КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 303; с. 2006, №4, мод. 196; с. 2008, №3, мод. 201; с. 2010, №7, мод. 546; с. 2011, №3, мод. 177, №12, мод. 855; с. 2013, №3, мод. 195; с. 2015, №11, мод. 960; с. 2016, №3, мод.143)
(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 183, аз 20.03.2008 № 382, аз 21.07.2010 № 613, аз 25.03.2011 № 710, аз 26.12.2011 № 791, аз 19.03.2013 № 952, аз 23.11.2015 № 1239, аз 15.03.2016 № 1290, аз 14.11.2016 № 1365, аз 24.02.2017 № 1395, аз 03.01.2024 № 2030, № 2031)
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
БОБИ 1. ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОИЛА
Моддаи 1. Заминаҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила
1. Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд .
2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилави дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кӯмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад .
3. Танҳо он никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрванди ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини дини сурат гирифтааст, эътибори қонуни надорад.
4. Танзими муносибатҳои оилави дар асоси принсипҳои ихтиёри будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилави дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ғамхори нисбати некӯаҳволи ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайри қобили меҳнати оила сурат мегирад.
5. Ҳангоми никоҳ ва дар муносибатҳои оилави ҳама гуна шаклҳои маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон аз рӯи мансубияти иҷтимои, нажоди, милли, забони ё дини, инчунин таҳсил ва молумулк манъ аст .
6. Ҳукуқи шаҳрвандон дар оила дар асоси қонунгузорӣ дар бораи оила ва дар ҳадде, ки бо мақсади муҳофизати ҳуқуқ, манфиатҳои қонунӣ, ахлоқ, саломатии дигар аъзои оила ва шаҳрвандон лозим мебошад, маҳдуд карда мешавад .
Моддаи 2. Муносибатҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила танзим мегарданд
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила шарт ва тартиби ақди никоҳ, қатъ ва беэътибор донистани онро муқаррар менамоянд, муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва молу мулкеро, ки дар оила миёни зану шавҳар, падару модар, фарзандон, дигар аъзои оила ба миён меоянд, муносибатҳое, ки вобаста бо фарзандхонди, васояту парастори, ба тарбия гирифтани кӯдакон ба миён меоянд, тартиби сабти асноди ҳолати шаҳрванди ва муносибати дигари оилавиро танзим менамоянд , , .
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила
1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
2. Меъёрҳои ҳуқуқи оилавие, ки дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур мутобиқ бошанд .
3. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ба амал бароварда мешавад .
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки тибқи асос ва бо мақсади иҷрои ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои оилави санадҳои меъёри ҳуқуқӣ қабул намояд .
Моддаи 4. Истифодаи қонунгузории граждани дар муносибатҳои оилави
Қонунгузории граждани дар танзими муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва молумулкии байни аъзои оила истифода мешаванд, агар ин муносибатҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила танзим нагардида бошанд , .
Моддаи 5. Қиёси қонун ва ҳуқуқ дар муносибатҳои оилави
Дар ҳолатҳое, ки муносибатҳои байни аъзои оила бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ё созишномаи тарафҳо танзим нагардида бошанд ва дар сурати мавҷуд набудани меъёрҳои ҳуқуқи граждани, ки бевосита ин муносибатҳоро танзим менамоянд, нисбат ба чунин муносибатҳо, агар ин хилофи моҳияти онҳо набошад, меъёрҳои ҳуқуқи оилави ва (ё) ҳуқуқи граждани, ки муносибатҳои шабеҳро танзим менамоянд (қиёси қонун), истифода мешаванд. Дар сурати набудани чунин меъёрҳо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои оила, бо назардошти асосу принсипҳои умумии ҳуқуқи оила ё ҳуқуқи граждани (шабоҳати ҳуқуқ), инчунин принсипи башардӯсти, оқилона ва адолат муайян карда мешаванд .
Моддаи 6. Истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали дар муносибатҳои оилави
Агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қоидаҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила пешбинигардида қоидаҳои дигар муқаррар гардида бошанд, он гоҳ қоидаҳои шартномаи байналхалқи истифода мешаванд , .
БОБИ 2. ТАТБИҚ ВА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ОИЛАВИ
Моддаи 7. Татбиқи ҳуқуқи оилави ва иҷрои ӯҳдадориҳои оилави
1. Шаҳрвандон ба ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта, ки аз муносибатҳои оилави ва ҳуқуқҳои оилави, аз ҷумла ҳуқуқи ҳифзи онҳо бармеоянд, бо салоҳдиди худ ихтиёрдори менамоянд, агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.
Ҳуқуқи худро амали намудани аъзоёни оила ва иҷрои ӯҳдадориҳояшон набояд ҳуқуқу озоди ва манфиатҳои қонунии аъзоёни дигари оила ва дигар шаҳрвандонро вайрон намояд.
2. Ҳуқуқҳои оилавиро қонун ҳифз мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин ҳуқуқҳо хилофи таъиноташон ба амал бароварда мешаванд.
Моддаи 8. Ҳимояи ҳуқуқи оилави
1. Ҳуқуқҳои оилави аз тарафи суд, мақомоти васояту парастори, сабти асноди ҳолати шаҳрванди ва мақомоти дигари давлати, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳимоя карда мешаванд .
2. Ҳимояи ҳуқуқҳои оилави бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои дахлдори ҳамин Кодекс сурат мегирад .
Моддаи 9. Истифодаи мӯҳлати даъво дар муносибатҳои оилави
Нисбати талаботе, ки аз муносибатҳои оилави бармеоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мӯҳлати ҳифзи ҳуқуқи поймолшударо ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, мӯҳлати даъво татбиқ намегардад. Зимни истифодаи меъёрҳое, ки мӯҳлати даъворо муқаррар менамоянд, суд меъёрҳои дахлдори дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро дастури амал қарор медиҳад.
ФАСЛИ II. АҚДИ НИКОҲ ВА ҚАТЪИ ОН
БОБИ 3. ШАРТ ВА ТАРТИБИ БАСТАНИ АҚДИ НИКОҲ
Моддаи 10. Ақди никоҳ
1. Никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрванди баста мешавад .
2. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди ба қайди давлати гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд.
3. Никоҳҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то 19 декабри соли 1929 мувофиқи расму оини дини ба ҷо оварда шудаанд, бо никоҳҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди ба қайд гирифта шудаанд, баробар мебошанд .
Моддаи 11. Тартиби бастани ақди никоҳ
1. Қайди бастани ақди никоҳ бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ба ҷо оварда мешавад .
2. Дар сурати аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди рад кардани бақайдгирии никоҳ шахсоне, ки хоҳиши никоҳ кардан доранд (яке аз онҳо), метавонанд ба суд арз намоянд .
Моддаи 12. Шартҳои ақди никоҳ
1. Барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳи доштани онҳо зарур аст .
2. Дар сурати мавҷуд будани монеаҳои дар моддаи 14 ҳамин Кодекс зикрёфта ақди никоҳ баста намешавад.
3.Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд:
- истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир ;
- бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ .
Моддаи 13. Синни никоҳи
1. Синни никоҳи аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар карда мешавад .
2. Дар ҳолатҳои истиснои суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳи дар ҳамин модда барои марду зан муқарраршударо ба мӯҳлати на бештар аз як сол кам кунад .
3. Ариза тибқи тартиби пешбурди алоҳида, дар суди маҳалли истиқомати шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, барраси мегардад.
4. Ҳуқуқи оид ба ҳамин масъала муроҷиат намудан ба суд аз синни ҳабдаҳсолагӣ фаро мерасад .
Моддаи 14. Ҳолатҳое, ки монеаи бастани ақди никоҳ мегарданд
Ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:
- байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда қарор дошта бошад;
- байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ) ;
- байни бародарону хоҳарони айни ва ӯгай (ки аз як падар ё модаранд);
- байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар ;
- байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян ;
- байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд ;
- байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд ;
- байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон;
- байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳи ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф кардааст;
- байни шахсоне, ки суд қобилияти амали яке аз онҳоро бо сабаби суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда маҳдуд намудааст .
Моддаи 15. Муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пеш аз бастани ақди никоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ аз муоинаи тиббии ҳатмӣ ба таври ройгон мегузаранд ва онҳо бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос карда мешаванд.
2. Машваратдиҳӣ оид ба тарзи солими ҳаёт, банақшагирии оила ва таъсири бемориҳо ба саломатии насл аз ҷониби муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад .
БОБИ 4. ҚАТЪИ НИКОҲ
Моддаи 16. Асосҳои қатъи никоҳ
1. Никоҳ дар натиҷаи вафот ё яке аз ҳамсаронро фавтида эълон намудани суд қатъ мегардад.
2. Никоҳ бо роҳи бекор кардани он (талоқ) дар асоси аризаи зан ё шавҳар ё ҳардуи онҳо, васии зан ё шавҳаре, ки суд ӯро ғайри қобили амал эътироф намудааст, инчунин прокурор қатъ гардиданаш мумкин аст.
Моддаи 17. Маҳдуд кардани ҳуқуқи шавҳар оид ба талаби бекор кардани никоҳ
1. Шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кӯдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани никоҳ даъво пешниҳод намояд.
2. Маҳдудияти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида нисбат ба шавҳар татбиқ намегардад, агар дар мӯҳлати зикршуда зан аз тарбияи фарзанд даст кашида, шавҳар бевосита ба тарбияи фарзанд машғул бошад, ё зан ташаббускори бекор кардани ақди никоҳ бошад .
Моддаи 18. Тартиби бекор кардани никоҳ
Никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 21-24 ҳамин Кодекс ба тартиби суди бекор карда мешавад .
Моддаи 19. Хорич карда шуд
Моддаи 20. Баррасии баҳсҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди ҳангоми бекор кардани никоҳ дар байни зану шавҳар ба миён меоянд
Баҳсҳо дар хусуси тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, пардохти маблағ барои таъминоти зан ё шавҳари эҳтиёҷманди корношоям, инчунин баҳсҳо дар хусуси фарзандон, ки байни зану шавҳар ба миён меоянд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, сарфи назар аз бекор кардани никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди, ба тариқи суди барраси мешаванд , .
Моддаи 21. Бекор кардани никоҳ дар суд
1. Никоҳ аз тарафи суд дар сурати фарзандони ноболиғ доштани зану шавҳар, ба истиснои ҳолатҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешбинигардида ё дар сурати ба бекор кардани никоҳ рози набудани зан ё шавҳар, бекор карда мешавад .
2. Никоҳ ба тартиби суди, инчунин дар ҳолатҳое, ки зан ё шавҳар бо вуҷуди мухолиф набуданашон аз бекор кардани никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди саркаши менамояд (ариза додан намехоҳад ё барои сабти бекор кардани никоҳ ҳозир намешавад ва ғайра), бекор карда мешавад.
Моддаи 22. Ба тариқи суди бекор кардани никоҳ дар сурати рози набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани никоҳ
1. Зимни баррасии парвандаҳо дар бораи бекор кардани никоҳ, дар
сурати рози набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани никоҳ, суд барои ошти додани зану шавҳар тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишави то шаш моҳ мӯҳлат диҳад .
2. Агар суд муқаррар намояд, ки зиндагии минбаъдаи якҷояи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир гардидаааст ва тадбирҳои ошти додани зану шавҳар натиҷаи дилхоҳ надоданд, никоҳ бекор карда мешавад.
3. Агар суд даъвои бекор кардани никоҳро рад кунад, зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки баъди гузаштани се моҳи пас аз рад шудани даъво дар хусуси бекор кардани никоҳ такроран бо аризаи даъво муроҷиат намоянд.
Моддаи 23. Бо тартиби судӣ бекор кардани ақди никоҳ ҳангоми розигии зану шавҳар
1. Агар зану шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ розӣ бошанд, суд ҳуқуқ дорад ақди никоҳро бекор намояд. Дар ин ҳолат ақди никоҳ дар давоми як моҳи баъди ариза додани зану шавҳар бекор карда мешавад.
2. Ба зану шавҳари дорои фарзандони ноболиғ, новобаста ба розигии муштараки онҳо барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштӣ додани онҳо тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ мӯҳлат диҳад .
Моддаи 24. Масъалаҳое, ки суд ҳангоми қабули ҳалнома дар бораи бекор кардани никоҳ ҳал менамояд
1. Ҳангоми ба тариқи суди бекор кардани никоҳ зану шавҳар метавонанд созишномаро дар хусуси бо кадоме аз онҳо зиндаги кардани фарзандони ноболиғ, дар бораи тартиби пардохт ва андозаи маблағ барои таъминоти фарзандон ва (ё) зан ва (ё) шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд, дар хусуси ҳаҷми ин маблағ ё тақсимоти молу мулки зану шавҳар барои тасдиқи суд пешниҳод намоянд .
2. Дар сурати набудани созишномаи байни зану шавҳар оид ба масъалаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикрьёфта, инчунин агар муқаррар гардад, ки ин созишнома манфиати фарзандон ва ё зан ва шавҳарро поймол мекунад, суд вазифадор аст:
- муайян намояд, ки фарзандони ноболиғ пас аз бекор кардани никоҳ бо кадоме аз волидон зиндаги мекунанд;
- муайян намояд, ки барои таъминоти фарзандон аз кадом волидон ва ба кадом андоза алимент ситонида мешавад;
- бо талаби зану шавҳар (яке аз онҳо) молу мулки дар таҳти моликияти муштараки онҳо қарордоштаро тақсим намояд ;
- бо талаби зан ё шавҳаре, ки аз ҳамсари худ ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад, андозаи ин таъминотро муайян намояд.
3. Ҳангоми бекор кардани ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, суд вазифадор аст таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро мавриди баррасӣ қарор диҳад .
4. Дар мавриде, ки агар тақсими молу мулк ба манфиатҳои шахсони сеюм дахл кунад, суд метавонад тақозои тақсими молу мулкро ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо кунад .
Моддаи 25. Лаҳзаи қатъ гардидани никоҳ ҳангоми талоқ
1. Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳодати шаҳрвандӣ аз рӯзи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар китоби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва хангоми бекор кардани ақди никоҳ дар суд, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд катъ мегардад .
2. Бекор кардани никоҳ дар суд бояд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди аз рӯзи аз эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномаи суд, мувофиқи тартиби барои сабти асноди ҳолати шаҳрванди муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Бекор кардани никоҳ аз лаҳзаи ба қайд гирифта шуданаш барои шахсони сеюм эътибори ҳуқуқи дорад .
Моддаи 26. Барқарор намудани никоҳ дар сурати ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки фавтида эълон шуда ё бедарак ғоибшуда дониста шудааст
1. Дар сурати ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф кардааст ва бекор кардани ҳалномаҳои дахлдори суди, мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрванди метавонад дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар никоҳро барқарор намояд.
2. Агар зан ё шавҳар бо дигаре никоҳ карда бошад, никоҳ барқарор карда намешавад .
Моддаи 27. Хориҷ карда шуд
БОБИ 5. БЕЭЪТИБОРИИ НИКОҲ
Моддаи 28. Беэътибор донистани никоҳ
1. Дар сурати вайрон кардани шартҳои дар моддаҳои 12 ва 14 ҳамин Кодекс, инчунин дар мавриди бастани никоҳи қалбаки, яъне агар зану шавҳар ё яке аз онҳо никоҳро бе нияти бунёди оила сабт карда бошанд, никоҳ беэътибор дониста мешавад. Никоҳе, ки маҷбури ё бо роҳи фиреб баста шудааст, тибқи аризаи ҷабрдида ё прокурор беэътибор дониста шуданаш мумкин аст .
2. Никоҳ аз ҷониби суд беэътибор дониста мешавад.
3. Суд вазифадор аст, ки дар мӯҳлати се рӯзи баъди эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномаи беэътибор донистани никоҳ иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳали бақайдгирии давлатии ақди никоҳ фиристад.
4. Ақди никоҳи хилофи талаботи қисми 1 моддаи мазкур баста шуда аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор аст .
Моддаи 29. Шахсоне, ки барои талаби беэътибор донистани никоҳ ҳуқуқ доранд
1. Шахсони зерин барои талаби беэътибор донистани никоҳ ҳуқуқ доранд:
- зан ё шавҳари ноболиғ, волидони ӯ (шахсони онҳоро ивазкунанда), мақоми васоят ва парастори ё прокурор - агар никоҳ бо шахси ба синни никоҳи нарасида ҳангоми мавҷуд набудани иҷозати ақди никоҳ то ба синни никоҳи расиданаш (моддаи 13 ҳамин Кодекс) баста шуда бошад. Баъди ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидани зан ё шавҳари ноболиғ барои талаби беэътибор донистани никоҳ танҳо ин зан ё шавҳар ҳуқуқ дорад ;
- зан ё шавҳаре, ки ҳуқуқи ӯ ҳангоми ақди никоҳ поймол гардидааст, инчунин прокурор - агар никоҳ дар сурати рози набудани зан ё шавҳар: дар натиҷаи маҷбуркуни, фиреб, ба иштибоҳ андохтан ё вобаста ба вазъи ҳолати худ дар лаҳзаи бақайдгирии никоҳ дарк карда натавонистани моҳияти амали худ ё идора накардани он ҳолат баста шуда бошад;
- зан ё шавҳаре, ки дар хусуси мавҷуд будани ҳолатҳои монеаи ақди никоҳ огоҳи надошт, васии зан ё шавҳаре, ки ғайри қобили амал эътироф шудааст, зан ё шавҳари аз никоҳи қабли бекоркарданашуда, шахсони дигаре, ки дар асари никоҳ бо вайрон кардани муқаррароти моддаи 14 ҳамин Кодекс басташуда ҳуқуқашон поймол гардидааст, инчунин мақоми васояту сарпарасти ва прокурор;
- прокурор, инчунин зан ё шавҳаре, ки ҳангоми бастани никоҳи қалбаки дар хусуси қалбаки будани он огоҳи надошт
2. Ҳангоми баррасии парванда дар хусуси беэътибор донистани никоҳи бо шахси ба синни никоҳи нарасида, инчунин бо шахси аз тарафи суд ғайри қобили амал эътирофгардида басташуда, барои иштирок дар парванда мақоми васояту парастори ҷалб карда мешавад.
Моддаи 30. Эътиборнок донистани никоҳ (санатсияи никоҳ)
1. Суд метавонад никоҳро эътиборнок ҳисоб кунад, агар дар лаҳзаи баррасии парванда дар бораи беэътибор донистани никоҳ ҳолатҳое, ки барои ақди никоҳ монеъ мешуданд, аз байн рафта бошанд.
2. Суд метавонад даъворо оид ба беэътибор донистани никоҳе, ки бо шахси ба синни никоҳи нарасида баста шудааст, рад кунад, агар инро манфиатҳои зан ё шавҳари ноболиғ талаб намояд.
3. Суд метавонад никоҳи қалбакиро ҳақиқи эътироф намояд, агар то лаҳзаи баррасии парванда байни шахсоне, ки никоҳ бастаанд, муносибатҳои заношӯи ба вуҷуд омада, онҳо барои идомаи ҳаёти оилави рози бошанд, ба шарте, ки ҳақиқи донистани никоҳ ба ҳуқуқҳои шахсони сеюм зарар нарасонад.
4. Никоҳ пас аз бекор кардани он ғайриҳақиқи дониста шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои вуҷуд доштани дараҷаи хешии байни зану шавҳар, ки қонун манъ кардааст, ё ҳолате, ки зан ё шавҳар дар лаҳзаи бақайдгирии никоҳ дар никоҳи дигари бекорнашуда (моддаи 14 ҳамин Кодекс) қарор дошта бошанд.
Моддаи 31. Оқибати никоҳи беэътибор донисташуда
1. Никоҳе, ки суд беэътибор донистааст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда муқарраргардида, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардидаи зану шавҳарро ба миён намеоварад.
2. Нисбати молу мулки якҷоя бадастовардаи шахсоне, ки никоҳашон беэътибор дониста шудааст, меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моликияти умумии саҳми истифода мешавад. Аҳдномаи никоҳе, ки зану шавҳар бастаанд (моддаҳои 41-43 Кодекси мазкур), беэътибор дониста мешавад .
3. Беэътибор донистани никоҳ ба ҳуқуқи кӯдаконе, ки аз ин никоҳ таваллуд ёфтаанд ё дар давоми сесад рӯзи баъди беэътибор донистани никоҳ ба дуньё омадаанд, таъсир намекунад (қисми 2 моддаи 49 ҳамин Кодекс).
4. Ҳангоми баровардани ҳалномаи дар бораи беэътибор донистани никоҳ суд метавонад ҳуқуқи зан ё шавҳарро, ки баъди бастани чунин никоҳ ҳуқуқаш поймол гардидааст, барои мутобиқи моддаҳои 90, 91 ҳамин Кодекс аз зан ё шавҳари дигар гирифтани таъминот эътироф намояд, нисбати тақсими молу мулки то рӯзи беэътибор донистани никоҳ бадастомада бошад, метавонад муқаррароти дар моддаҳои 34, 38-39 ҳамин Кодекс муайянгардидаро татбиқ кунад, инчунин шартномаи никоҳро пурра ё қисман беэътибор донад .
Зан ё шавҳаре, ки дар натиҷаи бастани никоҳи аз ҷониби суд беэътибор донисташуда ҳуқуқаш поймол гардидааст, ҳуқуқ дорад мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни зарари модди ва маънавии ба ӯ расонидашударо талаб намояд .
5. Зан ё шавҳари софдил ҳангоми беэътибор донистани никоҳ ҳуқуқ дорад насаберо, ки ҳангоми сабти никоҳ интихоб намудааст, нигоҳ дорад .
ФАСЛИ III. ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ЗАНУ ШАВҲАР
БОБИ 6. ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ШАХСИИ ЗАНУ ШАВҲАР
Моддаи 32. Баробарҳуқуқии зану шавҳар дар оила
1. Зану шавҳар ҳар кадомашон дар интихоби шуғл, таҳсило, касб, намуди фаъолият, маҳалли истиқомат ва будубош озод аст .
2. Масъалаҳои падариву модари, таълиму тарбияи фарзандон ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принсипи баробарҳуқуқии зану шавҳар ҳал менамоянд .
3. Зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кӯмаки якдигари ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некӯаҳволи ва рушду камоли фарзандонашон ғамхори кунанд.
Моддаи 33. Ҳуқуқи зану шавҳар дар интихоби фамилия
1. 3ану шавҳар ҳангоми бастани ақди никоҳ дар интихоби фамилия баробарҳуқуқ мебошанд .
2. Интихоби насаби зану шавҳар мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" амалӣ карда мешавад .
БОБИ 7. ҲУҚУҚИ МОЛУ МУЛКИИ ЗАНУ ШАВҲАР
Моддаи 34. Моликияти муштараки зану шавҳар
1. Молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи заношӯи ҷамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад .
2. Даромаде, ки зану шавҳар дар натиҷаи фаъолияти меҳнати, соҳибкори ва зеҳни ба даст овардаанд, нафақа, ёрдампули ва пардохтҳои дигари пулии гирифтаашон, ашёҳои харидаашон, қоғазҳои қиматнок, саҳмия, пай ва ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқули дар давоми заношӯи ҷамъкардаашон, сарфи назар аз он, ки ба номи кадоме аз зану шавҳар харида шудааст (ё маблағ гузаронида шудааст), моликияти муштараки онҳо ҳисоб мешавад .
3. Ҳуқуқ ба молу мулки муштарак ҳамчунин ба зан ё шавҳаре низ тааллуқ дорад, ки дар давоми заношӯи хоҷагиро пеш мебурд, фарзандонро нигоҳубин мекард ё бо сабабҳои узрнок даромади мустақилона надошт .
Моддаи 35. Ҳуқуқи соҳиби, истифода ва ихтиёрдори кардани моликияти муштараки зану шавҳар
1. Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар қарор дорад, танҳо бо розигии мутақобилаи онҳо сурат мегирад .
2. Ҳангоми аз ҷониби зан ё шавҳар анҷом додани муомилоти вобаста ба ихтиёрдории молу мулки умуми чунин тасаввур мешавад, ки ӯ бо розигии ҳамсари худ амал мекунад .
Муомилоте, ки аз ҷониби яке аз ҳамсарон оид ба ихтиёрдории молу мулки умуми анҷом дода шудааст, аз ҷониби суд қисман бо сабаби мавҷуд набудани розигии ҳамсари дигар танҳо ҳангоме, ғайриқонуни эътироф мегардад, ки агар яке аз онҳо бо чунин талаб муроҷиат намояд ва танҳо дар сурати собит гардидани он, ки тарафи дигар аз муомилот огоҳ буд ё пешаки бояд норози будани тарафи дигарро барои анҷом додани чунин муомилот медонист ,.
3. Барои ба анҷом расонидани муомилот вобаста ба ихтиёрдорӣ кардани молу мулки ғайриманқул ва муомилоте, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ ё қайди нотариалиро талаб мекунад, бояд розигии пешакии аз тариқи нотариат тасдиқшудаи зан ё шавҳар гирифта шавад , .
Ҳамсаре, ки ризоияти дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқшудаи худро барои иҷрои аҳд надодааст, ҳуқуқ дорад дар қисми молу мулки ба худаш тааллуқдошта дар моликияти умумии якҷоя бекор кардани аҳдро талаб намояд, ё ҳамсар ҳуқуқ дорад ба андозаи ҳиссаи дар боло зикргардида аз маблағе, ки ҳамсараш аз фурӯши амвол ба даст овардааст, дар давоми се сол аз рӯзи огоҳ шудан аз чунин муомилот ё мебоист аз иҷрои чунин муомилот огоҳ шавад, беэътибор донистани чунин муомилот ё пардохти пулии онро талаб намояд ,.
Моддаи 36. Моликияти ҳар кадоме аз зану шавҳар
1. Молу мулке, ки ба зану шавҳар то ақди никоҳ тааллуқ дошт, инчунин молу мулке, ки дар давраи заношӯи зан ё шавҳар ҳамчун ҳадья ё мерос гирифтааст, моликияти ҳар кадоми онҳо мебошад .
2. Ашьёи истифодаи шахси (либос пойафзол ва ғайра), ба истиснои ҷавоҳирот ва асбоби дигари зебу зинат, гарчанде дар давраи заношӯи аз ҳисоби маблағҳои умумии зану шавҳар ба даст оварда шудаанд, моликияти шахсии ҳар кадоме аз зану шавҳар ба ҳисоб мераванд.
3. Суд метавонад молу мулкеро, ки ҳар кадоме аз зану шавҳар ҳангоми ҷудо зиндаги карданашон ҷамъ овардаанд, дар сурати воқеан қатъ гардидани никоҳ моликияти ҳар кадоми онҳо эътироф намояд .
Моддаи 37. Моликияти муштараки зану шавҳар донистани молу мулки ҳар кадоми онҳо
Молу мулки ба ҳар як ҳамсар тааллуқдоштаро метавон моликияти муштараки онҳо донист, агар муқаррар гардад, ки дар давоми заношӯи аз ҳисоби молу мулки умумии зану шавҳар ё молу мулки шахсии зан ё шавҳар ва ё меҳнати ӯ саҳме гузошта шудааст, (таъмири асоси, азнавсози, азнавҷиҳозони ва ғайра), ки дар натиҷаи он арзиши молу мулки ба ҳар кадоме аз зану шавҳар тааллуқдошта хеле афзудааст, агар дар аҳдномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбини нашуда бошад .
Моддаи 38. Тақсими молу мулке, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад
1. Тақсими молу мулке, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, чи дар давоми заношӯи ва чи баъди талоқ, бо талаби ҳар кадоме аз онҳо, инчунин дар ҳолати аз ҷониби қарздиҳанда талаб кардани тақсими моликияти умумии зану шавҳар барои ситонидани маблағи қарз аз саҳми зан ё шавҳар дар моликияти умуми сурат гирифта метавонад .
2. Дар сурати тақсими молу мулки умумии зану шавҳар дар давраи заношӯи он қисми молу мулки умумие, ки тақсим нашуда буд, инчунин молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи никоҳ ҷамъ кардаанд, моликияти умумии онҳоро ташкил медиҳад .
3. Молу мулки умумии зану шавҳар метавонад бо созишномаи зану шавҳар дар байни онҳо тақсим карда шавад. Дар ҳолати ба миён омадани баҳс вобаста ба тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, инчунин муайян намудани саҳми зану шавҳар дар ин молу мулк он ба тартиби суди ҳал карда мешавад .
4. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки тақсими пасандоз, саҳмия, ҳисса ва саҳми дар сармояи муассисаи кредити ё ташкилотҳои дигари тиҷорати ва ғайритиҷорати ба номи яке аз онҳо гузоштаашонро талаб намоянд, агар ин пардохтҳо моликияти муштараки онҳо бошанд.
5. Пасандозҳое, ки зану шавҳар аз ҳисоби молу мулки умумиашон ба номи фарзандони ноболиғи худ гузоштаанд, молу мулки мутааллиқ ба фарзандон дониста шуда, ҳангоми тақсими молу мулке, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, ба инобат гирифта намешаванд .
6. Нисбати талаби зану шавҳари ҷудошуда дар хусуси тақсими молу мулки муштараки онҳо, ки онҳо дар давраи заношӯи ҷамъ овардаанд, мӯҳлати сесолаи даъво истифода мешавад .
Моддаи 39. Муайян намудани ҳисса ҳангоми тақсими молу мулке, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад
1. Ҳангоми тақсими молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар мебошад ва муайян намудани ҳиссаи зану шавҳар дар ин амал ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад, агар дар аҳдномаи никоҳ тартиби дигар пешбини нагардида бошад .
2. Суд метавонад ҳиссаи зан ё шавҳарро дар молу мулки умумиашон бо дарназардошти манфиати фарзандони ноболиғ, инчунин фарзандони болиғи корношоями эҳтиёҷманд ё манфиати қобили таваҷҷӯҳи зан ё шавҳар, зиёд кунад. Ҳиссаи зан ё шавҳар бо назардошти корношоямии онҳо, инчунин агар яке аз онҳо бо сабабҳои узрнок даромад нагирифта бошад ё молу мулки умумиро бар зарари манфиати оила сарф карда бошад, инчунин дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳ мумкин аст зиёд карда шавад .
3. Ҳангоми тақсими амволи умумии зану шавҳар суд бо талаби онҳо муайян менамояд, ки кадом ашьё бояд ба кадоме аз онҳо дода шавад. Агар ба зан ё шавҳар ашьёе дода шавад, ки арзиши он аз ҳиссаи барои ӯ муайяншуда зиёд бошад, барои ҳамсари ӯ метавонад ҷубронпули ё ҷуброни дигар муқаррар карда шавад.
4. Қарзи умумии зану шавҳар ҳангоми тақсими молу мулки умуми дар байни зану шавҳар баробар ба ҳиссаи ба ҳар яки онҳо муқарраршуда тақсим карда мешавад .
5. Ашьёе, ки махсус барои қонеъ гардонидани талаботи фарзандони ноболиғ харида шудаанд (либос, пойафзол, лавозимоти мактаб ва варзиш, асбобҳои мусиқи, китобҳои кӯдакона ва ғайра) ба ихтиёри зан ё шавҳар, ки фарзандон бо ӯ зиндаги мекунанд, бе ҷуброн гузошта мешаванд.
БОБИ 8. АҲДНОМАИ НИКОҲ
Моддаи 40. Аҳдномаи никоҳ
Аҳдномаи никоҳ- созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулки ва ӯҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯи ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд .
Моддаи 41. Бастани аҳдномаи никоҳ
1. Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи заношӯи баста шавад.
Аҳдномаи никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.
2. Бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатмӣ буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад .
3. Аҳдномаи никоҳ дар шакли хатти баста шуда, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад .
Моддаи 42. Мундариҷаи аҳдномаи никоҳ
1. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки бо аҳдномаи никоҳ низоми моликияти муштараки ба молу мулки умуми муқаррарнамудаи қонунро (моддаи 34 Кодекси мазкур) тағйир дода, низоми моликияти саҳмиро ба тамоми молу мулки дар давоми никоҳ ҷамъовардаашон ё ба намудҳои алоҳидаи он ё худ ҳама гуна низоми молу мулки умумиашонро, ки ба ҳар яки онҳо тааллуқ дорад, муқаррар намоянд .
Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам нисбати молу мулки мавҷуда ва ҳам нисбати молу мулки ояндаи зану шавҳар баста шавад .
Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки дар аҳдномаи никоҳ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро дар мавриди таъминоти якдигар; тариқи иштирокро дар даромади ҳамдигар; тартиби хароҷоти оиларо аз ҷониби ҳар кадоми онҳо; хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилавӣ ва молу мулкеро муайян намоянд, ки дар сурати бекор кардани никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад, инчунин ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои молумулкиашонро дохил намоянд , .
2. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои пешбининамудаи аҳднома метавонад бо мӯҳлатҳои муайян маҳдуд карда шавад ё бо шарти фаро расидан ё фаро нарасидани шароити алоҳида вобаста карда шавад.
3. Аҳдномаи никоҳ наметавонад қобилияти ҳуқуқи ё амалии зану шавҳар; ҳуқуқи онҳоро барои муроҷиат ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳояшон; танзими муносибатҳои шахсии ғайриамволии байни зану шавҳар; ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсии зану шавҳарро нисбати фарзандон маҳдуд кунад; муқарраротеро пешбини намояд, ки ҳуқуқи ҳамсари корношоями эҳтиёҷмандро ба таъминот маҳдуд кунанд ва шартҳои дигаре дошта бошад, ки зан ё шавҳарро дар ҳолати ниҳоят ногувор гузоранд ё хилофи асосҳои умуми ва мазмуну мӯҳтавои қонунҳои оила бошанд.
4. Дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешбинӣ карда шаванд:
- муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо оид ба молу мулк;
- ӯҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон;
- бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон;
- нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд .
Моддаи 43. Тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ
1. Аҳдномаи никоҳро дар ҳар давра бо мувофиқаи зану шавҳар тағйир додан ва ё бекор кардан мумкин аст. Созишнома дар бораи тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ дар ҳамон шакле, ки аҳдномаи никоҳ баста мешавад, ба имзо мерасад .
Ба якҷониба рад намудани иҷрои аҳдномаи никоҳ иҷозат дода намешавад.
2. Бо талаби зан ё шавҳар аҳдномаи никоҳ бо ҳалномаи суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода ё бекор карда шуданаш мумкин аст.
3. Амали аҳдномаи никоҳ аз лаҳзаи қатъ кардани никоҳ (моддаи 25 ҳамин Кодекс) ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар аҳдномаи никоҳ барои давраи баъди қатъи никоҳ пешбини шудааст, қатъ мегардад.
4. Шартҳои аҳдномаи никоҳеро, ки дар қисми 4 моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, тағйир додан манъ аст .
Моддаи 44. Беэътибор донистани аҳдномаи никоҳ
1. Аҳдномаи никоҳ бо асосҳое, ки дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беэътибории аҳдҳо пешбини гардидаанд, аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста мешавад .
2. Аҳдномаи никоҳ дар сурати вайрон кардани талаботи қисми 3 моддаи 42 ҳамин Кодекс дар асоси даъвои зану шавҳар (яке аз онҳо), агар шартҳои аҳднома ин ҳамсарро дар вазъияти ниҳоят ногувор гузорад, инчунин дар асоси даъвои қарздиҳандагон ҳангоми вайрон кардани талаботи моддаи 47 Кодекси мазкур метавонад аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста шавад.
Моддаи 45. Шартномаҳои дигар доир ба молу мулк
Зану шавҳар, инчунин дигар аъзои болиғи оила ҳуқуқ доранд байни худ шартномаи ҳадья, хариду фурӯш ва ҳама гуна шартномаҳои дигаре банданд, ки хилофи қонун нестанд. Муносибатҳое, ки дар асоси ин гуна шартномаҳо байни зану шавҳар ва аъзоёни дигари оила ба миён меоянд, тавассути қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд .
БОБИ 9. МАСЪУЛИЯТИ ЗАНУ ШАВҲАР АЗ РӯИ ӯҲДАДОРИҲО
Моддаи 46. Ситонидани маблағ аз молу мулки зану шавҳар
1. Аз рӯи ӯҳдадориҳои яке аз ҳамсарон маблағ танҳо аз молу мулки ё зан ё шавҳар ситонида мешавад. Дар сурати нокифоя будани ин молу мулк кредитор ҳақ дорад ҷиҳати ситонидани қарз ҷудо кардани ҳиссаи зан ё шавҳари қарздорро аз молу мулки умумии онҳо талаб кунад .
2. Ситонидани маблағ аз молу мулки умумии зану шавҳар аз рӯи ӯҳдадориҳои умумии зану шавҳар, инчунин он аз рӯи ӯҳдадориҳои яке аз онҳо сурат мегирад, агар суд муқаррар намояд, ки ҷамаи чизҳои мувофиқи ӯҳдадори гирифтаи зан ё шавҳар барои эҳтиёҷоти оила масраф шудаанд .
3. Агар бо ҳукми суд муқаррар гардад, ки молу мулки умумии зану шавҳар аз ҳисоби маблағи бо роҳи ҷиноят бадастовардаи зан ё шавҳар харида шудааст ё афзун гардидааст, маблағ мувофиқан аз молу мулки умумии зану шавҳар ё як қисми он ситонида мешавад .
4. Масъулияти зану шавҳар барои зараре, ки фарзандони ноболиғашон расонидаанд, тавассути қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд .
Моддаи 47. Кафолати ҳуқуқи кредиторон ҳангоми бастан, тағйир додан ва бекор кардани аҳдномаи никоҳ
1. Ҳамсар ӯҳдадор аст, ки кредитори (кредиторони) худро дар хусуси бастан, тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ огоҳ созад. Дар сурати иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ, ҳамсар аз рӯи ӯҳдадориҳои худ, новобаста ба мӯҳтавои аҳдномаи никоҳ, масъул мебошад.
