КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ХОҶАГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421, аз 13.11.1998 № 691, аз 1.08.2003 № 37)
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ АСОСИ
Моддаи 1. Ба амал баровардани адолати суди аз тарафи суди иқтисоди
Суди иқтисоди адолати судиро бо роҳи ҳал намудани баҳсҳои иқтисоди ва парвандаҳои дигар, ки ин Кодекс ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар салоҳияти вай қарор додаанд, ба амал мебарорад.
Мурофиаи суди мувофиқи ин Кодекс аз тарафи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо, суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 2. Вазифаҳои мурофиаи суди
Вазифаҳои мурофиаи суди дар суди иқтисоди иборатанд аз:
ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қароргирифта ва манфиатҳои қонунии корхонаҳо, муассисаҳо (минбаъд - ташкилотҳо), сарфи назар аз шакли моликият, ва шаҳрвандон дар соҳаи соҳибкори ва дигар фаъолияти иқтисоди;
мусоидат намудан ба таҳкими қонуният ва пешгирии ҳуқуқвайронкуни дар соҳаи соҳибкори ва дигар фаъолияти иқтисоди.
Моддаи 3. Қонун дар бораи мурофиаи суди
Тартиби мурофиаи суди дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсиони дар бораи судҳои иқтисоди, ин Кодекс ва дигар қонунҳое, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегарданд, муайян карда мешавад.
Агар бо шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигари мурофиаи суди муқаррар карда шуда бошанд, қоидаҳои шартномаи байналхалқи татбиқ карда мешаванд.
Мурофиаи суди дар судҳои иқтисоди мувофиқи қонунҳое, ки ҳангоми баррасии парвандаҳо, баҷооварии амалҳои ҷудогонаи мурофиави ё иҷрои ҳалномаи суд амал мекунанд, бурда мешавад.
Моддаи 4. Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба суди иқтисоди
Шахси манфиатдор ҳақ дорад ба суди иқтисоди барои ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қарорёфта ва манфиатҳои қонунии худ бо тартибе, ки ин Қодекс муқаррар кардааст, муроҷиат намояд.
Аз ҳуқуқи муроҷиат кардан ба суд даст кашидан эътибор надорад.
Дар мавридҳое, ки ин Кодекс пешбини кардааст, барои муроҷиат намудан ба суди иқтисоди ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои давлати ва ҷамъияти прокурор, мақомоти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва мақомоти дигар ҳақ доранд.
Агар тавассути Қонун барои категорияи муайяни баҳсҳо тартиби пешазсудии яктарафа кардан муқаррар шуда бошад ё он бо шартнома пешбини гардида бошад, фақат баъди риояи чунин тартиб баҳс метавонад барои барраси ба суди иқтисоди дода шавад. Зимнан, шахсоне, ки дар қисми 2-юми ин модда зикр шудаанд, ҳақ доранд бе риояи тартиби пешазсудии яктарафа кардани баҳсҳо ба суди иқтисоди муроҷиат кунанд.
Моддаи 5. Мустақилияти судяҳои суди иқтисоди
Ҳангоми ба амал баровардани адолати суди судяҳои суди иқтисоди мустақил мебошанд ва ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунанд.
Ҳар гуна таъсиррасони ба судяҳои суди иқтисоди, ба фаъолияти онҳо мудохила кардани ҳар мақомоти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва мақомоти дигар, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ё шаҳрвандон ҷоиз нест ва боиси ҷавобгарии дар Қонун пешбинишуда мешавад.
Кафолати мустақилияти судяҳои суди иқтисоди тавассути Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 6. Баробари дар назди Қонун ва суд
Адолати суди дар суди иқтисоди дар асоси дар назди Қонун ва суд баробар будани ташкилотҳо, сарфи назар аз маҳалли воқеъ будан, тобеъият, шакли моликияташон ва шаҳрвандон - сарфи назар аз ҷинс, нажод, миллат, забон, насаб, вазъи амволи ва мансаби, маҳалли сукунат, муносибат ба дин, эътиқод, мансубият ба иттиҳодияҳои ҷамъияти, инчунин ҳолатҳои дигар ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 7. Баҳсу мунозира ва баробарҳуқуқии тарафҳо
Мурофиаи суди дар суди иқтисоди дар асоси баҳсу мунозира ва баробарҳуқуқии тарафҳо сурат мегирад.
Моддаи 8. Забони мурофиаи суди
Мурофиаи суди дар суди иқтисоди ба забони давлати ё забони аксарияти аҳоли сурат мегирад.
Ба шахсони дар парванда иштироккунанда, ки забони давлатиро намедонанд, ҳуқуқи бо маводи парванда пурра шинос шудан, иштирок кардан дар амалҳои суди ба воситаи тарҷумон ва ҳуқуқи дар суд бо забони модариашон сухан гуфтан таъмин карда мешавад.
Санадҳои суди ба шахсоне, ки нисбати онҳо қабул шудаанд дар тарҷума ба забони модарии онҳо ё ба дигар забоне, ки онҳо медонанд супорида мешаванд .
Далелҳои хатии пешниҳод намудаи шахсони ҳуқуқи ва воқеии хориҷи бояд ба забони мурофиаи суди тарҷума карда шаванд бо шаҳодати дуруст тарҷума кардани онҳо бо тартиби муқарраршуда .
Моддаи 9. Ошкории барраси намудани парвандаҳо
Барраси намудани парвандаҳо дар суди иқтисоди ошкоро сурат мегирад.
Шунидани парванда дар маҷлиси пӯшида дар сурати аз тарафи суд қонеъ гардонидани дархости далелноки шахси иштирокчии парванда, ба мақсади нигоҳдории сирри тиҷорати, таъмини амнияти шаҳрвандон, инчунин дар мавридҳои дигар, ки Қонун муқаррар кардааст, ҷоиз мебошад.
Оиди дар маҷлиси пӯшида барраси намудани парванда таъинот бароварда мешавад.
Баррасии парвандаҳо дар маҷлиси пӯшида бо риоя намудани қоидаҳои мурофиа дар суди иқтисоди анҷом дода мешавад.
Моддаи 10. Бевосита будани баррасии парванда
Суди иқтисоди ҳангоми баррасии парванда вазифадор аст, ки ҳамаи ҳолатҳоро оид ба парванда бевосита таҳқиқ намояд.
Моддаи 11. Санадҳои меъёрии ҳуқуқи, ки вақти ҳалли баҳсҳо татбиқ мешаванд
Суди иқтисоди баҳсҳоро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Оли, фармонҳои меъёрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналхалқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ҳаллу фасл менамояд .
Агар суд ҳангоми баррасии парванда ба қонунгузори мутобиқат накардани санади мақоми давлати, мақоми ҳокимияти маҳалли ё бо суиистифода аз салоҳият нашр намудани онро муқаррар намояд, мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад.
Агар дар шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар ба қоидаҳои пешбиникардаи қонуни дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда қоидаҳои дигар муқаррар шуда бошанд, қоидаҳои шартномаи байналхалқи татбиқ карда мешаванд.
Дар мавриди вуҷуд надоштани меъёрҳои ҳуқуқи, ки муносибатҳои баҳснокро яктарафа мекунанд, суди иқтисоди он меъёрҳои ҳуқуқиро татбиқ мекунад, ки муносибатҳои ба ин муносибатҳои баҳснок монандро танзим менамоянд, дар сурати вуҷуд надоштани чунин меъёрҳо баҳсро аз рӯи асосҳои умуми ва мазмуни қонунҳо ҳаллу фасл менамояд.
Суди иқтисоди мувофиқи Қонун ё шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳуқуқи давлатҳои дигарро татбиқ мекунад.
Моддаи 12. Татбиқи ҳуқуқи хориҷи
Дар мавриди татбиқи ҳуқуқи хориҷи суди иқтисоди мавҷудият ва мазмуни меъёрҳои онро мувофиқи тафсирашон ба амалияи татбиқи онҳо дар давлати дахлдори хориҷи муқаррар мекунад.
Ба мақсади муқаррар намудани мавҷудият ва мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи хориҷи суди иқтисоди метавонад ба тартиби муқарраршуда барои кӯмак ва тавзеҳот ба мақомот ва ташкилотҳои босалоҳият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷа муроҷиат кунад, ё мутахассисонро ҷалб намояд.
Агар мавҷудият ё мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи хориҷи бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда, муқаррар карда нашавад, суди иқтисоди меъёрҳои дахлдори ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ менамояд.
Моддаи 13. ҳатми будани санадҳои суди
Суди иқтисоди дар шакли ҳалнома, таъинот, қарор санадҳои суди қабул мекунад.
Санади эътибори қонун пайдо кардаи суд барои ҳамаи мақомоти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва мақомоти дигар, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатми мебошад ва дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд иҷро карда шавад.
Иҷро накардани санадҳои судии суди иқтисоди беэҳтироми дар ҳаққи суд дониста шуда, боиси ҷавобгарие мешавад, ки ин Кодекс ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд.
БОБИ II. ҲАЙАТИ СУДИ ИҚТИСОДИ. РАДКУНИ
Моддаи 14. Ҳайати суди иқтисоди
Дар судҳои иқтисоди парвандаҳо дар марҳалаи якум аз тарафи судя танҳо барраси карда мешаванд.
Парвандаҳо дар бораи беэътибор донистани санадҳои мақомоти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва парвандаҳо дар бораи нодорами (муфлисшави) аз тарафи суд ба таври дастҷамъи барраси карда мешаванд .
Бо қарори раиси суд ҳар парванда ба таври дастҷамъи барраси шуда метавонад.
Ҳамаи парвандаҳо дар марҳалаи шикояти, кассатсиони ва назорати аз тарафи суди иқтисоди ба таври дастҷамъи барраси мешаванд.
Дар сурати баррасии дастҷамъии парванда ба ҳайати суд бояд се нафар ё дигар шумораи тоқи судяҳо дохил шаванд.
Ҳамаи судяҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо аз ҳуқуқҳои баробар истифода мебаранд.
Дар ҳолате, ки ин Кодекс ба судя ҳуқуқи ба танҳои барраси намудани парванда ва масъалаҳои алоҳидаро дода бошад, вай аз номи суди иқтисоди амал мекунад.
Моддаи 15. Тартиби ҳалли масъалаҳо аз тарафи суди иқтисоди
Масъалаҳое, ки ҳангоми дар ҳайати дастҷамъии суд барраси намудани парванда ба миён меоянд, аз тарафи судяҳо бо аксарияти овозҳо ҳал карда мешаванд. ҳеҷ яке аз судяҳо ҳақ надорад аз овоздиҳи худдори кунад. Раисикунандаи маҷлис аз ҳама охир овоз медиҳад.
Судяе, ки бо қарори аксарият рози нест, бояд ба ин қарор имзо гузорад ва ҳақ дорад фикри махсуси худро дар шакли хатти баён кунад, ки он ба парванда замима мегардад, вале эълон намешавад. Шахсони иштироккунандаи парванда бо фикри махсуси судя шинос карда намешаванд.
Санади судии эътибори қонуни пайдо карда бо фикри махсуси судя ба Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тафтиш фиристода мешавад .
Моддаи 16. Рад карда шудани судя
Судя дар ҳолатҳои зерин дар баррасии парванда иштирок карда наметавонад ва бояд рад карда шавад:
1) агар вай ба шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, ё ба намояндагони онҳо хеш бошад;
2) агар вай дар баррасии қаблии парвандаи мазкур ба сифати эксперт, тарҷумон, прокурор, намоянда ё шоҳид иштирок карда бошад;
3) агар вай шахсан, бевосита ё бавосита ба натиҷаи парванда манфиатдор бошад ё дигар ҳолатҳое бошанд, ки беғараз будани ӯро зери шубҳа гузоранд.
Ба ҳайати суди иқтисоди, ки парвандаро барраси мекунад, шахсони ба ҳам хешованд дохил шуда наметавонанд.
Моддаи 17. Рад карда шудани эксперт, тарҷумон ва котиби маҷлиси суди
Эксперт, тарҷумон ва котиби маҷлиси суди аз рӯи асосҳое, ки дар моддаи 16-уми ин Кодекс зикр шудааст, наметавонанд дар баррасии парванда иштирок кунанд ва бояд рад карда шаванд .
Гайр аз ин, барои рад карда шудани эксперт инҳо низ асос мебошанд:
1) вобастагии ҳизмати ё вобастагии дигар дар вақти баррасии парванда ё дар гузашта аз шахсони иштирокдори парванда ё намояндагони онҳо;
2) аз тарафи ӯ гузаронидани тафтише, ки материалҳои он асос ё сабаби муроҷиат ба суди иқтисоди шудаанд ё дар баррасии парванда истифода бурда мешаванд.
Иштироки эксперт, тарҷумон ё котиби маҷлиси суди дар баррасии қаблии парвандаи мазкур ба сифати мувофиқан эксперт, тарҷумон ё котиби маҷлиси суди барои рад карда шудани онҳо асос намебошад .
Моддаи 18. Ҷоиз набудани иштироки такрории судя дар баррасии парванда
Судяе, ки дар баррасии парванда иштирок кардааст, наметавонад дар баррасии он дар суди марҳалаи дигар иштирок кунад, ғайр аз мавридҳои баррасии ин парванда аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида .
Моддаи 19. Изҳорот дар бораи худрадкуни ва радкуни
Дар судати мавҷуд будани ҳолатҳое, ки дар моддаҳои 16 ва 17-уми ин Кодекс зикр ёфтаанд, судя, эксперт, тарҷумон, котиби маҷлиси суди вазифадоранд худрадкуни изҳор намоянд .
Аз рӯи ҳамон асосҳо радкуни аз тарафи шахсоне, ки дар парванда иштирок менамоянд, изҳор шуда метавонад.
Худрадкуни ва радкуни бояд далелнок бошанд ва то оғози баррасии парванда аз рӯи моҳият изҳор карда шаванд. Дар рафти баррасии парванда ариза дар бораи худрадкуни ва радкуни фақат дар мавридҳое ҷоиз аст, ки асоси худрадкуни ва радкуни ба суд ё шахси изҳори худрадкуни ё радкуни намуда, баъди оғози баррасии парванда маълум гардида бошад.
Моддаи 20. Тартиби ҳалли радкунии изҳоршуда
Дар мавридҳои изҳори худрадкуни суди иқтисоди бояд фикри иштироккунандагони парвандаро шунавад, инчунин гапи шахсеро, ки нисбати ӯ радкуни сурат гирифтааст, агар шахси радшаванда хоҳиши додани тавзеҳот дошта бошад, шунавад.
Масъала дар бораи радкунии судяе, ки парвандаро танҳо барраси мекунад, аз тарафи раиси суд ё муовини вай ҳал карда мешавад .
Масъала дар бораи радкунии судя ҳангоми баррасии парванда бо тарзи дастҷамъи аз тарафи ҳайати суд дар ғайби судяе, ки ба вай радкуни изҳор шудааст, ҳал карда мешавад. Дар сурати баробарии овозҳои ба тарафдории радкуни ва ба муқобили радкуни додашуда судя радкардашуда ҳисоб мешавад.
Масъала дар бораи радкуни, ки нисбати якчанд судя ё тамоми ҳайати суд, ки парвандаро барраси менамояд, аз тарафи раиси суд ё раиси коллегияи суди ҳал карда мещавад.
Масъала дар бораи радкунии эксперт ё тарҷумон аз тарафи ҳайати суд, ки парвандаро барраси менамояд, ҳал карда мешавад.
Аз рӯи натиҷаи баррасии масъала дар бораи радкуни таъинот бароварда мешавад.
Моддаи 21. Оқибати қонеъгардонии изҳорот дар бораи радкуни
Дар сурати радкунии судя ё якчанд судяҳо ё тамоми ҳайати суд парванда дар худи ҳамон суд, вале дар ҳайати дигар барраси карда мешавад.
Агар дар натиҷаи қонеъгардонии радкуниҳо ташкил додани ҳайати нави суд барои баррасии парвандаи мазкур дар худи ҳамон суд имкон надошта бошад, парванда бояд ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шавад.
БОБИ III. ТОБЕИЯТИ ИДОРИ ВА ТОБЕИЯТИ СУДИ
Моддаи 22. Тобеияти идории парвандаҳо
Ба суди иқтисоди парвандаҳо оид ба баҳсҳои иқтисоди тобеъ мебошанд, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии шаҳрванди, маъмури ва дигар муносибатҳои ҳуқуқи бармеоянд:
аз муносибат дар байни шахсони ҳуқуқи-юридики (минбаъдташкилотҳо), шаҳрвандон, ки фаъолияти иқтисодиро бидуни ташкили шахси юридики ба амал мебароранд ва дорои статуси соҳибкори инфироди мебошанд, ки онро ба тартиби муқарраркардаи Қонун ба даст овардаанд (минбаъд - шаҳрвандон), бармеоянд.
Ба баҳсҳои иқтисоди, ки аз тарафи суди иқтисоди ҳал карда мешаванд, аз ҷумла, ин баҳсҳо тааллуқ доранд:
дар бораи ихтилофот аз рӯи шартнома, ки бастани онро Қонун пешбини кардааст ё барои ҳал ба суди иқтисоди фиристодани ихтилофот аз ҷониби тарафҳо мувофиқа шудааст;
дар бораи тағйир додани шартҳо ё бекор намудани шартномаҳо;
дар бораи иҷро накардан ё ба таври бояду шояд иҷро накардани ӯҳдадориҳо;
дар бораи эътироф намудани ҳуқуқи моликият;
дар хусуси аз тарафи молик ё аз тарафи соҳиби дигари қонуни талабида гирифтани амвол аз соҳиби ғайриқонуни азхудкарда;
дар бораи риоя карда нашудани ҳуқуқи молик ё соҳиби дигари қонуни, ки ба маҳрум намудан аз мулк вобаста намебошад;
дар хусуси ҷуброн кардани зарар;
дар бораи беэътибор донистани (пурра ё қисман беэътибор донистани) санадҳои ғайримеъёрии мақомоти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва мақомоти дигар, ки ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи мутобиқат накарда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ташкилоту шаҳрвандонро поймол менамоянд;
дар хусуси ҳимояи шараф, қадру қимат ва некномию ӯҳдабарои;
дар бораи ғайриқобили иҷро донистани ҳуҷҷати воҷиби иҷро ё ҳуҷҷати дигар, ки аз рӯи он ситонидани бебаҳс (бечунучаро) сурат мегирад;
дар бораи шикоят кардан аз хусуси дасткашии ташкилот ё шаҳрванд аз бақайдгирии давлати ё саркашии онҳо аз бақайдгирии давлати дар мӯҳлати муқарраршуда ва дар ҳолатҳои дигаре, ки чунин бақайдгириро Қонун пешбини кардааст;
дар хусуси ситонидани ҷаримаҳо аз ташкилотҳо ва шаҳрвандон аз тарафи мақомоти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва дигар мақомоти анҷомдиҳандаи вазифаҳои назорат, агар дар Қонун тартиби бебаҳс (бечунучаро) ситондани ҷаримаҳо пешбини нашуда бошад;
дар бораи аз буҷет баргардонидани маблағе, ки мақомоти анҷомдиҳандаи вазифаи назорат бидуни риояи талаби Қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқи бо тартиби бебаҳс (бечунучаро) аз ҳисоб баровардааст.
Суди иқтисоди парвандаҳои дигарро низ барраси менамояд, аз ҷумла:
дар бораи муқаррар кардани фактҳое, ки барои пайдо шудан, тағйир ёфтан ва қатъ гардидани ҳуқуқи ташкилотҳо ва шаҳрвандон дар соҳаи фаъолияти соҳибкори ва фаъолияти дигари иқтисоди аҳамият доранд (минбаъд - дар бораи муқаррар кардани фактҳое, ки аҳамияти ҳуқуқи доранд);
дар бораи нодории (муфлисии) тащкилотҳо ва шаҳрвандон.
Дар ҳолатҳои муқарраркардаи ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар парвандаҳо оид ба баҳсҳои иқтисоди ва парвандаҳои дигар бо иштироки воҳидҳое (минбаъд - ташкилотҳое), ки дорои щахсияти юридики намебошанд ва бо иштироки шаҳрвандоне, ки статуси соҳибкори инфироди надоранд, тобеи суди иқтисоди мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар парвандаҳоро низ таҳти тобеияти суди иқтисоди қарор диҳад.
Суди иқтисоди парвандаҳои ба вай тобеиятдоштаро бо иштироки ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ташкилотҳои хориҷи, ташкилотҳои сармоядори хориҷи, ташкилотҳои байналхалқи, шаҳрвандони хориҷи, шахсони бешаҳрванди, ки фаъолияти соҳибкори мекунанд, барраси менамояд, агар дар шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чизи дигар пешбини нашуда бошад.
Моддаи 23. Барои ҳалли суди ҳаками супурдани баҳсҳо
Дар натиҷаи мувофиқаи тарафҳо баҳсе, ки ба миён омадааст ё ба миён омада метавонист ва ин баҳс, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии шаҳрванди бармеояд ва тобеи суди иқтисоди мебошад, пеш аз қабул карда шудани қарор аз тарафи суди иқтисоди тарафҳо метавонанд онро барои муҳокимаи суди ҳаками диҳанд.
Моддаи 24. Тобеияти судии парвандаҳо
Парвандаҳо аз тарафи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе мавриди барраси қарор мегиранд, ба истиснои парвандаҳое, ки ба тобеияти судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд.
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
парвандаҳоро дар бораи беэътибор донистани (пурра ё қисман) санадҳои ғайримеъёрии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Қонун мутобиқат надоранд ва ҳуқуқу манфиатҳои ташкилотҳо ва шаҳрвандонро вайрон мекунанд :
баҳсҳои байни ташкилотҳои воқеъ дар қаламрави ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи Ҷумҳури ва аз рӯи даъвоҳои нисбати онҳо изҳор кардашударо барраси менамояд.
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳар гуна баҳсҳоро дар доираи тобеияташ аз судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсолоти худ гирифта ҳал намояд.
Моддаи 25. Пешниҳоди даъво аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани ҷавобгар
Даъво ба суди иқтисоди аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани ҷавобгар пешниҳод карда мешавад.
Даъво нисбати шахси юридики, ки аз фаъолияти воҳиди алоҳидаи он бармеояд, аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани воҳиди алоҳида пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 26. Тобеияти суди аз рӯи интихоби даъвогар
Даъво нисбати ҷавобгароне, ки дар қаламрави вилоятҳо, шаҳрҳои гуногуни тобеи Ҷумҳури воқеъанд, ба суд бо интихоби даъвогар аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани яке аз ҷавобгарон пешниҳод карда мешавад.
Даъво нисбати ҷавобгар, ки маҳалли воқеъ гардидани вай маълум нест, ба суди иқтисоди аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани амволи вай ё аз рӯи охирин маҳалли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидани вай пешниҳод шуда метавонад.
Даъво нисбати ҷавобгар, ки ташкилот ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар қаламрави давлати дигар воқеъ гардидааст, аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани даъвогар ё амволи ҷавобгар пешниҳод шуда метавонад.
Даъвои аз шартнома бармеомадаги, ки дар он маҳалли иҷро зикр ёфтааст, метавонад аз рӯи маҳалли иҷрои шартнома пешниҳод гардад.
Моддаи 27. Тобеияти суди оиди муқаррар намудани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқи
Парвандаҳо оиди муқаррар намудани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқи аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани аризадиҳанда барраси карда мешаванд, ба истиснои парвандаҳо оиди муқаррар намудани факти ихтиёрдори ба бино, иншоот, қитъаи замин, ки аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани бино, иншоот, қитъаи замин барраси карда мешаванд.
Моддаи 28. Тобеияти суди дар бораи нодорамии (муфлисии) ташкилотҳо ва шаҳрвандон
Парвандаҳо дар бораи нодорамии (муфлисии) ташкилотҳо ва шаҳрвандон аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани қарздор барраси карда мешаванд.
Моддаи 29. Тобеияти судии истиснои
Даъвоҳо дар бораи эътирофи ҳуқуқи моликият ба бино, иншоот, қитъаҳои замин дар бораи гирифтани биноҳо, иншоот, қитъаҳои замин аз ихтиёрдории ғайриқонунии шахси бегона, дар бораи бартараф намудани вайронкунии ҳуқуқи молик ё дигар соҳиби қонуни, ки бо маҳрум кардан аз ихтиёрдори вобаста нестанд, аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани бино, иншоот, қитъаи замин пешниҳод карда мешаванд.
Даъво нисбати боркашонанда, ки аз шартномаи боркашони бармеояд, аз ҷумла вақте ки боркашон яке аз ҷавобгарон мебошад, аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани мақоми нақлиёт пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 30. Тобеияти судии шартномави
Тобеияти суди, ки дар моддаҳои 25 ва 26-уми ин Кодекс муқаррар карда шудааст, бо мувофиқаи тарафҳо метавонад тағйир ёбад.
Моддаи 31. Додани парванда аз як суди иқтисоди ба суди иқтисодии дигар
Парвандаҳое, ки суди иқтисоди бо риояи қоидаҳои тобеияти суди ба истеҳсолоти худ қабул кардааст, бояд моҳиятан аз тарафи вай барраси карда шавад, гарчи дар оянда он ба тобеияти судии дигар суди иқтисоди гузарад.
