Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июли соли 2000 № 322
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти давлати муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.09.2005с. № 347)
1. Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Хадамоти давлатии муҳоҷират) мақоми ҷумҳуриявии идораи давлатӣ буда, ташаккул ва татбиқи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ро дар соҳаи муҳоҷирати аҳоли таъмин менамояд ва ин корро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти идораи бевоситаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг менамояд.
Хадамоти давлатии муҳоҷират, хадамоти муҳоҷирати вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар назди кумитаҳои (идораҳои) меҳнат ва шуғли аҳолии ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, инчунин хадамоти шаҳру ноҳияҳои тобеъи вилоятҳо (минбаъд - мақомоти ҳудудии муҳоҷират) Хадамоти давлатин муҳоҷиратро ташкил медиҳанд, ки сиёсати ягонаи давлатии муҳоҷиратро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Хадамоти давлатии муҳоҷират фаъолият худро дар ҳамкори бо вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ анҷом медиҳад, мувофиқи тартиби муқарраргардида бо мақомоти дахлдори дигар кишварҳо вз ташкилотҳои байналхалқи ҳамкорӣ мекунад.
2. Хадамоти давлатии муҳоҷират дар фаъолияти худ Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират", карорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартнома ва созишномаҳои байналхалқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои идоравии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад
3. Вазифаҳои асосии Хадамоти давлатии муҳоҷират инҳоянд:
татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ якҷоя бо вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо;
таҳияи пешниҳодот оид-ба танзими ҷараёни муҳоҷират, рушд ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба проблемаҳои муҳоҷират;
таҳияи лоиҳаҳои барномаҳои ҷумҳуриявии муҳоҷират ва таъмини татбиқи онҳо;
ташкили назорати ҷараёни муҳоҷират ва ҳолати муҳоҷират дар қаламрави ҷумҳурӣ;
таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба танзими муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ, инчунин ҷалб ва истифодаи меҳнати шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ;
ҳамоҳангсозии кори мақомоти ҳудудии муҳоҷират дар кори ба роҳ мондани сиёсати ягонаи давлатии муҳоҷират дар каламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ тамоми шаклҳои моликият дар соҳаи муҳоҷират;
муайян ва эътироф намудани мақоми (статуси) ҳуқуқии муҳоҷирон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ташкили қабул ва ҷойгиронии мувақатии гурезаҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, ба онҳо расонидани кӯмак мутобиқи қонунгузорӣ;
ташкили тадқиқотҳои илмӣ ва сотсиологӣ (иҷтимоӣ) дар соҳаи муҳоҷират.
4. Хадамоти давлатии муҳоҷират мутобиқи вазифаҳои ба зиммаи он гузошташуда:
4.1. дар соҳаи пешгирии раванди муҳоҷират, барномаҳо, ташаккул ва татбиқи сиёсати муҳоҷират инҳро анҷом медиҳад:
мутобиқи тартиби муқарраргардида ворид намудани пешниҳодот оид ба ташаккули сиёсати давлатии муҳоҷирати- Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили корҳо оид ба татбиқи он;
омехтани таҷрибаи байналхалқии танзими раванди муҳоҷират, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва дигари меъёрӣ, маводи методӣ (усули) дар соҳаи муҳоҷират;
ҷамъбасти таҷрибаи истифодаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигари меъёрӣ оид ба проблемаҳои муҳоҷират ва ворид намудани пешниҳодот дар бобати такмили онҳо;
анҷом додани роҳбарии методӣ ва ташкилии фаъолияти мақомоти ташкилии фаъолияти мақомоти ҳудуди дар соҳаи муҳоҷират;
ташкили тадқиқотҳои илмӣ оид ба проблемаҳои муҳоҷират истифодаи натиҷаи онҳо дар фаъолияти амалӣ;
ворид намудани пешниҳодот оид ба такмили баҳиисобгирии муҳоҷират ва ҳисоботи оморӣ дар ин масъала;
таҳия ва ҷори намудани системаи ягонаи иттилоотӣ дар соҳаи муҳоҷират;
якҷоя бо вазорату идораҳо таъмин намудани таҳияи барномҳои байнидавлатӣ ва миллӣ дар соҳаи муҳоҷират ва ба роҳ мондани назорати татбиқи онҳо.