2. Кредитори (кредиторони) ҳамсари қарздор ҳуқуқ дорад бинобар моҳиятан тағйир ёфтани вазъият бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир додани шартҳо ё бекор кардани аҳдномаи никоҳи байни ҳамсарон басташударо талаб намояд .
ФАСЛИ IV. ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ВОЛИДОН ВА ФАРЗАНДОН
БОБИ 10. МУҚАРРАР НАМУДАНИ АСЛУ НАСАБИ ФАРЗАНДОН
Моддаи 48. Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидон ва фарзандон
Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидон ва фарзандон ба аслу насаби фарзандон, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ шудааст, асос меёбанд.
Моддаи 49. Муқаррар намудани аслу насаби кӯдак
1. Аслу насаби кӯдакро аз модар (модари) мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрванди дар асоси асноди тасдиқкунандаи зодани кӯдакро дар муассисаи тибби таваллуд кардани модар ва дар сурати берун аз муассисаи тибби таваллуд ёфтани кӯдак бошад, дар асоси асноди тибби, гувоҳии шоҳидон ва далелҳои дигар муқаррар менамояд.
2. Агар кӯдак аз шахсоне, ки бо ҳам никоҳи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифташуда доранд, инчунин дар давоми сесад рӯзи пас аз қатъи никоҳ ё беэътибор донистани никоҳ ё вафоти шавҳари модараш таваллуд ёфта бошад, падари кӯдак шавҳари (шавҳари собиқи) модар эътироф мегардад, ба шарте, ки акси он исбот нашуда бошад (моддаи 53 ҳамин Кодекс) .
3. Агар модар арз кунад, ки падари кӯдак шавҳари (шавҳари собиқи) ӯ нест, падари кӯдак мувофиқи қоидаҳои муқаррар намудаи кисми 4 моддаи мазкур ё моддаи 50 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.
4. Падар будани шахсе, ки бо модари кӯдак никоҳ надорад, бо роҳи аз ҷониби падару модари кӯдак ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрванди додани ариза; дар сурати фавти модар, ғайри қобили амал эътироф гардидани ӯ, имконнопазирии муайян намудани маҳали буду боши модар ё аз ҳуқуқи падару модари маҳрум шудани ӯ бошад, дар асоси аризаи падари кудак, бо мувофиқаи мақоми васояту парастори ва ҳангоми набудани чунин аҳднома бо ҳалномаи суд муқаррар карда мешавад.
Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳое, ки асос медиҳанд чунин тахмин карда шавад, ки додани аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падари пас аз таваллуди кӯдак ғайриимкон ё мушкил мебошад, волидони кӯдаки оянда, ки никоҳ надоранд, ҳақ доранд ҳангоми ҳомиладории модар ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрванди бо чунин ариза муроҷиат кунанд. Сабти падару модар баъди таваллуди кӯдак сурат мегирад.
5. Муқаррар намудани падари шахси ба синни балоғат расида танҳо бо розигии ӯ ва агар ин шахс ғайри қобили амал дониста шавад, бо розигии васи ё мақоми васояту парастории ӯ мумкин аст.
Моддаи 50. Ба тартиби суди муқаррар намудани падари
1. Дар сурати аз волидони никоҳнадошта таваллуд ёфтани кӯдак ва набудани аризаи муштараки волидон ё аризаи падари кӯдак, аслу насаби кӯдак аз шахси мушаххас (падар) дар асоси аризаи яке аз волидон ё васии (парастори) кӯдак, аризаи шасе, ки кӯдак дар таъминоташ мебошад, инчунин ҳангоми ба балоғат расидан дар асоси аризаи худи кӯдак ба тариқи суди муқаррар карда мешавад.
2. Ҳангоми муқаррар намудани падари суд зиндаги ва пешбурди хоҷагии якҷоя бо модари кӯдак ё тарбияи муштарак ё таъмини кӯдак ё далелҳои дигари боэътимодеро, ки аз ҷониби шахси мушаххас таваллуд шудани кӯдак, далелҳои саҳеҳ тасдиқкунандаи аз ҷониби ҷавобгар эътироф гардидани падариро собит месозад, ба назар мегирад.
Моддаи 51. Аз ҷониби суд муқаррар намудани далели эътирофи падари
Дар ҳолати фавти шахсе, ки худро падари кӯдак эътироф мекард, вале бо модари кӯдак никоҳ надошт, далели падар эътироф шудани ӯ метавонад аз рӯи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби суди муқаррар карда шавад .
Моддаи 52. Хорич карда шуд
Моддаи 53. Баҳси муайянкунии падари (модари)
1. Сабти волидон дар дафтари сабти таваллуди кӯдак, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ сурат гирифтааст, собиткунандаи аслу насаби кӯдак аз шахсони дар он зикргардида буда он танҳо ба тартиби суди бо талаби шахси ҳамчун падар ё модари кӯдак сабтёфта ё шахсе, ки воқеан падар ё модари кӯдак мебошад, инчунин аз ҷониби васии волидони қудак, инчунин худи кӯдак ҳангоми расидан ба синни балоғат, васии падар ё модари аз тарафи суд ғайри қобили амал эътирофгардида мавриди баҳс қарор гирифта метавонад .
2. Талаби шахсе, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ падари кӯдак сабт шудааст, дар мавриди баҳси падари қонеъ гардонида намешавад, агар дар лаҳзаи сабт ин шахс медонист, ки ӯ воқеан падари кӯдак намебошад .
3. Шахсе, ки ба сифати падар ё модари кӯдак сабт шудааст, ё шахсе, ки воқеан падари кӯдак аст, дар сурати фавти модар ё аз ҳуқуқи волидон маҳрум кардани ӯ ҳуқуқ дорад дар давоми як сол аз он вақте, ки ба ӯ сабти гузаронидашуда маълум гардидаст ё мебоист маълум гардад, баҳс кунад. Агар то ин муддат шахси падар ё модар сабтгардида шахси ноболиғ ҳисоб шавад, мӯҳлати як сол аз рӯзи ба синни ҳаждаҳсолаги расидани ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Моддаи 54. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои фарзандоне, ки аз шахсони бо ҳам никоҳ надошта таваллуд ёфтаанд
Агар муқаррар намудани ҳуқуқи падарӣ мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 50 ва 51 Кодекси мазкур сурат гирифта бошад, фарзандон нисбат ба падару модар ва хешу ақрабояшон дорои ҳуқуқу уҳдадориҳое мебошанд, ки кӯдакони аз шахсони бо ҳам ақди никоҳ баста доранд .
БОБИ 11. ҲУҚУҚИ КӯДАКОНИ НОБОЛИU
Моддаи 55. Ҳуқуқи кӯдак барои зиндаги ва тарбия дар оила
1. Кӯдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолаги (ба синни балоғат) нарасидааст.
2. Ҳар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки дар оила зиндаги кунад ва тарбия гирад. Кӯдак ба ғамхории волидон, таъмини манфиатҳояш, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъни инсонии худ ҳуқуқ дорад.
Дар сурати набудани волидон, аз ҳуқуқи волидон маҳрум кардани онҳо ва дар ҳолатҳои дигари аз даст додани васояти волидон, ҳуқуқи кӯдак барои тарбия дар оила мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи боби 18 ҳамин Кодекс аз ҷониби мақомоти васояту парастори таъмин карда мешавад.
Моддаи 56. Ҳуқуқи кӯдак барои муошират бо волидон ва дигар хешу ақрабо
1. Кӯдак ҳуқуқи муоширатро бо падару модар, бобо, биби (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо дорад. Бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби волидон, беэътибор донистани он ё зиндагии ҷудогонаи падару модар ба ҳуқуқи кӯдак таъсир намерасонад.
Дар сурати ҷудо зиндаги кардани волидон кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бо ҳар кадоми онҳо муошират кунад. Кӯдак инчунин ҳуқуқ дорад дар сурати дар давлатҳои мухталиф зиндаги кардани волидон ва баъди бекор кардани ақди никоҳ низ бо онҳо муошират кунад.
2. Фарзанде, ки дар ҳолати фавқулодда қарор дорад (ҳангоми дастгир кардан, ба ҳабс гирифтан, дар маҳбас нигоҳ доштан, дар муассисаи тибби будан ва ғайра) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун барои муошират бо волидон ва дигар хешу ақрабои худ ҳуқуқ дорад .
Моддаи 57. Ҳуқуқи кӯдак ба ҳимоя
1. Кӯдак ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳуқуқ дорад.
Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро волидон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, мақомоти васояту парастори, прокурор ва суд ҳимоя мекунанд .
2. Кӯдак ҳуқуқ дорад аз сӯиистифодаи волидон (шахсони ивазкунандаи онҳо) ҳифз карда шавад.
Ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, аз ҷумла иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро намудани ӯҳдадориҳо аз ҷониби волидон (яке аз онҳо) оид ба тарбияю таълими кӯдак ё суиистифода аз ҳуқуқҳои падару модари кӯдак ҳуқуқ дорад ба мақоми васоят ва парастори ва пас аз расидан ба синни чордаҳсолаги ҷиҳати ҳимоя аз ҷониби онҳо ба суд муроҷиат кунад .
3. Шахсони мансабдори ташкилотҳо ва дигар шаҳрвандоне, ки аз таҳдид ба ҳаёт ё саломатии кӯдак ё поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак дар оила огоҳи пайдо мекунанд, вазифадоранд дар ин хусус ба мақоми васояту парастори маҳали воқеии истиқомати кӯдак маълумот диҳанд. Ҳангоми гирифтани чунин маълумот мақоми васояту парастори вазифадор аст барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак чораҳои зарури андешад.
Мақоми васояту парастори ҳуқуқ доранд, дар ҳолатҳои зарури бо ҷалби намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ба оилаҳое, ки дар онҳо зиндаги кардани кӯдакон ба ҳаёту саломатии онҳо хатарнок аст, бемонеа ворид шаванд .
Моддаи 57(1). Ҳуқуқи кӯдак барои озодона изҳор намудани фикри худ
1. Кӯдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ, ки ба манфиатҳои ӯ дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судӣ ва маъмурӣ иштирок кунад. Мақомоту ташкилотҳо, инчунин шахсони мансабдори онҳо, ки барои қабули қарор ваколатдор мебошанд, ҳангоми ҳалли масъалаҳои ба манфиатҳои кӯдак дахлдошта бояд фикри кӯдакеро, ки метавонад ақидаҳои худро мустақилона ифода кунад, сарфи назар аз синну сол, ба назар гирифта, дар асоси манфиатҳои беҳтарини кӯдак қарор қабул кунанд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва парасторӣ ё суд метавонанд танҳо бо ризоияти кӯдаки аз синни даҳсола боло қарор кабул намоянд .
2. Муассисаҳои таълимии томактабӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва падару модар бояд барои озодона изҳор намудани фикри кӯдак дар ҷомеа ва оила шароит фароҳам оваранд .
Моддаи 58. Ҳуқуқи кӯдак ба доштани насаб, ном ва номи падар
1. Кӯдак ба доштани насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад.
2. Тартиби номгузорӣ ва сабти насаб, ном ва номи падари кӯдак дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" амалӣ мегардад .
Моддаи 59. Хорич карда шуд
Моддаи 60. Ҳуқуқи молумулкии кӯдак
1. Кӯдак мувофиқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс аз волидони худ ва аъзои дигари оила ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад .
2. Кӯдак ба даромади бадастоварда, молу мулки ҳадья ё меросгирифта ва ҳама гуна молу мулки дигаре, ки тибқи қонун ба ӯ тааллуқ дорад, дорои ҳуқуқи моликият мебошад .
Ҳуқуқи кӯдак барои ихтиёрдории молу мулки таҳти моликияташ қарордошта тибқи меъёрҳои дахлдори қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
Дар сурати ваколати идоракунии молу мулки кӯдакони ноболиғро анҷом додани волидон нисбат ба онҳо қоидаҳое татбиқ мегарданд, ки дар қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ихтиёрдории молу мулки шахси таҳти парастори гирифташуда пешбини шудаанд .
3. Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани волидон, кӯдак ҳуқуқи моликият ба молу мулки онҳо ва волидайн ҳуқуқи моликият ба молу мулки кӯдакро надоранд. Фарзандон ва волидон, ки якҷоя зиндаги мекунанд, молу мулки ҳамдигарро бо мувофиқаи муштарак соҳиби мекунанд ва истифода мебаранд .
4. Дар сурати ба миён омадани ҳуқуқи моликияти умумии волидон ва кӯдак ҳуқуқи онҳо дар мавриди соҳиби, истифода ва ихтиёрдории молу мулки умуми тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад
БОБИ 12. ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ВОЛИДОН
Моддаи 61. Баробарии ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидон
1. Волидон нисбати фарзандонашон ҳуқуқу ӯҳдадориҳои баробар доранд (ҳуқуқи волидон).
2. Ҳуқуқҳои волидон, ки дар ҳамин боб пешбини шудааст, ҳангоми ба синни ҳаждаҳсолаги (синни балоғат) расидани кӯдакон, инчунин ҳангоми никоҳ бастани кӯдакони ноболиғ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун дар мавриди аз ҷониби кӯдакон то ба синни балоғат расиданашон ба даст овардани қобилияти пурраи амал, қатъ мегардад .
Моддаи 62. Ҳуқуқи волидони ноболиғ
1. Волидони ноболиғ ҳуқуқ доранд бо кӯдак мустақилона зиндаги кунанд ва дар тарбияи ӯ иштирок намоянд.
2. Волидони ноболиғ, ки никоҳ набастаанд, дар сурати таваллуд шудани кӯдак ҳақ доранд пас аз расидан ба синни ҳабдаҳсолагӣ мустақилона ҳуқуқи падару модарии худро татбиқ намоянд. То ба синни ҳабдаҳсолагӣ расидани волидони ноболиғ ба кӯдак васи таъин шуданаш мумкин аст, ки якҷоя бо волидони ноболиғ тарбияи кӯдакро анҷом медиҳад. Ихтилофе, ки байни васии кӯдак ва волидони ноболиғ ба миён меоянд, аз ҷониби мақоми васояту парастори ҳал карда мешаванд , .
3. Падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо асосҳои умумӣ барои эътироф намудани падарӣ ва модарии худ баҳс намоянд, инчунин то расидан ба синни ҳабдаҳ онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи судӣ ҳуқуқи талаби муқаррар намудани падарӣ ва модариро нисбати фарзандонашон доранд , .
Моддаи 63. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидон дар тарбия ва таълими фарзандон
1. Волидон барои тарбияи фарзандони худ дорои ҳуқуқу ӯҳдадори мебошанд.
Волидон барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, вазифадоранд, ки дар бораи саломати, такомули ҷисмони, рӯҳи, маънави ва ахлоқи, таълим, касбомӯзии фарзандонашон ғамхори намоянд.
Волидон дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба ҳамаи шахсони дигар ҳуқуқи афзалиятнок доранд.
2. Волидон вазифадоранд, ки барои гирифтани таҳсилоти умумии асоси, ба фарзандонашон имконият фароҳам оваранд .
Волидон ҳуқуқ доранд, ки бо назардошти фикру хоҳиши фарзандонашон муассисаҳои таълими ва шаклҳои таҳсили онҳоро то давраи аз ҷониби онҳо гирифтани маълумоти умумии асоси интихоб намоянд.
3. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзандони худ дорои дигар ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва масъулияте мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд .
Моддаи 64. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидон ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон
1. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони ноболиғ ба зиммаи волидони онҳо гузошта мешавад.
Падару модар намояндагони қонунии фарзандони худ буда, ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, судӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, бе ваколатҳои махсус ҳимоя менамоянд .
2. Волидон наметавонанд аз ҳуқуқи фарзандони худ намояндаги кунанд, агар мақоми васоят ва парастори муқаррар карда бошад, ки байни манфиатҳои волидон ва фарзандон ихтилоф вуҷуд дорад. Дар сурати ихтилофот байни волидайн ва кӯдакон мақоми васоят ва парастори вазифадоранд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон намоянда таъин кунанд.
Моддаи 65. Татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидон
1. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидон набояд бар хилофи манфиатҳои фарзандон татбиқ шаванд. Таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзӯи асосии ғамхории волидон бошад.
2. Ҳангоми истифодаи ҳуқуқи волидон он набояд ба саломатии ҷисмонию рӯҳии кӯдак ва такомули маънавии ӯ зарар расонанд. Усулҳои тарбияи кӯдакон бояд ба муомилаи бераҳмона, дағалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кӯдак ё суиистифода ва истисмори кӯдакро аз ҷониби волидон истисно кунанд.
Волидоне, ки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро бар зарари ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак татбиқ менамоянд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.
3. Тамоми масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзандонро волидон бо ризоияти ҳамдигар ва бо назардошти манфиати кӯдакон ва фикру ақидаи онҳо ҳал менамоянд. Дар сурати ҷой доштани ихтилофот, волидон (яке аз онҳо) барои ҳалли ин ихтилофотхо метавонанд ба мақоми васояту парастори ё суд муроҷиат кунанд.
4. Ҷои истиқомати кӯдак дар сурати ҷудо зиндаги кардани волидон бо мувофиқаи байни онҳо муқаррар карда мешавад. Дар сурати набудани мувофиқа, баҳси волидонро суд дар асоси манфиати кӯдакон ва бо назардошти фикру хоҳиши онҳо ҳал менамояд. Зимнан суд дилбастагии (меҳри) кӯдакро нисбат ба падар ё модар, бародару хоҳарон, синну соли кӯдак, сифати маънави ва дигар сифатҳои хосаи волидон, муносибате, ки байни падар ва модар ва кӯдак мавҷуд аст, имконоти ба кӯдак фароҳам овардани шароити тарбия ва рушду камоли он (навъи фаъолият, низоми кори волидон, вазъи модди ва оилавии волидон ва ғайраро) ба инобат мегирад.
Моддаи 66. Татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидон аз ҷониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш ҷудо зиндаги мекунад
1. Падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндаги мекунад, барои муошират бо кӯдак ҳуқуқ дорад ва вазифадор аст дар тарбияи ӯ ва ҳалли масъалаи гирифтани таҳсилоти кӯдак иштирок намояд .
Падар ё модаре, ки фарзанд бо ӯ зиндаги мекунад, набояд монеи муоширати фарзанд бо падар ё модар бошад.
2. Волидон метавонанд дар хусуси тартиби татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ аз ҷониби падар ё модаре, ки ҷудо зиндаги мекунад, созишномаи хатти банданд.
Агар волидон мувофиқа карда натавонанд, баҳсро суд бо талаби волидон (яке аз онҳо), бо иштироки мақоми васояту парастори, ҳал менамояд.
3. Дар сурати иҷро накардани ҳалномаи суд, нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд. Ҳангоми қасдан иҷро накардани ҳалномаи суд, бо дарназардошти манфиати кӯдак ва фикру хоҳиши ӯ, суд метавонад бо талаби падар ё модаре, ки ҷудо зиндаги мекунад, дар хусуси ба ӯ додани кӯдак ҳалнома қабул намояд .
4. Падар ё модаре, ки аз кӯдак ҷудо зиндаги мекунад, ҳуқуқ дорад аз муассисаҳои тарбияви, табобати ва ғайра дар хусуси фарзанди худ маълумот гирад. Ин гуна маълумот он гоҳ дода намешавад, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак аз тарафи падар (модар) таҳдид мавҷуд бошад. Оид ба дода нашудани маълумот ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 67. Ҳуқуқи бобо, биби (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешовандон барои муошират бо кӯдак
1. Бобою биби (модаркалон), бародарону хоҳарон ва хешовандони дигар барои муошират бо кӯдак ҳуқуқ доранд.
2. Дар сурате, ки агар волидон (яке аз онҳо) барои муоширати хешовандони наздик бобою биби (модаркалон), бародару хоҳарон бо кӯдак имконият надиҳанд, мақоми васояту парастори метавонад волидонро (яке аз онҳоро) вазифадор созанд, ки монеи ин муошират нашаванд.
3. Агар волидон (яке аз онҳо) ба қарори мақомоти васояту парастори итоат накунанд, бобою биби (модаркалон), бародару хоҳарон ё мақомоти васояту парастори метавонанд ҷиҳати рафъи монеаи муошират бо кӯдак ба суд бо даъво муроҷиат намоянд. Суд баҳсро бо назардошти манфиати кӯдак ва фикру хоҳиши ӯ ҳал менамояд.
Дар сурати иҷро накардани ҳалномаи суд нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд .
Моддаи 68. Ҳимояи ҳуқуқи волидон
1. Волидон ҳуқуқ доранд баргардонидани фарзандонашонро аз ҳар шахсе, ки бе асоси қонуни ё ҳалномаи суд онҳоро дар наздаш нигоҳ медорад, талаб намоянд. Дар сурати ба миён омадани баҳс волидон метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқашон ба суд муроҷиат намоянд.
Ҳангоми баррасии ин талабот суд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдак метавонад даъвои волидонро қонеъ нагардонад, агар ба хулоса ояд, ки ба волидон баргардонидани кӯдак ба манфиати кӯдак нест.
2. Агар суд муқаррар намояд, ки на волидон ва на шахсоне, ки кӯдак дар наздашон мебошад, ба тарбияи сазовори ӯ қодир нестанд, он гоҳ суд кӯдакро барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ медиҳад .
Моддаи 69. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модари
Волидон (яке аз онҳо) метавонанд аз ҳуқуқи падару модари маҳрум карда шаванд, агар онҳо:
- аз иҷрои ӯҳдадориҳои падару модари, аз ҷумла додани алимент қасдан саркаши кунанд;
- бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона (таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тибби ё тарбияви, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва ё дигар муассисаҳои монанди он гирифтани фарзанди худро рад намоянд;
- аз ҳуқуқи падару модарии худ суиистифода намоянд;
- ба фарзандон муносибати бераҳмона кунанд, аз ҷумла нисбати онҳо зӯроварии ҷисмони ё рӯҳиро раво бинанд, ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо сӯиқасд намоянд;
- майзада ё нашъаманди ашадди бошанд;
- бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё саломатии ҳамсари худ қасдан ҷиноят содир карда бошанд.
Моддаи 70. Тартиби маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модари
1. Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модари ба тартиби суди ба амал бароварда мешавад.
Парвандаи оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модари дар асоси аризаи яке аз волидон (шахсони онҳоро ивазкунанда), прокурор, инчунин мақомоту муассисаҳои давлати, ки вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ноболиғ ба зиммаашон гузошта шудааст (мақомоти васояту парастори, муассисаҳо барои кӯдакони ятим ва кӯдакони аз ғамхории волидон маҳруммонда ва ғайра), барраси мегардад.
2. Парвандаҳои оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модари бо иштироки прокурор ва мақомоти васояту парастори барраси мешаванд.
3. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар хусуси маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модари суд масъалаи барои кӯдак ситонидани алиментро аз волидони (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модари маҳрумгашта ҳал мекунад.
4. Агар суд ҳангоми баррасии парвандаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модари дар амалҳои волидон (яке аз онҳо) аломатҳои кирдори сазовори ҷазои ҷиноятиро ошкор намояд, он гоҳ суд вазифадор аст, ки дар ин хусус прокурорро огоҳ созад .
Моддаи 71. Оқибати маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модари
1. Волидоне, ки аз ҳуқуқи падару модари маҳрум карда шудаанд аз тамоми ҳуқуқҳое, ки дар асоси далели хеши бо кӯдак муайян шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани таъминот (моддаи 88 ҳамин Кодекс аз кӯдаке, ки нисбати вай аз ҳуқуқи падару модари маҳрум гардидаанд, инчунин аз ҳуқуқи имтиёзоту ёрдампулиҳои давлат, ки барои шаҳрвандони фарзанддор муқаррар шудаанд, маҳрум мегарданд.
2. Маҳрум кардани волидон аз ҳуқуқи падару модари онҳоро аз вазифаи таъмин кардани фарзандашон озод намекунад.
3. Масъалаи минбаъд якҷоя зиндаги кардани фарзандон ва волидонро (яке аз онҳоро), ки аз ҳуқуқи падару модари маҳрум шудаанд, суд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои манзил ҳал мекунад.
4. Кӯдаке, ки нисбати ӯ волидон (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модари маҳрум шудаанд, ҳуқуқи моликиятро ба манзили истиқомати, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқомати, инчунин ҳуқуқи молумулкии дар асоси далели хеши бо волидон ва хешовандони дигар муайяншуда, инчунин ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад .
5. Дар сурати имконнопазирии ба падар ё модар додани кӯдак ё дар сурати аз ҳуқуқи волидон маҳрум шудани падару модар кӯдак ба тарбияи мақомоти васояту парастори супорида мешавад.
6. Ба фарзандхонди гирифтани кӯдак дар сурати аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани волидон (яке аз онҳо) танҳо пас аз гузаштани мӯҳлати на камтар аз шаш моҳ баъди баровардани ҳалномаи суд дар хусуси маҳрум кардани волидон (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модари мумкин аст .
Моддаи 72. Барқарор намудани ҳуқуқи падару модари
1. Ҳуқуқи падару модари (яке аз онҳо) дар сурате барқарор шуда метавонад, ки агар рафтору кирдор, тарзи зиндаги ва муносибати онҳо нисбат ба тарбияи кӯдак ба тарафи мусби тағйир ёфта бошад.
2. Ҳуқуқи падару модари ба тартиби суди дар асоси аризаи падар ё модари аз ҳуқуқи падару модари маҳрумгардида, бо иштироки мақомоти васояту парастори, инчунин прокурор барқарор карда мешавад.
3. Ҳамзамон бо даъвои волидон (яке аз онҳо) дар хусуси барқарор намудани ҳуқуқи падару модари мумкин аст талаби баргардонидани кӯдак ба волидон барраси карда шавад.
4. Суд метавонад бо назардошти фикри кӯдак даъвои волидонро (яке аз онҳоро) барои барқароркунии ҳуқуқи падару модари рад кунад, агар он хилофи манфиатҳои кӯдак бошад.
Барқарор намудани ҳуқуқи падару модари нисбати кӯдаки ба синни даҳсолаги расида танҳо бо назардошти фикри ӯ мумкин аст.
Агар кӯдак фарзандхонд шуда бошад ва фарзандхонди беэътибор дониста нашуда бошад (моддаи 140 ҳамин Кодекс) барқарор намудани ҳуқуқи падару модари мумкин нест.
Моддаи 73. Гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани волидон аз ҳуқуқи падару модари
1. Суд метавонад бо назардошти манфиати кӯдак дар бораи гирифтани кӯдак аз волидон (яке аз онҳо) бе маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқи падару модари (маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модари) ҳалнома қабул намояд.
2. Гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани волидон аз ҳуқуқи падару модари дар ҳолате мумкин аст, ки агар бо волидон (яке аз онҳо) гузоштани кӯдак ба сабабҳои ба онҳо вобаста набуда (дар асари ноқисии рӯҳи ё дигар бемории кӯҳна, шароити вазнин ва ғайра) барои кӯдаки ноболиғ хатарнок бошад .
Гирифтани кӯдак инчунин дар ҳолате мумкин аст, ки агар гузоштани кӯдак бо волидон (яке аз онҳо) ба сабаби бадрафториашон барои кӯдак хатарнок буда, вале барои маҳрум кардани волидон (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модари асоси кофи вуҷуд надорад. Агар волидон (яке аз онҳо) дар давоми шаш моҳи баъди аз ҷониби суд гирифтани кӯдак рафтори худро ислоҳ накунанд, мақомоти васояту парастори вазифадоранд, ки дар хусуси аз ҳуқуқи падару модари маҳрум кардани ӯ даъво пешниҳод намоянд. Мақомоти васоят ва парастори ҳуқуқ доранд ба манфиати кӯдак то гузаштани ин мӯҳлат дар мавриди маҳрум кардани волидайн ( яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модари даъво пешниҳод кунанд.
3. Даъво дар хусуси гирифтани кӯдак аз тарафи мақомоту муассисаҳои давлатие, ки қонун вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ноболиғро ба зиммаашон гузоштааст (қисми 1 моддаи 70 ҳамин Кодекс), муассисаҳои тарбияви, тибби, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва дигар муассисаҳо, хешовандони наздики кӯдак, инчунин прокурор пешниҳод шуда метавонад.
4. Парвандаҳо оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модари бо иштироки прокурор ва мақомоти васояту парастори барраси мешаванд.
5. Ҳангоми баррасии парванда оиди маҳдуд кардан аз ҳуқуқи падару модари суд масъалаи барои кӯдак аз волидон (яке аз онҳо) ситонидани алиментро ҳал мекунад.
6. Суд вазифадор аст, ки дар мӯҳлати 3 рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи судӣ оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падарию модарӣ, иқтибоси онро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак фиристад .
Моддаи 74. Оқибати маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модари
1. Волидоне, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, ҳуқуқи шахсан тарбия кардани кӯдак, инчунин ҳуқуқи имтиёзу ёрдампулии давлатии барои шаҳрвандони кӯдакдор муқарраргардидаро аз даст медиҳанд.
2. Аз волидон гирифтани кӯдак волидонро аз ӯҳдадории таъминоти ӯ озод намекунад.
3. Кӯдаке, ки нисбати вай ҳуқуқи волидон (яке аз онҳо) маҳдуд карда шудааст, ҳуқуқи моликиятии худро ба манзили истиқомати, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқомати, инчунин ҳуқуқи молумулкиеро, ки дар асоси далели хеши бо волидон ва хешовандони дигар муайян шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад .
4. Кӯдаке, ки аз падару модар гирифта шудааст, барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ супорида мешавад .
Моддаи 75. Муоширати кӯдакон бо волидоне, ки ҳуқуқашонро суд маҳдуд кардааст
Ба волидоне, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, мумкин аст барои муошират бо кӯдак иҷозат дода шавад , ба шарте, ки он ба кӯдак таъсири зарарнок надошта, ба ҳаёту саломатии кӯдак хатарнок набошад. Муоширати волидон бо кӯдак бо розигии мақомоти васояту парастори ё васи (парастор) ва ё маъмурияти муассисае, ки кӯдак дар он мебошад, мумкин аст.
Моддаи 76. Бекор кардани маҳдудияти ҳуқуқи падару модари
1. Агар асосҳои барои маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модари сабаб шуда, аз байн раванд, суд мувофиқи даъвои волидон (яке аз онҳо) метавонад дар хусуси ба волидон (яке аз онҳо) баргардонидани кӯдак ва бекор кардани маҳдудиятҳои дар моддаи 74 ҳамин Кодекс пешбинишуда ҳалнома қабул намояд.
2. Суд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдак метавонад даъворо қонеъ нагардонад, агар ба волидон (яке аз онҳо) баргардонидани кӯдак хилофи манфиатҳои кӯдак бошад.
Моддаи 77. Гирифтани кӯдак ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии ӯ
1. Дар сурати ҷой доштани таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии кӯдак, мақоми васояту парастори ҳуқуқ дорад дар хусуси бетаъхир гирифтани кӯдак аз волидон (яке аз онҳо) ё дигар шахсоне, ки ӯ таҳти васояташон мебошад, қарор қабул намояд.
2. Дар сурати бетаъхир гирифтани кӯдак мақоми васояту парастори вазифадор аст, ки фавран прокурорро огоҳ сохта, мувақаттан ҷойгир намудани кӯдакро таъмин намояд ва дар мӯҳлати ҳафт рӯзи пас аз тартиб додани санади санҷиш ва хулоса дар бораи гирифтани кӯдак бо даъвои маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модари ё маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модари ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 78. Иштироки мақомоти васояту парастори ҳангоми дар суд барраси намудани баҳсҳои вобаста ба тарбияи кӯдакон
1. Ҳангоми дар суд барраси намудани баҳсҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон сарфи назар аз он ки даъвои ҳимояи онҳоро ки пешниҳод кардааст, мақоми васояту парастори бояд ҷиҳати иштирок дар баррасии парванда ҷалб карда шавад.
2. Мақoми васояту парастори вазифадор аст шароити зиндагии кӯдак ва шахсеро (шахсонеро), ки даъвои тарбия кардани ӯро дорад, санҷиш намуда, ба суд санади санҷиш ва хулосаи ба он асосёфтаро доир ба моҳияти баҳс пешниҳод кунад.
Моддаи 79. Иҷрои ҳалномаи суд оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон
1. Иҷрои ҳалномаҳои судҳо оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро аз ҷониби иҷрочии суд, бо иштироки ҳатмии мақомоти васояту парастори ба амал бароварда мешавад .
2. Иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои вобаста бо гирифтани кӯдакон ва ба шахси (шахсони) дигар додани онҳо бояд бо иштироки ҳатмии мақоми васоят ва парастори ва шахсе (шахсоне), ки кӯдак ба ӯ дода мешавад ва дар ҳолатҳои зарури бо иштироки намояндагони мақомоти милиция ба амал бароварда мешавад.
3. Ҳангоми ғайриимкон будани иҷрои ҳалномаи суд дар мавриди ба дигар кас додани кӯдак бе расонидани зарар ба манфиати кӯдак, ӯ тибқи таъиноти суд мувақаттан дар муассисаи тарбияви, муассисаи табобати, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳоли ё дигар муассисаи ба ин монанд ҷойгир карда шуданаш мумкин аст.
4. Агар падар ё модар (шахси дигар, ки кӯдак таҳти парастории ӯ қарор дорад) барои амали кардани ҳалномаи суд монеагӣ намояд, нисбати ӯ чораҳое, ки дар қонунгузории мурофиавии гражданӣ пешбинӣ гардидаанд, татбиқ карда мешаванд .
ФАСЛИ V. ӯҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ АЪЗОИ ОИЛА
БОБИ 13. ӯҲДАДОРИИ АЛИМЕНТДИҲИИ ВОЛИДОН ВА ФАРЗАНДОН
Моддаи 80. ӯҳдадориҳои алиментдиҳии волидон барои таъминоти фарзандони ноболиғ
1. Волидон вазифадоранд, ки фарзандони ноболиқи худро таъмин намоянд. Тартибу шаклҳои таъминоти фарзандонро волидон мустақилона муайян менамоянд.
2. Волидон ҳуқуқ доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиғи худ созишнома (созишнома дар хусуси пардохти алимент) мувофиқи боби 16 ҳамин Кодекс) банданд.
3. Агар волидон фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз волидон тибқи тартиби муқаррарнамудаи суди ситонида мешавад .
4. Ҳангоми набудани созишномаи волидон дар мавриди пардохти алимент, ҳангоми таъмин накардани фарзандони ноболиғ ва ҳангоми ба суд пешниҳод накардани даъво мақоми васоят ва парастори ҳақ дорад нисбат ба волидон ( яке аз онҳо) дар хусуси ситонидани алимент барои фарзандони ноболиғ даъво пешниҳод кунад.
Моддаи 81. Андозаи алименте, ки барои кӯдакони ноболиғ тибқи тартиби суди ситонида мешавад
1. Ҳангоми мавҷуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ суд аз волидони онҳо ҳар моҳ ба андозаи зерин алимент мерӯёнанд барои як фарзанд чорьяк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он - нисфи музди меҳнат ва даромади дигари волидон.
2. Ҳаҷми ин саҳм бо назардошти вазъи модди ва оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷӯҳ аз ҷониби суд кам ё зиёд карда шуданаш мумкин аст.
3. Агар кӯдакон таҳти таъминоти пурраи давлат ё ташкилоти ҷамъияти қарор гирифта бошанд, суд ҳуқуқ дорад андозаи алиментро кам кунад ё аз пардохти он озод намояд. Маблағҳое, ки аз волидон барои таъминоти кӯдакони дар муассисаҳои кӯдаконаи давлати ҷойгиркардашуда пардохта мешаванд, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қисми якуми ҳамин модда ба ҳисобномаҳои шахсии тарбиятгирандагон дар бонкҳои амонати гузаронида мешавад.
Моддаи 82. Навъҳои музди меҳнат ва дигар даромаде, ки аз онҳо барои кӯдакони ноболиғ алимент ситонида мешавад
Навъи музди меҳнат ва (ё) дигар даромаде, ки волидон бо асъори миллӣ ва (ё) асъори хориҷи мегиранд ва аз онҳо барои таъминоти кӯдакони ноболиғ тибқи моддаи 81 ҳамин Кодекс бояд алимент ситонида шавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
Моддаи 83. Ба маблағи устувор ситонидани алимент барои кӯдакони ноболиғ
1. Ҳангоми набудани созишномаи волидон дар хусуси пардохти алимент ба кӯдакони ноболиғ ва дар ҳолате, ки агар падар ё модари алиментдиҳанда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тағьирёбанда дошта бошад, ё агар ин падар ё модар музди меҳнату даромади дигарро пурра ё қисман дар шакли асл (натура) ё асъори хориҷи гирад, инчунин ҳангоми нагирифтани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, инчунин дар ҳолатҳои дигаре, ки ситонидани алимент вобаста аз ҳиссаи музди меҳнат ва даромади дигари падар ё модар имконнопазир, мушкил ё манфиати яке аз тарафҳоро моҳиятан халалдор созад, суд метавонад андозаи алименти ҳармоҳа ситонидашавандаро ба маблағи устувор ва ё ҳамзамон дар шакли ҳисса (мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс) ва бо маблағи устувор муайян намояд.
2. Андозаи маблағи устувор аз тарафи суд дар асоси имконияти нигоҳ доштани сатҳи ҳадди аксари дараҷаи пештараи таъминоти кӯдак бо назардошти вазъи моддию оилавии тарафҳо ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳ муайян карда мешавад.
3. Агар дар назди ҳар кадоме аз волидон фарзандон монда бошанд, андозаи алимент аз ҳар як падар ё модар ба падар ё модаре, ки камтар таъмин мебошад, бо маблағи устувори пули, ки онро суд мутобиқи қисми дуюми ҳамин модда муқаррар намудааст, ҳар моҳ ситонида мешавад.
Моддаи 84. Ситонидан ва истифодаи алимент барои кӯдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд
1. Барои кӯдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд, алимент мутобиқи моддаҳои 81-83 ҳамин Кодекс ситонида шуда, ба васии (парастори) кӯдак пардохта мешавад.