Суди иқтисоди парвандаро дар чунин ҳолатҳо барои барраси ба суди дигар медиҳад:
1) агар ҳангоми баррасии парванда дар суди мазкур маълум шавад, ки он хилофи қоидаҳои тобеияти суди ба истеҳсолот гирифта шудааст;
2) агар баъди рад карда шудани як ё якчанд нафар судяҳо иваз намудани онҳо дар ин суд имкон надошта бошад, инчунин дар мавридҳои дигар, ки баррасии парванда дар ин суд номумкин гардад, парванда ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Дар бораи ба дигар суди иқтисоди барои барраси додани парванда таъинот бароварда мешавад.
Парвандае, ки аз як суди иқтисоди ба дигар суди иқтисоди фиристода шудааст, бояд барои барраси аз тарафи суде қабул карда шавад, ки парванда ба вай фиристода шудааст. Баҳсҳо дар бораи тобеияти суди дар байни судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
БОБИ IV. ШАХСОНЕ, КИ ДАР ПАРВАНДА ИШТИРОК МЕКУНАНД
Моддаи 32. ҳайати шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд
Шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, аз инҳо иборатанд:
тарафҳо, шахсони сеюм;
аризадодагон ва дигар шахсони манфиатдор - дар парвандаҳо оид ба муқаррар намудани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқи, ҳамчунин дар бораи нодорамии (муфлисии) ташкилотҳо ва шаҳрвандон;
прокурор, мақоми давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва мақомоти дигар, ки ба суди иқтисоди бо даъво барои ҳимояи манфиатҳои давлати ва ҷамъияти муроҷиат кардаанд.
Моддаи 33. ҳуқуқу вазифаҳои шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд
Шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, ҳуқуқ доранд бо материалҳои парванда шинос шаванд, аз онҳо беруннавис кунанд, нусха гиранд, изҳори радия намоянд, далелҳо пешниҳод кунанд ва дар таҳқиқи онҳо иштирок намоянд, саволҳо диҳанд, изҳори дархост кунанд, изҳорот диҳанд, ба суди иқтисоди баёнот диҳанд, далелҳои худро оид ба ҳамаи саволҳое, ки дар рафти баррасии парванда ба миён меоянд, пешниҳод кунанд, ба муқобили дархостҳо, далелҳои шахсони дигар, ки дар парванда иштирок мекунанд, эътироз кунанд, нисбати санадҳои суди шикоят намоянд ва аз дигар ҳуқуқҳои мурофиави, ки ин Қонун додааст, истифода баранд.
Шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, мувофиқи ин Кодекс ба дӯш масъулият доранд ва бояд аз ҳамаи ҳуқуқҳои мурофиавии ба онҳо тааллуқдошта софдилона истифода баранд.
Моддаи 34. Тарафҳо
Тарафҳо дар парванда даъвогар ва ҷавобгар мебошанд.
Даъвогарон ташкилотҳо ва шаҳрвандон мебошанд, ки барои манфиатҳои худ даъво пешниҳод кардаанд ё ба манфиатҳои онҳо даъво пешниҳод карда шудааст.
Ҷавобгарон ташкилотҳо ва шаҳрвандоне мебошанд, ки нисбати онҳо даъвои талаб пешниҳод карда шудааст.
Тарафҳо аз ҳуқуқҳои мурофиавии баробар истифода мебаранд.
Моддаи 35. Иштироки якчанд даъвогар ва ҷавобгар дар парванда
Даъво метавонад муштаракан аз тарафи якчанд даъвогар ё нисбати якчанд ҷавобгар пешниҳод карда шавад. ҳар як даъвогар ё ҷавобгар дар мурофиа мустақилона баромад мекунад. ҳамшарикон метавонанд бурдани корро ба яке аз ҳамшарикон супоранд.
Агар бе ҷавобгари дигар ҳал кардани баҳс имкон надошта бошад, суд то қабул намудани қарор бо дархости тараф ё бо ташаббуси худ он ҷавобгарро ҷалб мекунад.
Моддаи 36. Иваз намудани тарафи номуносиб
Агар суди иқтисоди ҳангоми баррасии парванда муқаррар намояд, ки даъворо на он шахсе пешниҳод кардааст, ки ба вай ҳуқуқи талаб кардан тааллуқ дорад, ё даъво на нисбати он шахсе пешниҳод шудааст, ки бояд аз рӯи даъво ҷавоб диҳад, метавонад бо розигии даъвогар ба иваз намудани даъвогар ё ҷавобгари аввали бо даъвогар ё ҷавобгари муносиб роҳ диҳад.
Агар даъвогар ба иваз намуданаш бо шахси дигар рози набошад, он шахс метавонад ба парванда ба сифати шахси сеюм, ки ба предмети баҳс талаботи мустақилона дорад, дохил шавад, ки дар ин бора суд шахси мазкурро огоҳ месозад.
Агар даъвогар рози набошад, ки ҷавобгар бо шахси дигар иваз карда шавад, суд метавонад бо розигии даъвогар он шахсро ба сифати ҷавобгари дуюм ҷалб намояд.
Баъди иваз намудании тарафи номуносиб баррасии парванда аз нав сар карда мешавад.
Моддаи 37. Тағйир додани асос ё предмети даъво, тағйир додани андозаи талаби даъво, даст кашидан аз даъво, эътироф кардани даъво
Даъвогар ҳуқуқ дорад то қабули қарор аз тарафи суд асос ё предмети даъворо тағйир диҳад, талаби даъворо зиёд ё кам кунад ё аз даъво даст кашад бо риоя намудани қоидаҳое, ки бо моддаҳои 102-104 ҳамин Кодекс муқаррар шудаанд .
Ҷавобгар ҳуқуқ дорад даъворо пурра ё қисман эътироф кунад.
Тарафҳо метавонанд корро дар ҳар марҳала бо мувофиқаи созиш ба охир расонанд.
Суд аз даъво даст кашидан, кам кардани ҳаҷми талаби даъво, эътирофи даъворо қабул намекунад, мувофиқаи созишро тасдиқ наменамояд, агар он мухолифи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ё хилофи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони дигар бошад. Дар ин мавридҳо суд баҳсро моҳиятан барраси менамояд.
Моддаи 38. Шахсони сеюм, ки ба предмети баҳс талаботи мустақилона изҳор менамоянд
Шахсони сеюме, ки ба предмети баҳс талаботи мустақилона изҳор менамоянд, метавонанд то қабули қарор аз тарафи суд ба парванда дохил шаванд. Онҳо аз ҳамаи ҳуқуқҳо истифода мебаранд ва ҳамаи масъулияти даъвогарро, ба ғайр аз масъулияти риояи тартиби пешазсудии (эътирозии) яктарафа намудани баҳс бо ҷавобгар, ки он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин категорияи баҳсҳо ё шартномаҳо дар назар дошта шудааст, ба дӯш доранд.
Моддаи 39. Шахсони сеюм, ки ба предмети баҳс талаботи мустақилона изҳор намекунанд
Шахсони сеюм, ки ба предмети баҳс талаботи мустақилона изҳор намекунанд, метавонанд то қабули қарор аз тарафи суд дар парванда ба тарафи даъвогар ё ҷавобгар дохил шаванд, агар ҳалнома оид ба парванда ба ҳуқуқҳо ё масъулияти онҳо нисбати яке аз тарафҳо таъсир расонида тавонад. Онҳо бо дархости тарафҳо ё бо ташаббуси суд низ барои иштирок дар парванда ҷалб шуда метавонанд.
Шахсони сеюм, ки ба предмети баҳс талаботи мустақилона надоранд, ба дӯш масъулияти мурофиави доранд ва аз ҳуқуқҳои тарафҳо, ғайр аз ҳуқуқҳо барои тағйир додани асос ё предмети даъво, зиёд ё кам кардани талаби даъво, даст кашидан аз даъво, эътироф намудани даъво ё бастани мувофиқаи созиш, талаби маҷбуран иҷро намудани санади суди, истифода мебаранд.
Моддаи 40. Ҳуқуқи вориси мурофиави
Дар мавриди хориҷшавии яке аз тарафҳо аз баҳс ё муносибати ҳуқуқи (азнавсози, гузашт кардан аз талабот, интиқоли қарз, вафоти шаҳрванд ва дар мавридҳои дигар) бо қарори муқарраршуда суд ин тарафро бо вориси ҳуқуқии он иваз менамояд ва зимнан дар ин бора дар таъинот, ҳалнома ё қарор зикр менамояд. Ворисии ҳуқуқи дар ҳар марҳалаи мурофиаи суди мумкин аст.
Барои вориси ҳуқуқи тамоми амалҳое, ки дар мурофиа то дохилшавии он ба парванда иҷро карда мешаванд, ба ҳамон андозае ҳатми мебошанд, ки онҳо барои шахси ивазкардаи вориси ҳуқуқи ҳатми мебуданд.
Моддаи 41. Иштироки прокурор дар парванда
Прокурор ҳуқуқ дорад ба суди иқтисоди бо даъво барои ҳимояи манфиатҳои давлати ва ҷамъияти муроҷиат намояд.
Аризаи даъворо ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони вай, ба суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба судҳои иқтисодии вилоятҳо, суди иқтисодии шаҳри Душанбе - прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ё муовинони вай, прокурорҳои вилоятҳо, прокурори шаҳри Душанбе ё муовинони онҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда ё муовинони онҳо мефиристанд .
Прокуроре, ки аризаи даъво пешниҳод кардааст, ба дӯш масъулияти даъвогарро дорад ва аз ҳуқуқи даъвогар, ғайр аз ҳуқуқи бастани мувофиқаи созиш истифода мебарад.
Даст кашидани прокурор аз даъвои пешниҳодкардааш даъвогарро аз ҳуқуқи талаб намудани баррасии моҳиятани парванда маҳрум намекунад.
Моддаи 42. Иштироки мақомоти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва мақомоти дигар дар парванда
Дар мавридҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардааст, мақомоти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва мақомоти дигар ҳуқуқ доранд бо даъво ба суди иқтисоди барои ҳимояи манфиатҳои давлати ва ҷамъияти муроҷиат кунанд.
Мақоме, ки аризаи даъворо пешниҳод кардааст, ба дӯш вазифаҳои даъвогарро дорад ва аз ҳуқуқҳои даъвогар, ғайр аз ҳуқуқи бастани мувофиқаи созиш, истифода мебарад.
Даст кашидани мақом аз даъвои пешниҳодкардааш даъвогарро аз ҳуқуқи талаби моҳиятан барраси намудани парванда маҳрум намекунад.
Моддаи 43. Иштирокчиёни дигари парванда
Гайр аз шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, дар мурофиаи суди метавонанд шоҳидон, экспертҳо, тарҷумонҳо, намояндагон иштирок намоянд.
Моддаи 44. Шоҳид
Ҳар шахсе, ки аз маълумот ва ҳолатҳое, ки барои дуруст ҳал кардани баҳс дар суди иқтисоди аҳамият доранд, бохабар аст, шоҳид шуда метавонад.
Шоҳид вазифадор аст ба суди иқтисоди бо даъвати он ҳозир шавад ва маълумоту ҳолатҳои оид ба парванда барояш маълумбударо хабар диҳад.
Шоҳид вазифадор аст баёноти дуруст диҳад, ба саволҳои судя, шахсони дигари дар мурофиа иштироккунанда ҷавоб диҳад.
Барои дидаю дониста додани баёноти бардурӯғ ва саркаши кардан аз додани баёнот шоҳид мавриди ҷавобгарии ҷинои қарор мегирад.
Моддаи 45. Эксперт
Дар суди иқтисоди шахсе эксперт шуда метавонад, ки дорои дониши махсус аст, ки он барои додани хулоса зарур мебошад ва он шахс аз тарафи суд дар мавридҳои пешбининамудаи ин Кодекс таъин карда шудааст.
Шахсе, ки ба он гузаронидани экспертиза супурда шудааст, вазифадор аст бо талаби суди иқтисоди ҳозир шавад ва оид ба масъалаҳои ба миён гузошташуда хулосаи беғаразона диҳад.
Эксперт метавонад аз додани хулоса саркаши намояд, агар материалҳои ба вай пешниҳодшуда нокифоя бошанд ё агар дорои донише набошад, ки барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда лозиманд.
Эксперт ҳуқуқ дорад, агар ин барои додани хулоса зарур бошад, бо материалҳои парванда шинос шавад, дар маҷлисҳои суди иқтисоди иштирок кунад, саволҳо диҳад, аз суд дар бораи ба ӯ дастрас шудани материалҳои иловаги хоҳиш намояд.
Барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ ё саркаши кардан аз додани хулоса эксперт мавриди ҷавобгарии ҷинои қарор мегирад.
Моддаи 46. Тарҷумон
Тарҷумон шахси донандаи забонҳо мебошад, ки барои тарҷума зарур аст ва аз тарафи суд мавридҳои пешбиникардаи ин Кодекс таъин шудааст.
Тарҷумон аз ҷумлаи шахсоне, ки иштирокчиёни мурофиа пешниҳод кардаанд, таъин шуда метавонад.
Дигар иштирокчиёни мурофиа ҳуқуқ надоранд вазифаи тарҷумонро ба зимма гиранд, гарчи онҳо забонҳои барои тарҷума зарурро донанд ҳам.
Тарҷумон вазифадор аст бо талаби суд ҳозир шавад ва пурра, дуруст ва сари вақт тарҷума кунад.
Тарҷумон ҳақ дорад ба шахсоне, ки дар вақти тарҷума ҳузур доранд, барои аниқ намудани тарҷума саволҳо диҳад.
Тарҷумон дар сурати дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан мавриди ҷавобгарии ҷинои қарор мегирад.
БОБИ V. НАМОЯНДАГИ ДАР СУДИ ИҚТИСОДИ
Моддаи 47. Бурдани кор ба воситаи намояндагон
Кори шахсони юридики ва ташкилотҳои дигарро дар суди иқтисоди мақомоти онҳо, ки дар доираи ваколатҳои тавассути қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ё ҳуҷҷатҳои таъсиси барояшон додашуда амал мекунанд ва намояндагони онҳо мебаранд.
Роҳбарони ташкилотхо, шахсони дигар мувофиқи ҳуҷҷатҳои таъсиси ба суд санадҳоеро, ки вазъи хизмати ё ваколатҳои онҳоро тасдиқ менамоянд, пешниҳод мекунанд.
Шаҳрвандон метавонанд корашонро дар суд шахсан ё ба воситаи намояндагон баранд. Иштироки шахсии шаҳрванд дар мурофиа ӯро аз ҳуқуқи оид ба парванда доштани намоянда маҳрум намекунад.
Моддаи 48. Шахсоне, ки дар суди иқтисоди намоянда буда метавонанд
ҳар шаҳрванд, ки барои дар суд бурдани кор ваколатҳои дуруст расмикунонидашуда дорад, дар суд намоянда буда метавонад.
ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонеро, ки пурра дорои қобили амал намебошанд, дар мурофиаи суд намояндагони қонунии онҳо - волидон, падархонду модархонд, васиҳо ё парасторҳояшон ҳимоя мекунанд. Намояндагони қонуни метавонанд бурдани корашонро дар суд ба дигар намояндаи интихобкардаашон супоранд.
Моддаи 49. Расмикунонии ваколатҳои намоянда
Ваколатҳои намоянда бояд дар ваколатнома, ки мувофиқи Қонун дода ва расми кунонида шудааст, дода шавад.
Ваколатнома аз номи ташкилот бо имзои роҳбарон ё шахси дигар, ки ба ин кор бо ҳуҷҷатҳои таъсиси ва пахши мӯҳри ин ташкилот ваколатдор карда шудааст, дода мешавад.
Ваколатномае, ки аз тарафи шаҳрванд дода мешавад, ба тартиби нотариали, инчунин аз тарафи ташкилоте, ки ваколатномадиҳанда дар он кор мекунад ё мехонад, ташкилоти истифодабарии манзил аз рӯи маҳалли зист ва маъмурияти муассисаи табобатии статсионари, ки вай дар он таҳти табобат қарор дорад, аз тарафи фармондеҳи қисми ҳарбии дахлдор, агар ваколатнома аз тарафи хизматчии ҳарби дода шавад, тасдиқ карда шуда метавонад. Ваколатномаи шахсоне, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озоди қарор доранд, аз тарафи сардори ҷои маҳрумият аз озодии дахлдор тасдиқ карда мешавад.
Ваколати адвокат ба тартиби муқарраркардаи Қонун тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 50. Ваколатҳои намоянда
Ваколатҳои бурдани кор дар суд ба намоянда ҳуқуқ медиҳад, ки аз номи намоянда-фиристонанда ҳамаи амалҳои мурофиавиро, ғайр аз имзо кардани аризаи даъво, додани парванда ба суди ҳаками, пурра ё қисман даст кашидан аз талаби даъво ва эътирофи даъво, тағйир додани предмет ё асоси даъво, бастани мувофиқаи созиш, додани ваколатҳо ба шахси дигар (ба дигар кас ваколатнома додан), шикоят кардан нисбати санади судии суди иқтисоди, имзо намудани ариза дар бораи эътироз, талаби маҷбуран иҷро кардани санади суди, гирифтани мукофоти моли ва пули иҷро намояд. Ваколатномаҳои намоянда барои иҷро намудани яке аз амалҳое, ки дар ин модда зикр ёфтааст, бояд махсус дар ваколатномае, ки шахси намоянда-фиристонанда додааст, пешбини карда шавад.
Моддаи 51. Шахсоне, ки дар суди иқтисоди намоянда буда наметавонанд
Шахсоне, ки пурра дорои қобилияти амал нестанд, таҳти васоят ё парастори мебошанд, дар суд намоянда буда наметавонанд.
Судяҳо, муфаттишҳо, прокурорҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисоди дар суд намоянда буда наметавонанд. Қоидаи мазкур ба мавридҳое, ки шахсони мазкур дар мурофиа ба сифати намояндагони судҳои дахлдор, прокуратура ё ҳамчун намояндаи қонуни баромад мекунанд, татбиқ намегардад.
БОБИ VI. ДАЛЕЛҲО
Моддаи 52. Мафҳум ва намудҳои далелҳо
Далелҳо оид ба парванда маълумотҳое мебошанд, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи ин Кодекс ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шуда, дар асоси онҳо суди иқтисоди мавҷуд будан ё набудани ҳолатҳои асосноккунандаи талабот ва эътирози шахсонеро, ки дар парванда иштирок мекунанд, инчунин дигар ҳолатҳоеро, ки барои дуруст яктарафа намудани баҳс аҳамият доранд, муқаррар менамояд.
Ин маълумотҳо бо далелҳои хатти ва шайъи, хулосаи экспертҳо, гувоҳии шоҳидон, баёноти шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, муқаррар карда мешаванд.
Истифодаи далелҳое, ки бо вайронкунии Қонун ба даст оварда шудаанд, мумкин нест.
Моддаи 53. Вазифаи исботкуни
Ҳар шахсе, ки дар парванда иштирок менамояд, бояд он ҳолатҳоеро исбот намояд, ки ба онҳо ҳамчун асоси талабот ва эътирози худ истинод мекунад. ҳангоми баррасии баҳсҳо дар бораи беэътибор донистани санадҳои мақомоти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва мақомоти дигар вазифаи исботкунии ҳолатҳое, ки барои қабули санадҳои мазкур ҳамчун асос хизмат кардаанд, ба дӯши мақоме, ки санадро қабул кардааст, гузошта мешавад.
Суд агар баррасии парвандаро дар асоси далелҳои мавҷуда ғайриимкон шуморад, ҳуқуқ дорад, ки аз шахсони иштироккунандаи парванда пешниҳод кардани далелҳои иловагиро талаб намояд.
Моддаи 54. Пешниҳод ва талаб кардани далелҳо
Далелҳо аз тарафи шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, пешниҳод карда мешаванд.
Шахси иштироккунандаи парванда, ки имкони аз иштироккунанда ё иштироккунандаи парванда мустақилона гирифтани далелҳои зарурии дар дасти вай бударо надорад, ҳуқуқ дорад ба суди иқтисоди бо дархост дар бораи талаб намудани чунин далелҳо муроҷиат кунад. Дар он дархост бояд нишон дода шуда бошад, ки кадом ҳолатҳои ба парванда аҳамиятдошта, бо ин далел муқаррар карда шуда метавонад, далел ишора карда шавад ва ҷои воқеъ шудани он зикр гардад. Суд дар сурати зарурат ба шахсе, ки дар парванда иштирок мекунад, барои гирифтани далелҳо дархост медиҳад. Шахсе, ки далели аз тарафи суд талабкардашуда дар дасти вай мебошад, далелро бевосита ба суд мефиристад ё ба дасти шахсе, ки барои ба суд додани он дархости дахлдор дорад, медиҳад.
Агар шахсе, ки аз вай суди иқтисоди далел талаб мекунад, барои пешниҳод кардани далел ё дар мӯҳлати муайянкардаи суд пешниҳод кардани он умуман имконият надошта бошад, вай бояд дар ин бора бо зикри сабабҳо дар мӯҳлати панҷ рӯз баъд аз гирифтани дархости суд ба суд хабар диҳад.
Дар сурати иҷро накардани вазифа дар бобати пешниҳоди далели дархостшуда бо сабабҳое, ки суди иқтисоди онро узрнок ҳисоб накардааст, нисбати шахсе, ки далелҳо дар дасти вай аст, дар ҳаҷми аз панҷоҳ то сад ҳадди ақалли муқарраршудаи музди меҳнат ҷарима андоҳта мешавад.
Андохтани ҷарима шахсро, ки далели талабшуда дар ихтиёри вай аст, аз пешниҳод намудани он ба суди иқтисоди озод намекунад.
Моддаи 55. Муойина ва таҳқиқи далелҳо дар маҳалли воқеъ гардидани онҳо
Дар сурате, ки ба суд овардани далелҳо мумкин набошад ё душвор бошад, суди иқтисоди метавонад далелҳоро дар маҳалли воқеъгардидаашон муойина ва таҳқиқ намояд.
Муойина ва таҳқиқи далелҳо аз тарафи суд бо огоҳ намудани шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд ва ҳозир нашудани онҳо ба гузаронидани муойина ва таҳқиқ монеъ намешавад, гузаронида мешавад.
Дар сурати зарурат барои иштирок кардан дар муойина ва таҳқиқи далелҳо экспертҳо ва шоҳидон даъват шуда метавонанд.
Бевосита баъди муойина ва таҳқиқи далелҳо дар маҳалли воқеъ гардидани онҳо протокол тартиб дода мешавад.
Шахсоне, ки ҳангоми муойина ва таҳқиқи далелҳо ҳозир мебошанд, ҳуқуқ доранд бо протокол шинос шаванд ва фикру мулоҳизаҳои худро ба тарзи хатти пешниҳод кунанд.
Ҳамаи материалҳо ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.
Моддаи 56. Муносибати далелҳо
Суди иқтисоди фақат он далелҳоро қабул менамояд, ки ба парвандаи баррасишаванда муносибат доранд.
Моддаи 57. Ҷоиз будани далелҳо
Ҳолатҳои парванда, ки мувофиқи Қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи бояд бо далелҳои муайян тасдиқ карда шаванд, бо далелҳои дигар тасдиқ карда шуда наметавонанд.
Моддаи 58. Асосҳои озод будан аз исботкуни
Ҳолатҳои парванда, ки онҳоро суди иқтисоди ба ҳама маълум ҳисоб кардааст, ба исботкуни ҳоҷат надоранд.
Ҳолатҳое, ки бо қарори эътибори қонуни пайдокардаи суди иқтисоди аз рӯи парвандаи қаблан баррасишуда муқаррар карда шудаанд, ҳангоми аз тарафи суд барраси шудани парвандаи дигар, ки дар он ҳамон шахсҳо иштирок мекунанд, аз нав исбот карда намешаванд.
Қарори эътибори қонуни пайдокардаи суди юрисдиксияи умуми аз рӯи парвандаи граждани барои суди иқтисоди, ки парвандаи дигарро барраси менамояд, оид ба масъалаи ҳолатҳое, ки бо қарори суди юрисдиксияи умуми муқаррар карда шудаанд ва ба шахсони иштироккунандаи парванда муносибат доранд, ҳатми мебошад.
Ҳукми эътибори қонуни пайдокардаи суд аз рӯи парвандаи ҷинои барои суди иқтисоди оиди масъалаҳо дар бораи он ки оё амалҳои муайян ҷой доштаанд ва онҳо аз тарафи ки содир карда шудаанд, ҳатми мебошад.
Моддаи 59. Баҳодиҳи ба далелҳо
Суди иқтисоди ба далелҳо аз рӯи эътиқоди ботинии худ, ки ба таҳқиқи ҳаматарафа, пурра ва беғаразонаи далелҳои дар парванда вуҷуддошта асос ёфтааст, баҳо медиҳад.
Ҳеҷ гуна далел барои суди иқтисоди дорои эътибори пешаки муқарраршуда намебошад.
Моддаи 60. Далелҳои хатти
Далелҳои хатти аз санадҳо, шартномаҳо, гувоҳномаҳо, мукотибаҳои кори, дигар ҳуҷҷатҳою материалҳо иборат мебошанд, ки дар бораи ҳолатҳои барои парванда муҳим маълумот доранд, аз ҷумла ҳуҷҷатҳое, ки ба воситаи электрони, ё бо усули дигар гирифта шуда, барои муқаррар кардани дурустии ҳуҷҷат имконият медиҳанд.
Далелҳои хатти дар шакли асли ё нусхаи дуруст тасдиқ кардашуда пешниҳод карда мешаванд. Агар фақат як қисми ҳуҷҷат ба парвандаи баррасишаванда муносибат дошта бошад, иқтибоси тасдиқкардашуда аз он пешниҳод мегардад.
Ҳуҷҷатҳои асли он гоҳ пешниҳод мегарданд, ки ҳолатҳои парванда мувофиқи қонунҳо ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи фақат бо чунин ҳуҷҷатҳо тасдиқ карда шаванд, инчунин дар дигар мавридҳои зарури бо талаби суд пешниҳод карда мешаванд.
Нусхаҳои далелҳои хатти, ки аз тарафи шахси дар парванда иштироккунанда ба суди иқтисоди пешниҳод карда шудааст, ба шахсони дигари дар парванда иштироккунанда, ки онро надоранд, фиристода мешаванд.
Моддаи 61. Баргардонидани ҳуҷҷатҳои асли
Ҳуҷҷатҳои асли, ки дар парванда мавҷуданд, бо дархости шахси онҳоро пешниҳодкарда баъди эътибори қонуни пайдо кардани қарори суд баргардонида мешаванд ва агар суд ба чунин натиҷа ояд, ки баргардонидани онҳо ба ҳалли дурусти баҳс зарар намерасонад, онҳо дар рафти мурофиа аз рӯи парванда то эътибори қонуни пайдо кардани ҳалнома баргардонида мешаванд. Дар як вақт бо дархост шахсони мазкур нусхаи аслии дуруст тасдиқ кардашудаи ҳуҷҷати аслиро пешниҳод мекунанд ё дар бораи аз тарафи суд тасдиқ намудани дурустии нусхаи аслиро, ки дар парванда мемонад, дархост менамоянд.
Моддаи 62. Далелҳои шайъи
Далелҳои шайъи предметҳое мебошанд, ки бо намуди зоҳири, хосияти дохили, маҳалли воқеъ шуданашон ё бо аломатҳои дигар ҳамчун воситаи муқаррар намудани ҳолатҳое, ки барои парванда аҳамият доранд, хизмат карда метавонанд.
Моддаи 63. Нигоҳ доштани далелҳои шайъи
Далелҳои шайъи дар суд нигоҳ дошта мешаванд.
Далелҳои шайъи, ки ба суд оварда шуда наметавонанд, дар маҳалли воқеъ буданашон нигоҳ дошта мешаванд. Онҳо бояд муфассал тасвир карда, мӯҳр зада шаванд ва дар сурати зарурат ба навори фото ва видео сабт гарданд.
Ҳароҷоти нигоҳдории далелҳои шайъиро мувофиқи моддаи 95-уми ин Кодекс дар байни тарафҳо тақсим мекунанд.
Суд ва нигоҳдоранда барои бетағйир нигоҳ дошта шудани далелҳои шайъи чора мебинад.
Моддаи 64. Муойина ва таҳқиқи далелҳои шайъи, ки зуд вайрон мешаванд
Далелҳои шайъи, ки зуд вайрон мешавад, фавран аз тарафи суд дар маҳалли воқеъ гардидани онҳо муойина карда мешаванд.
Дар бораи маҳаллу вақти муойина ва таҳқиқ ба шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, агар онҳо ба маҳалли воқеъ гардидани далелҳои шайъи дар лаҳзаи муойинаи онҳо оамада тавонанд, хабар дода мешавад.
ҳозир нашудани шахсони хабардодашуда, ки дар парванда иштирок мекунанд, ба муойина ва таҳқиқи далелҳои шайъи монеъ намешавад.
Моддаи 65. Ихтиёрдори намудани далелҳои шайъи
Далелҳои шайъи баъди эътибори қонуни пайдо кардани қарори суд ба шахсоне, ки аз онҳо гирифта шуда буданд, баргардонида мешаванд, ё ба шахсоне дода мешаванд, ки суд ҳуқуқи онҳоро ба ин предметҳо эътироф кардааст, ба даромади давлат табдил дода ё ба тартибе, ки суд муқаррар мекунад, фурӯхта мешаванд.
Оид ба масъалаҳои ихтиёрдори кардани далелҳои шайъи суд таъинот мебарорад.
Предметҳое, ки мувофиқи Қонун дар ихтиёрдории шахсони алоҳида буда наметавонанд, ба ташкилотҳои дахлдор дода мешаванд.
Дар мавридҳои ҷудогона далелҳои шайъи баъди муойина ва таҳқиқи онҳо метавонанд аз тарафи суд то ба охир расидани парванда ба шахсоне баргардонда шаванд, ки аз онҳо гирифта шуда буданд, агар шахсони мазкур дар ин бора хоҳиш кунанд аз қонеъгардонии чунин хоҳиш ба дуруст ҳал кардани баҳс зарар нарасонад.
Моддаи 66. Таъин намудани экспертиза
Барои равшан намудани масъалаҳои ҳангоми баррасии парванда баамалоянда, ки дониши махсусро талаб мекунанд, суд бо дархости шахси иштироккунандаи парванда экспертиза таъин мекунад.
Шахсони дар парванда иштироккунанда ҳуқуқ доранд масъалаҳоеро, ки дар вақти гузаронидани экспертиза бояд равшан карда шаванд ва таклифҳоро оид ба номзадҳои экспертҳо ба суд пешниҳод кунанд.
Мазмуни масъалаҳое, ки аз рӯи онҳо гирифтани хулосаи экспертҳо зарур аст, қатъиян аз тарафи суд муқаррар карда мешавад. Рад кардани масъалаҳоеро, ки аз тарафи шахсони дар парванда иштироккунанда пешниҳод гардидаанд, суд бояд асоснок намояд.
Дар бораи таъин намудани экспертиза суд таъинот мебарорад.
Моддаи 67. Тартиби гузаронидани экспертиза
Экспертиза аз тарафи кормандони муассисаҳои эксперти ё мутахассисони дигар, ки суд ба онҳо супурдааст, гузаронида мешавад.
Гузаронидани экспертиза ба якчанд нафар экспертҳо супурда шуда метавонад.
Экспертиза дар маҷлиси суди иқтисоди ё берун аз маҷлис гузаронида мешавад, агар ин аз рӯи хусусияти таҳқиқот ё бинобар ғайриимкон ё душвор будани овардани материалҳо барои таҳқиқ ба маҷлис зарур бошад. Шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, ҳуқуқ доранд ҳангоми гузаронидани экспертиза иштирок кунанд, ба истиснои мавридҳое, ки ин гуна ҳозир будан ҳангоми гузаронидани экспертиза берун аз маҷлиси суд ба кори мӯътадили экспертҳо халал расонида метавонад.
Агар гузаронидани экспертиза ба ду нафар ё зиёда аз ду нафар экспертҳо супурда шуда бошад, онҳо ҳуқуқ доранд дар байни худ машварат кунанд. Дар сурате, ки экспертҳо ба хулосаи умуми оянд, онҳо як хулосаи умуми медиҳанд. Эксперте, ки бо экспертҳои дигар рози нест, хулосаашро алоҳида медиҳад.
Моддаи 68. Хулосаи эксперт
Эксперт хулосаашро ба шакли хатти медиҳад.
Хулоса бояд шарҳи муфассали таҳқиқоти гузаронидашуда, хулосаҳои дар натиҷаи он кардашуда ва ҷавобҳоро ба саволҳои ба миёнгузоштаи суд дарбар гирифта бошад. Агар эксперт дар вақти гузаронидани экспертиза ҳолатҳоеро муқаррар кунад, ки барои парванда аҳамият доранду оиди онҳо ба вай саволҳо дода нашуда бошанд, вай ҳуқуқ дорад нуқтаи назарашро дар бораи ин ҳолатҳо дар хулосаи худ ҳамроҳ кунад.
Хулосаи эксперт дар маҷлиси суди иқтисоди таҳқиқ мегардад ва дар қатори далелҳои дигар ба онҳо баҳо дода мешавад.
Дар сурати чандон равшан ва пурра набудани хулосаи эксперт суди иқтисоди метавонад экспертизаи иловаги таъин кунад ва гузаронидани онро ба ҳамон эксперт ё ба эксперти дигар супорад.
Дар сурати норозиги ба хулосаи эксперт суди иқтисоди бо дархости шахсе, ки дар парванда иштирок мекунад, метавонад экспертизаи такрори таъин кунад ва гузаронидани онро ба эксперти дигар супорад.
Моддаи 69. Гувоҳии шоҳидон
Шоҳид ба суди иқтисоди маълумотҳо ва ҳолатҳои барояш маълумбударо даҳанаки хабар медиҳад.
Бо таклифи суди иқтисоди шоҳид метавонад гувоҳии худро дар шакли хатти баён кунад.
Маълумотҳое, ки шоҳид манбаи аз куҷо ба онҳо воқиф шуданашро дода наметавонад, далел шуда наметавонанд.
Моддаи 70. Баёноти шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд
Баёноти шахсони дар парванда иштироккунанда дар бораи ҳолатҳои барояшон маълум, ки барои парванда аҳамият доранд, дар қатори далелҳои дигар мавриди тафтиш ва баҳодиҳи қарор дода мешаванд. Бо пешниҳоди суди иқтисоди шахси иштироккунандаи парванда метавонад баёноти худро дар шакли хатти диҳад.
Аз тарафи шахси иштироккунандаи парванда эътироф намудани фактҳое, ки шахси дигар талабот ё эътирози худро бо онҳо асоснок мекунад, барои суди иқтисоди ҳатми намебошанд.
Суди иқтисоди метавонад факти эътирофшударо муқарраргардида ҳисоб кунад, агар вай ба он шубҳа надошта бошад, ки эътирофкуни ба ҳолатҳои парванда мутобиқат мекунад ва он бо таъсири фиреб, зӯровари, гумроҳи ё бо мақсади пинҳон намудани ҳақиқат сурат нагирифтааст.
Моддаи 71. Таъмини далелҳо
Шахсоне, ки аз номумкин ё душвор будани далелҳо хавотиранд, метавонанд, аз суди иқтисоди, ки парвандаро ба истеҳсолоти худ гирифтааст, дар бораи таъмини ин далелҳо хоҳиш кунанд.
Дар ариза оид ба таъмини далелҳо далелҳое, ки таъмин намуданашон зарур аст, ҳолатҳое, ки барои тасдиқи онҳо ин далелҳо лозиманд, сабабҳое, ки аризадиҳандаро водор кардаанд бо хоҳиш дар бораи таъмини далелҳо муроҷиат кунад, бояд нишон дода шаванд.
Дар бораи таъмини далелҳо ё рад кардани қонеъкунонии дархост таъинот бароварда мешавад.
Нисбати таъиноти суди иқтисоди дар бораи рад кардани қонеъкунонии дархост дар бораи таъмини далелҳо шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 72. Тартиби таъмини далелҳо
Таъмини далелҳо аз тарафи суди иқтисоди аз рӯи қоидаҳое, ки ин Кодекс муқаррар кардааст, сурат мегирад.
Шахсони иштироккунандаи парванда дар бораи вақт ва ҷои баррасии ариза оиди таъмини далелҳо огоҳ карда мешаванд, вале ҳозир нашудани онҳо барои баррасии ариза монеъ шуда наметавонад.
Моддаи 73. Супориши суди
Суде, ки парвандаро барраси мекунад, дар сурати зарурати гирифтани далелҳо дар вилоят, шаҳр ва ноҳияи дигар ҳуқуқ дорад ба суди иқтисодии дахлдор барои иҷрои амалҳои муайяни мурофиави супориш диҳад.
Дар таъинот оид ба супориши суд моҳияти парвандаи баррасишаванда мухтасар баён карда, ҳолатҳое, ки бояд равшан карда шаванд ва далелҳое, ки бояд суди иқтисодии иҷрокунандаи супориш ҷамъовари кунад, нишон дода мешаванд.
Таъинот дар бораи супориши суди барои суди иқтисоди, ки ба вай супориш дода шудааст, ҳатми мебошад ва он бояд дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯз аз лаҳзаи гирифтани таъинот иҷро карда шавад.
Моддаи 74. Тартиби иҷрои супориши суди
Супориши суди дар маҷлиси суди иқтисоди аз рӯи қоидаҳое, ки ин Кодекс муқаррар намудааст, иҷро карда мешавад. Шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, дар бораи вақт ва ҷои маҷлис огоҳ карда мешаванд, вале ҳозир нашудани онҳо барои гузаронидани маҷлис монеъ намешавад.
Дар бораи иҷрои супориши суд таъинот бароварда мешавад, ки он бо тамоми материалҳо фавран ба суди иқтисоди ки парвандаро барраси мекунад, фиристода мешавад.
Шахсони иштироккунандаи парванда, шоҳидон, ки ба суди иқтисодии иҷрокунандаи супориш баёнот ё гувоҳи додаанд, дар сурати иштирокашон дар маҷлиси суде, ки парвандаро барраси мекунад, бо тартиби умуми баёнот ва гувоҳи медиҳанд.
БОБИ VII. ТАЪМИНИ ДАЪВО
Моддаи 75. Асоси таъмини даъво
Суд аз рӯи аризаи шахси ищтироккунандаи парванда ҳуқуқ дорад оид ба таъмини даъво чораҳо бинад. Таъмини даъво дар ҳар марҳалаи мурофиаи суди ҷоиз аст, агар надидани чунин чораҳо иҷрои санади судиро душвор ё номумкин гардонида тавонад.
Ариза дар бораи таъмини даъво аз тарафи суде, ки баҳсро ҳал мекунад, на дертар аз рӯзи дигари ворид шудани он барраси карда мешавад.
Аз рӯи натиҷаҳои баррасии ариза таъинот бароварда мешавад.
Нисбати таъинот дар бораи таъмини даъво ё радкунии таъмини даъво шикоят кардан мумкин аст.
Додани шикоят нисбати таъинот дар бораи таъмини даъво иҷрои ин таъинотро боздошта наметавонад.
Моддаи 76. Чораҳо оиди таъмини даъво
Чораҳо оид ба таъмини даъво инҳо буда метавонанд:
1) ҳабс кардани амвол ё воситаҳои пулие, ки ба ҷавобгар тааллуқ доранд;
2) ба ҷавобгар манъ кардани иҷрои амалҳои муайян;
3) ба шахсони дигар манъ кардани иҷрои амалҳои муайян, ки ба предмети баҳс дахл доранд;
4) боздоштани ситонидан аз рӯи ҳуҷҷати иҷро ё ҳуҷҷати дигари мавриди баҳси даъвогар, ки дар асоси он ситонидан ба тартиби бебаҳс (бечунучаро) амали карда мешавад;
5) боздоштани фурӯши амвол дар сурати пешниҳоди даъво дар бораи озод кардани он аз ҳабс.
Дар сурати зарурат дидани якчанд чора оид ба таъмини даъво ҷоиз аст.
Суд таъмини даъворо ҷоиз дониста, метавонад аз рӯи дархости ҷавобгар аз даъвогар муҳайё намудани таъмини ҷуброни зарари эҳтимолиро барои ҷавобгар талаб кунад.
Барои риоя накардани чораҳои дар бандҳои 2 ва 3-юми қисми 1-уми ин модда пешбинишуда аз ташкилотҳо ва шаҳрвандон ба фоидаи буҷети Ҷумҳури чунин чарима ситонида мешавад:
аз рӯи даъвоҳое, ки қобили баҳодиҳист, - ба андозаи то панҷоҳ фоизи нархи даъво;
аз рӯи даъвоҳое, ки қобили баҳодиҳи нест, - ба андозаи то сад андозаи муқарраршудаи ҳадди ақалли музди меҳнат.
Даъвогар ҳуқуқ дорад товони зазареро, ки аз боиси иҷро накардани таъиноти суд оид ба таъмини даъво расонида шудааст, бо роҳи пешниҳод кардани даъво ба худи ҳамон суди иқтисоди ситонад.
Моддаи 77. Иваз намудани як намуди таъмини даъво бо намуди дигар
Иваз намудани як намуди таъмини даъво бо намуди дигар ҷоиз аст.
Масъалаи иваз намудани як намуди таъмини даъво бо дигараш ба тартибе, ки дар моддаи 75-уми ин Кодекс пешбини гардидааст, ҳал карда мешавад.
ҳангоми таъмини даъво дар бораи ситонидани воситаҳои пули ҷавобгар ҳуқуқ дорад ба ҷои дидани чораҳои муқарраркардашуда оид ба таъмини даъво ба ҳисоби амонатии суд маблағи талабкардаи даъвогарро супорад.
Моддаи 78. Иҷрои таъинот оид ба таъмини даъво
Таъинот оид ба таъмини даъво фаври ба тартибе, ки барои иҷрои қарорҳои суд муқаррар карда шудаст, иҷро карда мешавад.
Моддаи 79. Бекор кардани таъмини даъво
Таъмини даъво бо дархости шахсе, ки дар парванда иштирок мекунад, тавассути суде, ки парвандаро барраси менамояд, бекор карда шуда метавонад. Масъалаи бекор кардани таъмини даъво дар маҷлиси суд ҳал карда мешавад.
Шахсони иштироккунандаи парванда дар бораи вақт ва ҷои маҷлис огоҳ карда мешаванд, вале ҳозир нашудани онҳо барои баррасии масъалаи бекор кардани таъмини даъво монеъ шуда наметавонад.
Аз рӯи натиҷаи баррасии масъалаи бекор кардани таъмини даъво таъинот бароварда мешавад.
Дар сурати даст кашидан аз даъво чораҳои дидашудаи таъмини даъво то эътибори қонуни пайдо кардани ҳалнома нигоҳ дошта мешаванд. Вале суд метавонад дар як вақт бо ҳалнома ё баъди қабули он дар бораи бекор кардани таъмини даъво таъинот барорад.
Таъинот дар бораи бекор кардани таъмини даъво мавриди шикоят қарор гирифта метавонад.
Моддаи 80. Барои ҷавобгар ҷуброн намудани зарари бо таъмини даъво расонидашуда
Ҷавобгар баъди эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномае, ки дар он даъво рад карда шудааст, ҳуқуқ дорад аз даъвогар ҷуброни зарареро, ки бо таъмини даъво барояш расонида шудааст, бо роҳи пешниҳоди даъво ба ҳамон суд талаб намояд.
БОБИ VIII. БОЗДОШТАНИ ИСТЕҲСОЛОТ АЗ РӯИ ПАРВАНДА
Моддаи 81. Вазифаи суди иқтисоди барои боздоштани истеҳсолот оид ба парванда
Суди иқтисоди вазифадор аст истеҳсолотро оид ба парванда дар ҳолатҳои зерин боздорад:
1) дар сурати ғайриимкон будани баррасии парвандаи мазкур то қабули ҳалнома оид ба парвандаи дигар ё масъалаи дигар, ки ба тариқи мурофиаи конститутсиони, граждани, ҷинои ё маъмури барраси карда мешавад;
2) агар шаҳрванде, ки ҷавобгар аст, дар қисми амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ё шаҳрванди даъвогар, ки амалкунандаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бо дархости дахлдор муроҷиат карда бошад;
3) дар сурати марги шаҳрванд, агар муносибатҳои баҳснок ба ворисии ҳуқуқи роҳ диҳанд;
4) дар сурати қобилияти амалро гум кардани шаҳрванд.
Қисми дуюм хориҷ карада шуд .
Моддаи 82. ҳуқуқи суди иқтисоди барои боздоштани истеҳсолот аз рӯи парванда
Суди иқтисоди ҳуқуқ дорад истеҳсолотро аз рӯи парванда дар ҳолатҳои зерин боздорад:
1) дар сурати экспертиза таъин кардани суд;
2) навсозии ташкилот - шахсе, ки дар парванда иштирок мекунад;
3) агар шаҳрванд - шахси иштироккунандаи парванда, дар муассисаи табобати бошад ва инро бо ҳуҷҷати тибби тасдиқ намояд;
4) агар шаҳрванд - шахси иштироккунандаи парванда барои иҷрои ягон вазифаи давлати ҷалб шуда бошад;
5) дар сафари хизматии дарозмуддат будани тарафҳо .
Моддаи 83. Аз нав сар кардани истеҳсолот аз рӯи парванда
Истеҳсолот аз рӯи парванда баъди бартараф намудани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани он шудааст, аз нав сар карда мешавад.
Моддаи 84. Тартиби боздоштан ва аз нав сар кардани истеҳсолот аз рӯи парванда
Дар бораи боздоштани истеҳсолот аз рӯи парванда ва аз нав сар кардани он суд таъинот мебарорад.
Таъиноти суд дар бораи боздоштани истеҳсолот аз рӯи парванда мавриди шикоят қарор гирифта метавонад.
БОБИ IХ. ҚАТЪ НАМУДАНИ ИСТЕҲСОЛОТ АЗ РӯИ ПАРВАНДА
Моддаи 85. Асос барои қатъ намудани истеҳсолот аз рӯи парванда
Суди иқтисоди дар чунин ҳолатҳо истеҳсолотро аз рӯи парванда қатъ мекунад:
1) агар баҳс қобили барраси дар суди иқтисоди набошад;
2) агар ҳалномаи суди юрисдиксияи умуми, суди иқтисоди, ки аз рӯи баҳси байни худи ҳамон тарафҳо, дар бораи ҳамон як предмет ва бо худи ҳамон асосҳо қабул гардида, эътибори қонуни пайдо кардааст, мавҷуд бошад;
3) агар ҳалномаи суди ҳаками, ки аз рӯи баҳси байни худи ҳамон тарафҳо, дар бораи ҳамон як предмет ва бо худи ҳамон асосҳо қабул гардида, эътибори қонуни пайдо кардааст, мавҷуд бошад, ба истиснои мавридҳое, ки суди иқтисоди додани варақаи иҷроро барои иҷрои маҷбурии қарори суди ҳаками рад намуда, парвандаро барои баррасии такрори ба суди ҳаками, ки қарор қабул кардаасту вале имкони баррасии парванда дар худи ҳамон суди ҳаками ғайриимкон будааст, баргардонида бошад;
4) агар ташкилот - шахси иштироккунандаи парванда, барҳам дода шуда бошад;
5) агар баъди марги шаҳрванд - шахси иштироккунандаи парванда, муносибатҳои баҳсноки ҳуқуқи ба ворисии ҳуқуқи роҳ надиҳад;
6) агар даъвогар аз даъво гузашт карда ва ин гузашт аз тарафи суди иқтисоди қабул шуда бошад;
7) агар мувофиқаи созиш баста шуда ва он аз тарафи суди иқтисоди тасдиқ гардида бошад.
Моддаи 86. Тартиб ва оқибатҳои қатъи истеҳсолот аз рӯи парванда
Дар бораи қатъи истеҳсолот аз рӯи парванда суд таъинот мебарорад.
Дар таъиноти суд масъалаҳои тақсими хароҷоти суди дар байни шахсони иштироккунандаи парванда, баргардонидани боҷи давлати аз буҷет ҳал карда шуда метавонанд.
Дар сурати қатъи истеҳсолот аз рӯи парванда муроҷиати дубора ба суд оиди баҳси байни худи ҳамон тарафҳо, дар бораи худи ҳамон предмет ва бо ҳамон асосҳо роҳ дода намешавад.
Таъиноти суд дар бораи қатъи истеҳсолот аз рӯи парванда мавриди шикоят қарор гирифта метавонад.
БОБИ Х. БАРРАСИ НАКАРДАНИ ДАЪВО
Моддаи 87. Асосҳои барраси накардани даъво
Суди иқтисоди дар чунин ҳолатҳо даъворо барраси накарда мемонад:
1) агар дар истеҳсолоти суди юрисдиксияи умуми, суди иқтисоди, суди ҳаками оиди баҳси худи ҳамон тарафҳо, дар бораи худи ҳамон предмет ва бо ҳамон асосҳо парванда мавҷуд бошад;
2) агар дар хусуси барои ҳал кардан ба суди ҳаками додани баҳси мазкур мувофиқатномаи иштироккунандагони парванда мавҷуд бошад ва имконияти ба суди ҳаками муроҷиат кардан аз байн нарафта бошад ва агар ҷавобгар, ки муқобили дар суди иқтисоди барраси кардани парванда аст, на дертар аз аризаи аввали худ оид ба моҳияти баҳс дар хусуси барои ҳал кардан ба суди ҳаками додани баҳс дархост изҳор карда бошад;
3) агар аризаи даъво имзо нашуда бошад ё аз тарафи шахсе имзо шуда бошад, ки вай ҳуқуқи имзо кардани онро надорад, ё аз тарафи шахсе имзо шуда бошад, ки мақоми вазифагии вай нишон дода нашудааст;
4) агар даъвогар ба бонк ё муассисаи кредити барои аз ҷавобгар гирифтани қарзаш, ки он мувофиқи Қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқи ё шартнома бояд аз тариқи бонк ё дигар муассисаи кредити гирифта шавад, муроҷиат накарда бошад;
5) агар аз тарафи даъвогар тартиби пешазсудии яктарафакунии баҳс бо ҷавобгар, ки ин бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои категорияи мазкури баҳсҳо ё шартнома пешбини гардидааст, риоя нашуда бошад;
6) агар даъвогар ба маҷлиси суди иқтисоди ҳозир нашуда ва дар баррасии парванда бе иштироки ӯ изҳори ақида накарда бошад;
7) агар ҳангоми баррасии ариза дар бораи радкуни ё саркаши аз бақайдгирии давлати маълум шавад, ки баҳс дар бораи ҳуқуқ ба амал омадааст;
8) агар ҳангоми баррасии ариза дар бораи муқаррар намудани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқи маълум шавад, ки баҳс дар бораи ҳуқуқ ба амал омадааст.
