Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, № 322 "Оид ба тасдиқи Низомномаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 01.09.2000

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Оид ба тасдиқи Низомномаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005с. № 347)

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" ва консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи замимагардидаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.09.2005с. № 347).

2. Пардохти музди меҳнати кормандони Хадамоти давлатии мухоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шартҳои музди меҳнати мақомоти дахлдори идораи давлати баробар карда шавад.

3. Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 1998 № 76 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартҳои пардохти музди меҳнати кормандони ин хадомот" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э. Раҳмонов

аз 26 июли соли 2000 № 322

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"Об утверждении Положения о Государственной миграционной службе при Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан "

(в редакции Постановления Правительства РТ от 1.09.2005г. №347)

В соответствии с Законом Республики Таджикистан "О миграции" и Концепцией Государственной миграционной политики Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить прилагаемое Положение о Государственной миграционной службе при Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан(в редакции Постановления Правительства РТ от 1.09.2005г.N347).

2. Оплату труда работников Государственной миграционной службы при Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан приравнять к условиям оплаты труда соответствующих органов государственного управления(в редакции Постановления Правительства РТ от 1.09.2005г.N347).

3. Признать утратившим силу постановления Правительства Республики Таджикистан от 6 марта 1998 года № 76 "Об утверждении Положения о Государственной миграционной службе при Министерстве труда и занятости населения Республики Таджикистан и условиях оплаты труда работников этой службы".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан     Э. Рахмонов

от 26 июля 2000 года № 322