2. Алименте, ки аз волидон барои кӯдакони бе парастории волидон монда ва дар муассисаҳои дахлдори тарбияви, табобати, ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарордошта ситонида мешавад, ба ҳисобномаҳои ин муассисаҳо гузаронида шуда, дар онҳо вобаста ба ҳар кӯдак алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад.
Муассисаҳои мазкур метавонанд ин маблағро ба бонкҳо ва муассисаҳои дигари кредити гузаронанд. Панҷоҳ фоизи даромаде, ки аз муомилоти маблағи воридгардидаи алимент ба даст меояд, барои таъминоти кӯдакон дар ин муассисаҳо истифода мешавад. Ҳангоми муассисаи мазкурро тарк кардани кӯдак, маблағи алименти барои ӯ гирифташуда ва панҷоҳ фоизи даромад аз муомилоти он дар шӯъбаи бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисоби шахсии кӯдак гузаронида мешавад.
Моддаи 85. Ҳуқуқи фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнат ба алимент
1. Волидон вазифадоранд, ки фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати ба кӯмак эҳтиёҷманди худро таъмин намоянд.
2. Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи пардохти алимент суд ҳаҷми алиментро, ки барои кӯдакони болиғи ғайри қобили меҳнат ҳар моҳ бо пули устувор ситонида мешаванд, бо назардошти вазъи моддию оилави ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо муайян менамояд.
Моддаи 86. Ҳуқуқи фарзандони болиғи таҳсилкунанда ба алимент
1. Суд метавонад барои фарзандони ба синни балоғат расида, ки донишҷӯёни таҳсили рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни бистсолаги ва бистучорсолаги расиданашон аз волидон алимент ситонад , .
2. Андозаи алименти ҳар моҳ бо пули устувор ситонидашаванда аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилави ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо муайян карда мешавад.
Моддаи 87. Иштироки волидон дар хароҷоти иловаги барои фарзандон
1. Дар сурати мавҷуд набудани созишнома ва дар ҳолатҳои истиснои (бемории вазнин, маиб шудани кӯдакони ноболиғ ё болиғи ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд, зарурати пардохти маблағ ба бегонагон барои нигоҳубин ва ғайра) ҳар яке аз волидон аз ҷониби суд барои иштирок намудан дар хароҷоти иловаги вобаста ба чунин ҳолатҳо ҷалб шуданаш мумкин аст.
Тартиби иштироки ҳар кадоме аз волидонро дар хароҷоти иловаги аз тарафи суд, бо назардошти вазъи модди ва оилавии волидону фарзандон ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо бо маблағи устуворе, ки бояд ҳар моҳ пардохта мешавад, муайян мегардад.
2. Суд ҳуқуқ дорад волидонро барои иштирок намудан дар хароҷоти иловагии воқеан суратгирифта ва ҳамчунин хароҷоти иловагие, ки бояд дар оянда сурат гирад, вазифадор созад.
Моддаи 88. ӯҳдадории фарзандони болиғ барои нигоҳубини волидон
1. Фарзандони болиғи қобили меҳнат ӯҳдадоранд, ки волидони ғайри қобили меҳнати ба кӯмак мӯҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.
2. Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент барои волидони ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷ, аз фарзандони болиғи қобили меҳнат барои онҳо ба тартиби суди алимент ситонида мешавад.
3. Андозаи алименте, ки ҳар моҳ аз ҳар фарзанд ба тартиби суди ситонида мешавад, аз тарафи суд бо назардошти вазъи модди ва оилавии волидону фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо бо маблағи устувор муайян карда мешавад.
4. Бо талаби ҷавобгар суд ҳангоми муайян намудани андозаи алимент ҳамаи фарзандони болиғи қобили меҳнати падар ё модари мазкурро, сарфи назар аз он, ки талабот нисбати ҳамаи фарзандон ё танҳо ба як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод гардидааст, бояд баҳисоб гирад .
5. Фарзандон аз ӯҳдадориҳои таъмини волидони ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷи худ озод буда метавонанд, агар суд муқаррар созад, ки волидон аз иҷрои вазифаҳои падарию модарии худ саркаши мекарданд.
Фарзандон аз пардохти алимент ба волидоне, ки аз ҳуқуқи падару модари маҳрум гардидаанд, озод карда мешаванд.
Моддаи 89. Иштироки фарзандони болиғ дар пардохтани хароҷоти иловаги барои волидон
1. Дар ҳолатҳое, ки фарзандони болиғ нисбати волидони ғайри қобили меҳнат ғамхори накунанд ва дар ҳолатҳои истиснои (бемории вазнин, маибшавии волидон, зарурати пардохти маблағи нигоҳубин барои бегонагон ва ғайра) суд метавонад фарзандони болиғи қобили меҳнатро барои иштирок намудан дар пардохтани хароҷоти иловагие, ки вобаста ба ин ҳолатҳо ба миён омадаанд, ҷалб намояд.
2. Андоза ва тартиби пардохти хароҷоти иловаги аз ҷониби ҳар фарзанди болиғи қобили меҳнат аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии волидон ва фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо, бо риояи қоидаҳои қисмҳои 4 ва 5 моддаи 88 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
3. Тартиби пардохти хароҷоти иловаги ва андозаи ин хароҷотро бо созишномаи тарафҳо муайян кардан мумкин аст.
БОБИ 14. ӯҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ ЗАНУ ШАВҲАР ВА ЗАНУ ШАВҲАРИ СОБИҚ
Моддаи 90. Вазифаи зану шавҳар дар бобати таъминоти якдигар
1. Зану шавҳар вазифадоранд якдигарро аз ҷиҳати модди дастгири намоянд.
2. Дар сурати саркаши намудан аз чунин дастгири ва набудани созишнома оид ба пардохти алимент дар байни зану шавҳар инҳо ҳуқуқ доранд аз ҳамсари худ, ки барои ин мақсад маблaғи зарури дорад, ба тартиби суди пардохти алиментро талаб кунанд:
- зан ё шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд;
- зан дар давраи ҳомиладори ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умуми;
- зан ё шавҳари мӯҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ҳаждаҳсола ё фарзанди умумии маъюби модарзоди гурӯҳи якумро нигоҳубин мекунад.
Моддаи 91. Ҳуқуқи зан ё шавҳари собиқ барои гирифтани алимент пас аз бекор кардани ақди никоҳ
1. Шахсони зерин ҳуқуқ доранд ба тартиби суди аз зан ё шавҳари собиқи худ, ки маблағи заруриро доранд алимент талаб кунанд:
- зани собиқ дар давраи ҳомиладори ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умуми;
- зан ё шавҳари собиқи мӯҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ба синни ҳаждаҳсолаги расидан ва фарзанди умумии маъюби модарзоди гурӯҳи якумро нигоҳубин мекунад;
- зан ё шавҳари собиқи ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷе, ки қобилияти меҳнатро то бекор кардани никоҳ ё дар давоми як соли пас аз бекор кардани никоҳ аз даст додааст;
- зан ё шавҳари мӯҳтоҷе, ки на дертар аз панҷ соли пас аз лаҳзаи бекор кардани ақди никоҳ ба синни нафақа расидааст, агар зану шавҳар дар муддати панҷ сол дар ақди никоҳ буда бошанд.
2. Андозаи алимент ва тартиби ба ҳамсари собиқ пардохтани онро пас аз лахзаи бекор кардани никоҳ тибқи созишномаи байни зан ва шавҳари собиқ муайян кардан мумкин аст.
Моддаи 92. Андозаи алименте, ки тибқи тартиби суди барои таъминоти зану шавҳар ва зану шавҳари собиқ ситонида мешавад
Дар сурати мавҷуд набудани созишнома байни зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) оиди пардохти алимент андозаи алименте, ки ба тартиби суди ҳар моҳ барои таъминоти зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ситонида мешавад, аз тарафи суд дар шакли маблағи устувор бо назардошти вазъи моддию оилавии зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо муайян мегардад.
Моддаи 93. Аз ӯҳдадории таъмини ҳамсари худ озод намудани зан (шавҳар) ё маҳдуд кардани мӯҳлати ӯҳдадори
Суд метавонад зан ё шавҳарро ҳам дар давраи никоҳ ва ҳам пас аз бекор кардани он дар ҳолатҳои зерин аз ӯҳдадории таъмини ҳамсари худ озод кунад ё мӯҳлати ин ӯҳдадориро ба таври муайян маҳдуд созад:
- агар корношоямии зан ё шавҳари мӯҳтоҷ дар натиҷаи суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда ё қасдан ҷиноят содир намудани ӯ ба амал омада бошад ;
- агар хонадории зану шавҳар камтар аз панҷ сол давом карда бошад;
- агар зан ё шавҳаре, ки пардохти алиментро талаб мекунад дар оила рафтори ношоиста дошта бошад.
Моддаи 94. Қатъ гардидани ҳуқуқи таъминоти ҳамдигарии зан ё шавҳар
Ҳуқуқи зан ё шавҳар барои гирифтани таъминот (алимент) аз ҳамсари худ дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:
- агар зан ё шавҳари мӯҳтоҷи корношоям вафот кунад;
- агар шартҳое, ки мутобиқи моддаҳои 90 ва 91 ҳамин Кодекс барои гирифтани алимент асос буданд, аз миён бардошта шаванд;
- агар зан ё шавҳари мӯҳтоҷи корношоям аз нав хонадор шуда бошад.
БОБИ 15. ӯҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ АЪЗОИ ДИГАРИ ОИЛА
Моддаи 95. ӯҳдадории бародарону хоҳарон оиди таъминоти бародарону хоҳарони ноболиғ ва болиғи корношоями худ
Бародарону хоҳарони ноболиғи мӯҳтоҷи ёри дар сурати аз волидони худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд, ба тартиби суди аз бародарону хоҳарони болиғи қобили меҳнати худ, ки маблағи заруриро доранд, алимент гиранд. Чунин ҳуқуқ инчунин ба бародарону хоҳарони корношоями болиғи мӯҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо аз фарзандони болиғи худ зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ё волидонашон таъминотпули гирифта натавонанд.
Моддаи 96. ӯҳдадории бобою биби (модаркалон) оид ба таъминоти набераҳои худ
Набераҳои ноболиғи мӯҳтоҷи ёри дар сурати аз волидони худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби суди аз бобою бибии (модаркалони) худ, ки дорои маблағи зарури мебошанд, алимент гиранд.
Чунин ҳуқуқ инчунин ба наберагони корношоями болиғи мӯҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо аз ҳамсар (ҳамсари собиқ) ё волидонашон таъминот гирифта натавонанд.
Моддаи 97. ӯҳдадориҳои набера оид ба таъминоти бобою биби (модаркалон)
Бобою бибии (модаркалони) мӯҳтоҷи корношоям дар сурати аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби суди аз наберагони болиғи қобили меҳнати худ, ки дорои маблағи зарури мебошанд, алимент талаб кунанд.
Моддаи 98. ӯҳдадории писарандар ва духтарандар оиди таъминоти падарандар ва модарандар
1. Падарандар ва модарандари корношоями мӯҳтоҷе, ки писарандар ва духтарандари худро тарбия ва нигоҳубин кардаанд, агар онҳо аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ таъминот гирифта натавонанд, ҳуқуқ доранд аз писарандар ё духтарандари болиғи қобили меҳнат, ки маблағи зарури доранд, ба тартиби суди таъминот талаб намоянд.
2. Суд ҳуқуқ дорад писарандар ва духтарандарро аз вазифаи таъмин кардани падарандар ё модарандар озод кунад, агар падарандар ё модарандар онҳоро на камтар аз се сол тарбия ва таъмин карда бошанд, инчунин агар онҳо ӯҳдадориҳои худро вобаста ба тарбияи писарандар ва духтарандар номатлуб анҷом дода бошанд.
Моддаи 99. Андозаи алименте, ки барои аъзои дигари оила ба тартиби суди ситонида мешавад
1. Андоза ва тартиби пардохти алимент барои шахсоне, ки дар моддаҳои 95-98 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, тибқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешаванд.
2. Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи тарафҳо андозаи алимент, ки барои таъмини аъзои оилаи дар ҳамин боб зикргардида ба тартиби суди ситонида мешавад, аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии пардохткунанда ва гирандаи алимент ва манфиатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо дар шакли маблағи устувори ҳар моҳ пардохтшаванда муқаррар карда мешавад.
3. Агар барои таъмини аъзои оила, ки алимент талаб мекунад, ҳамзамон якчанд нафар ӯҳдадор бошанд, он гоҳ суд бо назардошти вазъи моддию оилавии онҳо андозаи иштироки ҳар яки онҳоро дар иҷрои ӯҳдадории алиментдиҳи муайян менамояд. Бо талаби ҷавобгар суд вазифадор аст, ки ҳамаи шахсонеро ки барои пардохтани алимент ӯҳдадоранд, ба ҳисоб гирад, сарфи назар аз он ки даъво нисбати ҳамаи ин шахсон ё фақат як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод шудааст.
БОБИ 16. СОЗИШНОМАИ ПАРДОХТИ АЛИМЕНТ
Моддаи 100. Бастани созишномаи пардохти алимент
Созишномаи пардохти алимент (андоза, шарт ва тартиби пардохти алимент) дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад, ва дар сурати ғайриқобили амал будани шахсе, ки вазифадор аст алимент супорад ва (ё) гирандаи алимент - дар байни намояндагони қонунии онҳо, баста мешавад. Шахсони қобилияти амалашон маҳдуд созишномаи пардохти алиментро бо розигии намояндагони қонуниашон имзо мекунанд.
Моддаи 101. Шакли созишномаи пардохти алимент
1. Созишномаи пардохти алимент дар шакли хатти баста шуда, аз тарафи идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ карда мешавад .
Риоя накардани шакли созишномаи пардохти алимент, ки қонун муқаррар кардааст, боиси оқибатҳое мегардад, ки меъёрҳои қонунгузории граждани пешбини намудааст.
2. Созишномаи пардохти алимент, ки нотариат тасдиқ намудааст, дорои эътибори варақаи иҷро мебошад.
Моддаи 102. Тартиби бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент
1. Бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент аз рӯи меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ки бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани аҳдҳои гражданию ҳуқуқи тавассути онҳо танзим мегарданд.
2. Созишномаи пардохти алимент ҳар гоҳ бо мувофиқаи тарафҳо тағйир дода ё бекор шуда метавонад. Тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба ҳамон шакле, ки шартномаи пардохти алимент баста шудааст, бояд сурат гирад.
3. Якҷониба иҷро накардани созишномаи пардохти алимент ё якҷониба тағйир додани шартҳои он мумкин нест.
4. Дар сурати ҷидди тағйир ёфтани вазъи модди ё оилавии тарафҳо ва ҳангоми тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба мувофиқа нарасидани тарафҳо тарафи манфиатдор ҳуқуқ дорад дар хусуси тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба суд даъво пешниҳод кунад. Ҳангоми баррасии масъалаи тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент суд ҳуқуқ дорад ҳама гуна манфиати қобили таваҷҷӯҳи тарафҳоро ба инобат гирад.
Моддаи 103. Беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент, ки манфиатҳои алиментгирандаро поймол мекунад
Агар шарти пешбининамудаи созишномаи пардохти алимент оид ба таъминоти кӯдакони ноболиғ ё аъзои болиғи ғайриқобили амали оила манфиати онҳоро поймол кунад, аз ҷумла дар ҳолатҳои риоя накардани талаботи қисми дуюми моддаи 104 ҳамин Кодекс чунин созишномаро мувофиқи талаби намояндаи қонунии кӯдаки ноболиғ ё кӯдаки аъзои болиғи ғайриқобили амали оила, инчунин мақоми васояту парастори ё прокурор ба тартиби суди беэътибор донистан мумкин аст.
Моддаи 104. Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад
1. Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, аз ҷониби тарафҳо дар ин созишнома муайян карда мешавад.
2. Андозаи алименте, ки мувофиқи созишномаи пардохти алимент барои кӯдакони ноболиғ муқаррар карда мешавад, аз андозаи алименте, ки онҳо ҳангоми ба тартиби суди ситонидани алимент гирифта метавонистанд (моддаи 81 ҳамин Кодекс) камтар буда наметавонад.
Моддаи 105. Усул ва тартиби пардохти алимент тибқи созишномаи пардохти алимент
1. Усул ва тартиби пардохти алимент тибқи созишномаи пардохти алимент, тавассути ҳамин созишнома муайян карда мешавад.
2. Алимент ҳамчун ҳисса аз маош ва (ё) дигар даромади шахсе, ки бояд алимент супорад, бо маблағи устувори пули вақт-вақт ё якдафъаина, бо усули додани молу мулк ва дигар усулҳо, ки дар бораи он созиш баста шудааст, пардохта шуда метавонад .
Дар созишномаи пардохти алимент якчанд усулҳои пардохти алиментро пешбини намудан мумкин аст.
Моддаи 106. Индексацияи андозаи алимент, ки тибқи созишномаи пардохти алимент сурат мегирад
Индексацияи андозаи алимент, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, мувофиқи ҳамин созишнома сурат мегирад. Агар дар созишномаи пардохти алимент тартиби дигари индексатсияи андозаи алимент пешбини нашуда бошад, индексация мутобиқи моддаи 118 ҳамин Кодекс сурат мегирад .
БОБИ 17. ТАРТИБИ ПАРДОХТ ВА СИТОНИДАНИ АЛИМЕНТ
Моддаи 107. Бо ҳалномаи суд ситонидани алимент
Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент аъзои оилаи дар ҳамин фасли Кодекс зикргардида ҳуқуқ доранд, ки бо талаби ситонидани алимент ба суд муроҷиат намоянд.
Моддаи 108. Мӯҳлати муроҷиат барои гирифтани алимент
1. Шахсе, ки барои гирифтани алимент ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз мӯҳлате, ки аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқи алиментгири гузаштааст, метавонад дар хусуси ситонидани алимент ба суд бо ариза муроҷиат кунад.
2. Алимент барои давраи баъди муроҷиат намудан ба суд муқаррар карда мешавад. Алимент барои давраи гузашта метавонад дар ҳудуди мӯҳлати сесола аз лаҳзаи муроҷиат кардан ба суд ситонида шавад, агар суд муқаррар кунад, ки то муроҷиат кардан ба суд барои гирифтани таъминот саъю кӯшиш карда шудааст, вале бинобар сабаби саркашии шахси алиментдиҳанда аз пардохти он, алимент гирифта нашудааст.
Моддаи 109. Мувақаттан ситонидани алимент
1. Аз рӯи парвандаҳо дар бораи ситонидани алимент суд ҳуқуқ дорад, ки то эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи ситонидани алимент ва дар сурати барои кӯдакони ноболиғ ситонидани алимент - то қабул гардидани ҳалнома дар бораи ситонидани алимент оиди мувақаттан ситонидани алимент қарор барорад.
2. Андозаи алименти муваққатан ситонидашавандаро суд бо назардошти вазъи модди ё оилавии тарафҳо муайян менамояд. Андозаи алименти муваққатан барои таъминоти кӯдакони ноболиғ ситонидашаванда мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
Моддаи 110. ӯҳдадории маъмурияти ташкилот дар бораи доштани алимент
Маъмурияти ташкилоти ҷои кори шахсе, ки ӯҳдадор аст алимент диҳад, вазифадор мебошад, ки дар асоси созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқшудаи тарафҳо ё варақаи иҷро ҳар моҳ аз музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда, ки ӯҳдадор аст алимент супорад, ё аз ҳисобномаи шахси алиментдиҳанда на дертар аз се рӯзи пас аз санаи ба алиментдиҳанда додани музди меҳнат ва (ё) даромади дигари вай алиментро нигоҳ дошта, ба шахси алиментгиранда супорад.
Моддаи 111. Нигоҳ доштани алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент
Нигоҳ доштани алимент дар асоси созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқшуда оид ба пардохти алимент дар ҳолатҳое сурат мегирад, ки агар маблағи умумии нигоҳдошташаванда дар асоси созишнома ва варақаҳои иҷро аз панҷоҳ фоизи маош ва (ё) дигар даромади шахси алиментдиҳанда бештар бошад.
Моддаи 112. ӯҳдадории додани маълумот дар хусуси тағйири ҷои кори шахси алиментдиҳанда
1. Маъмурияти ташкилоте, ки бо ҳалномаи суд ё созишномаи аз ҷониби нотариат тасдиқшудаи пардохти алимент алиментро нигоҳ медошт, вазифадор аст, ки дар муддати се рӯз ба иҷрочии суди маҳали иҷрои ҳалнома дар бораи ситонидани алимент ва ба шахси алиментгиранда дар хусуси аз кор озод шудани шахси алиментдиҳанда ва агар маълум бошад, дар хусуси ҷои нави кор ё истиқомати ӯ хабар диҳад.
2. Шахсе, ки барои додани алимент ӯҳдадор аст, бояд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ба иҷрочии суд ва ба алиментгиранда дар хусуси дигар шудани ҷои кор ё истиқоматаш ва дар сурати додани алимент ба кӯдакони ноболиғ инчунин дар хусуси музди кор ё даромади дигари иловаги хабар диҳад.
3. Дар сурати бо сабабҳои беасос хабар надодани маълумоти дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардида, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони дигаре, ки дар ин кор гунаҳгоранд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 113. Ситонидани маблағ аз ҳисоби молу мулки алиментдиҳанда ҳангоми додани алимент
1. Алимент ба андозаи муқаррарнамудаи созишномаи пардохти алимент ё ҳалномаи суд, инчунин қарзи пардохти алимент аз ҳисоби музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда ситонида мешавад, вале дар сурати кам будани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, алимент аз ҳисоби маблағи алиментдиҳанда, ки дар ҳисобномаҳояш дар бонкҳо ё муассисаҳои дигари кредити мебошанд, инчунин аз маблағҳои тибқи қарордод дар ташкилотҳои тиҷоратию ғайритиҷорати гузошта шудаанд, ба ғайр аз қарордодҳое, ки боиси гузаштани ҳуқуқи моликият мегардад, ситонида мешавад.
Дар сурати нокифоя будани ин маблағ алимент аз ҳисоби ҳама гуна молу мулки алиментдиҳанда, ки мувофиқи қонун аз ҳисоби он маблағ ситонидан мумкин аст, ситонида мешавад .
2. Ситонидани алимент аз ҳисоби маблағи дар ҳисобномаҳо будаи алиментдиҳанда ва молу мулки дигари ӯ мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
Моддаи 114. Муайян намудани қарзи вобаста ба алимент
1. Алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент ё дар асоси варақаи иҷро барои мӯҳлати гузашта то давраи се сола ситонида мешавад, ки то пешниҳоди варақаи иҷро ё созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқгардидаи тарафҳо барои ситонидани алимент гузаштааст.
2. Дар ҳолатҳое, ки алимент дар асоси варақаи иҷро ё созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқгардидаи тарафҳо оид ба ситонидани алимент бо айби шахсе, ки ӯҳдадор аст алимент супорад, пардохта нашуда бошад, алимент сарфи назар аз мӯҳлати сесолаи дар қисми 2 моддаи 108 ҳамин Кодекс муқарраргардида барои тамоми давра ситонида мешавад.
3. Андозаи қарзро иҷрочии суд дар асоси андозаи алименти бо ҳалномаи суд ё созишномаи пардохти алимент таъиншуда муайян менамояд.
4. Андозаи қарзи алименти мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс барои кӯдаки ноболиғ додашаванда бо назардошти музди воқеии меҳнат ва даромади дигари қарздор дар давоми даврае, ки алимент ситонида нашудааст, муайян карда мешавад. Агар қарздор дар ин давра кор накарда бошад ё асноди тасдиқкунандаи музди меҳнат ва даромади дигари ӯ пешниҳод нагарданд, қарз дар асоси музди миёнаи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаи ситонидани қарз муайян карда мешавад.
5. Агар чунин муайянкунии қарз манфиати яке аз тарафҳоро ҷидди поймол кунад, тарафе, ки манфиаташ поймол шудааст, ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд ва суд метавонад бо назардошти вазъи модди ё оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷӯҳ қарзро бо маблағи устувори пули муайян кунад.
6. Ҳангоми рози набудан бо муайянкунии қарзи алимент аз ҷониби иҷрочии суд ҳар яке аз тарафҳо метавонад тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амали иҷрочии суд шикоят кунад .
Моддаи 115. Озод кардан аз додани қарзи алимент
1. Ҳангоми додани алимент барои кӯдакони ноболиғ бо мувофиқаи тарафҳо озод кардан аз пардохти қарз ё кам кардани он мумкин нест.
2. Суд ҳуқуқ дорад бо даъвои алиментдиҳанда ӯро пурра ё қисман аз пардохти қарзи алимент озод намояд, агар муқаррар кунад, ки қарз бо сабаби бемории ин шахс ё бо дигар сабабҳои узрнок пардохта нашудааст ва вазъи моддию оилавии ӯ имконият намедиҳад, ки қарзашро пӯшонад.
Моддаи 116. Масъулият барои сари вақт напардохтани алимент
1. Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки ӯҳдадор аст тибқи созишномаи пардохти алимент алимент супорад, шахси гунаҳгор мувофиқи тартиби пешбининамудаи ҳамин созишнома ҷавобгар мебошад.
2. Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки тибқи ҳалномаи суд бояд алимент супорад, шахси гунаҳгор ба алиментгиранда аз маблағи напардохтаи алимент барои ҳар рӯзи гузаронидашуда дар ҳаҷми 0,1 фоиз ҷаримаи аҳдшикани месупорад
Алиментгиранда инчунин ҳуқуқ дорад аз гунаҳгоре, ки ба пардохти алимент ӯҳдадор аст, барои сари вақт напардохтани алимент тамоми зарареро, ки вобаста ба сари вақт анҷом надодани ӯҳдадориҳои пардохти алимент дар қисми ҷаримаи аҳдшикани расонида шудааст, ситонад.
Моддаи 117. Нораво будани ба ҳисоб гирифтан ва пас талаб карда руёнидани алимент
1. Пардохтҳои алименти аз ҳисоби талаботи дигари мутақобила сурат гирифта наметавонад.
2. Пас талаб карда гирифтани маблағи пардохташудаи алимент, мумкин намебошад ба истиснои ҳолатҳои зерин:
- бекор кардани ҳалномаи суд ба сабаби маълумоти бардурӯғ ё асноди қалбакиро пешниҳод кардани шахси алиментгиранда ;
- беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент дар сурати бо роҳи фиреб, таҳдид ё зӯроварии алиментгиранда ба имзо расонидани он;
- бо ҳукми суд ошкор гардидани далели сохтакории ҳалномаи, созишномаи пардохти алимент ё варақаи иҷро, ки дар асоси онҳо алимент пардохта шудааст.
3. Агар кирдори дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида аз ҷониби намояндаи кӯдаки ноболиғ ё аъзои болиғи ғайри қобили амали алиментгиранда содир шуда бошад, алимент пас талаб карда гирифта намешавад ва маблағи пардохтшудаи алимент тибқи даъвои шахси барои пардохти алимент ӯҳдадоршуда аз намояндаи гунаҳгор ситонида мешавад.
Моддаи 118. Индексацияи пардохтҳои алимент
1. Маблағи алименти бо ҳалномаи суд дар шакли пули устувор ситонидашаванда аз ҷониби маъмурияти ташкилоти маҳали нигоҳ доштани алимент мутаносибан бо зиёдшавии андозаи ҳадди ақалли музди меҳнати тибқи қонун муқарраргардида индексация карда мешавад.
2. Ба мақсади индексатсияи пардохти алимент суд метавонад андозаи алиментро бо маблағи устувори пули, ки ба андозаи муайяни ҳадди ақали музди меҳнат мувофиқ аст, муқаррар намояд .
Моддаи 119. Пардохти алимент дар сурати барои сукунати доими ба давлати дигар рафтани алиментдиҳанда
1. Шахсоне, ки барои сукунати доими ба давлате мераванд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байналмилалии пешбиникунандаи эътирофи мутақобила ва иҷрои ҳалномаҳои судро дар хусуси ситонидани алимент ба имзо нарасонидааст, вазифадоранд бо аъзои оилаашон дар бораи пардохти алимент созишномаи хатти ба имзо расонанд ва он бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ арда шавад .
2. Дар сурати ҳосил нашудани мувофиқа, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат карда, дар шакли маблағи устувор муайян намудани алимент ва пардохти яквақтаи алимент ё ба ҳисоби маблағи алимент додани молу мулки мушаххас ё бо тариқи дигар додани алиментро талаб намояд .
Моддаи 120. Тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз додани алимент
1. Агар ҳангоми набудани созишномаи тарафҳо оид ба пардохти алимент баъди тибқи тартиби суди муқаррар намудани андозаи алимент вазъи модди ва оилавии алиментдиҳанда ё алиментгиранда тағир ёфта бошад, суд ҳуқуқ дорад бо талаби ҳар яки онҳо андозаи муқарраргардидаи алиментро кам кунад ё алиментдиҳандаро аз додани он озод намояд. Ҳангоми тағйир додани андозаи алимент ё озод кардан аз додани он суд метавонад инчунин ҳар гуна манфиати дигари қобили таваҷҷӯҳи тарафҳоро ба инобат гирад.
2. Агар муқаррар гардад, ки шахси ба балоғатрасидаи қобили амал нисбати шахси барои додани алимент ӯҳдадоршуда қасдан ҷиноят содир кардааст ё ҳангоми рафтори ношоистаи аъзои болиғи қобили амал дар оила суд метавонад ситонидани алиментро барои шахси болиғи қобили амал рад намояд.
Моддаи 121. Қатъ гардидани ӯҳдадориҳои алимент
1. ӯҳдадориҳои алименти, ки тибқи созишномаи пардохти алимент муқаррар карда шудаанд, бо фавти яке аз тарафҳо, гузашти мӯҳлати амали ҳамин созишнома ё тибқи дигар асосҳои пешбининамудаи ҳамин созишнома қатъ мегарданд.
2. Пардохти алименти тибқи тартиби суди ситонидашаванда дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
- дар сурати ба балоғат расидани кӯдак ё дар ҳолати то ба балоғат расиданашон қобили амал ҳисоб шудани кӯдакони ноболиғ;
- баъди фарзандхонди шудани кӯдаке, ки барои таъминоти ӯ алимент ситонида мешуд;
- пас аз таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ хатм кардани кӯдакони ба балоғатрасида ё ба синну соли дар моддаи 86 ҳамин Кодекс муқарраргардида расидани онҳо ;
- ҳангоми аз ҷониби суд эътироф гардидани барқарор шудани қобилияти меҳнати ё қатъи мӯҳтоҷии алиментгиранда;
- дар сурати аз нав никоҳ кардани зан ё шавҳари собиқи мӯҳтоҷи корношоями алиментгиранда (моддаи 94 ҳамин Кодекс) ;
- вафот кардани шахси алиментгиранда ё шахсе, ки ба додани алимент ӯҳдадор аст.
ФАСЛИ VI. ШАКЛҲОИ ТАРБИЯИ КӯДАКОНЕ, КИ БЕ ПАРАСТОРИИ ВОЛИДОН МОНДААНД
БОБИ 18. ОШКОР ВА ҶОБАҶОКУНИИ КӯДАКОНЕ, КИ БЕ ПАРАСТОРИИ ВОЛИДОН МОНДААНД
Моддаи 122. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд
1. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дар ҳолатҳои фавти волидон, аз ҳуқуқи падару модари маҳрум кардани онҳо, маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модари, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо, бемори ва муддати тӯлони ғайриҳозир будани волидон, саркашии волидон аз тарбияи фарзандон ё аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, аз ҷумла ҳангоми аз ҷониби волидон рад кардани гирифтани кӯдакони худ аз муассисаҳои тарбияви, муассисаҳои табобати ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, инчунин ҳолатҳои дигари набудани парастории волидон, ба зимаи мақомоти васояту парастори гузошта мешавад.
Мақомоти васояту парастори кӯдаконеро, ки бе парастории волидон мондаанд, ошкор намуда, баҳисобгирии онҳо ва бо назардошти ҳолатҳои мушаххаси маҳрум шудан аз парастории волидон усули ҷобаҷосозии кӯдакони бе парастории волидон мондаро (моддаи 124 ҳамин Кодекс) интихоб менамоянд ва ҳамчунин назорати минбаъдаи шароити таъминот, тарбия ва таълими онҳоро амали менамоянд.
Ба ғайр аз мақомоти васояту парастори ба дигар шахсони ҳуқуқи ва воқеи барои ошкор намудан ва ҷобаҷокунии кӯдакони бе парастории волидон монда, иҷозат дода намешавад.
2. Мақомоти васояту парастори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Масъалаҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли барои амали намудани васояту парастории кӯдакони бе парастории волидон монда аз ҷониби мақомоти зикргардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ", Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ,
Моддаи 123. Ошкоркуни ва баҳисобгирии кӯдакони бе парастории волидон монда
1. Шахсони мансабдори муассисаҳо (муассисаҳои таълимии томактаби, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умуми, муассисаҳои табобати ва дигар муассисаҳо) ва дигар шаҳрвандоне, ки оид ба кӯдакони дар қисми 1 моддаи 122 ҳамин Кодекс зикргардида маълумот доранд, ӯҳдадоранд ба мақомоти васояту парастории маҳали воқеии зисти кӯдакон хабар диҳанд .
Мақоми васояту парастори дар мӯҳлати се рӯз аз лаҳзаи гирифтани чунин хабар ӯҳдадор аст шароити зисти кӯдакро санҷида, дар сурати муқаррар намудани далели аз парастории волидон ё хешу ақрабо маҳрум будани ӯ, то ҳал гардидани масъалаи ҷобаҷокунии кӯдак ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯро таъмин намояд.
2. Роҳбарони муассисаҳои тарбияви, муассисаҳои табобати, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, ки дар онҳо кӯдакони бе парастории волидон монда ҷойгир карда шудаанд, вазифадоранд дар мӯҳлати ҳафт рӯз аз рӯзи барояшон аён гардидани он, ки кӯдак метавонад барои тарбия ба оила супурда шавад, дар ин бора ба мақоми васояту парастории маҳали ҷойгиршавии муассисаи мазкур хабар диҳанд.
3. Барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, барои дидаю дониста пешниҳод намудани маълумоти бардурӯғ, инчунин барои дигар кирдоре, ки ҷиҳати пинҳон кардани кӯдак аз супоридан ба тарбияи оила нигаронида шудааст, роҳбарони муассисаҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида ва мақомоти васояту парастори тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.
4. Тартиби ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад
Моддаи 124. Ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд
1. Кӯдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд, бояд барои тарбия ба оила (барои фарзандхонди), тaҳти васоят (парастори) супурда шаванд ва дар сурати мавҷуд набудани чунин имконият тибқи шартнома барои тарбия ба оилаҳои (мураббии) парастор дода шаванд ё дар муассисаҳои кӯдакони ятим ё ҳар навъи муассисаҳо барои кӯдакони бе парастории волидон монда (муассисаҳои тарбияви, муассисаҳои табобати, ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва дигар муассисаҳои ба ин монанд) ҷойгир карда шаванд .
Ҳангоми ҷобаҷо намудани кӯдак бояд баромади этникии кӯдак, мансубияти мазҳаби ва фарҳанги, забони модари, имконияти таъмини идомати тарбия ва таълим ба назар гирифта шавад.
2. То лаҳзаи дар оила ё дар муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд, иҷрои вазифаи ваcи (парастор) муваққатан ба зиммаи мақоми васояту парастори гузошта мешавад.
БОБИ 19. ФАРЗАНДХОНДИ
Моддаи 125. Кӯдаконе, ки онҳоро ба фарзандхондӣ қабул кардан мумкин аст
1. Фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кӯдакони бепарастории падару модармонда мебошад.
2. Фарзандхондӣ нисбати кӯдакони ноболиғ танҳо ба манфиати онҳо бо риояи талаботи моддаи 124 Кодекси мазкур, ҳамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак иҷозат дода мешавад.
3. Фарзандхондии бародарону хоҳарон аз ҷониби шахсони гуногун, ба истиснои ҳолатҳое, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак мебошад, иҷозат дода намешавад .
Моддаи 126. Тартиби ба фарзандхонди қабул кардан
1. Фарзандхонди дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзанди қабул кардан мехоҳанд, аз тарафи суд расми карда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус барраси менамояд.
Парвандаҳои фарзандхонди дар суд бо иштироки мақомоти васояту парастори ва прокурор барраси мегардад .
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби худ ба суди маҳали истиқомати кӯдаки ба фарзандхонди қабулшаванда ё ба суди маҳали истиқомати худ барои ба фарзандхонди гирифтани кӯдак ариза медиҳанд.
3. То аризаи фарзандхондиро барраси намудани суд мақомоти васояту парастори вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхонди қабул кардани кӯдакро дорад, санҷида, муайян кунанд, ки фарзандхонди ба манфиати кӯдак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае ҳаст, инчунин муносибати кӯдак ба фарзандхонди ва фикри ӯро барои ба фарзандхонди қабул шуданаш муайян намуда, хулосаҳояшонро дар хусуси имконияти фарзандхонди ба суд пешниҳод намоянд.
Мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадоранд ба шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул мекунанд, дар бораи саломатии кӯдак маълумот диханд .
4. Тартиби пешниҳоди хулосаи мақомоти васояту парасторӣ ва номгӯи маълумоти онро Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ муайян мекунад
5. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фарзандхонда ва фарзандхондишуда аз лаҳзаи эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхонди оғоз меёбад.
Фарзандхонд шудани кӯдак бояд мувофиқи тартибе, ки барои сабти асноди ҳолати шаҳрванди муқаррар гардидааст, дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди ба қайди давлати гирифта шавад.
Суд вазифадор аст, ки дар давоми се рӯзи баъди эътибори қонуни пайдо кардани ҳалнома дар бораи фарзандхонди ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли қабули ҳалнома иқтибоси ин ҳалномаро фиристад.