9) Хориҷ карада шуд .
Моддаи 88. Тартиб ва оқибатҳои барраси накардани даъво
Дар бораи барраси накардани даъво суди иқтисоди таъинот мебарорад.
Дар таъиноти суд масъалаҳо дар бораи тақсими хароҷоти суди дар байни шахсони иштироккунандаи парванда, дар бораи баргардонидани боҷи давлати аз буҷет ҳал шуданашон мумкин аст.
Таъинот дар бораи барраси накарда мондани даъво мавриди шикоят қарор гирифта метавонад.
Баъди бартараф намудани ҳолатҳое, ки барои барраси накардани даъво асос шудаанд,даъвогар ҳуқуқ дорад аз нав ба суд ба тартиби умуми бо даъво муроҷиат намояд.
БОБИ ХI. ХАРОҶОТИ СУДИ
Моддаи 89. Таркиби хароҷоти суди
Хароҷоти суди аз боҷи давлати ва хароҷотҳои вобаста ба баррасии парванда, маблағҳое, ки барои гузаронидани экспертизаи муқарраркардаи суд, ҷеғ задани шоҳид, муойинаи далелҳо дар маҳал бояд пардохта шаванд, инчунин хароҷоте, ки бо иҷрои санади суди вобастаанд, иборат мебошанд.
Моддаи 90. Пардохти боҷи давлати
Боҷи давлати аз рӯи тамоми парвандаҳое, ки аз тарафи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси мегарданд, ба буҷети давлати пардохта ё ситонида мешаванд (Қонун аз 12 декабри соли 1997 № 498).
Моддаи 91. Боҷи давлати
Барои инҳо боҷи давлати пардохта мешавад:
1) аризаҳои даъво;
2) аризаҳо дар бораи нодорам (муфлис) эътироф кардани ташкилотҳо ва шаҳрвандон;
3) аризаҳо дар бораи ба парванда ба сифати шахси сеюм дохил шудани шахсе, ки ба предмети баҳс талаботи мустақилона изҳор мекунад;
4) аризаҳо дар бораи муқаррар намудани фактҳое, ки дорои аҳамияти юридики мебошанд;
5) аризаи шикояти ва кассатсиони дар бораи ҳалномаи суди иқтисоди, инчунин нисбати таъинот дар бораи қатъи истеҳсолот аз рӯи парванда, дар бораи барраси накардани даъво, дар бораи андохтани ҷаримаи суди;
6) аризаҳо дар бораи додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои суди ҳаками;
7) аризаҳои шикояти ва кассатсиони нисбати таъиноти суди иқтисоди дар бораи додани варақаи иҷро барои иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои суди ҳаками ва дар бораи рад кардани додани варақаи иҷро.
Дар сурати кам кардани нархи даъво боҷи пардохташуда баргардонида намешавад.
Масъалаҳои муқаррар намудани андозаи боҷи давлати, озод намудан аз пардохти он, ба вақти дигар монондан ё дароз кардани мӯҳлати пардохти боҷи давлати ва кам кардани андозаи он мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 92. Нархи даъво
Нархи даъво чунин муайян карда мешавад:
1) аз рӯи даъвоҳо оид ба ситонидани воситаҳои пули боназардошти маблағи ситонидашаванда;
2) аз рӯи даъвоҳо оид ба ғайриқобили иҷро эътироф намудани варақаи иҷро ё ҳуҷҷати дигар, ки мувофиқи он ситонидан ба тартиби бебаҳс (бечунучаро) бо назардршти маблағи мавриди баҳс сурат мегирад;
3) аз рӯи даъвоҳо дар бораи талаб кардани амвол бо назардошти арзиши амвол;
4) аз рӯи даъвоҳо дар бораи талаб кардани қитъаи замин бо назардошти арзиши қитъаи замин бо нархи муқарраршуда, дар сурати набудани он - бо нархи бозори.
Ба нархи даъво маблағи товони аҳдшикани (ҷарима, пеня), ки дар аризаи даъво нишон дода шудааст, дохил мешавад.
Нархи даъво, ки аз якчанд талаботи мустақил ташкил ёфтааст, бо маблағи ҳамаи талабот муайян карда мешавад.
Дар сурати нодуруст нишон дода шудани нархи даъво он аз тарафи судя дар давраи қабули аризаи даъвоги муайян карда мешавад .
Моддаи 93. Баргардонидани боҷи давлати
Боҷи давлати мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида мешавад.
Дар санади суди иқтисоди ҳолатҳое, ки барои пурра ё қисман баргардонидани боҷи давлати асос шудаанд, нишон дода мешаванд.
Аз рӯи аризаҳо, аризаҳои шикояти ва кассатсиони, ки боҷи давлатиашон пардохта, вале ба суди иқтисоди ворид нагардидааст, ё онро вай пас фиристодааст, инчунин аз рӯи санадҳои суди, ки пурра ё қисман баргардонидани боҷро пешбини мекунанд, он дар асоси гувоҳномае, ки суд додааст, баргардонида мешавад.
Моддаи 94. Пардохти маблағе, ки ба экспертҳо, шоҳидон ва тарҷумонҳо дода мешавад
Ба экспертҳо, шоҳидон ва тарҷумонҳо хароҷоти иҷораи манзил ва пардохти харҷи шабонарӯзи, хароҷоти ҳозир шудани онҳо ба суди иқтисоди ҷуброн карда мешавад.
Ба экспертҳо ва тарҷумонҳо барои коре, ки бо супориши суди иқтисоди иҷро кардаанд,агар он кор ба доираи вазифаҳои хизматии онҳо дохил нашавад, ҳаққи заҳмат дода мешавад.
Барои шаҳрвандоне,ки ба суди иқтисоди ҳамчун шоҳид даъват шудаанд, хароҷоти онҳо вобаста ба талафи вақт бинобар ҳозир шуданашон ба суд ҷуброн карда мешавад.
Маблағеро, ки бояд ба шоҳидон ва экспертҳо пардохта шавад, шахси иштироккунандаи парванда,ки ин хоҳишро кардааст, пешаки ба ҳисоби амонатии суди иқтисоди мепардозад.Агар хоҳиш аз ҳар ду тараф шуда бошад, маблағи заруриро онҳо бо қисмҳои баробар мепардозанд. Агар экспертизаи иловаги бо ташаббуси суд таъин гардад, маблағи онро суд ба эксперт аз ҳисоби амонати пардохт менамояд. Ин маблағ аз шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, мутобиқи моддаи 95-уми ин Кодекс ситонида, он ба ҳисоби амонатии суд гузаронида мешавад.
Маблағеро, ки ба экспертҳо, шоҳидон, тарҷумонҳо дода мешавад, суди иқтисоди ба онҳо баъди иҷрои вазифаашон пардохт менамояд.
Тартиби пардохт ва ҳаҷми маблағеро, ки бояд пардохта шавад, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 95. Тақсими хароҷоти суди дар байни шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд
Хароҷоти суди ба зиммаи шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд мутаносибан ба ҳаҷми даъвои қонеъгардида гузошта мешавад.
Боҷи давлати, ки аз пардохти он мувофиқи тартиби муқарраргардида даъвогар озод карда шудааст, аз ҷавобгар ба фоидаи буҷети давлати мутаносибан ба ҳаҷми даъвои қонеъгардида ситонида мешавад, ба шарте ки ҷавобгар аз пардохти боҷ озод карда нашуда бошад.
Агар парванда дар натиҷаи аз тарафи шахси иштироккунандаи парванда вайрон карда шудани тартиби пешазсудии яктарафа намудани баҳс, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин категорияи баҳсҳо ё дар шартнома (беҷавоб монондани даъво, нафиристодани ҳуҷҷатҳои талабшуда) пешбини нагардидааст, ба миён омада бошад, суди иқтисоди ҳуқуқ дорад хароҷоти судиро новобаста аз оқибати парванда ба дӯши ин шахс гузорад.
Дар сурати мувофиқаи тақсими хароҷоти суди байни шахсони иштироккунандаи парванда дар асоси ин мувофиқа суди иқтисоди қарор қабул мекунад.
Хароҷоти суди, ки онро бинобар додани аризаи шикояти, кассатсиони шахсони иштироккунандаи парванда додаанд, мувофиқи қоидаҳои ин модда тақсим карда мешавад.
БОБИ ХI. МӯҲЛАТҲОИ МУРОФИАВИ
Моддаи 96. Муқаррар ва ҳисоб намудани мӯҳлатҳои мурофиави
Амалҳои мурофиави дар мӯҳлатҳое сурат мегиранд, ки тавассути ин Қонун ё дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, агар мӯҳлатҳои мурофиави муқаррар карда нашуда бошанд, онҳоро суди иқтисоди муқаррар мекунад.
Мӯҳлати иҷрои амалҳои мурофиави бо санаи аниқи тақвими, зикри воқеае, ки ҳатман бояд рӯй диҳад ё бо тӯли вақте ки дар давоми он амал содир шуда метавонад, муайян карда мешавад.
Давоми мӯҳлати мурофиави, ки бо солҳою моҳҳо ё рӯзҳо ҳисоб карда мешавад, дар рӯзи дигари баъди санаи тақвими ё рӯй додани воқеа оғоз мегардад, ки он саршавии давоми мӯҳлати мурофиавиро муайян мекунад.
Моддаи 97. Хотима ёфтани мӯҳлатҳои мурофиави
Мӯҳлате, ки бо солҳо ҳисоб карда мешавад, дар моҳ ва санаи дахлдори соли охири мӯҳлати муқарраркардашуда тамом мешавад. Мӯҳлате, ки бо моҳҳо ҳисоб карда мешавад, дар санаи дахлдори моҳи охирини муқарраргардида тамом мешавад. Агар тамомшавии мӯҳлате, ки бо моҳҳо ҳисоб карда мешавад, ба моҳе рост ояд, ки санаи дахлдор надорад, он гоҳ мӯҳлат дар охирин рӯзи он моҳ тамом мешавад.
Агар рӯзи охирини мӯҳлат ба рӯзи ғайрикори рост ояд, рӯзи тамомшавии мӯҳлат аввалин рӯзи кории баъди он оянда ҳисоб карда мешавад.
Амали мурофиави то соати бисту чори рӯзи охирини мӯҳлати муқарраргардида иҷро шуда, метавонад. Агар аризаи шикояти, кассатсиони ва ҳуҷҷатҳои дигар ба мақоми алоқа то соати бисту чори рӯзи охирини мӯҳлат супурда шуда бошанд, мӯҳлати шикоят намегузарад.
Моддаи 98. Боздоштани мӯҳлатҳои мурофиави
Баробари боздоштани истеҳсолот аз рӯи парванда давоми ҳамаи мӯҳлатҳои мурофиавии нагузашта боздошта мешавад. Аз рӯзи аз нав саршавии истеҳсолот аз рӯи парванда рафти мӯҳлатҳои мурофиави давом мекунад.
Моддаи 99. Барқарор ва дароз кардани мӯҳлатҳои мурофиави
Суд аз рӯи аризаи шахси иштироккунандаи парванда агар мӯҳлати гузаштаи мурофиавии бо Қонун муқарраршударо узрнок донад, мӯҳлати гузаштаро барқарор мекунад.
Барқарор кардани мӯҳлати гузаштарафта дар ҳалнома, таъинот ё қарори суд зикр мешавад. Дар бораи рад кардани барқароркунии мӯҳлат таъинот бароварда мешавад.
Таъиноти суд дар бораи рад кардани барқароркунии мӯҳлати гузаштаи мурофиави мавриди шикоят қарор гирифта метавонад.
Суд мӯҳлатҳои мурофиавии таъиннамудаи худро дароз карда метавонад.
БОБИ ХIII. ҶАРИМАҲОИ СУДИ
Моддаи 100. Ҷарима андохтан
Ҷаримаро суди иқтисоди дар мавридҳо ва ба андозаи муқарраркардаи ин Кодекс меандозад ва он ба буҷети давлати ситонида мешавад.
Моддаи 101. Тартиби баррасии масъалаи ҷарима андохтан
Масъалаи ҷарима андохтан дар маҷлиси суди иқтисоди ҳал карда мешавад.
Шахсоне, ки нисбати онҳо масъалаи ҷарима андохтан барраси мегардад, бо мактуби фармоиши ва огоҳи дар бораи супурдани мактуб аз вақт ва ҷои маҷлис хабардор карда мешавад. ҳозир нашудани шахси бо тартиби муқаррари хабар додашуда барои баррасии масъалаи ҷарима андохтан монеъ намегардад.
Суди иқтисоди аз рӯи натиҷаҳои баррасии масъалаҳои андохтани ҷарима таъинот мебарорад.
Таъиноти суди иқтисоди дар бораи андохтани ҷарима мавриди шикоят қарор гирифта метавонад.
ФАСЛИ II. МУРОФИА ДАР СУДИ ИҚТИСОДИИ МАРҲАЛАИ ЯКУМ
БОБИ ХIV. ПЕШНИҲОД КАРДАНИ ДАЪВО
Моддаи 102. Шакл ва мазмуни аризаи даъво
Аризаи даъво ба суди иқтисоди дар шакли хатти дода мешавад. Онро даъвогар ё намояндаи ӯ имзо мекунад.
Дар аризаи даъво бояд инҳо нишон дода шаванд:
1) номи суди иқтисоди, ки ба он ариза дода мешавад;
2) номи шахсони дар парванда иштироккунанда ва нишонии почтавии онҳо;
3) нархи даъво, агар он ба нархмони зарурат дошта бошад;
4) ҳолатҳое, ки талаботи даъво ба онҳо асос ёфтааст;
5) далелҳое, ки асосҳои талаботи даъворо тасдиқ мекунанд;
6) ҳисоботи маблағи ситонидашаванда ё мавриди баҳс;
7) талаботи даъвогар бо истинод ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва дар сурати пешниҳоди даъво нисбати якчанд ҷавобгар талабот нисбати ҳар яке аз онҳо;
8) маълумот дар бораи риояи тартиби пешазсудии яктарафа намудани баҳс бо ҷавогар, агар он дар Қонун барои чунин категорияи баҳсҳо ё дар шартнома пешбини гардида бошад;
9) феҳристи ҳуҷҷатҳои замимашаванда.
Дар аризаи даъво маълумотҳои дигар низ, агар онҳо барои дуруст ҳал кардани баҳс лозим бошанд, инчунин дархостҳое, ки дар дасти даъвогар мавҷуданд, нишон дода мешаванд.
Моддаи 103. Равон кардани нусхаҳои аризаи даъво ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашаванда
Даъвогар ҳангоми пешниҳод кардани даъво вазифадор аст, ки нусхаҳои аризаи даъво ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашавандаро ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда, ки ин ҳуҷҷатҳоро надорад фиристад.
Моддаи 104. Хуҷҷатҳое, ки ба аризаи даъво замима карда мешаванд
Ба аризаи даъво ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи:
1) пардохти боҷи давлати ба тартиб ва андозаи муқарраршуда;
2) равон кардани нусхаҳои аризаи даъво ва ҳуҷҷатҳои ба онҳо замима кардашуда;
3) риояи тартиби (пешазмурофиавии) пешазсудии яктарафа кардани баҳс бо ҷавобгар ба шарте ки ин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин категорияи даъвоҳо ё дар шартнома пешбини шуда бошад;
4) ҳолатҳое, ки талаботи даъво бо онҳо асоснок карда мешавад, замима мегарданд.
Агар аризаи даъворо намояндагони даъвогар имзо карда бошанд, ба он ваколатномаи тасдиқкунандаи ваколатҳои вай барои пешниҳоди даъво замима карда мешаванд.
Ба аризаи маҷбур сохтан ба бастани шартнома лоиҳаи шартнома замима карда мешаванд.
Моддаи 105. Якҷоя ва аз ҳам ҷудо кардани якчанд талаботи даъво
Даъвогар ҳуқуқ дорад дар як аризаи даъво якчанд талаботро, ки бо ҳам алоқаманданд, якҷоя кунад.
Суд ҳуқуқ дорад якчанд парвандаҳои якхеларо, ки дар онҳо айнан ҳамон шахсон иштирок мекунанд, дар як истеҳсолот якҷоя кунад.
Суд ҳуқуқ дорад як ё якчанд талаботи якҷоя кардашударо ба як истеҳсолоти алоҳида ҷудо кунад.
Суд дар бораи якҷоя кардани парвандаҳо, ва ҷудо кардани талабот ба истеҳсолоти алоҳида таъинот мебарорад.
Моддаи 106. Қабул намудани аризаи даъво.
Масъалаи қабул намудани аризаи даъворо судя ҳал мекунад.
Судя вазифадор аст аризаи даъвогарро, ки бо риояи талаботи пешбиникардаи ин Кодекс тартиб дода шудааст, ба истеҳсолот қабул намояд.
Дар бораи қабули аризаи даъво судя таъинот мебарорад. Мазмуни ин таъинот метавонад дар таъинот оиди тайёр намудани парванда барои барраси дар маҷлис баён карда шавад.
Моддаи 107. Беҳаракат мондани аризаи даъвоги
Судяи суди иқтисоди ҳангоми ба истеҳсолот қабул кардани аризаи даъвоги муқаррар кунад, ки он бе риоя кардани қоидаҳои моддаҳои 102, 103, 104 ҳамин Кодекс пешниҳод шудааст, дар бораи беҳаракат мондани ариза таъинот бароварда, дар ин хусус даъвогарро огоҳ мекунад ва ба ӯ барои ислоҳи ҳолатҳои барои беҳаракат мондани ариза асосшуда мӯҳлат таъин мекунад.
Нусхаи таъинот дар бораи беҳаракат мондани аризаи даъвоги на дертар аз рӯзи дигари баровардани таъинот ба аризадиҳанда фиристода мешавад.
Агар даъвогар дар мӯҳлати таъиншуда талаботҳои дар таъиноти беҳаракат мондани аризаи даъвоги муқарраршударо иҷро намояд, он гоҳ рӯзи аввалин маротиба ба суд дохил шудани аризаи даъвоги рӯзи муроҷиат кардани ариза ҳисоб меёбад. Дар акси ҳол ариза ба суд вориднашуда ҳисоб меёбад ва он бо маводҳои замимагашта ба даъвогар бо тартиби пешбиникардаи моддаи 108 ҳамин Кодекс баргардонида мешавад.
Таъинот дар бораи беҳаракат мондани аризаи даъвоги мавриди шикоят қарор гирифта метавонад. Дар сурати бекор кардани таъинот рӯзи пешниҳод шудани ариза аз рӯзи аввали муроҷиати шахс ба суди иқтисоди ҳисоб мешавад .
Моддаи 108. Баргардонидани аризаи даъво
Судя аризаи даъво ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардидаро дар чунини ҳолатҳо бармегардонад:
1) агар ҳолатҳои барои беҳаракат мондани ариза асосшуда дар мӯҳлати муқарраркардаи таъинот ислоҳ нашуда бошанд ;
2) агар аризаи даъво имзо нашуда бошад, ё онро шахсе имзо карда бошад, ки он ҳуқуқ надорад, ё шахсе имзо карда бошад, ки мақоми вазифагии вай нишон дода нашудааст;
3) агар парванда барои ин суди иқтисоди суднопазир бошад;
4) агар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ба тартиб ва андозаи муқарраршуда пардохтани боҷи давлати пешниҳод нашуда бошанд, ва агар дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти ба вақти дигар монондан, дароз кардани мӯҳлати пардохти боҷи давлати ё кам кардани андозаи он пешбини гардида, дархост дар бораи он вуҷуд надошта ё дархост рад шуда бошад ;
5) агар даъвогар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи яктарафа намудани тартиби пешазсудии баҳсро бо ҷавобгар, ки он дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин категорияи баҳсҳо ё дар шартнома пешбини гардидааст, пешниҳод накарда бошад;
6) агар дар як ариза якчанд талабҳои бо якдигар алоқа надошта нисбати якчанд ҷавобгар якҷоя карда шуда бошанд;
7) агар дар бораи муроҷиат кардан ба бонк ё дигар муассисаи кредити барои аз ҷавобгар гирифтани қарзи худ, ки он муовфиқи Қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқи бояд аз тариқи бонк ё дигар муассисаи кредити гирифта шавад, далелҳо пешниҳод нашуда бошанд;
8) агар то баровардани таъинот дар бораи ба истеҳсолот қабул шудани аризаи даъво аз даъвогар оиди баргардонидани ариза даъво ариза расида бошад .
Судя дар бораи баргардонидани ариза даъво таъинот мебарорад.
Таъинот дар бораи баргардонидани аризаи даъво марвиди шикоят қарор гирифта метавонад. Дар сурати бекор кардани таъинот аввалин рӯзи муроҷиат ба суди иқтисоди рӯзи супурдани аризаи даъво мешавад.
Баргардонидани аризаи даъво барои баъди бартараф кардани камбудиҳои роҳдодашуда ба тартиби умуми дуюмбора ба суди иқтисоди муроҷиат кардан монеъ намегардад.
Моддаи 109. Изҳори назар кардан нисбати даъво
Шахсе, ки дар парванда иштирок мекунад, ҳуқуқ дорад ба суди иқтисоди нисбати аризаи даъво бо замима намудани ҳуҷҷатҳое, ки ба муқобили даъво норозигиро тасдиқ мекунанд, изҳори назарашро дар мӯҳлате равон кунад, ки он барои расидани изҳори назар то рӯзи баррасии парванда ва барои ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда фиристодани нусхаи изҳори назар ва ҳуҷҷатҳои надоштаи онҳо мувофиқ бошад.
Дар изҳори назар инҳо нишон дода мешаванд:
1) номи суди иқтисоди, ки ба он изҳори назар фиристода мешавад;
2) номи даъвогар ва рақами парванда;
3) дар сурати рад кардани талабҳои даъво сабабҳои пурра ва қисман рад кардани талабҳои даъво бо истинод ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёри, инчунин далелҳое, ки норозигиро асоснок мекунанд;
4) феҳристи ҳуҷҷатҳое, ки ба изҳори назар замима мегарданд.
Дар изҳори назар маълумоти дигар, инчунин дархосте, ки дар дасти ҷавобгар вуҷуд дорад, нишон дода шуда метавонад.
Изҳори назар аз тарафи шахсе, ки дар парванда иштирок мекунад, ё намояндаи вай имзо карда мешавад. Ба изҳори назар, ки намоянда имзо кардааст, ваколатномаи тасдиқкунандаи ваколатҳои вай барои бурдани парванда замима карда мешавад.
Моддаи 110. Пешниҳод намудани даъвои зидди даъво
Ҷавобгар ҳуқуқ дорад то қабул карда шудани ҳалнома аз рӯи парванда ба даъвогар барои якҷоя бо даъвои аввали дида баромадан даъвои зидди даъво пешниҳод кунад.
Пешниҳод кардани даъвои зидди даъво аз рӯи қоидаҳои умумии пешниҳод кардани даъвоҳо сурат мегирад.
Даъвои зидди даъво дар чунин ҳолатҳо қабул карда мешавад:
1) агар даъвои зидди даъво ба ҳисоби талабҳои аввали фиристода шуда бошад;
2) агар қонеъгардонии даъвои зидди даъво пурра ё қисман қонеъгардонии даъвои аввалиро истисно намояд;
3) агар дар байни даъвои зидди даъво ва даъвои аввали алоқаи дутарафа вуҷуд дошта бошад ва якҷоя барраси намудани онҳо ба зудтар ва дуруст барраси намудани баҳс оварда расонад.
Моддаи 111. Тағйир ёфтани суроғаҳо дар вақти истеҳсолот аз рӯи парванда
Шахсони дар парванда иштироккунанда вазифадоранд, ки дар бораи тағйир ёфтани суроғаи худ дар вақти истеҳсолот аз рӯи парванда ба суди иқтисоди хабар диҳанд. Дар сурати набудани чунин хабар ҳуҷҷатҳои мурофиави аз рӯи суроғаи охирине, ки ба суд маълум аст, равон карда мешаванд ва онҳо расонидашуда ҳисоб мешаванд, гарчи гиранда аз рӯи ин суроға дигар вуҷуд надошта бошад ё зиндаги накунад.
БОБИ ХV. ТАЙЁР НАМУДАНИ ПАРВАНДА БАРОИ БАРРАСИИ СУДИ
Моддаи 112. Амалиёти судя оид ба тайёр намудани парванда барои баррасии суди
ҳангоми барои баррсии суди тайёр намудани парванда судя амалиёти зеринро анҷом медиҳад:
1) масъалаи барои иштирок кардан дар парванда ҷалб намудани ҷавобгари дигар ё шахси сеюмро ҳал мекунад;
2) шахсҳои машфиатдорро дар бораи мурофиа аз рӯи парванда хабар медиҳад;
3) ба шахсони иштироккунандаи парванда, ташкилотҳои дигар, шахсони минсабдори онҳо иҷро намудани амалҳои муайян, аз ҷумла пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои ва маълумотеро, ки барои ҳалли баҳс аҳамият доранд, таклиф мекунад;
4) парванда муносибат доштан ва ҷоиз будани далелҳоро тафтиш менамояд;
5) шоҳидонро ҷеғ мезанад;
6) масъалаи таъин намудани экспертизаро дида мебарояд;
7)ба дигар судҳои иқтисоди супоришҳои суди равон мекунад;
8) шахсони иштироккунандаи парвандаро ҷеғ мезанад;
9) барои ошти додани тарафҳо чораҳо мебинад;
10) масъалаи барои додани баёнот ҷеғ задани роҳбарони ташкилотҳоеро, ки дар парванда иштирок мекунанд, ҳал мекунад;
11) оид ба таъмини даъво тадбирҳо меандешад.
Судя амалҳои дигарро ҳам, ки барои таъмини ҳалли дуруст ва саривақтии баҳс равона карда шудаанд, иҷро менамояд.
Моддаи 113. Таъинот дар бораи тайёр намудани парванда барои барраси
Дар бораи тайёр намудани парванда барои барраси судя таъинот мебарорад, ки дар он амалҳо оид ба тайёр намудани парванда, таъин кардани парванда барои барраси суди, вақт ва ҷои гузаронидани он зикр карда мешаванд.
Таъинот ба шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд, тавассути мактуби фармоиши бо огоҳинома дар бораи супурдани он равона карда мешавад.
Моддаи 113.1 Огоҳонидан ва даъват намудани иштирокчиёни дигари мурофиа
Иштирокчиёни дигари мурофиа ба воситаи даъватномаҳо, барқияҳо, факсҳо ва дигар воситаҳои алоқа огоҳонида ва ба суд даъват карда мешаванд .
БОБИ ХVI. БАРРАСИИ СУДИ
Моддаи 114. Мӯҳлати баррасии парванда
Парванда бояд аз рӯзи расидани даъво ба суди иқтисоди аз ду моҳ дер намонда барраси гардида, қарор қабул карда шавад.
Моддаи 115. Маҷлиси суди иқтисоди
Баррасии парванда дар маҷлиси суди иқтисоди сурат мегирад.
Судяи дар маҷлис раисикунанда:
1) маҷлиси суди иқтисодиро мекушояд ва эълон мекунад, ки кадом парванда барраси карда мешавад;
2) ҳозир будани шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштирокчиёни мурофиаро дар маҷлис, ваколатҳои онҳоро тафтиш мекунад, ки оё шахсоне, ки дар маҷлис ҳозир нестанд, дуруст бохабар карда шудаанд ва чи гуна маълумотҳо дар бораи сабабҳои ҳозир нашудани онҳо мавҷуданд;
3) ҳайати судро эълон мекунад, хабар медиҳад, ки ҳамчун эксперт, тарҷумон ки иштирок мекунад, ва ба шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқи радкуни доштани онҳоро фаҳмонда медиҳад;
4) ба шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи суди ҳуқуқи мурофиави ва вазифаҳояшонро фаҳмонда медиҳад;
5) тарҷумонро дар бораи ҷавобгари барои дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан, экспертро барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ ё саркаши кардан аз додани хулоса, шоҳидро барои дидаю дониста додани гувоҳии бардурӯғ ва саркаши ё гардантоби кардан аз додани гувоҳи огоҳ менамояд;
6) аз зали маҷлис шоҳидони ҳозиршударо то саршавии пурсиши онҳо хориҷ мекунад;
7) тартиби бурдани маҷлис ва таҳқиқи далелҳоро муайян мекунад;
8) ба маҷлис роҳбари карда, шарҳу эзоҳи ҳолатҳоеро, ки барои парванда аҳамият доранд, таъмин мекунад;
9) барои таъмини тартиботи дуруст дар толори маҷлис чораҳо мебинад.
Дар толори маҷлис ҳозирбудагон ҳуқуқ доранд қайдҳои хатти намоянд, стенограмма баранд ва сабти овоз намоянд. Сабти навори кино ва видео намудани маҷлиси суди, инчунин ба воситаи радио, телевизион пахш намудани он бо иҷозати суде, ки парвандаро барраси, менамояд, мумкин аст.
Моддаи 116. Тартибот дар маҷлиси суди иқтисоди
Ҳангоми ба толори маҷлис дохил шудани судяҳо ҳамаи ҳозирони толор аз ҷой мехезанд. Қарори судро шахсони дар толори маҷлиси суд буда рост истода мешунаванд.
Шахсони иштирокчии парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи суди ба суд рост истода муроҷиат мекунанд, баёнот ва гувоҳии худро рост истода медиҳанд. Ба риоя накардани ин қоида фақат бо қарори раисикунанда роҳ дода шуда метавонад.
Дар сурати вайрон кардани тартибот дар вақти маҷлис раисикунанда аз номи суд шахсеро, ки ба вайронкунии тартибот роҳ додааст, огоҳ мекунад.
Агар шахси мазкур тартиботро дубора вайрон кунад бо амри раисикунанда метавонад аз толор хориҷ карда шавад.
Моддаи 117. Таҳқиқи далелҳо ва пайдарпаии баррасии парванда
Ҳангоми баррасии парванда суд далелҳоро оид ба парванда таҳқиқ менамояд: баёноти шахсони иштироккунандаи парванда, гувоҳии шоҳидон, хулосаи экспертҳоро мешунавад, бо далелҳои хатти шинос мешавад, далелҳои шайиро муойина мекунад.
Баррасии парванда аз тарафи ҳайати тағйирнаёбандаи суд сурат мегирад. Агар дар ҷараёни баррасии парванда яке аз судяҳо иваз гардад, бояд барраси аз нав сар карда шавад.
Барраси аз рӯи ҳар парванда пай дар пай сурат мегирад, ғайр аз вақте, ки барои истироҳат таъин гардидааст. Дар ҳолатҳои истиснои суд ҳуқуқ дорад дар маҷлис ба мӯҳлати на бештар аз се рӯз танаффус эълон кунад.
То қабул кардани ҳалнома аз рӯи парванда ё ба вақти дигар мондани баррасии парванда суд ҳуқуқ надорад парвандаҳои дигарро барраси намояд.
Моддаи 118. Ҳал кардани аризаҳо ва дархостҳои шахсони иштироккунандаи парванда аз тарафи суди иқтисоди
Аризаҳо ва дархостҳои шахсони иштироккунандаи парванда дар бораи талаб карда гирифтани далелҳои нав аз рӯи масъалаҳои дигар, ки бо баррасии парванда алоқаманд мебошанд, баъди аз тарафи суд шунидани фикри дигар шахсони иштироккунандаи парванда ҳал карда мешаванд.
Аз рӯи натиҷаҳои баррасии аризаҳо ва дархостҳо суд таъинот мебарорад.
Моддаи 119. Ҳал кардани баҳс дар сурати пешниҳод накардани изҳори назар ба аризаи даъво ё далелҳои иловаги, инчунин бе иштироки шахсони иштироккунандаи парванда
Пешниҳод накардани изҳори назар ба аризаи даъво ё далелҳои иловаги, ки судя барои пешниҳод кардан ба шахсони иштироккунандаи парванда муроҷиат карда бошад барои барраси намудани парванда монеъ шуда наметавонад .
Дар сурати ба маҷлиси суди иқтисоди ҳозир нашудани ҷавобгар, ки ба вай дар бораи вақт ва ҷои баррасии парванда бояду шояд хабар дода шудааст, баҳс дар набудани вай ҳал карда шуда метавонад.
Дар сурати ба маҷлиси суди иқтисоди ҳозир нашудани даъвогар, ки ба вай дар бораи вақт ва ҷои баррасии парванда бояду шояд хабар дода шудааст, баҳс дар набуданаш дар сурати мавҷуд будани аризаи даъвогар оиди дар ғоиби вай барраси намудани парванда ҳал карда шуда метавонад.
Моддаи 120. Мавқуф гузоштани баррасии парванда
Суд ҳуқуқ дорад баррасии парвандаро дар мавридҳое, ки он дар маҷлиси мазкур барраси шуда натавонад, аз ҷумла бинобар ҳозир нашудани яке аз шахсони иштироккунандаи парванда, шоҳидон, экспертҳо, тарҷумонҳо ё зарурати пешниҳод намудани далелҳои иловаги мавқуф гузорад.
Дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда таъинот бароварда мешавад.
Дар бораи вақт ва ҷои маҷлиси нави суд иштироккунандагони мурофиаи суди ба воситаи таъинот ё ҳуҷҷати дигар, ки огоҳии ба даст супурдани мактуб фиристода мешавад, хабардор карда мешаванд.
Баррасии нави парванда баъди мавқуф гузоштани он аз нав сар карда мешавад.
Моддаи 121. Аз даъво гузашт кардани даъвогар, даъворо эътироф кардани ҷавобгар ва ба созиш мувофиқа кардани тарафҳо
Аризаи даъвогар дар бораи аз даъво гузашт кардан, даъворо эътироф кардани ҷавобгар ё шартҳои ба созиш мувофиқа кардани тарафҳо дар протоколи маҷлиси суди зикр гардида ба он мувофиқан даъвогар, ҷавобгар ё тарафҳо имзо мегузоранд, ва ё ин ариза аз тарафи шахси мувофиқ ба таври хатти пешниҳод карда мешавад, ки ба маводҳои парванда ҳамроҳ карда шуда дар ин бора дар протоколи маҷлиси суди қайд карда мешавад.
То қабули аз даъво гузашт кардани даъвогар ё тасдиқи ба созиш мувофиқа кардани тарафҳо суд (судя) ба даъвогар ё тарафҳо оқибатҳои амалиётҳои мурофиавии мувофиқро мефаҳмонад.
Дар бораи қабули аз даъво гузашт кардани даъвогар ё тасдиқи ба созиш мувофиқа кардани тарафҳо - суд (судя) таъинот мебарорад, ки бо он истеҳсолот қатъ карда мешавад .
Моддаи 122. Хотима ёфтани баррасии парванда
Баъди таҳқиқи ҳамаи далелҳо раисикунандаи маҷлиси суди аз шахсони иштироккунандаи парванда мепурсад, ки оё онҳо аз рӯи парванда материалҳои иловаги доранд ё не. Дар сурати набудани изҳорот дар ин бора раисикунанда таҳқиқи парвандаро хатмшуда эълон мекунад ва суд барои қабул намудани ҳалнома меравад.
Моддаи 123. Протокол
Дар маҷлиси суди, инчунин ҳангоми иҷрои баъзе амалҳои мурофиавии берун аз маҷлиси суд протокол тартиб дода мешавад.
Дар протоколи маҷлиси суди инҳо нишон дода мешаванд:
1) сол, моҳ, рӯз ва ҷои маҷлиси суди;
2) номи суде, ки парвандаро барраси мекунад, ҳайати суд;
3) унвони парванда;
4) маълумот дар бораи ҳозир будани шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд ва дигар иштироккунандагони мурофиаи суди;
5) маълумот дар бораи ба шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштирокчиёни мурофиа фаҳмонда шудани ҳуқуқи мурофиави ва вазифаҳояшон;
6) таъиноте, ки суд аз толори маҷлис нарафта, баровардааст;
7) аризаҳо ва дархостҳои даҳанакии шахсони иштироккунандаи парвандаҳо;
8) гувоҳии шоҳидон, хулосаҳои худро даҳанаки фаҳмонда додани экспертҳо.
Дар протокол оид ба иҷрои амалҳои ҷудогонаи мурофиави маълумоти гирифташуда низ нишон дода мешаванд.
Протоколи маҷлиси суди аз тарафи котиби маҷлиси суди тартиб дода шуда ба он судяи дар маҷлис раисикунанда ва котиби маҷлиси суди, на дертар аз рӯзи дигари маҷлис имзо мегузоранд .
Протокол дар бораи ба амал баровардани амалиётҳои мурофиавии алоҳида аз тарафи котиби маҷлиси суди тартиб дода шуда ба он судяи дар маҷлис раисикунанда ва котиби маҷлиси суди бевосита баъди ба амал баровардани ин амалиёт имзо мегузоранд .
Иштироккунандагони мурофиаи суди ҳуқуқ доранд бо протоколи маҷлиси суд ё амали мурофиави шинос шаванд ва фикру мулоҳизаҳои худро оид ба пурраги ва дурустии тартиб дода шудани он дар мӯҳлати се рӯзи баъд аз имзо шудани протокол пешниҳод кунанд.
Дар бораи қабул ё рад карда шудани фикру мулоҳизаҳо оид ба протокол судя таъинот мебарорад.
БОБИ ХVII. ҲАЛНОМАҲОИ СУДИ ИҚТИСОДИ
Моддаи 124. Қабул намудани ҳалнома
Ҳангоми моҳиятан барраси намудани баҳс суд ҳалнома мебарорад. ҳалнома бояд қонуни ва асоснок бошад. Суд ҳалномаро дар асоси далелҳое, ки дар маҷлиси суди таҳқиқ шудаанд, мебарорад.
Ҳалнома баъди қатъи баррасии парванда дар утоқи алоҳида қабул карда мешавад. Дар вақти қабули ҳалнома дар утоқ фақат судяҳои ҳайати суде, ки парвандаро барраси намудаанд, ҳозир буда метавонанд.
Дар мавриди ба таври дастҷамъи барраси шудани парванда ҳалнома бо бартарии овозҳо қабул карда мешавад.
Суди иқтисоди ҳалномаро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунад.
Моддаи 125. Масъалаҳои ҳангоми қабули ҳалнома ҳалшаванда
Суди иқтисоди мавриди қабули ҳалнома:
1) далелҳоро баҳо медиҳад;
2) муайян мекунад, ки кадом ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта таҳқиқ шудаанд, кадомашон таҳқиқ нашудаанд;
3) ҳал мекунад, ки кадом қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқие, ки шахсони иштироккунандаи парванда ба онҳо такя кардаанд, оиди ин парванда татбиқ намешаванд;
4) татбиқ кардани қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқиро оиди ин парванда муайян мекунад;
5) ҳолатҳои ҳуқуқи ва ӯҳдадориҳои шахсони иштироккунандаи парвандаро таҳқиқ мекунад;
6) ҳал мекунад, ки оё даъво бояд қонеъ карда шавад ё не.
Суди иқтисоди дар сурати хангоми машварат лозим донистани таҳқиқи иловагии далелҳо ё давом додани муайянсозии ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта таҳқиқи парвандаро аз нав шурӯъ мекунад.
Моддаи 126. Баёни ҳалнома
Ҳалнома ба таври хатти аз тарафи судяи парвандаро баррасикарда, раисикунандаи маҷлис ё яке аз судяҳо баён карда мешавад ва ба он ҳамаи судяҳо, ҳамчунин судяе, ки дар фикри махсуси худ мондааст, имзо мегузоранд. Судяе, ки бо ҳалнома рози нест, фикри махсуси худро ба таври хатти баён карда метавонад, ки он ба парванда дохил карда шуда, вале эълон карда намешавад.
Ислоҳи ҳалнома бояд пеш аз имзо гузоштани судяҳо ё судя шарҳ дода шавад .
Моддаи 127. Мазмуни ҳалнома
ҳалномаи суди иқтисоди аз қисматҳои муқаддимави, баёни, далеловари ва хулосави иборат аст.
Қисми муқаддимавии ҳалнома аз номгӯи суди иқтисодие, ки ҳалномаро қабул кардааст, ҳайати суд, рақами парванда, вақт ва ҷои баррасии парванда, номгӯи шахсони иштироккунандаи парванда, предмети баҳс, ному насаб ва ваколатҳои дар маҷлис ҳозирбудагон иборат мебошад.
Қисми баёни зикри мухтасари аризаи даъво, ҷавоб ба он, дигар баёнотҳо, изҳорот, шаҳру эзоҳот ва илтимосномаҳои тарафҳоро дар бар мегирад.
Дар қисми далеловари ҳолатҳои парванда, ки суди иқтисоди муқаррар кардааст, далелҳое, ки ба онҳо суди иқтисоди хулосаҳои худро оиди ин ҳолатҳо асоснок кардааст ва далелҳое, ки суди иқтисоди ин ё он далелро рад мекунад ва қонунҳо ё санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки шахсони дар парванда иштироккунанда ба онҳо такя намудаанд, ҷоизи қабул мешуморад, ҳамчунин қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки суд ҳангоми қабули ҳалнома ба роҳбари гирифтааст, нишон дода мешаванд.
Қисми хулосавии ҳалнома бояд хулосаҳоро оид ба қонеъгардони ё рад кардани ҳар талаби даъвои изҳоршуда дарбар гирад.
Агар дар парванда якчанд даъвогар ва ҷавобгар иштирок карда бошанд, дар ҳалнома нишон дода мешавад, ки баҳс нисбати ҳар кадоми онҳо чи тавр ҳал карда шудааст.
Дар сурати пурра ё қисман қонеъкунонии даъвоҳои аввали ва даъвои зидди даъво дар қисми хулосавии ҳалнома маблағе, ки бояд дар натиҷаи ҳисоб ситонида шавад, зикр мегардад.
Дар қисми хулосавии ҳалнома дар бораи тақсими хароҷоти суди дар байни шахсони иштироккунандаи парванда нишон дода мешавад.
Агар суди иқтисоди тартиби иҷрои ҳалномаро муқаррар кунад ё барои таъмини иҷрои он чораҳо бинад, дар ин бора дар ҳалнома нишон дода мешавад.
Моддаи 128. ҳалнома дар бораи ситонидани воситаҳои пули ва додани амвол
Дар сурати қонеъкунонии даъво дар бораи ситонидани воситаҳои пули дар қисми хулосавии ҳалнома суди иқтисоди андозаи умумии маблағи қобили ситониданро бо алоҳида-алоҳида муайянкунии қарзи асоси, зарар ва ҷаримаи аҳдшикани (ҷарима, пеня) нишон медиҳад.
Ҳангоми додани амвол суди иқтисоди номи амволеро, ки бояд дода шавал, арзиш ва маҳалли воқеъ гардидани онро нишон медиҳад.
Моддаи 129. ҳалнома дар бораи ғайриқобили иҷро дониста шудани ҳуҷҷати иҷро ё ҳуҷҷатҳои дигар
Ҳангоми қонеъкунонии даъво аз рӯи баҳс дар бораи ғайриқобили иҷро донистани ҳуҷҷати иҷро ё ҳуҷҷати дигар, ки мувофиқи он ситонидан ба таври қатъи (беаксепти) амали карда мешавад, аз ҷумла дар асоси навиштаҷоти иҷроии нотариус, дар қисми хулосавии ҳалнома ном, рақам, санаи ҳуҷҷате, ки қобили иҷро нест ва маблағе, ки ғайриқобили аз ҳисоб баровардан аст, нишон дода мешаванд.
Моддаи 130. ҳалнома дар бораи бастани шартнома ё тағйир додани он
Аз рӯи баҳсе, ки ҳангоми бастани шартнома ё тағйир додани он ба амал омадааст, дар қисми хулосавии ҳалнома дар бораи ҳар кадом шарти баҳсноки шартнома нишон дода мешавад, аз рӯи баҳс дар бораи маҷбуркуни барои бастани шартнома бошад шартҳое, ки дар асоси онҳо тарафҳо бояд шартнома банданд, нишон дода мешаванд.
Моддаи 131. Ҳалномае, ки ҷавобгарро барои иҷрои амалҳои муайян вазифадор мекунад
Ҳангоми қабул намудани ҳалномае, ки ҷавобгарро ба иҷрои амалҳои муайяни новобаста аз додани амвол ё ситонидани маблағ вазифадор мекунад, суди иқтисоди дар қисми хулосавии ҳалнома нишон медиҳад, ки ин амалҳоро, ки дар куҷо, кай ё дар давоми чанд вақт вазифадор аст иҷро кунад.
Суди иқтисоди дар сурати зарурат нишон дода метавонад, ки агар ҷавобгар ҳалномаро иҷро накунад, даъвогар ҳуқуқ дорад аз ҳисоби ҷавобгар бо ситонидани хароҷоти зарури амалҳои дахлдор иҷро кунад.
Агар иҷрои амалҳои мазкур фақат аз тарафи ҷавобгар мумкин бошад, суди иқтисоди дар ҳалнома мӯҳлатеро, ки дар давоми он ҳалнома бояд иҷро карда шавад, муқаррар мекунад.
Моддаи 132. ҳалнома аз рӯи парванда дар бораи беэътибор донистани санади мақоми давлати, мақоми ҳокимияти маҳалли ва мақоми дигар
Аз рӯи парванда дар бораи беэътибор донистани санади мақоми давлати, мақоми ҳокимияти маҳалли ва мақоми дигар қисми хулосавии ҳалнома бояд инҳоро дарбар гирад:
маълумот дар бораи ном, рақам, санаи баровардан, дигар маълумоти зарурии санад ва дар бораи мақоме, ки онро баровардааст;
нишон додан дар бораи пурра ё ба қисми муайян беэътибор донистани санад ё дар бораи пурра, ё ба қисми муайян рад кардани талаби азркунанда.
Дар сурати қонеъкунонии талабот дар бораи ғайриқонуни донисттани радкунии давлати ё гардантоби аз бақайдгири суди иқтисоди дар қисми хулосавии ҳалнома мақоми дахлдори давлатиро барои иҷро намудани чунин бақайдгири вазифадор мекунад.
Моддаи 133. Ҳалномаи суди иқтисоди дар бораи муқаррар намудани факти дорои аҳамияти ҳуқуқи
Дар сурати аз тарафи суд қонеъкунонии ариза дар бораи муқаррар кардани факти дорои аҳамияти ҳуқуқи, дар ҳалнома бояд факти муқарраршуда баён карда шавад.
Ҳалномаи суди иқтисоди дар бораи барқарор намудани факти дорои аҳамияти ҳуқуқи барои аз тарафи мақомоти дахлдор бақайдгирии чунин факт ё барои ба расмият даровардани ҳуқуқҳое, ки вобаста ба факти муқарраркардашуда ба вуҷуд меоянд, асос мебошад.
Моддаи 134. Эълони ҳалнома
Ҳалнома баъди қабули он аз тарафи раисикунанда дар худи ҳамон маҷлис, ки дар он парванда барраси шудааст, эълон карда мешавад. Дар мавридҳои истиснои аз рӯи парвандаҳои фавқулодда мураккаб тартиб додани ҳалномаи далелнок метавонад ба мӯҳлати на бештар аз се рӯз мононда шавад, вале қисми хулосавии халнома дар худи хамон маҷлис, ки баррасии парванда дар он ба охир расидааст, эълон карда мешавад. Дар айни замон раисикунанда эълон мекунад, ки шахсони иштироккунандаи парванда ва намояндагон кадом вақт метавонанд бо ҳалномаи далелнок шинос шаванд.
Қисми хулосавии эълонкардашудаи ҳалнома бояд аз тарафи ҳамаи судяҳо имзо ва ба парванда хамроҳ карда шавад.
Раисикунандаи маҷлис тартиби нисбати ҳалномаи суди иқтисоди шикоят карданро фаҳмонда медиҳад.
Моддаи 135. Эътибори қонуни пайдо кардани ҳалнома
Ҳалномаи суди иқтисоди бо гузаштани як моҳ баъди қабули он эътибори қонуни пайдо мекунад.
Дар сурати додани аризаи шикояти ҳалнома, агар он бекор карда нашуда, бошад, аз лаҳзаи бароварда шудани қарор аз тарафи марҳалаи шикояти эътибори қонуни пайдо мекунад.
ҳалномаи суди иқтисоди баъди эътибори қонуни пайдо кардани он мавриди иҷро қарор дода мешавад.
ҳалномаҳо дар бораи беэътибор донистани санадҳои мақомоти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва мақомоти дигар, инчунин таъинот дар бораи тасдиқ намудани мувофиқаи созиш фавран иҷро карда мешаванд.
Моддаи 136. Таъмини иҷрои ҳалнома
Суди иқтисоди аз рӯи аризаи шахсони иштироккунандаи парванда дар бобати таъмини иҷрои ҳалнома мувофиқи қоидаҳое, ки дар боби VII ин Кодекс муқаррар гардидаанд, чораҳо мебинад.
Моддаи 137. Фиристодани ҳалнома ба шахсони иштироккунандаи парванда
Ҳалномаи суди иқтисоди ба шахсоне, ки дар парванда иштирок кардаанд, тавассути мактуби фармоиши бо огоҳи дар бораи супурдан фиристода мешавад ё ба онҳо бо забонхат дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи қабул кардан супурда мешавад.
Моддаи 138. Ҳалномаи иловаги
Суде, ки ҳалнома баровардааст, дар чунин мавридҳо ҳалномаи иловаги мебарорад:
1) агар доир ба ягон даъво, ки шахсони иштироккунандаи парванда аз рӯи он далелҳо пешниҳод кардаанд, ҳалнома бароварда нашуда бошад;
2) агар суд масъаларо дар бораи ҳуқуқ ҳал карда, андозаи пули муқарраршуда, амволи додашаванда ё амалеро, ки ҷавобгар бояд иҷро намояд, нишон надодо бошад;
3) агар масъалаи хароҷоти суди ҳал нашуда бошад.
Масъала дар бораи баровардани ҳалномаи иловаги то ба қувваи қонуни даромадани ҳалнома ба миён гузошта шуда метавонад.
Масъала дар бораи баровардани халномаи иловаги дар маҷлис хал карда мешавад. Шахсони иштироккунандаи иловаги дар бораи маҳаллу вақти маҷлис бо мактуби огоҳиномадор дар бораи супурда шудани он огоҳ карда мешаванд. ҳозир нашудани шахсони иштироккунандаи парванда, ки бо тартиби пешбинишуда огоҳ карда шудаанд, барои баррасии масъала монеъ шуда наметавонад.
Агар суд ҳалномаи иловаги бароварданро рад кунад, дар ин бора таъинот бароварда мешавад.
Нисбати таъиноти суди иқтисоди дар бораи рад кардани баровардани ҳалномаи иловаги шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 139. Шарҳ додани ҳалнома. Ислоҳ намудани ғалатҳои калимави ва арифметики
Дар сурати норавшан будани ҳалнома суди иқтисоди, ки баҳсро ҳал намудааст, метавонад бо аризаи шахси иштироккунандаи парванда, ҳалномаро бе дигаргун кардани мазмуни он шарҳ диҳад, инчунин бо аризаи шахси иштироккунандаи парванда, ё бо ташаббуси худ ғалатҳои роҳдодашудаи калимави ва арифметикиро ба моҳияти ҳалнома дахолат накарда, ислоҳ намояд. Дар бораи шарҳ додани ҳалнома ва ислоҳ кардани ғалатҳои калимави ва арифметики таъинот бароварда мешавад.
Нисбати таъинот шикоят кардан мумкин аст.
БОБИ ХVIII. ТАЪИНОТИ СУДИ ИҚТИСОДИ
Моддаи 140. Баровардани таъинот ва мазмуни он
Суди иқтисоди таъинотро дар шакли санади алоҳида ҳангоми ба вақти дигар монондан, мавқуф гузоштани баррасии парванда, қатъи истеҳсолот аз рӯи парванда барраси накарда мондани даъво, инчунин дар мавридҳои дигаре, ки ин Кодекс пешбини кардааст, мебарорад.
Дар таъинот, ки дар шакли санади алоҳида бароварда мешавад, бояд инҳо нишон дода шаванд:
1) номи суди иқтисоди, рақами парванда, санаи баровардани таъинот, ҳайати суд, предмети баҳс;
2) номи шахсони иштироккунандаи парванда;
3) масъалае, ки аз рӯи он таъинот бароварда мешавад;
4) асосҳое, ки аз рӯи он суди иқтисоди бо истинод ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи хулосаи худро баровардааст;
5) хулоса аз рӯи масъалаи баррасишаванда.
Ҳангоми баррасии парванда дар маҷлиси суди суди иқтисоди метавонад таъинотро аз рӯи масъалаҳое, ки ҳалли он дар рафти маҷлиси суди талаб карда мешавад, дар шакли санади алоҳида тартиб надода барорад.
Таъинот даҳанаки эълон карда, ба протоколи маҷлиси суди дохил мегардад. Дар таъинот масъалае, ки аз рӯи он таъинот бароварда мешавад, далелҳое, ки аз рӯи онҳо суд хулосаи худро бароварда ва хулоса аз рӯи масъалаи баррасишаванда нишон дода мешавад.
Моддаи 141. Таъиноти хусуси
Дар мавридҳое, ки ҳангоми баррасии баҳс вайронкунии қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи дар фаъолияти ташкилот, мақоми давлати, мақоми ҳоқимияти маҳалли ва мақоми дигар, шахси мансабдор ё шаҳрванд ошкор шавад, суди иқтисоди ҳуқуқ дорад таъиноти хусуси барорад.
Таъиноти хусуси ба ташкилотҳои дахлдор, мақомоти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳалли ва мақомоти дигар, шахсони мансабдор, шаҳрвандон фиристода мешавад, ки ҳар кадоме вазифадоранд дар бораи чораҳои дидашуда дар мӯҳлати як моҳ ба суди иқтисоди хабар диҳанд.
Таъиноти хусуси мавриди шикоят қарор гирифта метавонад.
Моддаи 142. Фиристода шудани таъинот
Дар мавридҳое, ки суди иқтисоди таъинотро дар шакли санади алоҳида мебарорад, он ба шахсони иштироккунандаи парванда ва шахсони дигар, ки ба онҳо дахл дорад, дар мӯҳлати панҷ рӯзи баъди бароварда шуданаш фиристода ё ба онҳо супурда мешавад.
Таъинотҳое, ки мувофиқи ин Кодекс мавриди шикоят қарор гирифта метавонанд, ба шахсони иштироккунандаи парванда ва шахсони дигар, ки ба онҳо дахл доранд, бо мактуби фармоиши ва зикри огоҳи дар бораи супурда шудан фиристода мешаванд.
БОБИ ХIХ. ХУСУСИЯТҲОИ ИСТЕҲСОЛОТ АЗ РӯИ КАТЕГОРИЯҲОИ АЛОҲИДАИ ПАРВАНДАҲО
Моддаи 143. Баррасии парвандаҳо дар бораи нодорамии (муфлисии) ташкилотҳо ва шаҳрвандон
Парвандаҳо дар бораи нодорамии (муфлисии) ташкилотҳо ва шаҳрвандон аз тарафи суди иқтисоди мувофиқи қоидаҳое, ки ин Кодекс пешбини намудааст, бо хусусиятҳое, ки тавассути Қонун дар бораи нодорами (муфлиси) муқаррар гардидаанд, барраси карда мешаванд.
Моддаи 144. Баррасии парвандаҳо бораи муқаррар кардани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқи
Аризаҳо дар бораи муқаррар намудани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқи, мувофиқи қоидаҳое, ки дар моддаи 102-юми ин Кодекс пешбини гардидаанд, ба расмият дароварда мешаванд.
Парвандаҳо дар бораи муқаррар намудани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқи аз тарафи суди иқтисоди бо тартиби пешбининамудаи ин Кодекс барраси карда мешаванд.
ФАСЛИ III. ИСТЕҲСОЛОТ ОИДИ АЗ НАВ БАРРАСИ КАРДАНИ ҲАЛНОМАҲО
БОБИ ХХ. ИСТЕҲСОЛОТ ДАР МАРҲАЛАИ ШИКОЯТИ
Моддаи 145. Ҳуқуқи додани аризаи шикояти
Шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқ доранд, ки нисбати ҳалномаи суди иқтисоди, ки эътибори қонуни пайдо накардааст, аризаи шикояти диҳанд.
Моддаи 146. Суди иқтисодие, ки аризаи шикояти (апеллятсиони)-ро барраси менамояд
Баррасии аризаи шикояти (апеллятсиони) аз ҷониби коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тариқи шикояти (апеллятсиони) тафтиш намудани қонуни ва асоснок будани қарорҳои судҳои иқтисоди, ки эътибори қонуни пайдо накардаанд, анҷом дода мешавад .
Моддаи 147. Мӯҳлати додани аризаи шикояти
Аризаи шикояти дар давоми як моҳи баъди аз тарафи суди иқтисоди қабул карда шудани ҳалнома дода мешавад.
Моддаи 148. Мазмуни аризаи шикояти
Дар аризаи шикояти инҳо бояд нишон дода шуда бошанд:
1) номи суди иқтисоди, ки ба он аризаи шикояти равона карда мешавад;
2) номи шахсе, ки аризаи шикояти медиҳад ва шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд;
3) номи суди иқтисодии ҳалнома қабулкарда, ки ба он шикоят дода мешавад, рақами парванда ва санаи қабули ҳалнома, предмети баҳс;
4) талаботи шахсе, ки аризаи шикояти додааст ва асосҳое, ки аз рӯи онҳо бо истинод ба қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва материалҳои парванда аризадиҳанда ҳалномаро нодуруст мешуморад;
5) феҳрасти ҳуҷҷатҳои ба аризаи шикояти замимашаванда.
Аризаи шикояти аз тарафи шахсе, ки онро медиҳад ё аз тарафи намояндаи вай имзо карда мешавад.
Ба шикояте, ки намоянда имзо кардааст, ваколатнома замима мегардад, ки ваколатҳои ӯро барои шикоят кардан нисбати санадҳои суди агар он қаблан аз рӯи парвандаи мазкур пешниҳод нашуда бошад, тасдиқ мекунад.
Ба аризаи шикояти ҳуҷҷати пардохти боҷи давлати ва ба дигар иштирокчиёни парванда фиристода шудани нусхаҳои аризаи шикояти замима мегарданд.
Моддаи 149. Фиристодани аризаи шикояти ба шахсони иштироккунандаи парванда
Шахсе, ки аризаи шикояти додааст, ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда нусхаи шикоят ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо, ки дар дасти онҳо нест, мефиристад.
Моддаи 150. Изҳори назар нисбати аризаи шикояти
Шахси иштироккунандаи парванда баъди гирифтани нусхаи аризаи шикояти ҳуқуқ дорад нисбати он ба суди иқтисоди изҳори назари худро дар мӯҳлате, ки расидани онро то рӯзи баррасии аризаи шикояти таъмин менамояд ва далели ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда фиристода шудани нусхаҳои изҳори назарро равона кунад.
Изҳори назар аз тарафи иштироккунандаи парванда ё намояндаи вай имзо карда мешавад. Ба изҳори назар, ки намоянда имзо кардааст, ваколатномаи тасдиқкунандаи ваколатҳои вай барои бурдани кор имзо карда мешавад.
Ба изҳори назар ҳуҷҷатҳое замима шуда метавонанд, ки қаблан пешниҳод нагардидаанд. Дар ин маврид ба изҳори назар далелҳои ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда фиристодани нусхаҳои он ҳуҷҷатҳое, ки дар дасти онҳо нест, замима карда мешаванд.
Моддаи 150.1 Беҳаракат мондани аризаи шикояти (апеллятсиони)
Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба истеҳсолот қабул кардани аризаи шикояти (апеллятсиони) муқаррар кунад, ки он бе риоя кардани қоидаҳои моддаҳои 148,149 ҳамин Кодекс пешниҳод шудааст, дар бораи беҳаракат мондани аризаи шикояти (апеллятсиони) таъинот бароварда, дар ин хусус шахси ариза пешниҳодкардаро огоҳ мекунад ва ба ӯ барои ислоҳи ҳолатҳои барои беҳаракат мондани ариза асосшуда мӯҳлат таъин мекунад.
Нусхаи таъинот дар бораи беҳаракат мондани аризаи шикояти (апеллятсиони) на дертар аз рӯзи дигари баровардани таъинот ба шахси аризаи шикояти (апеллятсиони)-ро пешниҳодкарда фиристода мешавад.
Агар шахси аризаи шикояти (апеллятсиони)-ро пешниҳодкарда дар мӯҳлати таъиншуда талаботҳои дар таъинот муқарраршударо иҷро намояд, он гоҳ рӯзи аввалин маротиба ба суд дохил шудани аризаи шикояти (апеллятсиони) рӯзи муроҷиат кардани он ҳисоб меёбад ва судя дар бораи ба истеҳсолоти коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон оиди ба тариқи шикояти (апеллятсиони) тафтиш намудани қонуни ва асоснок будани қарорҳои судҳои иқтисоди қабул кардани аризаи шикояти (апеллятсиони) таъинот мебарорад. Дар акси ҳол аризаи шикояти (апеллятсиони) ба суд вориднашуда ҳисоб меёбад ва он бо маводҳои замимагашта бо тартиби муқарраркардаи моддаи 151 ҳамин Кодекс ба шахси аризаи шикояти (апеллятсиони) пешниҳодкарда баргардонида мешавад.
Таъинот дар бораи беҳаракат мондани аризаи шикояти (аппеллятсиони) дар марҳилаи шикоятии (апеллятсионии) Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди шикоят қарор гирифта метавонад. Дар сурати бекор кардани таъинот рӯзи пешниҳод шудани аризаи шикояти (апеллятсиони) аз рӯзи ба суд ворид шудани он ҳисоб мешавад .
Моддаи 151. Баргардонидани аризаи шикояти
Аризаи шикояти аз тарафи судя баргардонида мешавад:
1) агар аризаи шикояти имзо нашуда бошад ё аз тарафи шахсе имзо шуда бошад, ки ба имзо кардани он ҳуқуқ надорад ё аз ҷониби шахсе имзо шуда бошад, ки мақоми вазифагии вай зикр нашудааст;
2) агар ҳолатҳои барои беҳаракат мондани аризаи шикояти асосшуда дар мӯҳлати муқарраршудаи таъиноти суд ислоҳ нашуда бошад ;
3) агар ба аризаи шикояти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти боҷи давлати ба тартиб ва андозаи муқарраршуда замима нашуда бошад ва дар мавридҳое, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони ба вақти дигар монондан, дароз кардани мӯҳлати пардохти боҷи давлати ё кам кардани андозаи он пешбини гардидааст, дархост дар ин бора вуҷуд надошта ё дархост рад шуда бошад;
4) агар дар аризаи шикояти баъди гузашта рафтани мӯҳлати муқарраршуда ва дар он дар бораи барқарор намудани мӯхлати гузаштарафта дархост мавҷуд набошад;
5) агар то бо шахсони иштироккунандаи парванда фиристодани таъинот дар бораи ба истеҳсолот қабул намудани аризаи шикояти аз шахсе, ки аризаи шикояти додааст, дар бораи баргардонидани он ариза омада бошад.
Дар бораи баргардонидани аризаи шикояти таъинот бароварда мешавад.
Баъди бартараф карда шудани ҳолатҳои дар бандҳои 1, 2, 3, қисми 1-уми ин модда зикршуда шахсе, ки аризаи шикояти додааст, ҳуқуқ дорад ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи шикояти бо тартиби умуми аз нав муроҷиат кунад .
Моддаи 152. Таъинот дар бораи ба истеҳсолот қабул кардани аризаи шикояти
Дар бораи ба истеҳсолот қабул карда шудани аризаи шикояти судя таъинот мебарорад.
Дар таъинот вақт ва ҷои барраси карда шудани аризаи шикояти нишон дода мешавад.
Таъинот ба шахсони иштироккунандаи парванда бо мактуби фармоиши ва огоҳиномаи супурдани он фиристода мешавад.
Моддаи 153. Тартиби баррасии парвандаҳо дар марҳалаи шикояти
Дар марҳалаи шикояти парванда мувофиқи қоидаҳои баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳалаи якум ба хусусиятҳое, ки дар ин боб пешбини шудаанд, барраси карда мешаванд. Зимнан қоидаҳое, ки фақат барои марҳалаи якум пешбини шудаанд, татбиқ намегарданд.
Моддаи 154. Даст кашидан аз аризаи шикояти
Шахсе, ки аризаи шикояти додааст, ҳуқуқ дорад то баровардани қарор аз он даст кашад.
Суд ҳуқуқ дорад мувофиқи асосҳои дар қисми 4-уми моддаи 37-уми ин Кодекс пешбинишуда даст кашиданро аз аризаи шикояти рад кунад ва парвандаро ба тартиби шикояти барраси намояд.
Дар сурати қабули даст кашидан аз аризаи шикояти суд истеҳсолотро дар марҳалаи шикояти қатъ мекунад, агар нисбати ҳалнома аз тарафи шахсони дигар шикоят карда нашуда бошад.
Дар бораи қатъ карда шудани истеҳсолот дар марҳалаи шикояти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъинот мебарорад .
Моддаи 155. Ҳадди баррасии парванда дар марҳалаи шикояти
Ҳангоми баррасии парванда дар марҳалаи шикояти суди иқтисоди аз рӯи далелҳои дар парванда мавҷудбуда ва иловатан пешниҳодгардида парвандаро тақроран барраси менамояд. Далелҳои иловаги аз тарафи суди иқтисоди дар ҳолате қабул карда мешаванд, ки агар аризадиҳанда ғайриимкон будани пешниҳоди онҳоро ба суди марҳалаи якум бо сабабҳои аз ӯ вобастанабуда асоснок карда бошад.
Суд побанди далелҳои аризаи шикояти набуда, қонуни ва асоснок будани ҳалномаро пурра месанҷад.
Дар марҳалаи шикояти талаботи нав, ки ҳангоми баррасии парванда дар марҳалаи якум пешниҳод карда нашуда буданд, қабул ва барраси карда намешаванд.
Моддаи 156. Мӯҳлати баррасии аризаи шикояти
Аризаи шикояти нисбати ҳалномаи суди иқтисоди дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи ба суди иқтисоди дохил шудани он барраси карда мешавад.
Моддаи 157. Вақолатҳои марҳалаи шикояти
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парванда дар марҳалаи шикояти ҳуқуқ дорад :
1) ҳалномаи судро бе тағйир, шикоятро беқонеъкунони монад;
2) ҳалномаро пурра ё қисман бекор кунад ва ҳалномаи нав қабул намояд;
3) ҳалномаро тағйир диҳад;
4) ҳалномаро пурра ё қисман бекор кунад ва истеҳсолотро аз рӯи парванда қатъ намояд ё даъворо пурра ё қисман барраси накарда монад;
5) шикоятро бе барраси монад, агар шахси аризаи шикояти дода бе сабабҳои узрнок ба маҷлиси коллегияи апеллятсиони ҳозир нашуда ва дар баррасии парванда бе иштироки ӯ изҳори ақида накарда бошад .
Моддаи 158. Асосҳо барои тағйир додан ё бекор кардани ҳалнома
Асосҳо барои тағйир додан ё бекор кардани ҳалномаи суди иқтисоди инҳо мебошанд:
1) нопурра равшан кардани ҳолатҳое, ки барои парванда аҳамият доранд;
2) исбот нашуда мондани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта, ки онҳоро суди иқтисоди муқарраршуда ҳисоб кардааст;
3) мутобиқат накардани хулосаҳое, ки дар ҳалнома баён карда шудаанд, бо ҳолатҳои парванда;
4) вайронкуни ё татбиқи нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи модди ё меъёрҳои ҳуқуқи мурофиави.
Вайронкуни ё татбиқи нодурусти ҳуқуқи мурофиави барои тағйир додан ё бекор кардани ҳалнома асос мешавад, агар ин вайронкуни ба нодуруст қабул намудани ҳалнома сабаб шудааст ё метавонист сабаб шавад.
Вайронкунии меъёрҳои ҳуқуқи мурофиави дар ҳар маврид барои бекор кардани ҳалномаи суди иқтисодии марҳалаи якум асос мебошад:
1) агар парванда аз тарафи суд дар ҳайати ғайриқонуни барраси карда шуда бошад;
2) агар парванда аз тарафи суд дар набудани яке аз иштироккунандагони парванда, ки бояду шояд дар бораи вақт ва ҷои маҷлис огоҳ карда нашудааст, барраси карда шуда бошад;
3) агар ҳангоми баррасии парванда қоидаҳо дар бораи забон вайрон карда шуда бошанд;
4) агар суд дар бораи ҳуқуқу вазифаҳои шахсоне, ки барои иштирок дар парванда ҷалб карда нашудаанд, ҳалнома қабул карда бошад. Ин шахсон ҳуқуқ доранд нисбати чунин ҳалнома ба тартибе, ки ин Кодекс муқаррар кардааст, шикоят кунанд;
5) агар ҳалнома аз тарафи яке аз судяҳо имзо карда нашуда бошад ё аз тарафи на он судяҳое имзо шуда бошад, ки дар ҳалнома зикр шудаанд;
6) агар ҳалнома аз тарафи он судяҳо қабул карда шудааст, ки онҳо ба ҳайати баррасикунандаи парванда дохил шудаанд;
7) агар дар парванда протоколи маҷлиси суди мавҷуд набошад ё он аз тарафи шахсони дар моддаи 123 ҳамин Кодекс нишондодашуда имзо карда нашуда бошад .
Моддаи 159. Қарори марҳалаи шикояти
Аз рӯи натиҷаҳои баррасии аризаи шикояти қарор қабул карда мешавад.
Дар қарор бояд инҳо нишон дода шаванд:
1) рақами парванда ва санаи қабул кардани қарор, ҳайати суд, ки қарор қабул кардааст, ному насаби ҳозирони маҷлис бо зикри ваколатҳояшон, санаи қабул карда шудани ҳалнома дар марҳалаи якум ва ному насаби судяҳое, ки онро қабул намудаанд ;
2) номи шахсони иштироккунандаи парванда, номи шахсе, ки аризаи шикояти додааст;
3) мазмуни мухтасари моҳияти ҳалномаи қабул кардашуда;
4) асосҳое, ки аз рӯи онҳо дар бораи санҷиши қонуни ва асоснок будани ҳалнома масъала гузошта шудааст;
5) далелҳое, ки дар изҳори назар нисбати аризаи шикояти баён карда шудаанд;
6) баёноти шахсони дар маҷлис ҳозирбуда;
7) ҳолатҳои парванда, ки аз тарафи суди иқтисоди муқаррар карда шудаанд, далелҳое, ки хулосаҳои суди иқтисоди дар бораи ин ҳолатҳо ба онҳо асоснок карда шудаанд, ва далелҳое, ки аз рӯи онҳо суди иқтисоди ин ё он далелҳоро рад мекунад ва қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро татбиқ намекунад, ки шахсони иштироккунандаи парванда ба онҳо истинод кардаанд, инчунин қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи, ки суд ҳангоми қабул намудани қарор онҳоро ба роҳбари гирифтааст;
8) ҳангоми бекор кардан ё тағйир додани ҳалномаи суди марҳалаи якум сабабҳое, ки аз рӯи онҳо марҳалаи суди шикояти бо хулосаҳои суди марҳалаи якум рози нест;
9) хулосаҳо оид ба натиҷаҳои баррасии аризаи шикояти.
Дар қарор дар бораи тақсими хароҷоти суди дар байни тарафҳо зикр карда мешавад.
Қарор аз лаҳзаи қабул шуданаш эътибори қонуни пайдо мекунад.
Қарор аз тарафи суд ба шахсони иштироккунандаи парванда бо мактуби фармоиши ва огоҳинома дар бораи супурдани он фиристода мешавад ё дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи қабул шуданаш бо забонхат ба онҳо супурда мешавад.
Қарор мавриди шикоят қарор гирифта метавонад.
Моддаи 160. Аризаҳои шикояти нисбати таъиноти суди иқтисоди
Таъиноти суди иқтисоди дар ҳолатҳое, ки ин Кодекс пешбини кардааст, мавриди шикоят қарор гирифта метавонад.
Аризаҳои шикояти нисбати таъиноти суди иқтисоди ба тартибе ки барои баррасии аризаҳои ҳалномаҳои суд пешбини гардидаанд, барраси карда мешаванд.
Дар мавридҳои аз тарафи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи шикояти бекор кардани таъинот дар бораи радкунии қабули аризаи даъво, боздоштани истеҳсолот аз рӯи парванда, қатъ намудани истеҳсолот аз рӯи парванда, дар бораи барраси накарда мондани даъво парванда барои барраси ба суди марҳалаи якум супурда мешавад .
БОБИ ХХI. ИСТЕҲСОЛОТ ДАР МАРҲАЛАИ КАССАТСИОНИ
Моддаи 161. ҳуқуқи овардани шикояти кассатсиони
Шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқ доранд нисбати халномаи суди иқтисоди, ки эътибори қонуни пайдо кардааст ва нисбати қарори марҳалаи шикояти шикояти кассатсиони диҳанд.
Моддаи 162. Санҷиши қонуни будани қарорҳо дар марҳалаи кассатсиони
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи кассатсиони қонуни будани қарорҳоро, ки судҳои иқтисоди дар марҳалаи якум ва марҳалаи шикоятии (апеллятсионии) Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардаанд, месанҷад.
Моддаи 163. Тартиби додани шикояти кассатсиони
Шикояти кассатсиони ба суди иқтисоди, ки барои баррасии он ваколатдор аст, ба воситаи суде, ки ҳалнома қабул кардааст, дода мешавад.
Суде, ки барои баррасии аризаи шикояти дар марҳалаи кассатсиони ваколатдор нест, вазифадор аст, ки шикояти кассатсиониро якҷоя бо парванда ба суде, ки барои санҷиши қонуни будани ҳалнома дар марҳалаи кассатсиони ваколатдор аст, дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи ба суд расиданаш равона намояд.
Моддаи 164. Мӯҳлати додани шикояти қассатсиони
Шикояти кассатсиони дар даъвоми як моҳи баъди эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномаи суди иқтисоди дода шуда метавонад .
Моддаи 165. Мазмуни шикояти кассатсиони
Дар шикояти кассатсиони инҳо бояд нишон дода шаванд:
1) номи суди иқтисоди, ки шикоят ба он фиристода мешавад;
2) номи шахсе, ки аризаи шикояти додааст, ва шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд;
3) номи суди иқтисоди, ки нисбати ҳалнома ё қарори онҳо шикояти додашударо қабул намудааст, рақами парванда ва санаи қабул намудани ҳалнома, қарор, предмети баҳс;
4) талаботи шахсе, ки шикояти кассатсиони додааст ва нишон додани он, ки вайронкуни ва нодуруст татбиқкунии меъёрҳои ҳуқуқи модди ё меъёрҳои ҳуқуқи мурофиави аз чи иборат аст;
5) феҳрасти ҳуҷҷатҳои ба шикояти кассатсиони замимашаванда.
Истинод дар шикояти кассатсиони оиди исбот карда нашудани ҳолатҳои парванда ё оиди мутобиқат накардани хулосаҳои дар ҳалнома ё қарор баёнгардида дар бораи муносибатҳои ҳуқуқии байни шахсони иштироккунандаи парванда, оиди ҳолатҳои парванда ҷоиз нест.
Аризаи шикояти аз тарафи шахсе, ки шикоят кардааст ё намояндаи вай имзо карда мешавад.
Ба шикояти кассатсиони, ки аз тарафи намоянда имзо гардидааст, ваколатномаи тасдиқкунандаи ваколаташ барои шикоят кардан нисбати санадҳои суди иқтисоди замима мегардад, агар он қаблан аз рӯи парвандаи мазкур пешниҳод нашуда бошад.
Ба шикояти кассатсиони ҳуҷҷатҳои пардохти боҷи давлати ва фиристода шудани нусхаҳои шикоят ба дигар иштироккунандагони парванда замима мегардад.
Моддаи 166. Фиристодани нусхаҳои шикояти кассатсиони ба шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд
Шахсе, ки шикояти кассатсиони медиҳад, ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда нусхаҳои шикояти кассатсиони ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашударо, ки дар дасти онҳо нест, равон мекунад.
Моддаи 167. Изҳори назар нисбати шикояти кассатсиони
Шахси иштироккунандаи парванда баъди гирифтани нусхаи шикояти кассатсиони ҳуқуқ дорад изҳори назари худро нисбати он ба суди иқтисоди дар мӯҳлате равон кунад, ки то рӯзи баррасии шикояти кассатсиони расидани он ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда фиристодани нусхаҳои изҳори назарро таъмин намояд.
Изҳори назар аз тарафи шахси иштироккунандаи парванда ё намояндаи он имзо карда мешавад. Ба изҳори назар, ки намоянда имзо кардааст, ваколатномаи тасдиқкунандаи ваколаташ барои бурдани кор замима мегардад.
Моддаи 167.1 Беҳаракат мондани шикояти кассатсиони
Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба истеҳсолот қабул кардани шикояти кассатсиони муқаррар кунад, ки он бе риоя кардани қоидаҳои моддаҳои 165, 166 ҳамин Кодекс пешниҳод шудааст, дар бораи беҳаракат мондани шикояти кассатсиони таъинот бароварда дар ин хусус шахси шикояти кассатсиони пешниҳодкардаро огоҳ мекунад ва ба ӯ барои ислоҳи ҳолатҳои барои беҳаракат мондани шикояти кассатсиони асосшуда мӯҳлат таъин мекунад.
Нусхаи таъинот дар бораи беҳаракат мондани шикояти кассатсиони на дертар аз рӯзи дигари баровардани таъинот ба шахси шикояти кассатсиониро пешниҳодкарда фиристода мешавад.
Агар шахси шикояти кассатсиониро пешниҳодкарда дар мӯҳлати таъиншуда талаботҳои дар таъинот муқарраршударо иҷро намояд, он гоҳ рӯзи аввалин маротиба ба суд дохил шудани шикояти кассатсиони рӯзи муроҷиат кардани он ҳисоб меёбад ва судя дар бораи ба истеҳсолоти коллегияи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардани шикояти кассатсиони таъинот мебарорад. Дар акси ҳол шикояти кассатсиони ба суд вориднашуда ҳисоб меёбад ва он бо маводҳои замимагашта бо тартиби муқарраркардаи моддаи 168 ҳамин Кодекс ба шахси шикояти кассатсиониро пешниҳодкарда баргардонида мешавад.
Таъинот дар бораи беҳаракат мондани шикояти кассатсиони мавриди шикоят қарор гирифта метавонад. Дар сурати бекор кардани таъинот рӯзи пешниҳод шудани шикояти кассатсиони аз рӯзи аввали ба суд ворид шудани он ҳисоб мешавад .
Моддаи 168. Баргардонидани шикояти кассатсиони
Шикояти кассатсиони дар мавридҳои зерин баргардонида мешавад:
1) агар шикояти кассатсиони имзо нашуда бошад ё аз тарафи шахсе имзо шуда бошад, ки вай ҳуқуқи имзо карданро надорад ё аз тарафи шахсе имзо шуда бошад, ки мақоми вазифавии вай нишон дода нашудааст;
2) агар шикояти кассатсиони на ба воситаи суди иқтисодие, ки ҳалномаро қабул кардааст, фиристода шуда бошад;
3) агар ҳолатҳои барои беҳаракат мондани шикояти кассатсиони асосшуда дар мӯҳлати муқарраркардаи таъиноти суд ислоҳ нашуда бошанд ;
4) агар ба шикояти кассатсиони ҳуҷҷатҳои пардохти боҷи давлати ба тартиб ва андозаи муқарраршуда замима нагардида бошад ва дар мавридҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти ба вақти дигар монондан, дароз кардани мӯҳлати пардохти боҷи давлати ё кам кардани андозаи онро пешбини кардааст, дархост дар ин бора мавҷуд набошад;
5) агар шикояти кассатсиони баъди гузашта рафтани мӯҳлати муқарраршуда дода шуда ва дар он дар бораи барқарор намудани мӯҳлати гузаштарафта дархост вуҷуд надошта бошад;
6) агар дар шикояти кассатсиони аз чи иборат будани вайронкуни ё нодуруст татбиқкунии меъёрҳои ҳуқуқи модди ё меъёрҳои ҳуқуқи мурофиави нишон дода нашуда бошад;
7) агар то бо шахсони иштироккунандаи парванда фиристодани таъинот дар бораи ба истеҳсолот қабул кардани шикояти кассатсиони аз шахсе, ки шикояти кассатсиони додааст, дар бораи баргардонидани он ариза омада бошад.
Шикояти кассатсиони аз рӯи асосҳое, ки дар бандҳои 1, 3, 4, 5, 6-уми ин модда пешбини шудаанд, аз тарафи судяи суди марҳалаи якум, аз рӯи асосҳои дар банди 2-юми ин модда пешбинишуда, аз тарафи судяи суди марҳалаи кассатсиони, аз рӯи асосҳои дар банди 7-уми ин модда пешбинишуда. аз тарафи судяҳои судҳои марҳалаи якум ё марҳалаи кассатсиони вобаста ба он, ки парванда бо шикояти кассатсиони дар лаҳзаи расидани ариза дар бораи баргардонидани он дар кадом марҳала буд, баргардонида мешавад.
Агар асосҳое, ки аз рӯи онҳо шикоят баргардонида мешавад, дар марҳалаи кассатсиони маълум карда шуда бошад, баргардонидан аз тарафи судяи ин марҳала сурат мегирад.
Дар бораи баргардонидани шикояти кассатсиони таъинот бароварда мешавад.
Нисбати таъинот дар бораи баргардонидани шикояти кассатсиони ба суди марҳалаи кассатсиони шикоят кардан мумкин аст.
Баъди бартараф кардани ҳолатҳои дар бандҳои 1, 2, 3, 4, 6-уми қисми якуми ин модда нишон додашуда шахсе, ки аризаи шикоятиро додааст, ҳуқуқ дорад ба суди иқтисоди бо шикояти кассатсиони бо тартиби умуми аз нав муроҷиат кунад.
Моддаи 169. Таъинот дар бораи ба истеҳсолот қабул кардани шикояти кассатсиони
Дар бораи ба истеҳсолот қабул намудани шикояти кассатсиони судя таъинот мебарорад.
Дар таъинот вақт ва ҷои баррасии шикояти кассатсиони нишон дода мешавад.
Таъинот ба шахсони иштироккунандаи парванда бо мактуби фармоиши бо огоҳи дар бораи супурдани он фиристода мешавад.
Моддаи 170. Боздоштани иҷрои ҳалнома, қарор
Суди иқтисодии марҳалаи кассатсиони ҳуқуқ дорад бо дархости шахсони иштироккунандаи парванда иҷрои ҳалнома, қарорро, ки дар марҳалаҳои якум ва шикояти қабул карда шудаанд, боздорад.
Моддаи 171. Тартиби баррасии парванда дар марҳалаи кассатсиони
Дар марҳалаи кассатсиони парванда аз рӯи қоидаҳои баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳалаи якум бо хусусиятҳое, ки дар ин боб пешбини шудаанд, сурат мегирад. Зимнан қоидаҳое, ки фақат барои марҳалаи якум муқаррар шудаанд, татбиқ намегарданд.
Моддаи 172. Даст кашидан аз шикояти кассатсиони
Шахсе, ки шикояти кассатсиони додааст, ҳуқуқ дорад аз он то бароварда шудани қарор даст кашад.
Суд ҳуқуқ дорад аз шикоят даст кашиданро мувофиқи асосҳое, ки дар қисми 4-уми моддаи 37-уми ин Кодекс пешбини гардидаанд, рад кунад ва парвандаро ба тариқи кассатсиони барраси намояд.
Дар сурати дасткаши аз қабули шикояти кассатсиони суд истеҳсолотро дар марҳалаи кассатсиони қатъ мекунад, агар нисбати ҳалнома, қарор аз тарафи дигар шахсони иштироккунандаи парванда шикоят карда нашуда бошад.
Дар бораи қатъи истеҳсолот дар марҳалаи кассатсиони суди иқтисоди таъинот мебарорад.
Моддаи 173. Мӯҳлати баррасии шикояти кассатсиони
Шикояти кассатсиони нисбати ҳалномаи суди иқтисоди ба қарори марҳалаи шикояти дар мӯҳлати як моҳ:
аз рӯзи расидани шикояти кассатсиони нисбати қарор ки дар ин суд қабул карда шудааст;
аз рӯзи расидани шикояти кассатсиони якҷоя бо парванда ба суде, ки барои баррасии он ваколатдор аст, барраси карда мешавад.
Моддаи 174. Ҳудуди баррасии парванда дар марҳалаи кассатсиони
ҳангоми баррасии парванда дар марҳалаи кассатсиони суди иқтисоди аз тарафи суди марҳалаи якум ва марҳалаи шикояти дуруст татбиқ кардани меъёрҳои ҳуқуқи модди ва меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавиро месанҷад.
Моддаи 175. Ваколатҳои марҳалаи кассатсиони
Суди иқтисоди ҳангоми баррасии парванда ҳуқуқ дорад:
1) ҳалномаи марҳалаи якум ва қарори марҳалаи шикоятиро бе тағйир ва шикоятро қонеъ накунонда монад;
2) ҳалномаи марҳалаи якум ё қарори марҳалаи шикоятиро пурра ё қисман бекор кунад ва ҳалномаи нав қабул намояд;
3) ҳалномаи марҳалаи якум ва қарори марҳалаи шикоятиро бекор кунад ва парвандаро барои баррасии нав супорад;
4) ҳалномаи марҳалаи якум ё қарори марҳалаи шикоятиро тағйир диҳад;
5) ҳалномаи марҳалаи якум ё қарори марҳалаи шикоятиро пурра ё қисман тағйир диҳад, ва истеҳсолотро аз рӯи парванда қатъ кунад ё даъворо пурра ё қисман барраси накарда монад;
6) яке аз ҳалномаҳо ё қарорҳои қаблан қабулшударо дар эътибораш боқи гузорад.
Моддаи 176. Асосҳои барои тағйир додан ё бекор кардани ҳалнома
Барои тағйир додан ё бекор кардани ҳалнома ё қарори суди иқтисоди вайронкуни ё нодуруст татбиқ кардани меъёрҳои ҳуқуқи модди ё меъёрҳои ҳуқуқии мурофиави асос мебошанд.
Вайронкуни ё татбиқкунии нодурусти меъёрҳои ҳуқуқи мурофиави барои тағйир додан ё бекор кардани ҳалнома ё қарор асос мебошад, агар ин вайронкуни барои қабули ҳалномаи нодуруст сабаб шуда ё сабаб шуданаш мумкин бошад.
Вайронкунии меъёрҳои ҳуқуқи морофиави барои бекор кардани ҳалнома ё қарор асос мебошад:
1) агар парванда аз тарафи суди иқтисоди дар ҳайати ғайриқонуни барраси карда шуда бошад;
2) агар парванда аз тарафи суди иқтисоди дар набудани яке аз шахсони иштироккунандаи парванда, ки бояду шояд дар бораи вақт ё ҷои маҷлис хабардор карда нашудаанд, барраси карда шуда бошад;

4) агар дар ҳалнома ё қарор истинод ба Қонун ё дигар санади ҳуқуқии меъёри, ки суди иқтисоди ҳангоми қабул намудани ҳалнома ё қарор онро ба роҳбари гирифтааст, мавҷуд набошад;
5) агар суди иқтисоди дар бораи ҳуқуқу вазифаҳои шахсоне, ки барои иштирок намудан дар парванда ҷалб нашудаанд, ҳалнома ё қарор қабул карда бошад. Ин шахсон ҳуқуқ доранд нисбати чунин ҳалнома ё қарор ба тартибе, ки ин Кодекс муқаррар кардааст, шикоят кунанд;
6) агар ҳалнома ё қарор аз тарафи яке аз судяҳо имзо нашуда бошад ё на аз тарафи он судяҳое, ки ки дар ҳалнома ё қарор нишон дода шудаанд, имзо шуда бошад;
7) агар ҳалнома на аз тарафи он судяҳое, ки ба ҳайати суди баррасикунандаи парванда дохиланд, қабул карда шуда бошад;
8) агар дар парванда протоколи маҷлиси суди мавҷуд набошад ё он аз тарафи шахсони дар моддаи 123 ҳамин Кодекс нишондодашуда имзо карда нашуда бошад .
Моддаи 177. Қарори марҳалаи кассатсиони
Аз рӯи натиҷаҳои баррасии шикояти кассатсиони қарор қабул карда мешавад, ки аз тарафи ҳамаи судяҳо имзо мегардад.
Дар қарор бояд инҳо нишон дода шаванд:
1) номи суди иқтисоди, ки ин қарорро қабул кардааст, рақами парванда ва санаи қабул карда шудани қарор, ҳайати суде, ки қарорро қабул кардааст, ному насаби ҳозирони маҷлис бо зикри ваколатҳои онҳо;
2) номи шахсе, ки шикояти кассатсиони додааст ва шахсоне, ки дар парванда иштирок мекунанд;
3) номи суди иқтисодие, ки парвандаро дар марҳалаи якум ва марҳалаи шикояти барраси намудааст, рақами парванда, санаи қабул карда шудани ҳалнома, қарор, ному насаби судяҳое, ки онҳоро қабул кардаанд;
4) баёни мухтасари моҳияти ҳалнома, қарори қабул кардашуда;
5) асосҳое, ки аз рӯи онҳо оид ба санҷиши қонуни будани ҳалнома, қарор масъала гузошта шудааст;
6) далелҳое, ки дар изҳори назар нисбати шикояти кассатсиони баён карда шудаанд;
7) баёноти шахсони дар маҷлис ҳозирбуда;
8) сабабҳое, ки аз рӯи онҳо суди иқтисоди қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки шахсони иштироккунандаи парванда ба он истинод кардаанд, татбиқ намекунад, инчунин қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи, ки суд ҳангоми қабул кардани қарор онҳоро ба роҳбари гирифтааст;
9) дар сурати бекор кардан ё тағйир додани ҳалномаи марҳалаи якум, қарори марҳалаи шикояти, сабабҳое, ки аз рӯи он суди марҳалаи кассатсиони бо хулосаҳои суди марҳалаи якум ва шикояти рози нашудааст;
10) хулосаҳо аз рӯи натиҷаҳои баррасии шикояти кассатсиони;
11) амалҳое, ки бояд аз тарафи шахсони иштироккунандаи парванда ва суди иқтисоди иҷро карда шаванд, агар парванда барои баррасии нав супурда шавад.
Дар қарор дар бораи тақсими хароҷоти суди дар байни иштироккунандагони парванда нишон дода мешавад.
Қарор ба шахсони иштироккунандаи парванда тавассути мактуби фармоиши ва огоҳиномаи супурдани он фиристода мешавад ё дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи қабул шуданаш бо забонхат ба онҳо супурда мешавад.
Қарор аз лаҳзаи қабул карда шудани он эътибори қонуни пайдо мекунад ва мавриди шикоят қарор гирифта наметавонад.
Моддаи 178. Ҳатми будани нишондодҳои марҳалаи кассатсиони
Нишондодҳои суди иқтисоди парвандаро дар марҳалаи кассатсиони баррасикунанда, ки дар қарор баён карда шудаанд, барои суде, ки парвандаро аз нав барраси мекунад, хатми мебошад.
Суди иқтисоди, ки парвандаро дар марҳалаи кассатсиони барраси мекунад, ҳуқуқ надорад пешаки масъалаҳоро дар бораи дурусти ё нодурустии ин ё он далел, афзалияти як далел аз далели дигар, дар хусуси он ки кадом меъёри ҳуқуқи модди бояд татбиқ карда шавад ва чигуна ҳалнома бояд ҳангоми баррасии нави парванда қабул карда шавад, ҳал кунад.
Моддаи 179. Шикояти кассатсиони нисбати таъиноти суди иқтисоди
Таъиноти суди иқтисоди дар мавридҳое, ки ин Қонун пешбини кардааст, ба тартиби кассатсиони мавриди шикоят қарор гирифта метавонанд.
Шикоятҳои кассатсиони нисбати таъиноти суди иқтисоди ба тартибе, ки барои баррасии шикоятҳои кассатсиони нисбати ҳалномаҳо ва қарорҳои суд пешбини шудааст, барраси карда мешаванд.
БОБИ ХХII. ИСТЕҲСОЛОТ БА ТАРИҚИ НАЗОРАТИ
Моддаи 180. Аз нав дида баромадани қарорҳои судҳои иқтисоди ба тариқи назорати
Қарорҳои эътибори қонуни пайдокардаи ҳамаи судҳои иқтисоди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як соли аз рӯзи ба қувваи қонуни даромадани онҳо метавонанд ба тариқи назорати аз рӯи эътирозҳои шахсони мансабдор, ки дар моддаи 181 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, ба истиснои қарорҳои Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав барраси шаванд .
Моддаи 181. Шахсоние, ки ба эътироз баён кардан ҳуқуқ доранд
Ба эътироз баён кардан инҳо ҳуқуқ доранд:
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳалномаҳо ва қарорҳои ҳамаи судҳои иқтисоди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон., ба истиснои Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ҷонишини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷонишини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳалномаҳо ва қарорҳои ҳамаи судҳои иқтисоди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои қарорҳои Раёсати суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 182. Боздоштани иҷрои ҳалномаҳо, қарорҳо
Раиси суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишини якум ва ҷонишинони вай иҷрои ҳалномаҳо, қарорҳои дахлдорро боздошта метавонанд.
Моддаи 183. Суди иқтисоди, ки парвандаҳоро аз рӯи эътирозҳо ба тариқи назорат барраси мекунад
Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро аз рӯи эътирозҳо ба тариқи назорат ба ҳалномаҳо, таъинот ва қарорҳои марҳалаи аввали, шикояти ва касатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалномаҳо, таъинот ва қарорҳои марҳалаи аввали суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилояти ва суди иқтисодии шаҳри Душанбе барраси мекунад .
Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро аз рӯи эътирозҳо ба тариқи назорат ба ҳалномаҳо ва қарорҳои Раёсати суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барраси менамояд.
Моддаи 184. Талаб карда гирифтани парванда
Шахсони мансабдоре, ки дар моддаи 181-уми ин Кодекс зикр шудаанд, ҳуқуқ доранд аз суди иқтисодии дахлдор парвандаро барои ҳал кардани масъала дар бораи вуҷуд доштани асосҳо барои ба тариқи назорат баён кардани эътироз талаб карда гиранд.
Моддаи 185. Баён кардани эътироз
Дар сурати мавҷуд будани асосҳо барои баён кардани эътироз шахси мансабдоре, ки дар моддаи 181-уми ин Кодекс зикр гардидааст, аз рӯи аризаи шахсони иштироккунандаи парванда ё бо ташаббуси худ эътироз баён мекунад, ва онро ҳамроҳи парванда мувофиқан ба Раёсат ё ба Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равон мекунад.
Нусхаҳои эътироз ба шахсони иштироккунандаи парванда фиристода мешаванд.
Шахси мансабдоре, ки ба тариқи назорат эътироз баён кардааст, ҳуқуқ дорад, онро то саршавии баррасии парванда боз хоста гирад. Дар бораи боз хоста гирифтани эътироз шахсони иштироккунандаи парванда огоҳ карда мешаванд.
Моддаи 186. Тартиби барраси намудани эътироз
ҳангоми барраси намудани эътироз Раёсат ё Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши судяи суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҳолатҳои парванда ва далелҳои эътироз мешунавад.
Барои додани тавзеҳот дар маҷлиси Раёсат ё Пленум шахсони иштироккунандаи парванда ҷеғ зада шуда метавонанд. Дар ин маврид ба онҳо дар бораи вақт ва ҷои маҷлиси Раёсат ё Пленум хабарнома фиристода мешавад. ҳозир нашудани онҳо барои баррасии парванда монеъ шуда наметавонад.
Моддаи 187. Ваколатҳои Раёсат, Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди аз нав дида баромадани парванда ба тариқи назорат
Раёсат, Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парванда ба тариқи назорат ҳуқуқ доранд, ки:
1) ҳалнома, қарори суди иқтисодиро бе тағйир ва эътирозро қонеъ накунонида монанд;
2) ҳалнома, қарорро пурра ё қисман бекор кунанд ва парвандаро барои баррасии нав фиристанд;
3) ҳалнома, таъинот, қарорро тағйир диҳанд ё бекор кунанд ва ҳалномаи нав қабул карда, парвандаро барои аз нав барраси кардан нафиристанд;
4) ҳалнома, қарорро пурра ё қисман бекор кунанд ва истеҳсолотро аз рӯи парванда қатъ кунанд ё даъворо пурра ё қисман барраси накарда монанд;
5) яке аз ҳалномаҳо ё қарорҳои аз рӯи парвандаи қаблан қабул кардашударо ба эътибораш монанд.
Аз рӯи натиҷаҳои баррасии парванда ба тариқи назорат қарор бароварда шуда, он ба шахсони иштироккунандаи парванда дар мӯҳлати панҷ рӯз аз рӯзи қабул карда шуданаш ба воситаи мактуби фармоиши бо огоҳинома дар бораи супурданаш фиристода мешавад.
Моддаи 188. Асосҳои барои тағйир додан ё бекор кардани ҳалномаҳо, қарорҳо
Барои ба тариқи назорати тағйир додан ё бекор кардани ҳалномаҳо, қарорҳо ғайриқонуни будан ва асоснок карда нашудани санади суди сабаб мебошанд.
ҳалномаҳо, қарорҳои моҳиятан дурусти суди иқтисоди фақат бо асосҳои расмиятпарасти наметавонанд бекор карда шаванд.
Моддаи 189. Тартиби қабул намудани қарор
Раёсат, Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо қабул мекунанд. Қарор он гоҳ қабулшуда ҳисоб мегардад, ки ба он аксарият аз шумораи умумии аъзоёни ҳузурдоштаи Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода бошанд. Қарори Раёсат он гоҳ қабулшуда ҳисоб меёбад, ки ба он аксарияти аъзои дар овоздиҳи иштирок намудаи Раёсат овоз дода бошанд.
Қарори Раёсат аз тарафи Раис, қарори Пленум аз тарафи Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби Пленум имзо карда мешаванд.
Қарори Раёсат ё Пленум аз лаҳзаи қабул карда шуданаш эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 190. Ҳатми будани нишондодҳои суди иқтисодие, ки парвандаро ба тариқи назорат барраси мекунад
Нишондодҳои суди иқтисодии ба тариқи назорат баррасикунандаи парванда, ки дар қарори оиди бекор кардани ҳалномаҳо, қарорҳо баён гардидааст, барои суди иқтисодие, ки парвандаи мазкурро аз нав барраси мекунад, ҳатми мебошад.
Суди иқтисоди, ки парвандаро ба тариқи назорат барраси мекунад, ҳуқуқ надорад ҳолатҳоеро, ки дар ҳалнома, қарор муқаррар нашудаанд ё аз тарафи он рад карда шуда буданд, муқарраршуда ё исботшуда ҳисоб кунад, масъалаҳоро дар бораи дурусти ё нодурустии ин ё он далелҳо, афзалияти яке аз далелҳо назар ба далелҳои дигар, дар бораи он кадом меъёри ҳуқуқи модди бояд татбиқ карда шавад ва чигуна ҳалнома, қарор ҳангоми баррасии нави парванда қабул карда шавад, пешаки ҳал кунад.
Моддаи 191. Эътироз баён кардан ва аз нав барраси намудани таъиноти судҳои иқтисоди ба тариқи назорат
Таъинотҳои эътибори қонуни пайдокардаи судҳои иқтисоди ба тариқи назорат ҷудо аз ҳалнома, дар мавридҳое, ки шикоят овардан нисбати онҳо дар ин Кодекс пешбини гардидааст, инчунин вақте ки онҳо ба пешрафти минбаъдаи кор монеъ мешаванд, мавриди эътироз қарор гирифта, аз нав барраси шуда метавонанд.
Эътирозҳо нисбати таъиноти суди иқтисоди ба тартибе барраси карда мешаванд, ки он барои баррасии эътирозҳо нисбати ҳалнома ва қарори суд пешбини шудааст.
БОБИ ХХIII. АЗ РӯИ ҲОЛАТҲОИ НАВОШКОРШУДА АЗ НАВ БАРРАСИ НАМУДАНИ САНАДҲОИ СУДИ ИҚТИСОДИ, КИ ЭЪТИБОРИ ҚОНУНИ ПАЙДО КАРДААНД
Моддаи 192. Асоси аз нав барраси намудан
Суди иқтисоди метавонад аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда санади судии қабулкардаи худро, ки эътибори қонуни пайдо кардааст,аз нав барраси намояд.
Асосҳои барои аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда аз нав барраси намудани санади суди инҳо мебошанд:
1) барои парванда вуҷуд доштани ҳолатҳои муҳиме, ки ба аризадиҳанда маълум набуданд ва маълум буда наметавонистанд;
2) бо ҳукми эътибори қонунии пайдокардаи суд муқаррар карда шудани баёноти қасдан бардурӯғи шоҳид, хулосаи қасдан бардурӯғи эксперт, тарҷумаи қасдан нодуруст карда шуда, сохта будани ҳуҷҷатҳо ё далелҳои шайъи, ки боиси қабул карда шудани санади ғайриқонуни ва беасоси суди гардидаанд;
3) бо ҳукми эътибори қонуни пайдокардаи суд муқаррар карда шудани амалҳои ҷинояти, шахсони иштироккунандаи парванда ё намояндагони онҳо ё амали ҷинояткоронаи судяҳо, ки ҳангоми барраси намудани парвандаи мазкур содир карда шудаанд;
4) бекор карда шудани санади судии иқтисодии ҳалнома, ҳукми суд ё қарорҳои мақомоти дигар, ки барои қабул намудани ҳалномаи мазкур асос гардидааст.
Моддаи 193. Тартиб ва мӯҳлати додани ариза
Ариза дар бораи аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда аз нав дида баромадани санади эътибори қонуни пайдокардаи суди ба суди иқтисоди, ки ин санадро қабул кардааст, аз тарафи шахсони иштироккунандаи парванда на дертар аз як моҳ аз рӯи ошкоршавии ҳолатҳое, ки барои аз нав барраси намудани парванда асос мешаванд, дода шуда метавонад.
Аризадиҳанда вазифадор аст ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда нусхаи аризаи худ ва ҳуҷҷатҳои ба он замима кардашударо, ки дар дасти онҳо нестанд, равон кунад.
Ба ариза ҳуҷҷатҳое замима карда мешаванд, ки ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда фиристода шудани нусхаи аризаро тасдиқ мекунанд.
Дар сурати баъди гузашта рафтани мӯҳлати муқарраркардашуда додани ариза ва мавҷуд набудани дархост дар бораи барқарор намудани мӯҳлати гузаштарафта ё дар сурати пешниҳод накардани ҳуҷҷат дар бораи ба дигар шахсони иштироккунандаи парванда равон кардани нусхаҳои ариза ва ҳуҷҷатҳои ба онҳо замимашуда, он ба аризадиҳанда баргардонида мешавад.
Дар бораи баргардонидани ариза таъинот бароварда мешавад.
Таъинот мавриди шикоят қарор гирифта метавонад.
Моддаи 194. Судҳои иқтисодие, ки санадҳои эътибори қонуни пайдокардаи судиро аз рӯи ҳолатҳои наошкоршуда барраси мекунанд
Ҳалномаҳо, таъинотҳои эътибори қонуни пайдокарда, ки дар марҳалаи якум қабул карда шудаанд, аз тарафи суди иқтисодие, ки ин ҳалнома, таъинотро қабул кардааст, аз нав барраси карда мешаванд.
Аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда аз нав барраси намудани қарорҳо ва таъинотҳои марҳалаҳои шикояти, касатсиони ва назорати, ки санади судиро тағйир додаанд ё санади нави суди қабул кардаанд, дар ҳамон марҳалаи суди иқтисоди, ки дар он санади суди тағйир дода шудааст ё санади нави суди қабул карда шудааст, сурат мегирад.
Моддаи 195. Барраси намудани ариза
Аризаро дар бораи аз нав барраси намудани парванда аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда суд дар маҷлис дар мӯҳлати як моҳ, аз рӯзи расидани он барраси мекунад. Аризадиҳанда ва дигар шахсони иштироккунандаи парванда дар бораи вақт ва ҷои маҷлис ба воситаи мактуби фармоиши бо огоҳиномаи супурдани он хабардор карда мешаванд, вале ҳозир нашудани онҳо барои баррасии ариза монеъ намегардад.
Моддаи 196. Таъиноти суди иқтисоди дар бораи аз нав барраси намудани парванда
Суди иқтисоди аризаро дар бораи аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда аз нав барраси намудани санади эътибори қонуни пайдокардаи суди дида баромада, аризаро қонеъ мегардонад ва санади судиро бекор мекунад ё аз нав барраси карданро рад мекунад.
Нисбати таъиноти суди иқтисоди дар бораи рад кардани қонеъкунонии ариза дар бораи аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда аз нав барраси кардани парванда шикоят кардан мумкин аст. Дар сурати бекор карда шудани санади суди парванда аз тарафи суди иқтисоди мувофиқи қоидаҳое, ки ин Кодекс муқаррар кардааст, барраси карда мешавад.
ФАСЛИ IV. ИҶРО НАМУДАНИ САНАДҲОИ СУДИ ВА НАЗОРАТ АЗ БОЛОИ ИҶРОИШИ ОНҲО
Моддаи 197. Тартиби иҷро намудани санадҳои суди ва назорат аз болои иҷроиши онҳо
Санадҳои суди, ки эътибори қонуни пайдо кардаанд, аз тарафи мақомоти давлати, мақомоти ҳокимияти маҳали ва дигар мақомот, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби муқарраркардаи ин Кодекс ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.
Назорат аз болои дуруст ва сари вақт иҷро намудани санадҳои судиро судя ба амал мебарорад .
Моддаи 198. Варақаи иҷро
Иҷрои маҷбурии санади суди мутобиқи ҳамин Кодекс аз тарафи иҷрочии суди иқтисоди дар асоси варақаи иҷро, ки суди иқтисодии ин санадро қабулкарда медиҳад, сурат мегирад. Иҷрои маҷбурии қарорҳои суди ҳаками ҳамчунин аз тарафи иҷрочии суди иқтисоди дар асос ва мутобиқи "Низомномаи суди ҳаками барои ҳал намудани баҳсҳои иқтисоди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон " сурат мегирад. Хароҷотҳо барои иҷрои маҷбурии санади суди аз тарафи суд ба зиммаи қарздор вогузошта мешавад .
Варақаи иҷро ба рӯёнанда баъди эътибори қонуни пайдо кардани санади суди дода мешавад. Варақаи иҷро барои рӯёнидани воситаҳои пули ба фоидаи буҷет ба мақоми андоз аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани қарздор фиристода мешавад.
Моддаи 198.1 Рад карда шудани иҷрочии суд
Иҷрочии суд ҳангоми мавҷуд будани асосҳое, ки дар бандҳои 1 ва 3 моддаи 16-уми ҳамин Кодекс зикр шудааст, наметавонад дар иҷрои санадҳои суди иштирок кунад.
Тартиби ҳалли радкунии изҳоршуда бо моддаҳои 19 ва 20 ҳамин Кодекс муайян карда мешаванд .
Моддаи 198.2 Чораҳои иҷрои маҷбури
Чораҳои иҷрои маҷбури инҳо мебошанд:
1) аз ҳисоби амволи қарздор ситондани пардохтҳо бо роҳи ҳабс кардан ва фурӯхтани амвол;
2) аз ҳисоби даромадҳои қарздор ситондани пардохтҳо;
3) аз ҳисоби маблағҳои пули ва амволи қарздор, ки дар ихтиёри дигар шахсон қарор доранд ситондани пардохтҳо;
4) аз қарздор кашида гирифтан ва ба рӯёнанда супоридани предметҳое, ки дар санади суди зикр гардидаанд;
5) дигар чораҳое, ки дар санади суди мутобиқи қонун нишон дода шудаанд .
Моддаи 199. Аз рӯи як санади суди додани якчанд варақаҳои иҷро
Агар санади суди ба фоидаи якчанд нафар даъвогарон ё ба муқобили якчанд нафар ҷавобгарон қабул карда шуда бошад ё агар амали кардани иҷро дар ҷойҳои гуногун зарур бошад, варақаҳои иҷро бо зикри он қисми санади суди, ки иҷрои он аз рӯи ин варақаи иҷро лозим аст, дода мешаванд.
Моддаи 200. Мазмуни варақаи иҷро
Дар варақаи иҷро бояд инҳо нишон дода шаванд:
1) номи суде, ки варақаи иҷро додааст;
2) парвандае, ки аз рӯи он варақаи иҷро дода шудааст ва рақами он;
3) санаи қабул карда шудани санади суди, ки бояд иҷро карда шавад;
4) номи рӯёнанда ва қарздор, суроғаи онҳо;
5) қисми ҳулосавии санади суди;
6) санаи эътибори қонуни пайдо кардани санади суди;
7) санаи дода шудани варақаи ичро ва мӯҳлати амали он.
Агар пеш аз дода шудани варақаи иҷро аз тарафи суд иҷрои санади суди ба вақти дигар мононда ё мӯҳлати иҷрои он дароз карда шуда бошад, дар он нишон дода мешавад, ки кадом вақт ҷараёни мӯҳлати амали варақаи иҷро оғоз мегардад.
Варақаи иҷро аз тарафи судя имзо ва ба он мӯҳри нишони давлатии суди иқтисоди пахш карда мешавад.
Моддаи 201. Мӯҳлати барои иҷро пешниҳод кардани варақаи иҷро
Варақаи иҷро на дертар аз шаш моҳ аз рӯзи эътибори қонуни пайдо кардани санади суди ё хатми мӯҳлате, ки ҳангоми ба вақти дигар монондан ё дароз кардани иҷрои он муқарар карда шудааст, ё аз рӯзи баровардани таъинот дар бораи барқарор намудани мӯҳлати гузашта рафтаи барои иҷро пешниҳод кардани варақи иҷро, пешниҳод карда шуда метавонад.
Агар иҷрои санади суди боздошта шуда бошад, вақте, ки дар он иҷрои варақа боздошта шудааст, ба мӯҳлати шашмоҳаи барои иҷро пешниҳод кардани варақаи иҷро ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 202. Қатъшавии мӯҳлати барои иҷро пешниҳодкунии варақаи иҷро
Мурури замони иҷро бо пешниҳодкардани варақаи иҷро барои иҷро, қисман иҷрокунии санади суди қатъ мегардад.
Дар сурати ба рӯёнанда баргардонида шудани варақаи иҷро бинобар ғайриимкон будани иҷрои он мӯҳлати нави барои иҷро пешниҳодкунии варақаи иҷро аз рӯзи баргардонида шудани он ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 203. Барқарор намудани мӯҳлати гузаштарафтаи барои иҷро пешниҳод кардани варақаи иҷро
Дар сурати гузаштарафтани мӯҳлати барои иҷро пешниҳод кардани варақаи иҷро бо сабабҳое, ки аз тарафи суд узрнок дониста шудааст, мӯҳлати гузаштарафта барқарор карда шуда метавонад.
Ариза дар бораи барқарор кардани мӯҳлати гузаштарафта ба суде, ки санади судиро қабул намудааст , дода мешавад. Ариза дар маҷлиси суд бо хабардор намудани рӯёнанда ва қарздор тавассути мактуби фармоиши бо огоҳиномаи супурдани он барраси карда мешавад, вале ҳозир нашудани онҳо барои барраси намудани ариза монеъ намергардад.
Аз рӯи натиҷаҳои баррасии ариза таъинот бароварда мешавад, ки он ба рӯёнанда ва қарздор фиристода мешавад.

Моддаи 204. Додани нусхаи дуюми варақаи иҷро
Дар сурати гум шудани варақаи иҷро суди иқтисоди, ки санади судиро қабул намудааст, метавонад бо аризаи рӯёнанда нусхаи дуюми онро диҳад. Ариза то хатми мӯҳлате, ки барои пешниҳод намудани варақаи иҷро муқарар карда шудааст, дода шуданаш мумкин аст. Он дар маҷлиси суди иқтисоди бо хабардор кардани рӯёнанда ва қарздор тавассути мактуби фармоиши бо огоҳинома дар бораи супурдан барраси мешавад, вале ҳозир нашудани онҳо бораи баррасии ариза монеъ намегардад.

Моддаи 205. Ба вақти дигар монандан ё дароз кардани мӯҳлати иҷрои санади суди, тағиир додани усул ва тартиби иҷрои он
Суди иқтисоди бо аризаи рӯёнанда, қарздор ё иҷрочии суд ҳуқуқ дорад мӯҳлати иҷрои санади судиро ба вақти дигар мононад, дароз кунад, усул ва тартиби иҷрои онро тағйир диҳад.
Суди иқтисоди мӯҳлати иҷроро барои қарздор дароз карда ё ба вақти дигар мононда, метавонад оиди таъмини иҷрои санаи суди ба тартибе, ки дар боби VII ин Кодекс пешбини гардидааст, чораҳо андешад.
Масъалаҳо дар бораи ба вақти дигар монондан ё дароз кардани мӯҳлати иҷрои санади суди дар маҷлиси суди иқтисоди бо хабардор кардани рӯёнанда ва қарздор таввассути мактуби фармоиши бо огоҳинома барои супурдани он барраси карда мешавад.

Моддаи 206. Ҷавобгари барои иҷро накардани санади суди
Барои иҷро накардани санади судии суди иқтисоди дар бораи рӯёнидани воситаҳои пули таввассути бонк ё дигар муассисаи кредити, ки ба он варақаи иҷро пешниҳод гардидааст, ба он ба андозаи то панҷоҳ фоизи маблағе, ки бояд ситонида шавад, аз тарафи суди иқтисоди ҷарима андохта мешавад.
Якчанд маротиба иҷро накардани санадҳои судии судҳои иқтисоди аз тарафи бонкҳо ё дигар муассисаҳои кредити барои боз хоста гирифтани лицензияи (иҷозатномаи) муомилоти бонки асос мешавад.
Барои иҷро накардани амалҳои дар варақаи иҷро нишон додашуда аз тарафи шахсе, ки иҷрои ин амалҳо ба зиммаи вай гузошта шудааст, ин шахс ба маблағи аз панҷоҳ то сад каратаи бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаи ҳадди ақалли музди меҳнат ҷарима андохта мешавад.
Пардохти ҷарима аз масъулияти иҷрои санади суди озод намекунад.
Моддаи 207. Тартиби нигаронидани ҷарима ба амволи қарздор
Дар сурате, ки қарздор барои пардохти қарзаш ба миқдори кофи воситаҳои пули надошта бошад, ситонидан мумкин аст ба ҳама гуна амволи ба қарздор тааллуқ дошта нигаронида шавад .
Моддаи 207.1 Супурдани маблағҳои ситонидашуда ба рӯёнанда
Аз маблағҳое, ки иҷрочии суд аз қарздор ситонидааст, аввал хароҷотҳо оиди иҷроиш пушонида мешавад, маблағи боқимонда бошад барои қонеъ гардонидани талаботҳои рӯёнандаҳо дохил мешавад. Маблағе, ки баъди қонеъ гардонидани ҳамаи талаботҳо боқи мемонад ба қарздор баргардонида мешавад.
Маблағҳое, ки ба фоидаи шахсоне, ки дар хориҷа зиндагони мекунанд рӯёнида шудаанд, ба рӯёнанда бо тартиби муқарраршуда гузаронида мешаванд .
Моддаи 207.2 Ҳисоббарории тартиб додаи иҷрочии суд
Дар сурати мавҷуд будани якчанд рӯёнанда ва нокифоя будани маблағи аз қарздор ситонидашуда барои пурра пардохт кардани ҳамаи талаботҳо, иҷрочии суд ҳисоббарории тақсими пулро дар байни рӯёнандаҳо тартиб медиҳад ва онро барои тасдиқ ба судя пешниҳод менамояд .
Моддаи 207.3 Шикоят овардан аз болои амалиётҳои иҷрочии суд
Шикоятҳо нисбати амалиёти иҷрочии суд оиди иҷрои санадҳои суди мумкин аст аз тарафи рӯёнанда ё қарздор ба суди иқтисодие, ки дар назди он иҷрочии суд меистад дода шавад.
Шикоятҳо нисбати амалиёти иҷрочии суд дар маҷлиси суди бо огоҳонидани рӯёнанда ва қарздор барраси карда мешавад. Аммо ҳозир нашудани онҳо барои ҳал намудани он мамониат намекунанд.
Таъиноти суд аз рӯи масъалаи оиди амалиёти иҷрочии суд мавриди шикоят қарор гирифта метавонад .
Моддаи 208. Гардонидани иҷрои санади суди
Агар санади судии иҷрокардашуда тағийир, ё бекор карда шуда бошад ва дар бораи пурра ё қисман даст кашидан аз даъво санади нави суди қабул карда шуда бошад, ё истеҳсолот аз рӯи парванда қатъ гардад ё барраси накарда монда бошад ба ҷавобгар ҳамаи он чизе, ки аз вай мувофиқи қисми бекоркардашуда ё тағйир додашудаи санади суди, ба фоидаи даъвогар рӯёнида шуда буд, баргардонида дода мешавад.
Агар санади иҷро карданашудаи суди бекор карда ё тағйир дода шуда, дар бораи пурра ё қисман даст кашидан аз даъво санади нави-суди қабул карда шуда бошад, ё истеҳсолот аз рӯи парванда қатъ гардида бошад, даъво пурра ё қисман барраси накарда монда бошад, суди иқтисоди дар бораи пурра ё қисман қатъ кардани рӯнидан аз рӯи қисми дахлдори санади бекор кардашуда ё тағйир додашуда санади суди қабул мекунад.
Моддаи 209. Ҳал кардани масъалаи гардонидани иҷрои санади суди
Масъала дар бораи гардонидани иҷрои санади суди аз тарафи суди иқтисоди, ки санади нави суди қабул намудааст, ҳал карда мешавад.
Агар дар қарор дар бораи бекор кардан ё тағйир додани санади суди ба гардондани иҷрои он ишора карда нашуда бошад, ҷавобгар ҳуқуқ дорад ба суди иқтисодии марҳалаи якум аризаи дахлдор диҳад. Аз рӯи натиҷаҳои баррасии ариза ҷавобгар дар бораи гардондани иҷрои санади суди таъинот бароварда мешавад.
Суди иқтисоди барои баргардонида додани воситаҳои пули, амвол ё арзиши он, ки ситонида шудаанд, мувофиқи аризаи ташкилот, шаҳрванд варақаи иҷро медиҳад. Ба ариза ҳуҷҷате, ки иҷрои санади судии қаблан қабул кардашударо тасдиқ мекунад, замима мегардад.
ФАСЛИ V. ИСТЕҲСОЛОТ АЗ РӯИ ПАРВАНДАҲО БО ИШТИРОКИ ШАХСОНИ ХОРИҶИ
Моддаи 210. Ҳуқуқҳои мурофиавии шахсони хориҷи
Ташкилотҳои хориҷи, ташкилотҳои байналхалқи ва шаҳрвандони хориҷи, шахсони бе шаҳрванди (минбаъд-шахсони хориҷи), ки ба фаъолияти соҳибкори машғуланд, ҳуқуқ доранд ба судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонуниашон, ки вайрон карда шудаанд ё мавриди баҳс қарор гирифтааст, муроҷиат намояд.
Шахсони хориҷи аз ҳуқуқҳои мурофиави истифода мебаранд ва баробари ташкилотҳо ва шаҳвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мурофиавиро иҷро мекунанд.
Аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудиятҳои ҷавоби нисбати шахсони хориҷии он давлатҳое, ки дар судҳои онҳо ба маҳдудиятҳои махсуси ҳуқуқҳои ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешаванд, муқаррар карда шуда метавонанд.
Моддаи 211. Истеҳсолоти суди аз рӯи парвандаҳо бо иштироки шаҳрвандони хориҷи
Истеҳсолоти суди дар судҳои иқтисоди аз рӯи парвандаҳое, ки дар онҳо шахсони хориҷи иштирок мекунанд, мувофиқи ин Кодекс ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 212. Салоҳиятҳои судҳои иқтисоди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи парвандаҳо бо иштироки шахсони хориҷи
Судҳои иқтисоди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро бо иштироки шахсони хориҷи барраси менамоянд, агар ҷавобгар дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва шаҳрванд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои истиқомат дошта бошад.
Судҳои иқтисоди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд инчунин парвандаҳоро бо иштироки шахсони хроҷи дар чунин мавридҳо барраси намоянд:
1) агар бахш ё намояндагии шахси хориҷи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардида бошад;
2) агар ҷавобгар дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амвол дошта бошад;
3) агар даъво аз шартномае ба миён ояд, ки аз рӯи он иҷро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сурат гирад ё сурат гирифта бошад;
4) агар аз рӯи парванда дар бораи ҷуброни зарари ба амвол расонидашуда, амал ё дигар ҳолате, ки барои пешниҳоди талабот дар бораи ҷуброни зарар асос гардидааст, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дошта бошад;
5) агар даъво аз сарватмандшавии беасос, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой доштааст, ба миён омада бошад;
6) агар аз рӯи парванда дар бораи ҳимояи шараф, эътибор ва обрӯи кори даъвогар дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;
7) агар шартнома дар ин бора дар байни ташкилот ё шаҳрванди Ҷмҳурии Тоҷикистон ва шахси хориҷи мавҷуд бошад.
Парвандаҳое, ки бо эътироф намудани ҳуқуқҳои моликият ба биноҳо, иншоот, қитъаҳои замин, гирифтани биноҳо, иншоот, қитъаҳои замин аз ихтиёрдории ғайриқонунии каси бегона, бетараф намудани вайронкунии ҳуқуқҳои молик ё соҳиби қонуни алоқаманданд, агар ин бо маҳкумкуни аз ихтиёрдори вобаста набошад, аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани биноҳо, иншоот, қитъаҳои замин барраси карда мешаванд.
Парвандаҳо аз рӯи даъвоҳо нисбати боркашонҳо, ки аз шартномаи боркашони бармеояд, аз ҷумла вақте ки боркашон яке аз ҷавобгарон мебошад, аз рӯи маҳалли воқеъ гардидани мақоми нақлиёт барраси карда мешаванд.
Парвандае, ки аз тарафи суди иқтисоди барои барраси бо риояи қоидаҳои дар ин модда пешбинишуда гирифта шудааст, моҳиятан ҳал карда мешавад, гарчи дар рафти истеҳсолот бинобар тағйир ёфтани маҳали воқеъ гардидани шахсони иштироккунандаи парванда ё бо ҳолатҳои дигар ба он тобеъияти судии суди давлати дигар гузашта бошад.
Моддаи 213. Масунияти (иммунитети) суди
Ба суди иқтисоди нисбати давлати дигар пешниҳод шудани даъво ба сифати шахси сеюм барои иштирок дар парванда ҷалб намудани он, ҳабс кардани амволе ки ба давлати дигар тааллуқ дошта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ва нисбати он дидани чораҳои дигар оид ба таъмини даъво, ба ин амвол нигаронидани ҷарима ба тартиби иҷрои маҷбурии ҳалномаи суди иқтисоди фақат бо розигии мақомотҳои салоҳиятдори давлати дахлдор ҷоиз аст, агар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи дигар пешбини нашуда бошад.
Масунияти судии ташкилотҳои байналхалқи тавассути қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 214. Оқибатҳои мурофиавии аз тарафи суди давлати хориҷи барраси карда шудани парванда аз рӯи баҳс дар байни худи ҳамон шахсон, дар бораи ҳамон предмет ва ҳамон асосҳо
Суди иқтисоди даъворо барраси накарда мемонад ё истеҳсолотро аз рӯи парванда қатъ мекунад, агар суди босалоҳияти давлати хориҷи, ки парвандаро то ба суди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудани даъво барои барраси гирифтааст, парвандаро аз рӯи баҳс дар байни ҳамон шахсон, дар бораи ҳамон предмет ва мувофиқи ҳамон асосҳо барраси менамояд ё аз рӯи ин парванда ҳалномаи эътибори қонуни пайдо карда қабул намудааст.
Ин гуна оқибатҳо ба шарте ба миён намеоянд, ки ҳалномаи оянда ё ҳалномаи аз тарафи суди давлати дигар қабул карда шуда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили эътироф ва иҷро намебошад ё парвандаи дахлдор ба салоҳияти истиснои суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошта бошад.
Моддаи 215. Иҷрои супоришҳои суди
Суди иқтисоди супоришҳои барояш дода шударо, ки тавассути қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, супоришҳои судҳои давлатҳои хориҷиро дар бораи иҷрои баъзе амалҳои мурофиави (супурдани хабарнома ва дигар ҳуҷҷатҳо, гирифтани далелҳои хатти, гузаронидани экспертиза, муойина дар маҳал ва ғайра) иҷро менамояд.
Супориш дар ин мавридҳо қобили иҷро намебошад:
1) агар иҷрои супоришҳо хилофи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ё ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид кунад:
2) агар иҷрои супориш ба салоҳияти суди иқтисоди тааллуқ надошта бошад.
Аз тарафи суди иқтисоди иҷро намудани супоришҳо дар бораи иҷрои амалҳои ҷудогонаи мурофиави ба тартиби муқарраркардаи ин Кодекс сурат мегирад, агар тавассути шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи дигар муқаррар нашуда бошад.
Судҳои иқтисоди ба тартиби муқаррар карда шуда ба судҳои давлатҳои дигар бо супоришҳо дар бораи иҷрои амалҳои ҷудогонаи мурофиави муроҷиат карда метавонанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.РАҲМОНОВ
аз 4 ноябри соли 1995
ш. Душанбе