4.2. дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва таъминоти шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо:
якҷоя бо вазоратҳои дахлдор ва дигар мақомоти ҷумҳуриявии идораҳои давлатӣ муайян намудани мақоми (статуси) ҳуқуқии шахсони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда иа онҳое, ки майли ба Тоҷикистон омадан доранд;
анҷом додани роҳбарии фаъолияти мақомоти худудии муҳоҷират дар бобати қайд ва баҳисобгирии баррасии илтимосномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсонӣ бе шаҳрвандӣ дар хусуси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донистани онҳо;
мувофиқи тартиби муқарраргардида қарорро дар бораи гуреза донистани шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд
таъсиси нуқтаи ҷойгиронии муваққатии гурезаҳо, қабул ва ҷо ба ҷо намудани онҳо;
баррасии мактубҳо, арзу шикоятҳо ва пешниҳодҳои шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо, андешидани тадбирҳои зарурӣ мутобиқи онҳо дар муддатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули шаҳрвандон тибқи масъалаҳои дар доираи салоҳиятшон қарордошта.
4.3. дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ
иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳо байналхалқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ;
ташкили корҳо оид ба муҳоҷирати хориҷии меҳнатӣ ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ;
итсензиякунонии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро сарфи назар аз шакли моликият, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷа бо кор таъмин мекунанд, инчунин коргарони хориҷиро ба ҷумҳурӣ барои кор ҷалб менамоянд, таъмин мекунад ва риояи шартҳои литсензияро назорат менамояд;
ба роҳ мондани назорати татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои бокортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҷиҳати риояи шартҳои қарордодҳо;
андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгири намудани бокортаъминкунии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузорӣ;
якҷоя бо намояндагони дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои дигар иштирок намудан дар тафтишоти ҳодисаҳои поймол гардидани ҳуқуқи меҳнаткашони муҳоҷире, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори умум ва ҷомеа, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотӣ бо аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ
4.4. Дар соҳаи муҳоҷирати экологӣ ва дохилӣ (ихтиёри):
баҳисобгирии муҳоҷирони экологӣ ва дохилӣ (ихтиёрӣ);
мутобиқи нақшаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳалҳои кӯҳӣ ва назди кӯҳӣ, аз ноҳияҳои сераҳолӣ ва камзамин ба ноҳияҳои дорои захираҳои кофии замин кӯчонидани аҳолӣ;
мутобиқи нақшаи дурнамои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчонидани хоҷагиҳое, ки таҳти таъсири равандҳои экзогени қарор доранд;
ба роҳ мондани назорати ҷараёни омодагии хоҷагиҳо барои сукунат, қабул намудан, ҷо ба ҷо кардан ва бо кор таъмин намудани муҳоҷирони экологӣ ва дохилӣ (ихтиёри) (
4.5. дар ҳалли соҳаи муҳоҷирати ихтиёрӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
мутобиқи ҷадвал6, тасдиқгардида аз минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ хатарнок кӯчонидани хоҷагиҳо;
қайд ва ба ҳисобгирии муҳоҷирони ихтиёрӣ;
ба роҳ мондани назорат ба ҷараёни омодагии хоҷагиҳо барои сокиншавӣ, қабул, ҷойгиронӣ ва аз ҷиҳати хоҷаги таъмин намудани муҳоҷирон.
4.6. дар соҳаи ҳамкории байналхалқӣ:
дар доираи салоҳияти худ дар ташкилотҳои байналхалқи намоянаги намудани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
доир намудани машваратҳо ва музокирот бо ташкилотҳои байалхалқӣ, Ҳукумати ва ғайриҳукуматӣ дар соҳаи муҳоҷират;
ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ дар масъалҳои муҳоҷирати экологӣ;
ҳамкорӣ бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират;
ба ҷойҳои зисти доими равон намудани гурезаҳо ва мусоидат намудан ба репатриатсияи онҳо;
доир намудани таҳлили самаранокии амали шартномаҳои байналхалқии баимзорасида дар соҳаи муҳоҷират, ҳалли проблемаҳои ба миёномада ва таҳияи пешниҳодот оид ба ворид намудани тағйирот ба ин ҳуҷҷатҳо, дароз намудани муҳлати амали онҳо ё лағви (бекор кардани) онҳо;
ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ ва мақомоти ваколатдори дигар давлатҳо дар ҳалли проблемаҳои гурезаҳои дар қаламрави ҷумҳурӣ қарордошта.
5. Ҳуқуқҳои Хадамоти давлатии муҳоҷират:
- дар доираи салоҳияти худ таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ;
- таҳияи консепсияҳо, барномаҳо ва чорабиниҳо оид ба муҳоҷират, инчунин ташкил намудан ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, вохӯриҳо ва лексияҳо оид ба масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ;
- тавассути воситаҳои ахбори омма ва дар асоси муроҷиати шаҳрвандон додани маълумоти пурра ва эътимодбахш дар бораи имконияти дарёфти ҷои кор дар хориҷа, инчунин нашри маҷаллаҳо, чопи мақолаҳо, ташкили барномаҳои телевизионӣ ва радио, варақаҳои иттилоотӣ, истифодаи шабакаи электронии Интернет ва дигар воситаҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори ташкил кардани марказҳои иттилоотию машваратӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ;
- пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили сохтори Хадамоти давлатии муҳоҷират мутобиқ ба дигаргуншавии сиёсати муҳоҷират;
- бо тартиби муқарраршуда барои амали кардани фаъолияти худ аз вазорату идораҳо талаб намудани ахбори зарурӣ, ки ба масъалаҳои муҳоҷирати аҳолӣ дахл доранд.
6. Ба Хадамоти давлатии муҳоҷират Сардор сарвари менамояд, ки аз ҷониби Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Муовинони Сардори Хадамоти давлатии муҳоҷиратро Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сардори Хадамот ва дар мувофиқа бо ташкилотҳои дахлдор ба вазифа таъин ва аз кор озод менамояд
Роҳбарони мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Хадамоти давлатии муҳоҷират бо мувофиқи раисони ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин дигар кормамдони ин мақомот аз ҷониби Роҳбари Хадамоти давлатии муҳоҷират таъин карда мешаванд.
7. Сардор Хадамоти давлатии муҳоҷират:
кори воҳидҳои сохториро ташкил менамояд ва барои иҷрои вазифаҳое, ки мутобиқи ин Низомнома ба зиммаи Хадамоти давлатии муҳоҷират гузошта шудаанд, шахсан масъул мебошад;
роҳбарони воҳидҳои сохтор, мутахассисон, дигар кормандони Хадамоти давлатии муҳоҷиратро, аз ҷумла дар асоси қарордод ба кор қабул менамояд;
сохтори мақомоти худудии муҳоҷират ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд;
дар доираи ваколаткои муайяннамудан ин Низомнома фармонҳо мебарорад ва супоришҳо медиҳад;
мувофиқи тартиби муқарраргардида дар хусуси такмили Хадамоти давлатии муҳоҷират пешниҳодҳо ворид менамояд.
8. Низомномаи Хадамоти давлатии муҳоҷиратро бо пешниҳоди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд
9. Сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идора, рӯйхати вазифаҳо ва фонди пардохти маоши Хадамоти давлатии муҳоҷиратро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорат молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд
Хадамоти давлатии муҳоҷират шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳру штампҳо ва бланкаҳо, инчунин дорои нишонаи хизматрасони бо номи худ буда, аз тарафи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад