маълумоти иловагӣ, анҷом диҳад.

Бо талаби мақоми ҳудудӣ корфармо маълумоти иловагӣ, аз ҷумла маълумоти тасдиқкунандаи собиқаи кории ашхоси суғурташудаи дар назди ӯ коркунандаро, ки вобаста ба шароити махсуси меҳнат, барои собиқаи хизмат барои нафақа ҳуқуқ медиҳад ва собиқае, ки бо баҳисобгирии имтиёзнок ба ҳисоб гирифта мешавад, пешниҳод менамояд.

Дар асоси натиҷаҳои санҷиши гузаронидашуда мӯҳтавои ҳисобномаҳои шахсии ашхоси суғурташуда дақиқ карда мешаванд.

44. Нусхаи маълумот оид ба собиқаи корӣ, маош (подошпулӣ) ва баҳисобгирии саҳмҳои суғуртаи ашхоси суғурташуда, ки ба мақоми ҳудудӣ аз ҷониби корфармо пешниҳод шудааст, тибқи қоидаҳои барои нигаҳдошти асноди баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳӣ муқарраргардида дар назди корфармо нигоҳ дошта мешавад.

45. Нусхаи маълумот оид ба даромаде, ки ба мақоми ҳудудӣ аз ҷониби ашхоси суғурташудаи саҳмҳои суғуртаро Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мустақилона супоранда пешниҳод шудааст, дар назди ин ашхос нигоҳ дошта мешавад.

46. Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандон (ЗАГС), ки фавти шахсро дар синни бештар аз 15 солагӣ ба қайд гирифтааст, дар давоми як моҳ аз лаҳзаи бақайдгирии далели фавт ба мақоми ҳудудие, ки ин мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандонро ба сифати пардозандаи саҳмҳои суғурта дар ҳайати маъмурияти ҳудудӣ ба қайд гирифта шудааст, дар бораи шахси фавтида маълумоти зайлро пешниҳод менамояд:

фамилия, ном (номҳо), номи падар;

ҷинс;

санаи таваллуд;

суроғаи бақайдгирӣ вобаста ба маҳалли зист ва маҳалли буду бош;

силсила, рақам, сана ва маҳалли додани шиноснома ё дигар санаде, ки шахсиятро тасдиқ мекунад.

Ҳисобномаи шахсии инфиродии (пасандозии) шахси суғурташуда

47. Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ҳар шахси дар системаи суғуртаи давлатии нафақа суғурташуда бо рақами доимӣ ҳисобномаи шахсии дорои дараҷаи (разряди) назоратӣ мекушояд, ки имкон медиҳад, иштибоҳи дар ҷараёни баҳисобгирии фардикунонидашуда ҳангоми истифодаи ин рақами суғуртавӣ, роҳдодашударо ошкор намояд.

48. Ҳисобномаи шахсӣ инҳоро дар бар мегирад:

рақами суғурта;

фамилия, ном, номи падар (фамилияе, ки шахси суғурташуда ҳангоми таваллуд дошт);

ҷинс;

санаи таваллуд;

суроғаи бақайдгирӣ вобаста ба маҳалли зист ва маҳалли буду бош;

рақами телефон;

силсила, рақам ва санаи додани шиноснома ё санади дигаре, ки шахсиятро тасдиқ мекунад;

шаҳрвандӣ;

давраи фаъолияти меҳнатӣ ё фаъолияти дигари фоиданоки ҷамъиятӣ, ки ба собиқаи умумӣ ҷиҳати таъини нафақаи меҳнатии давлати ба ҳисоб гирифта мешавад, собиқаи махсус вобаста ба шароити махсуси кор ва маҳалҳои ба он баробаркардашуда, хизмати дарозмуддат, кор дар минтақаҳое, ки олудагии радиоактивӣ қарор гирифтааст;

музди меҳнат (подошпулӣ) ё даромад (барои дар моҳи собиқаи суғурта), ки ба он саҳмҳои суғурта ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб гирифта шудааст;

маблағи маош (барои ҳар моҳи собиқаи суғурта), ки ҳангоми таъини нафақаи меҳнатӣ ба ҳисоб гирифта мешавад;

маблағи саҳми суғурта, ки ба ҳамин шахс ҳисоб карда шудааст (барои ҳар моҳи собиқаи суғурта), аз ҷумла саҳмҳои суғурта, ки аз ҳисоби корфармо гузаронида шудааст ва саҳмҳои суғуртаи худи шахси суғурташуда;

давраҳои хизмати ҳарбӣ ва дигар хизматҳои ба он баробаркардашуда, ки ба собиқаи умумии корӣ дохил карда мешавад;

маълумот дар бораи таъини нафақа (ҳисоббаробаркунӣ), дар бораи индексатсия ва ҳисоб кардани нафақа.