Моддаи 126(1). Манъ будани фаъолияти миёнаравӣ дар фарзандхондии кӯдак
1. Фаъолияти миёнаравӣ оид ба фарзанхондии кӯдак, яъне тамоми фаъолияти шахсони дигар бо мақсади интихоб кардан ва додани кӯдак барои фарзандхондӣ аз ном ва ба манфиати шахсоне, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдакро доранд, манъ мебошад.
2. Фаъолияти мақомоти васояту парасторӣ оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда, барои ошкоркунӣ ва ҷобаҷокунии кӯдакони бе парастории падару модармонда фаъолияти миёнаравӣ ба ҳисоб намеравад ва мақсади ба даст даровардани фоидаро надорад.
3. Ҷавобгарӣ барои фаъолияти миёнаравӣ тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
Моддаи 127. Шахсоне, ки ҳуқуқи ба фарзандхонди қабул карданро доранд
1. Ба фарзандхондӣ қабул кардан танҳо аз тарафи шаҳрвандони ба балоғатрасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шахсони зерин сурат мегирад :
- шахсоне, ки ҷои муайяни истиқомат надоранд;
- шахсоне, ки ҳангоми фарзандхондӣ барои содир кардани ҷинояти қасдона доғи судӣ доранд;
- шахсоне, ки суд барои содир намудани ҷиноят нисбати онҳо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъин кардааст ;
- шахсоне, ки бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноят якумра аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти омӯзгорӣ ва ё ишғоли мансабҳое, ки бо кор бо ноболиғон вобастагӣ доранд, маҳрум карда шудаанд ;
- шахсоне, ки суд онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф намудааст;
- зану шавҳаре, ки суд яке аз онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалаш маҳдуд эътироф намудааст;
- шахсоне, ки суд онҳоро аз ҳуқуқи волидон маҳрум сохтааст ё ҳуқуқи волидонро маҳдуд кардааст;
- шахсоне, ки ба сабаби иҷрои ғайриқаноатбахши ӯҳдадориҳои бо қонун ба зиммаашон гузошташуда аз вазифаи васи ё парастори дур карда шудаанд;
- шахсоне, ки қаблан фарзандхонд доштанду вале фарзандхонди бо гуноҳи онҳо аз ҷониби суд бекор карда шудааст;
- шахсоне, ки аз сабаби бемори наметавонанд ҳуқуқи волидонро амали намоянд. Номгӯи бемориҳое, ки дар сурати мубтало будан ба онҳо шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхонди қабул кунад, таҳти васоят (парастори) гирад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
2. Муқаррароти сархати якуми қисми 1 ҳамин модда нисбат ба падарандар ва модарандар татбиқ намегардад
3. Шахсоне, ки байни худ никоҳ надоранд, наметавонанд ҳамон як кӯдакро муштаракан ба фарзандхонди қабул кунанд.
Моддаи 128. Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхонди қабулкунанда ва фарзандхондшаванда
1. Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхонди қабулкунанда, ки оиладор нест ва фарзандхондшаванда бояд аз ҳабдаҳ сол кам набошад .
2. Дар сурати ба фарзандхонди қабул кардани кӯдак аз ҷониби падарандар (модарандар) фарқияти синну соли дар қисми 1 ҳамин модда муқарраргардида зарур нест.
Моддаи 129. Розигии волидон барои фарзандхондии кӯдак
1. Барои фарзандхондии кӯдак розигии волидони кӯдак зарур аст. Дар сурати фарзандхондии кӯдаки волидони ноболиғи ба синни ҳабдаҳсолагӣ нарасида инчунин розигии волидон, васиён ва парасторони онҳо ва дар сурати набудани волидон ё васиён (парасторон) розигии мақоми васояту парастори зарур аст .
Розигии волидон барои фарзандхондии кӯдаконашон бояд дар аризаи тасдиқнамудаи нотариат ё маъмурияти муассисае, ки кӯдаки бе парастории волидон монда дар он қарор дорад, мақоми васояту парастории маҳалли фарзандхонди сурат мегирад ё маҳалли истиқомати волидон ифода ёбад ё бевосита дар суд ҳангоми фарзандхонди баён карда шавад.
2. Волидон ҳуқуқ доранд розигии додаи худро дар бораи ба фарзандхонди додани кӯдакашон то баровардани ҳалномаи суд оид ба фарзандхони бозпас талаб кунанд.
3. Волидон метавонанд барои фарзандхондии кӯдак ба шахси мушаххас ё бе зикр кардани шахси мушаххас розиги диҳанд. Мақомоти васояту парастори дар мавриди мутобиқати фарзандхонди ба манфиати кӯдак хулосаи худро ба суд пешниҳод менамоянд. Дар сурати аз ҷониби падарандари (модарандари) кӯдак ба фарзандхонди қабул кардани ӯ чунин хулоса талаб карда намешавад.
Моддаи 130. Фарзандхондии кӯдак бе розигии волидон
Дар ҳолатҳои зерин розигии волидон барои фарзандхондии кӯдак талаб карда намешавад, агар:
- онҳо маълум набошанд ё суд онҳоро бедарак ғоибшуда эътироф намояд;
- суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф карда бошад;
- суд онҳоро аз ҳуқуқи волидон маҳрум сохта бошад (бо риояи талаботи қисми 6 моддаи 71 ҳамин Кодекс);
- бо сабабҳое, ки суд беасос эътироф намудааст, онҳо зиёда аз шаш моҳ бо кӯдак якҷоя зиндаги накарда, аз тарбия ва таъминоти ӯ саркаши карда бошанд.
Моддаи 131. Розигии васиён (парасторон), роҳбарони муассисаҳое, ки кӯдакони бепарастормонда дар онҷо қарор доранд, барои фарзандхонди
1. Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки таҳти васоят (парастори) қарор доранд, розигии хаттии васии (парастори) онҳо зарур аст.
Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки бе парастории волидон монда, дар муассисаҳои дахлдори тарбиявию тибби, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарор доранд, розигии хаттии роҳбари ин муассиса зарур аст.
2. Суд ҳуқуқ дорад ба манфиати кӯдак бе розигии шахсони дар қисми 1 ҳамин модда тазаккурёфта дар хусуси фарзандхонди ҳалнома қабул намояд.
Моддаи 132. Фикри кӯдаки фарзандхондишуда оиди фарзандхондшави
1. Барои фарзандхонди намудани кӯдаке, ки ба синни даҳсолаги расидааст, фаҳмидани фикри ӯ лозим аст.
2. Агар кӯдак то додани ариза дар бораи фарзандхонд шуданаш дар оилаи шахси ӯро ба фарзандхонди гиранда зиндаги карда, ӯро падар ё модари худ шуморад, фарзандхонди метавонад ба таври истисно, бе назардошти фикри фарзандхондшаванда сурат гирад.
Моддаи 133. Розигии ҳамсари шахсе, ки кӯдакро ба фарзандхонди мегирад
1. Ҳангоми кӯдакро ба фарзандхонди қабул кардани яке аз ҳамсарон, агар кӯдакро зану шавҳар якҷоя ба фарзандхонди қабул накунанд, розигии ҳамсари дигар зарур аст.
2. Агар зану шавҳар муносибатҳои оилавиро қатъ намуда, зиёда аз як сол ҳамроҳ зиндаги накунанд ва ҷои истиқомати ҳамсари дигар маълум набошад, розигии ӯ барои фарзандхонди зарур нест.
Моддаи 134. Ном, номи падар ва насаби кӯдаки фарзандхондшуда
1. Ном, номи падар ва насаби кӯдаки фарзандхондшуда нигоҳ дошта мешавад .
2. Бо хоҳиши шахси фарзандхонда ба фарзандхондшуда фамилияи фарзандхонда, инчунин номе, ки фарзандхонда додааст, гузошта мешавад. Ба кӯдаки фарзандхондшуда номи марди фарзандхондкарда, ҳамчун насаб гузошта мешавад, агар шахси фарзандхондкарда ҷинси зан бошад ба кӯдаки фарзандхондшуда номи касе, ки зан ӯро ба сифати падари кӯдаки фарзандхондшуда зикр намудааст, гузошта мешавад. Агар насаби зану шавҳари фарзандхондкарда гуногун бошад, бо мувофиқаи фарзандхондкардагон ба кӯдаки ба фарзандхонди гирифтаашон насаби яке аз онҳо ё ба тартиби пешбининамудаи моддаи 58 ҳамин Кодекс насаб дода мешавад .
3. Ҳангоми кӯдакро ба фарзандхонди қабул кардани зан (мард), ки дар ақди никоҳ нест, бо хоҳиши ӯ насаб ва номи падар (модар), инчунин номи падари (модари) кудаки фарзандхондшуда дар китоби сабти таваллуд бо нишондоди ин шахс (фарзандхонда) навишта мешавад.
4. Тағйир додани насаб, ном ва номи падари кӯдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолаги расида, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 132 ҳамин Кодекс пешбинигардида, танҳо бо розигии ӯ мумкин аст.
5. Дар бораи тағйир додани насаб, ном ва номи падари фарзандхондшаванда дар ҳалномаи суд оид ба фарзандхонди зикр карда мешавад.
Моддаи 135. Тағйир додани сана ва маҳалли таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда
1. Барои таъмини сирри фарзандхондӣ бо хоҳиши
фарзандхондкунандагон сана ва маҳалли таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда метавонанд тағйир дода шаванд. Тағйир додани санаи таваллуди кӯдак танҳо дар сурати фарзандхонд кардани кӯдаки навзод (то яксола) ва ба муддати на зиёда аз се моҳ иҷозат дода мешавад.
2. Оид ба тағйир додани сана ва маҳалли таваллуди кӯдаки фарзандхондшуда дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондии кӯдак зикр карда мешавад .
Моддаи 136. Сабти номи шахсони фарзандхондкарда ҳамчун волидони кӯдаки фарзандхондшуда
1. Бо хоҳиши шахсони фарзандхондкарда суд метавонад оиди дар дафтари сабти таваллуд ҳамчун волидони кӯдаки фарзандхондшуда сабт намудани номи онҳо ҳалнома қабул намояд.
2. Барои чунин сабт нисбати кӯдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолаги расида, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 32 ҳамин Кодекс, розигии кӯдак зарур аст.
3. Дар хусуси зарурати чунин сабт дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхонди нишон дода мешавад.
Моддаи 137. Оқибатҳои ҳуқуқии фарзандхондии кӯдак
1. Кӯдакони фарзандхондшуда ва авлоди онҳо нисбат ба фарзандхондагон ва хешовандонашон, фарзандхондагон ва хешовандони онҳо, нисбати фарзандхондшудагон ва авлоди онҳо дар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молу мулки ва ғайримолумулкии шахси аз рӯи аслу насаб ба хешовандон баробар карда мешаванд .
2. Кӯдакони фарзандхондшуда нисбати волидони худ ва хешовандони онҳо ҳуқуқи ғайримолумулкии ва молу мулкии шахсиро аз даст дода, аз ӯҳдадориҳо нисбати онҳо озод мешаванд .
3. Ҳангоми ба фарзандхонди қабул кардани кӯдак аз тарафи як шахс, агар фарзандхондкунанда мард бошад, ҳуқуқҳои ғаримолумулки ва амволии шахси ва ӯҳдадориҳо бо хоҳиши модар ва агар фарзандхондкунанда зан бошад бо хоҳиши падар нигоҳ дошта шуда метавонад .
4. Агар яке аз волидон вафот карда бошад, он гоҳ бо хоҳиши волидони вафоткарда (бобою бибии кӯдак) ҳуқуқу ӯҳдадори нисбат ба хешовандони волиди вафоткарда метавонанд нигоҳ дошта шаванд, агар инро манфиати кӯдак талаб кунад. Ҳуқуқи волидони падар ё модари фавтида барои муошират бо кӯдаки фарзандхондшуда мутобиқи моддаи 67 ҳамин Кодекс амали мегардад.
5. Дар хусуси нигоҳ доштани муносибатҳои кӯдаки фарзандхондшуда бо яке аз волидон ё бо хешовандони падар ё модари вафоткарда дар ҳалномаи суд оид ба фарзандхонди зикр карда мешавад.
6. Оқибати ҳуқуқии ба фарзандхонди гирифтани кӯдак, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбини шудааст, сарфи назар аз сабти фарзандхондкардагон ба сифати волидон дар санади сабти таваллуди кӯдак фаро мерасад.
Моддаи 138. Нигоҳ доштани ҳуқуқи кӯдаки фарзандхондашуда ба нафақа ва ёрдампули
Кӯдаке, ки дар вақти ба фарзандхонди гирифта шуданаш бинобар вафоти волидонаш ба нафақаю ёрдампули ҳуқуқ дорад, ин ҳуқуқро дар сурати ба фарзандхонди қабул шуданаш низ нигоҳ медорад.
Моддаи 139. Сирри фарзандхондии кӯдак
1. Сирри фарзандхондии кӯдакро қонун муҳофизат мекунад. Судяҳое, ки дар бораи фарзандхонди ҳалнома қабул кардаанд ё шахсони мансабдоре, ки сабти давлатии онро анҷом додаанд, инчунин шахсоне, ки ба ҳар тариқи дигар аз фарзандхонди огоҳанд, бояд сирри фарзандхондиро нигоҳ доранд.
2. Шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, ки сирри фарзандхондии кӯдакро бар хилофи иродаи фарзандхондагон фош кардаанд, ба тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд .
Моддаи 140. Бекор кардани фарзандхондии кӯдак
1. Фарзандхондии кӯдак ба тартиби суди бекор карда мешавад.
2. Парванда оид ба бекор кардани фарзандхондии кӯдак бо иштироки мақоми васояту парастори, инчунин прокурор барраси мешавад.
3. Фарзандхонди аз рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани фарзандхондии кӯдак қатъ мегардад.
Суд вазифадор аст дар давоми се рӯзи пас аз эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномаи суд дар мавриди бекор кардани фарзандхондии кӯдак иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли бақайдгирии давлатии фарзандхонди фиристад.
Моддаи 141. Асосҳо барои бекор кардани фарзандхондии кӯдак
1. Фарзандхондии кӯдак дар мавридҳое бекор карда шуда метавонад, ки агар фарзандхондкардагон аз иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташудаи падару модари саркаши кунанд, аз ҳуқуқи падару модарии худ сӯиистифода намоянд, бо кӯдакони фарзандхондкардаашон муносибати бераҳмона дошта, майзада ё нашъаманди ашадди бошанд.
2. Суд ҳуқуқ дорад бо назардошти манфиат ва фикри кӯдак фарзандхондиро бо сабабҳои дигар низ бекор кунад.
Моддаи 142. Шахсоне, ки ҳуқуқи талаби бекор кардани фарзандхондии кӯдакро доранд
Ҳуқуқи талаби бекор намудани фарзандхондкунии кӯдакро падару модари ҳақиқии кӯдаки фарзандхондшуда, фарзандхондкардагони (яке аз онҳо) кӯдакони фарзандхондшуда, ки ба синни чордаҳсолаги расидаанд, мақoми васояту парастори, инчунин прокурор доро мебошанд.
Моддаи 143. Оқибати бекор кардани фарзандхондии кӯдак
1. Дар сурати фарзандхондиро бекор кардани суд ҳуқуқу ӯҳдадориҳои байни фарзандхондшуда ва фарзандхондаю хешовандонаш қатъ гардида, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои байни кӯдак ва волидону хешовандонаш барқарор карда мешаванд, агар инро манфиати кӯдак тақозо кунад.
2. Дар сурати бекор кардани фарзандхонди, кӯдак бо ҳалномаи суд ба волидонаш супурда мешавад. Дар сурати набудани волидон, инчунин агар ба волидон супурдани кӯдак хилофи манфиати ӯ бошад, кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парастори дода мешавад .
3. Суд ҳамчунин масъалаи нигоҳ доштан ё надоштани ном, номи падар ва насаби кӯдакро, ки бо сабаби фарзандхонди ба ӯ дода шудаанд, ҳал менамояд. Дигар кардани ном, насаб ё номи падари кӯдаки ба синни даҳсолаги расида танҳо бо розигии ӯ мумкин аст .
4. Суд бо назардошти манфиати кӯдак, ҳуқуқ дорад фарзандхондкардагони собиқро ӯҳдадор созад, ки ба андозаи муқаррарнамудаи моддаҳои 81 ва 83 ҳамин Кодекс барои таъминоти кӯдак маблағ пардозанд.
Моддаи 144. Номумкинии бекор кардани фарзандхонди баъди ба ба балоғат расидани кӯдаки фарзандхондшуда
Бекор кардани фарзандхондии кӯдак мумкин нест, агар кӯдаки фарзандхондшуда то лаҳзаи пешниҳоди талаби бекор кардани фарзандхонди ба балоғат расида бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба ин гуна бекоркуни розигии байни шахси фарзандхондкарда ва кӯдаки фарзандхондшуда, инчунин волидони ӯ, агар онҳо дар қайди ҳаёт буда, аз ҳуқуқи падару модари маҳрум нашуда бошанд ва суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф накарда бошад.
Моддаи 145. Беэътибор донистани фарзандхондии кӯдак
Фарзандхондии кӯдак дар ҳолатҳое метавонад беэътибор дониста шавад, ки агар:
- ҳалномаи фарзандхонди ба ҳуҷҷатҳои қалбаки асос ёфта бошад;
- фарзандхонди қалбаки бошад;
- шахси ба балоғатрасида ба фарзандхонди қабул шуда бошад;
- фарзандхондкарда шахсе бошад, ки суд ӯро ғайриқобили амал ё қобили амалаш маҳдуд эътироф карда бошад;
- шахси фарзандхондкарда бо ҳалномаи суд аз ҳуқуқи падару модари маҳрумшуда бошад;
- шахси фарзандхондкарда бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноят якумра аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти омӯзгорӣ ва ё ишғоли мансабҳое, ки бо кор бо ноболиғон вобастагӣ доранд, маҳрум шуда бошад ;
- шахсоне, ки барои номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳои қонунан ба зиммаашон гузошташуда аз ӯҳдадориҳои васи ё парастори бартараф карда шуда бошанд;
- фарзандхонди бинобар гуноҳи содиркардаи собиқ фарзандхондагон аз ҷониби суд бекор карда шуда бошад;
- шахсоне, ки бинобар вазъи саломати наметавонанд ҳуқуқи падару модариро амали намоянд. Номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будани шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхонди қабул кунад, таҳти васоят (парастори) қарор диҳад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 146. Оқибати беэътибор донистани фарзандхондии кӯдак
1. Фарзандхондии кӯдак аз лаҳзаи қабул гардидани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхонди беэътибор дониста мешавад. Дар ин маврид тамоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳои фарзандхондаю хешовандони ӯ ва фарзандхонд, ки аз фарзандхонди бармеоянд, аз байн мераванд .
2. Суд вазифадор аст, ки дар муддати се рӯз дар хусуси эътибори қонуни пайдо кардани ҳалнома дар бораи беэътибор донистани фарзандхонди ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрванди, ки фарзандхонди дар он ба қайд гирифта шудааст, хабар диҳад.
БОБИ 20. ВАСОЯТ ВА ПАРАСТОРИИ НОБОЛИUОН
Моддаи 147. Ноболиғоне, ки таҳти васояту парастори гирифта мешаванд
1. Васояту парастори барои кӯдакони ноболиғе, ки бе парастории волидон мондаанд (моддаи 122 ҳамин Кодекс), бо мақсади таъминот, таълиму тарбия, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо муқаррар карда мешавад .
2. Васоят барои ноболиғони то синии чордаҳсола муқаррар карда мешавад.
3. Парастори барои ноболиғони аз чордаҳсола то ҳаждаҳсола муқаррар карда мешавад.
4. Муқаррар ва қатъ намудани васоят ё парастории кӯдакони ноболиғ тавассути Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 148. Васиён ва парасторони ноболиғон
1. Танҳо шахсони болиғи қобили амал васи ва парастор таъин шуда метавонанд.
2. Шахсони зерин васи ва парастор таъин шуда наметавонанд:
- шахсоне, ки аз ҳуқуқи падару модари маҳрум шудаанд;
- шахсоне, ки бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноят якумра аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти омӯзгорӣ ва ё ишғоли мансабҳое, ки бо кор бо ноболиғон вобастагӣ доранд, маҳрум карда шудаанд ;
- шахсоне, ки қаблан кӯдакро ба фарзандхонда қабулкарда, агар фарзандхондкуни бо сабаби номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон бекор карда шуда бошад;
- шахсоне, ки бо сабаби номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон аз вазифаи васи ё парастори озод карда шудаанд;
- шахсони мубталои майзадаги ва нашъаманди, инчунин шахсоне, ки вобаста ба вазъи саломати (қисми 1 моддаи 127 ҳамин Кодекс) наметавонанд ӯҳдадориҳояшонро оид ба тарбияи кӯдак анҷом диҳанд.
3. Мақомоти васояту парасториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад
Моддаи 149. Низомнома дар бораи мақомоти васояту парастори
Низомнома дар бораи мақомоти васояту парастори аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 150. Маҳалли муқаррар намудани васояту парастори
Васояту парастори аз тарафимақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷамоатҳои шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот маҳали истиқомати шахсе, ки бояд таҳти васоят ва парастори гирифта шавад ё маҳалли истиқомати васи ё парастор муқаррар мешавад .
Моддаи 151. Интихоби васи ва парастор
1. Ҳангоми ба кӯдак таъин намудани васи ё парастор бояд сифатҳои шахсии васи (парастор), ба иҷрои ӯҳдадориҳои васи (парастори) қодир будани ӯ, муносибатҳои байни ӯ ва шахси мӯҳтоҷи васоят ё парастори, муносибати аъзои оилаи васи (парастор) нисбат ба кӯдак, инчунин дар сурати имкон хоҳиши худи кӯдак ба инобат гирифта мешавад.
2. Таъин намудани парастор ба шахси болиғи қобили амал, ки бинобар аҳволи саломатиаш барои татбиқи мустақилонаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдадориҳояш имконият надорад, танҳо бо розигии шахси таҳти парастори гирифташаванда сурат гирифта метавонад.
Моддаи 152. Васоят (парастори) нисбат ба кӯдаконе, ки дар муассисаҳои тарбияви, муолиҷави ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли қарор доранд
1. Ба кӯдаконе, ки дар муассисаҳои тарбияви, таълими ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва дигар муассисаҳои ба ин монанд таҳти васояти пурраи давлат қарор доранд, васи (парастор) таъин карда намешавад. Иҷрои чунин ӯҳдадориҳо ба зиммаи маъмурияти ин муассисаҳо гузошта мешавад.
Аз ҷониби васи (парастор) дар чунин муассиса муваққатан қарор додани кӯдак ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васиро (парасторро) нисбат ба ин кӯдак қатъ намесозад.
2. Мақомоти васояту парастори шароити таъминот, тарбия ва таълими кӯдакони дар ин муассисаҳо қарордоштаро, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидаанд, назорат мекунанд.
3. Ҳимояи ҳуқуқи дастпарварони (хатмкунандагони) муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба зиммаи мақомоти васояту парастори гузошта мешавад.
Моддаи 152(1). Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки падару модари онҳо муддати тӯлонӣ ғоибанд
1. Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки падару модари онҳо муддати тӯлонӣ (зиёда аз 3 моҳ) ғоибанд ё дар таълиму тарбияи хешу ақрабояшон қарор доранд, ки ин хешу ақрабо дорои ҳуҷҷати дахлдор нестанд, аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ таъин карда мешавад.
2. Мақомоти васояту парасторӣ шароити таъминот ва таълиму тарбияи кӯдакони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро назорат мекунанд.
3. Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад .
Моддаи 153. Ҳуқуқи кӯдакони таҳти васоят (парастори) қарордошта
1. Кӯдакони таҳти васоят (парастори) қарордошта чунин ҳуқуқҳо доранд:
- ба тарбия дар оилаи васи (парастор), ғамхори аз ҷониби васи (парастор), зиндагии дар як ҷо бо ӯ, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст;
- ба таъмини шароити зист, тарбия ва таълим, рушду такомули ҳамаҷониба ва эҳтироми шаъну эътибори инсонии онҳо;
- ба алимент, нафақа, ёрдампули ва дигар пардохтҳои иҷтимоии ба онҳо тааллуқдошта;
- ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқомати ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқомати ва дар сурати мавҷуд набудани манзили истиқомати ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил хонаи истиқомати гиранд ;
- ба ҳимоя аз суиистифодаи васи (парастор) мутобиқи моддаи 57 ҳамин Кодекс.
2. Кӯдаконе, ки таҳти васоят (парастори) қарор доранд, дорои ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаи 56 ҳамин Кодекс мебошанд.
Моддаи 154. Ҳуқуқи кӯдакони бе парастории волидон монда, ки дар муассисаҳои тарбияви, табобати ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли қарор доранд
1. Кӯдакони бе парастории волидон монда, ки дар муассисаҳои тарбияви, табобати ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва дигар муассисаҳои ба ин монанд қарор доранд, чунин ҳуқуқҳо доранд:
ба таъминот, тарбия, таълим, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъну эътибори инсони, таъмини манфиатҳояшон;
ба алимент, нафақа, ёрдампули ва дигар пардохтҳои иҷтимоии ба онҳо тааллуқдошта;
ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқомати ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқомати ва ҳангоми мавҷуд набудани манзили истиқомати ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории манзил хонаи истиқомати гиранд;
пас аз хатми муассисаҳои зикргардида ба имтиёз барои ба кор даромадан мувофиқи қонунгузории меҳнат.
2. Кӯдакони бе парастории волидон монда, ки дар муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида қарор доранд, инчунин дорои ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаҳои 55, 56 ҳамин Кодекс мебошанд.
Моддаи 155. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васи ва парастори кӯдаки ноболиғ
1. Васи ва парастори кӯдаки ноболиғ ҳуқуқ доранд ва ӯҳдадор ҳастанд, ки шахси ба парастори гирифтаашонро тарбия кунанд, дар бораи саломати, такомули ҷисмони, рӯҳи, маънави ва ахлоқи, таҳсил ва касбомӯзии ӯ ғамхори зоҳир намоянд.
Васиёну парасторон метавонанд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдакон ва тавсияи мақомоти васояту парастори, инчунин ҳангоми риояи талаботи пешбининамудаи қисми якуми моддаи 65 ҳамин Кодекс тарбияи кӯдаконро, ки таҳти васояти (парастори) онҳо қарор доранд, мустақилона муайян намоянд.
Васи ва парастор бо назардошти фикру хоҳиши кӯдаки таҳти васояташон қарордошта ҳуқуқ доранд муассисаи таълими ва шакли таълимро барои гирифтани таҳсилоти асосии умуми мустақилона интихоб намоянд .
2. Васи ва парастор ҳуқуқ доранд ба воситаи суд аз ҳар гуна шахсоне, ки бе асоси қонуни кӯдакро дар назди худ нигоҳ медоранд, аз ҷумла аз хешовандони наздики кӯдак баргардонидани кӯдаки дар таҳти васояташон (парасториашон) бударо талаб намоянд.
3. Васи ва парастор ҳуқуқ надоранд, ки барои муоширати кӯдаки таҳти васояташон (парасториашон) қарордошта бо волидону хешовандони дигараш, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин муошират ба манфиати кӯдак нест, монеъ шаванд.
4. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васи ва парасторро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
5. ӯҳдадории васоят (парастори) нисбат ба кӯдаки таҳти васоят (парастори) қарордошта аз ҷониби васи (парастор) бемузд анҷом дода мешавад.
6. Ба васи (парастор) барои таъминоти кӯдаки таҳти парастори қарордошта ҳар моҳ тибқи андоза ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ дода мешавад.
Моддаи 156. Аз вазифа бартараф сохтани васи ва парастор дар сурати номатлуб иҷро кардани вазифаашон
1. Агар васи ё парастор вазифаи ба зиммааш гузошташударо номатлуб иҷро кунад, мақоми васояту парастори васи ё парасторро аз иҷрои ин вазифа озод менамояд .
2. Дар сурати васоятро (парасториро) ба мақсадҳои ғаразнок истифода кардани васи (парастор), инчунин дар ҳолати бе назорат ва кӯмаки зарури гузоштани шахсони таҳти парастори қарордошта мақомоти васояту парастори вазифадоранд, ки барои ҳалли масъалаи ба ҷавобгарии муқaррарнамудаи қонун кашидани ин шахс маводи заруриро ба прокурор пешниҳод намоянд.
Моддаи 157. Аз парастории шахси болиғ озод кардани парастор бо талаби шахси таҳти парастори қарордошта
Парастори шахси болиғи қобили амал, ки ба парастори мӯҳтоҷ аст бо сабаби вазъи саломати ва синну сол бояд бо талаби шахси таҳти парастори қарордошта аз вазифа озод карда шавад. Мақомоти васояту парастори дар ин ҳолат метавонанд бо мувофиқаи шахси таҳти парастори қарордошта шахси дигарро ба сифати парастор таъин намоянд.
Моддаи 158. Шикоят намудан оид ба қарорҳои мақомоти васояту парастори
Нисбати қарорҳои мақомоти васояту парастори дар хусуси таъин ва озод намудани васиён ва парасторон, инчунин доир ба тамоми масъалаҳои васояту парастори шахсони манфиатдор метавонанд аз рӯи тобеият ба мақомоти болои ё ба суд шикоят кунанд.
ФАСЛИ VII. АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДИ
Хорич карда шуд
БОБИ 21.МУҚАРРАРОТИ УМУМИ
Хорич карда шуд
Моддаи 159. Хорич карда шуд
Моддаи 160. Хорич карда шуд
Моддаи 161. Хорич карда шуд
Моддаи 162. Хорич карда шуд
Моддаи 163. Хорич карда шуд
Моддаи 164. Хорич карда шуд
Моддаи 165. Хорич карда шуд
Моддаи 166. Хорич карда шуд
ФАСЛИ VIII. ИСТИФОДАИ ҚОНУНҲОИ ОИЛА ДАР МУНОСИБАТҲОИ ОИЛАВИ БО ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДИ
БОБИ 22. ИСТИФОДАИ ҚОНУНГУЗОРИИ НИКОҲ ВА ОИЛА НИСБАТ БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДИ
Моддаи 167. Ақди никоҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шаклу тартиби ақди никоҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
2. Шартҳои ақди никоҳ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шахси никоҳшаванда дар асоси қонунҳои давлате, ки дар лаҳзаи ақди никоҳ ӯ шаҳрванди он давлат мебошад, бо риояи талаботи қисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 ҳамин Кодекс дар бобати ҳолатҳое, ки монеъи ақди никоҳ мегарданд, муайян карда мешаванд ,
3. Агар шахс дар баробари шаҳрванди давлати дигар будан шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, нисбати вай шартҳои ақди никоҳи қoнунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад. Агар шахс дорои шаҳрвандии якчанд давлати хориҷи бошад, бо интихоби ин шахс қонунгузории яке аз ин давлатҳо истифода бурда мешавад .
4. Шартҳои ақди никоҳи шахси бешаҳрванди дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки ин шахс дар он ҷои истиқомати доими дорад .
Моддаи 168. Ақди никоҳ дар намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консули
1. Ақди никоҳи дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаги мекунанд, дар намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Ақди никоҳ дар байни шаҳрвандони хориҷи, ки аз тарафи намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудааст, агар ин шахсон дар лаҳзаи ақди никоҳ шаҳрвандони давлати хориҷие бошанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир ё консул таъин кардааст, мутақобилан қобили эътибор дониста мешавад.
Моддаи 169. Эътирофи никоҳе, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст
1. Никоҳҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва никоҳҳои байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷи ё шахсони бешаҳрванди, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қонунҳои он кишвар баста шудаанд, агар барои эътироф шартҳо ва мснеаҳои дар қисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 ҳамин Кодекс пешбинигардида набошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешавад .
2. Никоҳи шаҳрвандони хориҷи, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қoнунҳои он кишваре баста шудаанд, ки дар он ақди никоҳ сурат гирифтааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешаванд.
Моддаи 170. Беэътибор донистани никоҳ
Ақди никоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 167 ва 169 Кодекси мазкур беэътибор дониста мешавад .
Моддаи 171. Бекор кардани никоҳ
1. Бекор кардани никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷи ё ашхоси бешаҳрванди, инчунин никоҳи байниҳамдигарии шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳуқуқ доранд никоҳро бо ҳамсари худ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаги мекунад, сарфи назар аз шаҳрвандии ӯ, дар суди Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кунанд. Дар ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бекор кардани никоҳ дар мақмоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди иҷозат дода мешавад, никоҳ дар намояндагиҳои дипломати ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешавад .
3. Бекор кардани никоҳи байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷи ё шахсони бешаҳрванди, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо риояи қонунгузории кишвари хориҷии дахлдор салоҳиятнокии мақомоте, ки оиди бекор кардани никоҳ қарор қабул кардаанд ва қонунгузорие, ки ҳангоми бекор кардани никоҳ бояд истифода бурда шавад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешавад.
4. Бекор кардани никоҳи байни шаҳрвандони хориҷи, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо риояи қонунгузории кишвари дахлдор салоҳияти мaқоме, ки дар бораи никоҳ қарор баровардааст ва қонунҳое, ки бояд ҳангоми бекор кардани никоҳ истифода шаванд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешавад.
Моддаи 172. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкию молумулкӣ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳар
1. Ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволию амволи ва ӯҳдадориҳои зану шавҳар тибқи қонунҳои давлате, ки онҳо дар ҳудуди он иқоматгоҳи муштарак доранд ва дар сурати надоштани иқоматгоҳи муштарак бошад, тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки онҳо дар ҳудуди он иқоматгоҳи охирини муштарак доштанд. Ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволию амволи ва ӯҳдадориҳои зану шавҳаре, ки иқоматгоҳи муштарак надоранд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
2. Зану шавҳаре, ки шаҳрвандии умуми ё иқоматгоҳи муштарак надоранд, ҳангоми бастани аҳдномаи никоҳ ё созишнома дар бораи пардохти алимент ба ҳамдигар метавонанд қонунҳоеро интихоб намоянд, ки барои муайян намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшон дар хусуси пардохти алимент аз рӯи ин аҳднома ё созишномаи пардохти алимент мавриди истифода қарор мегиранд. Агар зану шавҳар дар мавриди интихоби қонунҳо нисбати аҳдномаи никоҳ ё созишномаи зану шавҳар дар бораи пардохти алимент ба якдигар ба мувофиқа наоянд, муқаррароти қисми якуми ҳамин модда истифода мешавад.
Моддаи 173. Муқаррар намудан ва рад кардани падархонди (модархонди)
1. Муқаррар намудан ва рад кардани падархонди (модархонди) тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешавад, ки кӯдак аз рӯи таваллуд шаҳрванди он мебошад.
2. Тартиби муқаррар ва рад кардани падархондиро (модархондиро) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Дар ҳолатҳое, ки агар мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани падар (модар) дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди иҷозат дода шуда бошад, волидони берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаи кӯдак, ки ақаллан якеашон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҳуқуқ доранд бо аризаи муқаррар намудани падар (модар) ба намояндагии дипломати ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Моддаи 174. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои волидон ва фарзандон
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои волидон ва фарзандон, аз ҷумла ӯҳдадории волидон дар бобати таъминоти фарзандон мутобиқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки дар он давлат иқоматгоҳи муштарак доранд. Дар сурати иқоматгоҳи муштарак надоштани волидон ва фарзандон, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки кӯдак шаҳрванди он мебошад. Бо талаби даъвогар нисбати ӯҳдадориҳои алиментдиҳи ва дигар муносибатҳои байни волидон ва фарзандон қонунҳои давлатеро истифода кардан мумкин аст, ки кӯдак дар ҳудуди он истиқомати доими дорад.
Моддаи 175. ӯҳдадориҳои алиментдиҳии фарзандони болиғ ва аъзои дигари оила
ӯҳдадориҳои алиментдиҳии фарзандони болиғ ба манфиати волидонашон, инчунин ӯҳдадориҳои алиментдиҳии аъзои дигари оила тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки онҳо дар ҳудуди он иқоматгоҳи доими доранд. Дар сурати надоштани иқоматгоҳи муштарак чунин ӯҳдадориҳо тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешавад, ки шахси даъвогари алимент шаҳрванди он мебошад .
Моддаи 176. Муқаррар намудани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷи
1. Ҳангоми истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷи суд ё мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрванди ва дигар мақомот мундариҷаи ин меъёрҳоро мувофиқи тафсири расмии он, амалияи истифода ва доктринаи он дар давлати дахлдори хориҷи муқаррар менамоянд.
Ба мақсади муқаррар намудани мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷи суд, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди ва мақомоти дигар метавонанд тибқи тартиби муқарраршуда барои мусоидат ва тавзеҳ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти салоҳиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунанд ё коршиносонро (экспертҳоро) ҷалб намоянд.
2. Шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд асноди тасдиқкунандаи мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷиеро, ки онҳо барои талаби худ ё эътироз ба он истинод мекунанд, пешниҳод намоянд ё ба тарзи дигар ба суд ё мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрванди ва дигар мақомот дар муқаррар сохтани мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷи мусоидат кунанд.
3. Агар мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷи, сарфи назар аз чораҳои мутобиқи қисми якуми ҳамин модда дидашуда муқаррар нагардад, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
Моддаи 177. Маҳдудияти истифодаи ҳуқуқи оилавии хориҷи
Ҳуқуқи оилавии хориҷи дар ҳолатҳое истифода бурда намешавад, ки он хилофи асосҳои тартиботи ҳуқуқии (тартиботи оммави) Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. Дар ин ҳолат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд.
Моддаи 177(1). Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ().
Моддаи 178. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар мавриди амал қарор гирифтани ин Кодекс
Қонунҳои зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шаванд:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 1969 "Дар бораи тасдиқ кардани Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1969. № 12, моддаи 102);
Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 1976 "Дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 185 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба никоҳ ва оила" (Ведомостҳои Советии Олии РСС Тоҷикистон, соли 1976, № 19, моддаи 244);
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 1976 "Дар хусуси тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 185 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба никоҳ ва оила" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1976, № 23, моддаи 282);
Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1980 "Дар бораи даровардани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1980, № 18, моддаи 216);
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 1980 "Дар хусуси тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи даровардани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1980, № 23, моддаи 250);
Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 1982 "Дар бораи даровардани тағйирот ва иловаҳо ба моддаи 35 Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1982, № 7, моддаи 51);
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 маи соли 1982 "Дар хусуси тасдиқ кардани Указҳои Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати тасдиқи Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 1982 "Дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 35 Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1982, № 11, моддаи 130);
Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 1984 "Дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 27 Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1984, № 4, моддаи 40);
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 1984 "Дар бораи тасдиқ кардани Указҳои Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар қисмати тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 1984 "Дар бораи дохил кардани тағйирот ба моддаи 27-уми Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ( Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1984, № 4, моддаи 36);
Моддаи 9 Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 1984 "Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1984, № 16, моддаи 168);
Фасли 1 Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 1984 "Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1984, № 23, моддаи 224);
Фасли 1 Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 1985 "Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1985, № 5, моддаи 54);
Фасли 11 Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 1985 "Дар бораи баъзе тағйиротҳои тартиби рӯёнидани алимент барои нигоҳубини кӯдакони ноболиғ" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1985, № 23, моддаи 230);
Фасли 1 Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 1987 "Дар бораи баъзе тағйиротҳои тартиби рӯёнидани алимент барои фарзандони ноболиғ" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1987, № 5, моддаи 76);
Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1990 "Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1990, № 5,. моддаи 42);
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1990 "Дар хусуси тасдиқи Указҳои Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар қисмати тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1990 "Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон соли 1990, № 9, моддаи 162);
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1990 "Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1990, № 9, моддаи 163);
Фасли III Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1990 "Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1990, № 16, моддаи 268);
Фасли YI Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1990 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, соли 1990, № 24, моддаи 410);
Фасли 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 "Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1991, № 14, моддаи 237);
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 1992 "Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 21-22, моддаи 301);
Фасли IY Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 1993 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Протоколи № 166 маҷлиси Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 1993 "Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 13, моддаи 272);
Қонуни Қумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 "Оид ба тасдиқ намудани Фармонҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дохил намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар қисмати тасдиқи Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 1993 "Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 23-24, моддаи 509).
КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 303; с. 2006, №4, мод. 196; с. 2008, №3, мод. 201; с. 2010, №7, мод. 546; с. 2011, №3, мод. 177, №12, мод. 855; с. 2013, №3, мод. 195; с. 2015, №11, мод. 960; с. 2016, №3, мод.143)
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
БОБИ 1. ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОИЛА
Моддаи 1. Заминаҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила
1. Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд .
2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилави дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кӯмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад .
3. Танҳо он никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрванди ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини дини сурат гирифтааст, эътибори қонуни надорад.
4. Танзими муносибатҳои оилави дар асоси принсипҳои ихтиёри будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилави дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ғамхори нисбати некӯаҳволи ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайри қобили меҳнати оила сурат мегирад.
5. Ҳангоми никоҳ ва дар муносибатҳои оилави ҳама гуна шаклҳои маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон аз рӯи мансубияти иҷтимои, нажоди, милли, забони ё дини, инчунин таҳсил ва молумулк манъ аст .
6. Ҳукуқи шаҳрвандон дар оила дар асоси қонунгузорӣ дар бораи оила ва дар ҳадде, ки бо мақсади муҳофизати ҳуқуқ, манфиатҳои қонунӣ, ахлоқ, саломатии дигар аъзои оила ва шаҳрвандон лозим мебошад, маҳдуд карда мешавад .
Моддаи 2. Муносибатҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила танзим мегарданд
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила шарт ва тартиби ақди никоҳ, қатъ ва беэътибор донистани онро муқаррар менамоянд, муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва молу мулкеро, ки дар оила миёни зану шавҳар, падару модар, фарзандон, дигар аъзои оила ба миён меоянд, муносибатҳое, ки вобаста бо фарзандхонди, васояту парастори, ба тарбия гирифтани кӯдакон ба миён меоянд, тартиби сабти асноди ҳолати шаҳрванди ва муносибати дигари оилавиро танзим менамоянд , , .
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила
1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад .
2. Меъёрҳои ҳуқуқи оилавие, ки дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур мутобиқ бошанд .
3. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ба амал бароварда мешавад .
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки тибқи асос ва бо мақсади иҷрои ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои оилави санадҳои меъёри ҳуқуқӣ қабул намояд .
Моддаи 4. Истифодаи қонунгузории граждани дар муносибатҳои оилави
Қонунгузории граждани дар танзими муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва молумулкии байни аъзои оила истифода мешаванд, агар ин муносибатҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила танзим нагардида бошанд , .
Моддаи 5. Қиёси қонун ва ҳуқуқ дар муносибатҳои оилави
Дар ҳолатҳое, ки муносибатҳои байни аъзои оила бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ё созишномаи тарафҳо танзим нагардида бошанд ва дар сурати мавҷуд набудани меъёрҳои ҳуқуқи граждани, ки бевосита ин муносибатҳоро танзим менамоянд, нисбат ба чунин муносибатҳо, агар ин хилофи моҳияти онҳо набошад, меъёрҳои ҳуқуқи оилави ва (ё) ҳуқуқи граждани, ки муносибатҳои шабеҳро танзим менамоянд (қиёси қонун), истифода мешаванд. Дар сурати набудани чунин меъёрҳо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои оила, бо назардошти асосу принсипҳои умумии ҳуқуқи оила ё ҳуқуқи граждани (шабоҳати ҳуқуқ), инчунин принсипи башардӯсти, оқилона ва адолат муайян карда мешаванд .
Моддаи 6. Истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали дар муносибатҳои оилави
Агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қоидаҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила пешбинигардида қоидаҳои дигар муқаррар гардида бошанд, он гоҳ қоидаҳои шартномаи байналхалқи истифода мешаванд , .
БОБИ 2. ТАТБИҚ ВА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ОИЛАВИ
Моддаи 7. Татбиқи ҳуқуқи оилави ва иҷрои ӯҳдадориҳои оилави
1. Шаҳрвандон ба ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта, ки аз муносибатҳои оилави ва ҳуқуқҳои оилави, аз ҷумла ҳуқуқи ҳифзи онҳо бармеоянд, бо салоҳдиди худ ихтиёрдори менамоянд, агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.
Ҳуқуқи худро амали намудани аъзоёни оила ва иҷрои ӯҳдадориҳояшон набояд ҳуқуқу озоди ва манфиатҳои қонунии аъзоёни дигари оила ва дигар шаҳрвандонро вайрон намояд.
2. Ҳуқуқҳои оилавиро қонун ҳифз мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин ҳуқуқҳо хилофи таъиноташон ба амал бароварда мешаванд.
Моддаи 8. Ҳимояи ҳуқуқи оилави
1. Ҳуқуқҳои оилави аз тарафи суд, мақомоти васояту парастори, сабти асноди ҳолати шаҳрванди ва мақомоти дигари давлати, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳимоя карда мешаванд .
2. Ҳимояи ҳуқуқҳои оилави бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои дахлдори ҳамин Кодекс сурат мегирад .
Моддаи 9. Истифодаи мӯҳлати даъво дар муносибатҳои оилави
Нисбати талаботе, ки аз муносибатҳои оилави бармеоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мӯҳлати ҳифзи ҳуқуқи поймолшударо ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, мӯҳлати даъво татбиқ намегардад. Зимни истифодаи меъёрҳое, ки мӯҳлати даъворо муқаррар менамоянд, суд меъёрҳои дахлдори дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро дастури амал қарор медиҳад.
ФАСЛИ II. АҚДИ НИКОҲ ВА ҚАТЪИ ОН
БОБИ 3. ШАРТ ВА ТАРТИБИ БАСТАНИ АҚДИ НИКОҲ
Моддаи 10. Ақди никоҳ
1. Никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрванди баста мешавад .
2. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди ба қайди давлати гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд.
3. Никоҳҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то 19 декабри соли 1929 мувофиқи расму оини дини ба ҷо оварда шудаанд, бо никоҳҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди ба қайд гирифта шудаанд, баробар мебошанд .
Моддаи 11. Тартиби бастани ақди никоҳ
1. Қайди бастани ақди никоҳ бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ба ҷо оварда мешавад .
2. Дар сурати аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди рад кардани бақайдгирии никоҳ шахсоне, ки хоҳиши никоҳ кардан доранд (яке аз онҳо), метавонанд ба суд арз намоянд .
Моддаи 12. Шартҳои ақди никоҳ
1. Барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳи доштани онҳо зарур аст .
2. Дар сурати мавҷуд будани монеаҳои дар моддаи 14 ҳамин Кодекс зикрёфта ақди никоҳ баста намешавад.
3.Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд:
- истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир;
- бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ .
Моддаи 13. Синни никоҳи
1. Синни никоҳи аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар карда мешавад .
2. Дар ҳолатҳои истиснои суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳи дар ҳамин модда барои марду зан муқарраршударо ба мӯҳлати на бештар аз як сол кам кунад .
3. Ариза тибқи тартиби пешбурди алоҳида, дар суди маҳалли истиқомати шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, барраси мегардад.
4. Ҳуқуқи оид ба ҳамин масъала муроҷиат намудан ба суд аз синни ҳабдаҳсолагӣ фаро мерасад .
Моддаи 14. Ҳолатҳое, ки монеаи бастани ақди никоҳ мегарданд
Ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:
- байни шахсоне, ки яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда қарор дошта бошад;
- байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ) ;
- байни бародарону хоҳарони айни ва ӯгай (ки аз як падар ё модаранд);
- байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар ;
- байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян ;
- байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд ;
- байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд ;
- байни фарзандхондагон ва фарзандхондшудагон;
- байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби бемории рӯҳи ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф кардааст;
- байни шахсоне, ки суд қобилияти амали яке аз онҳоро бо сабаби суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда маҳдуд намудааст .
Моддаи 15. Муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пеш аз бастани ақди никоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ аз муоинаи тиббии ҳатмӣ ба таври ройгон мегузаранд ва онҳо бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос карда мешаванд.
2. Машваратдиҳӣ оид ба тарзи солими ҳаёт, банақшагирии оила ва таъсири бемориҳо ба саломатии насл аз ҷониби муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад .
БОБИ 4. ҚАТЪИ НИКОҲ
Моддаи 16. Асосҳои қатъи никоҳ
1. Никоҳ дар натиҷаи вафот ё яке аз ҳамсаронро фавтида эълон намудани суд қатъ мегардад.
2. Никоҳ бо роҳи бекор кардани он (талоқ) дар асоси аризаи зан ё шавҳар ё ҳардуи онҳо, васии зан ё шавҳаре, ки суд ӯро ғайри қобили амал эътироф намудааст, инчунин прокурор қатъ гардиданаш мумкин аст.
Моддаи 17. Маҳдуд кардани ҳуқуқи шавҳар оид ба талаби бекор кардани никоҳ
1. Шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кӯдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани никоҳ даъво пешниҳод намояд.
2. Маҳдудияти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида нисбат ба шавҳар татбиқ намегардад, агар дар мӯҳлати зикршуда зан аз тарбияи фарзанд даст кашида, шавҳар бевосита ба тарбияи фарзанд машғул бошад, ё зан ташаббускори бекор кардани ақди никоҳ бошад .
Моддаи 18. Тартиби бекор кардани никоҳ
Никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 21-24 ҳамин Кодекс ба тартиби суди бекор карда мешавад .
Моддаи 19. Хорич карда шуд
Моддаи 20. Баррасии баҳсҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди ҳангоми бекор кардани никоҳ дар байни зану шавҳар ба миён меоянд
Баҳсҳо дар хусуси тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, пардохти маблағ барои таъминоти зан ё шавҳари эҳтиёҷманди корношоям, инчунин баҳсҳо дар хусуси фарзандон, ки байни зану шавҳар ба миён меоянд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, сарфи назар аз бекор кардани никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди, ба тариқи суди барраси мешаванд , .
Моддаи 21. Бекор кардани никоҳ дар суд
1. Никоҳ аз тарафи суд дар сурати фарзандони ноболиғ доштани зану шавҳар, ба истиснои ҳолатҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешбинигардида ё дар сурати ба бекор кардани никоҳ рози набудани зан ё шавҳар, бекор карда мешавад .
2. Никоҳ ба тартиби суди, инчунин дар ҳолатҳое, ки зан ё шавҳар бо вуҷуди мухолиф набуданашон аз бекор кардани никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди саркаши менамояд (ариза додан намехоҳад ё барои сабти бекор кардани никоҳ ҳозир намешавад ва ғайра), бекор карда мешавад.
Моддаи 22. Ба тариқи суди бекор кардани никоҳ дар сурати рози набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани никоҳ
1. Зимни баррасии парвандаҳо дар бораи бекор кардани никоҳ, дар
сурати рози набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани никоҳ, суд барои ошти додани зану шавҳар тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишави то шаш моҳ мӯҳлат диҳад .
2. Агар суд муқаррар намояд, ки зиндагии минбаъдаи якҷояи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир гардидаааст ва тадбирҳои ошти додани зану шавҳар натиҷаи дилхоҳ надоданд, никоҳ бекор карда мешавад.
3. Агар суд даъвои бекор кардани никоҳро рад кунад, зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки баъди гузаштани се моҳи пас аз рад шудани даъво дар хусуси бекор кардани никоҳ такроран бо аризаи даъво муроҷиат намоянд.
Моддаи 23. Бо тартиби судӣ бекор кардани ақди никоҳ ҳангоми розигии зану шавҳар
1. Агар зану шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ розӣ бошанд, суд ҳуқуқ дорад ақди никоҳро бекор намояд. Дар ин ҳолат ақди никоҳ дар давоми як моҳи баъди ариза додани зану шавҳар бекор карда мешавад.
2. Ба зану шавҳари дорои фарзандони ноболиғ, новобаста ба розигии муштараки онҳо барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштӣ додани онҳо тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ мӯҳлат диҳад .
Моддаи 24. Масъалаҳое, ки суд ҳангоми қабули ҳалнома дар бораи бекор кардани никоҳ ҳал менамояд
1. Ҳангоми ба тариқи суди бекор кардани никоҳ зану шавҳар метавонанд созишномаро дар хусуси бо кадоме аз онҳо зиндаги кардани фарзандони ноболиғ, дар бораи тартиби пардохт ва андозаи маблағ барои таъминоти фарзандон ва (ё) зан ва (ё) шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд, дар хусуси ҳаҷми ин маблағ ё тақсимоти молу мулки зану шавҳар барои тасдиқи суд пешниҳод намоянд .
2. Дар сурати набудани созишномаи байни зану шавҳар оид ба масъалаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикрьёфта, инчунин агар муқаррар гардад, ки ин созишнома манфиати фарзандон ва ё зан ва шавҳарро поймол мекунад, суд вазифадор аст:
- муайян намояд, ки фарзандони ноболиғ пас аз бекор кардани никоҳ бо кадоме аз волидон зиндаги мекунанд;
- муайян намояд, ки барои таъминоти фарзандон аз кадом волидон ва ба кадом андоза алимент ситонида мешавад;
- бо талаби зану шавҳар (яке аз онҳо) молу мулки дар таҳти моликияти муштараки онҳо қарордоштаро тақсим намояд ;
- бо талаби зан ё шавҳаре, ки аз ҳамсари худ ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад, андозаи ин таъминотро муайян намояд.
3. Ҳангоми бекор кардани ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, суд вазифадор аст таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро мавриди баррасӣ қарор диҳад .
4. Дар мавриде, ки агар тақсими молу мулк ба манфиатҳои шахсони сеюм дахл кунад, суд метавонад тақозои тақсими молу мулкро ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо кунад .
Моддаи 25. Лаҳзаи қатъ гардидани никоҳ ҳангоми талоқ
1. Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳодати шаҳрвандӣ аз рӯзи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар китоби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва хангоми бекор кардани ақди никоҳ дар суд, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд катъ мегардад .
2. Бекор кардани никоҳ дар суд бояд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди аз рӯзи аз эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномаи суд, мувофиқи тартиби барои сабти асноди ҳолати шаҳрванди муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Бекор кардани никоҳ аз лаҳзаи ба қайд гирифта шуданаш барои шахсони сеюм эътибори ҳуқуқи дорад .
Моддаи 26. Барқарор намудани никоҳ дар сурати ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки фавтида эълон шуда ё бедарак ғоибшуда дониста шудааст
1. Дар сурати ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф кардааст ва бекор кардани ҳалномаҳои дахлдори суди, мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрванди метавонад дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар никоҳро барқарор намояд.
2. Агар зан ё шавҳар бо дигаре никоҳ карда бошад, никоҳ барқарор карда намешавад .
Моддаи 27. Хориҷ карда шуд
БОБИ 5. БЕЭЪТИБОРИИ НИКОҲ
Моддаи 28. Беэътибор донистани никоҳ
1. Дар сурати вайрон кардани шартҳои дар моддаҳои 12 ва 14 ҳамин Кодекс, инчунин дар мавриди бастани никоҳи қалбаки, яъне агар зану шавҳар ё яке аз онҳо никоҳро бе нияти бунёди оила сабт карда бошанд, никоҳ беэътибор дониста мешавад. Никоҳе, ки маҷбури ё бо роҳи фиреб баста шудааст, тибқи аризаи ҷабрдида ё прокурор беэътибор дониста шуданаш мумкин аст .
2. Никоҳ аз ҷониби суд беэътибор дониста мешавад.
3. Суд вазифадор аст, ки дар мӯҳлати се рӯзи баъди эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномаи беэътибор донистани никоҳ иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳали бақайдгирии давлатии ақди никоҳ фиристад.
4. Ақди никоҳи хилофи талаботи қисми 1 моддаи мазкур баста шуда аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор аст .
Моддаи 29. Шахсоне, ки барои талаби беэътибор донистани никоҳ ҳуқуқ доранд
1. Шахсони зерин барои талаби беэътибор донистани никоҳ ҳуқуқ доранд:
- зан ё шавҳари ноболиғ, волидони ӯ (шахсони онҳоро ивазкунанда), мақоми васоят ва парастори ё прокурор - агар никоҳ бо шахси ба синни никоҳи нарасида ҳангоми мавҷуд набудани иҷозати ақди никоҳ то ба синни никоҳи расиданаш (моддаи 13 ҳамин Кодекс) баста шуда бошад. Баъди ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидани зан ё шавҳари ноболиғ барои талаби беэътибор донистани никоҳ танҳо ин зан ё шавҳар ҳуқуқ дорад ;
- зан ё шавҳаре, ки ҳуқуқи ӯ ҳангоми ақди никоҳ поймол гардидааст, инчунин прокурор - агар никоҳ дар сурати рози набудани зан ё шавҳар: дар натиҷаи маҷбуркуни, фиреб, ба иштибоҳ андохтан ё вобаста ба вазъи ҳолати худ дар лаҳзаи бақайдгирии никоҳ дарк карда натавонистани моҳияти амали худ ё идора накардани он ҳолат баста шуда бошад;
- зан ё шавҳаре, ки дар хусуси мавҷуд будани ҳолатҳои монеаи ақди никоҳ огоҳи надошт, васии зан ё шавҳаре, ки ғайри қобили амал эътироф шудааст, зан ё шавҳари аз никоҳи қабли бекоркарданашуда, шахсони дигаре, ки дар асари никоҳ бо вайрон кардани муқаррароти моддаи 14 ҳамин Кодекс басташуда ҳуқуқашон поймол гардидааст, инчунин мақоми васояту сарпарасти ва прокурор;
- прокурор, инчунин зан ё шавҳаре, ки ҳангоми бастани никоҳи қалбаки дар хусуси қалбаки будани он огоҳи надошт
2. Ҳангоми баррасии парванда дар хусуси беэътибор донистани никоҳи бо шахси ба синни никоҳи нарасида, инчунин бо шахси аз тарафи суд ғайри қобили амал эътирофгардида басташуда, барои иштирок дар парванда мақоми васояту парастори ҷалб карда мешавад.
Моддаи 30. Эътиборнок донистани никоҳ (санатсияи никоҳ)
1. Суд метавонад никоҳро эътиборнок ҳисоб кунад, агар дар лаҳзаи баррасии парванда дар бораи беэътибор донистани никоҳ ҳолатҳое, ки барои ақди никоҳ монеъ мешуданд, аз байн рафта бошанд.
2. Суд метавонад даъворо оид ба беэътибор донистани никоҳе, ки бо шахси ба синни никоҳи нарасида баста шудааст, рад кунад, агар инро манфиатҳои зан ё шавҳари ноболиғ талаб намояд.
3. Суд метавонад никоҳи қалбакиро ҳақиқи эътироф намояд, агар то лаҳзаи баррасии парванда байни шахсоне, ки никоҳ бастаанд, муносибатҳои заношӯи ба вуҷуд омада, онҳо барои идомаи ҳаёти оилави рози бошанд, ба шарте, ки ҳақиқи донистани никоҳ ба ҳуқуқҳои шахсони сеюм зарар нарасонад.
4. Никоҳ пас аз бекор кардани он ғайриҳақиқи дониста шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои вуҷуд доштани дараҷаи хешии байни зану шавҳар, ки қонун манъ кардааст, ё ҳолате, ки зан ё шавҳар дар лаҳзаи бақайдгирии никоҳ дар никоҳи дигари бекорнашуда (моддаи 14 ҳамин Кодекс) қарор дошта бошанд.
Моддаи 31. Оқибати никоҳи беэътибор донисташуда
1. Никоҳе, ки суд беэътибор донистааст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда муқарраргардида, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардидаи зану шавҳарро ба миён намеоварад.
2. Нисбати молу мулки якҷоя бадастовардаи шахсоне, ки никоҳашон беэътибор дониста шудааст, меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моликияти умумии саҳми истифода мешавад. Аҳдномаи никоҳе, ки зану шавҳар бастаанд (моддаҳои 41-43 Кодекси мазкур), беэътибор дониста мешавад .
3. Беэътибор донистани никоҳ ба ҳуқуқи кӯдаконе, ки аз ин никоҳ таваллуд ёфтаанд ё дар давоми сесад рӯзи баъди беэътибор донистани никоҳ ба дуньё омадаанд, таъсир намекунад (қисми 2 моддаи 49 ҳамин Кодекс).
4. Ҳангоми баровардани ҳалномаи дар бораи беэътибор донистани никоҳ суд метавонад ҳуқуқи зан ё шавҳарро, ки баъди бастани чунин никоҳ ҳуқуқаш поймол гардидааст, барои мутобиқи моддаҳои 90, 91 ҳамин Кодекс аз зан ё шавҳари дигар гирифтани таъминот эътироф намояд, нисбати тақсими молу мулки то рӯзи беэътибор донистани никоҳ бадастомада бошад, метавонад муқаррароти дар моддаҳои 34, 38-39 ҳамин Кодекс муайянгардидаро татбиқ кунад, инчунин шартномаи никоҳро пурра ё қисман беэътибор донад .
Зан ё шавҳаре, ки дар натиҷаи бастани никоҳи аз ҷониби суд беэътибор донисташуда ҳуқуқаш поймол гардидааст, ҳуқуқ дорад мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни зарари модди ва маънавии ба ӯ расонидашударо талаб намояд .
5. Зан ё шавҳари софдил ҳангоми беэътибор донистани никоҳ ҳуқуқ дорад насаберо, ки ҳангоми сабти никоҳ интихоб намудааст, нигоҳ дорад .
ФАСЛИ III. ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ЗАНУ ШАВҲАР
БОБИ 6. ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ШАХСИИ ЗАНУ ШАВҲАР
Моддаи 32. Баробарҳуқуқии зану шавҳар дар оила
1. Зану шавҳар ҳар кадомашон дар интихоби шуғл, таҳсило, касб, намуди фаъолият, маҳалли истиқомат ва будубош озод аст .
2. Масъалаҳои падариву модари, таълиму тарбияи фарзандон ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принсипи баробарҳуқуқии зану шавҳар ҳал менамоянд .
3. Зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кӯмаки якдигари ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некӯаҳволи ва рушду камоли фарзандонашон ғамхори кунанд.
Моддаи 33. Ҳуқуқи зану шавҳар дар интихоби фамилия
1. 3ану шавҳар ҳангоми бастани ақди никоҳ дар интихоби фамилия баробарҳуқуқ мебошанд .
2. Интихоби насаби зану шавҳар мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" амалӣ карда мешавад .
БОБИ 7. ҲУҚУҚИ МОЛУ МУЛКИИ ЗАНУ ШАВҲАР
Моддаи 34. Моликияти муштараки зану шавҳар
1. Молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи заношӯи ҷамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад .
2. Даромаде, ки зану шавҳар дар натиҷаи фаъолияти меҳнати, соҳибкори ва зеҳни ба даст овардаанд, нафақа, ёрдампули ва пардохтҳои дигари пулии гирифтаашон, ашёҳои харидаашон, қоғазҳои қиматнок, саҳмия, пай ва ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқули дар давоми заношӯи ҷамъкардаашон, сарфи назар аз он, ки ба номи кадоме аз зану шавҳар харида шудааст (ё маблағ гузаронида шудааст), моликияти муштараки онҳо ҳисоб мешавад .
3. Ҳуқуқ ба молу мулки муштарак ҳамчунин ба зан ё шавҳаре низ тааллуқ дорад, ки дар давоми заношӯи хоҷагиро пеш мебурд, фарзандонро нигоҳубин мекард ё бо сабабҳои узрнок даромади мустақилона надошт .
Моддаи 35. Ҳуқуқи соҳиби, истифода ва ихтиёрдори кардани моликияти муштараки зану шавҳар
1. Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар қарор дорад, танҳо бо розигии мутақобилаи онҳо сурат мегирад .
2. Ҳангоми аз ҷониби зан ё шавҳар анҷом додани муомилоти вобаста ба ихтиёрдории молу мулки умуми чунин тасаввур мешавад, ки ӯ бо розигии ҳамсари худ амал мекунад .
Муомилоте, ки аз ҷониби яке аз ҳамсарон оид ба ихтиёрдории молу мулки умуми анҷом дода шудааст, аз ҷониби суд қисман бо сабаби мавҷуд набудани розигии ҳамсари дигар танҳо ҳангоме, ғайриқонуни эътироф мегардад, ки агар яке аз онҳо бо чунин талаб муроҷиат намояд ва танҳо дар сурати собит гардидани он, ки тарафи дигар аз муомилот огоҳ буд ё пешаки бояд норози будани тарафи дигарро барои анҷом додани чунин муомилот медонист ,.
3. Барои ба анҷом расонидани муомилот вобаста ба ихтиёрдорӣ кардани молу мулки ғайриманқул ва муомилоте, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ ё қайди нотариалиро талаб мекунад, бояд розигии пешакии аз тариқи нотариат тасдиқшудаи зан ё шавҳар гирифта шавад , .
Ҳамсаре, ки ризоияти дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқшудаи худро барои иҷрои аҳд надодааст, ҳуқуқ дорад дар қисми молу мулки ба худаш тааллуқдошта дар моликияти умумии якҷоя бекор кардани аҳдро талаб намояд, ё ҳамсар ҳуқуқ дорад ба андозаи ҳиссаи дар боло зикргардида аз маблағе, ки ҳамсараш аз фурӯши амвол ба даст овардааст, дар давоми се сол аз рӯзи огоҳ шудан аз чунин муомилот ё мебоист аз иҷрои чунин муомилот огоҳ шавад, беэътибор донистани чунин муомилот ё пардохти пулии онро талаб намояд ,.
Моддаи 36. Моликияти ҳар кадоме аз зану шавҳар
1. Молу мулке, ки ба зану шавҳар то ақди никоҳ тааллуқ дошт, инчунин молу мулке, ки дар давраи заношӯи зан ё шавҳар ҳамчун ҳадья ё мерос гирифтааст, моликияти ҳар кадоми онҳо мебошад .
2. Ашьёи истифодаи шахси (либос пойафзол ва ғайра), ба истиснои ҷавоҳирот ва асбоби дигари зебу зинат, гарчанде дар давраи заношӯи аз ҳисоби маблағҳои умумии зану шавҳар ба даст оварда шудаанд, моликияти шахсии ҳар кадоме аз зану шавҳар ба ҳисоб мераванд.
3. Суд метавонад молу мулкеро, ки ҳар кадоме аз зану шавҳар ҳангоми ҷудо зиндаги карданашон ҷамъ овардаанд, дар сурати воқеан қатъ гардидани никоҳ моликияти ҳар кадоми онҳо эътироф намояд .
Моддаи 37. Моликияти муштараки зану шавҳар донистани молу мулки ҳар кадоми онҳо
Молу мулки ба ҳар як ҳамсар тааллуқдоштаро метавон моликияти муштараки онҳо донист, агар муқаррар гардад, ки дар давоми заношӯи аз ҳисоби молу мулки умумии зану шавҳар ё молу мулки шахсии зан ё шавҳар ва ё меҳнати ӯ саҳме гузошта шудааст, (таъмири асоси, азнавсози, азнавҷиҳозони ва ғайра), ки дар натиҷаи он арзиши молу мулки ба ҳар кадоме аз зану шавҳар тааллуқдошта хеле афзудааст, агар дар аҳдномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбини нашуда бошад .
Моддаи 38. Тақсими молу мулке, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад
1. Тақсими молу мулке, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, чи дар давоми заношӯи ва чи баъди талоқ, бо талаби ҳар кадоме аз онҳо, инчунин дар ҳолати аз ҷониби қарздиҳанда талаб кардани тақсими моликияти умумии зану шавҳар барои ситонидани маблағи қарз аз саҳми зан ё шавҳар дар моликияти умуми сурат гирифта метавонад .
2. Дар сурати тақсими молу мулки умумии зану шавҳар дар давраи заношӯи он қисми молу мулки умумие, ки тақсим нашуда буд, инчунин молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи никоҳ ҷамъ кардаанд, моликияти умумии онҳоро ташкил медиҳад .
3. Молу мулки умумии зану шавҳар метавонад бо созишномаи зану шавҳар дар байни онҳо тақсим карда шавад. Дар ҳолати ба миён омадани баҳс вобаста ба тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, инчунин муайян намудани саҳми зану шавҳар дар ин молу мулк он ба тартиби суди ҳал карда мешавад .
4. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки тақсими пасандоз, саҳмия, ҳисса ва саҳми дар сармояи муассисаи кредити ё ташкилотҳои дигари тиҷорати ва ғайритиҷорати ба номи яке аз онҳо гузоштаашонро талаб намоянд, агар ин пардохтҳо моликияти муштараки онҳо бошанд.
5. Пасандозҳое, ки зану шавҳар аз ҳисоби молу мулки умумиашон ба номи фарзандони ноболиғи худ гузоштаанд, молу мулки мутааллиқ ба фарзандон дониста шуда, ҳангоми тақсими молу мулке, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, ба инобат гирифта намешаванд .
6. Нисбати талаби зану шавҳари ҷудошуда дар хусуси тақсими молу мулки муштараки онҳо, ки онҳо дар давраи заношӯи ҷамъ овардаанд, мӯҳлати сесолаи даъво истифода мешавад .
Моддаи 39. Муайян намудани ҳисса ҳангоми тақсими молу мулке, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад
1. Ҳангоми тақсими молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар мебошад ва муайян намудани ҳиссаи зану шавҳар дар ин амал ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад, агар дар аҳдномаи никоҳ тартиби дигар пешбини нагардида бошад .
2. Суд метавонад ҳиссаи зан ё шавҳарро дар молу мулки умумиашон бо дарназардошти манфиати фарзандони ноболиғ, инчунин фарзандони болиғи корношоями эҳтиёҷманд ё манфиати қобили таваҷҷӯҳи зан ё шавҳар, зиёд кунад. Ҳиссаи зан ё шавҳар бо назардошти корношоямии онҳо, инчунин агар яке аз онҳо бо сабабҳои узрнок даромад нагирифта бошад ё молу мулки умумиро бар зарари манфиати оила сарф карда бошад, инчунин дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳ мумкин аст зиёд карда шавад .
3. Ҳангоми тақсими амволи умумии зану шавҳар суд бо талаби онҳо муайян менамояд, ки кадом ашьё бояд ба кадоме аз онҳо дода шавад. Агар ба зан ё шавҳар ашьёе дода шавад, ки арзиши он аз ҳиссаи барои ӯ муайяншуда зиёд бошад, барои ҳамсари ӯ метавонад ҷубронпули ё ҷуброни дигар муқаррар карда шавад.
4. Қарзи умумии зану шавҳар ҳангоми тақсими молу мулки умуми дар байни зану шавҳар баробар ба ҳиссаи ба ҳар яки онҳо муқарраршуда тақсим карда мешавад .
5. Ашьёе, ки махсус барои қонеъ гардонидани талаботи фарзандони ноболиғ харида шудаанд (либос, пойафзол, лавозимоти мактаб ва варзиш, асбобҳои мусиқи, китобҳои кӯдакона ва ғайра) ба ихтиёри зан ё шавҳар, ки фарзандон бо ӯ зиндаги мекунанд, бе ҷуброн гузошта мешаванд.
БОБИ 8. АҲДНОМАИ НИКОҲ
Моддаи 40. Аҳдномаи никоҳ
Аҳдномаи никоҳ- созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулки ва ӯҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯи ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд .
Моддаи 41. Бастани аҳдномаи никоҳ
1. Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи заношӯи баста шавад.
Аҳдномаи никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.
2. Бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатмӣ буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад .
3. Аҳдномаи никоҳ дар шакли хатти баста шуда, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад .
Моддаи 42. Мундариҷаи аҳдномаи никоҳ
1. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки бо аҳдномаи никоҳ низоми моликияти муштараки ба молу мулки умуми муқаррарнамудаи қонунро (моддаи 34 Кодекси мазкур) тағйир дода, низоми моликияти саҳмиро ба тамоми молу мулки дар давоми никоҳ ҷамъовардаашон ё ба намудҳои алоҳидаи он ё худ ҳама гуна низоми молу мулки умумиашонро, ки ба ҳар яки онҳо тааллуқ дорад, муқаррар намоянд .
Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам нисбати молу мулки мавҷуда ва ҳам нисбати молу мулки ояндаи зану шавҳар баста шавад .
Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки дар аҳдномаи никоҳ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро дар мавриди таъминоти якдигар; тариқи иштирокро дар даромади ҳамдигар; тартиби хароҷоти оиларо аз ҷониби ҳар кадоми онҳо; хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилавӣ ва молу мулкеро муайян намоянд, ки дар сурати бекор кардани никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад, инчунин ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои молумулкиашонро дохил намоянд , .
2. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои пешбининамудаи аҳднома метавонад бо мӯҳлатҳои муайян маҳдуд карда шавад ё бо шарти фаро расидан ё фаро нарасидани шароити алоҳида вобаста карда шавад.
3. Аҳдномаи никоҳ наметавонад қобилияти ҳуқуқи ё амалии зану шавҳар; ҳуқуқи онҳоро барои муроҷиат ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳояшон; танзими муносибатҳои шахсии ғайриамволии байни зану шавҳар; ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсии зану шавҳарро нисбати фарзандон маҳдуд кунад; муқарраротеро пешбини намояд, ки ҳуқуқи ҳамсари корношоями эҳтиёҷмандро ба таъминот маҳдуд кунанд ва шартҳои дигаре дошта бошад, ки зан ё шавҳарро дар ҳолати ниҳоят ногувор гузоранд ё хилофи асосҳои умуми ва мазмуну мӯҳтавои қонунҳои оила бошанд.
4. Дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешбинӣ карда шаванд:
- муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо оид ба молу мулк;
- ӯҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон;
- бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон;
- нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд .
Моддаи 43. Тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ
1. Аҳдномаи никоҳро дар ҳар давра бо мувофиқаи зану шавҳар тағйир додан ва ё бекор кардан мумкин аст. Созишнома дар бораи тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ дар ҳамон шакле, ки аҳдномаи никоҳ баста мешавад, ба имзо мерасад .
Ба якҷониба рад намудани иҷрои аҳдномаи никоҳ иҷозат дода намешавад.
2. Бо талаби зан ё шавҳар аҳдномаи никоҳ бо ҳалномаи суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода ё бекор карда шуданаш мумкин аст.
3. Амали аҳдномаи никоҳ аз лаҳзаи қатъ кардани никоҳ (моддаи 25 ҳамин Кодекс) ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар аҳдномаи никоҳ барои давраи баъди қатъи никоҳ пешбини шудааст, қатъ мегардад.
4. Шартҳои аҳдномаи никоҳеро, ки дар қисми 4 моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, тағйир додан манъ аст .
Моддаи 44. Беэътибор донистани аҳдномаи никоҳ
1. Аҳдномаи никоҳ бо асосҳое, ки дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беэътибории аҳдҳо пешбини гардидаанд, аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста мешавад .
2. Аҳдномаи никоҳ дар сурати вайрон кардани талаботи қисми 3 моддаи 42 ҳамин Кодекс дар асоси даъвои зану шавҳар (яке аз онҳо), агар шартҳои аҳднома ин ҳамсарро дар вазъияти ниҳоят ногувор гузорад, инчунин дар асоси даъвои қарздиҳандагон ҳангоми вайрон кардани талаботи моддаи 47 Кодекси мазкур метавонад аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста шавад.
Моддаи 45. Шартномаҳои дигар доир ба молу мулк
Зану шавҳар, инчунин дигар аъзои болиғи оила ҳуқуқ доранд байни худ шартномаи ҳадья, хариду фурӯш ва ҳама гуна шартномаҳои дигаре банданд, ки хилофи қонун нестанд. Муносибатҳое, ки дар асоси ин гуна шартномаҳо байни зану шавҳар ва аъзоёни дигари оила ба миён меоянд, тавассути қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд .
БОБИ 9. МАСЪУЛИЯТИ ЗАНУ ШАВҲАР АЗ РӯИ ӯҲДАДОРИҲО
Моддаи 46. Ситонидани маблағ аз молу мулки зану шавҳар
1. Аз рӯи ӯҳдадориҳои яке аз ҳамсарон маблағ танҳо аз молу мулки ё зан ё шавҳар ситонида мешавад. Дар сурати нокифоя будани ин молу мулк кредитор ҳақ дорад ҷиҳати ситонидани қарз ҷудо кардани ҳиссаи зан ё шавҳари қарздорро аз молу мулки умумии онҳо талаб кунад .
2. Ситонидани маблағ аз молу мулки умумии зану шавҳар аз рӯи ӯҳдадориҳои умумии зану шавҳар, инчунин он аз рӯи ӯҳдадориҳои яке аз онҳо сурат мегирад, агар суд муқаррар намояд, ки ҷамаи чизҳои мувофиқи ӯҳдадори гирифтаи зан ё шавҳар барои эҳтиёҷоти оила масраф шудаанд .
3. Агар бо ҳукми суд муқаррар гардад, ки молу мулки умумии зану шавҳар аз ҳисоби маблағи бо роҳи ҷиноят бадастовардаи зан ё шавҳар харида шудааст ё афзун гардидааст, маблағ мувофиқан аз молу мулки умумии зану шавҳар ё як қисми он ситонида мешавад .
4. Масъулияти зану шавҳар барои зараре, ки фарзандони ноболиғашон расонидаанд, тавассути қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд .
Моддаи 47. Кафолати ҳуқуқи кредиторон ҳангоми бастан, тағйир додан ва бекор кардани аҳдномаи никоҳ
1. Ҳамсар ӯҳдадор аст, ки кредитори (кредиторони) худро дар хусуси бастан, тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ огоҳ созад. Дар сурати иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ, ҳамсар аз рӯи ӯҳдадориҳои худ, новобаста ба мӯҳтавои аҳдномаи никоҳ, масъул мебошад.
2. Кредитори (кредиторони) ҳамсари қарздор ҳуқуқ дорад бинобар моҳиятан тағйир ёфтани вазъият бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир додани шартҳо ё бекор кардани аҳдномаи никоҳи байни ҳамсарон басташударо талаб намояд .
ФАСЛИ IV. ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ВОЛИДОН ВА ФАРЗАНДОН
БОБИ 10. МУҚАРРАР НАМУДАНИ АСЛУ НАСАБИ ФАРЗАНДОН
Моддаи 48. Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидон ва фарзандон
Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидон ва фарзандон ба аслу насаби фарзандон, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ шудааст, асос меёбанд.
Моддаи 49. Муқаррар намудани аслу насаби кӯдак
1. Аслу насаби кӯдакро аз модар (модари) мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрванди дар асоси асноди тасдиқкунандаи зодани кӯдакро дар муассисаи тибби таваллуд кардани модар ва дар сурати берун аз муассисаи тибби таваллуд ёфтани кӯдак бошад, дар асоси асноди тибби, гувоҳии шоҳидон ва далелҳои дигар муқаррар менамояд.
2. Агар кӯдак аз шахсоне, ки бо ҳам никоҳи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифташуда доранд, инчунин дар давоми сесад рӯзи пас аз қатъи никоҳ ё беэътибор донистани никоҳ ё вафоти шавҳари модараш таваллуд ёфта бошад, падари кӯдак шавҳари (шавҳари собиқи) модар эътироф мегардад, ба шарте, ки акси он исбот нашуда бошад (моддаи 53 ҳамин Кодекс) .
3. Агар модар арз кунад, ки падари кӯдак шавҳари (шавҳари собиқи) ӯ нест, падари кӯдак мувофиқи қоидаҳои муқаррар намудаи кисми 4 моддаи мазкур ё моддаи 50 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.
4. Падар будани шахсе, ки бо модари кӯдак никоҳ надорад, бо роҳи аз ҷониби падару модари кӯдак ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрванди додани ариза; дар сурати фавти модар, ғайри қобили амал эътироф гардидани ӯ, имконнопазирии муайян намудани маҳали буду боши модар ё аз ҳуқуқи падару модари маҳрум шудани ӯ бошад, дар асоси аризаи падари кудак, бо мувофиқаи мақоми васояту парастори ва ҳангоми набудани чунин аҳднома бо ҳалномаи суд муқаррар карда мешавад.
Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳое, ки асос медиҳанд чунин тахмин карда шавад, ки додани аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падари пас аз таваллуди кӯдак ғайриимкон ё мушкил мебошад, волидони кӯдаки оянда, ки никоҳ надоранд, ҳақ доранд ҳангоми ҳомиладории модар ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрванди бо чунин ариза муроҷиат кунанд. Сабти падару модар баъди таваллуди кӯдак сурат мегирад.
5. Муқаррар намудани падари шахси ба синни балоғат расида танҳо бо розигии ӯ ва агар ин шахс ғайри қобили амал дониста шавад, бо розигии васи ё мақоми васояту парастории ӯ мумкин аст.
Моддаи 50. Ба тартиби суди муқаррар намудани падари
1. Дар сурати аз волидони никоҳнадошта таваллуд ёфтани кӯдак ва набудани аризаи муштараки волидон ё аризаи падари кӯдак, аслу насаби кӯдак аз шахси мушаххас (падар) дар асоси аризаи яке аз волидон ё васии (парастори) кӯдак, аризаи шасе, ки кӯдак дар таъминоташ мебошад, инчунин ҳангоми ба балоғат расидан дар асоси аризаи худи кӯдак ба тариқи суди муқаррар карда мешавад.
2. Ҳангоми муқаррар намудани падари суд зиндаги ва пешбурди хоҷагии якҷоя бо модари кӯдак ё тарбияи муштарак ё таъмини кӯдак ё далелҳои дигари боэътимодеро, ки аз ҷониби шахси мушаххас таваллуд шудани кӯдак, далелҳои саҳеҳ тасдиқкунандаи аз ҷониби ҷавобгар эътироф гардидани падариро собит месозад, ба назар мегирад.
Моддаи 51. Аз ҷониби суд муқаррар намудани далели эътирофи падари
Дар ҳолати фавти шахсе, ки худро падари кӯдак эътироф мекард, вале бо модари кӯдак никоҳ надошт, далели падар эътироф шудани ӯ метавонад аз рӯи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби суди муқаррар карда шавад .
Моддаи 52. Хорич карда шуд
Моддаи 53. Баҳси муайянкунии падари (модари)
1. Сабти волидон дар дафтари сабти таваллуди кӯдак, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ сурат гирифтааст, собиткунандаи аслу насаби кӯдак аз шахсони дар он зикргардида буда он танҳо ба тартиби суди бо талаби шахси ҳамчун падар ё модари кӯдак сабтёфта ё шахсе, ки воқеан падар ё модари кӯдак мебошад, инчунин аз ҷониби васии волидони қудак, инчунин худи кӯдак ҳангоми расидан ба синни балоғат, васии падар ё модари аз тарафи суд ғайри қобили амал эътирофгардида мавриди баҳс қарор гирифта метавонад .
2. Талаби шахсе, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ падари кӯдак сабт шудааст, дар мавриди баҳси падари қонеъ гардонида намешавад, агар дар лаҳзаи сабт ин шахс медонист, ки ӯ воқеан падари кӯдак намебошад .
3. Шахсе, ки ба сифати падар ё модари кӯдак сабт шудааст, ё шахсе, ки воқеан падари кӯдак аст, дар сурати фавти модар ё аз ҳуқуқи волидон маҳрум кардани ӯ ҳуқуқ дорад дар давоми як сол аз он вақте, ки ба ӯ сабти гузаронидашуда маълум гардидаст ё мебоист маълум гардад, баҳс кунад. Агар то ин муддат шахси падар ё модар сабтгардида шахси ноболиғ ҳисоб шавад, мӯҳлати як сол аз рӯзи ба синни ҳаждаҳсолаги расидани ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Моддаи 54. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои фарзандоне, ки аз шахсони бо ҳам никоҳ надошта таваллуд ёфтаанд
Агар муқаррар намудани ҳуқуқи падарӣ мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 50 ва 51 Кодекси мазкур сурат гирифта бошад, фарзандон нисбат ба падару модар ва хешу ақрабояшон дорои ҳуқуқу уҳдадориҳое мебошанд, ки кӯдакони аз шахсони бо ҳам ақди никоҳ баста доранд .
БОБИ 11. ҲУҚУҚИ КӯДАКОНИ НОБОЛИU
Моддаи 55. Ҳуқуқи кӯдак барои зиндаги ва тарбия дар оила
1. Кӯдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолаги (ба синни балоғат) нарасидааст.
2. Ҳар кӯдак ҳуқуқ дорад, ки дар оила зиндаги кунад ва тарбия гирад. Кӯдак ба ғамхории волидон, таъмини манфиатҳояш, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъни инсонии худ ҳуқуқ дорад.
Дар сурати набудани волидон, аз ҳуқуқи волидон маҳрум кардани онҳо ва дар ҳолатҳои дигари аз даст додани васояти волидон, ҳуқуқи кӯдак барои тарбия дар оила мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи боби 18 ҳамин Кодекс аз ҷониби мақомоти васояту парастори таъмин карда мешавад.
Моддаи 56. Ҳуқуқи кӯдак барои муошират бо волидон ва дигар хешу ақрабо
1. Кӯдак ҳуқуқи муоширатро бо падару модар, бобо, биби (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо дорад. Бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби волидон, беэътибор донистани он ё зиндагии ҷудогонаи падару модар ба ҳуқуқи кӯдак таъсир намерасонад.
Дар сурати ҷудо зиндаги кардани волидон кӯдак ҳуқуқ дорад, ки бо ҳар кадоми онҳо муошират кунад. Кӯдак инчунин ҳуқуқ дорад дар сурати дар давлатҳои мухталиф зиндаги кардани волидон ва баъди бекор кардани ақди никоҳ низ бо онҳо муошират кунад.
2. Фарзанде, ки дар ҳолати фавқулодда қарор дорад (ҳангоми дастгир кардан, ба ҳабс гирифтан, дар маҳбас нигоҳ доштан, дар муассисаи тибби будан ва ғайра) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун барои муошират бо волидон ва дигар хешу ақрабои худ ҳуқуқ дорад .
Моддаи 57. Ҳуқуқи кӯдак ба ҳимоя
1. Кӯдак ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳуқуқ дорад.
Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро волидон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, мақомоти васояту парастори, прокурор ва суд ҳимоя мекунанд .
2. Кӯдак ҳуқуқ дорад аз сӯиистифодаи волидон (шахсони ивазкунандаи онҳо) ҳифз карда шавад.
Ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, аз ҷумла иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро намудани ӯҳдадориҳо аз ҷониби волидон (яке аз онҳо) оид ба тарбияю таълими кӯдак ё суиистифода аз ҳуқуқҳои падару модари кӯдак ҳуқуқ дорад ба мақоми васоят ва парастори ва пас аз расидан ба синни чордаҳсолаги ҷиҳати ҳимоя аз ҷониби онҳо ба суд муроҷиат кунад .
3. Шахсони мансабдори ташкилотҳо ва дигар шаҳрвандоне, ки аз таҳдид ба ҳаёт ё саломатии кӯдак ё поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак дар оила огоҳи пайдо мекунанд, вазифадоранд дар ин хусус ба мақоми васояту парастори маҳали воқеии истиқомати кӯдак маълумот диҳанд. Ҳангоми гирифтани чунин маълумот мақоми васояту парастори вазифадор аст барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак чораҳои зарури андешад.
Мақоми васояту парастори ҳуқуқ доранд, дар ҳолатҳои зарури бо ҷалби намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ба оилаҳое, ки дар онҳо зиндаги кардани кӯдакон ба ҳаёту саломатии онҳо хатарнок аст, бемонеа ворид шаванд .
Моддаи 57(1). Ҳуқуқи кӯдак барои озодона изҳор намудани фикри худ
1. Кӯдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ, ки ба манфиатҳои ӯ дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судӣ ва маъмурӣ иштирок кунад. Ба инобат гирифтани фикри кӯдаки аз синни даҳсола боло ҳатмӣ мебошад, ба истиснои мавридҳое, ки ин хилофи манфиатҳои ӯ мебошад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва парасторӣ ё суд метавонанд танҳо бо ризоияти кӯдаки аз синни даҳсола боло қарор кабул намоянд.
2. Муассисаҳои таълимии томактабӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва падару модар бояд барои озодона изҳор намудани фикри кӯдак дар ҷомеа ва оила шароит фароҳам оваранд .
Моддаи 58. Ҳуқуқи кӯдак ба доштани насаб, ном ва номи падар
1. Кӯдак ба доштани насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад.
2. Тартиби номгузорӣ ва сабти насаб, ном ва номи падари кӯдак дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" амалӣ мегардад .
Моддаи 59. Хорич карда шуд
Моддаи 60. Ҳуқуқи молумулкии кӯдак
1. Кӯдак мувофиқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс аз волидони худ ва аъзои дигари оила ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад .
2. Кӯдак ба даромади бадастоварда, молу мулки ҳадья ё меросгирифта ва ҳама гуна молу мулки дигаре, ки тибқи қонун ба ӯ тааллуқ дорад, дорои ҳуқуқи моликият мебошад .
Ҳуқуқи кӯдак барои ихтиёрдории молу мулки таҳти моликияташ қарордошта тибқи меъёрҳои дахлдори қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
Дар сурати ваколати идоракунии молу мулки кӯдакони ноболиғро анҷом додани волидон нисбат ба онҳо қоидаҳое татбиқ мегарданд, ки дар қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ихтиёрдории молу мулки шахси таҳти парастори гирифташуда пешбини шудаанд .
3. Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани волидон, кӯдак ҳуқуқи моликият ба молу мулки онҳо ва волидайн ҳуқуқи моликият ба молу мулки кӯдакро надоранд. Фарзандон ва волидон, ки якҷоя зиндаги мекунанд, молу мулки ҳамдигарро бо мувофиқаи муштарак соҳиби мекунанд ва истифода мебаранд .
4. Дар сурати ба миён омадани ҳуқуқи моликияти умумии волидон ва кӯдак ҳуқуқи онҳо дар мавриди соҳиби, истифода ва ихтиёрдории молу мулки умуми тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад
БОБИ 12. ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲОИ ВОЛИДОН
Моддаи 61. Баробарии ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидон
1. Волидон нисбати фарзандонашон ҳуқуқу ӯҳдадориҳои баробар доранд (ҳуқуқи волидон).
2. Ҳуқуқҳои волидон, ки дар ҳамин боб пешбини шудааст, ҳангоми ба синни ҳаждаҳсолаги (синни балоғат) расидани кӯдакон, инчунин ҳангоми никоҳ бастани кӯдакони ноболиғ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун дар мавриди аз ҷониби кӯдакон то ба синни балоғат расиданашон ба даст овардани қобилияти пурраи амал, қатъ мегардад .
Моддаи 62. Ҳуқуқи волидони ноболиғ
1. Волидони ноболиғ ҳуқуқ доранд бо кӯдак мустақилона зиндаги кунанд ва дар тарбияи ӯ иштирок намоянд.
2. Волидони ноболиғ, ки никоҳ набастаанд, дар сурати таваллуд шудани кӯдак ҳақ доранд пас аз расидан ба синни ҳабдаҳсолагӣ мустақилона ҳуқуқи падару модарии худро татбиқ намоянд. То ба синни ҳабдаҳсолагӣ расидани волидони ноболиғ ба кӯдак васи таъин шуданаш мумкин аст, ки якҷоя бо волидони ноболиғ тарбияи кӯдакро анҷом медиҳад. Ихтилофе, ки байни васии кӯдак ва волидони ноболиғ ба миён меоянд, аз ҷониби мақоми васояту парастори ҳал карда мешаванд , .
3. Падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо асосҳои умумӣ барои эътироф намудани падарӣ ва модарии худ баҳс намоянд, инчунин то расидан ба синни ҳабдаҳ онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи судӣ ҳуқуқи талаби муқаррар намудани падарӣ ва модариро нисбати фарзандонашон доранд , .
Моддаи 63. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидон дар тарбия ва таълими фарзандон
1. Волидон барои тарбияи фарзандони худ дорои ҳуқуқу ӯҳдадори мебошанд.
Волидон барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, вазифадоранд, ки дар бораи саломати, такомули ҷисмони, рӯҳи, маънави ва ахлоқи, таълим, касбомӯзии фарзандонашон ғамхори намоянд.
Волидон дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба ҳамаи шахсони дигар ҳуқуқи афзалиятнок доранд.
2. Волидон вазифадоранд, ки барои гирифтани таҳсилоти умумии асоси, ба фарзандонашон имконият фароҳам оваранд .
Волидон ҳуқуқ доранд, ки бо назардошти фикру хоҳиши фарзандонашон муассисаҳои таълими ва шаклҳои таҳсили онҳоро то давраи аз ҷониби онҳо гирифтани маълумоти умумии асоси интихоб намоянд.
3. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзандони худ дорои дигар ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва масъулияте мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд .
Моддаи 64. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидон ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон
1. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони ноболиғ ба зиммаи волидони онҳо гузошта мешавад.
Падару модар намояндагони қонунии фарзандони худ буда, ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, судӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, бе ваколатҳои махсус ҳимоя менамоянд .
2. Волидон наметавонанд аз ҳуқуқи фарзандони худ намояндаги кунанд, агар мақоми васоят ва парастори муқаррар карда бошад, ки байни манфиатҳои волидон ва фарзандон ихтилоф вуҷуд дорад. Дар сурати ихтилофот байни волидайн ва кӯдакон мақоми васоят ва парастори вазифадоранд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон намоянда таъин кунанд.
Моддаи 65. Татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидон
1. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидон набояд бар хилофи манфиатҳои фарзандон татбиқ шаванд. Таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзӯи асосии ғамхории волидон бошад.
2. Ҳангоми истифодаи ҳуқуқи волидон он набояд ба саломатии ҷисмонию рӯҳии кӯдак ва такомули маънавии ӯ зарар расонанд. Усулҳои тарбияи кӯдакон бояд ба муомилаи бераҳмона, дағалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кӯдак ё суиистифода ва истисмори кӯдакро аз ҷониби волидон истисно кунанд.
Волидоне, ки ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худро бар зарари ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак татбиқ менамоянд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.
3. Тамоми масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзандонро волидон бо ризоияти ҳамдигар ва бо назардошти манфиати кӯдакон ва фикру ақидаи онҳо ҳал менамоянд. Дар сурати ҷой доштани ихтилофот, волидон (яке аз онҳо) барои ҳалли ин ихтилофотхо метавонанд ба мақоми васояту парастори ё суд муроҷиат кунанд.
4. Ҷои истиқомати кӯдак дар сурати ҷудо зиндаги кардани волидон бо мувофиқаи байни онҳо муқаррар карда мешавад. Дар сурати набудани мувофиқа, баҳси волидонро суд дар асоси манфиати кӯдакон ва бо назардошти фикру хоҳиши онҳо ҳал менамояд. Зимнан суд дилбастагии (меҳри) кӯдакро нисбат ба падар ё модар, бародару хоҳарон, синну соли кӯдак, сифати маънави ва дигар сифатҳои хосаи волидон, муносибате, ки байни падар ва модар ва кӯдак мавҷуд аст, имконоти ба кӯдак фароҳам овардани шароити тарбия ва рушду камоли он ( навъи фаъолият, низоми кори волидон, вазъи модди ва оилавии волидон ва ғайраро) ба инобат мегирад.
Моддаи 66. Татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои волидон аз ҷониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш ҷудо зиндаги мекунад
1. Падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндаги мекунад, барои муошират бо кӯдак ҳуқуқ дорад ва вазифадор аст дар тарбияи ӯ ва ҳалли масъалаи гирифтани таҳсилоти кӯдак иштирок намояд .
Падар ё модаре, ки фарзанд бо ӯ зиндаги мекунад, набояд монеи муоширати фарзанд бо падар ё модар бошад.
2. Волидон метавонанд дар хусуси тартиби татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ аз ҷониби падар ё модаре, ки ҷудо зиндаги мекунад, созишномаи хатти банданд.
Агар волидон мувофиқа карда натавонанд, баҳсро суд бо талаби волидон (яке аз онҳо), бо иштироки мақоми васояту парастори, ҳал менамояд.
3. Дар сурати иҷро накардани ҳалномаи суд, нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд. Ҳангоми қасдан иҷро накардани ҳалномаи суд, бо дарназардошти манфиати кӯдак ва фикру хоҳиши ӯ, суд метавонад бо талаби падар ё модаре, ки ҷудо зиндаги мекунад, дар хусуси ба ӯ додани кӯдак ҳалнома қабул намояд .
4. Падар ё модаре, ки аз кӯдак ҷудо зиндаги мекунад, ҳуқуқ дорад аз муассисаҳои тарбияви, табобати ва ғайра дар хусуси фарзанди худ маълумот гирад. Ин гуна маълумот он гоҳ дода намешавад, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак аз тарафи падар (модар) таҳдид мавҷуд бошад. Оид ба дода нашудани маълумот ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 67. Ҳуқуқи бобо, биби (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешовандон барои муошират бо кӯдак
1. Бобою биби (модаркалон), бародарону хоҳарон ва хешовандони дигар барои муошират бо кӯдак ҳуқуқ доранд.
2. Дар сурате, ки агар волидон (яке аз онҳо) барои муоширати хешовандони наздик бобою биби (модаркалон), бародару хоҳарон бо кӯдак имконият надиҳанд, мақоми васояту парастори метавонад волидонро (яке аз онҳоро) вазифадор созанд, ки монеи ин муошират нашаванд.
3. Агар волидон (яке аз онҳо) ба қарори мақомоти васояту парастори итоат накунанд, бобою биби (модаркалон), бародару хоҳарон ё мақомоти васояту парастори метавонанд ҷиҳати рафъи монеаи муошират бо кӯдак ба суд бо даъво муроҷиат намоянд. Суд баҳсро бо назардошти манфиати кӯдак ва фикру хоҳиши ӯ ҳал менамояд.
Дар сурати иҷро накардани ҳалномаи суд нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд .
Моддаи 68. Ҳимояи ҳуқуқи волидон
1. Волидон ҳуқуқ доранд баргардонидани фарзандонашонро аз ҳар шахсе, ки бе асоси қонуни ё ҳалномаи суд онҳоро дар наздаш нигоҳ медорад, талаб намоянд. Дар сурати ба миён омадани баҳс волидон метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқашон ба суд муроҷиат намоянд.
Ҳангоми баррасии ин талабот суд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдак метавонад даъвои волидонро қонеъ нагардонад, агар ба хулоса ояд, ки ба волидон баргардонидани кӯдак ба манфиати кӯдак нест.
2. Агар суд муқаррар намояд, ки на волидон ва на шахсоне, ки кӯдак дар наздашон мебошад, ба тарбияи сазовори ӯ қодир нестанд, он гоҳ суд кӯдакро барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ медиҳад .
Моддаи 69. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модари
Волидон (яке аз онҳо) метавонанд аз ҳуқуқи падару модари маҳрум карда шаванд, агар онҳо:
- аз иҷрои ӯҳдадориҳои падару модари, аз ҷумла додани алимент қасдан саркаши кунанд;
- бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона (таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тибби ё тарбияви, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва ё дигар муассисаҳои монанди он гирифтани фарзанди худро рад намоянд;
- аз ҳуқуқи падару модарии худ суиистифода намоянд;
- ба фарзандон муносибати бераҳмона кунанд, аз ҷумла нисбати онҳо зӯроварии ҷисмони ё рӯҳиро раво бинанд, ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо сӯиқасд намоянд;
- майзада ё нашъаманди ашадди бошанд;
- бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё саломатии ҳамсари худ қасдан ҷиноят содир карда бошанд.
Моддаи 70. Тартиби маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модари
1. Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модари ба тартиби суди ба амал бароварда мешавад.
Парвандаи оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модари дар асоси аризаи яке аз волидон (шахсони онҳоро ивазкунанда), прокурор, инчунин мақомоту муассисаҳои давлати, ки вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ноболиғ ба зиммаашон гузошта шудааст (мақомоти васояту парастори, муассисаҳо барои кӯдакони ятим ва кӯдакони аз ғамхории волидон маҳруммонда ва ғайра), барраси мегардад.
2. Парвандаҳои оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модари бо иштироки прокурор ва мақомоти васояту парастори барраси мешаванд.
3. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар хусуси маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модари суд масъалаи барои кӯдак ситонидани алиментро аз волидони (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модари маҳрумгашта ҳал мекунад.
4. Агар суд ҳангоми баррасии парвандаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модари дар амалҳои волидон (яке аз онҳо) аломатҳои кирдори сазовори ҷазои ҷиноятиро ошкор намояд, он гоҳ суд вазифадор аст, ки дар ин хусус прокурорро огоҳ созад .
Моддаи 71. Оқибати маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модари
1. Волидоне, ки аз ҳуқуқи падару модари маҳрум карда шудаанд аз тамоми ҳуқуқҳое, ки дар асоси далели хеши бо кӯдак муайян шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани таъминот (моддаи 88 ҳамин Кодекс аз кӯдаке, ки нисбати вай аз ҳуқуқи падару модари маҳрум гардидаанд, инчунин аз ҳуқуқи имтиёзоту ёрдампулиҳои давлат, ки барои шаҳрвандони фарзанддор муқаррар шудаанд, маҳрум мегарданд.
2. Маҳрум кардани волидон аз ҳуқуқи падару модари онҳоро аз вазифаи таъмин кардани фарзандашон озод намекунад.
3. Масъалаи минбаъд якҷоя зиндаги кардани фарзандон ва волидонро (яке аз онҳоро), ки аз ҳуқуқи падару модари маҳрум шудаанд, суд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои манзил ҳал мекунад.
4. Кӯдаке, ки нисбати ӯ волидон (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модари маҳрум шудаанд, ҳуқуқи моликиятро ба манзили истиқомати, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқомати, инчунин ҳуқуқи молумулкии дар асоси далели хеши бо волидон ва хешовандони дигар муайяншуда, инчунин ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад .
5. Дар сурати имконнопазирии ба падар ё модар додани кӯдак ё дар сурати аз ҳуқуқи волидон маҳрум шудани падару модар кӯдак ба тарбияи мақомоти васояту парастори супорида мешавад.
6. Ба фарзандхонди гирифтани кӯдак дар сурати аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани волидон (яке аз онҳо) танҳо пас аз гузаштани мӯҳлати на камтар аз шаш моҳ баъди баровардани ҳалномаи суд дар хусуси маҳрум кардани волидон (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модари мумкин аст .
Моддаи 72. Барқарор намудани ҳуқуқи падару модари
1. Ҳуқуқи падару модари (яке аз онҳо) дар сурате барқарор шуда метавонад, ки агар рафтору кирдор, тарзи зиндаги ва муносибати онҳо нисбат ба тарбияи кӯдак ба тарафи мусби тағйир ёфта бошад.
2. Ҳуқуқи падару модари ба тартиби суди дар асоси аризаи падар ё модари аз ҳуқуқи падару модари маҳрумгардида, бо иштироки мақомоти васояту парастори, инчунин прокурор барқарор карда мешавад.
3. Ҳамзамон бо даъвои волидон (яке аз онҳо) дар хусуси барқарор намудани ҳуқуқи падару модари мумкин аст талаби баргардонидани кӯдак ба волидон барраси карда шавад.
4. Суд метавонад бо назардошти фикри кӯдак даъвои волидонро (яке аз онҳоро) барои барқароркунии ҳуқуқи падару модари рад кунад, агар он хилофи манфиатҳои кӯдак бошад.
Барқарор намудани ҳуқуқи падару модари нисбати кӯдаки ба синни даҳсолаги расида танҳо бо назардошти фикри ӯ мумкин аст.
Агар кӯдак фарзандхонд шуда бошад ва фарзандхонди беэътибор дониста нашуда бошад (моддаи 140 ҳамин Кодекс) барқарор намудани ҳуқуқи падару модари мумкин нест.
Моддаи 73. Гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани волидон аз ҳуқуқи падару модари
1. Суд метавонад бо назардошти манфиати кӯдак дар бораи гирифтани кӯдак аз волидон (яке аз онҳо) бе маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқи падару модари (маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модари) ҳалнома қабул намояд.
2. Гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани волидон аз ҳуқуқи падару модари дар ҳолате мумкин аст, ки агар бо волидон (яке аз онҳо) гузоштани кӯдак ба сабабҳои ба онҳо вобаста набуда (дар асари ноқисии рӯҳи ё дигар бемории кӯҳна, шароити вазнин ва ғайра) барои кӯдаки ноболиғ хатарнок бошад .
Гирифтани кӯдак инчунин дар ҳолате мумкин аст, ки агар гузоштани кӯдак бо волидон (яке аз онҳо) ба сабаби бадрафториашон барои кӯдак хатарнок буда, вале барои маҳрум кардани волидон (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модари асоси кофи вуҷуд надорад. Агар волидон (яке аз онҳо) дар давоми шаш моҳи баъди аз ҷониби суд гирифтани кӯдак рафтори худро ислоҳ накунанд, мақомоти васояту парастори вазифадоранд, ки дар хусуси аз ҳуқуқи падару модари маҳрум кардани ӯ даъво пешниҳод намоянд. Мақомоти васоят ва парастори ҳуқуқ доранд ба манфиати кӯдак то гузаштани ин мӯҳлат дар мавриди маҳрум кардани волидайн ( яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модари даъво пешниҳод кунанд.
3. Даъво дар хусуси гирифтани кӯдак аз тарафи мақомоту муассисаҳои давлатие, ки қонун вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ноболиғро ба зиммаашон гузоштааст (қисми 1 моддаи 70 ҳамин Кодекс), муассисаҳои тарбияви, тибби, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва дигар муассисаҳо, хешовандони наздики кӯдак, инчунин прокурор пешниҳод шуда метавонад.
4. Парвандаҳо оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модари бо иштироки прокурор ва мақомоти васояту парастори барраси мешаванд.
5. Ҳангоми баррасии парванда оиди маҳдуд кардан аз ҳуқуқи падару модари суд масъалаи барои кӯдак аз волидон (яке аз онҳо) ситонидани алиментро ҳал мекунад.
6. Суд вазифадор аст, ки дар мӯҳлати 3 рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи судӣ оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падарию модарӣ, иқтибоси онро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак фиристад .
Моддаи 74. Оқибати маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модари
1. Волидоне, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, ҳуқуқи шахсан тарбия кардани кӯдак, инчунин ҳуқуқи имтиёзу ёрдампулии давлатии барои шаҳрвандони кӯдакдор муқарраргардидаро аз даст медиҳанд.
2. Аз волидон гирифтани кӯдак волидонро аз ӯҳдадории таъминоти ӯ озод намекунад.
3. Кӯдаке, ки нисбати вай ҳуқуқи волидон (яке аз онҳо) маҳдуд карда шудааст, ҳуқуқи моликиятии худро ба манзили истиқомати, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқомати, инчунин ҳуқуқи молумулкиеро, ки дар асоси далели хеши бо волидон ва хешовандони дигар муайян шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад .
4. Кӯдаке, ки аз падару модар гирифта шудааст, барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ супорида мешавад .
Моддаи 75. Муоширати кӯдакон бо волидоне, ки ҳуқуқашонро суд маҳдуд кардааст
Ба волидоне, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, мумкин аст барои муошират бо кӯдак иҷозат дода шавад , ба шарте, ки он ба кӯдак таъсири зарарнок надошта, ба ҳаёту саломатии кӯдак хатарнок набошад. Муоширати волидон бо кӯдак бо розигии мақомоти васояту парастори ё васи (парастор) ва ё маъмурияти муассисае, ки кӯдак дар он мебошад, мумкин аст.
Моддаи 76. Бекор кардани маҳдудияти ҳуқуқи падару модари
1. Агар асосҳои барои маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модари сабаб шуда, аз байн раванд, суд мувофиқи даъвои волидон (яке аз онҳо) метавонад дар хусуси ба волидон (яке аз онҳо) баргардонидани кӯдак ва бекор кардани маҳдудиятҳои дар моддаи 74 ҳамин Кодекс пешбинишуда ҳалнома қабул намояд.
2. Суд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдак метавонад даъворо қонеъ нагардонад, агар ба волидон (яке аз онҳо) баргардонидани кӯдак хилофи манфиатҳои кӯдак бошад.
Моддаи 77. Гирифтани кӯдак ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии ӯ
1. Дар сурати ҷой доштани таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии кӯдак, мақоми васояту парастори ҳуқуқ дорад дар хусуси бетаъхир гирифтани кӯдак аз волидон (яке аз онҳо) ё дигар шахсоне, ки ӯ таҳти васояташон мебошад, қарор қабул намояд.
2. Дар сурати бетаъхир гирифтани кӯдак мақоми васояту парастори вазифадор аст, ки фавран прокурорро огоҳ сохта, мувақаттан ҷойгир намудани кӯдакро таъмин намояд ва дар мӯҳлати ҳафт рӯзи пас аз тартиб додани санади санҷиш ва хулоса дар бораи гирифтани кӯдак бо даъвои маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модари ё маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модари ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 78. Иштироки мақомоти васояту парастори ҳангоми дар суд барраси намудани баҳсҳои вобаста ба тарбияи кӯдакон
1. Ҳангоми дар суд барраси намудани баҳсҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон сарфи назар аз он ки даъвои ҳимояи онҳоро ки пешниҳод кардааст, мақоми васояту парастори бояд ҷиҳати иштирок дар баррасии парванда ҷалб карда шавад.
2. Мақoми васояту парастори вазифадор аст шароити зиндагии кӯдак ва шахсеро (шахсонеро), ки даъвои тарбия кардани ӯро дорад, санҷиш намуда, ба суд санади санҷиш ва хулосаи ба он асосёфтаро доир ба моҳияти баҳс пешниҳод кунад.
Моддаи 79. Иҷрои ҳалномаи суд оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон
1. Иҷрои ҳалномаҳои судҳо оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро аз ҷониби иҷрочии суд, бо иштироки ҳатмии мақомоти васояту парастори ба амал бароварда мешавад .
2. Иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои вобаста бо гирифтани кӯдакон ва ба шахси (шахсони) дигар додани онҳо бояд бо иштироки ҳатмии мақоми васоят ва парастори ва шахсе (шахсоне), ки кӯдак ба ӯ дода мешавад ва дар ҳолатҳои зарури бо иштироки намояндагони мақомоти милиция ба амал бароварда мешавад.
3. Ҳангоми ғайриимкон будани иҷрои ҳалномаи суд дар мавриди ба дигар кас додани кӯдак бе расонидани зарар ба манфиати кӯдак, ӯ тибқи таъиноти суд мувақаттан дар муассисаи тарбияви, муассисаи табобати, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳоли ё дигар муассисаи ба ин монанд ҷойгир карда шуданаш мумкин аст.
4. Агар падар ё модар (шахси дигар, ки кӯдак таҳти парастории ӯ қарор дорад) барои амали кардани ҳалномаи суд монеагӣ намояд, нисбати ӯ чораҳое, ки дар қонунгузории мурофиавии гражданӣ пешбинӣ гардидаанд, татбиқ карда мешаванд .
ФАСЛИ V. ӯҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ АЪЗОИ ОИЛА
БОБИ 13. ӯҲДАДОРИИ АЛИМЕНТДИҲИИ ВОЛИДОН ВА ФАРЗАНДОН
Моддаи 80. ӯҳдадориҳои алиментдиҳии волидон барои таъминоти фарзандони ноболиғ
1. Волидон вазифадоранд, ки фарзандони ноболиқи худро таъмин намоянд. Тартибу шаклҳои таъминоти фарзандонро волидон мустақилона муайян менамоянд.
2. Волидон ҳуқуқ доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиғи худ созишнома (созишнома дар хусуси пардохти алимент) мувофиқи боби 16 ҳамин Кодекс) банданд.
3. Агар волидон фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз волидон тибқи тартиби муқаррарнамудаи суди ситонида мешавад .
4. Ҳангоми набудани созишномаи волидон дар мавриди пардохти алимент, ҳангоми таъмин накардани фарзандони ноболиғ ва ҳангоми ба суд пешниҳод накардани даъво мақоми васоят ва парастори ҳақ дорад нисбат ба волидон ( яке аз онҳо) дар хусуси ситонидани алимент барои фарзандони ноболиғ даъво пешниҳод кунад.
Моддаи 81. Андозаи алименте, ки барои кӯдакони ноболиғ тибқи тартиби суди ситонида мешавад
1. Ҳангоми мавҷуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ суд аз волидони онҳо ҳар моҳ ба андозаи зерин алимент мерӯёнанд барои як фарзанд чорьяк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он - нисфи музди меҳнат ва даромади дигари волидон.
2. Ҳаҷми ин саҳм бо назардошти вазъи модди ва оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷӯҳ аз ҷониби суд кам ё зиёд карда шуданаш мумкин аст.
3. Агар кӯдакон таҳти таъминоти пурраи давлат ё ташкилоти ҷамъияти қарор гирифта бошанд, суд ҳуқуқ дорад андозаи алиментро кам кунад ё аз пардохти он озод намояд. Маблағҳое, ки аз волидон барои таъминоти кӯдакони дар муассисаҳои кӯдаконаи давлати ҷойгиркардашуда пардохта мешаванд, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қисми якуми ҳамин модда ба ҳисобномаҳои шахсии тарбиятгирандагон дар бонкҳои амонати гузаронида мешавад.
Моддаи 82. Навъҳои музди меҳнат ва дигар даромаде, ки аз онҳо барои кӯдакони ноболиғ алимент ситонида мешавад
Навъи музди меҳнат ва (ё) дигар даромаде, ки волидон бо асъори миллӣ ва (ё) асъори хориҷи мегиранд ва аз онҳо барои таъминоти кӯдакони ноболиғ тибқи моддаи 81 ҳамин Кодекс бояд алимент ситонида шавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад .
Моддаи 83. Ба маблағи устувор ситонидани алимент барои кӯдакони ноболиғ
1. Ҳангоми набудани созишномаи волидон дар хусуси пардохти алимент ба кӯдакони ноболиғ ва дар ҳолате, ки агар падар ё модари алиментдиҳанда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тағьирёбанда дошта бошад, ё агар ин падар ё модар музди меҳнату даромади дигарро пурра ё қисман дар шакли асл (натура) ё асъори хориҷи гирад, инчунин ҳангоми нагирифтани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, инчунин дар ҳолатҳои дигаре, ки ситонидани алимент вобаста аз ҳиссаи музди меҳнат ва даромади дигари падар ё модар имконнопазир, мушкил ё манфиати яке аз тарафҳоро моҳиятан халалдор созад, суд метавонад андозаи алименти ҳармоҳа ситонидашавандаро ба маблағи устувор ва ё ҳамзамон дар шакли ҳисса (мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс) ва бо маблағи устувор муайян намояд.
2. Андозаи маблағи устувор аз тарафи суд дар асоси имконияти нигоҳ доштани сатҳи ҳадди аксари дараҷаи пештараи таъминоти кӯдак бо назардошти вазъи моддию оилавии тарафҳо ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳ муайян карда мешавад.
3. Агар дар назди ҳар кадоме аз волидон фарзандон монда бошанд, андозаи алимент аз ҳар як падар ё модар ба падар ё модаре, ки камтар таъмин мебошад, бо маблағи устувори пули, ки онро суд мутобиқи қисми дуюми ҳамин модда муқаррар намудааст, ҳар моҳ ситонида мешавад.
Моддаи 84. Ситонидан ва истифодаи алимент барои кӯдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд
1. Барои кӯдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд, алимент мутобиқи моддаҳои 81-83 ҳамин Кодекс ситонида шуда, ба васии (парастори) кӯдак пардохта мешавад.
2. Алименте, ки аз волидон барои кӯдакони бе парастории волидон монда ва дар муассисаҳои дахлдори тарбияви, табобати, ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарордошта ситонида мешавад, ба ҳисобномаҳои ин муассисаҳо гузаронида шуда, дар онҳо вобаста ба ҳар кӯдак алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад.
Муассисаҳои мазкур метавонанд ин маблағро ба бонкҳо ва муассисаҳои дигари кредити гузаронанд. Панҷоҳ фоизи даромаде, ки аз муомилоти маблағи воридгардидаи алимент ба даст меояд, барои таъминоти кӯдакон дар ин муассисаҳо истифода мешавад. Ҳангоми муассисаи мазкурро тарк кардани кӯдак, маблағи алименти барои ӯ гирифташуда ва панҷоҳ фоизи даромад аз муомилоти он дар шӯъбаи бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисоби шахсии кӯдак гузаронида мешавад.
Моддаи 85. Ҳуқуқи фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнат ба алимент
1. Волидон вазифадоранд, ки фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати ба кӯмак эҳтиёҷманди худро таъмин намоянд.
2. Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи пардохти алимент суд ҳаҷми алиментро, ки барои кӯдакони болиғи ғайри қобили меҳнат ҳар моҳ бо пули устувор ситонида мешаванд, бо назардошти вазъи моддию оилави ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо муайян менамояд.
Моддаи 86. Ҳуқуқи фарзандони болиғи таҳсилкунанда ба алимент
1. Суд метавонад барои фарзандони ба синни балоғат расида, ки донишҷӯёни таҳсили рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни бистсолаги ва бистучорсолаги расиданашон аз волидон алимент ситонад , .
2. Андозаи алименти ҳар моҳ бо пули устувор ситонидашаванда аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилави ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо муайян карда мешавад.
Моддаи 87. Иштироки волидон дар хароҷоти иловаги барои фарзандон
1. Дар сурати мавҷуд набудани созишнома ва дар ҳолатҳои истиснои (бемории вазнин, маиб шудани кӯдакони ноболиғ ё болиғи ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд, зарурати пардохти маблағ ба бегонагон барои нигоҳубин ва ғайра) ҳар яке аз волидон аз ҷониби суд барои иштирок намудан дар хароҷоти иловаги вобаста ба чунин ҳолатҳо ҷалб шуданаш мумкин аст.
Тартиби иштироки ҳар кадоме аз волидонро дар хароҷоти иловаги аз тарафи суд, бо назардошти вазъи модди ва оилавии волидону фарзандон ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо бо маблағи устуворе, ки бояд ҳар моҳ пардохта мешавад, муайян мегардад.
2. Суд ҳуқуқ дорад волидонро барои иштирок намудан дар хароҷоти иловагии воқеан суратгирифта ва ҳамчунин хароҷоти иловагие, ки бояд дар оянда сурат гирад, вазифадор созад.
Моддаи 88. ӯҳдадории фарзандони болиғ барои нигоҳубини волидон
1. Фарзандони болиғи қобили меҳнат ӯҳдадоранд, ки волидони ғайри қобили меҳнати ба кӯмак мӯҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.
2. Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент барои волидони ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷ, аз фарзандони болиғи қобили меҳнат барои онҳо ба тартиби суди алимент ситонида мешавад.
3. Андозаи алименте, ки ҳар моҳ аз ҳар фарзанд ба тартиби суди ситонида мешавад, аз тарафи суд бо назардошти вазъи модди ва оилавии волидону фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо бо маблағи устувор муайян карда мешавад.
4. Бо талаби ҷавобгар суд ҳангоми муайян намудани андозаи алимент ҳамаи фарзандони болиғи қобили меҳнати падар ё модари мазкурро, сарфи назар аз он, ки талабот нисбати ҳамаи фарзандон ё танҳо ба як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод гардидааст, бояд баҳисоб гирад .
5. Фарзандон аз ӯҳдадориҳои таъмини волидони ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷи худ озод буда метавонанд, агар суд муқаррар созад, ки волидон аз иҷрои вазифаҳои падарию модарии худ саркаши мекарданд.
Фарзандон аз пардохти алимент ба волидоне, ки аз ҳуқуқи падару модари маҳрум гардидаанд, озод карда мешаванд.
Моддаи 89. Иштироки фарзандони болиғ дар пардохтани хароҷоти иловаги барои волидон
1. Дар ҳолатҳое, ки фарзандони болиғ нисбати волидони ғайри қобили меҳнат ғамхори накунанд ва дар ҳолатҳои истиснои (бемории вазнин, маибшавии волидон, зарурати пардохти маблағи нигоҳубин барои бегонагон ва ғайра) суд метавонад фарзандони болиғи қобили меҳнатро барои иштирок намудан дар пардохтани хароҷоти иловагие, ки вобаста ба ин ҳолатҳо ба миён омадаанд, ҷалб намояд.
2. Андоза ва тартиби пардохти хароҷоти иловаги аз ҷониби ҳар фарзанди болиғи қобили меҳнат аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии волидон ва фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо, бо риояи қоидаҳои қисмҳои 4 ва 5 моддаи 88 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
3. Тартиби пардохти хароҷоти иловаги ва андозаи ин хароҷотро бо созишномаи тарафҳо муайян кардан мумкин аст.
БОБИ 14. ӯҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ ЗАНУ ШАВҲАР ВА ЗАНУ ШАВҲАРИ СОБИҚ
Моддаи 90. Вазифаи зану шавҳар дар бобати таъминоти якдигар
1. Зану шавҳар вазифадоранд якдигарро аз ҷиҳати модди дастгири намоянд.
2. Дар сурати саркаши намудан аз чунин дастгири ва набудани созишнома оид ба пардохти алимент дар байни зану шавҳар инҳо ҳуқуқ доранд аз ҳамсари худ, ки барои ин мақсад маблaғи зарури дорад, ба тартиби суди пардохти алиментро талаб кунанд:
- зан ё шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд;
- зан дар давраи ҳомиладори ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умуми;
- зан ё шавҳари мӯҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ҳаждаҳсола ё фарзанди умумии маъюби модарзоди гурӯҳи якумро нигоҳубин мекунад.
Моддаи 91. Ҳуқуқи зан ё шавҳари собиқ барои гирифтани алимент пас аз бекор кардани ақди никоҳ
1. Шахсони зерин ҳуқуқ доранд ба тартиби суди аз зан ё шавҳари собиқи худ, ки маблағи заруриро доранд алимент талаб кунанд:
- зани собиқ дар давраи ҳомиладори ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умуми;
- зан ё шавҳари собиқи мӯҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ба синни ҳаждаҳсолаги расидан ва фарзанди умумии маъюби модарзоди гурӯҳи якумро нигоҳубин мекунад;
- зан ё шавҳари собиқи ғайри қобили меҳнати мӯҳтоҷе, ки қобилияти меҳнатро то бекор кардани никоҳ ё дар давоми як соли пас аз бекор кардани никоҳ аз даст додааст;
- зан ё шавҳари мӯҳтоҷе, ки на дертар аз панҷ соли пас аз лаҳзаи бекор кардани ақди никоҳ ба синни нафақа расидааст, агар зану шавҳар дар муддати панҷ сол дар ақди никоҳ буда бошанд.
2. Андозаи алимент ва тартиби ба ҳамсари собиқ пардохтани онро пас аз лахзаи бекор кардани никоҳ тибқи созишномаи байни зан ва шавҳари собиқ муайян кардан мумкин аст.
Моддаи 92. Андозаи алименте, ки тибқи тартиби суди барои таъминоти зану шавҳар ва зану шавҳари собиқ ситонида мешавад
Дар сурати мавҷуд набудани созишнома байни зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) оиди пардохти алимент андозаи алименте, ки ба тартиби суди ҳар моҳ барои таъминоти зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ситонида мешавад, аз тарафи суд дар шакли маблағи устувор бо назардошти вазъи моддию оилавии зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) ва манфиатҳои қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо муайян мегардад.
Моддаи 93. Аз ӯҳдадории таъмини ҳамсари худ озод намудани зан (шавҳар) ё маҳдуд кардани мӯҳлати ӯҳдадори
Суд метавонад зан ё шавҳарро ҳам дар давраи никоҳ ва ҳам пас аз бекор кардани он дар ҳолатҳои зерин аз ӯҳдадории таъмини ҳамсари худ озод кунад ё мӯҳлати ин ӯҳдадориро ба таври муайян маҳдуд созад:
- агар корношоямии зан ё шавҳари мӯҳтоҷ дар натиҷаи суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда ё қасдан ҷиноят содир намудани ӯ ба амал омада бошад ;
- агар хонадории зану шавҳар камтар аз панҷ сол давом карда бошад;
- агар зан ё шавҳаре, ки пардохти алиментро талаб мекунад дар оила рафтори ношоиста дошта бошад.
Моддаи 94. Қатъ гардидани ҳуқуқи таъминоти ҳамдигарии зан ё шавҳар
Ҳуқуқи зан ё шавҳар барои гирифтани таъминот (алимент) аз ҳамсари худ дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:
- агар зан ё шавҳари мӯҳтоҷи корношоям вафот кунад;
- агар шартҳое, ки мутобиқи моддаҳои 90 ва 91 ҳамин Кодекс барои гирифтани алимент асос буданд, аз миён бардошта шаванд;
- агар зан ё шавҳари мӯҳтоҷи корношоям аз нав хонадор шуда бошад.
БОБИ 15. ӯҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ АЪЗОИ ДИГАРИ ОИЛА
Моддаи 95. ӯҳдадории бародарону хоҳарон оиди таъминоти бародарону хоҳарони ноболиғ ва болиғи корношоями худ
Бародарону хоҳарони ноболиғи мӯҳтоҷи ёри дар сурати аз волидони худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд, ба тартиби суди аз бародарону хоҳарони болиғи қобили меҳнати худ, ки маблағи заруриро доранд, алимент гиранд. Чунин ҳуқуқ инчунин ба бародарону хоҳарони корношоями болиғи мӯҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо аз фарзандони болиғи худ зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ё волидонашон таъминотпули гирифта натавонанд.
Моддаи 96. ӯҳдадории бобою биби (модаркалон) оид ба таъминоти набераҳои худ
Набераҳои ноболиғи мӯҳтоҷи ёри дар сурати аз волидони худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби суди аз бобою бибии (модаркалони) худ, ки дорои маблағи зарури мебошанд, алимент гиранд.
Чунин ҳуқуқ инчунин ба наберагони корношоями болиғи мӯҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо аз ҳамсар (ҳамсари собиқ) ё волидонашон таъминот гирифта натавонанд.
Моддаи 97. ӯҳдадориҳои набера оид ба таъминоти бобою биби (модаркалон)
Бобою бибии (модаркалони) мӯҳтоҷи корношоям дар сурати аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби суди аз наберагони болиғи қобили меҳнати худ, ки дорои маблағи зарури мебошанд, алимент талаб кунанд.
Моддаи 98. ӯҳдадории писарандар ва духтарандар оиди таъминоти падарандар ва модарандар
1. Падарандар ва модарандари корношоями мӯҳтоҷе, ки писарандар ва духтарандари худро тарбия ва нигоҳубин кардаанд, агар онҳо аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ таъминот гирифта натавонанд, ҳуқуқ доранд аз писарандар ё духтарандари болиғи қобили меҳнат, ки маблағи зарури доранд, ба тартиби суди таъминот талаб намоянд.
2. Суд ҳуқуқ дорад писарандар ва духтарандарро аз вазифаи таъмин кардани падарандар ё модарандар озод кунад, агар падарандар ё модарандар онҳоро на камтар аз се сол тарбия ва таъмин карда бошанд, инчунин агар онҳо ӯҳдадориҳои худро вобаста ба тарбияи писарандар ва духтарандар номатлуб анҷом дода бошанд.
Моддаи 99. Андозаи алименте, ки барои аъзои дигари оила ба тартиби суди ситонида мешавад
1. Андоза ва тартиби пардохти алимент барои шахсоне, ки дар моддаҳои 95-98 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, тибқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешаванд.
2. Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи тарафҳо андозаи алимент, ки барои таъмини аъзои оилаи дар ҳамин боб зикргардида ба тартиби суди ситонида мешавад, аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии пардохткунанда ва гирандаи алимент ва манфиатҳои дигари қобили таваҷҷӯҳи тарафҳо дар шакли маблағи устувори ҳар моҳ пардохтшаванда муқаррар карда мешавад.
3. Агар барои таъмини аъзои оила, ки алимент талаб мекунад, ҳамзамон якчанд нафар ӯҳдадор бошанд, он гоҳ суд бо назардошти вазъи моддию оилавии онҳо андозаи иштироки ҳар яки онҳоро дар иҷрои ӯҳдадории алиментдиҳи муайян менамояд. Бо талаби ҷавобгар суд вазифадор аст, ки ҳамаи шахсонеро ки барои пардохтани алимент ӯҳдадоранд, ба ҳисоб гирад, сарфи назар аз он ки даъво нисбати ҳамаи ин шахсон ё фақат як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод шудааст.
БОБИ 16. СОЗИШНОМАИ ПАРДОХТИ АЛИМЕНТ
Моддаи 100. Бастани созишномаи пардохти алимент
Созишномаи пардохти алимент (андоза, шарт ва тартиби пардохти алимент) дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад, ва дар сурати ғайриқобили амал будани шахсе, ки вазифадор аст алимент супорад ва (ё) гирандаи алимент - дар байни намояндагони қонунии онҳо, баста мешавад. Шахсони қобилияти амалашон маҳдуд созишномаи пардохти алиментро бо розигии намояндагони қонуниашон имзо мекунанд.
Моддаи 101. Шакли созишномаи пардохти алимент
1. Созишномаи пардохти алимент дар шакли хатти баста шуда, аз тарафи идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ карда мешавад .
Риоя накардани шакли созишномаи пардохти алимент, ки қонун муқаррар кардааст, боиси оқибатҳое мегардад, ки меъёрҳои қонунгузории граждани пешбини намудааст.
2. Созишномаи пардохти алимент, ки нотариат тасдиқ намудааст, дорои эътибори варақаи иҷро мебошад.
Моддаи 102. Тартиби бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент
1. Бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент аз рӯи меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ки бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани аҳдҳои гражданию ҳуқуқи тавассути онҳо танзим мегарданд.
2. Созишномаи пардохти алимент ҳар гоҳ бо мувофиқаи тарафҳо тағйир дода ё бекор шуда метавонад. Тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба ҳамон шакле, ки шартномаи пардохти алимент баста шудааст, бояд сурат гирад.
3. Якҷониба иҷро накардани созишномаи пардохти алимент ё якҷониба тағйир додани шартҳои он мумкин нест.
4. Дар сурати ҷидди тағйир ёфтани вазъи модди ё оилавии тарафҳо ва ҳангоми тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба мувофиқа нарасидани тарафҳо тарафи манфиатдор ҳуқуқ дорад дар хусуси тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба суд даъво пешниҳод кунад. Ҳангоми баррасии масъалаи тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент суд ҳуқуқ дорад ҳама гуна манфиати қобили таваҷҷӯҳи тарафҳоро ба инобат гирад.
Моддаи 103. Беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент, ки манфиатҳои алиментгирандаро поймол мекунад
Агар шарти пешбининамудаи созишномаи пардохти алимент оид ба таъминоти кӯдакони ноболиғ ё аъзои болиғи ғайриқобили амали оила манфиати онҳоро поймол кунад, аз ҷумла дар ҳолатҳои риоя накардани талаботи қисми дуюми моддаи 104 ҳамин Кодекс чунин созишномаро мувофиқи талаби намояндаи қонунии кӯдаки ноболиғ ё кӯдаки аъзои болиғи ғайриқобили амали оила, инчунин мақоми васояту парастори ё прокурор ба тартиби суди беэътибор донистан мумкин аст.
Моддаи 104. Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад
1. Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, аз ҷониби тарафҳо дар ин созишнома муайян карда мешавад.
2. Андозаи алименте, ки мувофиқи созишномаи пардохти алимент барои кӯдакони ноболиғ муқаррар карда мешавад, аз андозаи алименте, ки онҳо ҳангоми ба тартиби суди ситонидани алимент гирифта метавонистанд (моддаи 81 ҳамин Кодекс) камтар буда наметавонад.
Моддаи 105. Усул ва тартиби пардохти алимент тибқи созишномаи пардохти алимент
1. Усул ва тартиби пардохти алимент тибқи созишномаи пардохти алимент, тавассути ҳамин созишнома муайян карда мешавад.
2. Алимент ҳамчун ҳисса аз маош ва (ё) дигар даромади шахсе, ки бояд алимент супорад, бо маблағи устувори пули вақт-вақт ё якдафъаина, бо усули додани молу мулк ва дигар усулҳо, ки дар бораи он созиш баста шудааст, пардохта шуда метавонад .
Дар созишномаи пардохти алимент якчанд усулҳои пардохти алиментро пешбини намудан мумкин аст.
Моддаи 106. Индексацияи андозаи алимент, ки тибқи созишномаи пардохти алимент сурат мегирад
Индексацияи андозаи алимент, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, мувофиқи ҳамин созишнома сурат мегирад. Агар дар созишномаи пардохти алимент тартиби дигари индексатсияи андозаи алимент пешбини нашуда бошад, индексация мутобиқи моддаи 118 ҳамин Кодекс сурат мегирад .
БОБИ 17. ТАРТИБИ ПАРДОХТ ВА СИТОНИДАНИ АЛИМЕНТ
Моддаи 107. Бо ҳалномаи суд ситонидани алимент
Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент аъзои оилаи дар ҳамин фасли Кодекс зикргардида ҳуқуқ доранд, ки бо талаби ситонидани алимент ба суд муроҷиат намоянд.
Моддаи 108. Мӯҳлати муроҷиат барои гирифтани алимент
1. Шахсе, ки барои гирифтани алимент ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз мӯҳлате, ки аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқи алиментгири гузаштааст, метавонад дар хусуси ситонидани алимент ба суд бо ариза муроҷиат кунад.
2. Алимент барои давраи баъди муроҷиат намудан ба суд муқаррар карда мешавад. Алимент барои давраи гузашта метавонад дар ҳудуди мӯҳлати сесола аз лаҳзаи муроҷиат кардан ба суд ситонида шавад, агар суд муқаррар кунад, ки то муроҷиат кардан ба суд барои гирифтани таъминот саъю кӯшиш карда шудааст, вале бинобар сабаби саркашии шахси алиментдиҳанда аз пардохти он, алимент гирифта нашудааст.
Моддаи 109. Мувақаттан ситонидани алимент
1. Аз рӯи парвандаҳо дар бораи ситонидани алимент суд ҳуқуқ дорад, ки то эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи ситонидани алимент ва дар сурати барои кӯдакони ноболиғ ситонидани алимент - то қабул гардидани ҳалнома дар бораи ситонидани алимент оиди мувақаттан ситонидани алимент қарор барорад.
2. Андозаи алименти муваққатан ситонидашавандаро суд бо назардошти вазъи модди ё оилавии тарафҳо муайян менамояд. Андозаи алименти муваққатан барои таъминоти кӯдакони ноболиғ ситонидашаванда мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
Моддаи 110. ӯҳдадории маъмурияти ташкилот дар бораи доштани алимент
Маъмурияти ташкилоти ҷои кори шахсе, ки ӯҳдадор аст алимент диҳад, вазифадор мебошад, ки дар асоси созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқшудаи тарафҳо ё варақаи иҷро ҳар моҳ аз музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда, ки ӯҳдадор аст алимент супорад, ё аз ҳисобномаи шахси алиментдиҳанда на дертар аз се рӯзи пас аз санаи ба алиментдиҳанда додани музди меҳнат ва (ё) даромади дигари вай алиментро нигоҳ дошта, ба шахси алиментгиранда супорад.
Моддаи 111. Нигоҳ доштани алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент
Нигоҳ доштани алимент дар асоси созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқшуда оид ба пардохти алимент дар ҳолатҳое сурат мегирад, ки агар маблағи умумии нигоҳдошташаванда дар асоси созишнома ва варақаҳои иҷро аз панҷоҳ фоизи маош ва (ё) дигар даромади шахси алиментдиҳанда бештар бошад.
Моддаи 112. ӯҳдадории додани маълумот дар хусуси тағйири ҷои кори шахси алиментдиҳанда
1. Маъмурияти ташкилоте, ки бо ҳалномаи суд ё созишномаи аз ҷониби нотариат тасдиқшудаи пардохти алимент алиментро нигоҳ медошт, вазифадор аст, ки дар муддати се рӯз ба иҷрочии суди маҳали иҷрои ҳалнома дар бораи ситонидани алимент ва ба шахси алиментгиранда дар хусуси аз кор озод шудани шахси алиментдиҳанда ва агар маълум бошад, дар хусуси ҷои нави кор ё истиқомати ӯ хабар диҳад.
2. Шахсе, ки барои додани алимент ӯҳдадор аст, бояд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ба иҷрочии суд ва ба алиментгиранда дар хусуси дигар шудани ҷои кор ё истиқоматаш ва дар сурати додани алимент ба кӯдакони ноболиғ инчунин дар хусуси музди кор ё даромади дигари иловаги хабар диҳад.
3. Дар сурати бо сабабҳои беасос хабар надодани маълумоти дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардида, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони дигаре, ки дар ин кор гунаҳгоранд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 113. Ситонидани маблағ аз ҳисоби молу мулки алиментдиҳанда ҳангоми додани алимент
1. Алимент ба андозаи муқаррарнамудаи созишномаи пардохти алимент ё ҳалномаи суд, инчунин қарзи пардохти алимент аз ҳисоби музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда ситонида мешавад, вале дар сурати кам будани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, алимент аз ҳисоби маблағи алиментдиҳанда, ки дар ҳисобномаҳояш дар бонкҳо ё муассисаҳои дигари кредити мебошанд, инчунин аз маблағҳои тибқи қарордод дар ташкилотҳои тиҷоратию ғайритиҷорати гузошта шудаанд, ба ғайр аз қарордодҳое, ки боиси гузаштани ҳуқуқи моликият мегардад, ситонида мешавад.
Дар сурати нокифоя будани ин маблағ алимент аз ҳисоби ҳама гуна молу мулки алиментдиҳанда, ки мувофиқи қонун аз ҳисоби он маблағ ситонидан мумкин аст, ситонида мешавад .
2. Ситонидани алимент аз ҳисоби маблағи дар ҳисобномаҳо будаи алиментдиҳанда ва молу мулки дигари ӯ мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
Моддаи 114. Муайян намудани қарзи вобаста ба алимент
1. Алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент ё дар асоси варақаи иҷро барои мӯҳлати гузашта то давраи се сола ситонида мешавад, ки то пешниҳоди варақаи иҷро ё созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқгардидаи тарафҳо барои ситонидани алимент гузаштааст.
2. Дар ҳолатҳое, ки алимент дар асоси варақаи иҷро ё созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқгардидаи тарафҳо оид ба ситонидани алимент бо айби шахсе, ки ӯҳдадор аст алимент супорад, пардохта нашуда бошад, алимент сарфи назар аз мӯҳлати сесолаи дар қисми 2 моддаи 108 ҳамин Кодекс муқарраргардида барои тамоми давра ситонида мешавад.
3. Андозаи қарзро иҷрочии суд дар асоси андозаи алименти бо ҳалномаи суд ё созишномаи пардохти алимент таъиншуда муайян менамояд.
4. Андозаи қарзи алименти мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс барои кӯдаки ноболиғ додашаванда бо назардошти музди воқеии меҳнат ва даромади дигари қарздор дар давоми даврае, ки алимент ситонида нашудааст, муайян карда мешавад. Агар қарздор дар ин давра кор накарда бошад ё асноди тасдиқкунандаи музди меҳнат ва даромади дигари ӯ пешниҳод нагарданд, қарз дар асоси музди миёнаи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаи ситонидани қарз муайян карда мешавад.
5. Агар чунин муайянкунии қарз манфиати яке аз тарафҳоро ҷидди поймол кунад, тарафе, ки манфиаташ поймол шудааст, ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд ва суд метавонад бо назардошти вазъи модди ё оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷӯҳ қарзро бо маблағи устувори пули муайян кунад.
6. Ҳангоми рози набудан бо муайянкунии қарзи алимент аз ҷониби иҷрочии суд ҳар яке аз тарафҳо метавонад тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амали иҷрочии суд шикоят кунад .
Моддаи 115. Озод кардан аз додани қарзи алимент
1. Ҳангоми додани алимент барои кӯдакони ноболиғ бо мувофиқаи тарафҳо озод кардан аз пардохти қарз ё кам кардани он мумкин нест.
2. Суд ҳуқуқ дорад бо даъвои алиментдиҳанда ӯро пурра ё қисман аз пардохти қарзи алимент озод намояд, агар муқаррар кунад, ки қарз бо сабаби бемории ин шахс ё бо дигар сабабҳои узрнок пардохта нашудааст ва вазъи моддию оилавии ӯ имконият намедиҳад, ки қарзашро пӯшонад.
Моддаи 116. Масъулият барои сари вақт напардохтани алимент
1. Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки ӯҳдадор аст тибқи созишномаи пардохти алимент алимент супорад, шахси гунаҳгор мувофиқи тартиби пешбининамудаи ҳамин созишнома ҷавобгар мебошад.
2. Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки тибқи ҳалномаи суд бояд алимент супорад, шахси гунаҳгор ба алиментгиранда аз маблағи напардохтаи алимент барои ҳар рӯзи гузаронидашуда дар ҳаҷми 0,1 фоиз ҷаримаи аҳдшикани месупорад
Алиментгиранда инчунин ҳуқуқ дорад аз гунаҳгоре, ки ба пардохти алимент ӯҳдадор аст, барои сари вақт напардохтани алимент тамоми зарареро, ки вобаста ба сари вақт анҷом надодани ӯҳдадориҳои пардохти алимент дар қисми ҷаримаи аҳдшикани расонида шудааст, ситонад.
Моддаи 117. Нораво будани ба ҳисоб гирифтан ва пас талаб карда руёнидани алимент
1. Пардохтҳои алименти аз ҳисоби талаботи дигари мутақобила сурат гирифта наметавонад.
2. Пас талаб карда гирифтани маблағи пардохташудаи алимент, мумкин намебошад ба истиснои ҳолатҳои зерин:
- бекор кардани ҳалномаи суд ба сабаби маълумоти бардурӯғ ё асноди қалбакиро пешниҳод кардани шахси алиментгиранда ;
- беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент дар сурати бо роҳи фиреб, таҳдид ё зӯроварии алиментгиранда ба имзо расонидани он;
- бо ҳукми суд ошкор гардидани далели сохтакории ҳалномаи, созишномаи пардохти алимент ё варақаи иҷро, ки дар асоси онҳо алимент пардохта шудааст.
3. Агар кирдори дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида аз ҷониби намояндаи кӯдаки ноболиғ ё аъзои болиғи ғайри қобили амали алиментгиранда содир шуда бошад, алимент пас талаб карда гирифта намешавад ва маблағи пардохтшудаи алимент тибқи даъвои шахси барои пардохти алимент ӯҳдадоршуда аз намояндаи гунаҳгор ситонида мешавад.
Моддаи 118. Индексацияи пардохтҳои алимент
1. Маблағи алименти бо ҳалномаи суд дар шакли пули устувор ситонидашаванда аз ҷониби маъмурияти ташкилоти маҳали нигоҳ доштани алимент мутаносибан бо зиёдшавии андозаи ҳадди ақалли музди меҳнати тибқи қонун муқарраргардида индексация карда мешавад.
2. Ба мақсади индексатсияи пардохти алимент суд метавонад андозаи алиментро бо маблағи устувори пули, ки ба андозаи муайяни ҳадди ақали музди меҳнат мувофиқ аст, муқаррар намояд .
Моддаи 119. Пардохти алимент дар сурати барои сукунати доими ба давлати дигар рафтани алиментдиҳанда
1. Шахсоне, ки барои сукунати доими ба давлате мераванд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байналмилалии пешбиникунандаи эътирофи мутақобила ва иҷрои ҳалномаҳои судро дар хусуси ситонидани алимент ба имзо нарасонидааст, вазифадоранд бо аъзои оилаашон дар бораи пардохти алимент созишномаи хатти ба имзо расонанд ва он бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ арда шавад .
2. Дар сурати ҳосил нашудани мувофиқа, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат карда, дар шакли маблағи устувор муайян намудани алимент ва пардохти яквақтаи алимент ё ба ҳисоби маблағи алимент додани молу мулки мушаххас ё бо тариқи дигар додани алиментро талаб намояд .
Моддаи 120. Тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз додани алимент
1. Агар ҳангоми набудани созишномаи тарафҳо оид ба пардохти алимент баъди тибқи тартиби суди муқаррар намудани андозаи алимент вазъи модди ва оилавии алиментдиҳанда ё алиментгиранда тағир ёфта бошад, суд ҳуқуқ дорад бо талаби ҳар яки онҳо андозаи муқарраргардидаи алиментро кам кунад ё алиментдиҳандаро аз додани он озод намояд. Ҳангоми тағйир додани андозаи алимент ё озод кардан аз додани он суд метавонад инчунин ҳар гуна манфиати дигари қобили таваҷҷӯҳи тарафҳоро ба инобат гирад.
2. Агар муқаррар гардад, ки шахси ба балоғатрасидаи қобили амал нисбати шахси барои додани алимент ӯҳдадоршуда қасдан ҷиноят содир кардааст ё ҳангоми рафтори ношоистаи аъзои болиғи қобили амал дар оила суд метавонад ситонидани алиментро барои шахси болиғи қобили амал рад намояд.
Моддаи 121. Қатъ гардидани ӯҳдадориҳои алимент
1. ӯҳдадориҳои алименти, ки тибқи созишномаи пардохти алимент муқаррар карда шудаанд, бо фавти яке аз тарафҳо, гузашти мӯҳлати амали ҳамин созишнома ё тибқи дигар асосҳои пешбининамудаи ҳамин созишнома қатъ мегарданд.
2. Пардохти алименти тибқи тартиби суди ситонидашаванда дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
- дар сурати ба балоғат расидани кӯдак ё дар ҳолати то ба балоғат расиданашон қобили амал ҳисоб шудани кӯдакони ноболиғ;
- баъди фарзандхонди шудани кӯдаке, ки барои таъминоти ӯ алимент ситонида мешуд;
- пас аз таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ хатм кардани кӯдакони ба балоғатрасида ё ба синну соли дар моддаи 86 ҳамин Кодекс муқарраргардида расидани онҳо ;
- ҳангоми аз ҷониби суд эътироф гардидани барқарор шудани қобилияти меҳнати ё қатъи мӯҳтоҷии алиментгиранда;
- дар сурати аз нав никоҳ кардани зан ё шавҳари собиқи мӯҳтоҷи корношоями алиментгиранда (моддаи 94 ҳамин Кодекс) ;
- вафот кардани шахси алиментгиранда ё шахсе, ки ба додани алимент ӯҳдадор аст.
ФАСЛИ VI. ШАКЛҲОИ ТАРБИЯИ КӯДАКОНЕ, КИ БЕ ПАРАСТОРИИ ВОЛИДОН МОНДААНД
БОБИ 18. ОШКОР ВА ҶОБАҶОКУНИИ КӯДАКОНЕ, КИ БЕ ПАРАСТОРИИ ВОЛИДОН МОНДААНД
Моддаи 122. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд
1. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дар ҳолатҳои фавти волидон, аз ҳуқуқи падару модари маҳрум кардани онҳо, маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модари, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо, бемори ва муддати тӯлони ғайриҳозир будани волидон, саркашии волидон аз тарбияи фарзандон ё аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, аз ҷумла ҳангоми аз ҷониби волидон рад кардани гирифтани кӯдакони худ аз муассисаҳои тарбияви, муассисаҳои табобати ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, инчунин ҳолатҳои дигари набудани парастории волидон, ба зимаи мақомоти васояту парастори гузошта мешавад.
Мақомоти васояту парастори кӯдаконеро, ки бе парастории волидон мондаанд, ошкор намуда, баҳисобгирии онҳо ва бо назардошти ҳолатҳои мушаххаси маҳрум шудан аз парастории волидон усули ҷобаҷосозии кӯдакони бе парастории волидон мондаро (моддаи 124 ҳамин Кодекс) интихоб менамоянд ва ҳамчунин назорати минбаъдаи шароити таъминот, тарбия ва таълими онҳоро амали менамоянд.
Ба ғайр аз мақомоти васояту парастори ба дигар шахсони ҳуқуқи ва воқеи барои ошкор намудан ва ҷобаҷокунии кӯдакони бе парастории волидон монда, иҷозат дода намешавад.
2. Мақомоти васояту парастори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Масъалаҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалли барои амали намудани васояту парастории кӯдакони бе парастории волидон монда аз ҷониби мақомоти зикргардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ", Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ,
Моддаи 123. Ошкоркуни ва баҳисобгирии кӯдакони бе парастории волидон монда
1. Шахсони мансабдори муассисаҳо (муассисаҳои таълимии томактаби, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умуми, муассисаҳои табобати ва дигар муассисаҳо) ва дигар шаҳрвандоне, ки оид ба кӯдакони дар қисми 1 моддаи 122 ҳамин Кодекс зикргардида маълумот доранд, ӯҳдадоранд ба мақомоти васояту парастории маҳали воқеии зисти кӯдакон хабар диҳанд .
Мақоми васояту парастори дар мӯҳлати се рӯз аз лаҳзаи гирифтани чунин хабар ӯҳдадор аст шароити зисти кӯдакро санҷида, дар сурати муқаррар намудани далели аз парастории волидон ё хешу ақрабо маҳрум будани ӯ, то ҳал гардидани масъалаи ҷобаҷокунии кӯдак ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯро таъмин намояд.
2. Роҳбарони муассисаҳои тарбияви, муассисаҳои табобати, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, ки дар онҳо кӯдакони бе парастории волидон монда ҷойгир карда шудаанд, вазифадоранд дар мӯҳлати ҳафт рӯз аз рӯзи барояшон аён гардидани он, ки кӯдак метавонад барои тарбия ба оила супурда шавад, дар ин бора ба мақоми васояту парастории маҳали ҷойгиршавии муассисаи мазкур хабар диҳанд.
3. Барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, барои дидаю дониста пешниҳод намудани маълумоти бардурӯғ, инчунин барои дигар кирдоре, ки ҷиҳати пинҳон кардани кӯдак аз супоридан ба тарбияи оила нигаронида шудааст, роҳбарони муассисаҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида ва мақомоти васояту парастори тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд.
4. Тартиби ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад
Моддаи 124. Ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд
1. Кӯдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд, бояд барои тарбия ба оила (барои фарзандхонди), тaҳти васоят (парастори) супурда шаванд ва дар сурати мавҷуд набудани чунин имконият тибқи шартнома барои тарбия ба оилаҳои (мураббии) парастор дода шаванд ё дар муассисаҳои кӯдакони ятим ё ҳар навъи муассисаҳо барои кӯдакони бе парастории волидон монда (муассисаҳои тарбияви, муассисаҳои табобати, ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва дигар муассисаҳои ба ин монанд) ҷойгир карда шаванд .
Ҳангоми ҷобаҷо намудани кӯдак бояд баромади этникии кӯдак, мансубияти мазҳаби ва фарҳанги, забони модари, имконияти таъмини идомати тарбия ва таълим ба назар гирифта шавад.
2. То лаҳзаи дар оила ё дар муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе парастории волидон мондаанд, иҷрои вазифаи ваcи (парастор) муваққатан ба зиммаи мақоми васояту парастори гузошта мешавад.
БОБИ 19. ФАРЗАНДХОНДИ
Моддаи 125. Кӯдаконе, ки онҳоро ба фарзандхондӣ қабул кардан мумкин аст
1. Фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кӯдакони бепарастории падару модармонда мебошад.
2. Фарзандхондӣ нисбати кӯдакони ноболиғ танҳо ба манфиати онҳо бо риояи талаботи моддаи 124 Кодекси мазкур, ҳамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак иҷозат дода мешавад.
3. Фарзандхондии бародарону хоҳарон аз ҷониби шахсони гуногун, ба истиснои ҳолатҳое, ки фарзандхондӣ ба манфиати кӯдак мебошад, иҷозат дода намешавад .
Моддаи 126. Тартиби ба фарзандхонди қабул кардан
1. Фарзандхонди дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзанди қабул кардан мехоҳанд, аз тарафи суд расми карда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус барраси менамояд.
Парвандаҳои фарзандхонди дар суд бо иштироки мақомоти васояту парастори ва прокурор барраси мегардад .
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби худ ба суди маҳали истиқомати кӯдаки ба фарзандхонди қабулшаванда ё ба суди маҳали истиқомати худ барои ба фарзандхонди гирифтани кӯдак ариза медиҳанд.
3. То аризаи фарзандхондиро барраси намудани суд мақомоти васояту парастори вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхонди қабул кардани кӯдакро дорад, санҷида, муайян кунанд, ки фарзандхонди ба манфиати кӯдак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае ҳаст, инчунин муносибати кӯдак ба фарзандхонди ва фикри ӯро барои ба фарзандхонди қабул шуданаш муайян намуда, хулосаҳояшонро дар хусуси имконияти фарзандхонди ба суд пешниҳод намоянд.
Мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадоранд ба шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзандхондӣ қабул мекунанд, дар бораи саломатии кӯдак маълумот диханд .
4. Тартиби пешниҳоди хулосаи мақомоти васояту парасторӣ ва номгӯи маълумоти онро Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ муайян мекунад
5. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фарзандхонда ва фарзандхондишуда аз лаҳзаи эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхонди оғоз меёбад.
Фарзандхонд шудани кӯдак бояд мувофиқи тартибе, ки барои сабти асноди ҳолати шаҳрванди муқаррар гардидааст, дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди ба қайди давлати гирифта шавад.
Суд вазифадор аст, ки дар давоми се рӯзи баъди эътибори қонуни пайдо кардани ҳалнома дар бораи фарзандхонди ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли қабули ҳалнома иқтибоси ин ҳалномаро фиристад.
Моддаи 126(1). Манъ будани фаъолияти миёнаравӣ дар фарзандхондии кӯдак
1. Фаъолияти миёнаравӣ оид ба фарзанхондии кӯдак, яъне тамоми фаъолияти шахсони дигар бо мақсади интихоб кардан ва додани кӯдак барои фарзандхондӣ аз ном ва ба манфиати шахсоне, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдакро доранд, манъ мебошад.
2. Фаъолияти мақомоти васояту парасторӣ оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда, барои ошкоркунӣ ва ҷобаҷокунии кӯдакони бе парастории падару модармонда фаъолияти миёнаравӣ ба ҳисоб намеравад ва мақсади ба даст даровардани фоидаро надорад.
3. Ҷавобгарӣ барои фаъолияти миёнаравӣ тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад .
Моддаи 127. Шахсоне, ки ҳуқуқи ба фарзандхонди қабул карданро доранд
1. Ба фарзандхондӣ қабул кардан танҳо аз тарафи шаҳрвандони ба балоғатрасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шахсони зерин сурат мегирад :
- шахсоне, ки ҷои муайяни истиқомат надоранд;
- шахсоне, ки ҳангоми фарзандхондӣ барои содир кардани ҷинояти қасдона доғи судӣ доранд;
- шахсоне, ки суд барои содир намудани ҷиноят нисбати онҳо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъин кардааст ;
- шахсоне, ки суд онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф намудааст;
- зану шавҳаре, ки суд яке аз онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалаш маҳдуд эътироф намудааст;
- шахсоне, ки суд онҳоро аз ҳуқуқи волидон маҳрум сохтааст ё ҳуқуқи волидонро маҳдуд кардааст;
- шахсоне, ки ба сабаби иҷрои ғайриқаноатбахши ӯҳдадориҳои бо қонун ба зиммаашон гузошташуда аз вазифаи васи ё парастори дур карда шудаанд;
- шахсоне, ки қаблан фарзандхонд доштанду вале фарзандхонди бо гуноҳи онҳо аз ҷониби суд бекор карда шудааст;
- шахсоне, ки аз сабаби бемори наметавонанд ҳуқуқи волидонро амали намоянд. Номгӯи бемориҳое, ки дар сурати мубтало будан ба онҳо шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхонди қабул кунад, таҳти васоят (парастори) гирад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
2. Муқаррароти сархати якуми қисми 1 ҳамин модда нисбат ба падарандар ва модарандар татбиқ намегардад
3. Шахсоне, ки байни худ никоҳ надоранд, наметавонанд ҳамон як кӯдакро муштаракан ба фарзандхонди қабул кунанд.
Моддаи 128. Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхонди қабулкунанда ва фарзандхондшаванда
1. Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхонди қабулкунанда, ки оиладор нест ва фарзандхондшаванда бояд аз ҳабдаҳ сол кам набошад .
2. Дар сурати ба фарзандхонди қабул кардани кӯдак аз ҷониби падарандар (модарандар) фарқияти синну соли дар қисми 1 ҳамин модда муқарраргардида зарур нест.
Моддаи 129. Розигии волидон барои фарзандхондии кӯдак
1. Барои фарзандхондии кӯдак розигии волидони кӯдак зарур аст. Дар сурати фарзандхондии кӯдаки волидони ноболиғи ба синни ҳабдаҳсолагӣ нарасида инчунин розигии волидон, васиён ва парасторони онҳо ва дар сурати набудани волидон ё васиён (парасторон) розигии мақоми васояту парастори зарур аст .
Розигии волидон барои фарзандхондии кӯдаконашон бояд дар аризаи тасдиқнамудаи нотариат ё маъмурияти муассисае, ки кӯдаки бе парастории волидон монда дар он қарор дорад, мақоми васояту парастории маҳалли фарзандхонди сурат мегирад ё маҳалли истиқомати волидон ифода ёбад ё бевосита дар суд ҳангоми фарзандхонди баён карда шавад.
2. Волидон ҳуқуқ доранд розигии додаи худро дар бораи ба фарзандхонди додани кӯдакашон то баровардани ҳалномаи суд оид ба фарзандхони бозпас талаб кунанд.
3. Волидон метавонанд барои фарзандхондии кӯдак ба шахси мушаххас ё бе зикр кардани шахси мушаххас розиги диҳанд. Мақомоти васояту парастори дар мавриди мутобиқати фарзандхонди ба манфиати кӯдак хулосаи худро ба суд пешниҳод менамоянд. Дар сурати аз ҷониби падарандари (модарандари) кӯдак ба фарзандхонди қабул кардани ӯ чунин хулоса талаб карда намешавад.
Моддаи 130. Фарзандхондии кӯдак бе розигии волидон
Дар ҳолатҳои зерин розигии волидон барои фарзандхондии кӯдак талаб карда намешавад, агар:
- онҳо маълум набошанд ё суд онҳоро бедарак ғоибшуда эътироф намояд;
- суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф карда бошад;
- суд онҳоро аз ҳуқуқи волидон маҳрум сохта бошад (бо риояи талаботи қисми 6 моддаи 71 ҳамин Кодекс);
- бо сабабҳое, ки суд беасос эътироф намудааст, онҳо зиёда аз шаш моҳ бо кӯдак якҷоя зиндаги накарда, аз тарбия ва таъминоти ӯ саркаши карда бошанд.
Моддаи 131. Розигии васиён (парасторон), роҳбарони муассисаҳое, ки кӯдакони бепарастормонда дар онҷо қарор доранд, барои фарзандхонди
1. Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки таҳти васоят (парастори) қарор доранд, розигии хаттии васии (парастори) онҳо зарур аст.
Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки бе парастории волидон монда, дар муассисаҳои дахлдори тарбиявию тибби, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарор доранд, розигии хаттии роҳбари ин муассиса зарур аст.
2. Суд ҳуқуқ дорад ба манфиати кӯдак бе розигии шахсони дар қисми 1 ҳамин модда тазаккурёфта дар хусуси фарзандхонди ҳалнома қабул намояд.
Моддаи 132. Фикри кӯдаки фарзандхондишуда оиди фарзандхондшави
1. Барои фарзандхонди намудани кӯдаке, ки ба синни даҳсолаги расидааст, фаҳмидани фикри ӯ лозим аст.
2. Агар кӯдак то додани ариза дар бораи фарзандхонд шуданаш дар оилаи шахси ӯро ба фарзандхонди гиранда зиндаги карда, ӯро падар ё модари худ шуморад, фарзандхонди метавонад ба таври истисно, бе назардошти фикри фарзандхондшаванда сурат гирад.
Моддаи 133. Розигии ҳамсари шахсе, ки кӯдакро ба фарзандхонди мегирад
1. Ҳангоми кӯдакро ба фарзандхонди қабул кардани яке аз ҳамсарон, агар кӯдакро зану шавҳар якҷоя ба фарзандхонди қабул накунанд, розигии ҳамсари дигар зарур аст.
2. Агар зану шавҳар муносибатҳои оилавиро қатъ намуда, зиёда аз як сол ҳамроҳ зиндаги накунанд ва ҷои истиқомати ҳамсари дигар маълум набошад, розигии ӯ барои фарзандхонди зарур нест.
Моддаи 134. Ном, номи падар ва насаби кӯдаки фарзандхондшуда
1. Ном, номи падар ва насаби кӯдаки фарзандхондшуда нигоҳ дошта мешавад .
2. Бо хоҳиши шахси фарзандхонда ба фарзандхондшуда фамилияи фарзандхонда, инчунин номе, ки фарзандхонда додааст, гузошта мешавад. Ба кӯдаки фарзандхондшуда номи марди фарзандхондкарда, ҳамчун насаб гузошта мешавад, агар шахси фарзандхондкарда ҷинси зан бошад ба кӯдаки фарзандхондшуда номи касе, ки зан ӯро ба сифати падари кӯдаки фарзандхондшуда зикр намудааст, гузошта мешавад. Агар насаби зану шавҳари фарзандхондкарда гуногун бошад, бо мувофиқаи фарзандхондкардагон ба кӯдаки ба фарзандхонди гирифтаашон насаби яке аз онҳо ё ба тартиби пешбининамудаи моддаи 58 ҳамин Кодекс насаб дода мешавад .
3. Ҳангоми кӯдакро ба фарзандхонди қабул кардани зан (мард), ки дар ақди никоҳ нест, бо хоҳиши ӯ насаб ва номи падар (модар), инчунин номи падари (модари) кудаки фарзандхондшуда дар китоби сабти таваллуд бо нишондоди ин шахс (фарзандхонда) навишта мешавад.
4. Тағйир додани насаб, ном ва номи падари кӯдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолаги расида, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 132 ҳамин Кодекс пешбинигардида, танҳо бо розигии ӯ мумкин аст.
5. Дар бораи тағйир додани насаб, ном ва номи падари фарзандхондшаванда дар ҳалномаи суд оид ба фарзандхонди зикр карда мешавад.
Моддаи 135. Тағйир додани сана ва маҳалли таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда
1. Барои таъмини сирри фарзандхондӣ бо хоҳиши
фарзандхондкунандагон сана ва маҳалли таваллуди кӯдаки фарзандхондшаванда метавонанд тағйир дода шаванд. Тағйир додани санаи таваллуди кӯдак танҳо дар сурати фарзандхонд кардани кӯдаки навзод (то яксола) ва ба муддати на зиёда аз се моҳ иҷозат дода мешавад.
2. Оид ба тағйир додани сана ва маҳалли таваллуди кӯдаки фарзандхондшуда дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондии кӯдак зикр карда мешавад .
Моддаи 136. Сабти номи шахсони фарзандхондкарда ҳамчун волидони кӯдаки фарзандхондшуда
1. Бо хоҳиши шахсони фарзандхондкарда суд метавонад оиди дар дафтари сабти таваллуд ҳамчун волидони кӯдаки фарзандхондшуда сабт намудани номи онҳо ҳалнома қабул намояд.
2. Барои чунин сабт нисбати кӯдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолаги расида, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 32 ҳамин Кодекс, розигии кӯдак зарур аст.
3. Дар хусуси зарурати чунин сабт дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхонди нишон дода мешавад.
Моддаи 137. Оқибатҳои ҳуқуқии фарзандхондии кӯдак
1. Кӯдакони фарзандхондшуда ва авлоди онҳо нисбат ба фарзандхондагон ва хешовандонашон, фарзандхондагон ва хешовандони онҳо, нисбати фарзандхондшудагон ва авлоди онҳо дар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои молу мулки ва ғайримолумулкии шахси аз рӯи аслу насаб ба хешовандон баробар карда мешаванд .
2. Кӯдакони фарзандхондшуда нисбати волидони худ ва хешовандони онҳо ҳуқуқи ғайримолумулкии ва молу мулкии шахсиро аз даст дода, аз ӯҳдадориҳо нисбати онҳо озод мешаванд .
3. Ҳангоми ба фарзандхонди қабул кардани кӯдак аз тарафи як шахс, агар фарзандхондкунанда мард бошад, ҳуқуқҳои ғаримолумулки ва амволии шахси ва ӯҳдадориҳо бо хоҳиши модар ва агар фарзандхондкунанда зан бошад бо хоҳиши падар нигоҳ дошта шуда метавонад .
4. Агар яке аз волидон вафот карда бошад, он гоҳ бо хоҳиши волидони вафоткарда (бобою бибии кӯдак) ҳуқуқу ӯҳдадори нисбат ба хешовандони волиди вафоткарда метавонанд нигоҳ дошта шаванд, агар инро манфиати кӯдак талаб кунад. Ҳуқуқи волидони падар ё модари фавтида барои муошират бо кӯдаки фарзандхондшуда мутобиқи моддаи 67 ҳамин Кодекс амали мегардад.
5. Дар хусуси нигоҳ доштани муносибатҳои кӯдаки фарзандхондшуда бо яке аз волидон ё бо хешовандони падар ё модари вафоткарда дар ҳалномаи суд оид ба фарзандхонди зикр карда мешавад.
6. Оқибати ҳуқуқии ба фарзандхонди гирифтани кӯдак, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбини шудааст, сарфи назар аз сабти фарзандхондкардагон ба сифати волидон дар санади сабти таваллуди кӯдак фаро мерасад.
Моддаи 138. Нигоҳ доштани ҳуқуқи кӯдаки фарзандхондашуда ба нафақа ва ёрдампули
Кӯдаке, ки дар вақти ба фарзандхонди гирифта шуданаш бинобар вафоти волидонаш ба нафақаю ёрдампули ҳуқуқ дорад, ин ҳуқуқро дар сурати ба фарзандхонди қабул шуданаш низ нигоҳ медорад.
Моддаи 139. Сирри фарзандхондии кӯдак
1. Сирри фарзандхондии кӯдакро қонун муҳофизат мекунад. Судяҳое, ки дар бораи фарзандхонди ҳалнома қабул кардаанд ё шахсони мансабдоре, ки сабти давлатии онро анҷом додаанд, инчунин шахсоне, ки ба ҳар тариқи дигар аз фарзандхонди огоҳанд, бояд сирри фарзандхондиро нигоҳ доранд.
2. Шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, ки сирри фарзандхондии кӯдакро бар хилофи иродаи фарзандхондагон фош кардаанд, ба тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд .
Моддаи 140. Бекор кардани фарзандхондии кӯдак
1. Фарзандхондии кӯдак ба тартиби суди бекор карда мешавад.
2. Парванда оид ба бекор кардани фарзандхондии кӯдак бо иштироки мақоми васояту парастори, инчунин прокурор барраси мешавад.
3. Фарзандхонди аз рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани фарзандхондии кӯдак қатъ мегардад.
Суд вазифадор аст дар давоми се рӯзи пас аз эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномаи суд дар мавриди бекор кардани фарзандхондии кӯдак иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли бақайдгирии давлатии фарзандхонди фиристад.
Моддаи 141. Асосҳо барои бекор кардани фарзандхондии кӯдак
1. Фарзандхондии кӯдак дар мавридҳое бекор карда шуда метавонад, ки агар фарзандхондкардагон аз иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташудаи падару модари саркаши кунанд, аз ҳуқуқи падару модарии худ сӯиистифода намоянд, бо кӯдакони фарзандхондкардаашон муносибати бераҳмона дошта, майзада ё нашъаманди ашадди бошанд.
2. Суд ҳуқуқ дорад бо назардошти манфиат ва фикри кӯдак фарзандхондиро бо сабабҳои дигар низ бекор кунад.
Моддаи 142. Шахсоне, ки ҳуқуқи талаби бекор кардани фарзандхондии кӯдакро доранд
Ҳуқуқи талаби бекор намудани фарзандхондкунии кӯдакро падару модари ҳақиқии кӯдаки фарзандхондшуда, фарзандхондкардагони (яке аз онҳо) кӯдакони фарзандхондшуда, ки ба синни чордаҳсолаги расидаанд, мақoми васояту парастори, инчунин прокурор доро мебошанд.
Моддаи 143. Оқибати бекор кардани фарзандхондии кӯдак
1. Дар сурати фарзандхондиро бекор кардани суд ҳуқуқу ӯҳдадориҳои байни фарзандхондшуда ва фарзандхондаю хешовандонаш қатъ гардида, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои байни кӯдак ва волидону хешовандонаш барқарор карда мешаванд, агар инро манфиати кӯдак тақозо кунад.
2. Дар сурати бекор кардани фарзандхонди, кӯдак бо ҳалномаи суд ба волидонаш супурда мешавад. Дар сурати набудани волидон, инчунин агар ба волидон супурдани кӯдак хилофи манфиати ӯ бошад, кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парастори дода мешавад .
3. Суд ҳамчунин масъалаи нигоҳ доштан ё надоштани ном, номи падар ва насаби кӯдакро, ки бо сабаби фарзандхонди ба ӯ дода шудаанд, ҳал менамояд. Дигар кардани ном, насаб ё номи падари кӯдаки ба синни даҳсолаги расида танҳо бо розигии ӯ мумкин аст .
4. Суд бо назардошти манфиати кӯдак, ҳуқуқ дорад фарзандхондкардагони собиқро ӯҳдадор созад, ки ба андозаи муқаррарнамудаи моддаҳои 81 ва 83 ҳамин Кодекс барои таъминоти кӯдак маблағ пардозанд.
Моддаи 144. Номумкинии бекор кардани фарзандхонди баъди ба ба балоғат расидани кӯдаки фарзандхондшуда
Бекор кардани фарзандхондии кӯдак мумкин нест, агар кӯдаки фарзандхондшуда то лаҳзаи пешниҳоди талаби бекор кардани фарзандхонди ба балоғат расида бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба ин гуна бекоркуни розигии байни шахси фарзандхондкарда ва кӯдаки фарзандхондшуда, инчунин волидони ӯ, агар онҳо дар қайди ҳаёт буда, аз ҳуқуқи падару модари маҳрум нашуда бошанд ва суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф накарда бошад.
Моддаи 145. Беэътибор донистани фарзандхондии кӯдак
Фарзандхондии кӯдак дар ҳолатҳое метавонад беэътибор дониста шавад, ки агар:
- ҳалномаи фарзандхонди ба ҳуҷҷатҳои қалбаки асос ёфта бошад;
- фарзандхонди қалбаки бошад;
- шахси ба балоғатрасида ба фарзандхонди қабул шуда бошад;
- фарзандхондкарда шахсе бошад, ки суд ӯро ғайриқобили амал ё қобили амалаш маҳдуд эътироф карда бошад;
- шахси фарзандхондкарда бо ҳалномаи суд аз ҳуқуқи падару модари маҳрумшуда бошад;
- шахсоне, ки барои номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳои қонунан ба зиммаашон гузошташуда аз ӯҳдадориҳои васи ё парастори бартараф карда шуда бошанд;
- фарзандхонди бинобар гуноҳи содиркардаи собиқ фарзандхондагон аз ҷониби суд бекор карда шуда бошад;
- шахсоне, ки бинобар вазъи саломати наметавонанд ҳуқуқи падару модариро амали намоянд. Номгӯи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будани шахс наметавонад кӯдакро ба фарзандхонди қабул кунад, таҳти васоят (парастори) қарор диҳад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 146. Оқибати беэътибор донистани фарзандхондии кӯдак
1. Фарзандхондии кӯдак аз лаҳзаи қабул гардидани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхонди беэътибор дониста мешавад. Дар ин маврид тамоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳои фарзандхондаю хешовандони ӯ ва фарзандхонд, ки аз фарзандхонди бармеоянд, аз байн мераванд .
2. Суд вазифадор аст, ки дар муддати се рӯз дар хусуси эътибори қонуни пайдо кардани ҳалнома дар бораи беэътибор донистани фарзандхонди ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрванди, ки фарзандхонди дар он ба қайд гирифта шудааст, хабар диҳад.
БОБИ 20. ВАСОЯТ ВА ПАРАСТОРИИ НОБОЛИUОН
Моддаи 147. Ноболиғоне, ки таҳти васояту парастори гирифта мешаванд
1. Васояту парастори барои кӯдакони ноболиғе, ки бе парастории волидон мондаанд (моддаи 122 ҳамин Кодекс), бо мақсади таъминот, таълиму тарбия, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо муқаррар карда мешавад .
2. Васоят барои ноболиғони то синии чордаҳсола муқаррар карда мешавад.
3. Парастори барои ноболиғони аз чордаҳсола то ҳаждаҳсола муқаррар карда мешавад.
4. Муқаррар ва қатъ намудани васоят ё парастории кӯдакони ноболиғ тавассути Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 148. Васиён ва парасторони ноболиғон
1. Танҳо шахсони болиғи қобили амал васи ва парастор таъин шуда метавонанд.
2. Шахсони зерин васи ва парастор таъин шуда наметавонанд:
- шахсоне, ки аз ҳуқуқи падару модари маҳрум шудаанд:
- шахсоне, ки қаблан кӯдакро ба фарзандхонда қабулкарда, агар фарзандхондкуни бо сабаби номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон бекор карда шуда бошад;
- шахсоне, ки бо сабаби номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳояшон аз вазифаи васи ё парастори озод карда шудаанд;
- шахсони мубталои майзадаги ва нашъаманди, инчунин шахсоне, ки вобаста ба вазъи саломати (қисми 1 моддаи 127 ҳамин Кодекс) наметавонанд ӯҳдадориҳояшонро оид ба тарбияи кӯдак анҷом диҳанд.
3. Мақомоти васояту парасториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад
Моддаи 149. Низомнома дар бораи мақомоти васояту парастори
Низомнома дар бораи мақомоти васояту парастори аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 150. Маҳалли муқаррар намудани васояту парастори
Васояту парастори аз тарафимақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷамоатҳои шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот маҳали истиқомати шахсе, ки бояд таҳти васоят ва парастори гирифта шавад ё маҳалли истиқомати васи ё парастор муқаррар мешавад .
Моддаи 151. Интихоби васи ва парастор
1. Ҳангоми ба кӯдак таъин намудани васи ё парастор бояд сифатҳои шахсии васи (парастор), ба иҷрои ӯҳдадориҳои васи (парастори) қодир будани ӯ, муносибатҳои байни ӯ ва шахси мӯҳтоҷи васоят ё парастори, муносибати аъзои оилаи васи (парастор) нисбат ба кӯдак, инчунин дар сурати имкон хоҳиши худи кӯдак ба инобат гирифта мешавад.
2. Таъин намудани парастор ба шахси болиғи қобили амал, ки бинобар аҳволи саломатиаш барои татбиқи мустақилонаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдадориҳояш имконият надорад, танҳо бо розигии шахси таҳти парастори гирифташаванда сурат гирифта метавонад.
Моддаи 152. Васоят (парастори) нисбат ба кӯдаконе, ки дар муассисаҳои тарбияви, муолиҷави ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли қарор доранд
1. Ба кӯдаконе, ки дар муассисаҳои тарбияви, таълими ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва дигар муассисаҳои ба ин монанд таҳти васояти пурраи давлат қарор доранд, васи (парастор) таъин карда намешавад. Иҷрои чунин ӯҳдадориҳо ба зиммаи маъмурияти ин муассисаҳо гузошта мешавад.
Аз ҷониби васи (парастор) дар чунин муассиса муваққатан қарор додани кӯдак ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васиро (парасторро) нисбат ба ин кӯдак қатъ намесозад.
2. Мақомоти васояту парастори шароити таъминот, тарбия ва таълими кӯдакони дар ин муассисаҳо қарордоштаро, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидаанд, назорат мекунанд.
3. Ҳимояи ҳуқуқи дастпарварони (хатмкунандагони) муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба зиммаи мақомоти васояту парастори гузошта мешавад.
Моддаи 152(1). Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки падару модари онҳо муддати тӯлонӣ ғоибанд
1. Васоят (парасторӣ) нисбат ба кӯдаконе, ки падару модари онҳо муддати тӯлонӣ (зиёда аз 3 моҳ) ғоибанд ё дар таълиму тарбияи хешу ақрабояшон қарор доранд, ки ин хешу ақрабо дорои ҳуҷҷати дахлдор нестанд, аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ таъин карда мешавад.
2. Мақомоти васояту парасторӣ шароити таъминот ва таълиму тарбияи кӯдакони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро назорат мекунанд.
3. Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад .
Моддаи 153. Ҳуқуқи кӯдакони таҳти васоят (парастори) қарордошта
1. Кӯдакони таҳти васоят (парастори) қарордошта чунин ҳуқуқҳо доранд:
- ба тарбия дар оилаи васи (парастор), ғамхори аз ҷониби васи (парастор), зиндагии дар як ҷо бо ӯ, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст;
- ба таъмини шароити зист, тарбия ва таълим, рушду такомули ҳамаҷониба ва эҳтироми шаъну эътибори инсонии онҳо;
- ба алимент, нафақа, ёрдампули ва дигар пардохтҳои иҷтимоии ба онҳо тааллуқдошта;
- ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқомати ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқомати ва дар сурати мавҷуд набудани манзили истиқомати ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил хонаи истиқомати гиранд ;
- ба ҳимоя аз суиистифодаи васи (парастор) мутобиқи моддаи 57 ҳамин Кодекс.
2. Кӯдаконе, ки таҳти васоят (парастори) қарор доранд, дорои ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаи 56 ҳамин Кодекс мебошанд.
Моддаи 154. Ҳуқуқи кӯдакони бе парастории волидон монда, ки дар муассисаҳои тарбияви, табобати ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли қарор доранд
1. Кӯдакони бе парастории волидон монда, ки дар муассисаҳои тарбияви, табобати ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳоли ва дигар муассисаҳои ба ин монанд қарор доранд, чунин ҳуқуқҳо доранд:
ба таъминот, тарбия, таълим, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъну эътибори инсони, таъмини манфиатҳояшон;
ба алимент, нафақа, ёрдампули ва дигар пардохтҳои иҷтимоии ба онҳо тааллуқдошта;
ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқомати ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқомати ва ҳангоми мавҷуд набудани манзили истиқомати ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории манзил хонаи истиқомати гиранд;
пас аз хатми муассисаҳои зикргардида ба имтиёз барои ба кор даромадан мувофиқи қонунгузории меҳнат.
2. Кӯдакони бе парастории волидон монда, ки дар муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида қарор доранд, инчунин дорои ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаҳои 55, 56 ҳамин Кодекс мебошанд.
Моддаи 155. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васи ва парастори кӯдаки ноболиғ
1. Васи ва парастори кӯдаки ноболиғ ҳуқуқ доранд ва ӯҳдадор ҳастанд, ки шахси ба парастори гирифтаашонро тарбия кунанд, дар бораи саломати, такомули ҷисмони, рӯҳи, маънави ва ахлоқи, таҳсил ва касбомӯзии ӯ ғамхори зоҳир намоянд.
Васиёну парасторон метавонанд бо назардошти фикру хоҳиши кӯдакон ва тавсияи мақомоти васояту парастори, инчунин ҳангоми риояи талаботи пешбининамудаи қисми якуми моддаи 65 ҳамин Кодекс тарбияи кӯдаконро, ки таҳти васояти (парастори) онҳо қарор доранд, мустақилона муайян намоянд.
Васи ва парастор бо назардошти фикру хоҳиши кӯдаки таҳти васояташон қарордошта ҳуқуқ доранд муассисаи таълими ва шакли таълимро барои гирифтани таҳсилоти асосии умуми мустақилона интихоб намоянд .
2. Васи ва парастор ҳуқуқ доранд ба воситаи суд аз ҳар гуна шахсоне, ки бе асоси қонуни кӯдакро дар назди худ нигоҳ медоранд, аз ҷумла аз хешовандони наздики кӯдак баргардонидани кӯдаки дар таҳти васояташон (парасториашон) бударо талаб намоянд.
3. Васи ва парастор ҳуқуқ надоранд, ки барои муоширати кӯдаки таҳти васояташон (парасториашон) қарордошта бо волидону хешовандони дигараш, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин муошират ба манфиати кӯдак нест, монеъ шаванд.
4. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васи ва парасторро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
5. ӯҳдадории васоят (парастори) нисбат ба кӯдаки таҳти васоят (парастори) қарордошта аз ҷониби васи (парастор) бемузд анҷом дода мешавад.
6. Ба васи (парастор) барои таъминоти кӯдаки таҳти парастори қарордошта ҳар моҳ тибқи андоза ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ дода мешавад.
Моддаи 156. Аз вазифа бартараф сохтани васи ва парастор дар сурати номатлуб иҷро кардани вазифаашон
1. Агар васи ё парастор вазифаи ба зиммааш гузошташударо номатлуб иҷро кунад, мақоми васояту парастори васи ё парасторро аз иҷрои ин вазифа озод менамояд .
2. Дар сурати васоятро (парасториро) ба мақсадҳои ғаразнок истифода кардани васи (парастор), инчунин дар ҳолати бе назорат ва кӯмаки зарури гузоштани шахсони таҳти парастори қарордошта мақомоти васояту парастори вазифадоранд, ки барои ҳалли масъалаи ба ҷавобгарии муқaррарнамудаи қонун кашидани ин шахс маводи заруриро ба прокурор пешниҳод намоянд.
Моддаи 157. Аз парастории шахси болиғ озод кардани парастор бо талаби шахси таҳти парастори қарордошта
Парастори шахси болиғи қобили амал, ки ба парастори мӯҳтоҷ аст бо сабаби вазъи саломати ва синну сол бояд бо талаби шахси таҳти парастори қарордошта аз вазифа озод карда шавад. Мақомоти васояту парастори дар ин ҳолат метавонанд бо мувофиқаи шахси таҳти парастори қарордошта шахси дигарро ба сифати парастор таъин намоянд.
Моддаи 158. Шикоят намудан оид ба қарорҳои мақомоти васояту парастори
Нисбати қарорҳои мақомоти васояту парастори дар хусуси таъин ва озод намудани васиён ва парасторон, инчунин доир ба тамоми масъалаҳои васояту парастори шахсони манфиатдор метавонанд аз рӯи тобеият ба мақомоти болои ё ба суд шикоят кунанд.
ФАСЛИ VII. АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДИ
Хорич карда шуд
БОБИ 21.МУҚАРРАРОТИ УМУМИ
Хорич карда шуд
Моддаи 159. Хорич карда шуд
Моддаи 160. Хорич карда шуд
Моддаи 161. Хорич карда шуд
Моддаи 162. Хорич карда шуд
Моддаи 163. Хорич карда шуд
Моддаи 164. Хорич карда шуд
Моддаи 165. Хорич карда шуд
Моддаи 166. Хорич карда шуд
ФАСЛИ VIII. ИСТИФОДАИ ҚОНУНҲОИ ОИЛА ДАР МУНОСИБАТҲОИ ОИЛАВИ БО ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДИ
БОБИ 22. ИСТИФОДАИ ҚОНУНГУЗОРИИ НИКОҲ ВА ОИЛА НИСБАТ БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДИ
Моддаи 167. Ақди никоҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шаклу тартиби ақди никоҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Шартҳои ақди никоҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шахси никоҳшаванда дар асоси қонунҳои давлате, ки дар лаҳзаи ақди никоҳ ӯ шаҳрванди он давлат мебошад, бо риояи талаботи қисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 ҳамин Кодекс дар бобати ҳолатҳое, ки монеъи ақди никоҳ мегарданд, муайян карда мешаванд ,.
3. Агар шахс дар баробари шаҳрванди давлати дигар будан шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, нисбати вай шартҳои ақди никоҳи қoнунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад. Агар шахс дорои шаҳрвандии якчанд давлати хориҷи бошад, бо интихоби ин шахс қонунгузории яке аз ин давлатҳо истифода бурда мешавад .
4. Шартҳои ақди никоҳи шахси бешаҳрванди дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки ин шахс дар он ҷои истиқомати доими дорад.
Моддаи 168. Ақди никоҳ дар намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консули
1. Ақди никоҳи дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаги мекунанд, дар намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Ақди никоҳ дар байни шаҳрвандони хориҷи, ки аз тарафи намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудааст, агар ин шахсон дар лаҳзаи ақди никоҳ шаҳрвандони давлати хориҷие бошанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир ё консул таъин кардааст, мутақобилан қобили эътибор дониста мешавад.
Моддаи 169. Эътирофи никоҳе, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст
1. Никоҳҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва никоҳҳои байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷи ё шахсони бешаҳрванди, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қонунҳои он кишвар баста шудаанд, агар барои эътироф шартҳо ва мснеаҳои дар қисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 ҳамин Кодекс пешбинигардида набошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешавад .
2. Никоҳи шаҳрвандони хориҷи, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қoнунҳои он кишваре баста шудаанд, ки дар он ақди никоҳ сурат гирифтааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешаванд.
Моддаи 170. Беэътибор донистани никоҳ
Ақди никоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 167 ва 169 Кодекси мазкур беэътибор дониста мешавад .
Моддаи 171. Бекор кардани никоҳ
1. Бекор кардани никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷи ё ашхоси бешаҳрванди, инчунин никоҳи байниҳамдигарии шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳуқуқ доранд никоҳро бо ҳамсари худ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндаги мекунад, сарфи назар аз шаҳрвандии ӯ, дар суди Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кунанд. Дар ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бекор кардани никоҳ дар мақмоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди иҷозат дода мешавад, никоҳ дар намояндагиҳои дипломати ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешавад .
3. Бекор кардани никоҳи байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷи ё шахсони бешаҳрванди, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо риояи қонунгузории кишвари хориҷии дахлдор салоҳиятнокии мақомоте, ки оиди бекор кардани никоҳ қарор қабул кардаанд ва қонунгузорие, ки ҳангоми бекор кардани никоҳ бояд истифода бурда шавад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешавад.
4. Бекор кардани никоҳи байни шаҳрвандони хориҷи, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо риояи қонунгузории кишвари дахлдор салоҳияти мaқоме, ки дар бораи никоҳ қарор баровардааст ва қонунҳое, ки бояд ҳангоми бекор кардани никоҳ истифода шаванд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешавад.
Моддаи 172. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкию молумулкӣ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳар
1. Ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволию амволи ва ӯҳдадориҳои зану шавҳар тибқи қонунҳои давлате, ки онҳо дар ҳудуди он иқоматгоҳи муштарак доранд ва дар сурати надоштани иқоматгоҳи муштарак бошад, тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки онҳо дар қаламрави он иқоматгоҳи охирини муштарак доштанд. Ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволию амволи ва ӯҳдадориҳои зану шавҳаре, ки иқоматгоҳи муштарак надоранд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд,
2. Зану шавҳаре, ки шаҳрвандии умуми ё иқоматгоҳи муштарак надоранд, ҳангоми бастани аҳдномаи никоҳ ё созишнома дар бораи пардохти алимент ба ҳамдигар метавонанд қонунҳоеро интихоб намоянд, ки барои муайян намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшон дар хусуси пардохти алимент аз рӯи ин аҳднома ё созишномаи пардохти алимент мавриди истифода қарор мегиранд. Агар зану шавҳар дар мавриди интихоби қонунҳо нисбати аҳдномаи никоҳ ё созишномаи зану шавҳар дар бораи пардохти алимент ба якдигар ба мувофиқа наоянд, муқаррароти қисми якуми ҳамин модда истифода мешавад.
Моддаи 173. Муқаррар намудан ва рад кардани падархонди (модархонди)
1. Муқаррар намудан ва рад кардани падархонди (модархонди) тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешавад, ки кӯдак аз рӯи таваллуд шаҳрванди он мебошад.
2. Тартиби муқаррар ва рад кардани падархондиро (модархондиро) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Дар ҳолатҳое, ки агар мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани падар (модар) дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди иҷозат дода шуда бошад, волидони берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаи кӯдак, ки ақаллан якеашон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҳуқуқ доранд бо аризаи муқаррар намудани падар (модар) ба намояндагии дипломати ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Моддаи 174. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои волидон ва фарзандон
Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои волидон ва фарзандон, аз ҷумла ӯҳдадории волидон дар бобати таъминоти фарзандон мутобиқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки дар он давлат иқоматгоҳи муштарак доранд. Дар сурати иқоматгоҳи муштарак надоштани волидон ва фарзандон, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки кӯдак шаҳрванди он мебошад. Бо талаби даъвогар нисбати ӯҳдадориҳои алиментдиҳи ва дигар муносибатҳои байни волидон ва фарзандон қонунҳои давлатеро истифода кардан мумкин аст, ки кӯдак дар қаламрави он истиқомати доими дорад.
Моддаи 175. ӯҳдадориҳои алиментдиҳии фарзандони болиғ ва аъзои дигари оила
ӯҳдадориҳои алиментдиҳии фарзандони болиғ ба манфиати волидонашон, инчунин ӯҳдадориҳои алиментдиҳии аъзои дигари оила тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки онҳо дар қаламрави он иқоматгоҳи доими доранд. Дар сурати надоштани иқоматгоҳи муштарак чунин ӯҳдадориҳо тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешавад, ки шахси даъвогари алимент шаҳрванди он мебошад.