49. Ҳисобномаи шахсӣ аз ҷониби Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар тӯли зиндагии шахси суғурташуда нигоҳ дошта мешавад.

Пас аз фавти шахси суғурташуда ҳисобномаи шахсӣ баста шуда, дар ҷараёни мӯҳлати барои ҳифзи парвандаҳои нафақа муқарраргардида нигоҳ дошта мешавад.

50. Маълумоти дар ҳисобномаи шахсӣ мавҷудбуда мувофиқи қонунҳо ба гурӯҳи иттилооти махфӣ дохил карда мешавад.

Шакли пешниҳоди маълумот

51. Ҳамаи маълумот дар мавриди шахси суғурташуда мутобиқи ҳамин Низомнома аз ҷониби корфармо ва шахси суғурташуда чун аснод дар шакли хаттӣ, пешниҳод карда мешавад.

52. Асноди аз корфармо ва ашхоси суғурташуда дар шакли хатти гирифташуда дар мақомоти ҳудудӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахси суғурташуда

53. Шахси суғурташуда ҳуқуқ дорад:

як маротиба дар як сол дар мақоми ҳудудии маҳалли зист ё кор нусхаи ҳисобномаи шахсиро бепул ба даст орад;

аз корфармо нусхаи маълумоти инфиродиеро, ки аз ҷониби корфармо ба мақоми ҳудудӣ пешниҳод шудааст, бепул гирад;

хангоми ризо набудан бо маълумотҳои ба ҳисобномаи шахсии ӯ воридкардашуда оид ба ислоҳи маълумоти зикргардида ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё ба суд бо ариза муроҷиат намояд.

54. Шахси суғурташуда нусхаи ҳисобномаи шахсиро аз мақоми ҳудудии маҳалли зист ё кор тибқи аризаи шахсӣ мегирад. Дар айни замон шахси суғурташуда Шаҳодатнома ё шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод менамояд.

Мақоми ҳудудӣ дар мӯҳлати ду ҳафта аз рӯзи додани ариза ба шахси суғурташуда нусхаи ҳисобномаи шахси суғурташударо, ки шакли онро Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ мекунад, пешниҳод менамояд.

55. Шахси суғурташуда вазифадор аст:

дар мақоми ҳудудӣ аз қайд гузарад;

Шаҳодатнома гирад, онро нигоҳ дорад ва бо талаби корфармо, кормандони мақомоти Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ онро пешниҳод кунад;

ба мақоми ҳудудӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Низомнома дар мавриди тағйир хӯрдани маълумоте, ки дар ҳисобномаи инфиродии ӯ мавҷуданд, инчунин оид ба гум кардани Шаҳодатнома иттилоъ диҳад;

бо талаби мақомоти ҳудудӣ аснодеро, ки маълумоти ба ҳисобномаи шахсӣ воридшавандаро тасдиқ мекунанд, пешниҳод намояд.

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои корфармо

56. Корфармо ҳуқуқ дорад:

аз шахси суғурташуда ҳангоми тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ қабул намудан ба кор, ҳангоми бастани шартномаи дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ, ки мавзӯи он иҷрои кор ё хизматрасонӣ мебошад, инчунин тибқи шартномаи муаллифӣ нишон додани Шаҳодатнома ва дар сурати мавҷуд набудани он хонапурӣ кардани анкети шахси суғурташударо талаб намояд;

маълумотеро, ки ӯ дар мавриди шахси суғурташуда ба мақоми ҳудудӣ пешниҳод намудааст, мутобиқи ҳамин Низомнома пурра ё дақиқ намояд.

57. Корфармо вазифадор аст:

мутобиқи ҳамин Низомнома ба мақоми ҳудудӣ дар мавриди шахси суғурташуда маълумот пешниход намояд;

дар мақоми ҳудудӣ Шаҳодатнома ва нусхаҳои онро ба даст орад ва онҳоро мутобиқи ҳамин Низомнома таҳти забонхат ба ашхоси суғурташудаи дар назди ӯ коркунанда супорад;

ба ҳар як шахси суғурташуда нусхаи маълумоти инфиродиро дар бораи ҳамин шахс, ки ба мақоми ҳудудӣ пешниҳод шудааст, бепул диҳад;

мутобиқати реквизитҳои Шаҳодатномаи аз ҷониби шахси суғурташуда пешниҳодшударо ба реквизитҳои шиноснома ё дигар санади тасдиқкунандаи шахсият назорат кунад.

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

58. Мақомоти Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳуқуқ доранд, аз корфармоён ва ашхоси суғурташуда мутобиқи ҳамин Низомнома сари вақт ва саҳеҳ пешниҳод намудани маълумотро талаб намоянд.

59. Мақомоти Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазофадоранд: